ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №6 (3191)
чоршанбе, 6 феврали соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАЊОИ РУШДИ ДАВЛАТ (Идома аз шумораи №5 (3190)) Яке аз нуктањои асосие, ки дар Паём дарљ гардидааст ва он барои њар хонадон муњим мебошад, дар шароити нињоят камзамини Тољикистон ба мардум додани ќитъа барои бунёди манзили истиќоматї аст: «Дар 27 соли соњибистиќлолї 190 њазор гектар заминњои корам аз гардиши кишоварзї бароварда шуда, майдони заминњои наздињавлигї дар кишвар 135 њазор гектар, аз љумла аз њисоби заминњои обї 52 њазор гектар зиёд шудааст» (Сањ. 20). Мањз тавассути методњои муќоисавї – таърихї умумият ва фарќиятњо, аз љумла дар сиёсат, иќтисодиёт, муносиботи љамъиятї, њатто рўзгори шахсии њар фард баръало намудор мешавад. Тасаввур кардан мумкин нест, ки мо сатњ ва воќеияти зиндагиро бидуни мурољиат ба ин методи маъмули шинохти њаќиќат арзёбї карда тавонем. Њамин тариќ, дар Паём хотирнишон карда мешавад, ки дар натиљаи таќсими замин як миллиону чорсад њазор оила барои бунёди манзилњои истиќоматї имконият пайдо намуданд ва “ба њисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро бењтар кардаанд”. Барои муќоиса ва хулосабарорї зарур аст, хотирнишон кард, ки “Бо ин маќсад, дар 70 соли то замони истиќлолият, њамагї 77 њазор гектар замин таќсим карда шуда буд” (Сањ. 20). Чунин иќдом намунаи сазовори дарки воќеияти зиндагии мардуми одї, њисси баланди масъулияти давлатдорї, олињимматї, ѓамхорї ва дастгирии оммаи мардум мебошад. Дар Паём ба рушди илм, маориф ва фарњанг таваљљуњи хоса зоњир карда шудааст. Таъкид карда мешавад, ки “Танњо соли 2018 дар кишвар аз њисоби њамаи сарчашмањо 151 муассисаи тањсилоти умумї бо зиёда аз 73 000 љойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоњад ёфт” (Сањ. 26). Њамзамон, ду масъалаи умда дар соњаи маориф хотирнишон гардид: “Якум, норасоии кадрњои соњибкасби омўзгорї ва дуюм, баланд бардоштани сатњу сифати таълим
дар тамоми муассисањои тањсилотии кишвар” (Сањ. 26). Бузургон муносибати сабабии «шавад тира аз бехирад рўзгорро» дар шарти «агар дар љањон набвад омўзгор» дидаанд. Айнан њамин нукта аз лињози мантиќї дар Паём таъкид шудааст. Дар ифодаи «кадрњои соњибкасби омўзгорї», албатта, дараљаи баланди дониш, тахассусмандї, маданияти воло, тавони маърифатнок кардан ва санъати нињоят мушкил ва пурмасъулияти аз одам “инсон – шахсиятсозї» аст. Мањсули кори мактаб он аст, ки парвардаи ў омода бошад манфиати рушд ва амнияти Ватанро дар ќавлу амал њимоят кунад. Тибќи аќидаи олимони Ѓарб, тањкурсии
маънавии шахсият (скелет, “устухонбандї”-и маънавї) дар синни 16 солагї шакл мегирад. Мањз барои њамин «A man in sixteen, is a man in sixty» («Мард дар шастсолагї, њамонест, ки дар шонздањсолагї буд») мегўянд. Ислоњи фарзанд (талаба) баъд аз хатми мактаби миёна кори нињоят мушкил, амалан номумкин аст. Тањлили њодисањои солњои 90-уми асри гузаштаи Тољикистон, структураи хислат, характер, дониш, љањонбинии дастандаркорон ва нафароне, ки зери таъсири онњо монда љумњуриро ба хоку хун кашиданд ва албатта, њодисањои имрўзаи ба ифротгарої ва терроризм майл пайдо кардани иддае аз љавонон тасдиќи ин гуфтањо мебошад. Пешвои муаззами миллат борњо таъкид кардаанд, ки љомеаро, мутахассис, дониш-
манд обод мекунад. Дар ин маврид донише дар назар дошта мешавад, ки ќонуниятњои рушди табиат ва љамъиятро аз нигоњи илмї тафсир намояд, дар таљрибаи чандинсолаи њаёти инсонї тасдиќ гардида бошад. Кишварро аз нигоњи иќтисодї ќудратманд созад. Вобаста ба талаботи системавии рўзмарра ва ояндабинии рушди тараќќиёти иќтисодї — иљтимоии мамлакат имкони омода кардани маљмўи номгўи (реестри) мутахассисонро кафолат дињад. Дар натиљаи амалї кардани он, ниёз ба даъвати мутахассисони хориљї намонад. Њамин тариќ, дар самти тахассусмандии инфрасохтори гуногунсоња њам, кишвар истиќлолият пайдо кунад. Идома додани ислоњоти низоми њамаи зинањои тањсил, љорї кардани усулњои фаъоли таълим ва додани эътибори аввалиндараља ба сатњу сифати он, ки дар Паём таъкид шудааст, аз маќсадњои амалии Њукумати Љумњурии Тољикистон эълон гаштаанд. Дар ин њуљљати барномавї ба наќши љавонони кишвар дар њаёти созанда ва таъмини амнияти мамлакат бањои баланд дода шудааст. Аз љумла, таъкид карда мешавад, ки «њисси баланди миллї, худшиносиву худогоњї, ватандўстиву ватанпарастї ва садоќати љавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аљдодї гарави амнияту осоиши љомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тољикистони соњибистиќлол мебошад» (Сањ. 34). Њамзамон, дар Паёми Пешвои муаззами миллат бо назардошти таърихи пурфољиаи давлатдории навини мо, сабаб ва оќибатњое, ки ба бадбахтии умумимиллї оварда расониданд, хотирнишон гардида, таъкид карда мешавад: «Дар шароити љањони пурњаводиси муосир бисёр муњим аст, ки љавонони мо мисли солњои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиѓоти неруњои ифротгарои динї ва бадхоњони миллати тољик нагарданд, њамеша зираку њушёр ва барои њимояи манфиатњои халќи тољик ва давлати тољикон омода бошанд» (Сањ. 34). (Давомаш дар сањ. 2)
Самараи умри дењќон Тањти ин унвон дар шањри Бохтар намоиши фурўши нињолњо баргузор гардид
Рўзи шанбеи њафтаи сипаригардида дар бозори “Њољи Шариф”-и шањри Бохтар намоиши нињолњо тањти унвони “Самараи умри дењќон” дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дастандаркорони чорабинї бесабаб мањз ин маконро интихоб накардаанд. Дар бозори мазкур гўшаи мањсули дастони дењќон, яъне фурўши нињолњои мевадињанда ва гулу рустањои ороишї шабонарўзї фаъолият дорад. Нињолпарварон бемушкилї дар ин бозор садњо навъи нињолу гулбуттањоро њамарўза ба фурўш мебароранд. Дар рўзи баргузории намоиши нињолњо низ беш аз 200 навъи гулу гулбутањоро ба фурўш гузошта буданд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода зимни боздиди ин гўшаи зебои табиат ба масъулини бозори “Њољи Шариф” ва нињолпарварону соњибкорон изњори ташак-
кур кард. Навъњои гуногуни гулу гулбутта ва нињолони мевадињанда, ороишиву нодир диќќати њамагонро ба худ љалб намуда буд. Дар сањни дигари бозор кишоварзону дўстдорони табиат аз 25 шањру навоњї мањсули дастранљи хеш-гулу нињол, тухмињои гуногуни мањсулоти кишоварзиро дар намоиши “Самараи умри дењќон” пешкаши њамагон гардониданд. Раиси вилоят ба зањмати кишоварзон ва дўстдорони табиат аз наздик шинос гардида, ба дењќонон бањри рушди соња, интихоби навъњои бењтарини зироат ва гулу нињолњо маслињатњои муфид дод. Тавре раиси вилоят зимни суханронї таъкид дошт, Президенти мамлакат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон нисбати рушди соњаи боѓу токпарварї махсус таъкид карданд, ки бунёди боѓу токзорњои
навро аз њисоби заминњои бекорхобида ва доманакўњњо майдони боѓу токзор, аз љумла боѓи интенсивї мунтазам зиёд карда шавад. Тавре ки дар љамъомад зикр гардид, солњои охир Њукумати Љумњурии Тољикистон, шахсан Президенти мамлакат нисбати рушди соњаи боѓу токпарварї, афзоиши истењсоли меваю ангур, мустањакам кардани иќтидори содиротии љумњурї аз њисоби мањсулоти кишоварзї, таъмини амнияти озуќаворї диќќати љиддї медињанд. Раиси вилоят зимни суханронї аз иљроиши барномањои ќабулгардида, дар самти рушди боѓу токпарварї таъкид ба миён оварда, ёдовар шуд, ки тибќи Фармони Президенти мамлакат дар вилояти Хатлон 20 њазор гектар боѓњои нав ва 2266 гектар токзор бунёд ёфт. Дар ин самт натиљањои бадастовардаи зањматкашони ноњияњои Хуросон ва Ёвон назаррасанд. Бар-
номаи мазкур 119 фисад таъмин гардид. Чуноне ки дар љамъомад ироа гардид, бо ташаббуси Роњбари давлат барномаи дигари рушди боѓу токпарварї барои солњои 2016-2020 низ ќабул гардида, дар шањру навоњї амалї гашта истодааст. Њакимзода Ќурбон барои боз њам тараќќї ёфтани соњаи боѓу токпарварї диќќати њозиринро ба шаклдарорї, коркард, озуќадињї ва яхобмонии боѓу токзорњо равона сохт. Таъкид намуд, ки имрўз дар ин намоишгоњи “Самараи умри дењќон” бењтарин дарахтони гуногуни дорои њуљљатњои мутобиќат ба сифат пешнињод гардиданд. Ин имкон медињад, ки боз дањњо гектар боѓу токзорњои мевадињанда бунёд шавад. Њамзамон роњбари вилоят аз олимону кормандони Академияи илмњои кишоварзии Љумњурии Тољикистон, Донишгоњи зироаткорї изњори сипос намуд, ки бо шароити њозиразамон семинарњои омўзишї доир намуда, маслињатњои муфид додаанд. Тибќи иттилои масъулини раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар ин чорабинї беш аз як миллион нињол ва гулу растанињои ороишї пешкаши харидорон гардонида шуд. Дар хотимаи чорабинї ба намояндагони шањру ноњияњои вилоят туњфањои хотиравї ва сипосномањо супурда шуд. Табиатдўстони шањри Бохтар намояндагони муассисањои томактабї ва мактабњои тањсилоти њамагонї низ бањри ширкати фаъолона дар чорабинї аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва Раёсати њифзи муњити зист ќадрдонї гардиданд. А. САФАРОВА, «Хатлон» Аксбардор М. СОТИЕВ
бунёди боѓу токзорњои нав аз њисоби нињолони хушсифат Бо фаро расидани фасли бањор на чандон ваќти зиёд мондааст. Аз ин лињоз, ташвиши марди дењќон, офарандаи неъматњои моддї дучанд мегардад. Ба мавсими киштукор, нињолшинонї, омода намудани тухмињои зироатњои гуногуни кишоварзї омодагии комил мегирад. Инро ба назар гирифта, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон барои фаъолияти хуби марди дењќон дар рўзњои љашни Сада дар шањри Кўлоб зери унвони «Самари умри дењќон» намоиш-ярмаркаи фурўши нињолу тухмињои гуногуни зироатњои хољагии ќишлоќро баргузор намуд, ки ин таќозои замон ва амалї гардонидани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аст. Сардори давлат дар њар як баромаду вохўрињояш баланд бардоштани рушди соњаи боѓдорї ва зироаткориро хотиррасон намуда, таъмин намудани амнияти озуќавории мамлакатро яке аз вазифањои аввалиндараља мешуморад. Бањри амалї гардидани ин дастури Роњбари давлат рўзи 3 феврал дар боѓи фароѓатию истироњатии маркази шањри Кўлоб намоиш-ярмаркаи фурўши нињолу тухмињои зироатњои кишоварзї баргузор гардид. Дар ярмарка на танњо шањри Кўлоб, балки кулли навоњии минтаќаи Кўлоб ширкат варзида, мањсулоти худ-нињолњои дарахтони боровару ороишї ва сояафкан, гулу
ти Хатлон Ќурбон Њакимзода, ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон Абдуљаббор Рањмонзода ва дигарон низ дидан намуданд. Нињолшинонї омили сарсабзї ва хуррамии ватан аст, борњо таъкид намудааст, Сардори давлатамон. Намоишгоњи имрўзаро дида, метавон гуфт, ки боѓдорон ва, умуман, мардуми Тољикистон аз амалї гардидани ин таъкиди Роњбари давлат бо сарбаландї мебароянд. Баъди анљоми дидор аз намоишгоњ љамъомади натиљагирї аз баргузории намоишгоњ - ярмаркаи фурўши нињолу тухмињои зироатњо баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода баромад намуд. Раиси вилоят зимни баромадаш ќайд кард, ки маќсад аз ташкили намоишгоњ-ярмаркаи имрўза амалї гардонидани дастуру супоришњои Пешвои миллат бањри рушди соњаи боѓу токпарварї аст. Дар ин замина Ќурбон Њакимзода тавсияи Пешвои миллатро дар хусуси ташкил намудани боѓњо дар он мавзеъњое, ки дулона, олучаи ёбої месабзаду замини он љо намї дорад, мувофиќи маќсад дониста, бори дигар суханони Сардори давлатро ёдовар шуда, афзуд, ки боѓдорон метавонанд, дар ин заминњо боѓњо бунёд намоянд. Маќсад аз ин нигоњдошти заминњои обї ва афзун намудани мањсулоти озуќаворї ва таъмини амнияти озуќавории мамлакат аст. Ќурбон Њакимзода аз он изњори хушнудї намуд, ки боѓдорони
гулбуттањо, њамчунин тухмињои зироатњои гуногуни кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд. Аз субњи барваќт корњои омодагї ба намоиш – ярмарка аз љониби намояндагони навоњї, њамчунин корхонаю муассисањои касбии шањри Кўлоб ба анљом расонида шуда буд. Дар даромадгоњи боѓ сараввал корхонањои саноатї, аз љумла Љамъияти дорои маъулияташ мањдуди «Орзу-2004», муассисаи давлатии таълимии литсейи техникии сохтмонии шањри Кўлоб, њамчунин кадбонуњои бењтарини шањру ноњияи минтаќаи Кўлоб мањсулоти худ: нону кулчањо, њар гуна њасиб, ширинињо, њунармандони халќї бошанд, њар навъ чакану кашидадўзињо, ќаламарезгї ва дигар мањсулоти зарурии омодакардаашонро манзури тамошобинону харидорон гардониданд. Дар растаи дигар бошад, намояндагони минтаќаи Кўлоб, Данѓара, Восеъ, Темурмалик, Балљувон, Шамсиддин Шоњин, Муъминобод, Фархор ва Њамадонї бо як низоми хоса саройњо бунёд намуда, мањсулоти соњаи боѓдорию ангурпарвариро ба маърази тамошо гузошта буданд. Харидорон метавонистанд аз ин сарой-намоишгоњ нињоли дарахтони боровар: себу шафтолу, олую зардолу, хурмою нок, гелосу бодом, навъњои гуногуни ангур, њамчунин тухмињои лўбию каду, наску нахўд, бодирингу помидор, пиёз, гашничу шибит ва ѓайраро дастрас намоянд. Аз намоишгоњ раиси вилоя-
вилоят давоми 5 соли сипаригардида, наќшаи бунёди боѓу токзорро 119 фоиз таъмин намуданд. Дар ин раванд раиси вилоят аз фаъолияти хуби нињолпарварони шањри Кўлоб ва ноњияи Шамсиддин Шоњин изњори миннатдорї намуд. Нињолпарварони ин навоњї тавонистанд ба ќадри 1,5 миллион дона нињол омода намуда, пешкаши боѓдорон гардонанд. Дар кори тайёр намудани нињолњои наврўста секторњои хусусї пешдастї доранд ва имрўз 80 фоизи љамъи умумро ташкил медињад. Нисбати сифати нињолњои тайёрнамуда раиси вилоят сухан ронда, аз он изњори нигаронї намуд, ки њоло њам на њамаи нињолњо бо сифати баланд тайёр карда мешаванд. Нињолњои пайвандкарда на њама ваќт ба талаботи стандартї љавоб мегўянд. Нињолпарварон набояд фаромўш кунанд, ки нињолњои онњо давоми 4-5 сол ба њосил медароянд ва агар нињоли онњо бесифат бошад, пас боѓдорон зањмат мекашанду њам маблаѓашон бар абас меравад. Раиси вилоят кори тайёр намудани нињол ва масъулияти нињолпарваронро аз дигар давлатњо ёдовар гардида, ќайд намуд, ки њар як нињоли тайёрнамуда, дар хориљ ба худ шањодатнома дошта, номи хољагиаш навишта мешавад ва хољагидор ба сифати он кафолат медињад, дар сурати камбудї фурўшанда зарари расондаашро пардохт мекунад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода оид ба масъалаи бунёди (Давомаш дар сањ. 2)