ХАТЛОН
БАНЇ-ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №2 (3139)
панљшанбе, 11 январи соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Љамъбасти сол
МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД 10 январи соли равон дар маљлисгоњи калони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љамъбасти натиљањои иќтисодию иљтимоии вилояти Хатлон дар соли 2017 бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Мањмадтоир Зоир доир гардид. Дар љамъомад муовинони раиси вилоят, раисони шањру навоњї, роњбарони ташкилоту муассисањо, маќомоти њифзи њуќуќ, андоз, молия, раисони љамоатњо, фаъолон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд. Љаласаро раиси вилоят, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода њусни ифтитоњ бахшида, иброз дошт, ки чанде ќабл дар иљлосияи дувоздањуми Маљлиси вакилони халќи вилоят даъвати панљум доир ба дастовардњои иќтисодию иљтимоии
вилоят маълумоти муфассал дода будем. Дар рафти машварати корї масъалањои вазъи љамъоварии пахта, захираи меваю
сабзавот ва омодагї ба зимистонгузаронї, њамзамон њолати обрасонї, таъминот бо ќувваи барќ, пардохти андоз, ободонию тозакорї ва дигар масъалањои дахлдор мавриди баррасї ќарор гирифтанд. - Мо вазифадорем, ки боз њам бештар зањмат кашида, ба иљрои њадафњои стратегии миллиамон – таъмини истиќлолияти энергетикї ва истифодаи самарабахши неруи барќ, аз бунбасти коммуникатсионї баровардан ва ба кишвари транзитї табдил додани Тољикистон, њифзи амнияти озуќаворї ва дастрасии ањолии мамлакат ба ѓизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гўшањои дурдасттарини он ободу зебо гардонем, корхонаву коргоњњои нав бунёд кунем, барои сокинон љойњои корї муњайё созем ва сатњу сифати зиндагии халќамонро аз имрўза дида баланд бардорем, - афзуд Зокирзода Мањмадтоир Зоир, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон. - Дар Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон таъкид шудааст: «Вазифаи муњимтарини вакилони мардум, аъзои Њукумат, роњбарони тамоми идораву муассисањо, вилоятњо ва шањру ноњияњо, ташкилоту муассисањо, кулли хизматчиёни давлатї, љавонону бонувон, ањли зиё ва умуман хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кўшиши худро, дар навбати аввал ба хотири њифзи сулњу оромї, суботи
сиёсї ва вањдати миллї дар кишвари азизамон сафарбар созанд». Сипас муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов оид ба тараќќиёти иќтисодию иљтимоии вилоят тайи як сол маърўза кард. Номбурда зимни суханронї ироа дошт, ки иљрои наќшаи андозњо дар соли 2017-ум 104,2 фоиз таъмин гардида, ба буљет 862,7 миллион сомонї ворид карда шуд, ки ин нисбати наќша 34,5 миллион сомонї ва њамин давраи соли гузашта 122,3 миллион сомонї зиёд мебошад. Раљабалї Раљабов масъулини соњаро вазифадор намуд, ки бо назардошти зиёд намудани наќшаи ќисми даромади буљет дар соли 2018 аз ибтидои сол ба корњои назоратї, азнавбаќайдгирии субъектњои андозсупор ва дарёфти имкониятњои дигари андозситонї фаъолияти коргузории худро таќвият бахшанд. Баъд аз шунидани маърўза раиси вилоят роњбарони шањру ноњияњои Кўлоб, Љ. Балхї, Ёвон, Љайњун, Фархор, Сарбанд, Вахш, Бохтарро мавриди пурсиш ќарор дода љињати самаранок истифода бурдани замин, дуруст нишон додани њисобу китоби оморї, фаъолияти бонизоми дастгоњњо ва таъмиру тармими пойгоњњои обкашї масъулинро вазифадор намуд. Роњбари вилоят зимни суханронї таъкид дошт, ки ба масъалаи ѓанї гардонидани буља диќќати љиддї додан зарур аст. Аз ин рў, гурўњњои корї бояд бењтару хубтар фаъолият намуда, сарчашмањои бештари андозсупориро пайдо созанд. Тавре ки Давлатшоњ Гулмањмадзода иброз дошт, соли равон Наврўзи
Марњилаи сеюми азнавсозї
ЌЎРЃОНТЕППА. Роњњои 25 КЎЧА ТАЪМИРУ ТАЉДИД МЕШАВАнД
Ин нукта дар маросими ба истифодадињии марњилаи дуюми таљдид ва азнавсозии роњњои дохили шањрии Ќўрѓонтеппаю Кўлоб ва оѓози марњилаи сеюм гуфта шуд. Дар ин чорабинї муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон Иброњим Азим, раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода, сафири мухтори Љумњурии Халќии Хитой Юе Бин, директори Дирексияи сохтмони иншоотњои њукуматии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Раљабалї Сайвализода ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд. Солњои охир аз тарафи Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба масъалаи бунёди роњњои нав ва таъмиру таљдиди роњњои мављуда беш аз пеш таваљљуњ зоњир карда мешавад. Имрўзњо татбиќи лоињањои давлатии сармоягузорї оид ба таљдиди роњи Душанбе-Ќўрѓонтеппа, Хуљанд-Исфара, Кўлоб-Шамсиддин Шоњин, Темурмалик-Балљувон-Ховалинг ва ќитъањои дигар ба маблаѓи 7,7 миллиард сомонї идома дорад. Њамчуниин як ќатор лоињањои муњимми дигар дар марњилаи омўзиш ва лоињакашї ќарор доранд, - иброз дошт зимни баромад Иброњим Азим, муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон. Таъкид карда шуд, ки дар доираи таваљљуњи доимии Роњбари давлат дар даврони соњибистиќлолї њазорњо километр роњњои мошингард таљдид шуда, дањњо километр наќбњои мошингузар ва садњо пул бунёд гардидаанд, ки мушкилоти њамлу наќли молу мањсулот аз як минтаќа ба минтаќаи дигари мамлакат бамаротиб камхарљу осон шудааст. Дар идома Иброњим Азим гуфт, ки Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатї ин дастовардро махсусан таъкид намуда, аз љумла иброз доштанд, ки тибќи рейтенги Форуми љањонии иќтисодї дар доираи нишондињандаи ќобилияти раќобати байналмилалї Љумњурии Тољикистон аз љињати сифати роњњо ва рушди инфрасохтор мавќеи хубро ишѓол намуда, дар ин љода ба њайси кишвари пешќадам дар минтаќа арзёбї гардидааст. «Дар баробари бунёду азнавсозии роњњои ањамияти байналмилалидошта дар самти таъмиру таљдид ва нигоњдории роњњои дохилишањрию байниноњиявї низ бахусус солњои охир корњои сохтмонї вусъати тоза мегирад», иброз дошт муовини Сарвазири Љумњурии Тољикистон. Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки дар
марњилаи сеюм камбудию норасоињое, ки дар марњилањои якуму дуюм ба миён омадаанд, бояд пурра бартараф карда шаванд. Дар идома раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода њузури мењмононро ба вилоят шодбош гуфта, аз љумла зикр намуд: «Мо аз зањматњои шабонарўзии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон сипосгузорем, ки ба ин масъала таваљљуњи зиёд доранд. Њамчунин, миннатдории сокинони вилояти Хатлонро ба Љумњурии Халќии Хитой барои кумаки бебозгашт баён мекунам. Дар ду марњила тавонистем, ки чанд кўчаи шањрро таъмиру таљдид намуда, њусни маркази маъмурии вилоятро ободу зебо гардонидем. Бо истифода аз фурсат ба нафароне, ки бо зањмати хеш (њам фармоишгар ва њам иљрочї) то имрўз корњои асосии таъмиру азнавсозиро дар шањрњои Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб бо сатњу сифати баланд ба сомон расонидаанд, сидќан ибрози сипос менамоям». - Хело шодам, ки дар маросими ба истифодадињии марњилаи дуюми таљдид ва азнавсозии роњњои дохилишањрии Ќўрѓонтеппаю Кўлоб иштирок мекунам, - таъкид дошт сафири Љумњурии Халќии Хитой Юе Бин. - Корњои сохтмонї ва азнавсозї дар зиёда аз 20 километр роњ ба анљом расидааст. Миннатдории самимии хешро ба сохтмончиён ва маќомотњои гуногуни Љумњурии Тољикистон барои кумак ва дастгириашон баён менамоям. Фикр мекунам, ки лоиња барои бењтару хубтар шудани муносибати дўстонаи ду кишвар мавќеи хоса хоњад дошт. Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Халќии Хитой кишварњои ба њам дўст, бародар ва њамсояњои хело наздик ба њамдигар мебошанд. Зикр карда шуд, ки иљрои Лоиња дар се марњила пешбинї гардидааст. Дар марњилаи якум бо љалби 58,4 миллион юан (баробар 9,6 миллион доллари амрикої) дар шањри Ќўрѓонтеппа 6,2 километр ва дар шањри Кўлоб 5,8 километр роњњо таъмир гардидаанд. Њамчунин, дар шањри Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб ду пул азнавсозї шуда, мавриди истифода ќарор гирифт. Татбиќи марњилаи дуюм бо љалби 59,6
миллион юан (баробар ба 9,7 миллион доллари амрикої) дар шањри Ќўрѓонтеппа таъмири роњњои 9 кўча бо дарозии 8,4 километр ва азнавсозии ду пул (бо дарозии 6-12 метр) ба анљом расид. Лоињаи марњилаи сеюм, ки 11 миллион доллари амрикоро дар бар мегирад, айни њол дар омўзиш ва муњокимаи шањрдории Ќўрѓонтеппа ва Кўлоб ќарор дорад. Дар доираи марњилаи сеюм дар шањри Ќўрѓонтеппа таъмиру навсозии 25 кўча бо дарозии 19 километр ва азнавсозии пули 21-метра дар назар дошта шудааст. Дар шањри Кўлоб дар доираи ин марњила таъмири 8 кўча бо дарозии 12,1 километр ва азнавсозии як пули 39-метра анљом дода мешавад. Фаромўз БОБОЕВ, «Хатлон»
и 77 ррЎЎззи ОН ЛО АТТЛ ХХА ВАКИЛОН НУКТАЊОИ ПАЁМРО ШАРЊ МЕДИЊАНД Гурўњи вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон барои гузаронидани вохўрињо бо интихобкунандагон оид ба шарњи нуктањои Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии мамлакат ба шањру ноњияњои вилояти Хатлон сафар карданд. Чунин мулоќоти судманд рўзи 9-уми январ дар Ќасри фарњангии шањри Кўлоб бо вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Абдулѓаффор Рањмонзода баргузор гардид. А.Рањмонзода зимни баромади худ аз нуктањои Паёми Президенти кишвар ба Маљлиси Олии Тољикистон ёдовар шуда, интихобкунандагони хешро ба амалњои созандагию бунёдкорї даъват намуд. Ќобили зикр аст, ки имрўзњо чунин дидору мулоќотњои таблиѓотї дар тамоми шањру навоњии вилоят доир гашта истодаанд. Ин силсилаи вохўрињо 8 январ оѓоз гардида, то 17 январи соли 2018 идома меёбанд.
АЗМИ БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ “МАРЊАМАТ БА ХАТЛОН!” Дар Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї давоми соли 2018 баргузории фестивали фарњангиву сайёњии “Марњамат ба Хатлон!” ба наќша гирифта шудааст. Дар ин бора Нуъмон Абдуѓаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, иттилоъ додааст. Вай афзуд, ки кумита ба муносибати Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї баргузор намудани як ќатор чорабинињои сатњи миллї ва байналмилалиро тарњрезї кардааст. Аз љумла фестивали фарњангиву сайёњии “Таомњои миллї”, Форуми байналмилалии сайёњї ва бори нахуст Намоишгоњи бай-
налмилалии сайёњї тањти унвони “Тољикистон — сарзамини сайёњї” бо љалби ширкатњои сайёњии ватанию хориљї ва Созмони умумиљањонии сайёњї, Симпозиум ва Намоишгоњи сайёњї тањти унвони “Наврўз мероси фарњангии сайёњї”, баргузории як ќатор озмунњо дар бахши сайёњї, аз ќабили маќолаи бењтарин, мусаввара ва расмњои бењтарин, роликњо ва наворњои видеоии бењтарин ва дигар чорабинињо ба наќша гирифта шудаанд.
КИШТИ БАРВАЌТИИ ЗИРОАТЊО ДАВОМ ДОРАД байналмилалї дар маркази вилоят - шањри Ќўрѓонтеппа таљлил мегардад. Раиси шањр, масъулини ташкилоту муассисањоро зарур аст, ки ба ин санаи фархунда њамаљониба омодагї дида корњои ободонию бунёдкориро вусъати тоза бахшанд. Њамчунин баргузории рўзњои фарњангии вилояти Бадахшон дар Хатлони бостон дар назар аст. Аз ин рў, роњбари вилоят масъулини шањру ноњияњоро муаззаф намуд, ки ба ин чорабинињо омодагии љиддї бинанд. Бањри дар амал татбиќ намудани дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон дар паёмашон ба Маљлиси Олї аз тамоми шароитњои мављуда пурсамар истифода баранд. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
Конференсияи илмї-назариявї Бо иќдоми маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмию назариявии вилоятї дар мавзўи “Паёми Пешвои миллатбарномаи амал дар самти рушди туризм ва њунарњои миллї” баргузор гардид.
Иќдоми Пешвои миллат дастгирї меёбад
Кишти барваќтии зироатњои кишоварзї дар вилояти Хатлон то имрўз ба ќадри 94,6 фоизи дурнамои мавсими имсола гузаронида шудааст. Тавре ки аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба рўзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, бо маќсади замина гузоштан барои њосили соли 2018 дар ин давра дар майдони 15383,9 гектар (нисбат ба соли гузашта 3127 гектар зиёдтар) кишти барваќтї анљом дода шудааст. “Кишоварзон азм доранд, ки ба хотири таъмини ањолї бо мањсулоти тару тоза ва танзими нарх дар бозорњо майдони киштро бештар ва њаљми мањсулоти тавлидотиро афзоиш дињанд”, - зикр намуд манбаи хабар. Майдони кишти зироатњои барваќтиро асосан пиёз ташкил дода, то ин давра дар майдони 7206 гектар гузаронида шудааст, ки ба 93,2 фоизи дурнамо баробар мебошад.
ИСТЕЊСОЛОТИ САНОАТЇ АФЗОИШ ЁФТААСТ Корхонаи криолити ноњияи Ёвон дар соли 2017 дар њаљми 519,2 тонна алюминийи фтордор, 111 тонна криолит, 3678 тонна кислотаи сулфат, 287 тонна коагулянт истењсол кардааст. Бино ба хабари Бањром Миров, мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилоят, нишондињандањои истењсолии корхонањои саноатии Хатлон дар соли 2017 мусбат мебошанд. Масалан, дар назди ЉДММ “Моњир семент”-и ноњияи Ёвон соли гузашта истењсоли халта роњандозї шуда, дар ин давра зиёда аз 9 миллиону 895 њазору 500 дона халта, дар назди ЉДММ “Субњи Сарбанд”-и шањри Сар-
банд 21,5 њазор метри мукааб ќубурњои пласстмасї, дар корхона ва коргоњњои навтаъсиси атласу адрасбофї 4,3 њазор метри мураббаъ матоъ ва аз љониби ЉДММ Иттињодияи аграрии “Водии заррин” дар ноњияи Љайњун наздики 2,5 њазор тонна биринљ истењсол гардид, ки бевосита дар зиёдшавии намуд ва њаљми мањсулоти саноатї заминаи мусоид фароњам овардааст.
ТАЪСИСИ АВВАЛИН ТЕАТРИ ЛЎХТАК ДАР ХАТЛОН Дар шањри Ќўрѓонтеппа бо ќарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода муассисаи давлатии Театри вилоятии лўхтаки “Афсона” таъсис дода шудааст.
Чорабиниро муовини раиси вилоят, доктори илмњои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар оѓоз бахшида, таъкид дошт, ки Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиаш ба Маљлиси Олии кишвар дар баробари сиёсати дохилию хориљии мамлакат нисбати рушди туризм ва њунарњои миллї махсус таъкид ба амал оварданд, ки сайёњї яке аз соњањои муњими ба шуѓл фаро гирифтани ањолии ќобили мењнат, баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум, рушди дигар соњањои хизматрасониву истењсолї, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарњанг, табиат ва анъанањои миллї ба њисоб меравад. - Дар воќеъ вилояти Хатлон дорои заминањои васеи рушди сайёњї ва њунарњои миллї буда, табиати нотакрору захирањои оби мусаффо ва ќуллањои сар ба фалаккашидаю гиёњњои шифобахшаш сайёњони хориљиро ба худ љалб намудааст,- ироа дошт ректори ДДЌ, доктори илмњои педагогї, профессор Мањмад Шодиев дар љамъомад. Сипас Зокир Асроров, Бењрўз Бобоев, Ањлиддин Саймуъминов, Шамсулло Ањадов доир ба мавзўњои “Паём дастури роњнамунсоз дар самти рушди сайёњї”, “Наќши Шўрои байниидоравї дар таъмини рушди туризм дар вилояти Хатлон”, “Њунарњои миллї- муаррифгари фарњанги миллї” “Иншоотњои мероси таърихию фарњангї ва рушди туризми таърихї дар вилояти Хатлон” маърўза намуданд. Зимни маърўзањо ќайд гардид, ки барои инкишофи туризми таърихї, варзишии кўњї (алпинизм), экологї, пеш аз њама раќобатпазирии мањсулоти ватанї, омода намудани кадрњои баландихтисос, бунёди иншооотњои бузурги инфрасохтор, сармоягузорї ва пешнињоди хатсайрњои зиёди сайёњї шарти зарурї ба њисоб меравад. Аз ин рў, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњоро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти хешро хуб ба роњ монанд. ВАХШОНА, “Хатлон”
САЊМИ СОЊИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ РОЊЊО Соњибкорони мањаллї дар вилояти Хатлон тайи соли гузашта љамъан 70 километр роњро таъмир, 6 километр роњ ва 1 адад пул бо дарозии 15 метрро таъмири асосї кардаанд. Ба иттилои масъулони шуъбаи наќлиёт ва коммуникатсияи вилоят, дар соли 2017 инчунин соњибкорон 51 адад кўпрукро ба дарозии 1164 метр ва 16 ќубурро бо дарозии 68 метр аз таъмири љорї бароварда, 464,7 километр роњро сангфарш кардаанд. Барои анљоми ин корњо 34 миллиону 876 њазор сомонї масраф гардидааст. Н. МУСТАФО
Хайрулло Давлатов, директори муассисаи мазкур, бо тасдиќи ин хабар ба рўзномаи “Хатлон” гуфт, ки Театри давлатии лўхтак дар бинои собиќи Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Ќўрѓонтеппа фаъолият хоњад кард. Ќарор аст, ки дар театри навбунёд 24 мутахассис соњиби љойи кор шаванд. “Ният дорем, ки моњњои март-апрели соли љорї бо намоишномаи худ дар фестивали байналмилалии театрњои лўхтак “Чодари хаёл”, ки дар шањри Душанбе барпо хоњад шуд, баромад намуда, театри навтаъсисро ба љомеаи фарњангї муаррифї кунем”, - афзуд Х. Давлатов. Ќобили зикр аст, ки театри “Афсона” аввалин театри лўхтак дар вилояти Хатлон ва севумин чунин муассисаи фарњангї дар љумњурї (пас аз театрњои лўхтаки шањри Душанбе ва шањри Бўстони вилояти Суѓд) мебошад.
ДАСТГОЊЊОИ НАВИ ТИББЇ ВОРИД ГАРДИД Ба Маркази ёрии таъљилии тиббии шањри Кўлоб якчанд дастгоњу таљњизоти тиббии њозиразамон, аз ќабили дастгоњи нафаскашии сунъї, кардиомонитор коагулятор, дефибриллятор ва дигар таљњизоти ташхисиву табобатї ба маблаѓи умумии 183 њазор сомонї ворид гардид. Тибќи иттилои директори марказ Ниёзмад Шомадов, таљњизоти воридгардида барои дар сатњи баланд хизмат расонидан ба беморон истифода шуда, кори табибонро осон мекунанд. “Ин таљњизот асосан барои аз
ташхис гузаронидани амалиёти љарроњї истифода бурда мешаванд. Дар марказ дар маљмўъ зиёда аз 30 адад таљњизоти тиббї мављуданд, ки барои беморон хизмат мерасонанд”, - хабар дод Ниёзмад Шомадов.
МАШЌЊОИ ТАКТИКЇ ДАР СЊФ ХАТЛОН Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї барои наљотбахшони ситоди ин кумита дар вилояти Хатлон машќњои махсуси тактикї гузаронид. Њадафи аслии тамринњо такмили ихтисоси наљотдињандањо ва бењтар намудани њамоњангї дар фаъолияти онњо њангоми њолатњои фавќулода унвон мешавад. Њамчунин барои њайати шахсї доир ба љанбањои психологии фаъолият ва роњу усулњои расонидани кумаки аввалияи тиббї машѓулият гузаронида шуд.
ИМСОЛ ЊАМ ЛИГАИ ОЛЇ 8 ДАСТА ХОЊАД ДОШТ Мусобиќоти имсолаи ќањрамонии футболи Тољикистон бо ширкати њашт дастаи лигаи олї дар се давра доир хоњад шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тољикистон (ФФТ) хабар додааст. Ба иттилои ин манбаъ, бо тасмими кумитаи иљроияи ФФТ шакли гузаронидани мусобиќоти ќањрамонии Тољикистон байни дастањои лигаи олї бетаѓйир мондааст. Дастаи «Њосилот»-и Фархор, ки дар мусобиќоти порсолаи ќањрамонии Тољикистон дар љойгоњи охирин ќарор гирифт, бар асоси дастур лигаи олиро тарк намуда, соли равон дар лигаи аввал бозї хоњад кард. Имсол Хатлонро ду даста - “Вахш”-и Ќўрѓонтеппа
ва “Панљшер”-и ноњияи Љ. Балхї намояндагї хоњанд кард. ФФТ инчунин хабар дод, ки дар доираи барномаи “Forward”, ки онро Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар Тољикистон роњандозї мекунад, дар муддати се соли минбаъда аз љониби ин созмони љањонї бањри рушди футболи бошгоњии кишвар кўмаки молї расонида хоњад шуд. Масъули гўша М. НОСИРЉОН