ХАТЛОН
Барои ҳимояи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ҳамеша омодаем
@ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
Рӯзи варзишҶумъа, 13 августи соли гарон2021, дар №49 (3338) шаҳри Бохтар Рӯзномаи «Хатлон» таҷлил карда Рӯзномаи «Хатлон» шуд @ruznomai_khatlon
Соли 90-уми нашр
2
3
Рузномаи «Хатлон»
Соли 90-уми нашр
№49 (3338), 13.08.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Табибони Хатлон ворисони ҳақиқии Синоанд ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ, 18 АВГУСТИ СОЛИ 2021
Муҳтарам табибон, ҳамватанони азиз! Истиқлолияти давлатӣ барои рушду тараққиёти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид гузошта, ҷиҳати фароҳам сохтани шароити созгор барои пешрафти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид. Дар баробари дигар соҳаҳои муҳим, соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳиши бузург намуда, бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони таҷрибадору соҳибтахассус таъмин гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Вохӯрии Пешвои муаззами миллат бо кормандони соҳаи тиб ба муносибати Рӯзи кормандони соҳа, 18 августи соли 2020, нишонаи олии таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати рушди кори соҳа ва қадрдонӣ намудани хизматҳои шоёни кормандони соҳаи тиб мебошад. Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки фарзандони барумандаш ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Исмоили Ҷузҷонӣ ва чанде дигарон барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аз тамоми имконияту воситаҳо истифода намуда, дар ин ҷода заҳматҳои зиёд кашида, дар ҷаҳон маъруф ва миёни халқ маҳбубият пайдо кардаанд. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳазор сол муқаддам бо китоби беназиру арзишманди худ “Қонуни тиб” собит намуд, ки халқи фарҳангпарвари тоҷик дар соҳаи тиб низ метавонад мақоми ҷаҳонӣ касб намояд. Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола 18 август дар сартосари кишвар нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати ворисони Синои бузург мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хат-
лон бо ҳидояти фардосози Пешвои муаззами миллат ва бо дарназардошти мақоми соҳа ва нақшу манзалати табибон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин соҳаи муҳим шароити корӣ ва хизматрасонӣ беҳтар гардад. Дар ин раванд диққати асосӣ барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ, мувофиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани шароити кору хизматрасонӣ, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизоти замонавӣ ва бо кадрҳои баландихтисос, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди ин дода мешавад. Бояд эътироф намоем, ки маҳз бо шарофати сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи мазкур бесобиқа рушд намуда, заминаи моддию кадрӣ ва техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар гардонида шаванд. Ифтитоҳи Маҷмааи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи вилоятии сироятӣ дар ноҳияи Данғара, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ташхисию таълимии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Вахш, Кӯшониён, Ёвон, Ховалинг бори дигар аз дастгириҳои Роҳбарияти олии кишвар дар самти рушди соҳаи тиб гувоҳӣ медиҳад. Табибони вилояти Хатлон дар баробари пизишкони ҷаҳон дар пешорӯи бемории сирояти нави коронавирус қаҳрамонона истодагарӣ намуда, шабу рӯз баҳри ҳифзи сиҳатии мардум мубориза бурда, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд. Ба ҳар яки онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям. Маврид ба зикр аст, ки дар вилоят ҷиҳати дарёфт ва муайян намудани бемории сирояти нави коронавирус айни ҳол 4 Маркази ташхисию таҳлилии вирусологӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Қубодиён бо таъмини таҷҳизоти зарурӣ фаъолият карда истодаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ин бемории ҳамагир тамоми донишмандони олам, бахусус олимони соҳаи тиб ва вирусологияро ба ташвиш оварда, дар ин самт корбарӣ доранд. Заҳмату талоши хастанопазирии Роҳбарияти олии мамлакат ва донишу малакаи табибон, маърифати баланди тиббии мардуми бофарҳанги кишвар аст, ки ин беморӣ идорашаванда буда, вазъияти васеъшавии он рӯз аз рӯз бо кумаки табибон маҳдуд гардида истодааст. Дар заминаи сиёсати беҳдоштии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назари неки Пешвои миллат нисбати солимии аҳолӣ тадбирҳои ҳадафманди иҷтимоӣ амалӣ гардида истодааст. Маҳз ворид гардидани беш аз 750 ҳазор воя ваксина ба вилоят ва гузаронидани иммунизатсия байни аҳолӣ аз сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар дарак медиҳад. Дар ҳамаи марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки маҳз барои гирифтани воя пешбинӣ шудааст, иммунизатсия бо суръат идома дорад. Мо эҳсос менамоем, ки имрӯз мардум якдилона баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён аз ин воя истифода мебаранд, ки барои саломатии имрӯзу ояндаи аҳолӣ фоидаовар аст. Боварӣ дорам, ки мардуми бофарҳанг ва шарафманди вилояти Хатлон бо сафсатаю дурӯғбофиҳои хоинони миллат бовар накарда, ин маъракаи муҳимро, ки дар ду марҳила сурат мегирад, ба анҷом мерасонанд ва саломатии худ ва пайвандонро аз ҳама гуна бемориҳо эмин
медоранд. Мавриди қайд аст, ки баҳри пешрафти кори соҳа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла дар деҳот ва бартараф намудани мушкилот бо пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон ва бо муосидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони бонангу номус, шахсони эҳсонкор ба ифтихори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 909 иншооти соҳа, аз ҷумла 62 беморхона, 95 маркази саломатӣ, 287 бунгоҳи тиббӣ, 40 таваллудхона, 273 дорухона ва 152 нуқтаи хатна ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 августи соли 2021, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 890 иншооти соҳа мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба мардум хизмати хуби тиббӣ мерасонанд. Ҳамзамон ёдовар бояд гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 иншооти соҳаи тиб, аз ҷумла бинои Маркази вилоятии стоматологӣ, бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар, беморхона барои 20 кат ва шуъбаи таваллудӣ дар ноҳияи Фархор, 2 маркази саломатӣ дар ноҳияи Темурмалик ва ба ин монанд ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки дар вилоят барои рушди тибби хусусӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар сатҳи вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои тиббии хусусӣ 155 адад, аз ҷумла Маркази тибби «Хатлон», марказҳои “Даво”, “Дурахш” ва “Акси Шифо” дар шаҳри Бохтар, Маркази ташхисию табобатии “Исмоил” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Вахш, Маркази бемориҳои чашм дар шаҳри Кӯлоб, Маркази ҷарроҳӣ дар ноҳияи Ховалинг, Маркази таълимию табобатии “Нури тиб”, Маркази табобатии хусусии деҳаи Хуррамзамин дар ноҳияи Данғара барои ба табобат фаро гирифтани беморон ташкил карда шудаанд, ки бо истифода аз таҷҳизоти ҷадид ба мардум хизмати сифатноки тиббӣ мерасонанд. Барои саҳмгузорӣ ва бунёди муассисаҳои тиббии муосир дар қаламрави вилояти Хатлон ба соҳибкорони бонангу номус ва шахсони эҳсонкор самимона арзи сипос менамоям ва боварӣ дорам, ки ин анъана дар оянда низ идома меёбад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри ҳавасмандсозӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тиб Ҷоизаи раиси вилояти Хатлонро ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ, инчунин барои ҳимояи рисолаи докторӣ дар соҳаи тиб ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар кардааст. Ин ҷоизаҳо ҳамасола ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ супорида мешаванд, ки ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ натиҷаи дилхоҳ дода истодааст. Ҳамзамон озмуни вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» ҳамасола натиҷагирӣ карда мешавад, ки барои ҳар як номинатсия 5000 сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст. Итминони комил дорам, ки табибони вилояти Хатлон ҳамчун ворисони ҳақиқии Сино кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию ватанпарастӣ, барои ҳарчи беҳтар гардидани тансиҳатию некуаҳолии мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бо ҳамин нияти нек, тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти пуршарафу башардӯстонаашон барору комёбӣ орзумандам. Идатон муборак, ворисони Синои бузург!
Сезарб ба душмани эҳтимолӣ
Машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои се кишвар дар “Ҳарбмайдон” ба поён расиданд 10 август дар машқгоҳи низомии “Ҳарбмайдон”-и гарнизони Хатлон даври ниҳоии машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, ки аз 1-ум то 10-уми августи соли 2021, бо ташкили унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ ва бо ҷалби зиёда аз 2500 нафар хизматчиёни ҳарбии неруҳои мусаллаҳи се кишвар ҷараён дошт, дар сатҳи зарурӣ ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд. Баҳри назорат ва ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомии се кишвар вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, сардори Ситоди генералии Қувваҳои
Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳаммедов, Фармондеҳи ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия Александр Лапин, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ ба машқгоҳ омаданд.
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
1
4
ХАТЛОН Саҳ.
Тоҷикистон, ба пеш!
Бӯрёбофӣ
Аз рӯйи мавзӯъ ва матлаби баргузории машқҳои муштараки васеи низомӣ, гӯё як ҷуфт ҳавопаймои ҳарбӣ-таълимии Л-39, ҳангоми гузаронидани разведкаи фазоӣ дар қисмати сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дар чанд нуқтаи масъулиятноки ҳаммарз бо Тоҷикистону
Ӯзбекистон ҷамъшавии гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусаллаҳро мушоҳида менамояд ва ҳамзамон аз убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ хабар медиҳад. Бо гирифтани маълумоти разведкавӣ, амалиёти муштараки низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, дар шароити дашту саҳро, маҳаллаҳои аҳолинишин, бинову иншооти муҳими давлатӣ, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ, аз рӯйи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марз, дастгиру безарар гардонидани афроди сарҳадшикан, торумор намудани ҳайати ташкилоти тудрави террористиву экстремистӣ, ё худ душманони шартӣ, ба ҳолати муътадил ва амну субот баргардонидани вазъи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон шурӯъ намуданд. Зимни баргузории машқҳои муштараки васеи низомӣ, аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи се кишвари дар размоиш ширкаткунанда, як қатор унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ, аз ҷумла, бурдани амалиёти разведкаи фазоиву заминӣ, мушаххасан маълум намудани теъдоди афроди сарҳадшикан, дар нуқтаҳои убури марз, муайян намудани шумораи боқимондаи қувваҳои ғайриқонунӣ, бо кадом силоҳу
(Идома дар саҳ.2)
Вазир: «Суботи Осиёи Марказӣ ба вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад» Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни музокирот бо фармондеҳони Росия ва Ӯзбекистон изҳор намуд, ки суботи Осиёи Марказӣ бештар ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон вобастагӣ дорад. Ӯ омилҳои махсуси хатарро барои кишвар аз ҷониби террористони афғон номбар кард. Шералӣ Мирзо ёдовар шуд, ки ҳаракати «Толибон» аллакай шимол ва шимолу шарқи Афғонистонро таҳти назорат гирифт. «Агар то чанде пеш ҳузури неруҳои хориҷӣ имкон медод, ки тавозун ва назорати вазъи низомиву сиёсӣ ба даст ояд, хуруҷи онҳо фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиро тақвият бахшид», - гуфт вазир. Ӯ таъкид кард, ки ҳузури неруҳои террористӣ дар марз ҳамоҳангии кишварҳои минтақаро тақозо менамояд. Созмонҳои фаъоли террористӣ дар Афғонистон ба як сохтори муташаккил бо артиши муҷаҳҳаз бо силоҳҳои муосир ва стратегияи муайяни амал табдил ёфтанд, ки махсусан барои кишварҳои минтақа хатарнок мебошад. Шералӣ Мирзо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа даъват кард, ки бо ҷалби қувваҳои мусаллаҳ ба ин таҳдидҳо вокуниши муносиб нишон диҳанд.
«Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» Рӯзи шанбеи 14 август дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор мешавад. Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои банди 28 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад. Ҳадафи асосии баргузории ин озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нонии парҳезӣ дар вилоят, шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иборат мебошад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода масъулини соҳаро вазифадор намудааст, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию ташкилӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир намудани озмуни мазкур тадбирҳои дахлдор андешанд.
Кумакпулии навбатӣ ба оилаҳои камбизоат Як сол қабл дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти лоиҳа - ин расонидани кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ бо мақсади пешгирии хавфи норасоии ғизо дар байни кӯдакони хурдсол дар давраи паҳншавии сирояти COVID-19 ва ҷуброни пайомадҳои манфии бемории ҳамагир ба оилаҳои камбизоат мебошад. Дар марҳилаи аввал, яъне аз моҳи июни соли 2020 то моҳи апрели соли 2021 кумакпулии якдафъаинаи иҷтимоӣ ба андозаи 500 (панҷсад) сомонигӣ ба 69 ҳазору 966 оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 3-сола доранд, дар ҳаҷми 34 983 000 сомонӣ расонида шуд. Дар доираи маблағгузории Созишномаи дуюми иловагӣ пардохти якдафъаинаи иҷтимоӣ аз моҳи август то охири соли 2021 дар назар дошта шуда, тибқи нақша, он 165 ҳазор хонавода (оилаҳо)-и камбизоатро фаро хоҳад гирифт, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 82,5 миллион сомониро ташкил мекунад. Ҳамин тавр, моҳи августи соли равон ба 84 ҳазор оилаҳои камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони то 7-сола доранд, ба маблағи 42 млн. сомонӣ, моҳҳои сентябр-октябри соли равон ба 56000 оилаи камбизоати дорои кӯдакони хурдсол, инчунин оилаҳое, ки занҳо сардори оила буда, дар ҳайати худ кӯдакони аз 7 то 16-сола доранд, ба маблағи 28 млн. сомонӣ, моҳи ноябр-декабри имсол ба 25000 оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ кӯдакони маъюби то 18-сола доранд, ба маблағи 12,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Мусобиқаи Ҷоми Раиси вилояти Хатлон оғоз ёфт Чанде пеш маросими қуръакашии мавсими нави Ҷоми вилояти Хатлон ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон бо ширкати муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилоят Исроил Шарипов ва намояндагони дастаҳои ширкаткунанда баргузор шуд. Бино бар низомномаи Федератсияи футболи вилояти Хатлон, мусобиқоти имсола бо ширкати дастаҳои Лигаҳои дуюм – “Арал” (ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ), “Сарбанд” (Леваканд), “Хуросон” (Хуросон), “Нури деҳот” (Панҷ), “Дӯстӣ” (Ҷайҳун), “Кӯшон” (Кӯшониён), “Чашма” (Шаҳритус), “Пахтакор” (Қубодиён), “Бешкент” (ноҳияи Носири Хусрав), “Ҷиликул” (Дӯстӣ), “Кӯлоб” (Кӯлоб), “Сарҳадчӣ” (ноҳияи Ҳамадонӣ), “Андароб” (Кӯлоб), “Шоҳин” (Муъминобод) ва “Терай” (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) баргузор мешаванд. Тибқи иттилои сухангӯи Федератсияи футболи вилояти Хатлон Ф. Бобоев, бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми вилояти Хатлон ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон аз як зӯрозмоӣ иборат мебошанд. Мавсими имсолаи Ҷоми вилояти Хатлон рӯзи 10 август оғоз ёфт ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон моҳи октябр шурӯъ мешавад.
Аз фаъолият бозмондани 7 корхона дар Шаҳритус Аз 24 корхонаи истеҳсолию саноатии ноҳияи Шаҳритус давоми нимаи якуми соли ҷорӣ 7 ададаш аз фаъолият бозмондааст. Тавре ки раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор дар нишасти матбуотиаш иттилоъ дод, ҶДММ “Фазлиддин”, ҶДММ “Ҳоҷӣ Қадриддин”, ҶСШП “САНОЕ АСВА Инк.”, ҶДММ “Парвиз истеҳсол”, ҶДММ “Мурғи шоҳ”, “Рушди парандапарварӣ”, ҶДММ “Сияҳфарқ” бо сабабҳои мухталиф имсол истеҳсолот надоштанд. Гуфта шуд, ки нимаи якуми сол дар ноҳияи Шаҳритус ба маблағи умумии 73 миллиону 594 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 4 миллиону 851 ҳазор сомонӣ бештар аст. Шанбе, 14.08.2021
Шабона +21+23 с Рӯзона +33 +350 с 0
Якшанбе, 15.08.2021
Душанбе, 16.08.2021
Шабона +17+19 с Рӯзона +33 +350 с
Шабона +17 +190 с Рӯзона +35 +370 с
0
Манбаъ: www.meteo.tj