ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №7 (3192)
панљшанбе, 14 феврали соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
7 рЎзи ХАТЛОН ВУСЪАТИ КОРЊОИ ОБОДОНЇ ДАР НОРАК Дар шањри Норак, ки имсол мизбони Љашни байналмилалии Наврўз аст, корњои ободониву бунёдкорї бомаром идома доранд. Шањрдории Норак азм дорад, ки то љашн 12 истгоњи роњи марказиро пурра азнавсозї карда, 18 бинои баландошёнаи шањрро таъмиру таљдид намояд. Аз тарафи масъулони НБО «Норак» бошад, рангубор намудани силсиламуљассамаи ба ифтихори сохтмончиёни неругоњ бунёдёфта ба анљом расид. Аз назди бинои ЉСК «НоракИБОсоз» то майдони марказии варзиш 560 метр роњ мумфарш гардида, дар ин самт корњо идома доранд. Ќомат афрохтани муљассамаи асосгузо-
ри давлати тољикон - Исмоили Сомонї, сутунпояњои Парчам ва Нишони давлатї, ифтитоњи сохтмони майдони варзишї, шинонидани 2011 бех нињоли сояафкану ороишї ва беш аз 70 њазор бутта гулњои гуногуни мавсимї, барќарорсозии 5 гектар боѓ дар ЉДММ «Анорбоѓ» аз љумлаи рўйдодњои фарањбахш ба њисоб мераванд. Дар маљмўъ, ба истифода додан ва оѓози корњои сохтмонии 10 иншооти љашнї дар арафаи Наврўзи байналмилалї дар назар аст.
УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» НАТИЉА МЕДИЊАД Љињати омўзиши омилњои аслии азњампошии оилањо мутахассисони шуъбаи сабти асноди њолати шањрвандии вилояти Хатлон аз усули «хона ба хона» кор мегиранд. Танњо дар моњи январи соли 2019 мутахассисони шуъбаи САЊШ-и вилоят аз пошхўрии 4 оила пешгирї карданд. З. Сафарзода, мудири шуъбаи САЊШ-и вилоят, бо истинод ба тањлилњои анљомдода гуфт, ки агар соли гузашта беш аз 31 њазор сабти аќди никоњ ба ќайд гирифта шуда бошад, беш аз сеюним њазор никоњ тариќи судњо ва шуъбањои САЊШ бекор карда шудааст. Дар натиља, зиёда аз ду њазор кўдак аз имкони зиндагї дар оилаи мукаммал мањрум гардида, танњо бо модар ё падар умр ба сар мебаранд. «Аксаран мардњо ташаббускори бекоршавии аќди никоњ мебошанд. Масалан, соли гузашта дар ноњияи Фархор ба суд 57 мард ва ба шуъбаи САЊШ 63 мард барои бекоркунии аќди никоњ ариза додаанд. Ин њам дар њоле ки соли 2018 дар ин ноњия њамагї 21 зан ба суд ва 18 зан ба шуъбаи САЊШ бо чунин ариза мурољиат кардаанд», - афзуд З. Сафарзода.
Ислоњи сариваќтии камбудињо ба фаъолияти босамари соњањо имкон медињад Љаласаи васеи назди раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар љамъомад муовинони раиси вилоят, сардорони раёсатњо, дастгоњи раиси вилоят, мудирони шуъбањо, роњбарони муассисањои вилоятї, раисони шањру ноњияњо ва кормандони ВАО ширкат доштанд. Љамъомадро раиси вилоят Ќурбон Њакимзода њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо рўзномаи љаласа ошно намуд. Сараввал, муовини раиси вилоят У. Зоирзода оид ба љамъбасти натиљањои иќтисодиву иљтимоии вилояти Хатлон дар моњи январи соли равон гузориш дод. Номбурда доир ба масъалањои даромади ќисми буљети вилоят, фаъолияти корхонањои саноатї, њаљми истењсоли маљмўи мањсулоти кишоварзї, фаъолияти соњањои маориф, тандурустї ибрози назар намуд. Раиси вилоят аз раисони шањру ноњияњои А. Љомї, Ёвон, Восеъ, Левакант, Вахш, Ќубодиён, Дўстї, Љайњун, Муъминободу Фархор доир ба камбудињои дар соњањои иќтисодиву иљтимої љойдошта пурсон гардид. Дар аксар шањру ноњияњои номбурда њаљми маљмўи мањсулоти саноатї кам гардида, фаъолияти муассисањои хизматрасонї низ хуб ба роњ монда нашудааст. Тавре ки роњбари вилоят таъкид дошт, бо вуљуди дастовардњои соњањои иќтисодиву иљтимої, њанўз њам дар шањру навоњї камбудињо ба чашм мерасанд. Ислоњи сариваќтии камбудињо имкон медињанд, ки фаъолияти тамоми соњањо рў ба бењбудї нињода, сатњи некўањволии мардум бењтару хубтар шавад. Љойњои нави корї таъсис ёбад ва њаљми маљмўи мањсулоти дохилї боз њам афзун гардад. Раиси вилоят таъкид дошт, ки саноатикунонии мамлакат њадафи
чоруми миллї ба шумор рафта, маќсад аз саноатикунонї, пеш аз њама, коркарди ашёи хоми мањаллї, бунёди љойњои нави корї, ба шуѓл фаро гирифтани ањолї мебошад. Аз ин рў, масъулини шањру ноњияњо, роњбарони ташкилоту муассисањоро зарур аст, ки аз захираву имкониятњои мављуда истифода бурда, њаљми маљмўи мањсулотро афзун намоянд. Дар ин баробар барои омодагї ба санаи муњими таърихї - 30-юмин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бештар кўшиш намоянд. Тибќи наќша-чорабинињои тасдиќгардида дар вилоят беш аз 6 њазор иншоотњои љашнї, аз ќабили корхонањои истењсолї, муассисањои хизматрасонии тиббиву тандурустї, бунёди роњу пулњо, азнавсозии як ќатор иншоотњо, таъмини ањолї бо оби нўшокї дар назар аст. -Бунёди иншоотњои мазкур имкон фароњам меоварад, ки инфрасохтори хизматрасонии дењот боз њам бењтар гардад. Зеро беш аз 80 фисади ањолии вилоят дар дењот рўзгор ба сар мебарад,-афзуд роњбари вилоят.- Таъмини зиндагии шоиста ба њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон њадафи олии роњбарияти Њукумати Љумњурии Тољикистон, хоса Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад. Аз ин хотир, бунёди иншоотњои хизматрасонии замонавї дар дурдасттарин дењот вазифаи масъулини шањру навоњї ба шумор меравад. Роњбари вилоят аз масъулини ташкилоту муассисањои вилоятї, аз љумла маќомоти андоз, молия, нафаќа, бонкњо, шуѓли ањолї, омор, савдо, соњањои кишоварзї ва иљтимої пурсиш ба амал оварда, љињати ислоњи камбудињо дастуру супоришњои мушаххас дод. Њамчунин Ќурбон Њакимзода ба масъу-
лини соњаи маорифи вилоят ва шањру навоњї љињати боз њам бењтар ба роњ мондани фаъолият, ба тањсил пурра фаро гирифтани толибилмон, ба дастовардњои назаррас ноил гардидан дар озмуну чорабинињои љумњуриявї, дохилшавии хатмкунандагон ба мактабњои олї, омода намудани кадрњои баландихтисос супоришњои мушаххас доданд. Зимни љамъомад доир ба омодагї ба љашни байналмилалии Наврўз, киштукори бањорї, бунёду барќарорсозии боѓу токзорњо, бењтар намудани њолати мелиоративии заминњо, бењбудї бахшидан ба вазъи боѓњои фарњангї низ сухан ронда, бањри ислоњи камбудињо дастур дода шуд. Дар љамъомад, њамчунин озмуни вилоятии «Ободгари ватан», ки миёни соњибкорон эълон шуда буд, љамъбаст гардид. Нисбати њадафњои Низомномаи озмун муовини раиси вилоят Амирхон Ќурбонзода сухан ронда, иброз дошт, ки ба хотири таќвият бахшидан ба корњои ободониву бунёдкорї, љалби соњибкорони ватанї барои бунёди корхонаву коргоњњои нави саноатї, муассисањои таълимиву тандурустї, таъмири роњу пулњо, бунёди муассисањои хизматрасонї, аз ќабили њаммом, мењмонхона, китобхона, дорухона, сартарошхона озмуни вилоятї эълон гардида буд. Ба ин озмун беш аз 77 мавод пешнињод гардида, 32 нафар соњибкорони шањру навоњии вилоят, барои сањми арзанда гузоштан дар корњои ободониву бунёдкорї бо сипосномаи раиси вилоят ва туњфањои хотиравї сарфароз гардонида шуданд.
Раиси вилоят зимни супоридани туњфањо ба соњибкорон иброз дошт, ки дар њаќиќат фарзандони баору номус ва ободгари ватан пайваста бањри шукуфоии њар як гўшаву канори Тољикистони азиз сањм мегузоранд. Роњбари вилоят ба соњибкорон миннатдории хешро баён намуда, иброз дошт, натиљаи дастгирии соњибкорон аст, ки садњо корхонаи нав, иншоотњои хизматрасонї ќомат афрохта, мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. Имрўз зери сиёсати оќилонаю сулњпарваронаи Президенти мамлакат њамагон рўзгори осуда ба сар доранд ва аз мевањои шањдбори Вањдати миллї бањраманд гаштаанд. Ватани азизамонТољикистон рў ба тараќќї нињодааст. Љавобан ба ин ѓамхорињои Роњбари давлат бояд њар як фарди баору номус бештару бењтар фаъолият намояд, ободгару њомии ватан бошад. А. Сафарова, “Хатлон”
«Истифодаи оќилона аз имкониятњои мављуда ба манфиати кор аст»
гардид. Зимни суњбат пири равшанзамир таъкид дошт, ки Президенти Љумњурии Тољикистон атои Худованд барои тамоми мардуми тољику тољикистонист.
ти муќаддаси ватан майдони љангро ба майдони мењнат ва яроќро ба каланд иваз намуда, барои ободии ватани азиз зањмат кашиданд. Њељ гоњ худнамої накардаанд. Љойи хешро дар майдони корзори ватан дарёфтанд. Натиља ин аст, ки имрўз соњибэњтироми њамагон гардидаанд. Мењтари матбуот Мусулмонќул Љўраќулов низ њаёти пурсамари хешро ба рушди матбуоти даврї бахшидааст. Њангоми суњбат ба раиси вилоят
тибќи ин барнома 124 лоиња ба маблаѓи 501,1 миллион сомонї иљро гардидааст, ки 57%-и нишондињандањои солњои 20152018-и Барномаи мазкурро ташкил дод. Дар натиљаи татбиќи Барномаи рушд дар солњои 2015-2018 соњањои саноат ва кишоварзї рушд ёфта, њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ва кишоварзї бо ифодаи пулї дар соли 2018 нисбат ба соли 2014 мутаносибан ба андозаи 78,6% ва 35% зиёд шуд.
БОЗДИДИ САЙЁЊОН АЗ МАВЗЕЪЊОИ ТАЪРИХИИ ХАТЛОН
Ќурбон Њакимзода:
Ин пири 81-сола аз хизматњои арзандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ёдовар гардида, шукргузорї аз ѓамхорињои пайвастаи Роњбари давлат ва осмони софу рўзгори пурсаодати тољику тољикистониён намуд. Кенља Хушомадов, иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї аз аёдати роњбари вилоят хушњол гардида, бо як њисси фарањмандї аз сиёсати оќилонаи Роњбари давлат ва эњтиромаш ба мењтарони љангу зањмат ёдовар шуд. Ин бобои 98-сола, ки њанўз њам доѓи Љанги Бузурги Ватанї дар ќалбу тиру оњанпорањои љанг дар бадан дорад, аз он лањзањои мудњиш ёд оварда, шукргузорї аз рўзгори пурсаодати сокинони ватани мањбуб намуд. Дар њаќиќат, умри бобаракати ин собиќадорони арсаи љангу мењнат намунаи барљастаи мардонагї, шуљоату далерї, ватандўстиву хештаншиносист. Ин родмардони ватан сина сипар намуданд, то адўи хуношом рўзгори ободу сарзамини аљдодиамонро рахна назананд. Солњои мудњиши Љанги Бузурги Ватаниро ёд оварда, ў аз ќањрамонињои њамяроќон ќисса мекард, ќиссаи некномии љавонмардї. Муњим аз њама, ин мењтарони љангу мењнат пас аз хизма-
Дар шањри Кўлоб гурўњи байниидоравии доимоамалкунанда таъсис дода шуд, ки бояд ба тањияи Барномаи рушди иљтимоию иќтисодии шањри Кўлоб барои солњои 2020-2025 машѓул гардад. Гурўњи корї бояд то нимсолаи аввали соли 2019 лоињаи барномаро тањия ва манзур намояд. Мавриди зикр аст, ки яке аз њуљљатњои муњимми равонашуда ба рушди иќтисодию иљтимоии шањру дењоти Кўлоб Барномаи рушди иљтимоию иќтисодии шањри Кўлоб барои солњои 2015-2019 ба шумор меравад. Ин барнома 262 лоињаро ба маблаѓи умумии 1 миллиарду 46,7 миллион сомонї дар бар мегирад. Солњои 2015-2018
Љаласаи кории раиси вилоят
Рўзи якшанбеи њафтаи сипаригардида раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода аз ноњияи Шањритўс дидан ба амал овард. Дар баробари шиносої бо фаъолияти соњањои хољагии халќи ноњия раиси вилоят аз хонањои собиќадорони љангу мењнат, мењтароне, ки барои ободонї ва шукуфоии ватани азиз зањмат кашидаанд, дидан кард. Роњбари вилоят сараввал аз вазъи рўзгори мењтари мењнат Њаитќул Худойбердиев пурсон
ОМОДАГЇ БА ТАЊИЯИ БАРНОМАИ НАВИ РУШД
доир ба айёми љавонї, фаъолияти корї, вазъи рўзномаи ноњиявї дар њамон солњо њикоят намуд. Рўзномаи “Субњи Шањритўс” таърихи тўлонї дошта, авроќе аз таърихи як гўшаи ватани азизамон ба шумор меравад. Матбуот инъикосгари дирўзу имрўзу фардои ватан аст. Њар як шумораи рўзномањои даврї таърихи зиндаи имрўзу дирўзи миллат аст. Раиси вилоят зимни суњбат бо пирони рўзгордида, собиќадорони љангу мењнат зикр
намуд, ки онњо мураббии насли љавонанд, рўзгору корнамоињои онњо сабаќест барои љавонон дар баланд бардоштани њисси худшиносї, ватандўстї ва мењнатќаринї. Пас аз мулоќот ва дидорбинии собиќадорон дар Кохи фарњанги ноњия љаласаи кории раиси вилоят баргузор гардид. Дар ин љаласа вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон Нуриддин Саид, роњбари гурўњи кории Њукумати кишвар дар ноњияи Шањритўс ва роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї, маќомоти њифзи њуќуќ, мудирони шуъбањо ва муовинони раиси ноњия, бахшњо масъулини ташкилоту муассисањои ноњиявї, раисони љамоатњои дењот ва мањаллањо, соњибкорон ва кормандони ВАО ширкат доштанд. Љамъомадро раиси вилоят Њакимзода Ќурбон оѓоз бахшида, иброз дошт, ки дар ин љамъомад асосан ду масъала дастуру супоришњои Роњбари давлат аз Паёмашон ба Маљлиси Олии кишвар ва натиљањои љамъбасти соњањои иќтисодиву иљтимої мавриди тањлил ќарор мегирад. Сараввал, раиси ноњия Рамазон Оймањмадзода доир ба соњањои иќтисодиву иљтимоии ноњия гузориш дод. Раиси вилоят аз он изњори нигаронї намуд, ки бо вуљуди таъкидњои чандинкаратаи муњтарам Пешвои миллат њанўз њам дар ноњия камбудињои љиддї дар самти соњањои иќтисодиву иљтимої ба назар мерасад. Аз 13 корхонаи (Давомаш дар сањ. 2)
Мавзеъњои сайёњиву таърихии «Њулбук» (Восеъ), «Хоља Машњад» (Шањритўс), «Аљинатеппа» (Вахш), «Чилучорчашма» (н. Носири Хусрав) ва дигар мавзеъњои сайёњии љумњурї ба сайёњони дохилию хориљї љолиби диќќат буда, дар соли 2018 аз мавзеи «Чилучорчашма» 150 000 нафар, «Аљинатеппа» наздики 5000 нафар, «Хоља Машњад» наздики 1000 нафар дидан намуданд. Тавре ки аз Кумитаи рушди сайёњї иттилоъ доданд, дар маљмўъ соли 2018 аз Љумњурии Тољикистон 1 миллиону 155 њазор сайёњи хориљї боздид намуда, шумораи сайёњони дохилї зиёда аз 750 њазор нафарро ташкил додааст. Зикр гардид, ки масъалањои тармиму таљдид, бунёди инфрасохтори иловагї барои љалби сайёњон, маѓозањои фурўши армуѓонњо, љолиб намудани гирду атрофи мавзеъњои сайёњиву таърихї ва дар маљмўъ ба сатњи байналмилалї расонидани онњо аз љумлаи њадафњоест, ки Кумитаи рушди сайёњї пайгирї мекунад.
ТАШАББУСИ ЉОЛИБИ КИ ЊХДТ ДАР ХАТЛОН Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар вилояти Хатлон нашри махсуси нашрияи њизбии «Њамрози халќ»-ро бо теъдоди рекордии 101840 нусха рўйи чоп овардааст. Тавре ки аз КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон ба рўзномаи «Хатлон» хабар доданд, њадаф аз роњандозии ин иќдом баланд бардоштани сатњи мафкураи сиёсии мардум ва пур кардани холигоњи идеологии љомеа буда, матолиби дар он нашршуда, пеш аз њама, ба њимояи манфиатњои миллї ва њар як шањрванд аз тањољуми тўфони хатарњои љањони муосир нигаронида шудааст. Нашри махсуси «Њамрози
халќ» аз Мурољиатномаи КИ ЊХДТ дар вилояти Хатлон ба сокинони вилоят, маќолањои љолиб оид ба роњњои пешгирї аз фитнаву дасисањои гурўњњои ифротї, тафсири барномаи ЊХДТ, ахбори њизбї ва маводи тафрењї иборат аст. Масъулон азм доранд, ки чопи нашри махсуси «Њамрози халќ»-ро минбаъд њар моњ як маротиба ба роњ монда, тариќи ройгон ба мардум пањн намоянд.
ЭЪЛОНИ ЃОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛИ «ЊУНАР ОМЎЗ…» Дар фестивали заргарї тањти унвони «Њунар омўз…», ки аз љониби Вазорати саноат ва технологияњои нав баргузор гардид, мањсули дасти бењтарин заргарони моњир аз гўшаву канори љумњурї ба маърази тамошо гузошта шуд. Маќсад аз баргузории чорабинии мазкур арљгузорї ба фарњангу тамаддуни гузаштагон, эњёи њунарњои мардумї, зиёд намудани шавќ ва њавасмандкунии њунармандон ба касби заргарї, муаррифии молу мањсулоти заргарї дар арсаи љањонї, ба содирот равона сохтани мањсули дасти косибони чирадасти љумњурї бо шиори «Дар Тољикистон истењсол шудааст» ва бо ин васила баланд бардоштани иќтидори содиротии кишвар мебошад. Њамин тавр, љойи 1-ум ба њунармандони шањри Роѓун, љойи 2-юм ба њунармандони КВД «Зари Кўлоб» ва љойи сеюм ба ду нафар: њунарманди коргоњи заргарии ЉДММ «Майрамбибї» ва њунарманди мардумии шањри Њисор – Фирдавс Назаров дода шуд.
СЕ МУСОБИЌАИ ЉУМЊУРИЯВЇ - ДАР МОЊИ МАРТ Дар семоњаи аввали соли 2019 аз љониби Кумитаи кор бо љавонон ва варзиш 5 чемпионати Љумњурии Тољикистон, 6 мусобиќаи љумњуриявї аз рўйи риштањои гуногуни варзишї ба наќша гирифта шудааст, ки баргузории ин чорабинињои варзишї дар шањри Душанбе, Бохтар, Норак ва шањри Кўлоби вилояти Хатлон бо иштироки дастањои вилоятњо ва шањру ноњияњои кишвар дар назар аст. Аз он љумла марњилаи якуми мусобиќаи љумњуриявї оид ба футбол дар байни бонувон – љавондухтарони аз 16-сола боло дар шањру ноњияњо ва марњилаи финалии он рўзњои 3-7 март дар шањри Бохтар доир мегардад. Дар шањри Кўлоб бошад, 9-10 март мусобиќаи љумњуриявї оид
ба дастхобонї ва вазнбардорї байни варзишгарони имконияти љисмониашон мањдуд барпо мешавад. 21-22 март мусобиќаи љумњуриявї оид ба гўштини миллї байни калонсолон дар шањри Норак пешбинї шудааст.
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj