Рузномаи Хатлон шумораи №51-2020

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №52 (3288)

СЕШАНБЕ, 8 декабри соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Мо, бо дарназардошти рушди иќтисодиёт, барои њалли сариваќтии масъалањои иљтимоии ањолї ва фароњам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум, аз љумла бо роњи мунтазам таъсис додани љойњои нави корї, зиёд намудани њаљми даромадњои пулии ањолї, баланд бардоштани музди мењнати кормандон, нафаќа ва стипендияњо тадбирњои зарурї меандешем. Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН

БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНЇ ОМОДА БОШЕМ 2-юми декабри соли равон, дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љаласаи Ситоди љумњуриявї оид ба иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи сари ваќт омода намудани соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2020-2021» баргузор гардид. Дар љаласаи мазкур, ки бо иштироки раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Усмонзода Усмоналї, роњбарони як ќатор вазорату кумитањо ва нињодњои љумњуриявї, муовинони раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї, раисони шањру ноњияњо, роњбарони шабакањои барќи шањру ноњияњо ва роњбарони муассисањои тандурустии шањру ноњияњо баргузор гардид, рафти омодагї дар шањру ноњияњои вилоят ба зимистонгузаронї мавриди баррасї ќарор дода шуд. Кори Ситодро раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода оѓоз бахшида, њадафи баргузории љаласаро ба њозирин шарњ дод. Муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон доир ба натиљањои санљиши рафти омодагињо ба зимис-

тонгузаронї, ки аз љониби гурўњи корї анљом дода шуд, сухан ронда, ќайд намуд, ки роњбарони шањру ноњияњо ва гурўњњои корї барои иљрои наќшаи зимистонгузаронї бояд дар якљоягї бо идораву муассисањо кори худро љоннок намоянд.

Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилояти Хатлон, иброз дошт, ки то 1-уми декабри соли равон наќшаи зимистонгузаронї дар соњаи маориф беш аз сад фоиз иљро гардида, 579 муассисаи таълимї дар вилоят ба хатти озоди барќ таъмин ва шишабандии муассисањо низ сад фисад иљро шудааст. Гуфта шуд, ки наќшаи захираи мањсулоти кишоварзї низ дар вилоят то 95 фисад иљро гардидааст. Масъулин иттилоъ додаанд, ки тайи чанд рўзи оянда иљрои наќша барзиёд таъмин хоњад шуд. Њамчунин, наќшаи захираи ќуму намак дар муассисањои давлатии идораи роњсозии шањру ноњияњо пурра иљро гардида, техникањо дар њолати омодабош ќарор доранд. Њолати зимистонгузаронї дар шабакањои барќи љанубї ва шањру ноњияњои вилоят ба њолати 1-уми декабр аз 60 то 100 фисад иљро гардидааст. Аммо, мутаассифона, дар баъзе љамоатњои дењот бо сабаби бунёди мањаллањои нав норасоии симчўб ба чашм мерасад. Аз вазири энергетика ва захирањои об даъват карда шуд, ки дар таъмини шабакањои барќи шањру ноњияњо бо трансформатор ва симчўбњои нав мусоидат намояд. Имрўз дар шањру ноњияњои љумњурї, аз љумла вилояти Хатлон, корхонањои воњиди давлатии манзилию коммуналї фаъолият мекунанд, ки аз сабаби надоштани техникаву дастгоњњои зарурї кори худро сари ваќт иљро карда наметавонанд. Аз ин рў, аз роњбарони маќомоти болозикр хоњиш намуданд, ки барои харидории техникањои зарурї мусоидат намоянд. Дар љараёни кори Ситод раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Усмонзода Усмоналї оид ба самараноку оќилона истифода бурдани неруи барќ дар давраи тирамоњу зими-

стон изњори назар намуда, гуфтанд, ки бо сабабњои ба њамагон маълум, кам будани об дар обанбори неругоњњои барќии обї, зиёд шудани ањолї ва аз меъёр зиёд истифода намудани неруи барќ эњтиёљ ба неруи барќ дар ќаламрави кишвар пеш омадааст. Бояд њамагон аз маданияти истифодабарии неруи барќ бархўрдор бошанд, дастгоњу таљњизоти гармидињиро бе зарурат истифода набаранд ва њаќќи истифодаи неруи барќро сари ваќт пардохт намоянд. Дар Ситод аз рўйи масъалаи дуюм муовини якуми вазири тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон бо факту раќамњои мушаххас баромад намуда, гуфт, ки хушбахтона, имрўз вазъи бемории њамагир дар кишвар муътадил аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки сокинони кишвар нисбати бемории сироятии Ковид-19 бетаваљљуњї карда, ќоидањои бењдоштиву гигиенаи шахсиро риоя накунанд. Зеро, чуноне аз расонањои хабарї огањ њастем, мављи сеюми ин беморї дар аксар кишварњои љањон ба ќайд гирифта шудааст ва њатто њолатњоеро ошкор намудаанд, нафарони ба ин беморї гирифторшуда боз такроран ба бемории сироятии коронавирус мубтало гардидаанд. Дар охир, раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ќайд намуд, ки бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон, бахусус Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, дар тамоми соњањо корро љоннок намуда, марњила ба марњила камбудињоро бартараф ва бањри ободии мењани азизамон саъю талош хоњем кард. Њамагон талош хоњем кард, ки бо дастовардњои хуби мењнатї санаи таърихии миллат, љашни фархундаи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро истиќбол намоем. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

ЌАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТ Дар асоси дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон раисони кумитаву вазорат, вилоят, шањру ноњияњо ва дигар масъулони корхонаву муассисањо муваззаф гардидаанд, ки ќабули шањрвандонро ба роњ монанд. Арзу матлаби онњоро шунида, бањри роњи њалли масъалањои мављуда тадбир андешанд. Ба ин маќсад ќарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи тартиби ќабули шањрвандон аз тарафи роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон” ба тавсиб расида, тибќи рељаи тасдиќгардида роњбарияти вилоят дар шањру ноњияњо, мањаллањои дурдасти ањолинишин, љамоатњои шањраку дењот ќабули шањрвандонро доир менамоянд ва арзу дархостњои мардум вобаста ба имкониятњои мављуда њаллу фасл карда мешавад. Аз љониби раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, муови-

нон ва роњбари дастгоњи раиси вилоят давоми соли 2020 пайваста ќабули сайёр дар шањру ноњияњо, дурдастарин љамоатњои шањраку дењот баргузор гардидааст. Ин навбат, раиси вилоят бо сокинони ноњияи Љ. Балхї вохўрда, ба арзу матлаби онњо расидагї намуд. Дар ќабули раиси вилоят 22 нафар сокинони ноњия оид ба масъалањои њалталаб арзи матлаб намуданд. Аз љумла, директори муассисаи таълимии №22 оид ба људо намудани ќитъаи замин барои идома додани сохтмони муассисаи мазкур хоњиш намуд. Сохтмони муассиса иборат аз 10 синфхона бо дастгирии сокинони ањолї оѓоз гардидааст. Раиси вилоят, нисбати ин ќазия таъкид дошт, ки тамоми ашёву анљоми хониш, аз ќабили мизу курсї ва дигар маводњои зарурї аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмин карда мешаванд. Раиси мањаллаи Сомони-

ёни шањраки Балх низ љињати кумак барои сохтмони муассисаи таълимии ибтидої дар ин мањаллаи навбунёд изњори андеша намуд. Дар мањаллаи навбунёд, ки дорои 500 хољагї мебошад хонандагон масофаи зиёдеро тай намуда, ба мактаби дигар дења мераванд. Њамин тавр, дар ќабули раиси вилоят оид ба масъалањои таъмини оби нўшокї, таъмири пул дар маркази шањраки Гулистон, идомаи сохтмони бинои нотамоми муассисаи таълимии №6, дар дењаи Зархези Љамоати

дењоти “Њаливард”, насби зеристгоњ барои объектњои љашнии ширкати Холдингии “Исмоили Сомонї”, људо намудани ќитъаи замин дар дењаи Максим Горкий (лўлињо), насб ва таъмин намудани трансформатор ва симчўбњои барќї дар дењаи тозабунёди муњољирони дохилии Љамоати дењоти “Фрунзе” бунёди синфхонањои иловагї ва људо намудани ќитъаи замини наздињавлигї, китъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимї ва кумаки моливу моддї арзи мат-

лаб намуданд. Раиси вилоят бањри њаллу фасли сариваќтии масъалањои аз љониби сокинони ноњияи Љ. Балхї баёнгардида, ба масъулини соњањои дахлдор дастур доданд. Роњбари вилоят, њамчунин, зимни мулоќот бо сокинони ноњия оид ба киштукор, шудгори заминњо, иљроиши ќисми даромади буљет, омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, аз љумла бунёди босифати иншоотњои љашнї таъкид намуда, љињати њалли масъалањои мављуда масъулини ноњияро муваззаф намуд. Худи њамон рўз раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба аёдати ду нафар собиќадорони мењнат рафта, њамчунин, ба се оилаи ниёзманд кумакњои пулї ва маводњои ѓизої расонида, маъракаи нињолшинонии сокинони ноњияро оѓоз бахшид. А. САФАРЗОДА

ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА СОБИЌАДОРОНИ МЕЊНАТРО АЁДАТ НАМУД Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода, дар ноњияи Љалолиддини Балхї сафари корї анљом дода, аз сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимии №36 воќеъ дар дењаи Саид Кароматуллои Љамоати дењоти «Навобод» дидан намуд. Бинои иловагї аз 16 синфхона иборат буда, аз тарафи соњибкори ватанї Сайфов Саймуњриддин бахшида ба 30солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сохта шуда истодааст. Њамзамон, аз тарафи њамин соњибкори ватандўст 2 километр роњи дења мумфарш шудааст, ки раиси вилояти Хатлон ба ин соњибкори ватандўст миннатдорї байён намуд. Раиси вилоят аз замини кишти картошкаи љамоат дидан намуд. Хољагидор айни замон ба кишти картошка оѓоз намуда, ният дорад то 3 гектар кишти картошка гузаронад. Дар умум, дар њамин дења 15 гектар кишти картошка гузаронида мешавад. Ќурбон Њакимзода дар ноњияи Љалолиддини Балхї ба аёдати собиќадори мењнат Наљмиддинова Раљабгул Шодиевна рафта, аз њолу ањволи ин зани собиќадор пурсон шуда, ба ў телевизор таќдим намуд. Наљмиддинова Раљабгул 25 октябри соли 1954 дар ноњияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Хатмкунандаи Омўзишгоњи техникии ноњияи Восеъ мебошад. Аз соли 1972 дар Љамоати дењоти «Навобод»-и ноњияи Љ. Балхї дар хољагии Ниёзмуњаммад Бегов њамчун механизатор ва бригадир кор кардааст. Њамзамон, ронандаи мошини пахтачинї буда, то 400-500 тонна пахта љамъоварї менамудааст. Солњои 1979-1984 депутати Шўрои Олии Иттифоќи Љумњурињои Шўравии Сотсиалистї интихоб гардидааст. Айни замон њамчун омўзгори фанни технология дар муассисаи миёнаи умумии №50-и Љамоати дењоти “Узун”-и ноњия Љалолиддини Балхї кор мекунад. Дорандаи ордени “Шараф”, нишони Аълочии маорифи Тољикистон ва дигар мукофотњои давлативу соњавї мебошад. Оиладор соњиби 7 фарзанд ва 25 набера аст. Собиќадори мењнат Наљмиддинова Раљабгул, миннатдории хешро ба Сарвари мамлакат, Президенти

митаи назорати халќии ноњия, солњои 1979-1980 инструктори комитети партиявї дар ноњия, солњои 1980-1986 котиби озоди Кумитаи њизбии хољагии Ќизил-Октябр (Т. Исанќулов), солњои 1986-1999 раиси хољагии ба номи Т. Исанќулови ноњияи Љалолиддини Балхї, солњои 1999-2006 раиси ноњияи Шањритўс, солњои 2007-2009 раиси ноњияи Дўстї, солњои 2009-2010 ба њайси раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар вилояти Хатлон кор кардааст. Солњои 1990-1995 депутати Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва солњои 2010-2015 вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардида, солњои 2000-2005 ва солњои 20052010 бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъйин гардида, фаъолият кардааст. Иштирокчии Иљлосияи таќдирсози 16-уми Шўрои Олии Тољикистон дар соли 1992 (њамчун депутат) мебошад. Эсанќулов Эшбурї бо ордени “Дўстї”, унвони фахрии Корманди шоистаи Тољикистон ва дигар мукофотњои давлатии Иттифоќи Шўравї ва Љумњурии Тољикистон ќадрдонї шудааст. Оиладор, соњиби 8 фарзанд ва 16 набера мебошад. Фарзандонаш дар соњањои гуногун, аз љумла идоракунии давлатї, маќомоти ќонунгузор, кишоварзї кор мекунанд. Эсанќулов Эшбурї айни њол нафаќахўр буда, дар дењаи Ќизил-октябри Љамо-ати дењоти “Маданият”-и ноњияи Љалолиддини Балхї зиндагї намуда, дар замини наздињавлигї бо зироаткорї машѓул аст. Њамчунин, ба чорводорї машѓул буда, аз 13 гўсфанди парваришнамудааш 13 сар насл гирифтааст. Ќурбон Њакимзода зимни сафари корияш аз сохтмони бинои Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Љалолиддини Балхї дидан намуд. Бинои нав дар дењаи Ёш-Ленинчии Љамоати шањраки «Балх» љойгир шуда, айни замон сохтмони ошёнаи дуюми он бомаром идома дорад. Бино тибќи лоиња сеошёна буда, бо маблаѓгузории аъзои фаъоли њизб

Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, Њукумати Љумњурии Тољи-кистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Љалолиддини Балхї, ки хизматњояшро ќадр мекунанд ва кумакрасонаш њастанд баён намуд. Раиси вилояти Хатлон, њамчунин, собиќадори мењнат Эсанќулов Эшбурї Турахоновичро аёдат намуда, ба ў туњфа аз ќабили телевизор таќдим намуд. Эсанќулов Эшбурї Турахонович 10 октябри соли 1951 дар ноњияи Љалолиддини Балхии вилояти Хатлон таваллуд, шудааст. Соли 1972 Университети давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин факултаи иќтисодиро хатм намудааст. Солњои 1972-1974 дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Иттифоќи Љумњурињои Шў-равии Сотсиалистї дар њайати афсарон хизмат намудааст. Солњои 19741975 дар вазифањои инструктори Кумитаи комсомоли ноњияи Колхозобод (Љалолиддини Балхї), солњои 1975-1979 инспектори ку-

тариќи њашар сохтмонаш давом дорад. Маблаѓи умумии сохтмони бинои мазкур 500 њазор сомониро ташкил медињад. Тибќи наќшаи чорабинињои омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњия сохтмони бинои мазкур соли 2019 оѓоз гардида, дар арафаи Иди байналмилалии Наврўз дар соли 2021 ба истифода дода мешавад. Њамзамон, Ќурбон Њаким-зода дар хољагии «Сафар Љумаев»и Љамоати дењоти “Узун”-и ноњияи Љ.Балхї дар шафати шоњроњи калони байналмилалї ба шинонидани дарахтони њамешасабз оѓоз намуд, ки зиёда аз 300 нињоли њамешасабзро дарбар мегирад. Дар њамин љо раиси вилояти Хатлон ба фаъолони ноњияи Љалолиддини Балхї таъкид намуд, ки дар ободонии диёри худ бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон камари њиммат банданд. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

МУРОЉИАТНОМАИ

раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба сокинони вилояти Хатлон Њамдиёрони азиз! Сокинони шарафманди вилояти Хатлон аз азал бо маърифати баланди экологї, муносибати ѓамхорона ба муњити зист, парастишу њифозати табиати бешабењи диёрамон номоваранд. Гузаштагони мо дар обёриву боѓдорї, заминкушої ва кишту кор таљрибаи ѓанї доштанд, ки дар баробари самар бардоштан аз боѓњо, инчунин бо гулу гиёњњои табиї ба дарди ранљурон дармон мебахшиданд. Мардуми Тољикистон ин рисолати бузургро имрўз низ ифтихормандона идома дода, бо ободкорию созандагии худ дар сарсабзу хуррам гардонидани шањру ноњия, дењаю мањалла, кўчаю њавлї ва дар маљмўъ, дар

бењдошти њифзи муњити зист сањми муносиб мегузоранд. Зебою озода кардани њар як гўшаву канор, дењаю мањалла, гирду атрофи идораю ташкилот ва манзили зист, шинонидани дарахтони зиёди ороишию њамешасабз, гулњои гуногуни мавсимї, ки њамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию рўњбаландии сокинону мењмонон мегардад, аз масъулияти баланди шањрвандии њар як сокини вилоят дарак медињад. “Аз некон боѓ” мегўянд дар урфият. Маќсад аз ин ободкорињо эњё намудани анъанањои хуљастаи ниёгон дар самти зебоиофарї, ободонї ва хуррамгардонии муњити атроф, бедор намуда(Давомаш дар сањ. 2)


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Рузномаи Хатлон шумораи №51-2020 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu