ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №35 (3172)
панљшанбе, 20 сентябри соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
«Вилояти Хатлон аз љињати шумораи ањолї, майдони заминњои кишт ва њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзиву саноатї вилояти калонтарини мамлакат ба њисоб рафта, наќши он дар пешрафти иќтисодиву иљтимоии кишвар бузург мебошад. Илова бар ин, дар гузаштаи начандон дур дар вилоят корхонањои азими саноатї, хољагиву маљмаањои калони чорводорї фаъолият мекарданд ва минтаќа истењсолкунандаи асосии мањсулоти кишоварзиву чорводорї ва меваю сабзавот ба њисоб мерафт. Бояд гуфт, ки њиссаи вилояти Хатлон дар маљмўи мањсулоти саноативу кишоварзии мамлакат имрўз низ зиёд аст». Эмомалї РАЊМОН, Пешвои миллат
Дар иртибот ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї то охири соли равон дар њар як шањру ноњияи Тољикистон бо маќсади рушди соњаи сайёњї на кам аз ду ширкати сайёњї таъсис дода мешавад. Ба иттилои Њабибулло Амирбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, фаъолияти беш аз сад ширкати сайёњї, чор фурудгоњи байналмилалї, ду ширкати њавопаймоии миллї, се мењмонхонаи дорои бренди љањонї, 170 мењмонхонањои љавобгў ба меъёрњои байналмилалї, марказњои сайёњии иттилоотї ба рушди бахши сайёњї мусоидат менамоянд. «Дар зарфи шаш моњи соли равон ба Тољикистон аз 135 кишвари љањон беш аз 527 њазор нафар сайёњ ташриф овардааст, ки ин омор нисбат ба њамин давраи соли гузашта 358 њазор нафар зиёд мебошад», - зикр кард Њ. Амирбекзода.
Дар доираи омодагињо ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Данѓара бунёди 190 иншоот дар назар дошта шудааст. Танњо дар дењаи Пушинги ноњия ба ифтихори ин санаи муборак бунёди беш аз 20 иншоот ба наќша гирифта шуда, ќисми зиёди онњо мавриди бањрабардорї ќарор гирифтаанд. Таъмини сокинон бо оби нўшокиву полезї, бунёди ду обанбор, маркази савдо, њавзи моњипарварї, боѓ, гармхона,
мумфаршсозии роњњо, ташкили наќлиёти ройгони мусофирбариву «Гўшаи дењќон» ва иваз кардани симчўбњои дења аз љумлаи корњои ободгариву созандагие мебошанд, ки њам аз њисоби буљети давлатї ва њам аз љониби соњибкорони бонангу номуси мањаллї анљом ёфта, мушкили сокинонро осон кардааст.
«КЎКНОР-2018»: МУСОДИРАИ БЕШ АЗ НИМ ТОННА НАШЪА Дар доираи марњилаи аввали амалиёти «Кўкнор-2018», ки аз 20 май то 31 августи соли равон идома дошт, дар њудуди вилояти Хатлон 78 њолати муомилаи ѓайриќонунии маводи нашъадор ошкор гардида, беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар ва 29 бех растанињои таркибашон нашъадор дарёфту мусодира карда шуд. Дар љаласаи ситод оид ба амалиёти «Кўкнор-2018» фаъолияти сохтору идорањои дахлдор дар марњилаи аввали амалиёт ќаноатбахш арзёбї гардида, пешнињод шуд, ки дар марњилаи дуюми амалиёт бањри дарёфту ошкорсозї ва пешгирии гардиши ѓайриќонунии маводи нашъаовар љавонону наврасон ва кишоварзону дигар шањрвандон низ љалб карда шаванд.
КЇ ЃОЛИБИ «ЧАРОЃИ ЊИДОЯТ» МЕШАВАД? Даври аввали Озмуни љумњуриявии китобхонањо тањти унвони «Чароѓи њидоят», ки аз љониби Вазорати фарњанги Тољикистон гузаронида мешавад, дар шањру ноњияњои Бохтар, Левакант, Вахш, Кўшониён, Љалолиддини Балхї, Дўстї ва Ќубодиён доир гардид.
«Барои пешрафти соњањои хољагии халќ аз имкониятњои мављуда истифода бояд бурд» Њафтаи сипаригардида дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љамъомад доир гардид. Дар љаласаи назди раиси вилоят муовини аввал, муовинони раиси вилоят, дастгоњ, сардорони раёсатњо, мудирони шуъба, раисони шањру навоњї, роњбарони ташкилоту муассисањо, раисони љамоатњо ширкат доштанд. иќтисодию иљтимоии вилоят сухан ронда, таъкид дошт, ки бањри љаъоварии мањсулоти кишоварзї, бахусус пахта бояд љидду љањд намоянд, то њосили бо ранљ парвардаи дењќонон бе талаф ѓундошта шавад. Корхонањои коркарди пахта пурра ба мавсими имсола омода бошанд, њаќмузди њосили бо зањмати зиёд љамъовардаи дењќононро сари ваќт пардохт намоянд. Њамчунин атрофи ќабул ва коркарди босифати пахта, њисоботњои даќиќи оморї, захираи чигити хушсифат барои кишт масъули корхонањои пахтатозакунї муаззаф гардиданд. Зимни љамъомад Давлатшоњ Гулмањмадзода нисбати омодагињо ба фасли зимистон таъкид ба амал оварда, роњбарони ташкилоту муассисањои дахлдор вазифадор гардиданд. Оид ба иљрои дастуру супоришњои Роњбари давлат дар бораи љамъоварии хошок, захираи хўроки чорво, аз зимистон солиму фарбењ баровардани чорво таъкид намуда, раиси вилоят масъулини шањру навоњиро вазифадор кард, ки аз тамоми имкониятњои мављуда истифода бурда, корњои ободониро вусъат бахшанд ва љашни фархундаи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистонро бо туњфањои арзандаи мењнатї таљлил намоянд.
Рўзњои кинои Ўзбекистон дар Тољикистон Тавассути сиёсати оќилонаи Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон имрўз вилояти Хатлон рушду тараќќї ёфта, бо вилоятњои давлатњои хориљї робитаю њимкорињои хешро ќавї мегардонад. Тавре ки Роњбари давлат дар Паёмашон ба Маљлиси Олии кишвар таъкид доштанд: «Сиёсати дарњои кушода» чун мењвари аслии муносибатњои мо бо љањони муосир воќеї, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Воќеан, баргузории бизнес-форуму чандин чорабинињои дигари вилоятї дар хориљи кишвар, аз љумла бо иштироки давлатњои бо мо дўст дар дохили кишвар далели ин гуфтањост. Ин чорабинињо имкон медињанд, ки њамкорињои иќтисодию иљтимої боз њам густариш ёбад.
Њамкории синамогарони тољику ўзбек аз нав эњё мегардад Рўзи 16- уми сентябри соли равон «Рўзњои кинои Љумњурии Ўзбекистон дар Љумњурии Тољикистон» сурат гирифт. Аз љумла ба вилояти Хатлон як гурўњ синамогарони Љумњурии Ўзбекистон бо сарварии директори генералии Агентии миллии «Ўзбеккино» Фурќат Закиров ташриф оварданд. Мењмононро мудири шуъбаи маънавиёт ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси вилоят Бобољон Саидов аз номи роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон хайрамаќдам гуфта, иброз дошт, ки муносибатњои дўстонаю њамкорињои дуљонибаи Љумњурии Ўзбекистон ва Љумњурии Тољикистон, баргузории Рўзњои кинои љумњурии Ўзбекистон имкон медињад, ки дар тамоми самтњо, аз
кохи “Лоњутї” чун солиёни ќаблї нигоњ дошта шудааст. Аз ин рў, ба раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода арзи сипос намуд, ки бањри рушди кино пайваста тадбир меандешанд. Айни замон дар вилояти Хатлон 22 басти корї дар самти кино таъсис дода шудааст. Фурќат Зокиров аз сиёсати инсондўстонаи Роњбари давлати тољикон
ба фасли сармо омода бошем дар баъзе муассисањои таълимиву тандурустї бо сабаби људо нагаштани маблаѓ њанўз захираи ангишт ва сўзишворї ба таври бояду шояд ба роњ монда нашудааст. Аз љумла дар шањру навоњии Левакант, Кўлоб, Восеъ, Хуросон, Љомї, Вахш, Љайњун, Ќубодиён камбудињо ба чашм мерасад. Дар шањру ноњияњои Норак, Дўстї, Њамадонї, Темурмалик, Данѓара, Ёвон омодагї ба фасли зимистон хуб ба роњ монда шудааст. Муовини раиси вилоят бањри дар амал татбиќ гардидани ќарори раиси вилоят дар асоси Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба омодагї ба фаслњои тирамоњу зимистон масъулини шањру ноњияњоро вазифадор намуд, ки камбудињои љойдошта сари ваќт њалу фасл гардида, омодагиро ба фасли тирамоњу зимистон хуб ба роњ монанд. ВАХШОНА, «Хатлон»
Озмуни мазкур, ки дар доираи чорабинињои бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї гузаронида мешавад,
то 10 октяб-ри соли 2018 идома карда, дар арафаи љашни Парчами давлатї, дар нимаи дуюми моњи ноябр љамъбаст мегардад.
ИФТИТОЊИ ЯКУМИН МАВСИМИ ТЕАТРИ «АФСОНА» 18 сентябр дар шањри Бохтар маросими ифтитоњи аввалин мавсими театри вилоятии лўхтаки «Афсона» барпо шуд. Хайрулло Давлатов, роњбари театри мазкур, дар суњбат бо рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки барномаи тањиясохтаи њунармандони театр ифодагари сиёсати фарњангии Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон буда, маќсади он тарѓиби идеали миллї, арљгузорї ба арзишњои миллї ва башарї, ташвиќи хештаншиносї, ватандўстї ва санъати тамадунофари миллї мебошад. «Санъати театрї, алалхусус театри лўхтак љузъи људонашавандаи фарњанги Тољикистон аст, ки кўдакон ва наврасонро дар рўњияи бунёдкорї ва созандагї тарбият мекунад», - афзуд ў. Дар ин чорабинии фарњангї роњбарият ва намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, њунармандони шинохта, намояндагони васоити ахбори омма, зиёиён ва њаводорони санъати театрї иштирок доштанд. Пас аз расми ифтитоњи мавсим нахустнамоиши намоишномаи лўхтаки «Бурёкўбони харгўшак» пешкаши тамошочиён гардонида шуд.
ОЗМУНИ «АНДАЛЕБ-2018» ОЃОЗ МЕЁБАД
СИТОДИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНЇ Дар толори хурди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љаласаи навбатии ситоди омодагї ба фаслњои тирамоњу зимистони солњои 2018-2019 доир гардид. Дар кори љаласа муовини раиси вилоят мудирони шуъбањо, роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї, муовинони соњавии раисони шањру ноњия, мудирони шуъбањои маориф, масъулини идорањои молияи шањру ноњияњо ширкат доштанд. Љамъомадро муовини раиси вилоят Умедхољаи Зоир њусни оѓоз бахшида ёдовар гардид, ки омодагї ба фасли тирамоњу сармо на дар њама шањру ноњияњо хуб ба роњ монда шудааст. Номбурда аз муовинони раисони шањру ноњия, масъулони соњањои маориф, тандурусти, молия, роњу наќлиёт, барќ нисбати камбудињои љойдошта пурсиш ба амал овард. Тавре ки равшан гардид, иљрои ќарори раиси вилоят нисбати омодагї ба фасли тирамоњу зимистон на дар њама шањру навоњї хуб ба назар мерасад, яъне
ДАР ЊАР НОЊИЯ ДУ ШИРКАТИ САЙЁЊЇ ТАЪСИС МЕЁБАД
ДАНЃАРА: АЗМИ БУНЁДИ 190 ИНШООТ ДАР СЕ СОЛ
Давлатшоњ Гулмањмадзода:
Љамъомадро раиси вилоят, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода оѓоз бахшида, аз масъулин нисбати вазъи соњањои кишоварзї, иќтисоду саноат пурсиш ба амал овард. Пас аз гузориши масъулини соњањо раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода нисбати вазъи
7 рЎзи ХАТЛОН
Бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї дар мамлакат Фестивал-озмуни љумњуриявии телевизионии эљодиёти халќ «Андалеб-2018» баргузор мегардад. Маќсади фестивал аз намоиш додани дастовардњои њунарию фарњангии даврони соњибистиќлолии кишвар иборат мебошад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарњанги Тољикистон ба рўзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, даври аввали фестивал моњњои сентябр-октябр дар шањру ноњияњо, даври дуюм моњи ноябр дар маркази вилоят ва даври љамъбастї дар шањри Душанбе 24 ноябри соли 2018 - дар Рўзи љашни Парчами Љумњурии Тољикистон сурат мегирад. Озмун аз 14 шарт,
яъне намоиши њунарњои мардумии «Бозори њунар», суруди њамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосњои миллї, навозиши умумї, хониши бадеї, раќс, суруд ва навозиши якка, бадења ё лапар, суруди анъанавї ва њаљвї, порча аз анъанањои мардумї, суруд ва ё раќси халќњои сокини Тољикистон ва сюитаи овозию раќсї иборат аст.
АЗ МАРГИ ЯСЕНСКИЙ 80 СОЛ ГУЗАШТ 17 сентябр ба даргузашти Бруно Ясенский, нависандаи лањистонї, муаллифи романи дар љањон машњур дар бораи водии Вахши Тољикистон «Одам пўсташро иваз мекунад» 80 сол пур шуд.
љумла соњаи кино низ пешравињои назаррас ба амал ояд. Соли равон дар партави сиёсати инсондўстонаи Президенти Љумњурии Тољикистон ва Президенти Љумњурии Ўзбекистон як иќдоми наве амалї гардид, ки дар сањифањои таърихи ду миллат бо хатти заррин сабт гардид. Барќарор гардидани робитањои дўстонаи ду мамлакати бо њам дўсту њамсоя, кушода гардидани гузаргоњњои сарњадї барои вилояти мо низ имкон фароњам овард, ки бо вилояти Сурхондарё робитањои иќтисодию иљтимоиро роњандозї намояд. Баргузории Рўзњои кинои Ўзбекистон дар маркази вилоят бештар имкон фароњам меоварад, ки сокинони вилоят аз зањмати филмофарони бародарони ўзбекистонї огоњї пайдо намоянд, ироа гардид зимни чорабинї. Сипас, директори муассисаи давлатии «Тољикфилм» Рањмон Носир аз он изњори хушнудї намуд, ки имрўз толори
муњтарам Эмомалї Рањмон ёдовар гардида, таъкид дошт, ки аз мењмоннавозии мардуми Тољикистон хело хурсандем. Њамкорињо дар риштаи кино миёни синамогарони тољику ўзбек солњои тўлонї идома дошт. Аз ин рў, минбаъд низ бањри њамкорињои дуљонибаи филмофарї тањияи филмњои пурмазмуну диданї кўшиш менамоем,- иброз дошт Фурќат Закиров дар фарљоми сухан. Пас аз љамъбасти љамъомади тантанавї бахшида ба Рўзњои кинои Љумњурии Ўзбекистон дар Љумњурии Тољикистон њозирин филми њунарии «Барон»-и синамогарони ўзбекро тамошо карданд. Гурўњи мењмонон аз осорхона ва китобхонаи вилоятї дидан намуда, таассурти нек бардоштанд. ВАХШОНА, “Хатлон” Аксбардор Далер Шарифов
Прототипи яке аз ќањрамонони роман устод Мирсаид Миршакар мебошад, ки аз бунёдгузорони яке аз куњнатарин нашрияњои кишварамон – рўзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш» мањсуб меёбад. Романи «Одам пўсташро иваз мекунад» ќариб њар сол, то дами соли 1937 гирифтори мањбас шудани муаллиф ва сипас, баъди сафед гардиданаш борњо рўйи чопро дидаасту ба дигар забонњо, аз љумла забони тољикї интишор ёфтааст. Бруно Ясенский ду маротиба, соли 1931 ва соли 1932 ба Тољикистон омада буд. Ў ба майдони њарбу зарб – водии Вахш омада, љасорату матонат ва кору пайкори шабонарўзии мардумро ба чашми сар дид, муддате ин љо дар хайма зист, бо одамони бисёр шинос шуду суњбатњо намуд, аз оби гилолуди каналњои навсохт нўш кард. Дар натиља як асари калонњаљми олиљанобе бо номи «Одам пўсташро иваз мекунад» тавлид ёфт.
«ХАТЛОН» БОЗИАШРО БУРД Дар бозии даври 16-уми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастањои Лигаи олї дастаи «Хатлон»-и шањри Бохтар бар «Кўктош»-и ноњияи Рўдакї бо нишондоди 1:0 ѓалаба карда, се имтиёз ба даст овард. Голи ягонаро дар ин дидор Умарљон Шарифов дар даќиќаи 69-ум ба дарвозаи њариф зад. Дар бозии дигари ин давр «Панљшер»-и ноњияи Љ. Балхї дар шањри Душанбе бозиашро бо КМВА «Помир» мусовї 1:1 анљом дод. Њоло дар садри љадвал бо 39-имтиёзї дастањои
«Хуљанд» ва «Истиќлол»-и Душанбе ќарор доранд. «Хатлон» бо 18 имтиёз ва «Панљшер» бо 12 имтиёз дар зинањои 6 ва 7-уми љадвали мусобиќот ќарор гирифтаанд.
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj