ХАТЛОН
Кӯлоб. Конфронси «Дастоварди Истиқлол»
Рӯзномаи «Хатлон» Рӯзномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
Хуршеди Панҷшанбе, 15 июлисаҳнаи соли тоҷик 2021, №42 (3331)
Соли 90-уми нашр
2
3
«Хатлон» «Ҳеҷ гоҳ Рузномаи худро маъюб ҳис намекунам»
Соли 90-уми нашр
№42 (3331), 15.07.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Дар вилоят 7261 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт Гузориш аз ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди вилоят дар нимсолаи якум
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимаи якуми соли 2021 баргузор гардид. Дар ин ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр кард, ки аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар асоси сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бах-
шидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба баргузории ин чорабинии муҳим равона намуда истодаанд. Дар гузориши муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар нимсолаи якум қайд гардид, ки то имрӯз ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вило-
Шинос шавед
Ғолибони озмуни «Ободгари Ватан» муайян гардиданд Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як зумра соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар бунёди бино ва иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, аз тарафи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ҷоизаи “Ободгари Ватан” ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд. Соҳибкорони маҳаллӣ Самизода Фаррух - барои бунёди “Коллеҷи тиббӣиҷтимоӣ”-и 7-ошёна дар деҳаи Хуррамзамин Ҷамоати деҳоти “Корез”-и ноҳияи Данғара, Салимов Ромиш - барои бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, Саидзода Раҳимҷон - барои бунёди муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар деҳаи Ғиҷоваки Ҷамоати деҳоти “Пушинг”-и ноҳияи Данғара, Тилабов Хуҷаназар барои бунёди толори варзишии 2-ошёна ва майдончаи варзишии универсалӣ дар деҳаи Нурбахши Ҷамоати деҳоти “Лолазор”-и ноҳияи Данғара, Раҳимов Алишер - барои бунёди маркази савдою хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, Ханаев Тоир — барои бунёди таваллудхона барои 10 кат, майдончаи варзишӣ ва 2 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №61и деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон, Давлатов Гулмаҳмад - барои бунёди сехи дӯзандагӣ, майдончаи варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, дорухона ва дукони гӯштфурӯшӣ дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён, Атовуллоев Мустафо - барои бунёди меҳмонхона, қаҳвахона, толори саққобозӣ, маркази дилхушии кӯдакона, маркази хизматрасонии техникӣ ва мағоза дар Ҷамоати “Золи Зар”-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, Нозимов Олимхӯҷа - барои бунёди маркази савдо ва меҳмонхона дар Ҷамоати шаҳраки “Шаҳритус”-и ноҳияи Шаҳритус, Назриев Шаҳриёр - барои бунёди хона-музейи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Назриев дар ноҳияи Ховалинг, Қосимов Фурқат - барои мумфарш намудани роҳи маҳаллаи Ғайрат ва саҳми арзанда дар корҳои ободонию созандагии шаҳри Бохтар бо ҷоизаи “Ободгари Ватан” ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд. Н. Маъмурзода, “Хатлон”
ят 7261 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шуд, ки аз ин ҳисоб 9378 ҷойи нави кории доимӣ ва 22322 ҷойи кории мавсимӣ таъсис ёфт. Дар 406 иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд. Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бошад, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 106,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 902,3 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Муовини якуми раиси вилоят бо изҳори нигаронӣ қайд намуд, ки нозироти андози шаҳру ноҳияҳои Ёвон 4 намуд ба маблағи 19,2 миллион сомонӣ, А. Ҷомӣ 4 намуд ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ, Қубодиён 4 намуд ба маблағи 2,2 миллион сомонӣ, Дӯстӣ 2 намуд ба маблағи 717,9 ҳазор сомонӣ, Муъминобод 3 намуд нақшаи андозҳоро ба маблағи 687,3 ҳазор сомонӣ иҷро накарданд. Аз ин ҳисоб ба буҷет 28,7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетиро ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ёвон, Муъминобод, Восеъ ва Фархор таъмин накарда, аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои болозикр ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 5,3 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд. Ба 1 июни соли 2021 Барномаи солонаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда 35,1 фоиз таъмин гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24,8 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис ва барқарор карда шуд. Афзоиши ҳаҷми гардиши мол дар вилоят 36,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 10,9 фоизро ташкил медиҳад. Айни замон, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят 37 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, ба маблағи умумии 5,2 миллиард сомонӣ (460 миллион доллари ИМА) татбиқ гардида истодааст. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар вилоят ба 1 миллиарду 553,3 миллион доллари америкоӣ баробар шуда, аз ин 1 миллиар-
ду 348,1 миллионашро сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷии вилоят 238,3 миллион долларро ташкил дод. Аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ содирот 70,0 миллион доллар ва воридоти маҳсулот 168,3 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба хориҷи кишвар, асосан қувваи барқ, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, семент ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, ба вилоят асосан сӯзишворӣ, гази моеъ, шакар, нуриҳои маъданӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид шудааст. Дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 7,9 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 646,6 миллион сомонӣ, ё ки 8,9 фоизро ташкил дод. Қайд гардид, ки саноатчиёни вилоят дар 6 моҳи соли 2021 ба маблағи 4,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 365,4 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 9,6 фоиз, бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 5,9 фоиз таъмин карданд. Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 73,5 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии 2002 километр роҳҳо ва 89 адад пулу қубурҳо гузаронида шуда, аз ин 59 километр таъмири асосӣ (асфалтпӯш), 1667 километр таъмири ҷорӣ, 267 километр сангфарш гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 54,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 280 километр роҳҳо таъмиру сангфарш карда шуданд. Дар ҷаласа аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода вобаста ба истифодаи пурсамар аз имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ, андешидани тадбирҳои судманд барои рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Н. Маъмурзода, “Хатлон”
Шоми 12 июл бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҷаласаи сайёри Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 доир гардид.
Ҷаласаи сайёри Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз хуруҷи COVID-19
Дар ин ҳамоиш, ки дар боғи марказии фароғатӣ-фарҳангии шаҳри Бохтар доир шуд, оид ба аҳамияти пешбурди корҳои безараргардонӣ, тозагии ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ ва маҳлули антисептикӣ сухан рафт. Гуфта шуд, ки ҳамарӯза дар Тоҷикистон даҳҳо ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта мешавад. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 13911 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то 12 июл 13581 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 107 нафар фавтидаанд.
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
1
4
ХАТЛОН Саҳ.
Тоҷикистон, ба пеш!
У. Гадоев:
Фирӯза Шарифӣ зимни суханрониаш дар ҷаласаи сайёри ситоди вилоятӣ аз тамоми сокинони вилоят даъват кард, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд. Дастур дода шуд, ки гурӯҳҳои ташвиқотӣ бояд корҳои оммафаҳмониро оид ба қоидаҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ва хуруҷи коронавирус ва аҳамияти ваксинатсия миёни аҳолӣ вусъат бахшанд. Дар идома дар кӯчаю боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои гардиши оммаи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ ва маводҳои антисептикиву ниқоб дастрас карда шуд. Ҳамчунин, бо истифода аз техникаҳои махсус кӯчаю роҳравҳои маркази маъмурии вилоят безарар гардонида шуданд. Аз ҷумла, беш аз 200 адад варақаҳои иттилоотии рӯзномаи мо, ки ҳомили маълумоти ҷолибу муфид оид ба бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирию табобати он буд, ҳамроҳ бо шумораҳои махсуси рӯзномаи “Хатлон” ба шаҳрвандон ройгон тақсим карда шуд. Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
Иштироки раиси вилоят дар ҷаласаи КИВ ҲХДТ Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ дар вилоят Қ. Миралиён зимни ироаи маърӯзаи худ дар ин ҳамоиш қайд кард, ки дар зарфи шаш моҳи соли 2021 аъзои фаъоли ҲХДТ дар вилоят бо ҷалби соҳибкорон, саховатмандон, вакилони мардумӣ ва сокинони маҳал 144,31 км роҳҳои байни кӯчаҳоро сангфарш ва 78,04 км роҳро мумфарш намуданд. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 111 муассисаи таълимии деҳот бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб таъмир карда шуда, сохтмони даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ барои муассисаҳои таълимии деҳаҳо идома дорад. То 1 июни соли 2021 дар ҳудуди вилояти Хатлон бо ҷалби сокинон ва аъзои фаъоли ҳизб дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ 51 адад иншооти гигиенӣ бо усули заҳкаши намуди дренажӣ ба истифода дода шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки имрӯз аъзои фаъоли ҳизб дар ҳошияи дастуру супоришҳои раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум корҳои созандагию бунёдкориро пеша кардаанд. Ҳамзамон дар вилоят фаъолияти идеологӣ тавъам бо татбиқи ҳадафҳои олии стратегии давлатӣ ҳамарӯза рушд менамояд.
Мулоқот бо кадрҳои навтаъйин 12 июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода як қатор муовинони навтаъйини раисони ноҳияҳоро ба ҳузур пазируфт. Дар мувофиқа бо Роҳбарияти олии мамлакат Рустам Холиқзода - муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Гулбаҳор Бахтдавлатзода – муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун, Зарифӣ Абдураҳим Бобо - муовини раиси ноҳияи Муъминобод ва Саидзода Абдусаттор – муовини раиси шаҳри Левакант оид ба самти иҷтимоӣ таъйин гардиданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот кадрҳои тозатаъйинро барои софдилона адо намудани вазифаҳои давлатӣ ва хизмати содиқона ба нафъи халқу ватан ҳидоят кард.
Рӯзи Иди Қурбон муайян шуд 20 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон таҷлил карда мешавад. Дар ин бора дирӯз, 14 июл, Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Тибқи қарори мазкур, 20 июл соати 6:30-и субҳ дар масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мешавад. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шӯроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфта, аъзои Шӯро ва имомхатибонро даъват намуд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳо - сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон - табақаи ниёзманди ҷомеа ва рушду шукуфоии давлати азизамон саҳм гузоранд.
Авзои сиёсию амниятии Афғонистон ба ҳамлу нақли байналмилалӣ халал эҷод накардааст Дар иртибот ба авзои сиёсию амниятии Афғонистон ҳамлу нақли байналмилалии бору мол тавассути марзи Тоҷикистон ва Афғонистон халалдор нагардидааст. Тавре дирӯз вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, танҳо 13 июл тавассути гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён-Шерхонбандар 51 мошини ҳомили бор аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва 71 мошин бор аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд. Вазири нақлиёт афзуд, ки интиқоли бору мусофирон дар самти байналмилалӣ тариқи 18 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ пешбинӣ шуда, бо сабабҳои пешгирии бемории сироятии СOVID-19 тариқи 9 гузаргоҳ ҳамлу нақл ба роҳ монда шуд. Дар ин давра 965,3 ҳазор тонна бор бо гардиши 1513,7 миллион тонна/км ва 0,7 ҳазор мусофир бо гардиши 0,5 миллион мусофир/км интиқол дода шудаанд, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2020 боркашонӣ 124,6 фоиз, гардиши бор 115,1 фоиз, мусофирбарӣ ва гардиши мусофирон 1 фоизро ташкил дод.
Вусъати корҳои ободонӣ дар Ҷайҳун Бо мақсади таъмини 300 хоҷагии деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун бо оби босифати ошомиданӣ ба масофаи 2 километр қубурҳои пластикӣ гузаронида шуда истодааст. Сокинони деҳа зиёда аз 20 сол мешавад, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Ин иқдом дар доираи амалӣ намудани аксияи тарғиботӣҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» дар самти обёрикунии маҳаллаву деҳот роҳандозӣ гардидааст. Чанде пеш дар доираи аксияи мазкур бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва сокинон беш аз 4 километр роҳи мошингарди байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти “Яккадин”-и ноҳияи Ҷайҳун мумфарш карда шуд. Сокинони ноҳияи Ҷайҳун ҳамарӯза тариқи ҳашар ба роҳсозон кумак мерасонанд.
Беҳтар шудани обёрии заминҳои кишт дар ноҳияи Ҳамадонӣ Новобаста ба тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво ва кам гардидани маҷрои дарёҳо дар фасли тобистон, идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ кӯшиш мекунад, то кишоварзонро бо оби полезӣ таъмин намояд. Бо ин мақсад аз оғози мавсим каналу ҷӯйбор ва заҳкашу иншооти обрасониро таъмиру тоза намудаанд. Дар ноҳияи мазкур асосан кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти «Меҳнатобод», «20-солагии Истиқлолият» ва «Дашти гулҳо» кишти такрорӣ мегузаронанд ва ба оби полезӣ бештар ниёз доранд. Дар Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод» баъди ҷамъоварии ғалладонагӣ ва маҳсулоти барвақтӣ ҳамасола майдони кишти шолиро васеъ менамоянд, ки ин зироат обталаб аст. Имсол кишоварзони ҷамоати мазкур пеш аз муҳлати муайянгардида дарави ғалладонагиро анҷом дода, кишти такрориро вусъат бахшида истодаанд.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Ҷумъа, 16.07.2021
Шабона +18+20 с Рӯзона +37 +390 с 0
Шанбе, 17.07.2021
Шабона +18+20 с Рӯзона +38 +400 с 0
Якшанбе, 18.07.2021
Шабона +17 +190 с Рӯзона +38 +400 с
Манбаъ: www.meteo.tj