Рӯзномаи Хатлон шумораи №51-2021

Page 1

ХАТЛОН

Дар суроғи дидори дӯст

@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Дар ин шумора:

Ба даври Ҷумъа, 27 августи соли 2021, №51 (3340) ҷумҳуриявӣ роҳхат Рӯзномаи «Хатлон» гирифтанд Рӯзномаи «Хатлон»

2

3

Кандакорӣ

Рузномаи «Хатлон»

4

ХАТЛОН Саҳ.

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

Соли 90-уми нашр

№51 (3340), 27.08.2021

Оғози мавсими 1 ҷамъоварии пахта дар вилоят

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

Имрӯзҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба истиснои шаҳри Бохтар, ноҳияи Ёвон ва Данғара маъракаи ҷамъоварии пахтаи соли 2021 оғоз гардидааст.

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Пешвои миллат:

“46 фоизи мардуми Афғонистон тоҷиконанд ва бояд дар ҳукумати оянда мавқеи шоиста дошта бошанд”

Барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Ин нуктаро 25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки дар Қасри миллат доир гардид, баён доштанд.

Имрӯз яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Афғонистон бар асари хуруҷи неруҳои эътилофӣ аз қаламрави он имрӯз дар остонаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад. Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст. Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. «Баъдан, сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи

зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард», - тазаккур дода шуд дар ин мулоқот. Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Бино ба суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ бинад. Беэътиноии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад, таъкид гардид зимни мулоқот. Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонид. «Хатлон»

Сафари кории раиси вилоят ба шаҳри Кӯлоб

Рӯзи 21 августи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи корӣ бо мақсади ба истифодадиҳии манзили хонаҳои истиқоматии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи офати табиии 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ омада буд, ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд. Ҳангоми сафар, инчунин, аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои гуногунсоҳаи хоҷагии халқ, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд, боздид ба амал оварданд. Нахуст, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои 9 ошёнаи 36 ҳуҷрадор, ки дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кӯлоб барои хизматчиёни давлатӣ, аз тарафи фармо-

ишгар- Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ ва лоиҳакашии ҶДММ «Шаҳрофар», пудратчӣ ҶДММ «Ниагара А» сохта шуда истодааст, боздид ба амал овард. Ба раиси вилоят иттилоот дода шуд, ки айни ҳол дар иншоот корҳои хиштчинӣ, андоваи дохили бино, рангубори дохилӣ то ошёнаи 9-ум ба анҷом расида, корҳои васлнамоии дарҳо, чидани сафолакҳои (кафел) ҳаммом ва ҳоҷатхона, зинапояҳои дохилӣ анҷом дода шудааст. Корҳои васлу насби хатти обу канализатсия то ошёнаи 9-уми бино ба анҷом расонида шуда, айни замон дар қисмати берунаи фасади бино сохтмон рафта истодааст. Баъдан, раиси вилоят ба рафти корҳои таъмиру барқарорсозии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб шиносоӣ пайдо кард. Гуфта шуд, ки то 15 августи

соли равон 700 метри мукааб корҳои бетонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки 70 фоизи нақшаро ташкил додааст. Ҳамчунин, 180 метри тӯлонӣ қубури оби нӯшокӣ бо қутри 500 мм ва 80 метри тӯлонӣ қубури канализатсия бо қутри 500 мм иваз карда шуданд. Дар давоми корҳои сохтмонӣ ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ манъ нагардидааст. Ҳангоми боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маркази хизматрасонии хушкашӯӣ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Исмоилзода Сироҷиддин сохта шуда истодааст, ба раиси вилоят маълумот доданд, ки бино аз 4 ошёна иборат буда, ошёнаи 1-ум маркази савдо, ошёнаи 2-юм хушкашӯӣ, ошёнаи 3-юм ҳаммом ва толори варзишии занона, ошёнаи 4-ум меҳмонхона мебошад. Корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, то ин давра корҳои сохтмонии дохили бино пурра ба анҷом расонида шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисмати берунаи фасади бино ҷараён дорад. Баъди сохта ба истифода супоридани бинои мазкур 25 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Сипас, раиси вилоят аз бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и шаҳри Кӯлоб ба номи Саидҷон Назаров, ки аз тарафи Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ фармоиш шуда, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, боздид ба амал овард. Тибқи иттилоъ дар бинои нав барои 120 нафар ҷойи нишаст толори фарҳангӣ, синфхонаҳои компютерӣ, технологияи меҳнат, зали варзишӣ ва дигар утоқҳои фаннӣ то соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҶДММ иттиҳодияҳои аграрии «Водии Зарин»-и Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид. Майдони умумии замини пахта дар ҷамоати мазкур 120 гектарро дар бар гирифта, дар он навъи тухмии австралиягӣ кишт карда шудааст, ки айни замон ғарқи ҳосил мебошанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо сокинони деҳа ва пахтачинон суҳбат ороста, роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқонро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд. Ёдовар мешавем, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо назардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд мегардад. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта - интихоби дурусти навъи чигит ва дуруст гузаронидани корҳои агротехникӣ мебошад. Имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 177 ҳазору 48 гектар пунбадона кишт шудааст. М. Носирҷон, “Хатлон”

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 7680 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид Мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозии 7667 бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд. То якуми августи соли 2021-ум 7680 иншоот ба истифода дода шуда, дар натиҷа зиёда аз даҳ ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ва қариб 25 ҳазор ҷойи кории мавсимӣ фароҳам омад.

Инчунин, дар рафти боздид аз Корхонаи нассоҷии шаҳри Кӯлоб, ки аз тарафи соҳибкорони ватанӣ дар маҳаллаи Чармгарони Поён дар моҳҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад, дидан намуданд. Ба раиси вилоят иттилоот додаанд, ки айни замон аз ҷониби соҳибмулкон корҳои сохтмонӣ идома дошта, 50 нафар ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд. То имрӯз корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, қисмати зиёди таҷҳизоти корхона аллакай насб гардидааст. Зикр гардид, ки баъди ба истифода додани корхонаи мазкур зиёда аз 430 намуди ҷӯробҳои гуногун истеҳсол ва 430 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Бояд зикр кард, ки раиси вилоят бо гурӯҳи ҳамроҳонаш ҳангоми боздид аз иншооти сохташаванда барои босифат ва ба талабот ҷавобгӯ будани онҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. (Идома дар саҳ.2)

Шумораи иншооти соҳаи маориф 722 адад (аз ҷумла 315 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 73 муассисаи томактабӣ, 264 синфхонаи иловагӣ, 70 бинои иловагӣ), муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 890 адад (аз ҷумла 52 беморхона, 77 маркази саломатӣ, 303 бунгоҳи тиббӣ, 37 таваллудхона) афзуда, инчунин 93 китобхона, 34 қасри фарҳангӣ, 31 боғи фарҳангӣ, 59 гулгашт, 113 толори варзишӣ, 320 майдончаи варзишӣ, қариб 80 меҳмонхона, 61 дукони ҳунармандӣ, 20 фермаи чорвопарварӣ, 20 фермаи парандапарварӣ, 31 сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, 233 гармхона, 1251 маркази хизматрасонӣ ва савдо, садҳо адад ҳаммому сартарошхона ва кошонаи ҳусн бунёд гардидааст. Бояд таъкид кард, ки дар бунёд ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Кӯшониён, Дӯстӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, дар вилоят як қатор корҳои муайяне ба сомон расиданд. Аз ҷумла, танҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар солҳои 2018-2021 ва ҳафт моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоятамон 511 корхона ва коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла 119 коргоҳи дӯзандагӣ, 24 корхонаи коркарди меваю сабзавот, 76 сехи истеҳсоли нону қаннодӣ, 22 корхонаи коркарди шир, 117 коргоҳи хиштбарорӣ, 32 корхонаи дӯхти либоси мактабӣ, 3 коргоҳи қолинбофӣ, 9 корхонаи атласу адрасбофӣ таъсис ёфт. Мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо, корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар бо назардошти 1800 ҷойи кори нав идома доранд. Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад. Айни замон, теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят наздик ба 650 ададро ташкил медиҳад ва дар корхонаҳои саноатию истеҳсолии вилоят беш аз 90 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Н. Маъмурзода, “Хатлон” Шанбе, 28.08.2021

Шабона +18+20 с Рӯзона +37 +390 с 0

Якшанбе, 29.08.2021

Душанбе, 30.08.2021

Шабона +19+21 с Рӯзона +37 +390 с

Шабона +19 +210 с Рӯзона +38 +400 с

0

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.