Хатлон №5

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ-ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №5 (3142)

Душанбе, 5 феврали соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Тољикистони соњибистиќлол њоло ба шарофати зањмати халќи соњибмаърифату тамаддунсозаш ба марњалаи нави рушд ворид шудааст. Сулњу оромї, суботи сиёсї ва вањдату якпорчагии мардуми шарафманди тољик имкон дод, ки мо маљрои рушди иќтисоди миллиамонро ба куллї таѓйир дињем, барномањои нави давлатиро ќабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иљтимої ташкил медињад, тањким бахшем, иќтидорњои нави истењсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо неруи барќ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соњањои њаётан муњими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароњам оварем.

Ќарздорї аз музди мењнат коњиш ёфтааст Дар маљлисгоњи Сарраёсати молияи вилоят љаласаи Ситоди пешгирї ва бартарафсозии ќарздории музди мењнат доир гардид. Љамъомадро раиси ситод оид ба пешгирї ва бартарафсозии ќарздории музди мењнат Раљабалї Раљабов њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо рўзномаи љаласа ошно намуд. Тавре ки номбурда иброз дошт, масъалаи пардохти сариваќтии музди мењнат ва роњ надодан ба ќарздории он дар ташкилоту муассиса ва корхонањо тањти назорати њамешагии маќомоти иљроияи њокимияти далвлатии вилояти Хатлон ќарор дошта, дар ин масъала тибќи амри раиси вилоят аз 4 июли соли 2014 дар назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ситоди корї фаъолият мекунад.

Бо вуљуди таъкидњои доимї дастуру супоришњои протоколии љаласаи гузашта њанўз роњи њалли хешро наёфтааст. Ин аз он шањодат медињад, ки масъулини ташкилотњои ќарздор дар шањру ноњияњо фаъолияти хешро хуб ба роњ намондаанд, ироа дошт муовини раиси вилоят. Дар љамъомад зикр гардид, ки кормандони раёсати Хадамоти назорати давлатї дар соњаи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї низ мунтазам бо масъулини ситодњои шањру ноњияњо њамкориро ба роњ мондаанд. Тавре ки сардори раёсати Хадамоти назорати давлатї дар соњаи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї Ќ. Мањмадтоиров иброз дошт, тибќи маълумоти оморї то 1 декабри соли 2017 ќарздорї аз пардохти музди мењнат дар вилоят 4,8 миллион сомониро ташкил медињад, ки нисбат ба њамин давраи соли пешин 3,8 миллион сомонї кам мебошад. Зимни љаласа таъкид рафт, ки ќарздории бештари музди мењнат дар вилоят ба корхонаву ташкилотњои соњањои саноат, обёрї ва бењдошти замин, коммуналї, алоќа ва кишоварзї рост меояд. Мавсуф таъкид дошт, ки ќарздории музди мењнат дар шањру ноњияњои Сарбанд 2,5 миллион сомонї, Ёвон 770,3 њазор сомонї, Ќўрѓонтеппа, Љайњун, Панљ, Муъминобод, Кўлоб, Шањритўс ва Ќубодиён беш аз 28 то 300 њазор сомонигиро дар бар мегирад. Мутаассифона, то имрўз дар ин самт камбудињо љой доранд. Пас аз шунидани њисоботи сардори раёсати Хадамоти назорати давлатї дар соњаи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї аз масъулини шањру ноњияњо бобати ќарздории музди мењнат пурсиш ба амал оварда, бањри ислоњи камбудињо дастуру супоришњои мушаххас дода шуд. “Дар љаласаи Ситоди вилоятї оид ба пардохти музди мењнат, ки рўзи 14 ноябри соли 2017 баргузор гардида буд, масъалањои пардохти музди мењнат ва давра ба давра кам кардани музди мењнат мавриди баррасї ќарор дода шуд. Дар он њисоботи раисони ситодњои

шањру ноњияњо шунида, ба роњбарони ситодњо супориш дода шуд, ки ќарзи музди мењнатро пардохт намуда, ба афзоиши минбаъдаи он роњ надињанд”, изњори нигаронї намуд муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов. Чуноне, ки аз љаласа бар меояд, бештари ќарздории музди мењнат аз корхонањои “Тољик-Азот”-и шањри Сарбанд ва ЉСШК “Тољикхимпром” ба шумор меравад. Њамчунин дар шањру ноњияњо ќарздории музди мењнат аз њисоби муассисањои давлатии хољагии об дар шањри Кўлоб, ноњияњои Панљ, Бохтар, Хуросон, Љайњун, Љ. Балхї ва ноњияи Носири Хусрав ба чашм мерасад, ки боиси нигаронии раиси Ситоди вилоятї Раљабалї Раљабов гардид. Њамчунин, дар љамъомад масъалаи дигари рўзнома рафти иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 апрели соли 2009 тањти №181 “Дар бораи тасдиќи Ќоидањои муќаррар намудани квота барои ба кор ќабул кардани гурўњњои алоњидаи ањолї” мавриди баррасї ќарор гирифт.

Оид ба масъалаи мазкур њозирин гузориши муовини раиси Кумитаи њамоњангсозии мусоидат ва шуѓли ањолї низ баррасї гардид. Доир ба масъалаи мазкур њозирин њисоботи муовини раиси Кумитаи њамоњангсозии мусоидат ба шуѓли ањолии вилоят Аслбї Наврўззодаро шуниданд. Тавре ки номбурда таъкид дошт, маќсад ва њадафи асосии ќарори мазкур таъмини кафолати њуќуќњои конститутсионии шањрвандони ба мењнат ва њифзи иљтимої њангоми бекорї, паст намудани сатњи бекорї, инчунин дастгирии гурўњи шањрвандоне, ки дар љустуљўи кор душворї мекашанд, нафароне ки дар бозори мењнат раќобат карда на-

метавонанд, ташкил намудани системаи босамари мусоидат ба шуѓли ањолї ва танзими љойњои кории холї новобаста ба синну солро дар бар мегирад. Ќоидањои муќаррар намудани квота барои ба кор ќабул намудани гурўњњои алоњидаи ањолї дар асоси моддаи 9-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мусоидат ба шуѓли ањолї» тањия гардида, тартиби муќаррар намудани квотаро барои ба кор ќабул намудани гурўњњои алоњидаи ањолї муайян менамояд. Дар љаласа зикр гардид, ки квота – ин њиссаи љойњои кориест, ки аз тарафи ташкилотњо, корхонаву муассисањо новобаста аз шакли моликият ва хољагидорї барои ба кор таъмин кардани гурўњњои алоњидаи ањолї равона гардидааст. Чуноне равшан гардид, ба гурўњи шањрвандоне, ки тибќи квотаи муќарраршуда бо љойи кор таъмин мегарданд, шахсони зерин дохил мешаванд: маъюбон, ятимон, шахсоне, ки аз сафи Ќуввањои мусаллањ баргаштаанд, нафароне ки аз муассисањои иљрои љазои љиної озод шудаанд, шахсоне ки дар тарбияашон кўдакони ноболиѓ ва фарзандони маъюб доранд, волидоне ки бештар аз панљ кўдаки

ноболиѓ доранд. Дар љамъомад изњори нигаронї намудаанд, ки тибќи квота дар шањру ноњияњои Ќўрѓонтеппа, Вахш, Хуросон, Љомї, Данѓара, Љайњун, Панљ, Њамадонї, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод ва Балљувон дар соли 2017 ягон нафар маъюб ба кор таъмин нашудааст. Њамчунин дар аксарият шањру ноњияњо дар самти ба кор таъминкунии ятимон низ беэътиної зоњир намудаанд. Муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов бобати њалли сариваќтии масъалањои мазкур ба роњбарони ташкилоту муассиса, намояндагони шањру ноњияњо супоришњои машаххас дод. ВАХШОНА, «Хатлон»

МАЉЛИСИ МИЛЛЇ ИЉЛОСИЯ БАРПО МЕКУНАД 16 феврали соли 2018 дар шањри Душанбе иљлосияи чордањуми Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон даъвати панљум баргузор мегардад. Дар рафти иљлосия баррасии пешнињоди Њукумати Љумњурии Тољикистон «Оид ба иваз намудани номи шањрњои Ќўрѓонтеппа ва Сарбанд, ноњияи Бохтар, шањраки Восеъ ва дењаи Ќурбоншањиди ноњияи Восеъ, дењањои Шота Руставели, Тошохўр ва Будинободи ноњияи Ёвони вилояти Хатлон», инчунин, ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйир ба Кодекси

андози Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи ѓалла ва мањсулоти коркарди он», «Оид ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи зотпарварї», њисоботи прокурори генералии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњо дар њудуди Љумњурии Тољикистон дар соли 2017» дар назар дошта шудааст.

ТАТБИЌИ 33 ЛОИЊАИ САРМОЯГУЗОРЇ Дар соњањои иќтисодї ва иљтимоии вилояти Хатлон 33 лоињаи сармоягузории давлатї татбиќ гардида, аз њисоби онњо 390 миллион сомонї маблаѓњо аз худ карда шудааст. Ба иттилои Ќурбон Ќурбонов, сардори Раёсати сармоягузорї ва идораи амволи давлатї дар вилояти Хатлон, то имрўз дар соњањои иќтисодии шањру ноњияњои вилоят њамагї ба маблаѓи 1,6 миллиард доллари амрикої сармоя, аз љумла ба маблаѓи 1,4 миллиард доллар сармояи мустаќими хориљї амалї шуда, танњо дар соли 2017 ба маблаѓи 20,5 миллион доллари амрикої сармояи мустаќими хориљї ворид гардидааст. “Лоињањои сармоягузорї асосан ба соњањои маориф, тандурустї, кишоварзї, об, ирригатсия, энергетика, коммуналї ва наќлиёт равона карда шудааст”, - афзуд Ќ. Ќурбонов.

БУНЁДИ 270 ИНШООТ ДАР ЯК СОЛ Соли 2017 дар ќаламрави вилояти Хатлон ба маблаѓи умумии 1,5 миллиард сомонї фондњои асосї ба кор андохта шуда, суръати афзоиш нисбати соли 2016-ум 188,1 фоизро ташкил дод. Бо сарфи ин маблаѓ дар шањру навоњии вилоят 270 иншоот ва дар масоњати 196 њазор метри мураббаъ хонањои шахсї мавриди истифода ќарор дода шуданд.

Эмомалї РАњмон Ситоди вилоятї

и 77 ррЎЎззи ОН ЛО АТТЛ ХХА

Бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 20 январи соли 2018 номи як ќатор шањру ноњияњо ва шањраку дењањо иваз шуд, ки талаботи замон мебошад. Дар даврони соњибистиќлолї ва ташаккули забони давлатї, инчунин ба хотири баланд бардоштани њисси худшиносї ва арљ гузоштан ба таърихи халќ, эњёи баъзе номњои љуѓрофию таърихие, ки ба мамлакати мо бевосита тааллуќ доранд, амри воќеї ба њисоб меравад.

Шарњи таѓйири номњои баъзе мавзеъњои љуѓрофии мамлакат Халќе, ки гузаштаи худро эътироф намекунад ва аз гузашта сабаќ намеомўзад, имрўзу ояндаи худро ташаккул дода наметавонад. Аз ин рў, эњтиром гузоштан ба гузаштаи халќ наќши калидї дошта, аз нав зинда гардонидани суннату анъанањои миллї, маросиму љашнњои ќадимї ва эњё кардани номњои љуѓрофию таърихии халќ ба манфиати љомеа ва мамлакат мебошад. Махсусан зинда гардонидани номњои таърихї ва ба чањорчўбаи меъёрњои забони тољикї мутобиќ намудани онњо боиси шинохти дирўз ва тањкими њофизаи таърихї мегардад. Ба ин хотир, солњои охир дар љумњурии мо як ќатор номњои таърихию љуѓрофї аз нав эњё шуда, аз љониби мардум дастгирї ёфтанд ва макони воќеии худро аз нав соњиб шуданд. Номњои Суѓду Хатлон, Рашту Лахш, Љайњуну Сайњун ва дањњо дигар макони љуѓрофии мамлакат моро бо гузаштаи дури халќи тољик пайванд менамоянд ва ин номњои љуѓрофї низ воситаи муњими худшиносї ва ифтихори миллї мебошанд. Дар њаќиќат, зинда гардонидани номњои љуѓрофї барои насли наврас ва ояндаи мамлакат ањамияти бузург дошта, рукни давлатсозии миллї низ ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки дар тўли ќарнњо бо омадани ќавму ќабилањои мухталиф дар мавзеъњое, ки таърихан тољикон маскун буданд, бархе аз номњои аслии шањру ноњияњо, дењањо, мањаллањо, кўњњо, дарёњо ва ѓайра таѓйири ном кардаанд, ки ба асолати забони тољикї созгор нестанд. Ин аст, ки яке аз муњимтарин самтњои сиёсати забонии Љумњурии Тољикистон, иваз намудани номњои ѓайримеъёрии љуѓрофї ва ба суннати номгузории миллї мутобиќ сохтани онњо мебошад. Бо назардошти ин, Раиси Њукумати Љумњурии Тољикистон, Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон 20 январи соли равон Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистонро, оид ба иваз намудани номњои як ќатор шањру ноњияњои мамлакат, ба имзо расониданд. Аз љумла, номи шањри Ќўрѓонтеппа ба Бохтар, шањри Сарбанд ба Левакант, ноњияи Бохтар ба ноњияи Кўшониён, шањраки Восеи ноњияи Восеъ ба шањраки Њулбук иваз карда шуд. Ин номњои таърихию љуѓрофї барои халќи тољик сањифањои дурахшони гузаштаи миллатамонро ба ёд оварда, дар мазмуни онњо хотираи мардум љой гирифта, даврањои нињоят дурахшони халќ дар гузашта бо ин номњо алоќаманд мебошанд. Бояд ќайд кард, ки иваз намудани номњои шањру ноњияњои мазкур бо назардошти ду љанба сурат гирифтааст. Аввалан, ба суннати номгузории миллї мутобиќ сохтани онњо ва сониян, эњёи топонимияи миллие, ки таърихан дар ин

мавзеъњо вуљуд доштанд. Барои шиносоии бештар пайдо намудани шањрвандони мамлакат таваљљуњи онњоро ба шарњи ин номњо љалб намуда, дар асоси сарчашмањои таърихї маълумоти кўтоњеро рољеъ ба ин топонимњо манзур менамоем. Дар бораи Бохтар Бохтар дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннањр (Суѓд ва Хоразм) будан, инчунин номи калонтарин шањр ва пойтахти давлати Кўшониён ба њисоб мерафт. Шањр ќабл аз давраи Кўшониён бунёд ёфта, баъдан дар ин давра хеле обод шуда, дар он гузару мањаллањои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори нави мудофиавї ињота мегарданд (Массон В.М., Ромодин В.А. “История Афганистана”. Берун аз девори шањр гузару мањаллањо мављуд буданд, ки аз васеъ шудани масоњати шањр гувоњї медињанд. Њарчанд дар давраи њукмронии Канишка (103-126 м.) пойтахт ба шањри Пешовар кўчонида шуда бошад њам, Бохтар ба њайси пойтахти дуюм мавќеи худро нигоњ доштааст. Ќисмати калони давлати Кўшониён – Варорўд аз њамин марказ идора карда мешуд. Дар забони кўшонию бохтарї калимаи «Бохтар» хеле маълул буда, дар луѓатњо ба маънии «ѓарб, маѓриб» ва њам «шарќ, ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ѓарб» афзалият дода, ба маънии «шарќ» калимаи «ховар»-ро тавзењ додаанд. Он дар забони авестої, суѓдї ва бохтарї дар љараёни гузашти солњо бо баъзе таѓйироти ової дучор шуда, аслан маънои “ѓарб”-ро ифода менамояд. Топоними љуѓрофии «Бохтарзамин» низ аз њамин љо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварњои ѓарбї, маѓрибзамин» фањмида мешавад. Њамчунон, мардумоне, ки дар шимолу ѓарбии Њинд зиндагї мекарданд, онњоро бохтарї ва ё балхї меномиданд. Баъдњо маънои “бохтар” дар забони суѓдї роњ ёфта, ба сифати макони љуѓрофї муаррифї шудааст. Аз нигоњи таърихї Бохтар номи ќадимии Балх низ ба њисоб рафта, ќаламрави он њамчун вилояти таърихї ќисмњои марказї, љанубї ва шарќии Тољикистони њозираро фаро гирифта, тайи асрњои миёна ва минбаъд тобеи Хатлон ва њокимони Ќубодиён буда, таърихан дар њудуди шањрњои ќадимии Вахш, Леваканд ва Њаловард ќарор доштааст. Мувофиќи ахбори Птолемей, ки ба асри II м. тааллуќ дорад, дар кишвар ё вилояти Бохтар 18 шањр мављуд буда, шањри Бохтар (вилояту шањри марказї як ном доштанд) яке аз калонтарин шањрњои шоњигарии Кушониён ба њисоб мерафтааст ва унвони «модари шањрњо»-ро доштааст (Массон В.М., Ромодин В.А. “История Аф(Идома дар сањ. 2)

Ба иттилои Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон, дар ин давра дар соњаи маориф 37 мактаб барои 8999 љойи хониш ба истифода дода шуд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 11 мактаб ва 8071 љойи нишаст зиёд мебошад. Дар соњаи тандурустї се беморхона, 10 бунгоњи тиббї барои ќабули 236 бемор дар

як баст, инчунин, 8 ададї иншооти фарњангиву фароѓатї, варзишї, ошхонаву тарабхона, 2 муассисаи томактабї, 3 бинои истиќоматии баландошёна, 4 китобхона, 12 бинои маъмурї, 8 адад хатњои оби нўшокї, 5 адад хатти барќ ва аз љониби соњибкорони мањаллї 95 бинову иншооти тиљоратї мавриди истифода ќарор дода шуданд.

ТАЪЛИФИ 23 РИСОЛАИ ИЛМЇ АЗ СЎЙИ ОЛИМОНИ ЉАВОН Бо маќсади дастгирї ва њавасмандсозии олимону устодони эљодкор ва донишљўёни аълохон стипендияи раиси вилоят муќаррар гардидааст, ки айни њол 45 нафар олимони варзида ва 35 нафар донишљўёни аълохон онро дарёфт мекунанд. Олимони љавони вилояти Хатлон, ки шумораашон ба 38 нафар мерасад, соли 2017 дар 53 конференсияву нишастњои илмї иштирок ва суханронї намудаанд. Теъдоди аспирантон ба 135 нафар мерасад, ки дар муќоиса ба соли гузашта 48 нафар зиёд гардидааст. Имрўзњо дар вилоят дар самти магистратура ва докторантура PнD 237 нафар љавонон ба тањќиќоти илмї машѓуланд. Соли 2017 аз љониби олимони љавони вилоят ба 23 рисолаи илмї, 3 монография, 23 дастури таълимї-методї ва 19 китоби дарсї барои мактабњои олї таќризњо пешнињод гардид, ки ин нишонаи эътирофи онњо дар доирањои илмии љумњурї мебошад.

«ДАРГОЊИ ЊУНАР» Тањти њамин унвон озмуни вилоятии муассисањои клуби дењотї бахшида ба «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон гардидани соли 2018 гузаронида мешавад. Тавре ки аз Раёсати фарњанги вилояти Хатлон ба рўзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, озмуни мазкур ба ривољу равнаќи фаъолияти муассисањои клубии вилоят мусоидат намуда, наќши онњоро дар ташаккули њисси зебоипарастї, тарбияи ватандўстии шањрвандони мамлакат, ќабл аз њама љавонон, боз њам баланд мебардорад. Фаъолияти бонизоми муассисањои фарњангї барои пешгирии љавонон аз шомилшавї ба гурўњњои экстремистиву ифротгаро, оворагардї, баланд бардоштани маънавиёти ањолї, васеъ гардидани љањонбинии

мардуми мањал ва таълиму тарбияи насли наврас воситаи асосї мебошад. “Озмун аз 1 феврал то 20 октябри соли 2018 дар ду давра: даври аввал, дар шањру ноњияњо ва даври дуюм, дар сатњи вилоят бо иштироки клубњои бењтарини дењотии шањру ноњияњои вилоят баргузор карда мешавад. Шањру ноњияњо бењтаринњоро барои иштирок дар даври вилоятї то 1 ноябри соли 2018 пешнињод менамоянд. Љамъбасти озмун 6 ноябри соли 2018 дар шањри Ќўрѓонтеппа гузаронида мешавад”, - афзуд манбаъ.

АФЗОИШИ МАЊСУЛОТИ КИШОВАРЗЇ ДАР НОЊИЯИ Носири ХУСРАВ Дар ноњияи Носири Хусрав барои њосили соли 2018 дар масоњати 1732 гектар кишти тирамоњии зироатњои кишоварзї гузаронида шудааст. Тавре ки аз дастгоњи раиси ноњияи Н. Хусрав иттилоъ доданд, дар соли 2017 дар майдони 1290 гектар ѓалладонагї, дар 1200 гектар гандум, дар 90 гектар љав, дар 334 гектар сабзавот, аз он љумла пиёз 274 гектар, сабзї 30 гектар, карам 10 гектар, дигар навъи сабзавот 20 гектар, дар 73 гектар картошкакишт гардидааст. Сарчашмаи хабар афзуд, ки то ин давра наќшаи шудгори замин, ки 6474 гектар пешбинї шуда буд, 89% иљро шудааст. Кишти такрорї дар соли 2017 дар њамаи бахшњои хољагидории ноњияи Н. Хусрав њамагї 2765 гектар (109%) иљро гардид. Дар ин давра истењсоли ѓалладонагињо 20 њазору 181 тонна, пахта 4277 тонна, картошка 1802 тонна, сабзавот 14 њазору 66 тонна, полезї 25 њазору 549 тонна, зироати хўроки чорво 10 њазору 730 тонна, инчунин, меваљот 2604 тонна ва ангур 1041 тонна истењсол карда шудааст.

МУЊАММАДМУРОД САРМУРАББЇ ШУД Муњаммадмурод Абдурањмонов, пањлавони номдори тољик, сармураббии дастаи мунтахаби људо (Judo)-и Тољикистон таъйин шудааст. Ў дар ин маќом Фахриддин Рањимовро иваз кард. “Дар мавсими имсола пањлавонони мо дар риштаи људо дар мусобиќоти мухталифи байналмилалї, монанди “Тоскулоњи бузург” ва Гранпри, Љоми кушодаи Аврупо, ќањрамонии Осиё, ки дар кишварњои гуногун доир мешавад, иштирок мекунанд. Ба љуз ин, аъзои тими мунтахаби људои Тољикистон моњи август дар Бозињои осиёї дар Љакартаи Индонезия ва моњи сентябр дар мусобиќоти ќањрамонии љањон

дар Бокуи Озарбойљон ширкат хоњанд кард”, - гуфт сармураббии нави дастаи мунтахаби људои Тољикистон. Муњаммадмурод Абдурањмонов 29-уми ноябри соли 1986 дар ноњияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Устоди варзиши дараљаи байналмилалист. Дар мусобиќоти гуштии људо дар вазни аз 100 кило боло раќобат мекард. Масъули гўша М. НОСИРЉОН

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.