ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №41 (3226)
панљшанбе, 3 октябри соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
ЭМОМАЛЇ РАЊМОН: «ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ЊАСТИИ МИЛЛАТ» «Забони мо бо Истиќлоли ватани мо пайванди ногусастанї дорад. Яъне, ваќте ки ватани мо озод ва мустаќил будааст, забони мо њам шукуфон ва истиќлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз њамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезањои асосии љунбишњои истиќлолхоњї ва ватанпарастї буд. Барои ниёкони мо мафњуми Ватан ва забон њамеша њаммаъно будааст». * * * * * «Бояд, махсусан насли љавони мо огоњ бошанд, ки ниёкони онњо, сарфи назар аз номулоиматї ва номењрубонињои таърих, то чї њад дар њифзи ватан ва муќаддасоти миллї, махсусан забони модарии хеш кўшиш ба харљ дода, барои мо забони тавоноеро якљо бо чунин осори арзишманди адабї ва таърихї ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муњташамро аз газанди боду борони замони љањонишавї нигоњ дошта, то љойи тавон онро бо ѓановати бештар ба наслњои оянда ба мерос гузоранд». Иљлосия
Раиси вилоят: «Истењсол ва захираи тухмии пахтаи навъи мањиннахро бояд зиёд кард» 1 октябри соли равон дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Иљлосияи нуздањуми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, даъвати панљум баргузор гардид. Ќурбон Њакимзода, раиси вилояти Хатлон, њамзамон раиси Маљлиси вакилони халќи вилоят, иљлосияро њусни оѓоз бахшида, њозиринро бо рўзномаи иљлосия ошно намуд.
Дар иљлосия асосан масъалањои зерин мавриди баррасї ќарор гирифтанд: 1. Рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253 “Дар бораи Барномаи рушди соњаи тухмипарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020” дар шањру ноњияњои вилоят. 2. Рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 “Дар бораи тасдиќи наќшаи чорабинињо оид ба татбиќи Барномаи давлатии рушди муассисањои соњаи маорифи вилояти Хатлон барои солњои 2017-2021” дар шањру ноњияњои вилоят. 3. Њисоботи сардори Раёсати зиддиинњисорї оид ба рафти иљрои Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозорњои мол” дар шањру ноњияњои вилоят. 4. Масъалањои љорї: а) масъалањои кадрї; б) масъалањои номгузорї. Дар љаласа муовини аввал, муовинони раиси вилоят, роњбари дастгоњ, сардорони раёсату шуъбањо, роњбарони ташкилоту муассиса, раисони шањру ноњияњо, муовинони соњаи маънавиёт, масъулини идорањои кишоварзї, омор, маориф, раисони љамоатњои шањру дењот ширкат доштанд. Аз рўйи масъалаи асосии рўзномаи Иљлосия, рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253 “Дар бораи Барномаи рушди соњаи тухмипарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 20162020” дар шањру ноњияњои вилоят њозирин гузориши муовини раиси вилоят Умед Зоирзодаро шуниданд. Номбурда зимни суханронї иброз дошт, ки комиссияи доимии маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон оид ба масъалањои аграрї, бењдошти замин ва обёрї, љангал ва њифзи муњити зист, љараёни иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253 “Дар бораи Барномаи рушди соњаи тухмипарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020” –ро дар шањру ноњияњои дахлдор мавриди омўзиш ва тањлил ќарор дод. Тавре ки номбурда иброз дошт, иљроиши Барномаи рушди соњаи тухмипарварї, бањри баланд гардидани њосилнокии мањсулоти кишоварзї, ба ин васила таъмини амнияти озуќаворї, содироти мањсулоти кишоварзї замина мегузорад. Бањри амалигардонии Барномаи мазкур дар шањру навоњии вилояти Хатлон тадбирњои мушаххас амалї гардиданд. Аз љумла би-
нои озмоишгоњи ташхиси сифати тухмї дар вилоят таъмир ёфта, бо таљњизоти лаборатории замонавї таъмин карда шуд. Стансияњои давлатии навъсанљии ноњияњои Ќубодиён ва Муъминобод бо техника ва мошинолотњои замонавї таъмин гардида, дар ноњияи Кўшониён аз њисоби маблаѓњои лоињањои инвеститсионї сехи коркарди тухмї ва лучаккунии пунбадонаи тухмї бунёд ва мавриди истифода дода шуд. Бо вуљуди мањсулоти асосии содиротї ва истењсоли ашёи хоми саноатии љумњурї ба њисоб рафтани пахта дар шароити имрўза дењќонон ба мушкилоти гуногун рў ба рў гардида, њосилнокї ва даромаднокии он коњиш ёфтааст. Гарчанде ки дар вилоят беш аз 40 адад хољагињои самти фаъолияташон омода намудани пахтаи тухмї ва ѓалла фаъолият намоянд њам, мутаассифона кору фаъолияти онњо дар ин самт мувофиќи матлаб нест,-ироа намуд муовини раиси вилоят Умед Зоирзода. Њамин тавр дар иљлосия оид ба боз њам бењтар ба роњ мондани фаъолияти хољагињои тухмипарвар, стансияњои навъсанљї таъкид ба миён оварда, бањри рушди соњаи тухмипарварї ба масъулини соња дастурњои мушаххас дода шуд. Пас аз гузориши муовини раиси вилоят вакилон ва даъватшудагон Амирбеки Темур, Рањматулло Сафарзода, Сафар Мирзоалиев, Бозоралї Одиназода ва дигарон ба сухан баромада, оид ба иљрои барномаи мазкур ва дастовардњо дар ин самт изњори назар намуданд. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода аз он изњори нигаронї намуд, ки солњои пешин дар назди корхонањои коркарди пунба агрономњои соњаи кишоварзї фаъолият менамуданд. Мутаассифона, солњои охир дар ин самт ба сањлангорї роњ додаанд. Тибќи талаботњои агротехникї пахтаи тухмиро на кам аз 60 рўз нигоњ дошта, баъд коркард намуда, чигитро захира менамуданд. Фаъолияти хољагињои тухмипарвар дар ноњияњои А. Љомї, Љайњун, Фархор, Кўшониён, Дўстї аз ќабили хољагињои тухмипарварии Абдурасул, Ф. Саидов ва Эргаш Султонов хуб ба роњ монда шудааст, вале на дар њама шањру ноњияњои вилоят ба ин масъалаи муњим муносибати љиддї намудаанд. Раиси вилоят таъкид дошт, ки бояд истењсол ва
захираи тухмии пахтаи навъи мањиннахро зиёд намоянд, зеро ин навъи пахта ба гармї тобовар мебошад. Роњбари вилоят зимни суханронї аз он изњори нигаронї намуд, ки њанўз њам дењќонону хољагидорон тухмии картошка, юнучќаро аз хориљи кишвар даст-рас менамоянд. Њол он ки обу замини вилоят барои истењсоли тухмињои аълосифати зироатњои кишоварзї мусоид аст. Танњо кишоварзони шањру навоњиро зарур аст, ки кишти пунбадонаро аввалњои моњи март оѓоз намоянд, зеро таљрибаи хољагидорони хољагии тухмипарварии Эргаш Султо(Давомаш дар сањ. 2)
Даъвати тирамоњї-2019
Љавонон ба хизмати њарбї омодаанд Хизмати ватан-модар муњимтарин рисолати љавонмардон ба шумор меравад. Таърих гувоњ аст, ки њазорсолањо муќаддам фарзандони некноми ватан, амсоли Рустами Дастон, Темурмалик, Муќаннаъ, Восеъ бањри њимояи ватан аз ќадами нопоки душманон љонбозињо карда, ному шуњрати хешро дар сафњаи таърих бо хатњои зарњалин сабт намудаанд. Субњи 3-юми октябри соли равон маркази вилоят -шањри Бохтар ба ифтихори родмардони ватаннаваскарон бо шиору навиштаљот ва парчамњои миллї оро дода шуда буд. Садњо нафар гулписарону духтарон, донишљўёну толибилмон дар кўчањои марказї ба гусели наваскарон баромада буданд. Онњо гулдастањои муаттару зеборо ба ин љавонписарони шуљоъ, ки бо хоњиши худ ба хизмати муќаддаси ватан-модар омода буданд, таќдим менамуданд. Шурўъ аз комиссариати њарбии вилоят то варзишгоњи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар њар ќадам наваскаронро бо савту калом, шеъру тарона пазирої менамуданд. Наваскарони ба хизмати ватан омодагардида дар даст Парчами миллї бо чењрањои хандон таронахонон вориди варзишгоњ гардиданд. Варзишгоњи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ бо шарафи гусели наваскарон оро дода шудааст. Беш аз 4000 нафар дар варзишгоњ ба хотири гусели наваскарон омада буданд. Сараввал комиссари њарбии вилоят Њаким Куганзода ба сухан баромада, Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро дар бораи даъвати навбатии шањрвандони солњои таваллуди 1992-2001 ба хизмати њарбї ќироат намуд. Сипас, раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода назди њозирин
орзуњои неки љавонї ба наваскарон рўймолчањои гулдўзї таќдим карда, барояшон сарбаландї ва тансињатї таманно намуданд. Ба наваскарон раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода туњфањои хотиравї таќдим кард. Њунармандони вилоят бо раќсу сурудњои рангин дар васфи Ватан, Модар, Вањдат, њимояи марзу буми ватан ќалби иштирокчиёни љамъомади тантанавиро хушњол намуданд. Дар њаќиќат ин даъвати дуюми љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањ аст, ки бо ширкати беш аз 4,5 њазор нафар дар вазъияти тантанавї сурат мегирад. Даъватшавандагон аз 25 шањру навоњии вилоят зери шиорњои ватандўстона рў љониби ќисмњои њарбї нињоданд. Хушбахтона, солњои охир љавонон муњимияти адои хизмати њарбиро хуб дарк карда истодаанд ва падару модарон низ аз ин иќдоми фарзандони хеш хушњол гардида, ба онњо тансињативу бурдборињо дар хизмати содиќонаи ватан таманно доштанд. Мо низ имкон пайдо намуда, бо чанд тан наваскарон ва волидайни онњо њамсуњбат гардидем. Сокини ноњияи Абдурањмони Љомї Озода Гулова бо ифтихор ёдовар гардид, ки фарзандаш Мањмадалї Асоев ихтиёран ба хизмати муќаддаси ватан омадааст. Њамчунин, Шералї Шеров, сокини ноњияи Темурмалик баъди
баромад намуда, иброз дошт, ки хизмат ба ватан-модар барои њар як љавонмарди бонангу номус ќарзи инсонї ба шумор меравад. Таърих гувоњ аст, ки дар њар давру замон љавонмардони баномус, фарзандони фарзонаи халќи тољик марзу буми ватанро аз ќуввањои ањриманї њимоят менамуданд. Мањз ќањрамонињои бемислу монанди афсарону сарбозон тўли таърих давлату миллати тољикро аз дасти аљнабиён эмин доштааст. Имрўз номи неки онњо аз забон ба забон, аз насл ба насл асрњо боќї мондааст. Раиси вилоят доир ба хизмати содиќонаи сарбозони шуљоъ, фарзандони баномуси ватан сухан ронда, иброз дошт, ки имрўз ин анъанаи неки инсониро љавонони содиќи ватан идома дода истодаанд. Тавре ки раиси вилоят ироа дошт, беш аз њазор нафар љавонон аз шањру ноњияњои вилоят ихтиёрї ба комиссариатњои њарбї мурољиат намуда, ба хизмати ватан рањсипор гаштаанд. Модарон низ ифтихор аз он доранд, ки чунин фарзандони шуљоъ, далер ва ќавииродаро ба дунё оварда ба камол расондаанд. Сипас, собиќадорони љангу мењнат, афсарон, наваскарон ва модарон ба сухан баромада, иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикисон
хатми Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва магистратураи донишгоњ ихтиёран ба сафи Ќуввањои Мусаллањ пайваст. Њамчунин, Шамсулло Абдуманнонов, Бахтиёр Азизов баъди хатми коллељи тиббї аз ноњияи Темурмалик ба хизмати ватан-модар рањсипор гардидаанд. Сокини ноњияи Хуросон Гулљон Юлдошева аз дењаи Сарбанд зимни суњбат бо мо бо хушнудї иброз дошт, ки фарзандаш Мењрубон Юлдошев баъди хатми Донишгоњи миллии Тољикистон ихтиёрї дар даъвати тирамоњї ба хизмат њозир гаштааст. Њамчунин, Тоиралї Њалимов сокини Љамоати дењоти “Вањдат”, дењаи Файзбахши ноњияи Вахш ихтиёран ба комиссариати њарбии ноњия омадааст. Модари наваскар Дастагул Њалимова ба гусели фарзандаш омада, бо хушнудиву шодї ба фарзандаш ва дигар наваскарон дуои модарона дод, то ки хизмати муќаддаси модар-ватанро ба љо биёранд. Аз суњбат бо љавонон-наваскарон равшан гардид, ки онњо љавобан ба дастгирињои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон нисбати љавонон бо амри дил ба хизмати муќаддаси ватан њозир гардидаанд. Зеро ѓамхорињои њамарўзаи Асосгу-
боиси ифтихору шарафмандии њар як љавонмарди ватандўст ба шумор меравад. То даме ки фарзандони содиќи ватан-сарбозону афсарон марзу буми ватанро далерона њимоя менамоянд, тифлакон дар хоби роњатанду модарон осудањолона суруди рўњбахши алларо мехонанд. Њамин тавр, маросими гусели аввалин љавонон ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар варзишгоњи Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар фазои тантанавї, бо шукўњу шањомати хоса доир гардид. Модарон бо нияту орзуњои нек ба наваскарон кулчањои ширмолу хушбўю болаззатро пешкаш намуданд. Гулдухтарони чаканпўш ва атласпўш низ бо
зори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон дар њар ќадам эњсос мешавад. Ободониву бунёдкорињо дар гўшаву канори ватани мањбуб мањз бо ташаббуси Роњбари давлат амалї гашта истодааст. Ин ободиву дастгирињо љавононро дилгарм намуда, онњоро ба хизмати муќаддаси модар-ватан роњнамун месозад. Аксари наваскарон пас аз хатми донишгоњњои олї рў ба хизмати ватан овардаанд. Њадафи онњо боз як бори дигар сазовор гардидан ба боварии ватан-модар ва хизмати муќаддаси марзу буми кишвар мебошад.
Субњи 1 октябри соли равон майдони назди теппаи таърихии Ќўрѓон серодам буду бо шиору навиштаљотњо ва Парчами давлатї оро ёфта, абрпорањои осмони нилгун бори дигар аз њукмронии фасли поиз шањодат медод. Ќатра-ќатра борони тирамоњї дењќононро њушдор месохт, ки њарчи зудтар мањсули мењнати хеш- «тиллои сафед» ва дигар зироатњоро љамъ оваранд. Беш аз 2 њазор намояндагони ташкилоту муассиса, шањру навоњї, љамоатњои дењот дар љамъбасти давраи дуюми мусобиќаи 15-рўзаи љамъоварии “тиллои сафед” миёни шањру ноњияњои вилоят гирд омада буданд.
Ќурбон Њакимзода: «Њосили дастранљи дењќон беталаф љамъоварї гардад» Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода зимни суханронї барои иштироки фаъолона ва масъулияти баландашон дар маъракаи пахтачинї дар доираи «60 рўзи мењнати зарбдор» ба пахтакорони вилоят чинакчиёну њашарчиён ва кулли мардуми вилояти Хатлон изњори сипос намуд. Тавре ки зикр гардид, эълон гардидани «60 рўзи мењнати зарбдор» имкон фароњам меоварад, ки њосили дар сањробуда
такорони шањру ноњияњои Левакант, Бохтар, Данѓара, Дўстї, Кўлоб, Носири Хусрав, Кўшониён, Панљ, Љайњун, Шањритуз пурмањсул мењнат намуда, аз 27 то 67 фоизи дурнамо иљро карданд. Ноил шудан ба дастовардњои мењнатї, пеш аз њама, ташкили дурусти кор, фаъолияти самарабахшу муташаккилона, аз оѓози мавсим гузоштани заминаи мустањкам ва риояи ќоидањои агротехни-
њарчї зудтар љамъоварї гардад. Зањматкашони шањру ноњия барои ноил гардидан ба ѓалабаи мењнатї дар љамъбасти мусобиќаи 15-рўза талош варзанд. Ќурбон Њакимзода аз дастовардњои 15 рўзаи зарбдорони шањру ноњияњои вилоят ёдовар гардида, иброз дошт, ки дар љамъбасти даври дуюми мусобиќа дењќонони боиродаи шањри Левакант ѓолиб дониста шуданд. Дар ин баробар заркорони шањри Левакант аз иљрои дурнамои истењсоли пахта сарбаландона мужда расониданд. Љойи дуюмро бошад, кишоварзони хољагињои пахтакори шањри Бохтар ишѓол намуданд. Мењнаткашони ноњияи Данѓара дар љамъбасти 15 рўзаи дуюм соњиби љойи сеюм гардиданд. Чуноне ки раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зикр дошт, пахтакорони вилоят дар љадвали пахтасупорї дар миќёси љумњурї соњиби љойи аввал мебошанд. Дар 15 рўзи охир пахтакорони шуњратёри вилоят 74 њазор тонна “тиллои сафед” ба нуќтањои ќабул ва корхонањои коркарди пахта супурданд, ки беш аз 27 фоизи дурнаморо ташкил медињад. Аз аввали мавсим бошад, 118,6 њазор тонна пахта љамъ оварданд, ки беш аз 43 фисади дурнаморо дарбар мегирад. Давоми давраи мусобиќа пах-
кии парвариши пахта мебошад. Хољагињои пахтакори Љамоати дењоти “Гулистон”-и шањри Левакант, Обшорони ноњияи Шањритуз ва Заркамари ноњияи Ќубодиён яке аз пайи дигаре аз иљрои дурнамо мужда расонданд. Њамчунин дар љамъомад ќайд гардид, ки хољагидорони љамоатњои дењоти “Нури Вахш” ва «20-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистони»-и ноњияи Дўстї ва љамоатњои дењоти «Љура Назаров» ва «Обшорон»-и ноњияи Шањритуз дар арафаи иљрои наќшаи дурнамо ќарор доранд. Раиси вилоят ба раисони шањру ноњияњои мазкур туњфањои пулї супурда, барои дењќонони бурдбориву комёбињои нав ба нави мењнатї орзу намуд. Парчами ѓолибиятро раисони шањрњои Левакант Заррина Давлатзода, Бохтар Абдуаллим Исмоилзода ва ноњияи Данѓара Рањмонзода Ислом Хайриддин парафшон намуданд. Дар њаќиќат њар як зањмат бе подош намемонад, ќадршиносии роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ѓолибони даври дуюми мусобиќаи љамъоварии “тиллои сафед” имкон фароњам меоварад, ки кишоварзони дигар шањру навоњии вилоят бањри ноил гардидан ба дастовардњои нав ба нави мењнатї талош варзанд.
А. Сафарова, «Хатлон»