Skip to main content

Рӯзномаи Хатлон шумораи №50-2021

Page 1

ХАТЛОН

Дар суроғи дидори дӯст

@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Дар ин шумора:

Қариб 60%-и Ҷумъа, 20 августи соли 2021, (3339) маблағи буҷет№50 ба соҳаи маориф Рӯзномаи «Хатлон» ҷудо мешавад Рӯзномаи «Хатлон»

2

3

Қалъаи Рузномаи «Хатлон» Бешкент

Соли 90-уми нашр

Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ

Қурбон Ҳакимзода:

«Баракати ҷашни бузург мондагор хоҳад буд!»

истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд. Қобили зикр аст, ки мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят 7667 бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин шумора 7300 иншоот ба истифода дода шуда, дар натиҷа 9378 ҷойи нави кории доимӣ ва 22322 ҷойи кории мавсимӣ фароҳам омад. Дар 367 иншооти дигараш бунёдкориҳо бомаром идома доранд. Бояд таъкид кард, ки дар бунёд ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Кӯшониён, Дӯстӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад.

- То Ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯзҳои башумор мондаанд. Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, лутфан, мегуфтед, ки то имрӯз вобаста ба истиқболи шоистаи ин иди муборак чӣ корҳо ба сомон расидаанд? - Чун тамоми мардуми шарифи кишвар аҳли заҳмати вилоят дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати

- Хатлон вилояти аграрист ва кишоварзони он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши бориз доранд. Сокинони заҳматқарини вилоят ҷашни бузурги миллиро бо чӣ дастовезе пешвоз мегиранд? - Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххас дар сӣ соли Истиқлолият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 3,3 миллиард сомонӣ наздик ба 17 миллиард сомонӣ (соли 2020) расида, афзоиши он ҳамасола аз 7 то 10 дарсад таъмин гардид. Тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 7,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ тавлид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 646,6 миллион сомонӣ ё ки 8,9 дарсад беш аст. Ин комёбиҳо туфайли заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокоронаи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Данғара, Фархор ва Дӯстӣ, ки дар ин ҷода саҳми бештар гузоштаанд, ба даст омаданд. Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзӣ, ба ҳолати 26 июли соли равон кишти такрорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 124 037 гектар гузаронда шуда, иҷрои нақша 95,3 дарсад таъмин гардид. Кишти гузарондашудаи такрорӣ, асосан, 78221 гектар ғалладонагиҳо, ҷуворимакка барои дон, 10433 гектар шолӣ, 8783 гектар мош, 9474 гектар лӯбиёгиҳо, 2559 гектар зироатҳои техникӣ, 14979 гектар сабзавот, 5895 гектар полизӣ ва 22382 гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад. Боиси қаноатмандист, ки ҳамарӯза кишоварзони вилоят ба бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин, хориҷи кишвар, ҳазорҳо тонна меваю сабзавот ба фурӯш мебароранд. Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати 16 июли соли равон ба хориҷи кишвар 85,7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, 94 дарсади нақша таъмин шуд. Маҳсулот, асосан, ба Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон ва Покистон содирот гашт. - Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегиро саноатикунонии босуръати мамлакат эълон карданд. Баҳри татбиқи он дар вилоят кадом корҳо ба анҷом расидаанд? - Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, дар вилоят як қатор корҳои муайяне ба сомон расиданд. Аз ҷумла, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо 422 ҷойи кор таъсис ёфт. Мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо, корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар бо назардошти 1800 ҷойи кори нав идома доранд.

Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад. Айни замон, теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят 626-торо ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намуд. Тӯли ин муддат, истеҳсоли 9 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла коркарди меваи хушк, дастпӯшаки корӣ, дастпӯшаки тиббӣ, криолит, хокаи ҷомашӯӣ, гаҷ, газоблок (хиштҳои газӣ), андоваи сохтмонӣ (ротбанд), тахтасанг, полиэтилен ва дигар маҳсулоте, ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол намегардид, ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, бояд таъкид сохт, ки дар маҷмӯъ, истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории вилоят ба маблағи 75,5 миллион сомонӣ ва ё 17,1 дарсад афзудааст. Корхонаҳои нассоҷӣ бошанд, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ин давра ба маблағи 463,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 39,2 дарсад ва ё 130,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки бо мақсади рушди бештари соҳаи саноати вилоят, соли равон дар иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар баррасӣ шуда, ҳамзамон, лоиҳаи Барномаи индустриаликунонии вилояти Хатлон барои давраи солҳои 2021 – 2025 барои баррасии минбаъда ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ирсол гардид. - Дар масъалаи содироти маҳсулоти саноатӣ нишондиҳандаҳо чигунаанд? - Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷии вилоят 238,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ содирот 70 миллион доллар ва воридоти маҳсулот 168,3 миллион долларро дар бар мегирад. Ба хориҷи кишвар, асосан қувваи барқ, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, семент ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, ба вилоят асосан сӯзишворӣ, гази моеъ, шакар, нуриҳои маъданӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид шуданд. - Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва вазъи сармоягузорӣ дар вилоятро чӣ гуна баҳо медиҳед? - Дар вилоят баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои рушди соҳаҳои мазкур тадбирҳои мушаххасу муассир андешида мешаванд. Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии нимсолаи аввали соли 2021 бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардиданд. Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин муддат 106,6 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 902,3 миллион сомонӣ ворид гашт. Дар иҷрои нақшаи андозҳо ҳиссаи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ёвон, Темурмалик ва Ховалинг назаррасанд. Ҳамзамон, бояд зикр сохт, ки имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ (460 миллион доллари ИМА) 37 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мегардад. Дар маҷмӯъ бошад, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар вилоят 1,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиарду 348,1 миллионашро сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ нимаи дуюми рӯзи 18 август дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷамъомади идона баргузор гардид. Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати ҳамроҳонаш аз намоиши дастовардҳои соҳаи тандурустии вилоят, таҷҳизоту асарҳои тиббӣ дидан намуданд. Пасон, дар толори театр раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода паёми табрикии худро ироа намуда, аҳли толорро,

ки аксаран ходимони муассисаҳои тиббии вилоятанд, ба ифтихори иди касбиашон шодбош гуфтанд. Дар сухани табрикии худ раиси вилоят таъкид намуданд, ки соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асос-

khatlon.tj@mail.ru

1

гузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти бузург намуда, бо биноҳои замонавӣ, таҷҳизоти муосир, табибони таҷрибадору соҳибтахассус таъмин гардида, вазъи хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Қайд гардид, ки ифтитоҳи Маҷмааи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи вилоятии сироятӣ дар ноҳияи Данғара, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ташхисию таълимии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Вахш, Кӯшониён, Ёвон, Ховалинг бори дигар аз дастгириҳои Роҳбарияти олии сиёсии кишвар дар самти рушди соҳаи тиб гувоҳӣ медиҳад. - Табибони вилояти Хатлон дар баробари пизишкони ҷаҳон дар пешорӯи бемории сирояти нави коронавирус қаҳрамонона истодагарӣ намуда, шабу рӯз баҳри ҳифзи сиҳатии мардум мубориза бурда, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати

Мукофоти давлатӣ муборак! Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мукофоти давлатӣ - медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарафёб гардиданд. Ин қадрдонӣ рӯзи 18 август дар як маросими тантанавӣ дар Қасри миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад. Сарвари мамлакат зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои ободониву созандагӣ ҳиссаи ҳар яки шумо, дар ин толор нишастагон, арзанда мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд. Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат бештар аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ордени Дӯстӣ, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 қадрдонӣ шуданд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. «Хатлон»

“Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам” ҷамъбаст гардид дии и «70-солагии во и он йд ма р да ст гу нӣ таҳт Субҳи 14-уми ав ва маҳсулоти но баргузор н но ии ят ло ви » Вахш» озмуни ҳар хон шудам удам, шоистаи ш он «Н ни во ун рдид. ва ҷамъбаст га

Бознашр аз рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Таҷлили иди касбӣ

Қаҳрамонии табибони Хатлон баҳри ҳифзи сиҳатии мардум

@ruznomai_khatlon

№50 (3339), 20.08.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Мардуми заҳматқарини Хатлонзамин ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба ҷаҳду талош доранд. Дар робита ба ин ва дигар дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбате оростем, ки манзуратон менамоем.

@ruznomai_khatlon

4

ХАТЛОН Саҳ.

Тоҷикистон, ба пеш!

Соли 90-уми нашр

худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд, - идома дод раиси вилоят. - Ба ҳар яки онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям. Ба ифтихори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 909 иншооти соҳа, аз ҷумла 62 беморхона, 95 маркази саломатӣ, 287 бунгоҳи тиббӣ, 40 таваллудхона, 273 дорухона ва 152 нуқтаи хатна ба нақша гирифта шудааст. Ба ҳолати 1 августи соли 2021, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 890 адад иншооти соҳа мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба мардум хизмати хуби тиббӣ мерасонанд. Ҳамзамон, ёдовар бояд гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 иншооти соҳаи тиб, аз ҷумла бинои Маркази вилоятии стоматологӣ, бинои Маркази перинаталии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар, беморхона барои 20 кат ва шуъбаи

(Идома дар саҳ.2)

Дар озмуни мазкур муовинони раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, Низом Мирзозода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва кадбонуҳои шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд. Ҳадафи асосии баргузории ин озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани Шанбе, 21.08.2021

Шабона +18+20 с Рӯзона +37 +390 с 0

намудҳои нон ва маҳсулоти нони парҳезӣ дар вилоят, шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иборат мебошад. Дар озмуни мазкур ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо маҳсулоти нонии худро ба намоиш гузоштанд. Сипас, аз ҷониби кумитаи тадорукот ғолибони озмун муайян карда шуда, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамин тариқ ,ҷойи якум насиби шаҳри Бохтар, ҷойи дуюм насиби шаҳри Кӯлоб ва мақоми сеюм насиби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гардида, дигар иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Фирдавс УМАРОВ, Набиҷони Саидаброр “Хатлон”

Якшанбе, 22.08.2021

Душанбе, 23.08.2021

Шабона +19+21 с Рӯзона +37 +390 с

Шабона +19 +210 с Рӯзона +38 +400 с

0

Манбаъ: www.meteo.tj


2

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

Рузномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

Ҷумъа, 20 августи соли 2021, №50 (3339)

Аз машварати августии омӯзгорон

Бӯрёкӯбон

Қариб 60%-и маблағи буҷети вилоят ба соҳаҳои илму маориф ҷудо мешавад Дирӯз, 19 август, дар шаҳри Бохтар машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда, аз дастовардҳои соҳаи маориф, фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон ёдовар шуданд ва ҳамагонро бо фарорасии соли нави таҳсил шодбош гуфтанд.

Қаҳрамонии табибони Хатлон баҳри ҳифзи сиҳатии мардум (Идома аз саҳ.2) таваллудӣ дар ноҳияи Фархор, 2 маркази саломатӣ дар ноҳияи Темурмалик ва ба ин монанд ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Дар идома муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, табибони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза бурданд ва бурда истодаанд. Муовини вазир кулли кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба Рӯзи кас-

бияшон муборакбод гуфта, таъкид намуд, ки ҳар як табиб бояд дар касби хеш масъулиятшинос ва серталаб бошад ва ҳамчун вориси арзандаи Ибни Сино - нобиғаи давру замон дар таъмини солимии аҳолӣ саҳми арзишманди хешро гузорад. Дар қисмати дувуми ҷамъомади тантанавӣ ба чанде аз табибони ҳозиқ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон "Ворисони Сино" тақдим карда шуд. Номзади илми тиб Ҷӯрахон Саидов аз шаҳри Бохтар, табиби комбустиологии Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи

Бурӣ Воҳидов Саъдӣ Ойматов, роҳбари Маркази ташхисию табобатии "Акси Шифо" Олимҷон Пулатов, табиби вирусологи озмоишгоҳи бемориҳои сироятии бениҳоят хавфноки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Садафмо Амиршоева, роҳбари муассисаи кумаки аввалияи тиббии шаҳри Бохтар Фарҳод Исозода барандагони ин ҷоиза гардида, ҳар яке бо 5 ҳазор сомонӣ мукофот қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба як қатор табибон ва кормандони соҳаи тиби шаҳру навоҳии вилоят, ки фаъолияти пурмаҳсул ва ибратомӯз доштанд, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, имрӯз озмуни вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» ҳамасола натиҷагирӣ карда шуд, ки барои ҳар як номинатсия 5000 сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст. Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамасола 18 август дар сартосари кишвар нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати ворисони Синои бузург мебошад. Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»

Дар ибтидо раиси вилоят ва ҳамроҳонаш аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва ҳунарҳои дастии толибилмоне, ки шомили маҳфилҳо ва марказҳои ҳунаромӯзианд, дидан намуданд. Қурбон Ҳакимзода ба хонандагони ҳушманди муассисаҳои таълимӣ барои дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори медал шудан, инчунин ба онҳое, ки ихтироот ва маҳсули дастранҷашонро ба намоиш гузошта буданд, тасанно хонданд. Баъдан, дар толори Театри вилоятии мусиқӣмазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар машварати омӯзгорон доир шуд. Дар оғози сухан раиси вилоят зикр карданд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок дошта, дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона, ҳамзамон рушду нумӯӣ кишвари биҳиштосоямон, мақом ва манзалати хоса дорад. Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

пешбарӣ мекунад. Инчунин, ҳамасола наздик ба 5 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди шаҳру ноҳияҳои вилоят имкони дарёфти квотаю стипендияҳои президентӣ ва бурсияҳои таҳсилро ба мактабҳои олии бонуфузи дохили ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои пешрафтаи дунёро доранд. Ҳар ду сол 10 нафар беҳтарин кормандони соҳа ва омӯзгорони варзидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят соҳиби Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ мегарданд. Бо қарорҳои дахлдори раиси вилояти Хатлон, ҳамасола барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мувофиқан дар ҳаҷми 5 ва 10 ҳазор сомонӣ ба олимону муҳақиқони вилоят мукофотпулӣ дода мешавад. Соли 2020 дар доираи ин иқдом 22 нафар соҳиби ҷоизаи мазкур гардиданд. Ба ҳамин монанд, ба хатмкунандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хатми мактаб бо аттестати универсалӣ ва равиявии аъло (медали тилло ва нуқра) мувофиқан дар ҳаҷми 10 ва 3 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст, ки дар солҳои 2019-2020-ум 18 нафар шогирдон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби ин ҷоиза шудаанд. Дар соли 2021 боз 10 нафар шогирдон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии онҳо сазовори ин мукофотпулӣ гардиданд. Стипендияҳои номии раиси вилояти Хат-

давлатии вилоят ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, соли равон дар вилоят 89 фоизи маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудаанд, ки аз ин миқдор наздик ба 60 фоизи он (1 миллиарду 242 миллион сомонӣ) ба соҳаҳои илму маориф рост меояд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, давоми солҳои 2018-2021 аз 790 иншооти соҳа 722 (91,4 фоиз) муассисаи таълимӣ, томактабӣ, бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. - Танҳо соли 2020 бо ҷалби ҳамаи намуди манбаъҳои маблағгузорӣ дар 66 мактаб 445 синфхонаи таълимӣ барои 11124 ҷойи хониш, 3 муассисаи томактабӣ барои 270 ҷойи кӯдак ва дар 7 моҳи соли равон дар 25 мактаб 224 синфхонаи таълимӣ барои 7149 ҷойи хониш ва 1 муассисаи томактабӣ барои 315 ҷойи кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, - идома доданд раиси вилоят. – Дар назар аст, ки то оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ва Ҷашни 30-солагии Истиқлол зиёда аз 60 иншооти дигари соҳа барои 9927 ҷойи хониш дар як баст ба истифода супурда шаванд, ки ин иқдом баҳри фароҳамсозии шароити муносиби таҳсили хонандагон мусоидат хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирӣ, ҳавасмандсозӣ ва қадршиносии беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиёи вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҳамасола дар мадди аввал ин қишри ҷомеаро, ки қувваи бузурги зеҳнию ақлонии вилоят мебошанд, ба мукофотҳои давлатию соҳавӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ

лон ба 120 нафар олимону устодони варзида ва донишҷӯёну хонандагони аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоят, ки дар маҷмӯъ 252 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, стипендияҳои номии раиси вилояти Хатлон ба 70 нафар хонандагони аълохону эҷодкор ва навовари муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар маҷмӯъ 168 ҳазор сомониро дарбар мегирад, таъсису роҳандозӣ намудани мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, озмунҳои вилоятии “Навқалами умедбахш” ва ғайра, ки дар маҷмӯъ беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, феҳрасти нопурраи чораҷӯиҳое мебошанд, ки амалигардонии онҳо сол аз сол натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд. Пас аз маросими тақдими ҷоизаҳои вилоятӣ ба омӯзгорону хонандагони фаъол, инчунин ба як қатор кормандони соҳаи маориф барои натиҷаҳои назарраси фаъолияташон Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода таъкид намуданд, ки дар соли нави таҳсили 2021-2022 теъдоди кӯдакони ба синфи 1-и муассисаҳои таълимӣ қабулшаванда ба зиёда аз 100 ҳазор нафар мерасад. Аз ин рӯ, аз масъулони соҳаи маориф, устодону мураббиён, шогирдон ва волидайни онҳо даъват шуд, ки ба корҳои беза-раргардонии муассисаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ дода, ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус, корҳои тарғибу фаҳмондадиҳии тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон саривақт гирифтани ваксинаро тақвият бахшида, бо ҳамин дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён саҳмгузор шаванд.

олимпиадаҳои фаннӣ, аз фанни ҳуқуқ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гаштааст. -Ман бештари вақти худро ба омӯхтани илму дониш сарф мекардам ва берун аз машғулиятҳои дарсӣ низ аз муаллимон дарсҳои иловагӣ мегирифтам. Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки ба ҳамаи саволҳои муаллимон ҷавоб гӯям ва дар навбати худ ба ҳар саволе, ки дар зеҳнам пайдо мешуд, аз устодон, китобҳо ва дигар воситаҳои омӯзишу пажӯҳиш посух меҷӯстам. Инчунин, барои баланд бардоштани савияи дониши худ бештар дар викторинаҳо ва олимпиадаҳо иштирок мекардам. Барои ба ин комёбӣ мушарраф гардиданам саҳми омӯзгорон ва волидайни азизам, инчунин, бобои бузургворам хеле зиёд аст. Бобои бузургворам Маҳмудхон Ҷабборов ҳамеша маро бо панду насиҳатҳои худ дар ҷодаи илму маърифат раҳнамоӣ мекарданд. Ҳар панду насиҳати бобо бароям шиори пурмаънову муассирест барои расидан ба дилхоҳ ҳадаф ва ба даст овардани ҳар комёбӣ. Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин гуна дастовардҳо мушарраф гарданд, бояд ҳатто як лаҳзаи вақти худро беҳуда нагузаронда, ҷиддан ба омӯхтани дарсҳо ва илмомӯзии мустақилонаву иловагӣ машғул шаванд. Бо муаллимон ва мактаб робитаи қавӣ дошта бошанд, ба маслиҳатҳои устодони худ амал намоянд, пайваста аз пайи омӯхтани илму дониш бошанд. Хуб мешуд, ки падару модарони азиз масъулияти баланди тарбия ва таълими фарзандонашонро дурусту мукаммал ва баҷо ҳис намоянд. Чунин хонандагон пешсаф ва фаъол гардида, дар оянда донишманду соҳибмаърифат хоҳанд шуд.

хатм кардааст. Феълан ҳамроҳи волидонаш дар ноҳияи Кӯшониён истиқомат мекунад. Қаҳрамони мо тасмим гирифтааст, ки дар оянда таҳсилашро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳад. -Дар давраи таҳсил дар мактаб бештар аз усулҳои омӯзиши барномаҳои таълимӣ ва марказҳои забоншиносӣ, китобхона ва маҳфилҳои фаннии назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён истифода мебурдам. Пайваста ҳаракат мекардам, ки рӯз ба рӯз ба ҳадафам наздиктар бишаваму бирасам. Ба даст овардани медали тилло ва аттестати аълои равиявии хатми мактаб як бурҳони қотеъ ва собиткунандаи донишу хубу судманд доштани хонанда мебошад. Фикр мекунам, ки ҳар як хонанда агар завқ ба фаро гирифтани барномаҳои таълимӣ ва омӯхтани ҳарчи бештари илму донишро дошта бошад, метавонад мактабро бо медали тилло ва ё нуқра ва аттестати аълои равиявӣ хатм намояд. Устодони пуртаҷриба ва донишманд дар ҷомеаи мо кам нестанд. Масалан, ман аз хурдӣ мехостам, ки як хидматчии давлатии донишманду забондон ва мутахассиси сатҳи баланди кори хеш бошам. Аз ин рӯ, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ камар бастам. Имрӯз бо ду забони хориҷӣ - русӣ ва англисӣ озодона суҳбат карда метавонам. Яъне, аввал мехостам, ки ба ҷойе бирасам, пас барои худ ҳадаф гузоштам ва барои расидан ба ҳадафам пайроҳаҳоеро тай кардаму зинаҳоеро гузаштаму боло рафтам.

Ҳангомаи Исмат, “Хатлон”

Офарин

4 духтари “тиллоӣ”-и Хатлон Онҳо кистанд ва сирри комёбиашон дар чист?

Имсол аз миёни 45797 нафар хатмкардагони синфи 11 дар вилояти Хатлон 4 нафарашон мактабро бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ хатм кардаанд, ки онҳо ҳама духтар мебошанд. Мо бо ин 4 духтари “тиллоӣ”-и Хатлон суҳбате доштем ва дар мавриди шахсият, шеваю усулҳои истифодакардаашон дар омӯзиши илму дониш ва сири расидан ба муваффақият пурсон шудем, ки фишурдае аз онро пешкаши шумо мегардонем. САЙЁҲАТ МЕХОҲАД ПРОКУРОР ШАВАД Сайёҳат Назарова, хатмкардаи синфи 11-и МТМУ №1-и ноҳияи Восеъ мебошад. Сайёҳат акнун тасмим гирифтааст, ки таҳсилашро дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳад. -Дар раванди таҳсил дар баробари китобҳои дарсӣ аз китобҳои иловагии Федератсияи Россия (ЕГЭ: Единственный государственный экзамен) истифода мекардам ва пайваста донишу малакаи худро бо дигарон қиёс намудам ва дар асоси хулосаи худ донишамро боз ҳам такмил медодам. Саҳми волидонам дар муваффақ шудани ман бениҳоят калон аст, махсусан саҳми падарам. Устодон низ дар ин самт, албатта, саҳми хосае гузоштаанд. Махсусан, роҳбари синфамон Раъно Абророва пайваста бо ман дар олимпиадаҳо иштирок намуда, маро ҳамроҳӣ мекарданд, ки барои мани наврас ҳузури омӯзгорам дар канорам, ба истилоҳ, қуввати дил мешуд. Ин яке аз омилҳоест, ки роҳи расидани маро ба муваффақият ҳамвортар гардонидаанд. “БОЯД БЕШТАР ХУДОМӮЗӢ КУНЕМ!” Қаҳрамони дуюми мо Гуландом Зоирова, хатмкардаи синфи 11-и муассисаи таълимии №10-и ноҳияи Вахш мебошад. Ҳамакнун, мехоҳад таҳсилашро дар Донишкадаи тиббии Хатлон идома дода, дар

оянда бо касби табибӣ дар хидмати аҳли ҷомеа камар бандад. - Барои расидан ба ин комёбӣ аз доираи барномаи таълимӣ фаротар ба омӯзиш машғул мешудам. Бисёр худомӯзӣ мекардам ва ҳар он чи ки бароям номафҳум боқӣ мемонд, аз устодон ва волидон пурсон мешудам. Гузашта аз ин, барои тақвияти зеҳн ва фароғати рӯҳию ҷисмонӣ ба бозиҳои гуногуни зеҳниву варзишӣ, аз ҷумла шоҳмот, шашка ва волейбол машғул мешудам Барои хонандагоне, ки мехоҳанд дар оянда мактабро бо медали тилло хатм намоянд, тавсия медиҳам, бо он чи ки дар доираи камтар аз як соати дарс меомӯзанд, қонеъ нашаванд. Ба дарсҳои иловагӣ раванд, бештар худомӯзӣ кунанд, шеъру ғазал ва асарҳои насриро азёд ва бо кумаку роҳнамоии устодону донишмандон мазмуну муҳтавои онҳоро аз худ намуда, дарк намоянд. Аз машғул шудан ба корҳои беманфиат, ба мисли бе ҳадаф нишастану саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро гардон кардан канораҷӯйӣ кунанд. ПАНДИ БОБО – ОМИЛИ КОМЁБИҲОИ САИДА Саида Ҷабборова 23 январи соли 2003 дар ноҳияи Ёвон дар оилаи табиб ба дун ё омадааст. Муассисаи таълимии №80ро соли 2021 хатм кардааст. Гирандаи Стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2020-2021 буда, дар чандин озмуну

АГАР ХОНАНДА ЗАВҚ ДОШТА БОШАД... Шукрона Қурбонзода 27 октябри соли 2004 дар шаҳри Бохтар дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Муассисаи таълимии №6-и шаҳрро соли 2021 бо медали тилло

Суннатуллоҳи МИРЗО, “Хатлон”

Намунаи видеоии мусоҳибаи моро дар ютубканали рӯзнома тариқи ин QR-код бубинед.

14 оилаи дигари аз офат зарардида соҳиби хонаи нав шуданд Дирӯз, 19-уми август, бо ҳузури муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ калиди 14 манзили навбунёд ба соҳибонашон, ки бар асари офати табиии моҳи майи имсол бехона монда буданд, дар вазъи тантанавӣ супурда шуд. Бунёди шаҳраки нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати кутоҳ амалӣ гардида, сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти "Навобод" бо манзилҳои замонавӣ ва тамоми ҷиҳози рӯзгор таъмин шудаанд. Салимзода Амонуло аз иқдомҳои Сарвари давлат бобати зуд бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, таъмини сокинон бо масолеҳи сотмонӣ ва маводи ғизоию гигиенӣ ҳарф зада, афзуд, ки новобаста аз буҳрони иқтисодӣ, сокинони зарардида бо хонаҳои наву замонавӣ таъмин шуданд. "Шароити манзилҳо, рангу бор, интихоби масолеҳи сотмонӣ хуб ва олӣ истифода шудааст, ки симои хонаҳоро зеб мебахшад. Ин гуна манзилҳо низ дар ноҳияи Вахшу шаҳри Кӯлоб ба зарардидагон дода мешавад", - қайд кард муовини якуми раиси вилоят. Барфак Давлатоваи нафақахӯр, ки соҳиби хонаи нав шуд, шоду масрур аст. Зеро хонаи қаблиаш куҳнаю фарсуда буд. Вай гуфт, ки ин манзилҳо сад маротиба аз пешина авлотаранд. "Соҳиби хонаву дар шудем, фарзандону наберагон дар фазои хуб тарбия меёбанд. Шукри Худо, ки ба мо подшоҳеро дод, ки ғамхори миллаташ аст", - афзуд Б. Давлатова. Зимнан, сокинони ин мавзеъ бо маводи ғизоии яквақта таъмин шуданд ва корҳои таъмирии кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд идома дорад. Манучеҳр Ҳасанов

Дидгоҳи хос Боймурод САЙДАЛИЕВ, коршинос

Сабақи табадуллоти давлатӣ дар Афғонистон Нақшаи «Толибон» кайҳо боз ба роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маълум буд. Роҳбарони давлат, масъулини мақомотҳои қудратӣ вазъиятро хуб медонистанд. Вале аҷибаш он аст, ки баъди аз хоки давлати Исломии Афғонистон баромадани неруҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка амалиёти «Толибон» оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ онҳо минтақаҳои гуногуни мамлакатро ба осонӣ ишғол карда, баъд ба пойтахти давлат-Кобул ҳуҷум намуданд. Аслан «Толибон» дар ягон минтақа ба муқобилияти сахт ва ҷиддӣ дучор наомаданд. Афғонистон давлати хурд набуда, ба қадри кифоя артиши миллӣ дорад. Вале онҳо ҳам ба ҳуҷуми «Толибон» тоб наоварда, дар лаҳзаи ҳалкунандаи тақдири давлат муқобилияти ҷиддӣ нишон дода натавонистанд. Роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҷои роҳбарӣ ба рафти амалиёт, баръакс роҳи гурезро пеш гирифтанд. Ин чӣ маъно дорад? Роҳбарони давлат ба артиши миллии худ чандон эътибор надода, онро барои ҳифзи мамлакат ҳамаҷониба омода накардаанд. Роҳбарияти давлати Афғонистон вазъияти ҳақиқии давлатро пурра дарк накарда, ба неруҳои муҳофизаткунандаи давлат эътибори ҷиддӣ надодаанд. Намояндагони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико иброз доштанд, ки пас аз тарк кардани хоки Афғонистон яроқу аслиҳаи ҷангиро ба сарбозони афғон барои ҳимояи кишварашон додаанд. Мебоист роҳбарияти Афғонистон ба умеди хориҷиён нашуда, ба артиши миллии худ бештар эътибор медоданд. Зеро омодагии «Толибон» барои ғалабаи ҳокимият ба онҳо маълум буд. Афғонистон яке аз давлатҳои калони минтақа ҳисоб меёбад. Солҳои тӯлонӣ дар ин давлат ҷанг давом карда, артиши миллии давлат дар ин бобат таҷриба ҳам дорад. Маълум мегардад, ки роҳбарияти давлат ва қумандонҳо ба вазъият дуруст сарфаҳм нарафта, баҳри ҳимояи давлат ва миллати хеш омодагии ҷиддӣ надидаанд. Солҳои зиёдест, ки «Толибон» барои соҳиб шудан ба ҳокимият мубориза мебаранд. Аз рӯи хулосаи мутахассисони америкоӣ онҳо ин дафъа барои ғасби ҳокимият омодаи ҷиддӣ дидаанд. Шояд аз ҳамин сабаб неруҳои амрикоӣ пеш аз ҳуҷуми «Толибон» Афғонистонро тарк карданд. Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ иброз дошт, ки кишвари мо ҷонибдори ҳамсоягии нек, сулҳу салоҳ дар Афғонистони ҳамсоя мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои мусоидат ба сулҳи ин кишвари ҷангзада кӯшиш намуда, дар ҷаласаҳои сатҳи байналмиллалӣ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Дар ҳама ҳолат Тоҷикистон барои пойдории сулҳ дар Афғонистон кӯшиш намуда, дар ҷаласаҳои байналмилалӣ ин масъаларо ба миён мегузорад. Сулҳи Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад. Кӯшишҳои якҷоя бояд самараи нек диҳад. Ягон давлат худ ба худ тараққӣ карда наметавонад. Ин ва дигар ҷиҳатҳои давлатдорӣ роҳбарияти «Толибон»-ро водор мекунад барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо андеша намоянд. Тоҷикистони азизи мо имрӯз ба бӯстони ҳақиқӣ ва биҳишти рӯйи замин табдил ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар карда, аз наздик ба ҳаёти халқи хеш шинос шуда, дар ҳалли як қатор масъалаҳо кумак расонад. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, дар ҳамаи ҷабҳаҳо қуллаҳои дурахшонро фатҳ хоҳад кард. Б. Сайдалиев


Ҷумъа, 20 августи соли 2021, №50 (3339)

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

Рузномаи «Хатлон»

Ба озмуни “Эъҷози Истиқлол”

(Идома дорад)

Дилором Маҳкамова, Бохтар–Тошканд-Самарқанд-Бохтар, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон

Ҳамкорӣ алайҳи хушунати оилавӣ

Зӯроварӣ дар оила як падидаи манфии иҷтимоӣ аст, ки мутахассисони ниҳодҳои давлатии ҳамаи кишварҳо бо он мубориза мебаранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар вилояти Хатлон пешрафти назаррас дар тақвияти чораҳои мубориза бо хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст ва таҷрибаи мутахассисон дар сатҳи ноҳияҳо ва вилоят барои ҳамкасбонашон аз манотиқи дигари кишвар намунаи ибрат аст. Ҳамин тавр, ба шарофати ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, солҳои 2017-2018 дар сатҳи вилоят ва ҳар яке аз 25 шаҳру ноҳияи он гурӯҳҳои кории байниидоравӣ оид ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила (ГКБМЗО) таъсис дода шудаанд ва то имрӯз фаъолият мекунанд. Ба ин гурӯҳҳо мутахассисони шуъбаҳои Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, САҲШ, намояндагони ҷамоатҳо ва ғайра шомиланд. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ аз ҷониби муовини раиси вилоят/ ноҳия роҳбарӣ карда мешавад. Мақсади асосии ГКБМЗО мусоидат намудан дар тақвияти татбиқи чораҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», № 954, аз 19.03.2013 ва Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 мебошад, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014 қабул шудааст. Тавассути лоиҳаи Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV), ки аз ҷониби филиали GOPA mbH дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад, 520 узви ГКБМЗО омӯзонида шуданд. Ҳамасола аъзоёни ГКБМЗО нақшаҳои кориро барои фаъолиятҳои махсус дар ин самт тартиб медиҳанд ва ҳам ба мақомоти минтақавӣ ва ҳам ба вазорату идораҳои мавриди ҳадаф гузориш медиҳанд. Натиҷаҳои тадқиқот оид ба фаъолияти ГКБМЗО, ки соли 2021 аз ҷониби GOPA mbH гузаронида шудааст, нишон медиҳад, ки ҳар сол эътимоди аҳолӣ ба фаъолияти онҳо меафзояд ва муроҷиати аҳолӣ ба мутахассисони ГКБМЗО бештар мешавад. Ҳамин тариқ, дар соли 2018 ба мутахассисони ГКБМЗО аз вилояти Хатлон 397 қурбонии хушунати хонаводагӣ, дар соли 2019 - 580 ҷарбдида, дар соли 2020 - 426 ҷабрдида муроҷиат кардаанд. Ба туфайли тренингҳои сершумор барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки лоиҳаи PDV дар солҳои 2018-2020 гузаронидааст, сатҳи вокуниши нозирони минтақавии милитсия ба ҷиноятҳои хушунати хонаводагӣ дар тамоми минтақа афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, соли 2019 дар вилояти Хатлон 1851 амри муҳофизатӣ, дар соли 2020 - 2325 ва дар панҷ моҳи аввали соли 2021 - 1062 амр содир карда шуданд ва ходимони милитсия мутаносибан бо 5436, 6208 ва 2959 зӯровари оилавӣ суҳбатҳои пешгирикунанда гузарониданд. Мутахассисони ГКБМЗО на танҳо ба ҷабрдидагон кумак ва ҳимояи мустақим мерасонанд, балки дар баланд бардоштани маърифати аҳолӣ бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар

оила иштирок мекунанд. Ҳамин тариқ, мутахассисони ГКБМЗО таҳти роҳбарии намояндагони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, дар доираи барномаи иттилоотии “Хона ба хона”, дар соли 2018 бо 55941 оила, дар соли 2019 бо 66570 оила, дар соли 2020 бо 184 581 оила ва дар панҷ моҳи аввали соли 2021 бо 26 314 оила суҳбат гузарониданд. Дараҷаи ҳамкорӣ байни мутахассисони сохторҳои давлатӣ боло рафтааст ва инро омори беҳтаршудаи сафарбарнамоии ҷабрдидаҳо ба созмонҳои ваколатдор, ки сари вақт ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила вокуниш нишон медиҳанд, нишон медиҳад. Вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ барои пешгирии осеби вазнини ҷисмонӣ, куштор ва худкушии ҷабрдидаҳо мусоидат мекунад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва дастгирии лоиҳаи PDV аз моҳи майи соли 2018 дар ин шаҳр утоқи ислоҳи рафтори зӯроварони оилавӣ фаъолият мекунад. Дар тӯли се соли кор мутахассисон ба зиёда аз 90 таҷовузкори оилавӣ хадамоти ислоҳи рафторро пешкаш карданд, яъне ба аксари оилаҳои онҳо сулҳу осоиштагӣ баргашт ва оилаҳо аз идомаи зӯроварӣ нисбати аъзои оила наҷот ёфтанд. Албатта, дар баробари таҷрибаи мусбат, дар самти мубориза бо хушунати хонаводагӣ дар вилояти Хатлон мушкилоти зиёде низ вуҷуд дорад: зуд-зуд иваз шудани кадрҳо, зарурати такмили ихтисоси доимии мутахассисон, набудани хизматрасониҳои ройгон, ба монанди машварати психологӣ барои оилаҳо дар вазъияти хавф, машварати ҳуқуқӣ ва дастгирӣ дар суд барои ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ, паноҳгоҳҳои дарозмуддат ва хадамоти кумаки иқтисодӣ барои занони қурбонии хушунати хонаводагӣ. Умедворем, ки мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро бо мақомоти марказӣ, инчунин бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва байналмилалӣ идома медиҳанд, то ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ минбаъд низ ҳадди ақали бастаи хизматрасониҳои босифатро гиранд. Фаъолияти ГКБМЗО дар вилояти Хатлон нишон дод, ки хушунати хонаводагӣ ҳамчун зуҳуроти манфии иҷтимоӣ метавонад пешгирӣ карда шавад ва бояд пешгирӣ карда шавад. Мутахассисон ва аъзои ҷомеа якҷоя метавонанд тафаккур ва муносибати аҳолиро ба ин мушкилот тағйир диҳанд, вокуниш нишон диҳанд ва аз такрори чунин амалҳо дар доираи муносибатҳои оилавӣ ҷилавгирӣ кунанд. Сулҳ ва хушбахтии оила бузургтарин арзишест, ки бояд ҳар як шахси оиладор онро қадр кунад. Ҳангомаи Исмат, “Хатлон”

khatlon.tj@mail.ru

3

Куайе Годсон:

«Тоҷикистонро писандидам»

Ҳар як сафару саёҳат барои мо бо таассуроте иртибот дорад. Мо онро ба нақша мегирем. Ҳисси кунҷкобии дидани ҷойҳои нав, шиносоӣ бо муҳити дигар моро осемасар мекунад. Имсол интихобамон ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд афтод. Касе аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафтанӣ шавад, ҳатман фурсат ёфта, ба Бухорову Самарқанд меравад. Ин барои мо - тоҷикон эҳсоси решапайвандист. хонаҳои мардум базӯр намудор мешаванд. Аз дидани кӯҳҳои сербарф дар гармои тоқатфарсои имсола сардии онро тасаввур мекардем, шаббодаи форам эҳсос мешуд. Тоҷикистон макони кӯҳҳои сарбафалак ва обҳои мусаффост! Ин Ватани биҳиштосои мо табиати аҷибе дорад. Дар зодгоҳи мо-водии Вахш ҳаво гарму сӯзон, дар ин гӯшааш бошад, салқину дараҳо сабзпӯш. Тавлиди чашмаҳои кӯҳӣ, шоридани онҳо ба поён, рӯдҳои сафеди кӯҳӣ ва дарёҳои кабуду дашту водиҳо табиатро зеб медиҳанд. Мехоҳӣ, даст дароз карда, як каф барфи сафеду сардро бигирӣ, аз оби хунуку софи чашма бинӯшӣ. -Марҳамат, оби Сиёма,-гуфтани стюардесса риштаи хаёламро канд. Гӯё ӯ аз андешаам огоҳ буд, ки бо мурооти тоҷиконаву табассум ба ҳамаи мусофирон хидмат мерасонд. Дар ҳақиқат, оби чашмаҳои зулоли кӯҳҳои Тоҷикистон имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Тоҷикистон ташаббускори барномаҳои байналмилалии об аст. Ин ифтихори мост, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон истифода ва ҳифзи ин неъмати худододро барои мардуми олам муҳим мешуморад. Аз кӯҳу ағбаҳои барфпӯш гузаштему дашту майдонҳои фарох намудор шуданд. Боз ҳамон боғу чарогоҳҳо, деҳаву шаҳрҳо, аз дарёҳои Сиру Ому панҷа задани шохобҳои зиёд ба он далолат мекарданд, ки ҳеҷ як сарҳад пайвандии табиати ягонаро барҳам зада наметавонад. Тоҷикону ӯзбекон аз як обу хок истифода мебаранд, расму таомули ягона доранд, меҳру садоқаташон бо дӯстию хешутаборӣ мустаҳкам шудааст. Парвоз ҳамагӣ 45 дақиқа давом кард. Барои дидани пайвандону дӯстон ин лаҳзаи хеле рамзист. Истиқболи гарми наздикон ва дӯстон дар фурудгоҳи Тошканд таассуроти аввалин буд.

@ruznomai_khatlon

«Хатлон - шарики иттилоотии КФ «Хатлон»

Дар суроғи дидори дӯст Кушода шудани роҳҳои дӯстию ҳамсоягӣ, барқарор шудани муносибатҳои ду давлати аз қадим дӯсту бародар ба тасмими мо неруву эътимод мебахшид. Хизмати ду марди дурандеши сиёсат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои аз нав ба ҳам омадани ду халқ хеле бузург аст. Фазои шодиву сурури хешу табор ва дӯстони ду ҷониб аз дастфишориву ҳамоғӯшии ду сарвари давлат маншаъ гирифт. Дӯстони дерина, ҳамсояҳои қадрдон бо нияти идома додани анъанаҳои аҷдодон, робитаҳои ҳамкорию ҳамбастагӣ аҳд карданд. Ихтиёр кардем, ки бо ҳавопаймо меравем. Ин сабаб дошт. Рафтан ба Ӯзбекистон якчанд сол пеш тавассути мошин мушкилӣ дошт. Гирифтани раводид аз сафоратхона, танҳо 3 рӯз будани будубош, бақайдгирӣ, тафтишҳои гумрукӣ, эродгириҳо дар сарҳад, навбатпойиҳои зиёд одамро хаста мекард. Муносибати нобоварона, ба қавле ҳавсалаи сафарро пир мекард. Ҳатто пӯшаймониву аз роҳ бозгаштанҳо ҷой дошт. Мардуми ҳар ду кишвар аз муоширату хабаргирӣ ва ҳатто аз иштирок дар маросимҳои тӯй ва ё мотам маҳрум буданд. Солҳо муштоқи дидори ҳамдигар интизорӣ кашиданд. Ин имкониятро иродаи ду роҳбари давлат-Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам оварданд. Ин иқдоми беҳтарини инсонпарварона ва кори савоб аст. Ҳавопаймо боло шуду манзараҳои сабзу гулпӯши Душанбе, кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳои сарсабзи кишт паси сар шуданд. Торафт ҳавопаймо ба қабати абристони сап-сафеди болои кӯҳ баробар мешуд. Абрчаҳои пароканда дар осмони софи кабкабуд озодона шино мекарданд. Гӯё мехостанд аз равзанаҳои ҳавопаймо мусофиронро бинанд. Сояи абрҳои ғафсе, ки аз оғӯши пиряхҳои кӯҳҳо медамид, ба рӯйи замин, дашту саҳроҳо, деҳаву шаҳрҳо афтида, аз нурҳои сӯзони офтоби тобис-тон мусофиронро ҳифз мекарданд. Аз баландии ҳавопаймо наззора кардани табиати Ватан чи гуворост! Дашту саҳроҳо тахта-тахта сабзу зард, хатти шоҳроҳҳо мисли муҳраҳои ҷилодор метобанд. Мошинҳо чун шишарезаҳои рангоранг милт-милткунон ҳаракат мекунанд. Корхонаву хонаҳои баландошёна, боми

@ruznomai_khatlon

Чаро Годсон ба Тоҷикистон омад? Соли 2016 агенти варзишии Годсон ба ӯ пешниҳод мекунад, ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон, кишваре аз Осиёи Марказӣ идома диҳад. Бо вуҷуди он, ки варзишгар қаблан дар бораи Тоҷикистон тамоман маълумот надошт, ин пешниҳодро бо хушӣ мепазирад ва роҳии Тоҷикистон мешавад. –Шояд барои дигарон ҷолиб бошад, ки чаро ман аз қораи Африқо ба Тоҷикистон омадам, вале варзиш ҳамин аст. Бубинед, Месси, футболбози машҳури аргентинӣ дар Испания бозӣ мекард, Роналдо, ки худ аз Португалия аст, дар Италия баромад мекунад ва ҳамин гуна ман Куайе Годсон аз Гана дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ дорам.

Дар ҳайати Клуби футболи “Хатлон” футболбозон аз дигар давлатҳо ҳам ҳунарнамоӣ мекунанд. Яке аз онҳо Куайе Годсони африқоӣ мебошад, ки дар байни ҳаводорони футболи тоҷик бо тахаллуси «Шариф» машҳур аст. Годсон кист? 22 марти соли 1995 дар кишвари Гана ба дунё омадааст. Соли 2016 ба Тоҷикистон меояд. Ҳоло дар Клуби футболи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ба ҳайси дарвозабон фаъолият дорад. Ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон”-и Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистонро дар соли 2021 ба даст овардааст.

Даъват ба кор

Даъват ба “Ҳосилот” ва омад накардани бахти Годсон Аслан, Куайе Годсон ба Тоҷикистон барои ҳунарнамоӣ кардан дар дастаи “Ҳосилот”-и Фархор омада буд. Вале ӯ натавонист ҳунару маҳорати худро ин ҷо нишон диҳад. Чунки замони ба Тоҷикистон омадани Годсон ин даста мавқеи худро дар лигаи олӣ нигоҳ дошта наметавонад ва ба лигаи якум меафтад, ки тибқи қоидаҳои ФФТ дар ҳайати дастаҳои дар ин сатҳ қарордошта ба иштироки бозингари хориҷӣ иҷоза нест. Бо вуҷуди он ки Годсон муддати кам дар ноҳияи Фархор монд ва фурсати бозӣ кардан дар “Ҳосилот”-ро ҳам надошт, аммо хотираҳои хубе аз ин ҷо бо худ дорад. Аз ҷумла, бори аввал хӯроки миллии тоҷикон қурутобро маҳз дар ҳамин ноҳия хӯрдааст, ки акнун хӯроки дӯстдоштааш аст. Тақдири минбаъдаи ӯ Баъдан, ӯро ба дастаи футболбозони “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ даъват карданд. Ҳангоми ҳунарнамоӣ дар ин даста, овозаи маҳорату ҳунари варзишии ин варзишгари африқоиасл дар доираҳои берунтар аз ҳудуди ноҳияи мазкур паҳн мешавад. Ба Годсон аз дастаи “Хатлон” пешниҳоди кор мекунанд. Дар ин муддате, ки ӯ дар ҳайати дастаи “Панҷшер” фаъолият менамояд, дӯстони зиёде пайдо мекунад. Сар карда аз қассобони бозор то ба масъулини мақомоти ноҳия ҳамагӣ бо Годсон ошноӣ доранд ва ҳоло, ки дар ҳайати дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бозӣ мекунад, мудом ба дидорбинии дӯстонаш ба ноҳияи Ҷ. Балхӣ меравад. Марҳилаи нави фаъолияти ӯ Годсон мегӯяд, фаъолият дар дастаи “Хатлон” оғози марҳилаи нав гардид. - Аҳли кормандони “Хатлон” маро бо хушӣ па-

зируфтанд. Ба зудӣ бо ҳамдастагонам ошноӣ пайдо намудам. Ҳоло аз Бохтар ҳам дӯстони зиёде дорам, ки вақтҳои холиамро бо онҳо якҷоя мегузаронам, -мегӯяд ӯ. Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Хатлон” дар мавриди ҳунару истеъдоди Годсон чунин ибрози назар намуд: “Годсон дар бозиҳои мо бо тайёрии хуб ба майдон мебарояд. Дар баробари маҳорати варзишии хуб доштанаш, ӯ дар бозиҳо бо сухан ҳамдастагонашро роҳнамоӣ мекунад. Одобу ахлоқи намунавӣ дорад ва муносибаташ бо дигарон хуб аст. Ба ҳамдастагонаш оши ганагӣ мепазад Годсон дар баробари варзишгари бомаҳорат буданаш, ошпази хуб ҳам ҳаст. Суҳбати мо бо ӯ хангоме сурат гирифт, ки барои ҳамдастагонаш оши ганагӣ омода мекард. Ба мо ҳам хӯрдани дастпухти ӯ муяссар гардид, ки воқеан ҳам болаззат буд. “Хуҷанд” ва Ҷаҳонгир рақиби арзандаанд” Барои Годсон аз дастаҳои футболи Тоҷикистон рақобат бо “Хуҷанд” мушкил аст. Ӯ ин даста ва собиқ бозингараш Ҷаҳонгир Эргашевро барои худаш рақибони арзанда медонад. -Ҷаҳонгир Эргашев, ки ҳоло дар дастаи “Эсхата” баромад мекунад, ҳамлагари беҳамтост ва барои дарвозабонон ҳамеша ҳолатҳои хавфнок эҷод мекунад,- мегӯяд Годсон. Андешаи ӯ дар бораи футболи тоҷик Ба андешаи Годсон футболи тоҷик дар ҳоли рӯ ба рушд қарор дорад. Ӯ хосса, аз баромади хуби дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар ҳарф мезанад. Годсон мегӯяд, ки барои рушди бештари футбол бояд академияҳо ташкил ёбанд ва футболбозон аз овони кӯдакӣ дар онҳо тарбият ёбанд дар ҷаҳони футбол бозингарони ҳирфаӣ шаванд. –Бубинед, агар таҳкурсии бино мустаҳкам набошад, он ба зудӣ нобуд мешавад. Футболбоз ҳам бояд аз хурдсолӣ обу тоб ёбад, то тавонад дар ин майдон рақобати арзанда нишон диҳад,- мегӯяд ин футболбоз.

Таманниёти ӯ: “Имсол, раводиди кории ман дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад. Ҳоло ба як хулосаи аниқ наомадам, ки раводидамро тамдид кунам ё ба Гана баргардам. Ҳаминро медонам, ки ҳамеша бо ёди ин сарзамину миллат мемонам. Барои футболи тоҷик ва дастаи “Хатлон” пешравиҳои беназир таманно мекунам.” Далер Ибодуллозода, “Хатлон”

Ронанда бо нақлиёти шахсӣ/иҷора

Вазифа: Ронанда бо нақлиёти шахсӣ (категорияи “В” ва “С”). Ташкилот: Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва Дастгирӣ”. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷат: 29-уми августи соли 2021. Минтақаи фаъолият: ш. Бохтар, вилояти Хатлон. Маълумоти умумӣ: Ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва Дастгирӣ” барои фаъолиятҳои ҳаррӯзаи лоиҳаи “Рушди дастаҷамъона: Дастгирӣ намудани созмонҳои шаҳрвандӣ баҳри такмилдиҳии ҳуқуқҳо ва хизматрасониҳои кӯдакон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Ташкилоти байналхалқии Миссияи Шарқ маблағгузорӣ шуда истодааст, барои вазифаи ронанда бо нақлиёти шахсӣ (иҷора) озмун эълон менамояд. Вазифа ва уҳдадориҳо: • Сафарҳои саҳроӣ ба минтақаҳои кории барнома дар дохили шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои ҳадафии лоиҳа. • Муносибати техникии боэҳтиёт ва масъулиятнок нисбат ба воситаи нақлиёт дошта бошад. • Масъул оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои техникӣ ва иваз намудани онҳо вобаста аз муҳлати истифодабарӣ. • Қайд намудани хатсайрҳои ҳаррӯза ва миқдори сӯзишвории истифодашуда дар варақаи хатсайр. • Назорати мунтазами ҳолати техникии воситаи нақлиёт, равған ва об. • Муайян намудани нуқсонҳои техникӣ, хариди қисмҳои эҳтиётӣ,

таъмир ва пешниҳоди ҳисобот ба шуъбаи молия. • Омода намудани ҳисоботи моҳонаи сӯзишвории сарфшуда ва масофаи тайгардида. • Воситаи нақлиёти вобастагардида ҳамеша тоза ва дар ҳолати хуби техникӣ бояд нигоҳ дошта шавад. • Масъул ба бехатарии кормандон ҳангоми сафарҳои хизматӣ мебошад. Талаботи асосӣ барои ронанда: • Доштани ҳуҷҷати ронандагии дорои категорияи “В” ва “C”. • Таҷрибаи хуби ронандагӣ дар вилояти Хатлон. • Ба дорандаи таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ афзалият дода мешавад. • Қобилияти мутобиқ шудан ва кор кардан дар шароити оддии минтақаҳои корӣ. Талаботи асосӣ барои воситаи нақлиёт: • Соли истеҳсол: на пештар аз 2000-ум. • Шумораи ҷойҳои нишаст: барои 5 ё 7 мусофир. • Навъи истифодаи сузишворӣ: бензин ва ё газ. • Харҷи миёнаи сӯзишворӣ: на бештар аз 10 л. Шахсони хоҳишманд метавонанд тарҷумаи ҳолашон (CV)-ро бо мактуби ҳамроҳ (cover letter) тавассути почтаи электронии rukhshona. karamova@mail.ru ва ё ба дафтари кории ташкилот ба суроғаи шаҳри Бохтар, кӯчаи ба номи Субҳон Раҳимов 4 (дар дохили боғчаи №17) пешниҳод намоянд.

Таваҷҷуҳ: музояда! Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 30 августи соли 2021 соати 10:00 оид ба фурӯши як адад нақлиёти сабукрави тамғаи “ОПЕЛЬ АСТРА” 1,6 санаи бароришаш 1999, рангаш кабуд, рақами кузов WOLOTCF 48х5023З85, навъи кузов “Хатчибек”, навъи муҳаррик 1298, бо бензин ва газ таҷҳизонидашуда, рақами давлатиаш 2193 SE 03, дар ҳолати хуб қарордошта, бо 4 чархи коршоям ва як чархи эҳтиётӣ, музояда эълон менамояд. Суроға: ноҳияи А. Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти “Яккатут”, деҳаи Мушкруд.

Нархи ибтидоии он 36000 (сиву шаш ҳазор) сомонӣ. Музояда бо усули англисӣ гузаронида мешавад. Ҷойи баргузории музояда: ноҳияи А. Ҷомӣ, Ҷамоати шаҳраки “Абдураҳмони Ҷомӣ”, кӯчаи Сомониён-17/1. Кафолатпулӣ бо тариқи нақдӣ ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон дар ҳаҷми панҷ фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Телефонҳо барои тамос: 8(3243) 2-34-62, 2-43-51 .

Эътибор надорад

Шаҳодатномаи гумшудаи ронандагии №950838, гурӯҳи №14, дараҷаи “С”, ки онро соли 1984 МР ТҶММ-и шаҳри Қӯрғонтеппа ( ҳозира Бохтар) ба Салимов Аслиддин додааст, эътибор надорад.

Шаҳодатномаи гумшудаи силсилаи Т-АТУ №0195766, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 2015 МТМУ №3 ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Бохтар ба Рузиев Умедҷон Салимжонович додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи ронандагии дараҷаи “С”, гурӯҳи №8, силсилаи “ДС” №302327, ки онро соли 1975 МР ТҶММ шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба Толбанов Умардин додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи нафақахурӣ таҳти №15170 аз 30.08.2018, ки онро ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Ибрагимов Нурмахмад Хучамуродович додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи силсилаи Т-ШТУ №0207886, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 2008 МТМУ №31-и ноҳияи Кӯшониён ба Бодомова Дилафрӯз Қарахоновна додааст, эътибор надорад.

Шаҳодатномаи гумшудаи силсилаи БП-№267653, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1986 МТМУ № 19-и ноҳияи Кӯшониён ба Ҷурабеков Қандаҳорбек Амирбекович додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи А №053245, дар бораи хатми синфи 8, ки онро соли 1980 МТМУ №21-и ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) ба Нозимова Майрам Нозиловна додааст, эътибор надорад. Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Кӯшониён маълумот медиҳад, ки дар бойгонии корхона бо суроғаи ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти “Ориён” додааст, шиносномаи гумшудаи техникии мағозаи нотамом аз 09.06.соли 2008, №3458 ва шартномаи хариду фурӯши мағозаи фурӯши китоб ва масолеҳи сохтмонии сохтмонаш нотамом аз 08.08.2008, №1Ш-404, ки ба Фаёзов Раҷабек Гурезович тааллуқ дорад, мавҷуд мебошад. Бинобар сабаби гум шудан шиносномаи техникӣ ва шартномаи хариду фурӯши мағоза аз эътибор соқит дониста шаванд.

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Акнун 90 сол мешавад, ки мо бо шумоем!

Барои соли 2022 А Н У Б О эълон менамояд

Пас, биёед, Шумо ҳам бо мо бошед! Рӯзномаи вилоятии «Хатлон» - нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳафтае ду маротиба нашр шуда, муҳимтарин рӯйдод ва масоили ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоятро инъикос намуда, дар саҳифаҳои худ аз ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои маъруфи вилоят матолиби ҷолибу хонданӣ, диданию шуниданӣ чоп менамояд ва бо хонандагону муштариёни хеш иртиботи қавӣ ва доимӣ дорад. Муштариёни гиромӣ! Тамоми сол беш аз 100 нусха рӯзнома бо арзиши умумии 115 сомонӣ дастраси шумо мегардад. Арзиши ҳар нусхаи рӯзнома ҳамагӣ 1,15 сомониро ташкил медиҳад. Обуна ба «Хатлон» дар муассисаҳои алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва идораи рӯзнома қабул карда мешавад. Ҳамзамон, метавонед матлабҳои моро дар шаклҳои электронӣ дар сомонаи рӯзнома (www. khatlon-ruznoma.tj), видеоӣ дар ютубканали

“Рӯзномаи Хатлон” дастрас намоед! Агар Шумо дар берун аз вилоят ё хориҷи кишвар қарор доред ва дастрасӣ пайдо кардан ба намунаи чопии рӯзнома бароятон ғайриимкон бошад, мо ҳар шумораи рӯзномаро дар шакли электронӣ (PDF) тариқи почтаи электронӣ (дар сурати обуна шудан) ба Шумо ирсол менамоем! Ба рӯзномаи «Хатлон» обуна шавед, онро мутолиа намоед ва ҳамрозу ҳамнавои мо бошед! Бо рӯзномаи “Хатлон” ҳамеша ба пеш! Нишонӣ ва ҳисоби бонкии рӯзномаи «Хатлон»: - шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов-12 Филиали «Амонатбонк-42», шаҳри Бохтар С/Х 20204972322020600209 Ҳ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон


4

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

Рузномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

Ҷумъа, 20 августи соли 2021, №50 (3339)

Сайри Хатлони бостон

Ба муносибати 90-солагии рӯзномаи вилоятии «Хатлон»

Қалъаи Бешкент

Қалъаи Бешкент дар канори ҷанубу шарқии деҳаи ҳамноми ноҳияи Носири Хусрав воқеъ шудааст. Он дар болои теппаи маснӯи начандон дуртар аз Чилучорчашма қарор дорад. Тарҳи он росткунҷа бо ҳаҷми 100х50 метр мебошад. Дар дохили арк харобаҳои толор ва дигар иморатҳои истиқомативу анҷомхона дида мешаванд, ки бо ареқа кандакорӣ шудаанд. Деворҳои беруна низ кандакорӣ шудаанд. С.АЗЗИЗОДА

МУЛОҚОТ БО АРТИСТОН

Аз шифохонаи табиат

Ангур давои 20 беморӣ

Имрӯзҳо дар бозори мо намудҳои ангур бисёранд. Ҳар як намуди ангур хусусияти шифобахшӣ дорад. Масалан, истеъмоли ангури тагобиро мутахассисон барои шифои камхунӣ тавсия медиҳанд. Ангур гуруснагиро низ бартараф месозад. Мегӯянд, ки ангур давои 20 беморӣ мебошад. Ангур бемориҳои гепатит ва холесиститро рафъ сохта, ба мубодилаи моддаҳо таъсир мерасонад. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо

маълум шудааст, ки истеъмоли ангур хурӯҷи бемориҳои такрорёбандаро хеле кам менамояд. Мутахассисон муайян сохтанд, ки дар таркиби ангур қариб 150 моддаҳое мавҷуданд, ки ба организми инсон, таъсири пурсамар мерасонад. Хусусиятҳои шифобахшии ангур ба чӣ қадар пухта расидан, хусусиятҳои хок ва микроиқлим вобаста аст. Истеъмоли як пиёла шарбати ангур дар фасли зимистон ба организм нафъи беандоза дорад. Дар шарбати ангур ҳамаи хусусиятҳои шифобахшии ангури тару тоза мавҷуд аст. Шарбати ангур дорои моддаҳои калий ва пектин буда, аз склероз пешгирӣ менамояд. Ба ҳамин хотир мутахассисон истеъмоли шарбати ангурро маслиҳат медиҳанд. Агар шахс ҳар рӯз ба миқдори кам мавиз истеъмол намояд, аз сулфаи балғамдор, сафро халосӣ ёфта, хотирааш мисли қаблӣ барқарор мешавад. Яъне бемориҳое, ки зикрашон дар боло рафт, метавонанд, ки ба ҷои ҳаб (таблетка) бо ангур шифо ёбанд. Барои ҳифзи пӯсти дандон аз таъсири оксидҳо ва гулҳо низ истеъмоли ангур тавсия дода мешавад. Таҳияи Гесӯ

Ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи «Хатлон»

аҳзаҳои

Лхандадори «Хатлон»-иён (Идома аз шумораи №47)

Ронанда муҳаррирро иваз кард Рӯзи душанбе аз ҷаласа (пятиминутка)-и назди муҳаррир сар мешуд. Ҳафтаи навбатӣ он ғайримуқаррарӣ оғоз ёфт. Вақте ки кормандони эҷодию техникӣ ҷамъ омаданд, муҳаррир аз курсии кориаш бархоста, паси миз гузашт ва дар қатори нишастагон ҷой гирифт. Бо як маданияти баланд ва эҳтироми хоса ба ходими шуъбаи фарҳанг Мирзопӯлод рӯ оварда гуфт: -Хоҳиш мекунам, ба ҷойи ман гузашта шинед. Ҳозирин ҳайрон-ҳайрон ба якдигар нигариста, китф дарҳам мекашиданд. Мирзопӯлод бошад, аз ин таклифи ғайриодии муҳаррир худро гум карда, арақи сард сару рӯяшро тар намуд. -Марҳамат, марҳамат, гузаред,-такрор намуд муаллим. Мирзопӯлод паси мизи кории муҳаррир гузашт, вале ёрои ба он нишастанро накард. -Мирзо (ронанда), акнун муҳаррири нави рӯзномаро ба мо шиносонед,гуфтани муҳаррир барои ронанда низ ғайричашмдошт буд. Ӯ бо сари хам чӣ гуфтанашро намедонист. -Мирзопӯлод, рӯшанӣ андозед, чӣ тавр маро иваз кардед?-ҳамоно бо нармсуханӣ гуфт муҳаррир. Мирзопӯлоду “ронанда”-аш (ҳамномаш Мирзо) акнун ба асли воқеа сарфаҳм рафтанд, ки якбора ранги рӯяшон лолагун гашт. Мирзопӯлод бахшиш пурсида ба ҷойи худ гузашт. Муҳаррир низ аз нав ба курсиаш нишаст. ... Асли воқеа чунин аст. Рӯзи истироҳатӣ буд. Муҳаррир дар хона истироҳат мекард. Дар оилаи ронанда оид ба масъалаи замин мушкилоте пеш омад. Барои ҳалли он, ба қавли ронанда, дахолати рӯзнома лозим шуда монд. Ба ҳамин хотир ронанда аз Мирзопӯлод хоҳиш кард, ки дар ин кор кумакаш расонад. -Шумо одами босалоҳияту чор кас медидагӣ. Шуморо муҳаррири

рӯзномаи “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” (“Хатлон”-и имрӯза) муаррифӣ мекунам, раиси ҷамоатро сиёсат карда монед, корро зуд ҳал мекунад,-гуфт ронанда. -Муҳаррир фаҳмида монад, қабри ҳардуямонро меканад,-гуфт Мирзопӯлод. -Намефаҳмад, раиси ҷамоат бошад, одами тарсончак аст, ба ҷое лаб намекафонад,-бо боварӣ гуфт ронанда. -Майлаш, ба ҳар ҳол боз гапи зиёдатӣ нашавад, мегӯям-да. -Ин тарафи кор ҳал аст, бепарво бошед акаи Мирзопӯлод,-бо дилпурона гуфт ронанда. Онҳо бомаслиҳат роҳи ҷамоатро пеш гирифтанд. Барои боз ҳам босалобат вонамуд кардани муҳаррир ронанда мошини хизматии муҳаррирро истифода кард. Ҳамон рӯз онҳо масъаларо ҳал карда, хушҳол ба хона баргаштанд. “Дар ноомадии кор атола дандон шиканад”, гуфтаанд. Раиси ҷамоат бо муҳаррири аслии рӯзнома шиносоӣ дошт ва аз якбора “иваз” шудани ӯ нороҳат шуд. Худи ҳамон рӯз раис барои дилбардорӣ ба манзили муаллим омаду ҳарду аз асли воқеа хабардор шуданд. Ҳамин тавр сирри муҳаррири “тозаинтихоб” фош шуд. ҲАМИНРО НАФАҲМИДӢ? Дар кабинети котиба - чопкунандаи рӯзнома. Котиба блокноти мухбирро варақгардон карда, ба ҳайрат меояд. -Акои Исматулло, ин блокноти Шумо-мӣ? - Ҳа! - ҷавоб медиҳад Исматулло мақсади котибаро фаҳмида. Котиба: “О, чаро ду варақи аввал бо ҳусни хати зебою фаҳмо вале ду саҳифаи дигар бошад, каҷу клеб навишта шудаю ҳатто хондаю фаҳмида намешавад?” Исматулло : “Ҳаминро нафаҳмидӣ? Ду варақи аввал то нисфирӯзӣ навишта шудааст, ду варақи дигар бошад, баъди нисфирӯзӣ...” Котиба: “Баъди аз зиёфатхӯрӣ бархестан гӯй!”. (Идома дорад) С. АТТОР, “Хатлон”

Дар вақти дамгирӣ Шавҳар аз Россия ба завҷааш пул фиристода таъкид кард: -Як миқдорашро ба падарам те, як миқдори дигарашро барои хӯроки гов сарф бикун, 500 сомонашро ба қарзи бонк супор. Зан: “Ба ман чӣ?” Шавҳар: “Ба ту сад бӯса, азизакам!”. Шавҳар охири моҳ ба завҷааш занг зада ҳолпурсӣ кард: “Боз чӣ проблема аст?”, пурсид ӯ. Зан: “Нозирон омада, маблағи истифодаи об ва барқро талаб карданд”. Шавҳар: “Пул ёфта додӣ?” Зан: “Не, ҳеҷ кас қарз надод, ноилоҷ ҳамон сад бӯсаи фиристодаатро тақсим кардам, хурсанд шуданд”.

Артистони номдори Молдавия Л. Эмиль, В. Тебирце, Б. Бекет, И. Таллеэ, Валерий Гажну, В. Жереги, В. Григорашенко ва дигарон ба вилоятамон ташриф оварданд, ки бо меҳнаткашони шаҳру районҳо мулоқот намуда, дар хусуси санъати кинематографияи Молдавия сӯҳбатҳои самимӣ ва шавқовар барпо намоянд. Онҳо ҳамроҳи худ дастовези арзанда- кинофильми “Тӯпи чӯбин”-ро оварданд, ки дар кинотеатри ба номи Лоҳутӣ намоиш дода шуд. ДАР СУРАТ: актриса Вероника Григорашенко ва Артисти Халқии СССР Константин Константинов. “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа”, шумораи №227. Шанбе, 26 ноябри соли 1988.

Ғолибони фестивали “Андалеб-2021” муайян шуданд Рӯзи 15 август даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021» дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва гулчини барномаи ҳунармандону ҳаваскорон доир гардид. Гулчини барномаи Фестивал бо беҳтарин номинатсияҳо аз ҷониби ҳунармандону ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳо манзури тамошобинон гардид. Дар номинатсияҳои суруди ҳамсароён ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, рақси якка ҳунарманди ноҳияи Хуросон, бадеҳа ҳаваскорони шаҳри Турсунзода, навозиши якка ҳунармандони ноҳияи Варзоб, саҳначаи ҳаҷвӣ ҳаваскорони ноҳияи Рӯдакӣ, суруди анъанавӣ ҳунарманди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, намоиши сару либоси миллӣ ҳунармандони шаҳри Панҷакент, порча аз анъанаҳои мардумӣ ҳаваскорони ноҳияи Рашт, суруди якка ҳунармандони ноҳияи Ҷаббор Расулов, суитаи овозию рақсӣ ҳунармандони

шаҳри Панҷакент баромад намуданд. Барои иштироки фаъолона дар тарғиби фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ як қатор ҳунармандон, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсатҳо, шуъба, бахшҳои фарҳанги мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, масъулон ва ташаббускорон бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳунармандони ноҳияи Муъминобод сазовори ҷойи сеюм, ҳунармандони ноҳияи Ёвон соҳиби ҷойи дуюм, ҳаваскорони ноҳияи Восеъ сазовори ҷойи якум гардиданд. Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2021” ба ҳунармандони шаҳри Панҷакент тақдим гардид. Ҳангомаи Исмат, “Хатлон”

Тавсияи равоншинос

Ҳафт қадам барои шод зистан (Идома аз шумораи №49) Қадами дувум. Чӣ кор кунем, ки афсурда нашавем? Ба таври ҳатмӣ ҳеч яке аз мо дӯст намедорем, ки тамоми рӯзро беҳавсала ва хаста сипарӣ кунем. Барои ин асос гоми нахустин аст, ки худ бихоҳем аз ин ҳол ва рӯз халос шавем. Фикр мекунед, ки барои қадами баъдӣ беҳтар аст, аз чӣ шурӯъ кунем? Аз худамон, хона, муҳити атроф, аъзои хонавода шояд ҳам аз як барномарезии дуруст ва усулӣ, ки ҳама ин маворидро дар он ҷой карда бошем, то бо иҷрои пай дар пайи он тамоми беҳавсалагӣ ва афсурдагиҳоро тарк ва фаромӯш созем. Пас агар то имрӯз ҳавсала надоштед ва фикр мекардед он қадар хаста шудаед, ки тарҷеҳ медиҳед дар рахти хоб бимонед ё дигар алоқае бо ончи, ки ҳар рӯз бояд анҷом диҳед, надоред, каме сабур бошед, то бо ҳам аз пиллаҳои ин нардбон боло биравем. Қадами савум: Аз худам шурӯъ мекунам Ибтидо бояд аз худамон шурӯъ кунем. Ба

таври мисол, вақте аз хоб бедор шудем, нафаси амиқе бикашем. Як дам ва боз як дами дигар... ҳамин хел то он ҳолате, ки вуҷудамон бо ҳавои тоза пур шавад. Бояд инро эҳсос кунем. Баъд дастҳомонро каме кашиш диҳем, то ҳисси бедор шудан дар тамоми аъзои баданамон ҷон бигирад. Ёдатон бошад, ханда дар ҳар дарди бедармон доруст. Пас, лабхандро фаромӯш накунед. Агар утоқатон панҷарае дорад, ки он рӯ ба офтоб боз мешавад, аз ин ки баланд шавед ва пардаҳоро ба канор бикашед, то нури офтоб дохили утоқатон шавад, ғофил нашавед ва танбалӣ накунед. Дастҳо ва рӯйи худро бо оби тақрибан сард бишӯед, то хобу хоболудагӣ аз саратон берун шавад. Баъд ҳамон тавре, ки истодаед, дар рӯ ба рӯйи оина бо худ бигӯед: имрӯз рӯзи хубе аст ва бояд корҳои мусбати зиёде анҷом бидиҳам. (Идома дорад)

Таҳияи С. Мирзо

Ҳасрат

Аз дидаҳои пир ашк равон шуд. Ашки ҳасрат. Боре ҳам ба гӯшаи хотирааш наомада, ки рӯзе аз пои хеш маҳрум гашта, гирифтори асобағал мегардад. Қисмат чунин будааст. Чӣ чора? Аз тақдир ҷойи гурез нест. Имрӯз ӯ тани танҳост, касе ба додаш намерасад. На фарзанд аз ҳолаш хабар мегираду на хешу табор ва на ёру дӯст. Чӣ сангин аст! Ягона ёру мададгораш ҳамин асобағали чӯбин асту бас. Онро бо як меҳри зиёд навозиш мекунад, мебӯсад, ба ӯ рози хеш мегӯяд. Ба он хотир, ки ӯро тарк нагӯяд. Вале ҳайҳот. Пир рӯзе хоҳад гузашт, асобағал чӣ? Асобағал ба ёди пир месӯхта бошад?

Ҳасад

Бачаи сафедпӯст бо зангибачае рӯ ба рӯ омада, дар тааҷҷуб меафтад. Бачаи сафедпӯст: “Бечора, туро дар тафдон фаромӯш кардаанд-чӣ?” Зангибача: “Не, баръакс туро аз тафдон барвақт гирифтаанд, ки нопухта мондаӣ?”

« ХАТЛОН »

МУАССИС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Дар рӯзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешӣ матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рӯзнома метавонад бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро бар дӯш нагирад. Матолиби муаллифони беруна дар шакли электронӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа бо ҳуруфи Arial Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрҳо 1,5 қабул карда мешавад. Ба саҳеҳии далелу арқоми эълону матлабҳои дорои хусусияти тарғиботию рекламавӣ идораи рӯзнома ҷавобгӯ нест. Дастнавису суратҳо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд.

Сармуҳаррир Носирҷон МАЪМУРЗОДА

web: www.khatlon-ruznoma.tj / e-mail: khatlon.tj@mail.ru

Соли 90-уми нашр

Шамъ! Чӣ дили бузурге дорӣ! Аз он ки лаҳзае хомӯшат мекунанд, намеранҷӣ. Чаро? -Чаро ки боз афрӯхта мешавам, - ҷавобам медиҳӣ. -Ҳақ ба ҷониби ту, -мегӯяму ба андеша меравам. Ҳайфи умри одамӣ, ки чунин қудрат надорад. Ҳамин ки дилаш аз тапиш монд, абадӣ хомӯш мегардад. Ба ту ҳасад мебарам, эй шамъ!

Андарзҳои Сино * Бояд бидонед, покизатарин маслакҳо таҳаммул бар душвориву сахтиҳо ва беҳудатарин корҳо зоҳирсозӣ ва риёкорӣ аст. *Ҳамеша дар пайи камолоти хеш бошед ва дар ҳеҷ ошён мақом магиред, зеро ҳама мурғонро аз ошёнҳо гиранд. *Бадтарин касон онҳоянд, ки дар пайи камолоти худ набошанд. *Ҳикмат ва дониш асос ва мояи бартарии инсон аст.

*Он амале, ки орӣ аз фасод ва бо нияте пок тавъам бошад, беҳтарин амал аст *Рафъат ва парвоз ба сӯйи осмонҳо аз беҳтарин забони инсон аст. *Бадтарин сухан он аст, ки зоеъ гардад. *Аз хислатҳои беҳтаринӣ инсони ба ғаму андӯҳи одамон шарик шудан аст. Таҳияи А.Юсуфӣ

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/ рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Рӯзнома дар чопхонаи «Матбааи Қӯрғонтеппа»-и шаҳри Бохтар ба табъ расидааст. Сифати чопи рӯзнома ба дӯши матбаа аст. Ба чопаш 19.08.2021 иҷозат дода шуд. Адади нашр: 9300 нусха.

Навбатдор: Суннатуллоҳи МИРЗО

Нишонии мо: шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов - 12. Телефонҳо: сармуҳаррир: 2-88-17, муовини сармуҳаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16. Индекси обуна: 68896

Тарроҳ: Умед МИРЗОЕВ


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Рӯзномаи Хатлон шумораи №50-2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu