Рӯзномаи Хатлон шумораи №45-29.07.2021

Page 1

Дар ин шумора:

1

ur.liam@jt.noltahk

Рӯзномаи «Хатлон» Рӯзномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Компютеркуnoltahk_iam onzur@ 23 noиҷро ltahk_iamonzur@ нонӣ шуд

»нолтаХ« иамонзу- Р

Шароити хуб барои донишҷӯён

2

3

Сайри Хатлони )4333( 54№ ,1202 и лос масири илюи 92дӯстӣ ,ебнашҷнаП Дар бостон

4

ХАТЛОН Саҳ.

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

НОЛТАХ р ш а н и м у - 0 9 и ло С

№45 (3334), 29.07.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Уфуқҳои дӯстӣ

Оини мо рафоқату аҳди бародарист 23-24 июл ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард Ду халқу як салом, ӯзбеку тоҷик, Ду халқу як калом ӯзбеку тоҷик. Ду халқу як таом ӯзбеку тоҷик, Ду халқу як маром ӯзбеку тоҷик.

Б

арҳақ, тоҷику ӯзбек расму оин, дину мазҳаб, анъанаву арзишҳо, санъату маданияти муштарак доранд ва ин ду халқ аз қадим дар Мовароуннаҳру Хуросон аҳлонаву тифоқ зиндагӣ мекунанд. Ба ҳамин далел, вақте сухан дар бораи миллати тоҷику ӯзбек меравад, онҳоро як халқи дузабона меноманд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвари ҳамҷавор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин робитаҳои ҷовидона, муҳити маънавии барқарор дар солҳои охир ба сатҳи комилан нав баромад ва шаклу мазмуни тоза касб намуд. Сафари роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар робитаҳои дӯстонаи ду халқро беш аз пеш мустаҳкам кард, барои идомаи ҳамкориҳои густурдаи сиёсиву иқтисодӣ, маънавӣ ва маърифатӣ имкониятҳои нав фароҳам омад. Ҷорӣ шудани режими бевиза, боз шудани сарҳадҳои давлатӣ, ки чандин сол баста буданд, барқарор намудани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ байни давлатҳои ҳамсоя, густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки адибону олимон ва арбобони фарҳангу санъати ду мамлакат барои таҳкими робитаҳои ҳамсоягӣ хидмат мекунанд. Бо мақсади тақвияти дӯстиву робитаҳои иқтисодӣ на танҳо дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар, балки миёни минтақаҳои

Тоҷикистону Ӯзбекистон низ созишномаҳои бародаршаҳриву ёддоштҳои тафоҳум баста шудааст. Тасвиби созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2018 гувоҳи ин гуфтаҳост. Имрӯз ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд. Бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 июли соли ҷорӣ сафари кории ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт, ки ҳадафаш таҳким бахшидан ба робитаҳои

дӯстию шарикӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо дар самтҳои нав буд. Дар ин ҳайат, ки роҳбариашро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба уҳда дошт, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ширкатҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдор, палатаи савдо ва саноати вилоят, минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ шомил буданд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳонашро дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулбаҳор”-и вилояти Сурхондарё роҳбарияти ин вилояти кишвари дӯст гарму самимӣ, бо карнаю сурнай, нону намак ва мисраъҳои зерини устод Рӯдакӣ истиқбол гирифтанд: Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

ТОҶИКУ ӮЗБЕК Чун гӯшту нохун, пайванду наздик, Бо ҷону бо хун ӯзбеку тоҷик. Ҳамсояву хеш, ҳамдину ҳамкеш, Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик. Чун шоху барги сарсабзи як гул, Дар як либосу расму таомул. Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик, Омехта бо ҳам монанди маҳлул. Бобост тоҷик, бибист ӯзбек, Бобост ӯзбек, бибист тоҷик. Оре, ки ӯзбек бошад Навоӣ, Сад дарсад, аммо Фонист тоҷик. З-он обу хоке ҳар ду сиришта, Покизаву пок мисли фаришта. Мирзо Улуғбек олими ҳардуст, Баҳри ду миллат Айнӣ навишта. Чун дӯстии Ҷомӣ, Навоӣ, Поку муаттар обу ҳавое. Як об нӯшанд, як ҷома пӯшанд, Рақсанду бозанд бо як навое. Тоҷику ӯзбек-ошиқу маъшуқ, Чун дастаҳои ганҷина сандуқ. Дар шодию ғам, дар суру мотам, Мунису ғамхор, бар ҳам тасаддуқ. Пайванд бо ҳам он гуна гашта; Бо риштаҳои нозуку борик. Гоҳо ба ҳайрат пурсанд аз ҳам: -Мебахшӣ, ҷӯра, ӯзбекӣ, тоҷик? Чун гӯшту нохун пайванду наздик, Бо ҷону бо хун ӯзбеку тоҷик. Халқе дигар нест ин гуна ҳамдил, Тоҷику ӯзбек, ӯзбеку тоҷик! Мирзо РУСТАМЗОДА Раиси вилоят ва ҳамроҳонаш пас аз маросими истиқбол нахуст аз ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Термиз”, Маркази байналмилалии тиҷоратии «Термиз» ва Маркази байналмилалии логистикии “Термиз Карго Сентр” дидан намуданд. Дар ин раванд иттилоъ дода шуд, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Термиз” соли 2018 дар масоҳати 80,6 гектар таъсис дода шуда, дар ҳудуди он бунёди Маркази байналмилалии тиҷоратии «Термиз» дар май-

(Идома дар саҳ. 1)

Марҳамат ба Хатлон!

Фестивали вилоятии яхмос ва обҳои ташнагишикан Шоми дирӯз, 28 июл, дар майдони Нишони давлатии шаҳри Бохтар Фестивали вилоятии яхмос ва обҳои ташнагишикан баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш тамоми корхона ва коргоҳҳои шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли яхмосу обҳои гуногуни ташнагишикан машғуланд, намунаҳои маҳсулоти тавлидотиашонро ба маъраз гузоштанд. Муовини якуми раиси вилоят, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар ва иштирокчиёни дигари фестивал нахуст аз намоиши оросташуда дидан намуданд. Пасон, бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва масъулони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҷамъомад доир шуд. Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои пешорӯ таҳният гуфта, афзуд, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як силсила чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан яке аз онҳост. Қайд гардид, ки вилояти Хатлон табиати бою нотакрор дошта, чашмаҳои шифобахши он бахше аз сарватҳои бебаҳояш мебошанд. Дар вилоят манбаи обҳои шифобахшу табобатӣ, табиию маъданӣ, аз қабили Чилучорчашмаи ноҳияи Носири Хусрав ва Хушобаки ноҳияи Данғара коркард шуда, дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ, Вахш, Ҷайҳун, Данғара, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг ва ғайраҳо чашмаҳои шифобахши табобатӣ вуҷуд доранд, ки сокинон ва сайёҳон аз онҳо бештар истифода мебаранд. Қобили зикр аст, ки чашмаҳои шифобахш на танҳо барои солимгардонии аҳолӣ мусоидат менамоянд, балки истифодаи онҳо ҳамчун минтақаҳои сайёҳӣ хеле бамаврид ва фоидаовар мебошанд. Аз ин сабаб ташкилу тараққӣ додани соҳаи туризм ва барпо намудани иншоотҳои санаторию курортӣ дар ҳудуди вилоят пеш аз ҳама аҳамияти иқтисодӣ,

тиббӣ ва иҷтимоӣ дорад. Вилояти Хатлон дар миқёси ҷумҳурӣ аз гармтарин минтақаҳо ба ҳисоб рафта, дар фасли тобистон бештар мардум аз намудҳои гуногуни яхмосҳо ва обҳои ташнагишикан истифода мебаранд. - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳал ва соҳибкорони ватандӯсту шахсони саховатпеша ҷиҳати таъмини сокинон бо номгӯи маҳсулоти аълосифати истеъмолии болозикр тадбирҳои мушаххас андешида, бунёд ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатиро бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир ба роҳ монда истодаанд, -зикр кард З. Файзуллозода. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ соли равон дар маркази ноҳияи Қубодиён вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмонов корхонаи истеҳсоли яхмос бо таъсиси 20 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ширкат варзиданд. Маҳсулоти истеҳсолии корхона ба бозору фурӯшгоҳҳои се ноҳия Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав ба фурӯш бароварда шуда, имрӯзҳо харидори зиёде пайдо кардааст. То ба имрӯз дар сатҳи вилоят 4 коргоҳу корхонаҳои нав дар самти истеҳсоли обҳои ташнагишикан мавриди истифода қарор гирифта, ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Муовини раиси вилоят бо такя ба таҳлилҳои анҷомёфта қайд кард, ки дар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии яхмос ва обҳои ташнагишикани шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо ҷавонон, аз ҷумла духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин

гардида, ҳамзамон онҳо дар истеҳсоли ин номгӯи маҳсулот таҷрибаи хуби кориро соҳиб шудаанд. Таъсиси чунин коргоҳу корхонаҳо аз як тараф барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ҷалби ҷавонон ба ҷойи корӣ бошад, аз тарафи дигар дар зиёд шудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ва ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат намуда истодааст. Дар соли 2020 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, якҷо бо бахши хусусӣ, аз ҷумла 87,0 тонна яхмос ва 29107 декалитр обҳои ташнагишикан истеҳсол намудаанд, ки нисбати соли 2019 мутаносибан истеҳсоли яхмос 22,5 тонна ва обҳои ташнагишикан 2036 декалитр зиёд гардидааст. Дар 6 моҳи соли равон бошад, дар вилоят 66,7 тонна яхмос ва 17268 декалитр обҳои ташнагишикан истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 23,5 тонна яхмос ё худ 53 фоиз ва 4416 декалитр обҳои ташнагишикан ё худ 34,4 фоиз зиёд мебошад. Имрӯз дар маркази деҳот ва шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои фурӯши шириниҳо, аз қабили яхмос ва обҳои ташнагишикан ташкил карда шудаанд, ки навъҳои гуногуни онҳо омода карда шуда, пешкаши харидорон мегардад. Дар вилоят ҶДММ “Осиё М”-и шаҳри Бохтар, ҶСП “Комбинати шир”-и шаҳри Кӯлоб, корхонаҳои яхмосбарории ноҳияҳои Панҷ ва Қубодиён дар самти истеҳсоли яхмос ва ҶДММ “Баҳодур-2”, “Кӯҳсори Хатлон”, ҶСК “Комбинати хӯрокворӣ”-и шаҳри Бохтар, ҶДММ “Оби қадр”-и ноҳияи А. Ҷомӣ, ҶДММ “Муҳиддин Алиқулов”-и ноҳияи Кӯшониён, ҶДММ “Вахши Норак”-и шаҳри Норак, ҶДММ “Авранг”-и шаҳри Кӯлоб, инчунин соҳибкорони инфиродии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Қубодиён дар самти истеҳсоли обҳои ташнагишикан саҳми арзанда гузошта, дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва болоравии буҷети маҳаллӣ мусоидат карда истодаанд. Дар коргоҳу корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли зиёда аз 40 намуд яхмос ва 15 номгӯи обҳои ташнагишикан, аз қабили обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати он ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Айни ҳол дар вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулот ва ҳифзи саломатии истеъмолкунанда марказу озмоишгоҳҳои ташхисӣ фаъолият намуда истодаанд, ки сифат ва низоми маҳсулоти истеҳсолшавандаро ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳимоя карда мешавад. Дар қисмати дувуми чорабинӣ ғолибони даври вилоятии фестивал эълон гардиданд. Тибқи хулосаи Кумитаи тадорукот ҷойи аввал насиби шаҳри Бохтару ноҳияи Қубодиён, ҷойи дувум азони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара ва мақоми сеюм аз шаҳри Нораку ноҳияи Ховалинг шуд. Ғолибон бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба иштирокчиёни дигари фестивал Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим гардид. Пас аз ин маросим, аҳли санъати вилоят барномаи зебои фарҳангиеро, ки иборат аз суруду таронаҳои тараннумгари ваҳдату ҳамдилӣ, табиати зебои диёр ва номераҳои рақсӣ буд, манзури иштирокчиёни фестивал гардониданд. Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

12 ҳазор табиб бо коронавирус мубориза мебарад Барои табобати бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшираи шафқат ҷалб гардидаанд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, духтуроне, ки ба табобати COVID-19 машғуланд, нақшаи кории махсус дошта, 24 соат кор мекунанд ва беморон шабонарӯзӣ таҳти назорати онҳо қарор доранд. «Ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кӯшиш дорад, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ табобати коронавирус аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Феълан, нашри панҷуми дастур оид ба табобат ва пешгирии коронавирус ба табъ расида, вазир онро имзо кардааст. Мо кӯшиш мекунем, ки ҷараёни табобат чӣ дар деҳот ва чӣ дар шаҳрҳо бо алгоритми ягона роҳандозӣ шавад», -гуфтааст муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода. Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 21 июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон расман мавҷи дуюми коронавирусро эълон намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ: “Гурезаҳои афғонро қабул мекунем, аммо...” Тоҷикистон омодааст гурезаҳои афғонро дар робита ба шиддат гирифтани вазъи низомӣ-сиёсии кишвари ҳамсоя дар пасманзари хуруҷи неруҳои амрикоӣ қабул кунад, вале мақомот ҳанӯз шумораи дақиқи онҳоро ном бурда наметавонанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ чунин изҳор дошт: «Мо бояд барои гурезагон шароити муайян фароҳам орем, то коронавирус паҳн нашавад, аз ин рӯ, мо ҳанӯз омода нестем, ки шумораи дақиқи гурезаҳоеро, ки метавонем қабул намоем, номбар кунем». Илова бар ин, ба гуфтаи вазир, аъзои созмонҳои террористӣ метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар метавонанд намояндагони гурӯҳҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, ба мисли «Ал-Қоида», «Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ» пайдо шаванд. Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон муқовимати неруҳои ҳукуматӣ ва аъзои ҳаракати ифротии дар Тоҷикистон мамнӯи «Толибон» идома дорад. Сарбозон ва шаҳрвандони афғон борҳо аз дасти ҷангиён ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардаанд. Як қисми афғонҳо бо ёздаҳ парвози чартерӣ ба Кобул ва Мазори Шариф баргаштанд.

Таъмири 2002 км роҳ дар ним сол Нимаи якуми соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи умумии 73,5 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии 2002 километр роҳ ва 89 адад пулу қубурҳо гузаронида шудааст. Аз ин 59 километр таъмири асосӣ (асфалтпӯш), 1667 километр таъмири ҷорӣ, 267 километр сангфарш гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 54,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 280 километр роҳҳо таъмиру сангфарш карда шуданд. Бо дастури бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар марҳилаи 1 ва 2, бо дарозии 73 километр, бо маблағи умумии 204 миллион доллари америкоӣ бо маром идома дорад. Инчунин, сохтмону азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб – Муъминобод бо дарозии 35 км, ба маблағи 250 миллион сомонӣ, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин бо дарозии 32 км, ба маблағи 30,8 миллион доллар, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ ва пули 39-метраи шаҳри Кӯлоб идома дошта, кӯчаҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ба масофаи 12,6 километр асфалтпӯш гардиданд.

Даври вилоятии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 26 июл дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо иштироки 472 нафар довлалаб оғоз гардид, ки то 31 июл идома меёбад.

Озмуни мазкур тибқи низомнома ҷараён дошта, ҳайати ҳакамон аз масъулони бахши фарҳанг ва фарҳангшиносони вилояту ноҳияҳо иборат мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дар сатҳи баланд доир намудани озмуни мазкур тамоми тадбирҳоро амалӣ намудааст. Баъд аз ҷамъбасти даври дуюм ҳуҷҷатҳои ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санадҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод карда мешаванд. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 30 октябри соли равон муқаррар гардидааст. Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соли сеюм аст, ки дар мамлакат баргузор мегардад. Имсол барои баргузории озмуни мазкур 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Ҷумъа, 30.07.2021

Шабона +21+23 с Рӯзона +37 +390 с 0

Шанбе, 31.07.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +38 +400 с 0

Якшанбе, 01.08.2021

Шабона +20 +220 с Рӯзона +36 +380 с

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Рӯзномаи Хатлон шумораи №45-29.07.2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu