Рӯзномаи Хатлон шумораи №24-30.04.2021

Page 1

Дар ин шумора:

Ихтирои Ҷумъа, 30 апрели соли 2021, №24 (3313) аспиранти тоҷик дар Россия

Кӯлоб. Вакансиякунонӣ оғоз гардид

То тавонӣ, «Хатлон» дӯстонро гумРузномаи макун...

2

3

Соли 90-уми нашр

1

Дар масири Истиқлол @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

@ruznomai_khatlon

-

ХАТЛОН Саҳ.

Тоҷикистон, ба пеш!

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

4

№24 (3313), 30.04.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Қадршиносӣ

Беҳтарин муассисаи тиббӣ кадом аст?

Гулпарвар ва боғи фароғатии беҳтарини Хатлон муайян шуданд Тибқи хулосаи Комиссияи озмуни вилоятии “Сайри гули лола” ғолибон аз рӯйи 10 номинатсия муайян гардиданд. Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва вимпелҳо тақдим гардид. Озмуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 феврали соли 2020, №71 баргузор шуд. Идораи рӯзномаи “Хатлон” ғолибонро муаррифӣ мекунад: “Гулпарвари беҳтарин”: Давлатзода Тоҷиддин Шамсиддин, директори корхонаи фаръии давлатии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Бохтар. “Боғи фарҳангӣ-фароғатии беҳтарин”: Боғи марказии фароғатии Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара. “Гулгашт ва хиёбони беҳтарин”: гулгашти Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб.

“Маҳаллаи беҳтарин”: маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар. “Деҳаи беҳтарин”: деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб. “Ҷамоати деҳоти беҳтарин”: Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён. “Ҷамоати шаҳраки беҳтарин”: шаҳраки «Ёвон»-и ноҳияи Ёвон. “Ноҳияи беҳтарин”: ноҳияи Данғара. “Шаҳри беҳтарин”: шаҳри Бохтар. “Идора ва муассисаи беҳтарин”: Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, Маркази кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар.

Асрори ғолибияти дукарата Мусоҳибаи ихтисосии рӯзномаи “Хатлон” бо барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар номинатсияи “Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб” дар соли 2021, сардухтури Беморхонаи бемориҳои чашми вилояти Хатлон Фурқат Имомов.

- Тавре иттилоъ дорем, Шумо ду маротиба ғолиби озмуни «Беҳтарин дастоварди соҳаи тибби Хатлон» гардидаед. Сирри ин муваффақиятҳо дар чист? - Асоси муваффақиятҳои худро дар омӯзишҳои шабонарӯзӣ, ҷустуҷӯи навгониҳои соҳаи тиб медонам. Зеро маҳз ин боис гардид, ки дар соҳаи интихобнамудаам қадамҳои устувори худро гузорам. Дар заминаи омӯзишҳои ҳаррӯза тавонистем, ки дар табобати чашм якчанд навовариҳоро рӯйи кор биорем. Масалан, соли 2019 як шакли навтарини ҷарроҳиро ихтироъ намудем ва барои фаъолияти он патент гирифтем, ки бо ин патент на танҳо

дар беморхонаи бемориҳои чашм, балки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳамаи духтурон имкони гузаронидани чунин ҷарроҳиро пайдо карданд. Барои ин дастовардам дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ман Ҷоиза супорида шуд, ки ин бамаротиб маро ҳавасманд ва дилбанди соҳаи тиб кард. Соли 2020 низ як усули навтарини ҷарроҳии чашмро ихтироъ кардам. Ин навовариамро ба инобат гирифта, дар озмуни имсолаи «Беҳтарин дастоварди соҳаи тибби Хатлон» маро бо Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардониданд.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳаи тиб, рушду нумӯъ ва таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 феврали соли 2019, №45, имсол низ озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» баргузор ва натиҷагирӣ карда шуд. Дар маросими эълони барандагони ин ҷоизаҳо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҳар яке аз ғолибон Шаҳодатнома ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуд. “Беҳтарин муассисаи тиббии сол” дар соли 2020 - беморхонаи марказии ноҳияи Балҷувон. “Беҳтарин табиби сол” - Имомов Абдусалом, табиби Маркази ташхисию табобатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон “Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят” - Имомов Фурқат, директори Беморхонаи бемориҳои чашми вилояти Хатлон аз рӯйи ихтирои “Тарзи табобати омехтаи омосҳои варидҳои кавернозии косахонаи сар, мавқеи ҷоғу рӯй ва гардан”. “Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол” – Камолова Нозбону, ҳамшираи шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов, Нурматова Заррина, ҳамшираи калони Маркази саломатии деҳоти Пахтакори ноҳияи Панҷ, Ҳакимова Хуҷамо, сарпарастори шуъбаи 2-юми Маркази саломатии ноҳияи Восеъ.

- Дар бораи навоварии охиринатон, ки боиси ғолибият дар озмуни имсола гардид, маълумот медодед. Барои ихтирооти соли 2020 дар соли 2021 патенти нав гирифтем, ки дар он барои гузаронидани усули нави ҷарроҳӣ иҷозат дода шудааст. Ин усули нави ҷарроҳиро дар якҷоягӣ бо професорони соҳаи саратоншиносӣ, ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологӣ таҷриба намудем. Бояд гуфт, ки дар организми инсон омосҳои хушсифати рагӣ мавҷуд аст, ки онро гемангиома меноманд. Ҳангоми пайдошавии гемангиома, ин омосро бо усули нави ҷарроҳӣ гирифта мешавад. - Дар беморхона боз чӣ навгониҳо доред, ки аз солҳои қаблӣ фарқ мекунад? - Солҳои пеш бо сабаби набудани таҷҳизоти тиббии соҳаи чашм ҷарроҳӣ карда наметавонистем ва соли ҷорӣ бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода беморхонаи мо бо таҷҳизоти наву замонавие таъмин гардид, ки дар гузаронидани ҷарроҳиҳои гуногуни шакли нав истифода карда мешаванд. Хусусан, ҷарроҳие, ки бо гузаронидани адасаи сунъӣ (линза) ба роҳ монда мешавад. - Омӯзиш ва такмилёбии Шумо дар ин соҳа аз куҷо оғоз шуд? - Соли 2010–ум Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуда, барои таҷрибаомӯзӣ ба беморхонаи бемориҳои чашми вилояти Хатлон омадам. Як сол дар ин беморхона таҷрибаомӯзиро гузашта, пас аз ин бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи ноҳияи Кӯшониён ба сифати духтури чашм кор кардам. Соли 2015 ба сифати сардухтури беморхонаи бемориҳои чашми вилояти Хатлон таъйин гардидам. Барои такмили касбӣ ёфтан дар конференсияҳои байналмилалӣ ва семинарҳои омӯзишӣ иштирок карда, дониши касбии худро сайқал дода истодаам. Хусусан, дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия 3 маротиба аз курси так-

Олимону донишҷӯён ҳам стипендияи раиси вилоятро мегиранд Барои 60 нафар олимони эҷодкор ва 60 нафар донишҷӯёну хонандагони аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии вилояти Хатлон дар соли 2021 стипендияи махсуси раиси вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. Тавре ки аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, дар асоси қарори тоза ба тасвибрасидаи раиси вилоят таҳти №121, ба олимони эҷодкор ҳар моҳ дар ҳаҷми 250 сомонӣ ва ба донишҷӯён 100 сомонӣ стипендияи моҳона муқаррар гардидааст. Бо ин мақсад аз буҷети вилоятӣ дар умум 252 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ чӣ қадар гандуму пахта кишт шудааст? Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон ҷараёни кишти зироатҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз дар майдони беш аз 304 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст. Ин нишондиҳанда 98,2 фоизро ташкил дода, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 10 ҳазор гектар зиёд мебошад. Аз масоҳати умумии кишт майдони ғалладонагиҳо 128 ҳазор гектар (гандум 113160 га, аз он обӣ 38460 га, ҷав 8570 га, ҷуворимакка барои дон 4132 га ва дигар ғалладонагиҳо 1987 га ), зироатҳои техникӣ 131 ҳазор гектар (пахта 122140 га, зағир 5072 га, дигар техникӣ 3531 га), картошка 5929 гектар, сабзавот 19,7 ҳазор гектар (аз он пиёз 10,3 ҳазор гектар, сабзӣ 2092 гектар), полезиҳо 10,4 ҳазор гектар, қулфинай 400 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 9,3 ҳазор гектарро фаро мегирад.

Гардиши савдои хориҷии вилоят 15,5% бештар шудааст Гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 105 миллион доллари амрикоӣ ҳисоб шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15,5% афзоиш ёфтааст. Тавре ки аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” маълумот доданд, аз ҷумла содироти мол ба 36,1 миллион ва воридот ба 68,9 миллион доллари ИМА расидааст. Нишондиҳандаҳои гардиши мол 2 миллиарду 151,6 миллион сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 535,5 миллион сомонӣ баробар гашта, мутаносибан 136,5 ва 102,6-фоизӣ таъмин гардид. Барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят 35 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 480,6 млн. доллари амрикоӣ амалӣ шуда, ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят беш аз 1,56 млрд. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,35 млрд. доллар сармояи мустақими хориҷӣ, ҷалб шудааст.

мили ихтисос гузаштам. - Сабаби аслии ба ин соҳа омаданатон чист? - Сабаби аслии ба ин соҳа омаданам падарам мебошад. Ман дар оилаи табиб ба дунё омада, ба камол расидаам ва ин касбро дӯст доштаам. Падарам гуфт: «Дар дунё духтур хеле зиёд аст. Махсусан, солҳои охир нафароне, ки дар ин соҳа таҳсилу фаъолият кардан мехоҳанд, шумораашон бамаротиб бештар мегардад, аммо табиби асил, табибе, ки сидқан ба ин касб содиқ буда метавонаду онро самимӣ дӯст медорад ва ба он завқ дошта бошад, кам аст. Ту аз ҷумлаи нафароне бош, ки бо шавқу завқи беандоза касби худро дӯст дорӣ ва ба омӯзишҳои пайдарпай дода шавӣ». Ин панди падар дар ҳаёти ман таъсири баланд гузошт ва асоси муваффақиятҳоям гашт. - Дар баробари кори табобатӣ оё ба тадқиқоти илмӣ ҳам машғул ҳастед? - Оре. Мавзӯи рисолаи номзадиам «Хусусиятҳои аломат, ташхис ва табобати омосҳои ягона ва аввалияву сершумори пӯсти минтақаи чашм» мебошад. Дар ин мавзӯъ мақолаҳои зиёде ба нашр расонидам. Ҳоло ба омӯзиш ва таҳлилҳои илмӣ машғул ҳастам ва итминон дорам, ки ба наздикӣ диссертатсияамро ҳимоя мекунам. - Чӣ нақшаҳо доред? - Дар нақша ҳаст, ки давоми соли 2021 ҷиҳати беҳтаргардии сифати хизматрасонии тиббӣ навовариҳои дигарро рӯйи кор биёрам. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба раиси вилояти вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода изҳори миннатдорӣ мекунам, ки барои мо - ҷавонон имконияти фарохро муҳайё сохтанд ва дастгириҳои пайваста мекунанд. Мо - ҷавонон ҳам дар навбати худ талош мекунем, ки ба ҳамаи ин ғамхорӣ ва дастгириҳо сазовор буда, чун ворисони муваффақи Синои бузург дар рушди соҳаи тиб нақши созгор гузошта, навгониҳои тоза ба тозаро рӯйи кор биорем. Мусоҳиб С. АЗИЗЗОДА

120 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад Масоҳати гармхонаҳои вилояти Хатлон зиёда аз 810 гектарро ташкил мекунад. Тибқи маълумотҳои фаврӣ, то имрӯз зиёда аз 1950 тонна маҳсулот, аз ҷумла 700 тонна бодиринг, 500 тонна помидор ва 750 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол гардида, ҷамъоварии ҳосили гармхонаҳо идома дорад. Баробари ин, дар вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили дигар анвои маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла караму гулкарам, лаблабу, гелос, қулфинай, картошка ва пиёз низ оғоз ёфта, ба бозорҳои истеъмолии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардида истодааст. Ҳамчунин, нишондиҳандаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, то 28 апрели соли ҷорӣ 9621 тонна маҳсулот, аз ҷумла 9404 тонна пиёз аз вилоят содирот карда шуд, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 2267 тонна ва содироти пиёз бошад, 2152 тонна зиёд мебошад. То охири сол пешбинӣ гардидааст, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 120 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз ба 90 ҳазор тонна расонида шавад.

Дар вилоят 261 коргоҳ бунёд ёфт Дар доираи амалигардонии нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят 261 корхонаю коргоҳ таъсис дода шуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ 7 корхонаи истеҳсолӣ бо 74 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Зимни тасдиқи ин хабар дар шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, ки мутобиқи нақша дар корхонаҳои истеҳсолии вилоят ин мавсим дӯхти 389,8 ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ пешбинӣ шудааст. Байни корхонаҳои дӯзандагии вилоят ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 384,8 ҳазор ҷуфт (99%) шартномабандӣ сурат гирифта, аллакай 15 ҳазор адад либос дастрас шудааст.

Хабарҳои бештар дар WWW. KHATLON-RUZNOMA.TJ Шанбе, 01.05.2021

Якшанбе, 02.05.2021

Душанбе, 03.05.2021

Шабона +15 +17 С

Шабона +16 +18 С

Шабона +15 +170 С

Рӯзона +34 +360 С

Рӯзона +33 +350 С

Рӯзона +34 +360 С

0

0

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.