Дар ин шумора:
1
НОЛТАХ р ш а н и м у - 0 9 и ло С
ur.liam@jt.noltahk
Аз noltahk_iamonzur@ ҷавобгарӣ ҷойи гурез нест
noltahk_iamonzur@
»нолтаХ« иамонзу- Р
Озмуни рӯзномаи «Хатлон»
)1133( 22№ ,1Дар 202 имасири лос илеИстиқлол рпа 32 ,аъмуҶ
ХАТЛОН Саҳ.
2
3
Соли 90-уми нашр
Тоҷикистон, ба пеш!
Саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ
4
№22 (3311), 23.04.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”
«Тоҷикистон - Ватани азизи ман»
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” 4 корхонаи нави истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли рангҳо ва андоваҳои декоративии «Ғаюр саноат» аст, ки аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр саноат» дар масоҳати 1,36 га
замин бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ бо роҳбарии Ғуломов Акмал бо сарфи 2,3 миллион доллари ИМА сохта шудааст. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 13,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур рангҳо ва андоваҳои декоративӣ, эмулсия, андоваи минералӣ (грунтовка), сатилҳои банду баст барои маҳсулоти истеҳсолшуда, хокаи калсит, ки яке аз компонентҳои асосии истеҳсоли рангҳо ба ҳисоб меравад, бо сифати аъло ва ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона асосан барои содирот ба кишварҳои хориҷа ва бозори дохилии Тоҷикистон равона гардидааст. Дар ин корхона 30 нафар ба ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд.
Корхонаи дигар корхонаи конструксияҳои металӣ «Ауфен» аст, ки аз ҷониби ҶДММ «Ауфен» бо сармоягузории соҳибкорони Чин ва муҷаҳҳаз бо технологияи навтарини соҳа дар масоҳати 4 га замин бунёд шудааст. Роҳбарии корхонаро Руан Банжуан соҳибкори чинӣ ба уҳда дорад. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои иншооти мазкур 15 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти корхона коркарди метал ва истеҳсоли конструксияҳои металӣ мебошад, ки ҳаҷми истеҳсоли солона дар коркарди метал 120000 тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи нақша 200 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамчунин хати баландшиддати барқи 220 Квт ва зеристгоҳи 220/35/10 Квт бо сармоягузории ҶДММ "Ширкати осиёимиёнагии нафту газ ва ангишти Шенсӣ" мавриди истифода қарор ёфт. Масоҳати замини корхона 1 га буда, маблағи сармоя 23 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии он 250 МгВт мебошад. Баъди пурра ба кор оғоз бахшидани корхона 30 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар МОИ “Данғара” инчунин корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении «Тоҷпласт-1» мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи маълумот, корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Эсанов Абдуҷаббор дар масоҳати 1 га замин бо маблағи 0,5 миллион доллари ИМА сохта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии он дар як сол 50 ҳазор пагон метр қубурҳои гуногуни полиэтилении қутраш аз 16 мм то 500 мм-ро ташкил медиҳад.
16 ғолиби даври вилоятии озмун чӣ ҷоиза мегиранд? Ғолиби ҳар як номинатсияи озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар даври вилоятӣ 2000 сомонӣ ва омӯзгори роҳнамои ӯ 1500 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.
Шукрона
Панҷгоникҳо саломатанд
Фотима, Зуҳро, Оиша, Ҳасан ва Ҳусейн - тифлони панҷгоник дар ноҳияи Қубодиён, ки дар арафаи соли нави 2021 ба дунё омадаанд, як ҳафта пас чормоҳа мешаванд. Модари панҷгоникҳо Дилноза Маматова мегӯяд, ки саломатии панҷгоникҳо хуб буда, аз рӯзи тавлиди тифлакон кумаку дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро пайваста дарёфт мекунад ва аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ сипосгузор аст. Алъон барои ин оила хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ бунёд шуда истодааст. «ХАТЛОН»
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба соҳаи омӯзгорӣ, аз байн бурдани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии омӯзгорони ҷавон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2006 таҳти №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» ба тасвиб расидааст. Суоли матраҳ ин аст, ки иҷроиши қарори мазкур дар кадом сатҳ аст ва то кадом андоза омӯзгорони ҷавони вилояти Хатлон аз имтиёзҳо бархӯрдоранд? Коршиносон бар он назаранд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёз барои омӯзгорони ҷавон» на дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ мувофиқи матлаб амалӣ мегардад. Масалан, дар имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон таъмин намудан бо замини наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок, пардохти иловапулии 10-фоиза бо маоши моҳона давоми се соли аввали фаъолияти омузгорӣ дар назар дошта шудааст. Агар таҳлили ҷиддӣ намоем, беш аз 30 фисади омӯзгорони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва шумораи онҳое, ки ба замин ва қарзҳои имтиёзнок ниёз доранд, зиёд аст. Ба хотири маълумот пайдо намудан оид ба иҷрои рафти қарори болозикр дар шаҳру ноҳияҳо бо масъулини мақомоти маҳаллӣ, шуъбаҳои маориф ва омӯзгорон ҳамсуҳбат гаштем. Тибқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Исломиддин Нарсов, аз соли 2009 то соли 2020 дар ҳудуди ноҳияи мазкур 81 нафар омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд, ки ба 29 нафари онҳо дар соли 2020 қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Мавсуф илова намуд, ки дар ин замина 2 нафар бо замини полезикорӣ ва боғдорӣ таъмин гардида, ғайр аз кори омӯзгорӣ ба корҳои кишоварзӣ, низ машғул мебошанд. Инчунин, ба 46 нафар омӯзгорони ҷавон дар умум 43 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст, ки ҳар яки онҳо аз 3 то 6 ҳазор сомонӣ аз ин маблағи қарзи имтиёзнок истифода намудаанд. Дар умум аз соли 2009 –ум то соли 2020-ум 129 нафар омӯзгорони ҷавони ноҳияи Ёвон дар асоси имтиёзҳои мавҷуда мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ қарор гирифтанд.
(аз 12 то 17-сола), композиторӣ (аз 18 то 40-сола), сарояндагӣ (аз 12 то 17-сола), сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола), навозандагӣ (аз 12 то 17-сола), навозандагӣ (аз 18 то 40сола) баргузор мегардад. Дар озмун хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ иштирок карда метавонанд.
70 нафар барандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон шудаанд 70 нафар хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳар моҳ ба андозаи 200 сомонӣ стипендияи раиси вилоятро дарёфт хоҳанд кард.
Н.МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”
Оё омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳо бархӯрдоранд?
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 апрели соли 2021, таҳти №102, барои мукофонидани ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур имсол, дар маҷмӯъ, 162 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Аз ин ҳисоб 16 нафар барандаҳои ҷойи якуми озмун ва омӯзгорон ба маблағи умумии 24 ҳазор сомонӣ, 32 ғолиби ҷойи дуюм ва омӯзгорон ҷамъан 32 ҳазор сомонӣ ва 32 барандаи мақоми сеюм ва омӯзгоронашон ба маблағи умумии 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд. Озмун аз рӯйи жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ дар номинатсияҳои композиторӣ
Саидҷаъфар Одинаев, омӯзгори ҷавони муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Ёвон, бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда 6 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, дар баргузории тӯйи домодиаш истифода бурдааст. Ӯ изҳор дошт, ки маҳз бо истифода аз ин имтиёз тавонист маъракаи хонадоршавиашро доир кунад. «Албатта, мавҷудияти чунин дастгирӣ ва ҳавасмандгардониҳо мо ҷавононро рӯҳбаланд месозад ва водор мекунад, ки самимона дар касби пешгирифтаи худ фаъолият намуда, ба ин ғамхориҳои давлат сазовор бошем», - афзуд ӯ. Дар ин росто омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Кӯшониён Давлатзода Қосим изҳор дошт, ки дар бораи имтиёз барои омӯзгорони ҷавон ва дастгириҳои гуногун ёфтани омӯзгорони ҷавон зиёд шунидааст. «Масалан, маълумот дорам, ки ба омӯзгорони ҷавон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имтиёз ба омӯзгорони ҷавон» заминҳои наздиҳавлигӣ, қарзҳои имтиёзнок ва кумаки 10 - фоиза расонида мешавад. Маҳз инро ба инобат гирифта, зимни фаъолият дар муассисаи таълимии №60-и ноҳияи Кӯшониён соли 2015 ба Ҷамоати деҳоти «Заргар» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ариза чун ниёзманди замин пешниҳод кардаам. Ғайр аз ин, солҳои 2016 ва 2020 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-
Имрӯз бошад, интизорам, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имтиёз барои омӯзгорони ҷавон» ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман ҳам қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад. Зеро ман ва оилаи мо ба замини наздиҳавлигӣ ниёзи ҷиддӣ дорем», зикр кард Давлатзода Қосим.
тии вилоят барои ниёз доштанам ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчун омӯзгори ҷавон ариза ирсол кардам. Имрӯз бошад, интизорам, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имтиёз барои омӯзгорони ҷавон» ва дастуру супоришҳои Асосгузо-
(Идома дар саҳ.2)
Рамазон Насриддинзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи “Хатлон” гуфт, ки тибқи қарори раиси вилоят аз 19 апрели соли 2021, таҳти №120 бо мақсади ҳавасмандгардонии толибилмони фаъолу навовари муассисаҳои таълимии вилоят 168 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки стипендияи раиси вилояти Хатлон ҳар сол ба беҳтарин хонандагони таълимгоҳҳои вилоят, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба дастовардҳо ноил гардидаанд, тақдим карда мешавад.
Баррасии масъалаи дастгирии иҷтимоии шахсони маъюб Дирӯз, 22 - юми апрел, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Татбиқи нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш Фирӯза Шарифӣ доир ба тадбирҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар самти некуаҳволии маъюбон, боз ҳам тақвият бахшидан ба сатҳи зиндагии онҳо сухан гуфт. Иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба дастгирии иҷтимоии шахсони маъюб, фарогирии кӯдакони маъюб ба таҳсилоти томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ, тартиби таъмини нафақаҳои маъюбӣ ва қоидаҳои азнавбаҳисобкунии андозҳои нафақа, вазъи бо кор таъмин намудани маъюбон ва мусоидат ба касбомӯзии онҳо, дастрасии шахсони маъюб ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи вилоят табодули назар карданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби бонувон зиёд шуданд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 ва Вахш №32-ро, ки 18 апрели соли 2021 баргузор гардид, тасдиқ намуд. Ҳамин тавр, Одиназода Ҳуснигул Раҷаб бо гирифтани 65,9%-и овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷ. Балхӣ №30 ва Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо гирифтани 66,3% овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Вахш №32 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.
Хабарҳои бештар дар WWW. KHATLON-RUZNOMA.TJ Шанбе, 24.04.2021
Якшанбе, 25.04.2021
Душанбе, 26.04.2021
Шабона +10 +12 С
Шабона +13 +15 С
Шабона +13 +150 С
Рӯзона +29 +310 С
Рӯзона +31 +330 С
Рӯзона +31 +330 С
0
0
Манбаъ: www.meteo.tj