Рӯзномаи Хатлон №20-2021

Page 1

Воқеияти нарх дар бозор...

Хомӯш набошем

Ҳақиқати дигар

Дар масири Истиқлол

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

-

№20 (3309), 16.04.2021

j t . a m o n z u r www.khatlon-

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Идомаи сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон 13 апрел бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Қубодиён маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ» барпо гардид. Корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ» 38 намуд яхмос истеҳсол менамояд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар бозор ва мағозаҳои ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ба савдо бароварда мешаванд. Аз ҷониби корхона 7 техникаи махсус барои таъмини саривақтии маҳсулот ба нуқтаҳои фурӯш ташкил карда шудааст. Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон аз гармхонаи шаҳрванд Азамат Абдураҳмонов дидан намуданд.

Сохтмони корхонаи мазкур бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, моҳи сентябри соли 2020 ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бахтиёр Раҳмонов ба анҷом расид. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ, бо маоши баланд, ҷалб гардиданд.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли яхмоси «Мавсимӣ» моҳи марти соли равон дар масоҳати 0,38 га бо фарогирии коргоҳи истеҳсолӣ дар майдони 0,05 ба анҷом расонида шуд. Тавре ки маълумот доданд, иқтидори истеҳсолии корхона 40-45 тонна яхмос дар як моҳро дар бар мегирад. Дар корхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд. Айни замон

Гармхонаи мазкур дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дар майдони 1 гектар бунёд гардида, дар он помидор парвариш карда мешавад. Дар гармхона 25 ҳазор ниҳоли помидор шинонида, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Азамат Абдураҳмонов мақсад дорад, ки дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ карда, масоҳати гармхонаро то 2 гектар васеъ намуда, дар як сол се-чор маротиба ҳосил ба даст оварад.

Дирӯз, 15 апрел, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот орост.

Қ. ҲАКИМЗОДА: “Барои рушди ҳамкориҳо бо Фаронса шароити муносиб фароҳам аст” Раиси вилоят меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки вохӯрии имрӯза ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда замина мегузорад. Қайд гардид, ки Фаронса яке аз нахустин кишварҳоест, ки соли 1991 Истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохта, айни ҳол ҳар ду мамлакат дар арсаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳарбию сиёсӣ робитаҳои устувор доранд. Қурбон Ҳакимзода ба ҳайати Фаронса доир ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода, зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии вилоят сол аз сол афзоиш меёбанд ва ин ба некуаҳволии мардум мусоидат мекунад. - Хатлон вилояти аграрӣ буда, 24,6 ҳазор километри мукааб масоҳат дорад ва 35 фоизи аҳолии мамлакат дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, - қайд намуд раиси вилоят. – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масъалаи рушди соҳаи иқтисодиёт диққати аввалиндараҷа дода, ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузории ватанию хориҷӣ тадбирҳои лозимиро меандешад. Феълан вилояти Хатлон бо 34 кишвари наздику дур ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монда, гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2020 беш аз 308 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 35 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 478 миллион доллар амалӣ мегардад. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи рушди соҳаи саноат низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Қайд гардид, ки шумораи корхонаҳои саноатии вилоят ба беш аз 620 адад расида, танҳо дар соли гузашта дар вилоят ба маблағи умумии 8,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Дар соли 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 98 корхонаи хурду миёна бунёд ва

мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Инчунин, 90 дарсади неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда ба вилояти Хатлон рост меояд. Дар мулоқот инчунин зикр ёфт, ки вилояти Хатлон калонтарин минтақаи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва рушди мамлакат ба ин соҳа вобастагӣ дорад. Бинобар ин, дар вилоят ба масъалаи ислоҳоти хоҷагии деҳот ва таҷдиди хоҷагиҳои бузург аҳамият дода мешавад. Имрӯз саҳмдорони беш аз 68 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии амалкунанда озодона ба интихоби кишти маҳсулот, парвариш, коркард ва фурӯши он машғуланд. Соли 2020 аз вилоят ба хориҷи мамлакат 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки дар ин миён 89 ҳазор тоннааш пиёз, 63 тонна харбуза, 7,4 тонна меваҷот, 59,5 тонна каду, 5,7 тонна ангур мебошад. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки вилоят дорои инфрасохтори муносиб барои содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар тавассути роҳҳои автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан мебошад. Бунёди минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» дар ноҳияи Данғара, «Панҷ» дар ноҳияи Ҷайҳун ва «Кӯлоб» дар шаҳри Кӯлоб имконияти васеъро барои ташкили корхонаҳои муштарак бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ фароҳам овардааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва сафири Фаронса

Дар гармхона усули обдиҳии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, гармидиҳии он бо ангишт таъмин карда мешавад. Айни замон дастранҷи ин марди деҳқон ғарқи ҳосил буда, ба пухтан даромадааст. Ҷамъоварии ҳосил рӯзҳои наздик оғоз мегардад. Мавсуф, ҳамзамон дар 0,14 га замини наздиҳавлигии худ гармхона ташкил намуда, дар он лимӯ ва бодиринг парвариш мекунад. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба заҳмати кашидаи Азамат Абдураҳмонов баҳои баланд дода, ба ӯ барои бо ҷойи кор таъмин намудани занони хонанишин миннатдорӣ баён намуд. Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маҷмааи тиббӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта мешавад, дидан намуданд. Дар асоси санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи марти соли 2018 имзо шуданд, дар майдони 5 гектар сохтмони беморхонаи бисёрҷабҳаи дорои 200 кат оғоз гардида, корҳо бомаром идома доранд. Масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили сангу шағал аз худи ноҳия ва семент аз ҶДММ «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон ба тариқи шартнома дастрас карда мешавад. Ба корҳои сохтмонии иншоот 10 техника, 1 крани борбардор, 2 бели механикӣ, 1 экскаватор, 1 мошини тамғаи портер, ду мошини бетоншӯрӣ, ду мошини боркашонӣ ҷалб карда шудаанд. Корҳо дар ҳама бинову иншооти сохташаванда идома дошта, рангпардозии биноҳои маъмурӣ-табобатӣ ва дигар иншооти ёрирасони он бо маром идома доранд. Инчунин, сохтмони деворҳои иҳотавии иншоот қисман аз блоки сементӣ ва панҷараҳои металлӣ ба анҷом расонида, корҳои ободгардонӣ ва шинонидани гулу дарахтони сояафкан ва ороишӣ дар қисмати асосии даромадгоҳ ва атрофи биноҳо ба анҷом расида, роҳи паҳлуии мошингарди байни боғи фарҳангии ноҳия ва беморхонаи сохташаванда бо паҳноии 8 метр ва дарозии 180 метр ба

дар Тоҷикистон Мишел Тарран изҳори итминон намуданд, ки барои вусъати ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ миёни минтақаҳои ду кишвар шароити муносиб фароҳам мебошад. Махсусан, ширкатҳои туристии вилояти Хатлон, ки теъдодашон айни ҳол 19 адад аст, омодаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Фаронса буда, метавонанд сайёҳони Фаронсаро ба саёҳати навъҳои кӯҳнавардӣ, экологӣ, шикорӣ, табобатӣ, солимгардонӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ҷалб намоянд. Сафири Фаронса Мишел Тарран барои пазироии самимӣ миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки якчанд маротиба аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон дидан кардаву таассуроти неке бардоштааст. Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба имконияти рушди ҳамкориҳо дар бахши омодасозии омӯзгорони баландихтисоси забони фаронсавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ифтитоҳи маркази фарҳангии забономӯзӣ, бунёди

Ҳаҷми мукофотпулии биологу риёзидонҳо маълум гардид Барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бо қарори раиси вилояти Хатлон 103 ҳазору 200 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст. Озмуни мазкур бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040), ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар соли 2021 баргузор мегардад. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия, аз ҷумла математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад.

Маблағи ҷоизаи ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бештар шуд Ғолиби ҳар як номинатсияи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври вилоятӣ 2000 сомонӣ ва омӯзгори ӯ 1000 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт. Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 апрели соли 2021, №103, барои мукофотонии ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур имсол дар маҷмӯъ 146 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Аз ин ҳисоб 36 нафар барандаҳои ҷойи якуми озмун ва омӯзгорон ба маблағи 54 ҳазор сомонӣ, 72 ғолиби ҷойи дуюм ва омӯзгорон 54 ҳазор сомонӣ ва 72 барандаи мақоми сеюм ва омӯзгоронашон ба маблағи умумии 28 ҳазору 800 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Озмун аз рӯйи номинатсияҳои хондан ва азёд кардани осори адабиёти классики тоҷик, хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосири тоҷик ва осори шифоҳии халқи тоҷик, хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон ва номинатсияи эҷодии назму наср баргузор мегардад. Дар озмун хонандагони синфҳои 10-11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ходимони илмӣ, адабӣ, аспирантон, докторантҳо, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар иштирок карда метавонанд.

Имсол садақаи фитр чанд сомонӣ муқаррар шудааст? Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси як қарори худ нисоби закотро 25000 сомонӣ муқаррар намудааст, ки аз он 625 сомонӣ бояд закот дода шавад. Ин ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон садақаи фитрро барои имсол 6 сомонӣ сари ҳар шахс муайян намудааст. Тибқи талаботи шариат садақаи фитр бояд ба шахсони эҳтиёҷманд, аз қабили ятимону бепарасторон дода шавад. Ба андешаи раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода, аз рӯйи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор миёни ҷомеа. “Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст”,-мегӯяд С. Абдуқодирзода. Гузашта аз ин, ба таъкиди ӯ, яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Раиси Шӯрои уламо барои тақвияти ин андеша аз ҳадиси Паёмбари ислом (с) ёдовар шуд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».

Вусъати ҳудуди гармхонаҳо дар Норак Дар ҳудуди деҳот ва корхонаю муассисаҳои шаҳри Норак дар масоҳати 65068 м² гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ ташкил карда шудааст. Масоҳати гармхонаҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Дӯконӣ” 62500 м², дар Ҷамоати деҳоти “Пули Сангин” 328 м² ва дар ҳудуди маркази шаҳр 900 м²-ро фаро мегирад. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Норак дар масоҳати 37000 м² лимӯхонаҳо ва дар масоҳати 550 м² гармхона барои парвариши гулҳои гуногун фаъолият менамояд. Дар назар аст, ки дар давоми соли 2021 боз дар масоҳати 300 м² гармхонаҳо барои парвариши сабзавот ва дар масоҳати 720 м² гармхонаҳо барои лимӯ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот ва содироти он ба Фаронса, ташкили намоишгоҳҳои рассомӣ, фестивалҳо, сафарҳои ҳунарӣ, чорабиниҳои сайёҳӣ, варзишӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, роҳандозии ҳамкориҳои доираҳои тиҷоратии минтақаҳои ду кишвар ва дигар самтҳо табодули назар карданд. Н. МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”

Хабарҳои бештар дар WWW. KHATLON-RUZNOMA.TJ Шанбе, 17.04.2021 Шабона +11 +130 С Рӯзона +26 +280 С

Якшанбе, 17.04.2021 Шабона +12 +140 С Рӯзона +22 +240 С

Душанбе, 17.04.2021 Шабона +11 +130 С Рӯзона +27 +290 С


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Рӯзномаи Хатлон №20-2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu