Шумораи №39

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №39 (3224)

панљшанбе, 19 сентябри соли 2019

www.khatlon-ruznoma.tj

Изњори сипос Бо бунёди иншооти аз тарафи соњибкорони саховатпеша оѓозгардида бисёр мушкилоти иљтимоии ањолї осон гардида, барои зиндагї ва кору фаъолияти сокинони ноњия шароити боз њам бењтар фароњам оварда мешавад. Дар иртибот ба корњои ободониву созандаи зикршуда ба хурду бузурги сокинони ноњияи Данѓара, њамаи фарзандони бонангу номус ва соњибкорони њимматбаланд барои иќдому ташаббусњои ватандўстонаашон дар љодаи ободонии ин гўшаи диёрамон сипосу миннатдории самимии худро изњор менамоям.

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Эмомалї Рањмон

Ифтитоњи рамзи «Хўшаи гандум» дар ноњияи Данѓара Дар ноњияи Данѓара Асосгузори сулњу вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон рамзи «Хўшаи гандум»-ро ифтитоњ намуданд.

Эмомалї Рањмон: «Барои таълиму тарбияи фарзанд ва ояндаи неки кишвар ањли љомеа бояд сањми хешро гузорад» Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон њангоми ифтитоњи ќасри фарњанг дар ноњияи Данѓара, 12 сентябри соли 2019 Њамдиёрони азиз! Мулоќоти имрўзаи мо дар идомаи чорабинињои љашнї ба муносибати 28 - солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистони азизамон, ки се рўз пеш дар тамоми гўшаву канори мамлакат бо рўњияи баланди ватандорї ва ифтихор аз истиќлолу пойдории сулњу субот таљлил гардид, баргузор шуда истодааст. Ба ин муносибат, сокинони зањматќарини ноњияи Данѓараро бори дигар ба ифтихори ин љашни муќаддаси миллиамон табрик гуфта, ба хонадони кулли мардуми ноњия ва њар яки шумо, њозирини гиромї, фазои орому осуда, файзу баракат ва барору комёбї орзу менамоям. Њоло дар тамоми ќаламрави мамлакат ба хотири истиќболи сазовори љашни 30 - солагии истиќлол корњои ободониву бунёдкорї вусъат доранд, ки ин раванд ба пешрафти њамаи соњањои иќтисодиву иљтимої ва фарњангии шањру дењоти кишвар ва албатта, боз њам бењтар шудани шароити зиндагии ањолї мусоидат мекунад. Баъди эълон гардидани солњои 20192021 њамчун Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї дар ќаламрави ноњияи Данѓара дањњо корхонаи хурду миёна, марказњои хизматрасонї ва муассисањои иљтимої сохта, мавриди истифода ќарор дода шуданд, ки имрўз дар онњо садњо нафар сокинон бо љойи корї таъмин гардидаанд. Дар ин раванд, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Данѓара якљо бо соњибкорони ватандўсти ноњия дар ин гўшаи зебоманзари Ватанамон бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногунро ба наќша гирифта, то имрўз сохтмони 124 иншоотро ба анљом расонидаанд ва бунёду навсозии боз садњо иншооти дигарро босуръат идома дода истодаанд. Дар ноњия худи њамин рўз, яъне ба муносибати 28 - умин солгарди Истиќлолияти давлатии Тољикистони азизамон 20 иншоот, аз љумла рамзи ноњия, майдончаи варзиш бо љойи бозии кўдакон, корхонаи коркарди шир ва маркази хизматрасонї дар шањраки Данѓара, литсейи касбњои техникї барои 320 нафар толибилм дар дењоти Бањор, ду муассисаи таълимї бо 4800 љойи нишаст дар дењањои Розиён ва Бањор, хобгоњи литсей бо 100 љойи хоб, 4 километр роњи

асфалтпўшгардидаи дењаи Бањор, биноњои маъмурии љамоатњои дењоти “Корез” ва “Лоњур”, бинои Кумитаи давлатии идораи замини ноњия ва маркази саломатї дар дењаи Рахшонзамин ба истифода супорида шуд. Чунонки медонед, чанде пеш ман зимни сафар ба ноњияи Данѓара - дар дењоти Пушинг, Ќули Сўфиён, Себистон, Оќсу ва Ѓарѓара дар маросими ба истифода додани муассисањои таълимиву тиббї, марказњои хизматрасониву майдончањои варзиш, таъмиру таљдиди роњњо ва дигар муассисањои иљтимої иштирок карда, изњор дошта будам, ки самараи зањмати ватандўстонаи соњибкорони њимматбаланди дењоти зикршуда барои дигарон намунаи ибрат мебошад. Бояд гуфт, ки аксари иншооти таъиноти гуногуни дар ноњия ва дењањои Данѓара бунёдшуда низ гувоњи равшани дар доираи Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї обод гардидани боз як гўшаи Ватанамон, бо шуѓл таъмин намудани сокинон ва дастаљамъона амалї кардани дастуру супоришњои Роњбари давлат ба Истиќболияти сисолагии истиќлоли давлатї мебошад. Илова ба бунёди муассисањои иљтимоиву фарњангї аз љониби соњибкорони бонангу номуси ноњия бунёди 10 корхонаи истењсолї, ки ба муњайё намудани садњо љойи нави корї мусоидат менамоянд, бомаром идома дорад. Њоло корњои сохтмон дар њамаи иншооти ба наќша гирифташуда муташаккилона ва бо азму талоши ватандўстонаи мардум идома доранд ва умед аст, ки то љашни 30-солагии истиќлол њамаи ниятњои созандаи сокинони ноњия пурра амалї мегарданд. Бо бунёди иншооти аз тарафи соњибкорони саховатпеша оѓозгардида бисёр мушкилоти иљтимоии ањолї осон гардида, барои зиндагї ва кору фаъолияти сокинони ноњия шароити боз њам бењтар фароњам оварда мешавад. Дар иртибот ба корњои ободониву созандаи зикршуда ба хурду бузурги сокинони ноњияи Данѓара, њамаи фарзандони бонангу номус ва соњибкорони њимматбаланд барои иќдому ташаббусњои ватандўстонаашон дар

рўзи 60

љодаи ободонии ин гўшаи диёрамон сипосу миннатдории самимии худро изњор менамоям. Дўстони азиз! Њукумати мамлакат солњои охир дар баробари бунёди муассисањои тањсилоти олї ва миёнаи махсус, инчунин, ба тањким бахшидани заминањои моддиву техникии муассисањои тањсилоти умумї диќќати љиддї дода, дар онњо тамоми шароити зарурии таълиму тарбияро фароњам оварда истодааст. Дар натиљаи маблаѓгузорињо аз њисоби буљети давлат ва сањми соњибкорону афроди саховатманди мамлакат њар сол дар кишварамон садњо муассисањои таълимї ба истифода дода шуда, мактабњои таъмирталаб ва дар шароити номусоид фаъолияткунанда таъмиру азнавсозї мегарданд. Чунонки дар суханронињои ќаблї таъкид карда будам, маблаѓгузорї ба таълиму тарбия муњимтарин амалест, ки самараи он ба пешрафти давлат ва ояндаи неки кишвар нигаронида мешавад. Вобаста ба ин масъала, хотирнишон месозам, ки дар ин кори хайр ва ба фардои ободи Ватанамон равонашуда дар баробари Њукумати кишвар, инчунин, њар фарди бонангу номус, аз роњбарони соњаи маориф ва устодону омўзгорон сар карда, то соњибкорону тољирон, падару модарон, зиёиён ва умуман, ањли љомеа бояд сањми худро гузоранд. Ноњияи Данѓара дар гузашта ва имрўз низ бисёр фарзандони бонангу номус ва соњибкорону тољирони њимматбаланду саховатпеша дорад, ки метавонанд дар ободу зебо гардонидани зодгоњи худ бо роњи таъсис додани коргоњу корхонањои истењсолї, бунёди муассисањои маорифу тандурустї, иншооти варзиш, таъмири роњу пулњо ва дигар амалњои хайр барои муњайё намудани љойњои нави корї ба њамдиёрони хеш сањми ватандўстона гузоранд. Самараи амалисозии наќшаву барномањои ќабулшуда ба истифода додани силсилаи иншооти таъиноти гуногуни имрўза мебошад. Њоло мо шоњиди боз як рўйдоди хотирмони фарњангї дар њаёти сокинони ноњияи Данѓара – ифтитоњи Ќасри фарњанг гардидем. Ќасри мазкур бо тарњи бисёр зебо ва љавобгў ба меъёрњои муосири

мењнати зарбдор!

меъморї бунёд шудааст. Сохтмони ќаср соли 2007 оѓоз гардида, бо истифода аз санъати аљдодии гаљкорї ва ойинабандї дар сатњи баланд ба анљом расонида шудааст. Ќасри фарњанг аз се ошёна иборат буда, дорои толори барњаво бо 700 љойи нишаст, китобхона, толорњои омўзиши асбобњои гуногуни мусиќї, технологияњои муосир, толори љаласањои корї, утоќњои корї ва њуљрањои ёрирасон мебошад. Дар яке аз толорњои ќаср осорхонаи Президенти Љумњурии Тољикистон низ ташкил карда шудааст. Њамчунин, дар бинои ќаср толори акди никоњ љойгир гардида, тавре ки њар яки шумо мебинед, атрофи бино хеле ободу зебо ва назаррабо оро дода шудааст. Бунёди чунин кохи зебои фарњанг туњфаи бењтарин ба мардуми зањматдўст ва бонангу номуси ноњияи Данѓара ба муносибати 28 солагии Истиќлолияти давлатї мебошад. Бо истифода аз фурсат, њамаи шумо, њозирини арљманд ва сокинони ноњияро ба муносибати мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани Ќасри фарњанг табрик гуфта, ба бинокорону масъулони ин иќдоми ободгарона миннатдорї баён менамоям. Бовар дорам, ки наслњои имрўза, яъне наврасону љавонони ноњия бо шукронаи соњибдавлативу соњибватанї ва фазои орому осудаи Ватан дар љодаи ободиву пешрафти Ватани азизамон сањми боз њам бештар мегузоранд. Шубњае нест, ки Ќасри фарњанги имрўза ба макони баргузории мањфилу чорабинињои фарњангиву сиёсї табдил ёфта, ба мардуми ноњия дар роњи шинохти асолати миллї, омўзиш ва тарѓиби фарњангу тамаддуни аљдодї ва муњимтар аз њама, њифзу эњтироми истиќлолу озодї, њимояи марзу буми Ватан ва сулњу суботи љомеа хизмат менамояд. Бори дигар тамоми мардуми мењмоннавози ноњияи Данѓараро ба ифтихори љашни Истиќлолияти давлатї табрик гуфта, ба њар яки онњо хонаи обод, иќболи баланд ва дар љодаи ободкориву пешрафти кишвари азизамон барору комёбињо орзу менамоям. Њамеша саломату сарбаланд бошед, њамдиёрони азиз!

Сутунпояи рамзи «Хўшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хўшаи гандум 10 метрро ташкил медињад. Дар ќисми болоии рамз соли таъсисёбї ва номи ноњияи Данѓара бо њарфњои зарњалї навишта шудааст. Иншооти мазкур аз љониби соњибкорони мањаллї бо љонибдорї аз сиёсати бунёдкоронаи роњбарияти олии давлату Њукумати мамлакат ба истиќболи сазовори љашни умумимиллии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва дар доираи наќша-чорабинињои Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї сохта шудааст. Ноњияи Данѓара аз ноњияњои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истењсоли зироати ѓалладонагї, аз љумла гандум пешќадам мебошад. Њамасола аз заминњои њосилхези ноњияи Данѓара њазорњо тонна гандум истењсол карда мешавад. Мањз ба ин хотир рамзи «Хўшаи гандум» сохта ба истифода дода шуд ва ќомат афрохтани он дар даромадгоњи ноњия нишона аз фаровонии ин номгўи мањсулоти кишоварзї дар мамлакат мебошад. Рамзи «Хўшаи гандум» дар даромадгоњи ноњияи Данѓара бо истифода аз масолењи баландсифати сохтмонї ва бо тарњи љолиби диќќат аз љониби меъморон ва

сохтмончиёни мањаллї дар як давраи кўтоњ сохта шудааст. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба сифати корњои анљомёфта бањои баланд дода, иќдоми созандаи соњибкорони ватандўстро намунаи ибрат хонданд ва ифтитоњи ин иншоотро дар рўзњои таљлил аз 28-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон туњфаи арзишманд барои сокинони ноњия маънидод намуданд. Масоњати умумии майдони рамзи «Хўшаи гандум» њазор метри мураббаъро ташкил дода, њудуди он бо нињоли дарахтони хамешасабз ва гулу буттањо оро дода шудааст. Атрофи майдони иншоотро дар шаб 30 адад чароѓакњои ранга равшанї мекунад, ки ба атроф зебогии дигар зам менамояд. Дар заминаи корњои созандагию бунёдкорї њамзамон роњи шафати рамзи «Хўшаи гандум» аз љониби соњибкорони мањаллї мутобиќ ба талаботи замон пурра таљдиду навсозї ва як пули бо дарозии 18 ва пањноии 13 метр сохта шудааст, ки иќтидори борбардории он 100 тоннаро ташкил медињад. Тадбири мазкур дар самти ба танзим даровардани њаракати воситањои наќлиёт замина фароњам меорад.

Ба истифода додани роњи автомобилгард дар дењоти Оќсуи ноњияи Данѓара

Дар дењоти Оќсуи ноњияи Данѓара Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон роњи автомобилгарди ањамияти мањаллидоштаро, ки дењањои Боѓпарвар ва Бањорро ба њам мепайвандад, мавриди бањрабардорї ќарор доданд.

Дарозии роњи мазкур 4 километр ва пањноиаш 5 метрро ташкил дода, он дар доираи наќшачорабинињо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз љониби (Давомаш дар сањ. 2)


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.