26-умин солгарди таъсисёбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон муборак!
ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №8 (3193)
панљшанбе, 21 феврали соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Вазъияти имрўзаи љањон ва минтаќа таќозо менамояд, ки Ќуввањои Мусаллањи мамлакат, бахусус, љузъу томњои Ќўшунњои сарњадї њамеша дар њолати омодабош ќарор дошта бошанд. Мо ба Ќуввањои Мусаллањи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онњо минбаъд низ истиќлолияту озодии Тољикистони мањбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар њимоя мекунанд. Пешвои миллат Эмомалї Рањмон
ПАЁМИ табрикии раиси вилояти Хатлон Њакимзода Ќурбон бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон
Њар рўзи сол барои мо санаи таърихиест, ки бањри тањкими давлатдории миллї наќш ва ањамияти махсус дошта, истиќлолияти моро комилтар мегардонад. Вобаста ба ин, ќайд намудан зарур аст, ки давлатдорї бе мављудияти рукнњои муњими таъминкунандаи амният ва ќудрати дифоии он комил буда наметавонад. Аз ин рў, имрўз мо бо ифтихор аз он рўзи таърихї, яъне 23 феврали соли 1993 ёд мекунем, ки Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон таъсис ёфт. Воќеан њам, ин рўз њамчун санаи муњим дар таърихи давлатдории мо ањамияти хоса дошта, нишонаи зина ба зина ќудрат пайдо кардани давлат дар арсаи байналмилалї мебошад. Бо гузашти 26 сол аз ин рўзи муборак ќудрат, нуфуз ва симои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон куллан дигаргун гашта, он ба неруи бузурге мубаддал гаштааст, ки эътимоди Сарфармондењи Олии Ќуввањои Мусаллањ ва тамоми мардуми тољикро ба даст оварда, њамчун сипари шикастнопазир дар роњи њимояи манфиатњои миллию давлатї сарбаландона фаъолият намуда истодааст. Дар марњалаи нињоят вазнин ва њассоси таърихї, аз љумла љанги тањмилии шањрвандї, буњрони вазнини иќтисодию сиёсї, номуайянии мавќеи ќудратњои сиёсии љањонї дар минтаќа таъсис додани Ќуввањои Мусаллањи миллї амали љавонмардона ва дурбинона буда, он имконият дод, ки ба идомаи баъзе манфиатхоњињо дар минтаќа хотима гузошта шавад. Имрўз мо ќудрати муњофизатии ин неруи бузургро васф намуда, њаргиз њуќуќи маънавии фаромўш кардани мардонагии њазорњо нафар љавонмардони шуљои дар роњи тањкими субот ва тамомияти арзии давлат љонбохтаро надорем. Њамчунин, имсол аз рўзи берун шудани Ќуввањои Шўравї аз ќаламрави Афѓонистон 30 сол пур мешавад. Дар ин рўзи муборак ќарзи инсонии худ медонам, ки дар бораи хизмати мардонавор ва ватандўстонаи љанговарони башардўст, ки бањри иљрои супориши њарбї дар давлати њамсояи Афѓонистон ќањрамонињои бемисл нишон дода, мактаби шуљоати њарбиро дар ин кишвар гузашта, ќисме аз онњо барнагаштаанд, ба ёд биорем. Инњо нафароне буданд, ки бо садоќати беандоза уњдадории њарбї ва супориши ватанро бо љоннисорињо иљро намуда, намунаи бењтарини мактаби ватандорї барои насли наврасу љавони имрўза мебошанд. Мо пеши рўњи ин ќањрамонфарзандон ќарздор њастем ва ба мардонагию шуљоатмандии онњо сари таъзим фуруд оварда, бањри болидагии рўњи абадзиндаи онњо сулњу суботи устувор ва ягонагии давлати мустаќили худро чун гавњараки чашм муњофизат хоњем
кард. Тањлили марњилањои асосии ташаккулёбии Артиши миллии мо бори дигар собит месозад, ки бе ягон тањкурсии зарурї, яъне бе пойгоњи аввалия ва одитарини моддиву техникї ташкил намудани Ќуввањои Мусаллањ, иштироки фаъолонаи он дар барќарор кардани сохти конститутсионї ва њокимияти ќонунї, мубориза бар зидди дастањои мусаллањи љинояткор, ошубњои хиёнаткорона, кўшишњои табаддулоти њарбии хоинони миллат ва њифзи сарњади давлатї, мањз дар натиљаи доштани рўњияи баланди љангї, садоќат ба принсипњои соњибдавлатию соњибистиќлолї ва хизмати фидокорона ба мардум имконпазир гашт. Хусусан, дар солњои душвору фољеабори љанги шањрвандї якљо бо маќомоти њифзи њуќуќ ва дигар сохторњои низомии мамлакат дар њифзи Истиќлолияти давлатї, њимояи марзњои ватан, безарар гардонидани гурўњњои террористиву экстремистї, дастањои мусаллањи љинояткории трансмиллї сањми сазовору љавонмардона гузошт. Тањаввулоту њодисањои солњои охир дар манотиќи алоњидаи љањон баамаломада моро њушдор медињанд, ки барои ба талаботи давраи њассосу ноором мутобиќ гардонидани сатњи омодабошии љангии Ќуввањои Мусаллањи мамлакат тадбирњои љиддї андешем, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомиро боз њам бењтар ба роњ монем, доир ба таъминоти љузъу томњо бо техникаву технологияњои замонавї ва лавозимоти муосири љангї чорањои иловагї андешем ва иќтидори мудофиавии мамлакатро таќвият бахшем. Зеро дар марњалаи торафт вусъат пайдо кардани бархўрди ќудратњои љањонї њимояи манфиатњои милливу давлатї, њифзи суботу оромии љомеа, тањкими вањдати миллї ва дар ин замина фароњам овардани шароити мусоид барои торафт бењтар гардонидани сатњу сифати зиндагии ањолї вазифаи аввалиндараљаи њамаи рукнњои њокимияти давлатї, аз љумла њайати шахсии Ќуввањои Мусаллањ мебошад. Яке аз шартњои муњими баланд бардоштани малакаи касбї ва омодабошии Ќуввањои Мусаллањ мустањкам намудани ќонуният, тартиботи њуќуќї, интизоми њарбї ва тарбияи сиёсиву маънавии њайати шахсї мебошад. Имрўз моро зарур аст, ки барои омодабошии љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи кишвар корро дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї дуруст ба роњ монда, дарсњои омодагии ибтидоии њарбї самаранок гузаронида шаванд. Инчунин, дар як сол ду маротиба љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањ даъват мешаванд, ки дар бисёр мавридњо барои иљроиши наќшаи даъват бо мушкилињо рў ба рў мегардем. Ин аз он шањодат медињад, ки њоло њам дар шањру ноњияњои вилоят корњои тарѓиботї дар байни љавонони даъватшаванда хуб ба роњ монда нашуда, дар раванди тарбияи ватандўстии љавонон, ки як рукни асосии Консепсияи миллии тарбия мебошад, њанўз њам камбудињои зиёд љой доранд. Бинобар ин, њар яки моро зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас, бедор кардани њисси худшиносиву худогоњии онњо сањм дошта бошем. Дар ин самт бояд њамкориву њамоњангї байни сохторњои њарбї бо муассисањои таълимї ва соњаи кор бо љавонон ва варзиш хуб ба роњ монда шавад. Зеро хизмат ба ватан ќарзи њар як љавонмард аст ва дар доираи футуввату љавонмардї иљро накардани ќарз берун аз ойини љавонмардї аст. Бинобар ин њомиёни ватан, дар хотир дошта бошед, ки Шумо хотири љамъи падару модарон, осудагии тифлакон ва эътимоди кулли мардуми Тољикистон мебошед. Аз ин рў, дар иљрои ин масъулияти бузург- ќарзи фарзандї дар назди ватан ба њар яки Шумо иродаи ќавї, шуљоатмандї, тансињативу хушбахтї ва барори кор орзумандам. Бигзор дар сарзамини соњибистиќлоли мо сулњу амонї њамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебањо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору љовидонї боќї монад. Ба ин муносибат њамаи Шумо- афсарону сарбозон ва собиќадорони гиромиро бо ифтихору самимияти беандоза сидќан табрик гуфта, барои зањматњои шабонарўзї, њифзи марзу буми ватан, сулњу субот ва оромиву осудагии халќ изњори миннатдорї менамоям. Љашни 26-солагии таъсиси Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон муборак, њамватанони азиз!
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо маќсади шиносої бо љараёни корњои ободонию бунёдкорї ва омодагї ба љашнњои пешорў аз шањри Левакант ва ноњияи Вахш дидан кард. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилоят хабар доданд, Ќ. Њакимзода зимни боздид аз шоњроњи Бохтар-Левакант дастур дод, ки дар ду шафати шоњроњ корњои ободонї, шинонидани нињолу гулњои рангорангро вусъат бахшида, ба ободии муњити зист ва роњи марказї таваљљуњи бештар зоњир намоянд. Њамчунин, љињати шиносої бо љараёни корњо дар боѓи марказии шањри Левакант раиси вилоят дастур дод, ки ба технологияи шинонидан ва парвариши
нињол, гулу буттањо ва сохтмони иншоотњои фарњангию иљтимої ба тавсияи олимону мутахассисон такя намуда, барои фароѓати сокинони шањр шароити мусоид омода созанд. Раиси вилоят аз њолати роњњо ва пули (кўпрук) мавзеи Тошроботи дењоти Машъали ноњияи Вахш дидан карда, доир ба таъмиру азнавсозии роњњои мањал, бунёду таљдиди пул ва шинонидани нињолњои њамешасабз ба роњбарону масъулин супориш-њои ќатъї дод.
ИФШОИ ЊУЌУЌВАЙРОНКУНЇ ДАР ДОРУХОНАЊО Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон тайи як соли охир дар гурўњи шањру ноњияњои минтаќаи Бохтар фаълияти дорухонањоро санљида, 84 њолати њуќуќвайронкуниро ошкор ва дар маљмўъ 152 њазор сомонї љарима таъин намудааст. Ба иттилои Исфандиёри Искандар, сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон, дар дорухонањо пешбурди фаъолияти фармасевтї бидуни њуљљатњои муќарраргардида ва фурўши доруњои муњлаташон гузашта ошкор шуда, дар натиља, гунањгорон аз 500 то 5000 њазор сомонї љарима шудаанд. Маводи дорувории бесифат ва муњлатгузашта аз муомилот берун оварда шудаанд.
КЎЛОБ: ТАЪСИСИ 2270 ЉОЙИ КОР ДАР ЯК СОЛ
Барои ба љойи кор таъмин намудани шахсони бешуѓл дар шањри Кўлоб чорањои зарурї амалї гардида, соли гузашта 2270 љойи нави корї, аз љумла аз њисоби шахсони воќеї 1740 љой таъсис дода шуд.
Тавре ки аз шањрдории Кўлоб ба рўзномаи «Хатлон» хабар доданд, соли сипаригардида 828 нафар расман њамчун бекор ба ќайд гирифта шуда, 320 нафар ба касбомўзї љалб ва баъди омўзиш соњиби шањодатномаи касбї гардидаанд. Њамзамон, 916 нафар бо љойи кори доимї, мавсимї ва муваќќатї аз рўйи ихтисосњои гуногун таъмин карда шуданд. Дар доираи Барномаи мусоидат ба шуѓли ањолии шањр 51
Ќуввањои Мусаллањи кишвар амнияти моро чун сипар њимоя мекунаНд Њамдиёрони азиз! Мо сарфароз аз он њастем, ки аз саодат ва нусрати истиќлолу озодї ва баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тољик ватандор асту Парчами давлатдориаш дар фазои мустаќилияти комил парафшонї дорад.
7 рЎзи ХАТЛОН
нафар бо гирифтани ќарзњои имтиёзноку ташкили корњои фардї соњиби љойи кор шуда, 100 нафар ба корњои муздноки љамъиятї љалб гардиданд. Ба 229 нафар то 3 моњ бо кўмакпулї пардохт карда шуд. «Дар соли 2018 музди миёнаи мењнат дар шањри Кўлоб 915,3 сомониро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 40,4 сомонї зиёд аст», - афзуд манбаи хабар.
ВАХШ: МАЪЮБОН 44175 СОМОНЇ КУМАК МЕГИРАНД
«Итминон дорам, ки занону модарон посдорандаи арзишњои оливу арљгузор ба фарњанги миллї буда, дар рўњияи хештаншиносї камол ёфтани фарзандон мањз ба онњо рабт дорад». Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН
«ЧАКОМАИ ГЕСЎ» - ТАБЛИЃГАРИ ЊУНАРУ ОИНЊОИ МИЛЛЇ Дар Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар бо ташаббуси маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон даври вилоятии Фестивалозмуни љумњуриявии «Чакомаи гесў» баргузор гардид. Ќабл аз оѓози ин чорабинии бошукўњи фарњангї чењрањои њунарманд аз 25 шањру ноњияи вилоят намунањои дастранљи худро дар пешдолони даромадгоњи театр (ошёнаи 1 ва 2) ба намоиш гузоштанд. Дар ин намоишгоњ бонувон, асосан, њунарњои мардумї оид ба парвариш ва нигоњубини мўй, њунари машшотагї, гунањои мухталифи мўйбофї ва тарроњиро манзури тамошобинон намуданд. Дар намоишгоњ инчунин анвои гуногуни либосњои миллии занонаю мардона ва кўдакона, аз љумла пероњану тоќињои гулдўзию зардўзї, зарфњои рангоранги зебо, матоъњои миллии тољикї ва ѓайра дар маърази тамошогарон ќарор доштанд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода њангоми сайри намоиш бо ањли њунари шањру ноњияњои Хатлонзамин суњбатњои дилнишин анљом дода, ба мањсули дасти њунармандон, вусъати андешаву ѓояњои тарроњон бањои баланд дод. Зикр шуд, ки, дар њаќиќат дар раванди нигоњдошт, њифз ва интиќоли арзишњои миллию фарњангї наќши занону модарон басо бузург аст ва онњо ќодиранд робитаро байни наслњо мустањкам намуда, устувории њуввияти миллиро таъмин намоянд. Њам намуди зоњирї, њам либос, тавре мегўянд, яке аз василањои муассири муаррифии миллат ба њисоб меравад. - Фарњанг волотарин дастоварди ањли башар буда, дар доираи фаъолият, кору рўзгор, суннату анъанот маќому манзалати њар миллатро муайян ва мартабаи давлатро ба љомеаи љањонї муаррифї
мекунад, - зикр кард Ќурбон Њакимзода зимни суханронии худ дар маросими ифтитоњи фестивал. - Ба њамин маънї Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон фарњангро њастии миллат арзёбї намуда, ба арљгузорињо, ба тамаддуни беш аз панљњазорсолаи миллат, ба омўзишу расму оин, мероси ниёгон, анъаноти миллї ва густариши маънавиёти љомеа пайваста таъкид медоранд. Фарњанг дар њама замонњо рисолати созандагии миллатњову халќњо ва рушду нумўи онњоро иљро кардааст. Таљрибањои љањонї
Соли 2019 њаљми умумии даромад дар ноњияи Вахш ба маблаѓи 36 миллиону 576 њазору 772 сомонї ва харољот 75 миллиону 97 њазору 960 сомонї (бо дарназардошти маблаѓњои маќсаднок аз њисоби буљети љумњуриявї ва буљети вилоятї) ба наќша гирифта шудааст. Тавре ки аз раёсати молияи ноњияи Вахш иттилоъ доданд, њаљми умумии буљети ноњия дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 аз рўйи даромад 10% ва харољот 13,4% афзоиш меёбад. Аз љумла барои соњаи маориф дар буљети ноњияи Вахш 52 миллиону 511 њазору 41 сомонї ё ин ки 70%-и њаљми умумии ќисми харољотии буљет равона карда мешавад. Барои соњаи тандурустї бошад, 16 миллиону 789 њазору 330 сомонї дар назар дошта шудааст. Харољотњои њифзи иљтимої 545005 сомонї пешбинї гардида, маъюбон, кўдакони маъюб ва оилањои бесаробонмондаи иштирокчиёни садамаи заводи атомии Чернобил имсол дар маљмўъ 44175 сомонї кумакпулї хоњанд гирифт.
БОХТАР: ЉАРИМА ШУДАНИ 770 МУШТАРИИ БАРЌ Кормандони Хадамоти фурўши барќи шањри Бохтар соли 2018 нисбати 770 нафар муштариён бинобар риоя накардани ќоидањои истифодаи неруи барќ парвандањои маъмурї тартиб додаанд. Љамъи умумии љаримапулињо 511 њазор сомониро ташкил медињад. Ањлиддин Шарифов, сардори Хадамоти фурўши барќи шањри Бохтар, бо ироаи ин хабар гуфт, ки баъзе ташкилоту идорањо, нуќтањои сўзишворї, марказњои тиљоратию хизматрасонї ва сокинон дар истифодаи неруи барќ њуќуќвайронкунї содир намуданд. Аз љумла ба истифодаи
барќ бидуни њисобкунак, дуздии он, истифодаи таљњизоти сермасрафи барќї ё дигар рафторе, ки зидди ќоидањои истифодабарии неруи барќ аст, даст задаанд. Онњое, ки вобаста ба корбурди неруи барќ амалњои зиддиќонунї содир намудаанд, аз 350 то 11 њазор сомонї љарима супориданд.
БУНЁДИ «БОЃИ ЉАВОНОН» ДАР ЌУБОДИЁН Дар ноњияи Ќубодиён барои бунёди «Боѓи љавонон» бо иштироки васеи љавонони ноњия тањти унвони «Дарахти дўстї биншон, ки коми дил ба бор орад!» маъракаи нињолшинонї баргузор шуд. Ба иттилои масъулони бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњияи Ќубодиён, дар натиљаи ин аксия дар масоњати зиёда аз 1 гектар замин дар њудуди Љамоати дењоти ба номи Носири Хусрав 406 бех нињолњои мевадињанда шинонида шуд. Бунёди «Боѓи љавонон» дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї (2019-2021) пешбинї шудааст. Љавонони ноњия нигоњубин ва назорати боѓи мазкурро ба уњда гирифта, маќсади бунёди боѓи серњосил ва намунавиро доранд.
ЉАЙЊУН: МАОШИ МИЁНАИ ДУХТУР - 812 СОМОНЇ Дар ноњияи Љайњун ба 10 њазор ањолї 4,2 духтури касбї ва 13,7 корманди миёнаи тиббї рост меояд. Шумораи умумии кормандони соњаи тибби муассисањои табобатии ин ноњия ба 380 нафар, аз он љумла 62 табиб ва 191 корманди миёнаи тиббї мерасад. собит менамоянд, ки он давлатњое, ки такя ба фарњанг доранд, дар арсаи њама гуна талошњо комёб мебошанд. Яке аз њадафњои аслии ин фестивал тарѓибу ташвиќи оину маърифати либоспўшї ва ороиши мўю рўйи занону духтарон мебошад. Њифзи фарњангу њунарњои мардумї, забон, урфу одат, тарзи рафтору гуфтор ва либоси миллї (Давомаш дар сањ. 2)
Ба иттилои Саидмурод Холов, муовини менељери муассисаи КАТС-и ноњияи Љайњун, маоши миёнаи духтурон 812 сомонї ва кормандони миёнаи тиб 510 сомониро ташкил медињад. Дар ноњия як маркази
саломатї барои ќабули то 400 нафар дар як баст, 10 маркази саломатии дењот бо имконияти ќабули 140 бемор дар як баст ва 39 бунгоњи саломатии дењот дар хизмати сокинон ќарор доранд.
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj
2
ХАТЛОН
панљшанбе, 21 феврали соли 2019, №8 (3193)
«ЧАКОМАИ ГЕСЎ» - ТАБЛИЃГАРИ ЊУНАРУ ОИНЊОИ МИЛЛЇ манзур намуданд. Аз кафкўбињои бардавоми бинандагон, шодию нишот ва дилхушии бепоёни онњо аён мегашт, ки созмондињандагон ва иљрокунандагони ин намоиши бошукўњи фарњангї њадафи назди худ гузоштаро ба хубї иљро намудаанд. Дар охири чорабинї ба намояндагони 18 шањру ноњияи фаъол, ки сањми арзандаи худро гузоштаанд, Сипосномаи раиси вилоят таќдим гардид. Ќурбон Њакимзода бо таассуроти бепоён аз ин намоиши пурљилои фарњангї ба њамаи онњое, ки дар тањия ва пешкаш кардани он сањм гузоштаанд, самимона арзи сипос кард. Ѓолибони даври вилоятии фестивали «Чакомаи гесў» дар Фестивали љумњуриявї, ки моњи март дар пойтахти мамлакат - шањри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунанд.
(Идома аз сањ. 1) аз љумлаи вазифањоест, ки садди роњи хурофоту бегонапарастї хоњад шуд. Дар ин маврид шоири маъруф Бозор Собир њам таъкиди барњаќ дорад: «Мо љомасафедонем, њар љома намепўшем», яъне миллати мо аз азал соњиби фарњангу тамаддуни хос буду њаргиз дар пайравї ба бегонањо сиёњпўшиву таќлид намекард. Барои иштирок дар марњилаи вилоятии Фестивал-озмуни љумњуриявии «Чакомаи гесў» ѓолибони даври аввал аз мањалњо ва бењтарин иштирокдорони ин барномаи фарњангї аз шањру ноњияњо даъват шуда буданд. Иштирокдорони Фестивал-озмуни љумњуриявии «Чакомаи гесў», ки аксаран духтарону бонувони дорои мўйњои дароз ва зебою ороишёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарњангї кўшиш ба харљ доданд, ки чор фасли соли табиати бињиштосои Тољикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарњанги волои раќсу суруди тољикиро пешкаши бинандагон созанд. Иштирокчиёни барнома ба тамошобинон раќсу таронањои мардумї, лањзањои оро додани арўс, усулњои гуногуни бофтани мўй ва амсоли инро
Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон» Аксбардор М. СОТИЕВ
Барўйхатгирии ањолї
Чорабинии муњими сиёсиро дар сатњи баланд гузаронем
Љаласаи комиссияи барўйхатгирии ањолї ва Фонди манзили Љумњурии Тољикистон дар соли 2020 дар вилояти Хатлон бо ширкати муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов доир гардид. Оид ба омодагї ба ин чорабинии муњими сиёсї муовини раиси вилоят изњори назар намуда, таъкид дошт, ки љињати таъмини иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 12 октябри соли 2015 №572 “Дар бораи гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва Фонди манзил дар соли 2020” як ќатор корњо ба анљом расонида шудааст. Тибќи маълумоти пешнињодгардида, дар њамаи шањру ноњияњои вилоят корњои аввалиндараљаи маъракаи барўйхатгирии ањолї, аз љумла ба тартиб даровардани раќамгузории хонањои истиќоматї ва ѓайристиќоматї идома дорад. Чуноне ки аз њисоботи муовини раиси комиссияи мусоидати барўйхатгирии ањолї, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии
Тољикистон дар вилояти Хатлон Зарина Давлатзода Дилмурод равшан гардид, аниќ намудани сарњадњои шањру ноњияњо яке аз корњои аввалиндараљаи барўйхатгирии ањолї мебошад. То санаи 1 январи соли 2019 сарњадњои шањру ноњияњои Бохтар, Кўлоб, Норак, Левакант, Восеъ, Кўшониён, Ховалинг, Ш. Шоњин, Ќубодиён, Дўстї, Ёвон, А. Љомї, Шањритўс, Н. Хусрав, Љ. Балхї, Фархор, Темурмалик, Хуросон ва Панљ муайян гардида, бо ќарорњои раисони шањру ноњияњои мазкур тасдиќ карда шудааст. Мутаассифона, баъзе ноњияњои вилоят то њанўз сарњадњои худро аниќ накардаанд. Шањру ноњияњои Норак, Кўшониён, Восеъ, Љ. Балхї ва Муъминобод наќшаи схематикии мањаллањоро ба анљом расониданд. Чуноне ки дар љамъомад таъкид гардид, тибќи ќарори раиси вилоят аз 9 январи соли 2017 оид ба иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 декабри соли 2016 “Дар бораи чорањои
иловагї оид ба гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва Фонди манзили Љумњурии Тољикистон дар соли 2020” то 1 апрели соли равон бояд номи ноњияњо, мањаллањои шањрї, кўчањо, раќами хонањои мањаллањои шањрї ва дењањои калон ба тартиб дароварда шуда, лавњаю раќамгузорї гарданд. Вале дар баъзе шањру ноњияњои вилоят нисбати ин масъалаи муњим беэътиної зоњир намуда истодаанд. Чуноне ки дар љаласа таъкид рафт, то имрўз дар вилоят аз 809 кўчаю тангкўча 642, яъне 79,3 фоизи кўчањо ба тартиб дароварда шудааст. Аз шумораи умумии 70852 хонаи истиќоматї ва ѓайриистиќоматї 57343 хона аз назар гузаронида шуда, аз ин шумора 47225 хонаи истиќоматї ва ѓайриистиќоматии манзилњои шањрї ва дењањои калон ба тартиб дароварда, лавњаю раќамгузорї шудааст. Тавре ки муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов таъкид дошт, иљрои чорабинињои тайёрї ба гузаронидани барўйхатгирии ањолї
–аниќ намудани номгўйи ноњияњо, ба тартиб даровардани номи кўчањо, раќами хонањои манзилњои шањрї ва дењањои калон, муайян намудани дурустї ва пуррагии бањисобгирии ањолї бояд ба таври зарурї ба роњ монда шавад. Дар ин давра 5 љаласаи комиссияи мусоидати барўйхатгирии ањолии вилояти Хатлон баргузор гардида, дар он рафти корњои тайёрї ба маъракаи муњим мавриди баррасї ќарор гирифтааст. Њамчунин, ќай дгардид, ки дар асоси Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон, ќарори раиси вилояти Хатлон аз 28 феврали соли 2017 ва ќарори раиси шањри Норак «Дар бораи гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва Фонди манзил дар соли 2018» ба рўйхатгирии санљишї дар шањри Норак дар муњлати муайяншуда босифат љамъбаст гардид. Аз рўйи љамъбаст аниќ гардид, ки дар шањри Норак 59090 нафар ањолї ба сар мебаранд, ки аз онњо 28451 нафар дар мањалњои шањрї ва 30639 нафар дар мањалњои дењот сукунат доранд. Њамин тавр, муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов ба масъулини ташкилоту муассисањои вилоятї ва шањру ноњияњо бањри иљрои бандњои наќша-чорабинињо оид ба мусоидати барўйхатгирии ањолї дастуру супориш дод, ки гурўњњои корї таъсис дода, рафти корњои омодагї ба ин чорабинии муњими сиёсиро дида бароянд. Гурўњњои корї аз 12 то 15 феврали соли равон дар шањру ноњияњо рафти корњои омодагиро мавриди санљиш ќарор доданд. Комиссияи мусоидати барўйхатгирии ањолии вилояти Хатлон кўшиш ба харљ медињад, ки ин маъракаи муњими сиёсї дар сатњи баланд баргузор гардад. А. Сафарова, «Хатлон»
Аз љаласаи марбут ба рушди сайёњї
САЙЁЊОНИ 32 КИШВАРИ ЉАЊОН БА ТАМОШОИ ХАТЛОН ОМАДАНД Рўзи шанбеи гузашта дар шањри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Нуъмон Абдуѓаффорзода, муовинони раисони шањру ноњияњо оид ба соњаи иљтимої, намояндагони ширкатњои сайёњї ва ташкилотњои љамъиятї љаласаи якљояи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи рушди сайёњї доир гардид. Ин њамоиш бо маќсади баррасии масъалањои рушди сайёњї ва татбиќи њадафњои Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї, ки аз љониби Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон эълон гардидааст, доир шуд. Дар он масъалањои баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї, ташкили инфрасохтори ба талабот љавобгў, аз љумла мењмонхонањо, тарабхонањо, истироњатгоњњо, норасоии мутахассисони ботаљрибаю касбии соња, ба талабот љавобгў набудани њолати санитарию гигиении ошхонаву њаммомњо, мабразу дастшўйгоњњо ва љойњои тамошои сайёњї, дар мавзеъњои таърихии вилоят фароњам овардани шароити хизматрасонї, аз ќабили маѓозањои хурди фурўши армуѓонњо, гулдўзиву сўзанињо, њуљраи алоњида барои баќайдгирии ташрифовардагон, бештару бењтар тарѓиб намудани имкониятњои сайёњии вилоят дар дохил ва берун аз љумњурї, фаъол намудани хатсайрњои сайёњї ба вилоят, ба роњ мондани фаъолияти пурсамари ширкатњои сайёњии мањаллї, таваљљуњи хосса зоњир намудан ба вазъи тозагии мавзеъњои таърихї, насби харитањои сайёњии хосса оид ба шањру ноњияњои вилоят, таъсиси сомонањои алоњидаи сайёњии шањру ноњияњо ва маблаѓгузорї намудани «Барномаи рушди сайёњї барои солњои 2018-2020» дар сатњи мањал мавриди тањлилу баррасї ќарор дода шуданд. Дар љаласа ќайд гардид, ки мутахассисони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якљоягї бо ташкилоти љамъиятии «Зарнисор» харитаи нави иттилоотї-сайёњии вилояти Хатлонро бо забони англисї омода кардааст. Инчунин, дар маркази маъмурии вилоят - шањри Бохтар маркази иттилоотии сайёњї созмон ёфта, фаъолият намуда истодааст. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода тазаккур дод, ки баргузории курсњои омўзишї бо маќсади баланд бардоштани касбият ва тахассуси масъулини соња, тањти назорати ќатъї ќарор додани њолати санитарию гигиении ошхонаву њаммомњо, мабразу дастшўйгоњњо, љойњои тамошои сайёњї, ин-
кишоф додани сайёњии кўњнавардї, бунёди базањои кўњнавардї дар мавзеъњои кўњї, рушди инфрасохтори дењот, тезонидани сохтмони иншооти нав, бунёди мењмонхонањои хурди ќабули сайёњон дар мавзеъњои кўњї, ташкили омўзишњо бо љалби соњибкорон дар самти тарѓиби тиљорати сайёњї, ташкили фазои мусоиди сармоягузорї барои љалби сармояи хориљї ба инфрасохтори сайёњї, тањия ва пешнињоди лоињањои сармоягузорї барои шањру ноњияњои аз нигоњи рушди иќтисодї ва намудњои сайёњї дорои бартарият, ташкили низоми мусоиди омода намудани мутахассисони соњаи сайёњї, фароњам овардани шароит барои раќобатнокї дар самти хизматрасонї ба сайёњон аз маљмўи тадбирњое мебошанд, ки роњандозии онњо ба рушди соња дар вилоят такони љиддї мебахшад. - Дар давоми соли 2018, - афзуд М. Хидирзода, - дар самти сайёњї 1246 семинар-машварат баргузор гардида, дар он 26 њазору 214 нафар љавонону хонандагон фаро гирифта шуданд. Инчунин, 2500 маводи иттилоотї дар њудуди вилояти Хатлон пањн карда шудааст. Њамзамон, дар њудуди вилоят 975 ёдгориву мавзеъњои таърихї-фарњангї, 73 мењмонхона (16 адад зиёд нисбат ба соли 2017), 50 адад њомстей ва гестхаусњо (40 адад зиёд нисбат ба соли 2017), 106 њољатхонаи сарироњї (56 адад зиёд нисбат ба соли 2017), 55 адад маѓозаи фурўши армуѓонњо (51 адад зиёд нисбат ба соли 2017), 31 осорхона, 60 мавзеи табиї, 27 истироњатгоњу осоишгоњ, 125 тарабхона, 31 осорхона, 194 банкомати хизматрасонињои бонкї, 80 зиёратгоњ, 22 адад боѓњои фарњангї ва 18 ширкати сайёњї мављуд мебошанд, ки њамарўза сайёњон аз ин мавзеъњо дидан ва аз хизматрасонии онњо истифода мебаранд. Тањлилњо нишон медињанд, ки ба вилояти Хатлон соли 2018, дар умум, 225 њазору 846 нафар сайёњони дохиливу хориљї (218 њазору 88 нафар сайёњони дохилї ва 7758 нафар сайёњони хориљї) аз 32 давлати дунё, аз љумла: Афѓонистон, Ирландия, Англия, Покистон, Туркия, Иёлоти Муттањидаи Америка, Германия, Нидерландия, Франсия, Канада, Австралия, Миср, Эрон, Британияи Кабир, Швейтсария, Исроил, Њиндустон, Полша, Япония, Испания, Венгрия, Ќирѓизистон, Украина, Русия, Арманистон, Молдова, Озарбойљон, Ўзбекистон, Беларус, Ќазоќистон, Гурљистон ва Туркманистон ташриф овардаанд. - Вилояти Хатлон бо назардошти мављудияти захирањои бойи табиї, таърихию фарњангї ва сайёњї яке аз самтњои афзалиятноки иќтисодиёти минтаќа ба њисоб меравад, -
ќайд кард Н. Абдуѓаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёњї. - Тањлилњо нишон медињанд, ки дар баробари дигар минтаќањои љумњурї, теъдоди зиёди сайёњони хориљї барои боздид аз мавзеъњои сайёњии вилояти Хатлон ба кишвар ворид шуда, ба намудњои сайёњии кўњнавардї, экологї ва таърихию фарњангї машѓул мешаванд. Соли равон низ Кумитаи рушди сайёњї барои рушди соњаи сайёњї дар вилояти Хатлон, дар шањру ноњияњои дорои имконият ва захирањои бойи сайёњї ва ќабули сайёњон, аз љумла: Кўлоб, Бохтар, Балљувон, Муъминобод, Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоњин ва Шањритўс силсиласуњбату мулоќот, тренингу омўзишњо, конфронсу фестивалњои минтаќавї, барномањои телевизионї ва корвони рўзноманигоронро амалї менамояд, ки он бањри муаррифї ва бењтар намудани сифати хизматрасонї дар минтаќа мусоидат менамоянд. Њамчунин, бо маќсади тарѓибу ташвиќи захирањои сайёњии вилоят Кумитаи рушди сайёњї њамчун маќоми ваколатдори давлатї њамасола мавзеъњои тамошобоби Хатлонро дар намоишгоњњои байналмилалии сайёњї дар кишварњои Аврупо, Амрико, Осиё манзури дўстдорони сайру саёњати љањон менамояд. Дар кори љаласа камбудињои љойдошта дар самти соњаи сайёњї мавриди баррасї ќарор гирифта, барои бартараф намудани онњо масъулини шањру ноњияњо дастуру супоришњо гирифтанд. Тибќи натиљањои љаласа тасмим гирифта шуд, ки дар шањру ноњияњои вилоят вохўрии роњбарияти Кумитаи рушди сайёњї бо соњибкорон баргузор шуда, дар заминаи имтиёзњои фароњамовардаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соњибкорони минтаќа барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёњї ба таври васеъ љалб карда шаванд. Њарчи зудтар ташкил намудани сомонањои сайёњии шањру ноњияњои вилоят, таъсиси ширкатњои сайёњї бо дастгирии Кумитаи рушди сайёњї, дар даромадгоњи шањру ноњияњо насб намудани харитањои сайёњї ва маълумотнома, кушодани маѓозаи фурўши армуѓонњо дар мењмонхонањо ва мавзеъњои сайёњї, тањия ва нашри маводи иттилоотии сайёњї вазифагузорї карда шуд. Тасмим гирифта шуд, ки њар моњ љараёни иљрои корњо дар самти рушди сайёњї натиљагирї карда мешаванд. Н. Маъмурзода, «Хатлон»
23 феврал - Рўзи артиши миллї Ваќте як зан соњибњунар аст… Ваќте як зан соњибсухан аст… Ваќте як зан метавонад дар як љамоати бузург «гули сари сабад»-и њар як хона бошад… Ваќте як зан барои чандин оилае, ки дар њоли пошхўрианд, маслињатгари хуб метавонад бошад… Ваќте як зан метавонад њамсари шоиста бошад… Ваќте як модар метавонад се гулписарашро довталабонаву бо амри дил ба хизмати аскарї гусел кунад… Магар ба мардонагиву матонату беназирии чунин зан љойи бањс боќї мемонад?!
МОЊИТОБОН: «Хизмати аскарї - ќарзи фарзандї» МОЊИ ХОНАДОН Аљиб занест Моњитобон Фаќирова. Сухандониаш, мењмоннавозиаш, оиладориаш ва њатто тарзи ороишу рўймолбандиаш ба куллї фарќкунанда аст. Агар аз оиладориаш сухан бигўем, ба як ибора метавон сифат кард: оилаи намунавї. Аз њазлу шўхї, аз зиндадилии Моњитобон ва шавњараш баръало маълум аст, ки њар лањзаи умри онњо хуш мегузарад. Ў мегўяд: «Бо доштани чунин њамсари хушахлоќу дар рўзгордорї сарфакору сариштакор ва њунарманд мефахрам». - Моњитобон аљиб занест, - дар посух ба хушсухании њамсараш тавсифи ўро мекунад марди хонадон. - Аз рўзи аввали хонадорї то инљониб рафторе накардааст, ки ман нороњат шуда бошам. Баъзе камбудї ва мушкилоте, ки дар зиндагї пайдо мешавад, Моњитобон ба танњої анљом медињад. Мегўяд, ки барои чизњои майда-чуйда муњим нест шуморо ѓам дињам. Оё мешавад, ин хел њамсарро эњтиром накарду дўст надошт? Зинњор! Дар тарбияи фарзандон низ наќши «моњ»-и хонадони мо хеле бузург аст. ЉАСОРАТИ МОДАР Моњитобон ќалби бузург дорад. Муњаббати ватан, мењанпарастї, худшиносии миллї, ифтихори ватандориро дар ќалби фарзандон ба хубї љо карда тавонист. Њамин буд, ки се фарзандаш хизмати ватанро бо сари баланд ва дарёфти рутбањои афсарї ба итмом расониданд. Осон нест се писарро ба Ќуввањои Мусаллањ фиристодан. Дар маросими бошукўњи гусели наваскарон, ду сол пеш дар ноњияи Рўдакї, мисли дигар модарон хомўшу чашмгирён наистод. Ў бо муњаббат ва ифтихор аз сарбози ватан шудани фарзандонаш сухан гуфт. Сипос ба Пешвои миллат гуфт, ки ба ин рўзњои нек расидем ва ба њама аскарону афсарон дар амри њифзи марзу буми ватан дуои неки модарона дод. Аз мањорати суханварї ва љасорати ў њама дар њайрат монданд. Дар ин чорабинї, ки вазири мудофиаи кишвар Шералї Мирзо њузур дошт, ба ин модар ањсану офарин хонд ва бо туњфањои хотиравї ќадрдониаш кард. - Ваќте ба тани сеюм писарам либоси сарбозиро дидам, пеши рўям солњои љанги шањрвандї ва ашки талхи модарон омад, - ба ёд меорад Моњитобон. Ман гўё бо дидани либоси сарбозї дар писаронам нишонае аз сулњу субот, сарсабзиву оромии ватанро дидам. Бо ифтихор сухан гуфтам ва дар ќатори фарзанди хеш ба дигар љавонон низ дуои нек додам. Ба модарон аз он рўзњои шум ёдовар шудам, то ин ки бо шукргузорї дар ќалби фарзандон муњаббати ватани азизи хешро љо созанд. Њатто њангоми ба итмом расидани хизмати аскарї, ба њамхизматони писарам, њамчун як модари кадбону ба шањри Хоруѓи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон фатиру кулча ва мањсулоти ќурутобро фиристодам, то ки муњаббати модаронаамро эњсос кунанд. То имрўз њамхизматони писарам, њар боре дар алоќа мешаванд, аввал аз мањорати ман ёд меоранд. Албатта, барои як модар аз хушњол дидани фарзанд дигар чизи муњимтаре нест. Албатта, фарзандро ба таври шоиста тарбия намудан, муњаббат ба ватан ва хизмат ба халќу миллатро дар замири ў љо намудан, дар нињодаш рўњияи
далериву љасурї ва матонату љавонмардиро бедор кардан, мењнатдўстї ва масъулиятшиносиро талќин намудан ва таъриху фарњангу илмњои муосирро омўзондан аз љумлаи вазоифи зан-модари бомаърифату бомартаба мебошад. ДАРСИ МАЊОРАТ ВА САДОЌАТ Чунин ба назар мерасад, ки Моњитобон мактаби олии зиндагиро бо бањои аъло хатм кардааст ва њунару мањорат, хулќу атвор, муњаббату садоќату самимияташ бењамто буда, мактаби њаётро мемонад. Бе иштироки Моњитобон ягон маъракаи дењаи Гулистони Љамоати дењоти «Тахти сангин»-и ноњияи Ќубодиён намегузарад. Ба ў унвони «пири кор»-и дењаро додаанд. Њарчанд њоло хеле љавону бардам аст, аммо бо сабаби кордонию њунармандиаш ин унвони мардумиро ба ў лоиќ дидаанд. «Мо бояд аз имкониятњои имрўз истифода карда, боз њам бештар илму њунару таљриба биёмўзем, то намуна барои насли оянда бошем», - хоксорї мекунад Моњитобон. Ў дар баробари суханвару оилаи намунавї бунёд намуданаш, њамзамон њамчун як зани њунарманду чирадаст шинохта шудааст. Дар аксари чорабинињои ноњиявї ва вилоятї њамчун бењтарин чаппотипаз ва кадбонуи таомњои миллї иштирок мекунад. «Бо бањонаи њамин њунарам ва чаппотињои зебою калонњаљми пухтаам, дар сафари корие, ки Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар ноњияи Ќубодиён доштанд, аз наздик бо Роњбари муаззамамон вохўрдам, ки барои банда ин як рўйдоди хотирмону фарањфизо буд», - мегўяд Моњитобон. Моњитобон ќаламзану чакандўзи бомањорат низ њаст. Ба љавондухтарони дења њам њунарашро меомўзонаду њам ба онњо дарси оиладориву рўзгордорї мегузарад. Моњитобонро њамчун фаъолзани љамоати дењот дар њар як чорабинї ва љаласањои шўрои бонувон, ки дар мактабњо мегузарад, даъват мекунанд. Зеро ў дар баробари чандин њунар доштанаш, соњиби оилаи хубу ибратомўз буда, забони ширин дораду суханони таъсирбахш гуфта метавонад. - Каме њам бошад, - бо ифтихор мегўяд Моњитобон, - њамчун як зан, як модар ва як сокини дења, сањми хешро дар њифзу устувории чандин оилае, ки дар њолати пошхўрї буданд, гузоштаам. Ман ба оилањои љавон танњо бо роњи фањмондадињї ва мисол овардан аз таљрибаи оиладории пешин, инчунин, барои бо муњаббат зиндагї кардану бо сабуриву дурандешї паси сар кардани мушкилоти рўзгор суњбатњо мекунам. Ба андешаи Моњитобон, сабаби парокандашавии бештари оилањои љавон омода набудани онњо ба њаёти оилавї мебошад. Бинобар ин, Моњитобон ба љавондухтарон аз одобу ахлоќи њамидаи инсонї, мењмоннавозї, њамсоядорї, фарњанги хонаводагї, ва пос доштани арзишњои миллї бештар суњбат мекунад ва амалан намунањо меорад. Дар њаќиќат, чунин аст Моњитобон-модари азхудбигзаштае, ки чењраи нозанинашро дар оинаи оилааш пурљилотару пурнуртар мебинад. Хуллас, љонфидо, бовафо, маслињатгар, њидоятгар аст ў. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
сањмгузории Шўро дар тарбияи насли наврас Шўрои собиќадорони љангу мењнати ноњияи Фархор оид ба масъалаи тарбияи ватандўстиву худогоњии љавонон таваљљуњ зоњир намуда, онро яке аз самтњои асосии фаъолияти худ ќарор медињад. Абдулњамид Иззатуллоев аз соли 2012 раисии Шўрои собиќадорони љангу мењнати ноњияи Фархорро ба уњда дорад. Дар давраи кории А. Иззатуллоев дар фаъолияти Шўрои собиќадорони ноњия дигаргунињои куллие ба назар мерасанд. Бо иќдоми Шўрои собиќадорони љангу мењнат ва дастгирии шуъбаи маорифи ноњияи Фархор дар њамаи мактабњои ноњия гўшањои шарафи љангї ва мењнатї ташкил карда шудааст, ки дар онњо расм ва сару либоси як ќисми иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, ордену медалњои онњо, китобњо, очерку маќолањо дар бораи фаъолияти љангиву мењнатии
собиќадорон гирд оварда шудаанд. Роњбарони муассисањои тањсилоти умумии ноњияи Фархор барои ѓанї гардонидани маводњои гўшањои шарафи љангї ва мењнатї эътибори љиддї дода, ба ин кор муаллимони фанњои гуманитарї ва хонандагони фаъолро сафарбар мекунанд. Дар ноњия як осорхона, 30 гўшаи шарафи љангиву мењнат, 7 муљассамаву нимпайкарањо, як муљассама ба хотири иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, ки “Њељ кас ва њељ чиз фаромўш намешавад” номгузорї шудааст ва як боѓи фарњангиву фароѓатї мављуд аст, ки онњо њамеша тозаву озода нигоњ дошта мешаванд. Дар осорхонаи ноњия гўшаи махсуси иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945 ташкил карда шудааст. Дар он расми 90 нафар иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї, рўзномаву
маљаллањои солњои гуногун, ки дар онњо очерку лавња ва маќолањо дар бораи корнамоињои иштирокчиёни љанг нашр шудаанд, гузошта шудааст. Шўрои собиќадорони љангу мењнати ноњияи Фархор дар асоси наќшаи чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия дар њамкорї бо муассисањои таълимї барои амалї гардидани Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сањми муносиб гузошта, насли љавонро дар рўњияи пос доштани анъанањои илмиву адабї, фарњагиву ахлоќии гузаштагонамон, ки аз ќаъри асрњо маншаъ мегирад, ба камол расонида, ба бунёди љомеаи навини Тољикистон ва зиндагии дурахшони оянда њидоят менамоянд. И. Иброњимов, љонишини раиси собиќадорони љангу мењнати минтаќаи Кўлоб
Бунёди боѓ кори савоб Маъракаи нињолшинонї дар шањру навоњии вилоят бомаром идома дорад. Бахусус, дар рўзњои истироњатї аз тарафи кормандони касбу кори гуногун дар радифи дигар тозакорињо, њамчунин, садњо бех нињолњои мевадињандаву ороишї шинонида мешавад. Чунин иќдом аз тарафи кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят сомон дода шуд. Дар ќитъањои замини сањну атрофи комплекси таълимию варзишии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, ки макони баргузории машќњои тактикї-оташнишонї, мусобиќањои, варзишии кормандони, ин нињод мањсуб меёбад, дањњо номгўи дарахтони ороишиву мевадињанда мављуд аст. Бо маќсади сарсабзии доимии ин гўша, ба таври њамешагї, корњои кабудизоркунї, аз тарафи кормандони соња сомон дода мешавад. Бахусус рўзњои истироњатї дастаљамъона ташкил ва гузаронидани тозакорињо дар ин макон ба њукми анъана даромада, бехи дарахтони мављуда нарм ва сафед карда аст. Бо ташаббуси роњбарият дар замини шафати бинои машќгоњ нињолњои зиёди мевадињанда, бо риояи талаботи бунёди боѓ, шинонида шуд. Дар ин маърака њайати кормандон фаъолона ширкат варзида, ќитъаро аз сангмайдањо тоза
карда, дар майдони холишуда шафтолу, зардолу, олў, хурмо, бодому чормаѓз шинониданд. Зимни суњбат сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Султонзода Садриддинхон Исмоил изњор дошт, ки 200 бех нињолњои мевадињандаи пайвандиро дар ин мавзеъ шинонидаанд ва маќсад доранд, ки дар дигар ќитъањои замини маркази таълимї омўзишї низ корњои кабудизоркуниро ба роњ монанд. О. Њасанова
ИМТИЁЗ БАРОИ ДАРЁФТИ ЉОЙИ КОРИ МУНОСИБ БА КОРЉЎЁН
Норак ба љашнгирии «Наврўз-2019» омодагї мебинад
Соли љорї љашни љумњуриявии Наврўзи байналмилалї дар шањри Норак таљлил мегардад. Ин буд, ки зимни нишасти матбуотии раиси шањри Норак рўзноманигорон бештар атрофи омодагии Норакшањр ба љашни Наврўзи Аљам суолњо дода, аз раиси шањр посухњои ќаноатбахш гирифтанд. Тибќи иттилои раис шањри Норак соли 2018-умро бо дастовардњои назаррас љамъбаст намуд. Дар ин муддат 32 лоињаи Барномаи рушди иљтимоиву иќтисодии шањри Норак ба маблаѓи 568 миллион сомонї амалї гардида, 50 лоињаи дигар татбиќ гашта истодааст. Ќисми даромади буљети шањр беш аз 115 фоиз иљро гардида, ба буља 57 миллион сомонї ворид шуд. Дар давраи њисоботї аз љониби бонкњо ба маблаѓи 8,8 миллион сомонї ќарзњои хурди сармоягузорї барои соњибкорон пешнињод гардид. Корхонањои саноатї соли сипаригардида ба маблаѓи 2 миллиард сомонї мањсулот истењсол намуданд, ки дар ќиёс ба соли пешин 324,7 мил-
лион сомонї зиёд аст. Неругоњњои барќи обии Норак ва Бойѓозї 13 миллиард киловатт неруи барќ истењсол намуданд, ки нисбати соли гузашта 61 миллион киловатт зиёд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 11 ярмаркаи љойњои холии корї доир гардида, 356 љойи кори холї пешнињоди корљўён ќарор гирифт ва 131 нафар ба љойи кори доимї фаро гирифта шуданд. Соли 2018 аз љониби муассисаи давлатии нигоњдории автомобилї 3592 метри квадратї роњњо мумфарш гардида, 852 метр роњњои дохилї ва ањамияти љумњуриявидошта таъмиру тармим гардиданд. Њамчунин, 580 метри мукааб роњњо дар маркази шањр мумфарш карда шуд. Дар давраи њисоботї 78 хонаи истиќоматї ба маблаѓи 11,3 миллион сомонї, 24 иншооти гуногуни хизматрасониву таълимї, тандурустї бунёд ёфтанд. Дар самти омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бунёди 66 иншооти гуногун ба наќша гирифта шуда, аксарияти иншоотњои хизматрасонї мавриди бањрабардорї ќарор ёфтанд. Дар шањри Норак давоми соли 2018 ба омўзиши касбу њунарњои мардумї, компютер беш аз 700 нафар љавонони бекор љалб гардиданд. Њамин тавр, раиси шањри Норак Фатњулло Њурматзода доир ба дастовардњои соњањои иќтисодиву иљтимоии шањри Норак њисоботи муфассал дод. ВАХШОНА, «Хатлон»
ВАРЗИШГАРОНИ ХАТЛОН СОЊИБИ 1967 МЕДАЛ ГАРДИДАНД Варзишгарони вилояти Хатлон дар 97 мусобиќаи варзишии љумњуриявї бо фарогирии 3 њазору 280 нафар ва аз ин шумора 577 нафар бонувон ширкат варзида, сазовори 551 медали тилло, 541 медали нуќра, 791 медали биринљї гардиданд. Инчунин, дар 35 мусобиќаи байналмилалї ширкат варзида, 31 медали тилло, 23 медали нуќра ва 30 медали биринљї ба даст оварданд. Бино ба иттилои Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон, дар соли 2018-ум 1 маљмааи варзишї дар ноњияи Вахш, 54 майдончаи футбол, волейбол ва баскетбол дар шањру ноњияњои Бохтар, Кўлоб, Ёвон, Норак, Муъминобод, Кўшониён, Восеъ, Фархор, А. Љомї, Ќубодиён, Левакант, Ш. Шоњин, Данѓара, Њамадонї, Балљувон, Љ. Балхї, Н. Хусрав, Ховалинг, Хуросон, Шањритўс ва Панљ сохта ба истифода дода шуданд. Њамчунин, 27 толор ва 113 майдончаи варзишї бахшида ба љашни 30- солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба наќша гирифта шудааст. Дар нишаст њамчунин зикр гардид, ки корњои сохтмонї дар марказњои фарњангии љавонони ноњияњои Ховалинг ва Муъминобод бо маблаѓгузории Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дар ноњияи Хуросон бо мусоидати Дирексияи сохтмони иншооти Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон љараён дорад. Сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки шумораи умумии љавонон дар вилоят 1 миллиону 83 њазору 8 нафар буда, нисбат ба соли 2017-ум 2 њазору 2 нафар зиёд мебошад. -Имрўз дар вилоят 455 њазору 146 нафар љавонон машѓули тањсиланд, - зикр кард Ф. Абдул-
лоева. – Аз ин њисоб, барандагони стипендияи Президентї 145 нафар, аз љумла 81 нафар духтар, гирандагони стипендияи раиси вилоят 33 нафар, гирандагони стипендияи раисони шањру ноњияњо 398 нафарро ташкил медињад. Шумораи донишљўёни дар хориљи кишвар тањсилкунанда дар соли тањсили 2018-2019-ум ба 1 њазору 313 нафар расидааст. «Дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон шумораи умумии кадрњои роњбарикунанда аз њисоби љавонон дар давоми соли 2018-ум 3 њазору 141 нафарро ташкил менамояд. Аз ин шумора 1 њазору 572 нафар роњбарони ташкилоту муассисањо, хољагињои дењќонї, 1569 нафар хизматчиёни давлатї, аз ин љумла 296 нафар кадрњои роњбарикунандаи соњаи хизмати давлатї мебошанд», - афзуд сардори Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон. Иттилоъ дода шуд, ки вазъи љинояткорї дар байни љавонон боиси ташвиш буда, дар соли 2018-ум 1 њазору 303 љиноят содир шудааст. Инчунин, мубталогаштагони сироятии ВНМО дар вилоят 262 нафар, тибќи маълумоти Маркази беморињои нашъамандии вилояти Хатлон мубталогаштагони нашъамандии синни 18-29- сола 133 нафар мебошад. Дар нишасти матбуотї рўзноманигорон ба суолњои худ посухњои ќаноатбахш гирифтанд. К. БАХТИЁР, «Хатлон»
«Арал» ба мусобиќаи љумњуриявї роњхат гирифт Бањодурзода Абдуљаббор Саттор, раиси ноњияи Абдурањмони Љомї, бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотї доир намуда, иттилоъ дод, ки соли 2018 ќисми даромади буљети давлатии ноњия иљро гардидааст. Иљроиши наќша ба он мусоидат намудааст, ки таъмини ќисми харољот нисбати соли пешин зиёд бошад. Дар ин давра њаљми маљмўи мањсулоти умумї ба 793,2 млн. сомонї расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 17,3 млн сомонї зиёд, ё ин, ки 3,6 фоиз афзоиш ёфта, ба њар як нафар ањолї ба њисоби миёна 2898 сомонї рост меояд. Дар соли 2018-ум 1428 нафар шањрвандони бекор ба ќайд гирифта шуда, бо дархосту талаботи корхонаю ташкилотњо ва муассисаю хољагињо 812 нафар ба љойи кори доимї таъмин карда шуданд. Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра аз љониби соњибкорони мањаллї 14 иншооти маъмурї, хизматрасонї, истењсолї, саноатї, иљтимої сохта ба истифода дода шуд, ки дар онњо 72 нафар шањрвандон бо љойи корї таъмин гардиданд. Раиси ноњия, њамчунин, аз бурду бохти кишоварзон ва дигар соњоти хољагии халќ маълумот дода, бо хурсандї изњор дошт, ки варзишгарони ноњия дар 11 мусобиќаи љумњуриявию вилоятї иштирок намуда, соњиби 29 медал, аз љумла, 8 медали тилло, 5 нуќра ва 16 медали биринљї гардиданд. Инчунин, дар мусобиќаи байналмилалї ширкат варзида, сазовори 1 медали тилло шуданд. Тими футболбозони ноњия бошад, дар даври минтаќавї ѓолибият ба даст оварда, имкон пайдо намуд, ки дар мусобиќаи љумњуриявї иштирок намояд. Намояндагони васоити ахбори омма дар охири нишасти матбуотї ба саволњои худ љавобњои ќаноатбахш гирифтанд. И. њасанов
3
ХАТЛОН
панљшанбе, 21 феврали соли 2019, №8 (3193)
Соли 2018 тавассути гузаргоњњои сарњадии љумњурї аз шањру ноњияњои вилояти Хатлон 218239 нафар ба хориљи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин њисоб 25738 нафарашон занњоянд. 209282 сокини вилоят, аз он љумла 23238 зан ба муњољирати корї рафтаанд. Ќ. Зокиров, муовини сардори Раёсати Хадамоти муњољират дар вилояти Хатлон, зимни баёни ин раќам дар нишасти матбуотї гуфт, ки соли сипаригардида аз хориљи кишвар 180844 нафар баргаштанд. Аз њисоби муњољирони мењнатии бозпасгашта 1394 нафар барои дарёфти љойи кори муносиб ва касбомўзї ба маќомоти давлатї
мурољиат намудаанд. Аз инњо 108 нафар бо љойи кори доимї, 355 нафар ба касбомўзї, 45 нафар ба корњои љамъиятии музднок, 872 нафар ба машварати касбї фаро гирифта шуда, 14 нафари онњо аз њисоби маблаѓњои бефоизи маќомоти Агентии мењнат ва шуѓли ањолии вилоят ба љойи кори доимию соњибкорї машѓул гардиданд. Дар идомаи нишаст иттилоъ дода шуд, ки ба шањрвандони хориљии њудуди вилоят аз тарафи раёсат ба 212 нафар шањрвандон иљозатнома барои кор дода шудааст. Аз љумла ба шањрвандони Љумњурии Халќии Хитой - 189, Афѓонистон 10, Эрон 2, Тур-
кия 1, Олмон 2, Озарбойљон 7 ва ИМА 1 нафар. 146 хољагие, ки барои кўчонидан ба љойњои бехавф эњтиёљ доштанд, соли 2018 дар мавзеъњои бехавф бо ќитъаи замини наздињавлигї таъмин шуда, ба онњо ќарзи имтиёзнок ва кумакпулии якдафъаина људо гардид. 30 хољагї аллакай ба љойњои бехавф кўчонида шуданд. Њамзамон, то ба имрўз аз тарафи муњољирон фоизи муайяни ќарз (50%), ки тайи солњои 2007-2017 ќарзи имтиёзнок гирифта буданд, ба филиалњои БДА «Амонатбонк»-и шањру ноњияњои вилоят пардохт шуда истодааст. Маблаѓњои баргардонидашуда аз њисоби муњољирони дохилї 592 њазору 67 сомонї ва муњољирони экологї 514 њазору 443 сомонї, дар маљмўъ1106510 сомониро ташкил медињад.
ШУМОРАИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ КОРТЊОИ ПЛАСТИКЇ АФЗОИШ ЁФТААСТ Соли 2018 дар ќаламрави вилояти Хатлон теъдоди бонкамат ва пос-терминалњо 43 адад афзуда, шумораи умумии онњо то охири сол ба 582 адад расид. Шумораи умумии истифодабарандагони кортњои пластикї то ибтидои соли љорї 482 њазору 508 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба оѓози соли 2018-ум 31074 нафар афзоиш ёфтааст. Алиљон Салимов, сардори шуъбаи минтаќавии Бонки миллии Тољикистон, дар нишасти матбуотї хабар дод, ки баќияи ќарзњои низоми бонкии вилоят дар соли 2018-ум 993,7 миллион сомониро ташкил дод. Аз он 84,2 фоиз ќарзњои пули миллї ва 15,8 фоиз ќарзњоро асъори хориљї ташкил намуданд. Дар соли 2018 њаљми ќарзњои додашудаи ташкилотњои ќарзї аз тамоми манбаъњо ба соњањои иќтисодиёти вилояти Хатлон дар маљмўъ 1 146,4 миллион сомонї њисоб шуд, ки нисбати соли 2017 ба 215,0
миллион сомонї ё 23,1 % зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни ќарзњо бо пули миллї 28,56 % ва бо асъори хориљї 17,38%-и солонаро ташкил медињад. Инчунин, дар соњаи кишоварзї 50,5 миллион сомонї, соњаи савдо ва тиљорат 25,2 миллион сомонї, соњањои саноат, наќлиёт, сохтмон дар маљмўъ 550,5 миллион сомониро ташкил доданд. Ќарзњои хурди додашуда дар соли 2018 дар муќоиса нисбати соли 2017 бо андозаи 235,7 миллион сомонї ё 29,6% афзуда, ба 1 032,6 миллион сомонї баробар шуд. - Новобаста ба буњрони љањонї фаъолияти низоми бонкї дар ин давра муътадил арзёбї мегардад, ки ин натиљаи пайгирї ва амалигардонии барномаи дурнамои сиёсати пулию ќарзї аз љониби Бонки миллии Тољикистон ва шуъбањои он дар минтаќањо мебошад, - гуфт А. Салимов.
530 ЉИНОЯТИ КОРРУПСИОНЇ ОШКОР ГАРДИД Аз љониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон соли гузашта 332 тафтишу санљишњои фаъолияти молиявию хољагидории давлатї ва дигар муассисањо гузаронида шудааст. Дар нишасти хабарии Солењ Носирзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон, зикр шуд, ки њангоми санљишњои гузаронидашуда ба маблаѓи умумии 31698 793,6 сомонї зарари молиявї ошкор карда шудааст, ки аз он 4 096 875,6 сомонї харољоти ѓайриќонунии пулию молї, 2 676 482, 5 сомонї камомад ва тасарруфи воситањои пулию молї, 4 629 940,2 сомонї изофанависї дар њаљми корњои таъмиру сохтмонї, 297 530,6 сомонї зарар аз фурўш ва иљораи амволи давлатї, 9 968 376,3 сомонї талафи воситањои
пулию молї ва 10 029 588,4 сомонї маблаѓи кам њисобгардида ва рўйпўшнамудаи андозњо мебошад. Дар рафти тафтишу санљишњо аз маблаѓи умумии зарари ошкоршуда 26 011 343,4 сомонї рўёнида шудааст, ки 82,1%-ро ташкил медињад. Аз он маблаѓи ба буљет воридкардашуда 16 140 488 сомонї ва маблаѓи ба корхонањо барќароркардашуда 9 870 855 38 сомониро ташкил медињад. Инчунин, дар рафти тафтишу санљишњо ба буљет ба маблаѓи 1 949 166 36 сомонї баќияпулињои андоз ворид карда шудааст. - Њайати шахсии Раёсат пурзўр намудани мубориза бар зидди ришвахўрї, дуздии моликияти давлатї бо роњи азхудкунї ва исрофкорї, саркашї намудан аз супоридани андозњо ва пардохтњои гумрукї, иќтисодиёти пинњониро самтњои афзалиятноки фаъолияти худ мењисобад, - афзуд сардори Раёсат. - Дар соли 2018 бањри њимояи
манфиатњои хизмати давлатї, моликият ва амнияти иќтисодии мамлакат 530 адад љиноятњои коррупсионї, иќтисодии хусусияти коррупсионидошта ва вобаста ба андоз ошкор гардид, ки аз ин њисоб 107 ададашро љиноятњои вазнин ташкил медињад. Дар соли 2018 аз љониби шуъбаи тафтишотии Раёсат 176 адад парвандањои љиноятии коррупсионї, иќтисодии хусусияти коррупсионидошта ва вобаста ба андоз ба пешбурд ќабул шуда мавриди тафтиш ќарор дода шудаанд. Инчунин, аз 176 адад парвандањои љиноятии ба пешбурд ќабулшуда тафтиши 138 парвандаи љиноятї ба итмом расонида шуда, 117 парвандаи љиноятї бо 304 лањзаи љиноят нисбати 153 нафар айбдоршавандањо бо тасдиќи фикри айбдоркунї ба суд ирсол гардидааст. Н. Маъмурзода, «Хатлон»
33 ЛОИЊАИ САРМОЯГУЗОРЇ АМАЛЇ ГАРДИД Дар миќёси вилоят 33 лоињаи сармоягузории давлатї амалї гардида, маблаѓи умумии азхудшуда 454, 3 миллион доллари америкоиро ташкил медињад. Лоињањо ба соњањои маориф 6,9%, кишоварзї 10,9%, обу ирригатсия 12,5%, энергетика 25,4%, наќлиёт 41,2%-ро ташкил медињанд. Ба иттилои Ќурбон Ќурбонзода, сардори Раёсати сармоягузорї ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон, дар ќаламрави вилоят ба маблаѓи 53489,5 њазор доллари ИМА сармоягузории мустаќими хориљї ворид шудааст, ки ба шањру ноњияњои Ёвон 16721,6, Сарбанд 12319, 6, Хуросон 2459,9 ва Данѓара 21988,4 њазор доллари амрикої рост меояд. Нишондоди воридоти сармояи хориљї дар вилояти Хатлон нисбат ба њамин давраи соли гузашта 1465044,4 њазор доллари ИМА-ро ташкил медињад. Аз тарафи соњибкорон дар шањру навоњии вилоят соли гузашта 195 адад биною иншоот ва корхонањои истењсолию ѓайриистењсолї бо сарфи љамъан 130,4 миллион сомонї сохта шуда, ба ин васила беш аз 671 љойи нави корї фароњам омадааст. - Дар њамкорї бо соњибкорон 46 лоињаи сармоягузорї доир ба таъсиси корхонањои истењсоли
мањсулоти ширї, меваю сабзавот, коркарди пахта, пашму пўст ва дигар иншоотњои хусусияти истењсолидошта тањия намуда, барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорї ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соњибкорї»-и назди Њукумати Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шудаанд, -афзуд Ќ. Ќурбонзода. - Аз ин њисоб 6 адад лоињаи сармоягузорї ба маблаѓи 10,9 миллион сомонї дастгирї ёфт ва лоињањои дигар мавриди омўзиш ќарор доранд. Њамзамон, тањлили лоињањои давлатии сармоягузорї нишон дод, ки дар вилоят аз њисоби лоињањои «Дастрасї ба маблаѓгузории сабз ва маблаѓњои рушди дењот», «Саноатикунонии соњаи кишоварзї», «Таъмини устувории њавзаи дарёи Панљ ба таѓйирёбии иќлим» ва «Барномаи мутобиќгардонї ва кам кардани оќибатњои таъѓирёбии иќлим дар њавзаи бањри Арал» ба 3 њазору 632 нафар соњибкорону шањрвандони вилоят ба миќдори 7325,5 њазор доллари ИМА ќарзњои имтиёзнок дода шудааст. Комрон Расулов, «Хатлон»
дар Ховалинг боѓи фарњангї бунёд мегардад Дар чор ноњияи минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон боѓњои фарњангї - фароѓатї мављуд нест ва масъулон вазифадор карда шудаанд, ки то љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон боѓњои фарњангї бунёд намоянд. Дар ноњияи Ховалинг то имрўз боѓи фарњангїфароѓатї вуљуд надорад, ки ин боиси нигаронии роњбарияти кишвар ва сокинон гардидааст. Сокини ноњия Шамсулло Салимов дар суњбат чунин иброз дошт: Дар рўзњои љашну маросимњо ба маркази ноњия меоем ва мутаассифона, аз сабаби набудани боѓи фарњангї-фароѓатї наметавонем бо худ фарзандону наберагонамонро биорем. Сокини дигари ноњия Љамшеди Асомуддин низ аз набудани боѓи фарњангї – фароѓатї изњори нигаронї кард. Ў мегўяд: «Дар даврони соњибистиќлолии мамлакат дар ноњия фавворањо ва аз љониби соњибкори мањаллї як боѓи хурдакак барои кўдакон сохта ба истифода дода шудааст, ки он ниёзи сокинонро ќонеъ карда наметавонад. Хуб мешуд, агар боѓи фарњангї-фароѓатї зудтар бунёд карда шавад, то мо дар он истироњат намоем». Фароњам овардани шароити созгор ба фаъолияти кормандони бахши фарњанги ноњияи Балљувон бењбудї бахшид. Охири соли 2018-ум бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон дар маркази ноњия бинои наву замонавии Ќасри фарњанг сохта, ба истифода дода шуд. Хиробон Судурова солњост, ки дар бахши фарњанги ноњияи Балљувон кору фаъолият дорад. Ин њунарманд имсол бо фароњам омадани шароит дар бинои наву замонавии Ќасри фарњанги ноњия наврасонро љалб намуда, ба онњо санъати дуторнавозиро меомўзонад. «Наврасон барои навохтани асбобњои миллї завќи беандоза доранд.
Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия барои рафъи ин камбудї ва муњайё намудани шароити созгори истироњат ба сокинон ва мењмонон тасмим гирифтааст, ки то љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар маркази ноњия боѓи фарњангї-фароѓатї бунёд намояд. Дар ин бора сармеъмори ноњия Иноятулло Њољизода чунин гуфт: «Майдони умумии боѓи фарњангї ду гектарро ташкил менамояд ва барои 14 оилае, ки дар ин мавзеъ зиндагї мекарданд, дар љойи дигар бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатї ва соњибкорони мањаллї хонањои нави истиќоматї бунёд карда шудааст». Иттилоъ дода шуд, ки боѓи фарњангї - фароѓатї ва фавворањо мавзеи дўстдоштаи сокинон ва мењмонон барои сайругашт ва истироњат мегардад. Боѓи фарњангї-фароѓатї то љашни Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мавриди истифода ќарор мегирад. Ширинљон Сафарзода
Зикри хайр
Булбуле дар гулбоѓи санъат Њабибулло Бекмуњаммад булбуле дар чаманзори санъати ватан буд. Дилаш ба миллат, ба њар фарзанди бонангу номуси ин диёр месўхт. Соли 1993 дар ќатори ди-
гар сурудњояш чанд сурудеро замзама мекард, ки аз Худованди муттаол илтиљо дошт, то тољикони ѓарибгаштаро ба диёр баргардонад. Чунин андеша дошту ташвиш. Боре њини суњбат дар телевизиони вилояти Хатлон, ки он ваќт Њабибулло Бекмуњаммад директори ансамбли тарона ва раќси он таъйин шуда буд, шиори ман дар зиндагї ин шоњбайт аст гуфт: Ба пастињо нахоњам љуст роњи сарбаландињо, Баландиро ман аз кўњи баланди хеш љўёнам. Баъди сукути кўтоњ афзуд: “Агар овози дилчаспу дилангез надоштаву писанди њамдиёрон набошї, бењтараш ба сањна набаро, худро њофиз муаррифї макун. Овози фораму дилангези њофиз бояд ба шунаванда шўру њаловат бахшад, дар олами рангоранги серљилои самои хушњолињо ба ў як љањон шодї бахшад. Рости гап, бародар, ба ман на њар як шеъру суруд писанд меояд. Бисёр мутолиа мекунам, шеъру сурудњои дилчаспу писандро мељўям. Агар шеър ё суруди писандидаамро пайдо кунам, бењад шоду мамнун мегардам. Ман шеърњои шоирони гузаштаву имрўзаи тољикро бисёр мехонам. Асарњои пурмазмуну безаволи устод Рўдакї, Фирдавсї, Саъдї, Љомї, Хайём, Њилолї, Гулханї ва ѓайра писанд аст. Шеърњои панду ахлоќиро бештар дўст медорам ва бо мењру муњаббат аз ёд карда, ба оњанг дароварда месароям. Барномаам ќариб пурра аз шоњбайтњои панду ахлоќии бузургони адабиёт иборат аст. Њофизї барои Њабибулло меросист. Падараш Бекмуњаммад њофиз ва гўруѓлисарои номдори дењањои Хуљаи Нур ва Кангурт буд. Бекмуњаммад Холзода гўруѓлиро чунон бо овози хушу фораму дилчасп ва гуворо месароид, ки шунаванда баробари ќањрамонони гўруѓлї шоду ѓамгин шуда, њатто аз чашмњо ашк мерехт. “Бихон Бекмуњаммад!”, “Њалолат бод, њофизи ширинсухан!”, “Ќоил кардї, њофизи хушхон!” ситоиш мекарданд мардуми Кангурт Бекмуњаммади гўруѓлихонро. Њабибулло мухлисони зиёде дошта, аз садои фораму дилнишини сурудњои ў ѓизои маънавї мебардоштанд. Ў булбуле буд дар гулбоѓи санъати Тољикистони нозанин. Вуљудаш моломоли мењри ватан буд. Пайваста меомўхт, сурудњоеро интихоб мекард, ки бо андарзњо, панду њикматњо, лањни хушу овози ширадораш ба муштариён шодкомї, завќу неру бахшида, онњоро ба корњои шоиста, амалњои нек њидоят намояд. Зеро барномаи њунараш аз суруду оњангњои анъанавї, классикї, бадења иборат буда, ба дили мухлисони сершумораш роњ меёфт. Њабибулло њанўз аз айёми хурдсолї ба дуторнавозї, сурудхонии падари бузургаш Бекмуњаммад гўш дода, ба њунари ў майл пайдо кард. Дар хона ва маъракањо пањлуи падар нишаста, бо садои форами мусиќї ва овози сурурбахши падар гўш дода, илњоми хаёлаш дар баландињои кўњсори диёр парвоз мекард. Њабибулло Бекмуњаммад солњои навадуми ќарни гузашта дар идораи барномањои мусиќии радиои кишвар ба хазинаи тиллоии радиои тољик чанд суруди худро ворид кард, ки тавассути радио садо дода, сафи муштариёнашро афзуд. Касе, ки як маротиба лањни хушу наѓмањои љонгудози Њабибуллоро шунида бошад, ба садои хушу навоњои дилошўбаш мафтун гашта, лаззати маънавї бардошта, хоњиши такрор ба так-
Ќасри нав дар хизмати мардум Дар ду гурўњ 12 нафар наврасонро њунари дуторнавозї меомўзонам ва дар љашни Наврўзи байналмилалї дар чорабинии фарњангї бо шогирдонам баромад мекунем, - мегўяд ин бонуи њунарманд». Дар бахши фарњанги ноњияи Балљувон 111 нафар кору фаъолият доранд ва бо сохта ба истифода додани Ќасри фарњанг шароити кории онњо бењтар гардида, њамарўза барои дар сатњи баланд гузаронидани љашнњои дар пешистода омодагї мегиранд. Айни замон, кормандони бахши фарњанг барномаи
нави консертї омода карда истодаанд. Мудири шуъбаи фарњанг Азизулло Талбов зимни суњбат чунин иброз дошт: «Дар баробари бунёди Ќасри фарњанг соњибкори мањаллї Абдусалом Рањимов ба мо асбобњои муосири таќвияти овоз дастрас намуд, ки кори моро осон мегардонад». Солњои пеш бахши фарњанг аз норасоии мутахассисони соња низ танќисї мекашид ва барои омода кардани барномањои фарњангї мутахассисонро аз дигар шањру ноњияњо
рор шунидани онро мекунад. Њабибулло чанд муддат дар ансамбли давлатии “Дарё” - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон кор карда, як силсила сурудњои пурмазмуну шавќоварро ба муштариёнаш њадя намудааст. Бо овози ширину баланду гуворояш сурудњои фалак ва лирикиро ба дараљаи баланд иљро карда, шунавандагонро мафтуну шайдо мегардонд. Дар барномаи Њабибулло Бекмуњаммад њамаи сурудњо аз шоирони гузашта ва муосири тољиканд, мазмуну мундариљаи баланд доранд, ба дили муштариён роњ ёфта, онњоро ба сайри олами зебої, дунёи рангоранги ширину гуворо мебаранд, ба шоњроњи неку хушбахтиовари њаёт даъват карда, дарди дили муштариёнро ифода менамоянд. Њабибулло барои дарёфти як суруди мувофиќ моњњо ва солњо љустуљў мекард, дањњо китобро мутолиа менамуд, бо бисёр шоирон њамкорї дошт. -Њар кас дар њаёт љойи худ, мавќеи худ ва роњи худро дорад,мегуфт шодравон Њабибулло. -Аз бењтаринњо омўхтан шарт аст, вале њар кас бояд бо усули худ хонад. Ман њунари њофизони номдори кишвар, ба монанди Акашариф Љўраев, Абдулло Назриев, Зафар Нозимов, Муќим Љўраев,Љўрабек Муродов, Файзалї Њасан, Барот Яхшї, Шумќор Одинабек, Одина Њошим, Иброњим Кобулиев ва дигаронро меписандам. Њар гоњ ошуфтањол гардам, ин шоњбайти Њофизро такрор мекунам: Сина моломоли дард аст, эй дареѓо, марњаме, Дил зи танњої ба љон омад, Худоё, марњаме. -Ман ба давлатњои хориљї кам сафар кардаам,- мегуфт Њабибулло Бекмуњаммад.Тољикистони азизи мо бењтарин ва зеботарин давлати рўйи замин аст. Дарё дорем, кўњ дорем, водї дорем, замини зархез њам дорем. Дар баъзе давлатњо њатто оби ошомиданї намерасад, ќисми дигараш замини њосилхез надорад, сеюмаш љангзада аст ва ѓайра. Мо бояд шабу рўз шукронаи Тољикистон, шукронаи Сарвари хирадманди худро кунем. Солњои навадуми ќарни бист чї њол доштем? Рў ба рањми Худо будем, он солњо одами шодро намедидем, имрўз тамоми ањолии кишвар шоду мамнун буда, аз њаёт розианд. Аз бахти баланди хеш меболанд. Дили Њабибулло Бекмуњаммад аз ишќи ватан љўш мезад, пайваста дар васфи Тољикистони азиз, зодгоњаш Кангурт сурудњои нав ба нав эљод мекард, бо мењр, бо завќ, бо услуби хоси худ месуруд ва он ба мухлисон, ба њамдиёрон писанд омада, хуш ќабул мекарданд. Умре ў љўёи саодат ва хушбахтї буд, ки њунару истеъдоди худододаш ўро ба ќуллаи мурод расонд. Ќариб њар рўз ў бо сурудњои рўњпарвару дилпазираш ба одамон шодї мебахшанд. Ў орзуњои зиёде дар дил дошт. -Медонед чї, – дар мулоќоти охирин, аниќтараш дидори охиринамон гуфт Њабибуллоњ,- ман як орзу дорам: њамаи хешу табор, ёру дўстонро дар як љой љамъ карда, аз њолу ањволи якдигар бохабар шавем.Орзу дорам бо сурудњои тозаэљоди худ хотири мухлисон ва авлодонамонро шод созам. Дар ятимхона – мактаб интернати Кангурти ноњияи Совет (њозира ноњияи Темурмалик) бисёр шахсиятњои номдор хондаанд, баромад кунам, хотири ятимонро шод созам. Охир, бузургон фармудаанд: Њар кї хандонад ятими хастаро, Боз ёбад љаннати дарбастаро. -Наќшањои неки дигар њам дорам. Умр вафо кунад мухлисонамро бо як барномаи калони консертї шод хоњам кард,- мегуфт Њабибулло. Вале умр ба Њабибулло Бекмуњаммад вафо накард, нияту орзуњои некашро амалї карда натавонист. Марги бемањал ўро аз байни мо ба дунёи абадият бурд. Эљодиёти рангорангаш, сурудњои баландмазмуну пандомезаш, хислатњои наљиби инсониаш аз хотири ёру дўстон ва мухлисонаш њаргиз фаромўш нахоњад шуд. Б. САЙДАЛИЕВ, «Хатлон»
ва маркази вилояти Хатлон даъват мекарданд. Њоло бошад, дар бахш мутахассисони љавонро ба кор љалб кардаанд, ки дар ин кор ба онњо озмуну чорабинињо, аз љумла Фестивали љумњуриявии телевизионии «Бўстон2018» кумак расонидааст. Бо фароњам омадани шароит кормандони бахши фарњанг маќсад доранд, ки аз њисоби наврасону сокинони болаёќати ноњия шогирдонро омода карда, ба коллељу донишкадаи санъат љалб ва дар оянда фаъолияти бахшро боз њам бењтар намоянд. Ширинљон Сафарзода
4
ХАТЛОН
Истифодаи технологияи муосири иттилоотї дар фаъолияти китобхонањо Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њамеша таъкид бар он доранд, ки ќобилияти зењнии насли имрўзаро ба донишандўзї, махсусан аз худ намудани забонњои русї ва англисї, интихоби касбу њунар, омўзиши технологияи муосир равона созем. Вобаста ба ин, кормандони муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб» озмуни китобдорони китобхонањои вилоятї ва китобхонаи марказонидашудаи шањри Кўлобро дар мавзўи «Истифодаи технологияи муосири иттилоотї дар фаъолияти китобхонањо» бахшида ба «Рўзи компютерчиён” баргузор намуданд. Маќсади баргузории озмун аз он иборат буд, ки савияи дониши китобдорони имрўзаро бањри рушду аз бар намудани илму технологияи муосир равона гардонида, ќобилияти касбиашонро нисбати он баланд бардоранд. Китобдоронро мебояд, ки њарчи бештар адабиёти мафњуми иттилоотидоштаро аз бар намуда, савияи дониши хешро нисбати омўзиши технологи-
Аз замони расман манъ шудани фаъолияти Њизби нањзати ислом, ки дар зарфи чанд сол дар мамлакатамон танњо бо амалњои тахрибкориву ифротгарої, ќатлу куштори чењрањои намоёни миллат, ходимони давлативу љамъиятї, тарѓибу таблиѓи арзишњои барои миллати мо бегона машѓул буд, ќариб чањор сол гузашта бошад њам, њанўз роњбари гурезпои ин ташкилоти экстремистиву террористї М. Кабирї аз хориљи кишвар истода, ба сўйи Тољикистон, Њукумати мамлакат сангандозї мекунад. Бо киштани тухми нобоварию бадномсозї мехоњад, ки ба маѓзњои мардуми тољик таъсир расонад. Аммо намедонад, ки мардуми сарбаланди Тољикистон «иммунитети мустањкам» дорад ва њељ гоњ аз њазёни Кабирии ватанфурўш «сироят» намеёбанд. Ёд дорам, ки соли 2015, пас аз кўшиши табаддулоти давлатї аз сўйи генерал Њољї Њалим ва ошкор шудани даста ТТЭ ЊНИ дар ин амали нангин, аъзо ва пайравони Њизби нањзати ислом тавассути расонањои хабарї ва шабакањои интернетї расман баромадњо карда, аз узвияташон дар чунин њизбе, ки хиёнат ба ватану миллатро раво дидааст, безорї нишон доданд. Садњо аъзои расмии ЊНИ он замон амалњои роњбарияти ин њизбро мањкум намуда, изњори пушаймонї карданд, ки аз ноогањї ба ин ташкилот аъзо шудаанд. Онњо иќрор мекарданд, ки ЊНИ сабабгори асосии љанги шањрвандии Тољикистон дар солњои 90-уми асри гузашта ва њизби вайронкору фиребгар буда, роњбарияти ин ташкилот њар кореро анљом медињад, бањри манфиати шахсии худ мекунад. Бинобар ин, нозарур будани онро барои Тољикистон талќину талаб намуданд. Суди Олии Љумњурии Тољикистон њам, бинобар даст доштани ЊНИ дар дањњо љинояти вазнин, инчунин ба фаъолияти террористию экстремистї машѓул будани роњбарият ва аъзои он, ин њизбро ѓайриќонунї эълон ва фаъолияташро расман манъ кард.
яи коммуникатсионї пурзўр ва бањри равнаќи љомеаи иттилоотї мусоидат намоянд, ќайд гардид дар ифтитоњи озмун. Дар љамъбасти озмун Фирўза Абдуллоева, китобдори китобхонаи марказии шањри Кўлоб сазовори љойи якум, Назокат Рањмонова, китобдори муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб», Абдусаттор Одилов, саркитобдори китобхона - филиали №8-и Љамоати дењоти “Дањана” сазовори љойи дуюм ва Зикамо Сафарова, китобдори китобхонаи вилоятии бачагонаи шањри Кўлоб сазовори љойи сеюм гардиданд. Иштирокчиёни фаъоли озмунро директори муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб» Саймуњаммад Обидов бо ифтихорнома ва туњфањои хотиравї ќадрдонї намуд. Саодат Абдуллоева, корманди муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнї дар шањри Кўлоб»
панљшанбе, 21 феврали соли 2019, №8 (3193)
Ифтитоњи 5 иншооти нави тиббї дар Хатлон Шабакањои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноњияи Ёвон имрўз 53 бунгоњ ва 22 Маркази саломатии дењотро дар ихтиёр дошта, аз њамин шумора 5 бинои муассисаи тандурустї садамавию дар биноњои ѓайримуќаррарї љойгир шуда буд. Хушбахтона, дар доираи корњои ободониву созандагї ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатї моњи декабри соли гузашта сохтмони 2 Маркази саломатї дар љамоатњои дењоти Њасан Њусейнов ва “Чоргул”-и ноњияи Ёвон, 2 иншооти нави тиббї дар ноњияи Љ. Балхї азнавсозї гардид. Худи њамин моњ иловатан бинои навсохти Маркази саломатии дењоти Ширинчашмаи ноњияи Ёвон мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Тавре ки директори Маркази саломатии дењоти ноњияи Ёвон Майсара Шарифова иброз намуд, ќаблан шароити хизматрасонии муассисаи тиббии болозикр на он ќадар хуб буда, норасоии мутахассисони соњибкасбу дастгоњњои тиббї мушоњида мешуд. Бо шарофати сулњу вањдат ва соњибистиќлолии кишвар мо ба орзуњои деринаи худ расидем ва кўшиш бар он медињем, ки ба маризон хизмати босифати тиббию санитариро ољилан расонем. Дар маросими ифтитоњи иншооти тиббї роњбарияти ноњия, намояндагони Лоињаи Бонки умумиљањонї, сардори Раёсати тандурустии вилоят ва табибону шумораи зиёди сокинон ширкат варзида, ба сифати корњои анљомёфта, ки аз љониби сохтмончиёни ЉДММ “Вањдат” ба сомон расидааст, бањои баланд доданд. Зикр рафт, ки лоињаи меъморї ба меъёрњои байналмилалї мутобиќ гардонида шуда, дар дохили бинои асосї 7 њуљраи корию хизматрасонї ва дар шафати он дигар иншооти ёрирасон бунёд карда шудааст. Чунин менамуд, ки дар ин рўз аз табибону њамширањои шафќат дида, сокини дења холаи Ќумрї бештар хушњол буд, зеро орзуи деринаи ў љомаи амал
пўшид. Ин њам бошад, аввалин шуда дар бинои нав набераашро пизишкон бо истифодаи дастгоњњои муосир ройгон хатна намуданд. -Аз таљрибаи њаётї метавонам ёдовар шавам, ки солњои пеш мо барои хатнаи кўдакону наберагони хеш ба табибони халќї мурољиат менамудем ва дар натиља борњо шоњиди он гаштаем, ки кўдакон њам азоби рўњї мекашиданд ва њам ба беморињои гуногуни сироятї гирифтор мешуданд. Рањмат ба Љаноби Олї, ки дас-тур доданд, то дар назди марказњои саломатии дењот њуљрањои алоњидаи хатна ташкил карда шавад ва аз хизматрасонии баландсифати табибон истифода бурдем. Ин имкон медињад, ки писарбачањо ба зудї бе ягон ориза шифо ёбанд, - гуфт зимни суњбат Ќумрї Алиева, як тан аз бошандаи Љамоати дењоти Њасан Њусейнов. Бинои Маркази саломатии дењоти Ширинчашма бо сарфи 1 миллиону 230 њазор сомонї бунёд шуда, њамчунин дар њаљми 282531 сомонї мизу курсї, љевон, рахтњои мулоими нишасту хоб ва дастгоњу таљњизоти њозиразамони тиббї харидорї ва муљањњаз гардонида шудааст. Барои расонидани кумаки аввалия њамчунин як адад наќлиёти ёрии таъљилии махсусгардонидашуда бо дастгоњу лавозимоти муосири ташхисиву табобатї таъмин гардидааст. Метавон гуфт, ки бо дастгирии Лоињаи бењтаркунии хизматрасонии тиббии Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии љумњурї корњои азнавсозї дар ду иншооти тиббии дигар дар ноњияи Ёвон бо суръати баланд идома дорад. Баъди анљом ёфтани корњои сохтмонї дар ноњияи Ёвон мардум аз хизматрасонии бењтарин мутахассисони соњибкасб бархўрдор хоњанд гашт. Ќурбоналї Ќурбонов, машваратчии мањаллї оид ба кор бо љомеа ва ВАО дар вилояти Хатлон
ЧАНД ДАЛЕЛИ «ЧАНДПАГОНА» БУДАНИ КАБИРЇ Аммо имрўзњо мебинем, ки М. Кабирї ва чанде аз пайравони нохалафи ў дар хориљи кишвар бо ташкили ба ном «ПМТ», ки дар асл як паймони зиддимиллї буда, њамчун ниќоби навбатї бар чењраи ањримании нањзатињо истифода мешавад, баромадњо мекунанд. М. Кабирї дар суњбати якуми «рў ба рў»-яш шарманда шуд. Ў ба ягон савол бодалел љавоб нагуфт, вале шарм надошта, боз њам бо чунин «рў ба рў» суњбат карданї шуд. На ин ки посух додан ба саволњои мардум, балки ў њатто аз мубоњиса бо Саломиддин Мирзорањматов ва Додољон Атовулло барин афроде, ки тамоми фаъолият ва шахсияти муљмалу ѓаразнок будани Кабириро бо факту далел исбот кардаанд, доим фирор мекунад. Аз дасти ТЭТ ЊНИ садњо нафар кушта шуданд, бењтар нест, ки Кабирї гуноњи худро мардонавор иќрор намуда, комилан ин ташкилотро бандаду сидќан изњори пушаймонї кунад? Албатта, чунин «љасорат»-ро ў надорад, зеро хољагонаш ўро сахт гўштоб хоњанд дод. Ў, чун њамеша, як лўхтак буда ва њамон тавр мондааст. Шахсияти «чандпагона» будани Кабириро сиёсатшиносону одамони ањли фањм барваќт муайян кардаанд. Чанд далели зер исботи гуфтањост: 1. М. Кабирї дар як мусоњиба иќрор карда буд, ки дар солњои 80уми асри гузашта, њанўз ваќте ки њокимияти Шўравї пойбарљо буд, бо даъвати М. Њимматзода дар Душанбе маљлиси пинњоние барпо менамояд. Пас аз он, барои таъсис додани њаракати донишљўёни исломии СССР, ўро ба Маскав фиристоданд. Яъне Кабириву хољањояш њанўз дар солњои 80-
баромади намоишкоронаи ў аз тариќи интернет низ ба хотири сиёњкорї буд. Ў хост бори дигар худро чун сиёсатмадор, њомии миллати тољик нишон дињад. Вале дар ин баромадаш ба мисли як бечораю гадое ба назар мерасид. Ба саволњои мухлисонаш, ки аксар дар хориљи кишвар паноњанда шудаанд, њатто љавоби дуруст дода натавонист. Хост чун дузди зўр соњиби говро бандад. Вале њар дафъа чун тири каљ љавобаш мувофиќат намекард, њар дам аз љавоб мегурехт, сари масъалаи дигар мегузашт. Бори чандум аст, ки Кабирї сари масъалаи таърихи Тољикистон ва алалхусус дар бораи босмачию босмачигарї бармегардад. Аз онњо ќањрамони миллат метарошад. Ин сабаб дорад. Чаро ки худи Кабирї ва њаммаслаконаш айнан кори босмачиёнро такрор намудаанд. Шояд Кабирї љонибдори пантуркизму давлатдории манѓитиён бошад. Охир босмачиён њам давлатдории манѓитиёнро њимоя карда буданд, феълан нишонањои ин монандї њам дида мешаванд. Яке аз инњо куштори муаллимон аз тарафи босмачиён буд. Солњои фаъолияти ЊНИ низ аъзои он нони муаллимро њаром њукм карда буданд ва агар пеши роњи онњо гирифта намешуд, шояд фатвои ќатли муаллимро њам мебароварданд. Магар чунин ашхос бо чунин афкору аќида барои миллати тољик кори некеро иљро карда метавонанд, њаргиз не. Инро худи халќи Тољикистон наѓз фањм кардааст. Не, Кабирї, ту дигар барои Тољикистону халќи он бегонаї. Касе андешаи онро надорад, ки ту барои ин сарзамини орому осоишта, вањдатбор, ки мардумаш пайи рушду нумўи он зањмат мекашанд, кори некеро анљом дињї, ба љуз ниятњои муѓризона ва манфиатљўёнаи худ. Инро њам наѓз дар хотир дор, ки мардум амалњои содирнамудаи туву њаммаслаконатро намебахшад. Р. СОЛЕЊОВ, омўзгор, ноњияи Восеъ
СИЁЊКОРИИ НАВБАТИИ КАБИРИИ ГУРГСИРАТ Чанде пеш аз тариќи интернет барномаи мустаќим бо унвонии «Гуфтугўйи рў ба рўйи М. Кабирї» пахш гардид. Онро бо диќќат тамошо кардам. Ин барнома њикояти «Гург ва буз»-ро ба хотир меовард, ки дар он чунин омадааст: Гурги гуруснае ба азми шикор берун баромада, болои баландие бузеро мебинад. Гург имкони боло баромадан надошт. Роњи њилларо пеш мегирад. Бо ваъдаи алафи фаровон бузро таклифи поён фаромадан мекунад. Вале буз њам аної набуд. Дар посух мегўяд: «Эй гург, ту ѓами маро не, ѓами шиками худатро мехўрї»: Ба њамин монанд, Муњиддин Кабирї њам, имрўз чун он гург гурусна мондааст. Њар гоњ ў Тољикистону Душанберо ёд мекунад, дилаш об мешавад, месўзад.Ин дилсўзї на барои Тољикистону халќи он аст, балки барои он сарвату бойигарї ва роњату фароѓате, ки ин љо дошт, вагарна миллати тољик, халќи Тољикистон барои ў як пули пучаке арзиш надорад. Агар чунин намебуд, куштору хунрезињои нўкарони њамсафу њизби террористиаш-ТЭТ ЊНИ аз бањри чї буд? Њамин амалњои содиркардааш боиси фирори ў гардид ба хориљи кишвар, назди хољагонаш. Имрўз Муњиддин Кабирї пеши онњо низ ќадре надорад. Зеро ў маблаѓњои гирифтаашро барои иљрои супориш “њалол” карда натавонист. Аниќтараш мардуми Тољикистон ба ин роњ надод. Њизбу зархаридонашро саркўб намуд. Кабирї бошад, ќаблан думро хода кард. Ў имрўз барои дарёфти маблаѓ ба њар як офиси љоњталаби хориљї сар мехалонад. Барои дастрас кардани маблаѓи навбатї аз сиёњкорию туњмату буњтон ба унвони мардуми Тољикистон, давлати Тољикистон ва роњбарияти давлат рў намегардонад. Њамин
«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА
ум тарњи вайрон кардани сохти конститутсиониро дар Тољикистон ва кулли ИЉШС кашида буданд. 2. Кабирї дар гузашта модел ё намунаи давлатдории исломиро зиёд таблиѓ мекард. Њатто дар мусоњибае бо нашрияи «Фараж» чунин гуфта буд: “Бояд исломдўстї ва ифтихор кардан бо арзишњои миллию мазњабиро аз Эрон омўзем». Аљиб аст, чаро дидаву дониста, ки мазњаби аксари кулли ањолии Тољикистон аз мазњаби мардуми ЉИЭ комилан фарќ мекунад, ў ин андешаро болои мардуми кишвар тањмил мекард? 3. ТЭТ ЊНИ њамеша расидан ба ќудрат ва табдил додани Тољикистонро ба як кишвари исломї њадаф ќарор медод. Ошкоро сиёсатро бо дин омехта мекард. Аммо, њоло ки Кабирї дар Аврупо ќарор дорад, муњтавои суњбатњояш ба шеваи «фоњишањои сиёсї» монанд ва комилан дигар шудааст. Ў дигар аз дину ислом ќариб њарфе намезанад, балки дар Аврупо зиста, акнун пайгирона «демократия» ва «њуќуќи инсон» мегўяд. Магар ин далели дигари ба истилоњ «зархарид» ва манфиатљў будани ў нест?! 4. Кабирї аз ањли хиёнат будани худро, бо ин ки дар соли 2015 тамоми аъзо ва пайравонашро тарк карда, ба хориљи кишвар фирор намуд, ба исбот расонид. Оё имрўз шармаш намеояд аз он ки дањњо нафар љавононро аз пушти худ бурда, онњоро бадбахт, ватангумкарда, аз пайвандон мањрум, бадном ва ояндаашонро сиёњ кардааст?! Шабоњати Њизби нањзати ислом бо ташкилоти динї ѓайриќонунї мебошад, зеро маќсадњои ташкилоти динї аз њизби сиёсї тафовут доранд. Аммо њизби Кабирї то замони аз љониби
Суди Олї фаъолияташ мамнўъ эълон шудан, бо њар роњу усулњо дар фаъолияти хеш дар самти ташаккули иродаи сиёсии шањрвандон аз дини ислом сўиистифода намуда, шањрвандонро оид ба вазъи њуќуќии хеш ба гумроњї мебурд. Љойи шакку шубња нест, ки «аъзо»-и ЊНИ-ро танњо бо сўиистифода аз номи ислом ва бо роњи машѓул шудан ба тарѓиботи динї љалб мекарданд. Онњо њам на аз барои барномањои сиёсии њизб, балки аз барои номи ислом узви њизб мешуданд. Дар “Ќуръон” таъкид шудааст: «Эй мардум, ба дурустї, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ќавмњо ва ќабилањо сохтем, то ба якдигар шиносо шавед». Суоли матрање, ки Кабирї ва ёронаш њамеша аз посух ба он парњез мекунанд, ин аст: «Оё дар Ќуръон гуфта шудааст, ки Худо бояд њизб дошта бошад? Дидаву дониста тафриќаандозї кардан аз нигоњи ислом чї њукм дорад?» Пўшида нест, ки ЊНИ њангоми фаъолияташ дар кишвар мардуми тољикро ба ду ќисм људо карда буд. Мањз њамин њизби исломї ва дигар гурўњњои тундрави ба ЊНИ монанд аст, ки тайи чанд соли охир давлатњои шарќ дар гирдоби љанганд ва њељ аз ин варта берун намеоянд. Чаро ин барои онњо дарси ибрат намешавад? Таърих нишон дод, ки вуљуд доштани њизбе, ки гўё «ба хотири манфиатњои динии шањрвандони Љумњурии Тољикистон мубориза мебарад», кори бемаънї мебошад. Аз нигоњи сиёсатшиносон вуљуд доштани њизби дорои характери динї дар замони ављ гирифтани ифротгароињои динї-таассубї, воќеан, хатари љиддї барои Тољикистон дошт, барои
гурўњњои пасипардагие, ки мехоњанд манфиатњои геополитикии хољагони хориљии худро пиёда кунанд, бењтарин нињоди расмии њамин њизбњои сиёсїисломї мебошанд. Вале Кабирї ва пайравонаш ба хотири «њалол кардан»-и маблаѓи аз хољагонаш дармеёфта ба њама кор, њатто ба инкори арзишњои инсониву хонаводагї ќодир аст. Сўистифода кардан аз номи набераи бемори 4-солааш ва ба ин васила кўшиши бадном сохтани маќомоти давлатии Тољикистон, ки гўё барои ба хориља сафар кардани ўву модараш монеа эљод мекарданд, то куљо обрўи Кабириро боло бурд?! Баръакс, фитрати пасти бе ин њам барои омма аёнашро дубора ба намоиш гузошт. Њоло «њизб»-и Кабирї хонаводаї шудааст, яъне писару домоду хешу табори худ ва фарзандони собиќ муовинонашро дар гирди худ љамъ кардааст. Дигар касе дар атрофаш нест. Одамони солимфикр, рўшанфикроне, ки дар Аврупо ќарор доранд, ба њарфу нияти ўву «њизбаш» ягон зарра эътимоду эътиќод надоранд. Ў шояд њис кардааст, ки барои љомеаи Тољикистон кайњо ба як «љасади сиёсї» табдил ёфтаасту касе ба њарфу њиљояш бовар намекунад, њатто дар ќиёс мављудоти олам ягон арзише надорад. P.S. Бозгашти рањбари ташкилоти экстремистии «Гурўњи 24» Шарофиддин Гадоев ба Ватан, ки ба гумроњию хатокории худ иќрор шуда, худро ба маќомоти њифзи њуќуќи Тољикистон таслим кардааст, далели равшани он аст, ки давлати Тољикистон сиёсати дуруст, дурандешона ва башардўстонаро пеш гирифтааст. Зиндаву мурдаи њар шахсро танњо хоки Ватан мебардорад. Иќрор кардани гуноњ, сидќан изњори пушаймонї ва мардона узрхоњї намудан дар назди миллату мењан, албатта, мояи афв хоњад шуд. Афви фарзандони гумроњ ва мусоидат барои баргаштан ба зиндагии осоиштаи мулкї дар ватан таљрибаи роиљ дар Тољикистон аст. Н. МУСТАФО, «Хатлон»
Чоњкан зери чоњ Барои њар миллату фарди худогоњ, боору номус худшиносии миллї ва истиќлолияту давлатдории хешро донистану ќадр кардан вољиботи аввалин аст. Шукр мекунем, ки неъмати бузурги худовандї - тинљу оромї, ободиву зебогї ва рўз ба рўз рушд ёфтани соњањо дар ватани соњибистиќлол тањти сиёсати хирадмандонаву оќилона ва сулњљўёнаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон насибамон гардидааст. Мутаассифона, гурўњи нохалафе аз њаммиллатони мо, тањти роњбарии Кабирии хоину мазњабфурўш бо тўдае аз хокистарњояш бо ишораву маблаѓгузорињои хољањои хориљиашон ин њама пешравию дастовардњоро нодида гирифта, ба миллату ватани хеш хиёнаткорона туњмат мебофанду худро њомї мешуморанд. Ба замми ин бо маблаѓњои њароми хољањои хориљиашон дањон ширин намуда, ба худ унвон медињанду вазифа мебофанд. Гоње «анљуман» меороянд, гоње чорпанљ нафар шуда «тазоњурот» ташкил мекунанду гоњо худро роњбари ташкилоти хаёлї ва њељ кас эътироф нанамуда «паймони миллї» мехонанд. Баръало маълум аст ва дар тамоми аќсои љањон ба хубї фањмидаанд, ки љанги бемаънии солњои 90-ум бо хунрезию бесару сомонї, вайронкориву валангоркунї аз дасти нањзатињо (ТЭТ ЊНИ) ва њаминњо барин ношукрону душманони дохилї ибтидо ги-
рифта буд. Занон, модарону хоњарони бешавњар монда, кўдакони зиёди аз мењри падар мањрум, миллионњо њисороти љонию молї ба миллати тољик аз ќадами шуми онњо расид. Имрўз њам аз рўи маълумоти сањењу равшан баръало маълум аст, ки Кабирї бо дигар њаммаслакони тиннату замирашон сиёњ, мехоњанд аз нав сарњо буридаву љонњои зинда зери хок шаванд, наврасону кўдакон бесаробон монанд. Ѓайр аз ин, дигар њељ маќсаде надоранд. Агар ин тоифа заррае даъвои мусулмонї доранд, пас барои чї аз њизбу њаракатњои характери иртиљоидоштаи террористиву экстремистї ва ифротї пайравї карда, кўшиш мекунанд, бо њар роњу восита ватан, миллаташонро бадном созанд?! Даъвоњои ин хоинони миллат ва мазњабфурўшон аз ибтидо то интињо беасос аст. Онњо худ ба манфиати тољикистониён чизе накардаанду намекунанд. Аз ин рў, мебояд тамоми миллати тољик, њамватанони баору номуси Тољикистон, чи дар дохилу чи дар хориљ, як тану як љон шуда, барои манфиати давлату љомеаи навини тољикон, бањри таќвияти вањдати миллї боз њам зичтар гардему нисбати ободии он сањмгузор бошем, аз хоину мазњабфурўш ва худозадањо Тољикистони бињиштосоро њифз намоем.
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
Муњаммаддовуд Њалимов, раиси КИ ЊХДТ дар ноњияи Абдурањмони Љомї
Диќќат: Музояда! Иљрочиёни Хадамоти иљро дар Суди иќтисодии вилояти Хатлон рўзи 20 марти соли 2019 музоядаи такрории тањти №14-ро оид ба фурўши амволњои зерин, ки тањти њабс ќарор доранд, бо кам намудани 15% аз арзиши ибтидоии онњо эълон менамояд: № Т/р
Номгўи амволи њабсгардида
Мансубият ва суроѓа
Нархи ибтидої
1.
Иншоотњои истгоњи таъмири наќлиётї, нуќтаи шустушўи наќлиёт ва маѓозаи дуошёна
Шањри Левакант, шоњроњи БохтарЛевакант -Кўлоб
255000 (ду саду панљоњу панљ њазор) сомонї
Маѓозаи №9, якошёна, аз хишти пухта сохта шуда, иборат аз иншоотњои ёрирасон, фурўшгоњ, соябон, анбон, анбор иборат мебошад
Шањри Левакант, кўчаи Лоњутї, б/р
238000 (ду саду сиву њашт њазор) сомонї
Собиќ бинои нотамоми базаи наќлиётии алоќа, аз иншоотњои ёрирасон, бинои маъмурї, се соябон, ќаровулхона, чор анбор, дарвозаи оњанї ва девор иборат мебошад
Шањри Левакант, минтаќаи саноатї, б/р
765000 (њафтсаду шасту панљ њазор) сомонї
2.
Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълон оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад. Љойи баргузории музояда: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм). Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни Хадамоти иљро дар Суди иќтисодии вилояти Хатлон дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефони (83222) 3-19-09 ва 989-16-67-67 гирифта метавонед. ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТЇ ВА ЊИФЗИ ИЉТИМОИИ АЊОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Муассисаи давлатии таълимии «Коллељи тиббии шањри Бохтар» ќабули довталабонро барои соли 2019 -2020
эълон менамояд Ба коллељи тиббии шањри Бохтар хатмкардагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон, шањрвандони давлатњои хориљї мувофиќи шартномаву созишномањои байнидавлатї, хориљиён ва шахсони бетабаа ќабул карда мешаванд. Ба њамаи ихтисосњои гурўњњои буљавї шањрвандони Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешаванд. Ба гурўњњои шартномавї шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва давлатњои хориљї, ки њуљљати баробарэътирофии тањсилоти миёнаи умумї доранд, ќабул карда мешаванд. Ба шакли тањсили рўзона довталабони синнашон то 30 ва ба шуъбаи шабона (машѓулиятњо аз соати 15:00 то 18:00) бемањдудияти синну сол ќабул карда мешаванд. Тањсил дар коллељ бо забони давлатї (тољикї) ба роњ монда шудааст. Дар коллељи тиббии шањри Бохтар довталабон дар шуъбаи рўзона аз рўйи ихтисосњои зерин ќабул карда мешаванд: Муњлати тањсил 3 солу 10 моњ: -“ Кори умумитиббї”, бо додани тахассуси “Њамшираи (бародари) тибби оилавї” (буљавї ва шартномавї); -“Кори момодоягї”, бо додани тахассуси “Момодоя” (буљавї
ва шартномавї); Муњлати тањсил 2 солу 10 моњ: -“Кори њамширагї”, бо додани тахассуси “Њамшираи тиббї” (буљавї); -“Кори тиббї – ташхисї”, бо додани тахассуси “Фелдшер – лаборант” (буљавї); -“Корњои тиббї - профилактикї”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии табиби гигиенист, санитарї ва эпидемиолог” (буљавї); - “Кори фарматсевтї”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавї); “Кори дандонсозї”, бо додани тахассуси “Техники дандон” (шартномавї). Дар шуъбаи шабонаи коллељи тиббї довталабон (муњлати тањсил 3 солу 6 моњ, бо тањсилоти миёнаи умумї) аз рўйи ихтисосњои зерин ќабул карда мешаванд: - “Кори њамширагї”, бо додани тахассуси “Њамшираи тиббї” (шартномавї); - “Кори фарматсевтї”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавї) ќабул карда мешаванд. Имтињонњои дохилшавї дар Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон гузаронида мешаванд. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Сино-7, телефонњо барои тамос: 2-25-73, 2-20-89.
Рўзи дарњои кушод Ба диќќати хатмкунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии шањри Бохтар ва макотиби вилояти Хатлон расонида мешавад, ки дар санањои 15-16 марти соли 2019 дар коллељи тиббии шањри Бохтар “Рўзи дарњои кушод” гузаронида мешавад. эътибор надорад Дипломи гумшудаи ДТК №0045236, ки онро соли 2010 коллељи махсусгардонидашудаи шањри Бохтар, шуъбаи “Тибби ветеринарї” ба Тиляев Дустмурод додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи гумшудаи имтињонотї, гурўњи 430101-А, донишљўи соли 4, шуъбаи рўзонаи буљавї, ки онро Донишкадаи энергетикии Тољикистон ба Љураќулов Сафаралї додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи ронандагии № 0036948, гурўњи №12, дараљаи “ВС”, ки онро соли 1988 ТЉММ-и шањри Бохтар ба Шарипов Хайрулло додааст, эътибор надорад. Таваљљўњ Хадамоти иљро дар ноњияи Љалолиддини Балхї ба таваљљуњи иштирокчиён мерасонад, ки музоядаро оид ба фурўши амвол аз рўзи 25 феврал ба рўзи 15 марти соли 2019 гузаронида мешавад. Барњам мехўрад Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди “Давлат 2013”, дорои раќами ягонаи мушаххаси 3410006875, ки он 31.03.2013 дар Бахши баќайдгирии давлатии шахсони њуќуќї ва соњибкорони инфиродии Раёсати баќайдгирии андозсупорандагон дар ноњияи Кўшониён (собиќ Бохтар) ба сабти давлатї гирифта, дар нозироти андози ноњия аз ќайди бањисобгирї гузаронида шудааст, барњам мехўрад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Исматулло Њасанов
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 20.02.2019 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8500 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896