ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №24 (3260)
чоршанбе, 29 апрели соли 2020
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Сафари кории Сарвазири мамлакат ба ноњияњои Фархору Мир Сайид Алии Њамадонї 28 апрели соли 2020 Сарвазири мамлакат Ќоњир Расулзода ба маќсади шиносої бо вазъи корњои сањрої, истифодаи самараноки заминњои кишт, раванди корњои ободонию созандагї ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатї ба ноњияњои Фархору Мир Сайид Алии Њамадонї сафари корї анљом дод. Сарвазир Ќоњир Расулзода њамроњ бо раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар ноњияи Фархор аз кишти зироатњои кишоварзї ва парвариши сабзавотњои барваќтї дар гармхонаи хољагии дењќонии «Бахтиёр-01» боздид намуданд. Хољагии мазкур дорои 8 гектар замин буда, ба кишти зироатњои кишоварзї, аз љумла пахта, картошка, сабзавот машѓул мебошад. Њамчунин, дар хољагї дар майдони 0,09 гектар гармхонаи доимоамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхона парвариши бодиринг, помидор ва дигар зироатњо ба роњ монда шудааст. Кишти пахта дар майдони 6 га замин анљом ёфта, дар 1,5 га гандум, 0,4
га юнучќа, 0,2 картошка кишт шудааст. Ќоњир Расулзода ва Ќурбон Њакимзода, њамчунин, аз заминњои наздињавлигии Амиралї Исломов, Шарофиддин Бобоев ва хољагии деќонии "Навкорам" дар ноњияи Фархор, инчу-
нин хољагии дењќонии “Маќсудљон”-и Љамоати дењоти “Чубек”-и ноњияи Њамадонї дидан намуданд. Хољагии “Чубек” дорои 5 гектар замин буда, дар 2 гектари он боѓи мевадињанда бунёд гардидааст. Киш-
ти пахта дар майдони 2 гектар замин ба роњ монда шуда, айни њол коркарди агротехникї ва нармкунии байни ќаторњо рафта истодааст. Дар 1 гектар гандум, 0,20 гектар пиёз ва дар ќитъаи боќимонда зироатњои лўбиёгї, помидор, бодиринг ва дигар сабзавот парвариш ёфта истодаанд. Дар хољагии мазкур 10 нафар сањмдор фаъолият намуда, дар мавсим аз замини хољагї 2-3 њосил мерўёнанд. Ба ќавли роњбари хољагї Рустам Ќосимов, даромади хољагї дар як сол 40-50 њазор сомониро ташкил медињад. Дар ин хољагї Сарвазири Љумњурии Тољикистон ва раиси вилояти Хатлон бо кишоварзон доир ба истифодаи оќилонаи њар ваљаб замин, афзалият додан ба кишти картошка, зарурати захираи маводи озуќа, сањмгузорї дар таъмини бозори истеъмолї суњбат оростанд. Сафари корї идома дорад. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон
Ќабули сайёри шањрвандон
Ќ. Њакимзода: «Заминњои наздињавлигиро босамар истифода бурдан асоси боэътимоди захираи хўрокворї аст» 25 апрели соли равон тибќи наќша-чорабинињо дар ноњияи Хуросон раиси вилоят ќабули сайёри шањрвандонро доир намуд. Чуноне ки раиси вилоят Ќ. Њакимзода дар оѓози љамъомад ќайд намуд, ќабули шањрвандон, ки њар рўзи шанбе аз љониби роњбарони аввали маќомот, ташкилоту муассисањо баргузор мегардад, дар асоси Амри Президенти мамлакат сурат гирифта, дар он баробари шунидани дархосту хоњиш, пешнињодњои шањрвандон, њамчунин, раванди иљрои дастуру супоришњои Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатї, Маљлиси ѓайринавбатии Њукумати Љумњурї аз 16 апрел ва суханронии Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Маљлиси миллї аз 17 апрели соли равон бармеоянд, њаллу фасл мегарданд. Ќисмати аввали љамъомад бо шунидани хоњишу дархост ва пешнињодњои сокинон доир гардид, ки дар аксари онњо масъалаи танќисии оби полезї, људо намудани ќитъаи замин барои сохтмони муассисањои таълимию варзишї ва ташаббускорињоро дарбар мегирифт. Чуноне аз љониби бошандагони Љамоати дењоти ба номи Айнї гуфта шуд, агарчи ќисмати зиёди ањоливу хољагињои дењќонии ќаламарави љамоат аз шохаи канали Хољаќалъа, ки аз ноњияи Абдуррањмони Љомї мегузарад, обёрї шавад њам, вале њамасола дар мавсими босуръати обмонии зироатњо мушкилот пеш меояд. Ба ин масъала масъулини идораи хољагии оби вилоят ва ноњия љавоб дода, ќайд намуданд, ки дарвоќеъ солњои гузашта чунин мушкилот љой дошт. Соли равон, аллакай ду мањали осебдида ба масофаи 300 метр таъмир карда шуд. 3 экскаватор доимї кор мебаранд. Боварї њаст, имсол то њадди нињої 12 мукааб метр об ба њудуди дењот љорї шуда, он талаботи хољагидорон ва сокинонро ќонеъ менамояд. Чунин мушкилот дар дењаи Мењнатободи Љамоати дењоти “Ѓаллаобод” низ љой дорад, ки дар ин бора аз раиси вилоят кумак дархост шуд. - “Ин дар
њолест, ки барои расидани об то дења бо кумаки соњибкорону сањми сокинон 70 фисади корњои ќубуршинонї анљом дода шудааст” - ќайд гардид аз љониби намояндаи дењаи мазкур. Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки тамоми чорањоро бинанд, то ин ки дар муњлати наздиктарин дења бо об таъмин гардад, зеро асоси дастуру супоришњои Сарвари давлат дар боби захираи хўрокаи дусола ин аз заминњои
бино ба дигар маќсад нигаронида шудааст. Дар сурати ба итмом расидани сохтмон дар ин бино, ки 22 синфхона дар ду ошёна дорад, метавонад хонандагонро ба пуррагї ќабул намояд. Барои давом додани корњои сохтмонї, ба маќсади бунёди мактабхона, лоињаи нав кардан лозим меояд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба ин масъалаи муњим таваљљуњи хоса зоњир намуда, дастур дод, ки
наздињавлигї босамар истифода бурдан аст. Дархости ањли дењаи Кўчии њамин дењот (иборат аз 30 хољагї) дар боби то њанўз барќ надоштан шунида, бе ќабули ягон шарњу даъвои масъулин раиси вилоят супориш дод, ки ин масъала то 1 июн (зиёдтар аз 1 моњ) бо истифода аз тамоми шароиту имконият њалли худро ёбад. “Дар байни муњлати муќарраргардида, аз рафти иљрои супориш дидан менамоем”, - ќатъиян таъкид намуд раиси вилоят. Масъалаи дигаре, ки аз љониби намояндаи Љамоати дењоти “Ѓаллаобод”-и дењаи Мењнат ба миён гузошта шуд, ин нарасидани синфхонањои таълимї барои хонандагони муассисаи таълимии №7 мебошад. - Дар назди бинои мактаб сохтмони нотамоме аз даврони собиќ Шўравї боќист, ки аз њисоби идораи сохтмони вилоят бояд сохта мешуд, - равшанї андохта шуд дар њузури раиси вилоят. - Ќариб тамоми корњояш ба анљом расида, бино болопўш шуда, дару тирезањояшро шинондаанд, монеагї дар он аст, ки лоињаи
бе ягон сарфи зиёдатї љињати лоињасозї, бо људо намудани маблаѓи идораи сохтмонї (500 њазор сомонї) ва дарёфти сарчашма аз њисоби буљети мањаллї (маќсаднок људошуда), љалби соњибкорон биноро то соли нави тањсили 2020-2021 сохта, ба истифода дињанд. Масъалаи танќисии љойи нишаст барои хонандагони дењаи Навзамини Љамоати дењоти ба номи Айнї низ аз матлабе буд, ки аз номи бошандагони он ба раиси вилоят расонида, дархости људо намудани замин шуд. - Бинои мактаб дар ин љо замоне барои 250 нафар толибилм сохта шуда, айни замон 600 нафарро ташкил медињанд. Тасаввур кардани љойгиршавии ин теъдод кўдак њатто дар ду баст њам дар синфхонањои танги он ѓайриимкон аст. Дар наздикии мактаб бошад, 30 сотих замин њаст. Агар иљозат шавад, бо дастгирии соњибкорон, саховатмандон ва ањли мањал месозем, - хоњиш шуд дар љамъомад. Дар ин бора њам дастур шуд, ки дар асоси ќоидањои
љорї бо роњи ќонунї замин људо карда шавад. Њамин тариќ, боз якчанд масъалаи њаллаш вобаста бо маќомоти мањал, ташкилотњои вилоятї вобастабуда ба самъи раиси вилоят расонида шуд ва бо тањлилњои амиќ љавобњои мусбии худро гирифтанд. Дар љамъомад, њамчунин, њисоботи гурўњи кории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят дар бобати рафти иљрои дастурњои додаи Сарвари давлат дар Маљлиси ѓайринавбатии Њукумати љумњурї, Маљлиси миллї, сафари кории Сарвазири мамлакат ба ноњия ва дар ин замина Мурољиатномаи фаъолони љомеаи шањрвандии вилоят дар бобати истифодаи оќилонаву самараноки њар ваљаб замин новобаста аз сохтори хољагидорї, заминњои наздињавлигї, кишти зироатњои ниёзи аввалия ва гирифтани 3-4 њосил дар як сол, ташкил ва доимї истифода бурдани гармхонањо, раванди корњои созандагиву бунёдкорї ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатї ва иљрои корњои амалї ба маќсади пешгирї, интиќол ва пањншавии коронавирус шунида шуд. Дар ин маврид, чуноне роњбари гурўњ С. Шарифзода такя бо тањлили мушоњида ва санљишњо ќайд намуд, дар аксар љамоатњои дењот сокинон бањри иљрои дастуру супоришњои созандаву бунёдкоронаи роњбарияти олимаќоми давлату Њукумат, ќарорњои раиси вилоят корњои мушаххасро ба анљом расонидаанд. Зироатњои ниёзи аввалияро кишт намудаанд, аз заминњои наздињавлигї њадалимкон истифода мебаранд. Бо вуљуди ин, то њанўз дар баъзе мањалњо, аз љумла, дењаи Гулистони дењоти ба номи Айнї, масљиди марказї дар дењаи “Мењнатобод” ба ин масъала ба таври бояду шояд машѓул нашудаанд. Баъдан њисоботи раиси ноњия оид ба натиљањои иќтисодї-иљтимоии ноњия дар семоњаи аввали соли равон шунида шуд, ки дар он дастоварду норасоињо ќайд гардид. Аз рўи баррасии њисобот раи-
си вилоят Ќурбон Њакимзода нисбати камбудињо, ноиљро мондани баъзе намудњои наќша дар соњањои гуногуни хољагии халќи ноњия аз масъулин пурсиш ба амал оварда, дар умум дар назди њозирин вазифањо дар самти омодагињо ба истиќболи сазовори 30-солагии Истиќлолияти давлатии кишвар, корњои таъљилї ва омодагињои комил љињати пешгирї, интиќол ва пањншавии коронавирус, истифодаи оќилонаи замин, дастгирии соњибкорони хурду миёна, фароњам сохтани ќарзњо бо фоизи паст, сариваќт пардохт намудани музди мењнати кормандони буљетї ва нафаќа, ба танзим даровардани нарху наво, пешгирии сунъии нарху наво дар бозор, ташкил намудани бењтаринњо дар тамоми соњањо, татбиќи ќарори раиси вилоят дар бораи “Соли 2020 соли чароѓонкунї”-ро пеш гузошт. Раиси вилоят зимни сафар ба ноњия, њамчунин, аз рафти корњои ободониву созандагї ва бунёдкорї, истифодабарии заминњои хољагињои дењќонї ва заминњои наздињавлигии сокинон дидан намуда, барои боз њам вусъат бахшидани корњо дар соли таърихї ва воќеан муњим маслињатњои муфид дод. Раиси вилоят њамзамон бо собиќадорони мењнат, шахсони баруманди ноњия Таваралї Зиёвиддинов, аз дењоти «Њилолї» Фотима Ѓафурова, аз дењоти ба номи С. Айнї ва Асо Бобоев, аз дењоти «Ѓаллаобод» ки солњои зиёд бо хизмати шоистаи худ дар рушди соњањои гуногуни хољагии халќ сањми муносиб гузоштаанд, мулоќот доир намуд. Ќ. Њакимзода дар рафти суњбат изњор дошт, ки хизматњои содиќонаи пешќадамони истењсолот њамеша дар мадди назари Њукумат, хоса Пешвои миллат ќарор дорад ва бо боварї ќайд намуд, ки пирони рўзгордида, имрўз њам чун маслињатгару мураббии собиќадор метавонанд ба наврасону љавонон роњи дурусти зиндагиро омўзонанд. И. Њасанов
РУСТАМИ ЭМОМАЛЇ ШОГИРДИ САЗОВОРИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Ба маќоми Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардидани шањрдори Душанбе муњтарам Рустами Эмомалиро мардуми Тољикистон хубу хуш пазируфта, дар иљрои ин вазифаи пурмасъулият дуои некаш доданд. Рустами Эмомалиро њамагон чун роњбари кордон, навназар ва дар мавќеаш устувор шинохтаанд. Гузашта аз ин, чун шогирди сазовори мактаби сиёсии Пешвои миллат мардумро беш аз пеш ба ояндаи неку дурахшони мамлакат, рушди устувору босубот, таъмини зиндагии шоиста дилгарм мекунад. Тўли чанд соли масъулияти баланду њамзамон гарони шањрдории Душанберо ба зимма доштан, ў тавонист симои пойтахти мамлакатро ба куллї дигар кунад. Бунёду азнавсозии биноњои маъмурию маскунї бо тарњу оњанги миллї, майдончањои варзишї, гулбоѓу сайргоњњо, мавзеъњои фарњангию тафрењї нињоят фарањафзову рўњбахш аст. Њоло Душанбе бо таносуби риояи суннатњои шањрсозии шарќиёнаву дизайни роиљ дар ѓарб, ба яке аз зеботарин шањрњои рўйи олам тадбил ёфтааст. Дар ин љо сайёњони чи аврупоиву чи осиёї, тамоми мардумони олам барои худ василаи мувофиќи тафрењ пайдо карда метавонанд. Њамин корбарии муваффаќонаи шањрдори љавон Рустами Эмомалї буд, ки Душанбе аз љониби хабаргузорињои байналмилалї ва љомеаи љањонї дар ќаламрави кишварњои узви ИДМ њамчун шањри «барои сафари тирамоњї љолибтарин», «барои сафари бањорї љолибтарин», дар љањон яке аз шањрњои амнтарин эътироф гардида, соли 2018 ба узвияти Федератсияи умумиљањонии шањрњои туристї пазируфта шуд. Ободкорињо дар пойтахти мамлакат њамоно бомаром идома доранд. Ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї боѓи «Истиќлолият» бо майдони маљмааи «Истиќлол” ва “Озодї», 9 мењмонхонаи замонавї, минтаќаи саноатии Душанбе бо бунёди дањњо корхона дар мавзеи шарќї, Масљиди марказии Душанбе, ки бузургтарин дар Осиёи Марказї хоњад буд, варзишгоњи калонтарин, маљмааи шиноварї ва садњо иншооти бузурги дигар бунёд меёбанд. Шањрдори љавони Душанбе њоло 32 сол дорад ва аз он 21 солаш дар мактаб, Донишгоњи миллї, Академияи хизмати давлатии назди Президенти Россия ва Академияи ВКД Тољикистон тањсил кардааст. Ихтисосаш иќтисодиёти љањон, њуќуќшиносї, идоракунии давлатї ва мањаллї буда, дар баробари забони модарї, се забони хориљї - русї, англисї ва олмониро медонад. Рустами Эмомалї вакили Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе буда, рутбаи тахассусиаш мушовири њаќиќии давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад. Фаъолияти мењнатии ў солњои 2006-2009 аз вазифаи сармутахассиси шуъбаи њамкорї бо Созмони умумиљањонии савдои Вазорати рушди иќтисод ва савдои Љумњурии Тољикистон оѓоз шуда, баъдтар дар як ќатор мансабњои масъул идома ёфтааст. Ў солњои 2009-2011 дар вазифањои сардори Раёсати дастгирии соњибкории Кумитаи давлатии сармоягузорї ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон, солњои 2011-2012 сардори Раё-
сати ташкили мубориза бар зидди њуќуќвайронкунињои гумруки Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, 2012-2013 муовин ва 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, 20152017 директори Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон, фаъолият кардааст. Аз моњи январи соли 2017 ба ин љониб раиси шањри Душанбе мебошад. - Ба унвони шањрдор ва ё ра-
иси шањри Душанбе - пойтахти давлати Тољикистон таъйин гардидани Рустами Эмомалї њодисаи муњими сол, манзурам январи соли 2017 аст, шинохта шуд, зеро дар таърихи давлатдории миллї аз ќишри љавони љумњурї намояндае ба сифати шањрдори Душанбе муаррифї гардид, - изњор медорад Фарњод Рањимї, президенти Академияи миллии илмњои Тољикистон ва узви Маљлиси миллї. - Бо дастури бевоситаи раиси шањр Рустами Эмомалї шањрдорї, бо дарназардошти мушкилоти иљтимоию маданї ва иќтисодию молиявї, сомонаи вижаеро таъсис дода, тавассути фаъол гардонидани он фазои муколамаву гуфтугўро бо љомеа барќарор намуд. Ин роњбурди идорї имкон фароњам овард, ки мардуми шањри Душанбе тайи бисту чањор соат бо масъулини шањрдорї робитаи мустаќим барќарор намоянд ва мушкилоти худро дар миён гузоранд. Њамчунин, дар дастгоњи идории шањрдорї ворид намудани технологияњои нави инноватсионї, насби посттерминалњо барои пардохти хизматрасонињо, ба монанди маблаѓи об, газ, наќлиёти љамъиятї аз навоварињои раиси шањр њисоб мешаванд, ки сокинони пойтахт аз онњо њар рўз истифода мебаранд. Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба парваришу тарбияи кадрњои миллии љавон таваљљуњи хоса зоњир мекунанд. Яке аз ин гуна кадрњои љавон, ки зинањои гуногуни рањбариро пушти сар намудааст, Рустами Эмомалї мебошад. Рустам дорои љавњари бузурги роњбарї ва инсони њушманду шахсияти корозмуда ва фавќулода аст. Сокинони вилояти Хатлон итминон доранд, ки Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Рустами Эмомалї чун чењраи тобноки олами сиёсат, пайрави њаќиќии Пешвои муаззами миллат бо ѓояњои инсонпарварї, татбиќи муваффаќонаи сиёсати хирадмандонаи Роњбари давлат, бо хизмати содиќона ба ватан дар инкишофи тамаддуни миллати тољик ва рушди Тољикистони азиз сањми сазовор мегузорад. Барояш дар иљрои ин масъулияти баланд комгорї, барору муваффаќият орзумандем. Н. МАЪМУРЗОДА, Њангомаи ИСМАТ
2
ХАТЛОН
чоршанбе, 29 апрели соли 2020, №24 (3260)
Дар партави Паём Яке аз нуќтањои муњиме, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ироа гардид, ин омодагињо ба љашни бузурги таърихї - 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад. Ба ин маќсад сокинони мамлакат то рўзи љашн ба масъалаи таљдиду азнавсозї, тозаву озода ва ободу зебо гардидани мањали зист, кўчаву хиёбон ва мањаллањои ањолинишин кўшиш менамоянд. Ќайд гардид, ки то ба имрўз барои пешрафти соњаи илму маориф, тандурустї, њифзи иљтимоии ањолї, фарњанг љавонон, варзиш ва сайёњї корњои зиёде ба анљом расидааст. Агар ба соњаи варзиш назар афканем, дигаргунињои куллї ба чашм мерасад. Имрўз дар кишвар зиёда аз 10 њазор иншооти арзишї фаъолият дошта, дар самти солимгардонии љомеа сањми босазо гузошта истодаанд. Танњо дар соли 2019
рањнамову њидоятгари мо аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ва соњибкорони ватанї дар кишвар 358 иншооти варзишї сохта, ба истифода дода шуд, ки 200-тои он ба шањри Душанбе рост меояд. Дар ин љода танњо масъулонро зарур аст, ки дар самти солимгардонии љомеа тадбирњои зарурї андешида шавад. Њамзамон, дар ин љода роњбарони вилоятњо ва шањру ноњияњо уњдадор гардиданд, ки дар дањ соли оянда дар њар як дењае, ки ањолиаш аз 100 хољагї зиёд мебошад як муассисаи томактабї, як толор ва як майдони варзишї бунёд карда шавад. Њамчунин, дар Паём доир ба масъалаи љавонон диќќати махсус дода шуда, ќайд гардид, ки љавонон давомдињандагони кору фаъолият ва ояндаи
давлату миллатанд. Мо бо ќаноатмандї метавонем ояндаи халќи тољикро ба љавонони далеру шуљоъ ва содиќ ба ин марзу бум дињем. Имрўз барои донишманд ва саводнок гардонидани љавонон дар кишвар аз роњу усулњои кишварњои пешрафта истифода намуда, љавонони соњибмаърифат метавононад, тибќи квотаи президентї ба муассисањои тањсилоти олї дохил шаванд. Имрўз мо дар тамоми соњањои хољагии халќ љавонони саодатмандро мебинем, ки бо шукргузорї аз фазои тинљу амни кишвар кору фаъолият намуда, сањми худро дар пешрафти ватани азизамон мегузоранд. Дар рўњияи баланди миллї, садоќат ба давлату миллат, тањаммулгарої,
ватандўстиву хештаншиносї ва пос доштани арзишњои миллї тарбия намудани љавонон вазифаи муњимтарини њама сохтору маќомот ва ањли љомеа мебошад. Мо-љавонон љавобан ба ин њама ѓамхорињои Сарвари давлат ваъда медињем, ки бо бањои хубу аъло ва рафтори намунавї тањсил намуда, дар оянда њамчун як афсари шуљоъ ва номбардори халќи азизи хеш бошем. Ю. БаЊодурзода, сардори шуъбаи таълими МДТ коллељи милитсия, майори милитсия, М. Каримов, Љ. Љањонгирзод, курсантњои коллељи милитсияи ВКД
Мо бояд маданияти заминдориро ба таври ќатъї баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захирањои табиии кишварамон куллан таѓйир дињем, ба холї мондани заминњои корам роњ надињем, аз њар як ваљаб замин, аз љумла ќитъањои замини наздињавлигї самаранок истифода карда, аз заминњои обї гирифтани се ва њатто чор њосил, яъне кишти такрориро васеъ љорї кунем ва њарчи бештар мањсулот истењсол намоем. Эмомалї РАЊМОН
Мавсими файзбор расид Имрўзњо кишоварзони вилояти Хатлон ба љамъоварии сабзавоти барваќтї аз љумла, пиёзу картошка, гулкараму сабзї, помидору бодиринг ва тути заминиро оѓоз намуда, њосили онњоро ба бозорњо бароварда, дар таъмини хони рамазонии мардум ва паст фаровардани нарху навои мањсулоти ниёзи аввали мардум сањми худро гузошта истодаанд. Дар ин шабу рўз дењќонони ноњияи Љайњун њосили пиёзи барваќтиро љамъоварї намуда, саъю кўшиш доранд, ки њар чї зудтар заминњоро дубора киштгардон намуда, кишти навбатии зироаторо ба роњ монанд. Дар заминњои наздињавлигї ва хољагии дењќонии сокини ин ноњия Ќамариддин Мирзоев тамоми даврањои сол парвариши зироат идома меёбад. Бо дарназардошти иќлими мусоиди минтаќа ва талаботи бозорњои мањаллї ў бештар ба парвариши пиёзу сабзї, тарбузу харбуза машѓул аст. -Ду гектар замини хољагии дењќониамон манбаи таъмини хонаводањои ману се бародарам мебошад, ки бо њамсару фарзандонамон дар киштукори замин ва њосили аз он рўёнидашуда сањми баробар дорем,мегўяд ў. - Сарчашмаи таъминоти рўзгори хонаводањои мо, ки дар умум 26 нафарро ташкил медињад, аз файзу баракати хољагии
дењќонї ва ќитъањои наздињавлигиамон мебошад. Дар мавсими љамъоварии њосили заминњо мо дар мадди аввал аз њар намуд сабзавоту дигар зироатњои дењќониамон барои ду сол мањсулотро захира намуда, боќї њосили љамъовардаро ба фурўш мебарорем. Аз суњбат бо ин марди зањматпеша маълумамон гардид, ки ў бо кунљкобиву таваљљуњи беандоза ба мутолиаи китобу омўзиши таљрибаи њампешагонаш аз нозукињои кишту парвариши зироатњои гуногуни кишоварзї ба хубї бархўрдор аст. Њамчун роњбари хољагии оилавї њидоятњои хирадмандонаи Сарвари давлатро сармашќи кори худ ќарор дода, њар порча заминњои хољагиро самаранок исти-
фода мебарад. Дар харољоти рўзгор ва љашну маъракањои мардумї намунаи ибрати њамдењагон буда, сарфакориро асоси бењбудии зиндагї мешуморад. Ќамариддин Мирзоев ифтихор аз он дорад, ки мањз бо шарофати њосили пиёзу сабзї, гулкараму дигар сабзавоти барваќтии парваришнамудаи марди дењќон имрўз нарху навои ин мањсулот дар бозорњои минтаќа ба ќадре паст фаромадааст. Аз оѓози мавсими љамъоварии њосили имсола нарху навои пиёз аз 6 сомонї ба 1,5-2 сомонї паст фаромада, арзиши картошка њам рўз аз рўз коњиш меёбад. Зеро баъзе дењќонони пешкор аллакай њосили картошкаи барваќтиро ба бозор бароварда истодаанд. Бо истифодаи самараноки заминњои њосилхез, маслињату роњнамоии мутахассисони соња ва таъмини тухмии хушсифат мо -заминдорон вазифаи љонии худ мешуморем, дар таъмини амнияти озуќаворї, ки аз њадафњои муњими давлат ба њисоб меравад, сањми босазо гузошта бошем,- мегўяд Ќ. Мирзоев. С. Љамолиддин
Соле аз як замин ду-се њосил Истифодаи самараноки замин, истењсоли њарчи бештари мањсулоти хољагии ќишлоќ, таъмин намудани ањолї бо мањсулоти ниёзи аввал имрўз яке аз масъалањои муњим ба шумор меравад. Зеро вазъи баамаломада дар љањон, ки сабабгораш пайдоиши вабо-бемории сироятии коронавирус аст, ин масъаларо боз њам љиддитар ба миён гузоштааст. Бар асари бемории мазкур имрўз рафтуомад, додугирифти молиявї байни давлатњо муваќќатан ќатъ гардидааст. Инро ба назар гирифта, давлату Њукумати љумњурї, алалхусус Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон нисбати њарчи бештар истењсол намудани мањсулоти хољагии ќишлоќ, алалхусус маводи ѓизої, дастуру супоришњои мушаххас доданд. таъкид намуданд, ки агарчи љумњурї захираи дусолаи хўрока дошта бошад њам, ба мо зарур аст, ки истењсоли онро боз њам зиёд намуда, барои солњои минбаъда захираи боэътимоди хўрока омода намоем. Ба ин хотир, зарур аст, ки аз њар як порча замин самаранок истифода бурда, тавонем. Яъне, аз як ќитъаи замин давоми як сол ду-се њосил ба даст биёрем. Хуб. Инро ањли зањмати кишвар чї навъ ќабул намуд. Оё љунбише дар ин самт њаст ё не? Чуноне аз мушоњидањо бармеояд, аллакай мардуми мењнатї, аз љумла дењќони асил инро хеле хуб фањмидаву ќабул кардааст. Ба ин маќсад хостем аз зиндагї ва фаъолияти дењќонии як тан аз дењќонони асили дењаи Боѓи Камоли Љамоати дењоти “Тугарак” - Нурхон Азимов шинос шуда, андешаи ўро оид ба замину заминдорї, дастуру супоришњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон пурсон шавем. Њарчанд сањари барваќт ба хонаи акаи Нурхон омадем, вале ўро дар хонааш пайдо накардем. Дар сари заминаш њам набуд. Дар замини якгектарааш писарону келинњояш машѓули кор буданд. - Падарам барваќт ба бозор рафтанд, - гуфт писараш
Бањрихон. Дар бозгашт акаи Нурхонро дар дењќонбозори маркази ноњия вохўрдем. Мањсулоти овардаашро савдо мекард. Њолати мављуда гувоњи он буд, ки акаи Нурхон аллакай корашро ба анљом расондаасту дар тараддуди рафтан аст. Гарм вохўрї карда, аз њоли якдигар пурсонї намудем ва билохира, сари маќсад омадем. Назари акаи Нурхонро оид ба баромадњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар бораи истифодаи самараноки замин, аз як замин давоми сол рўёнидани ду - се њосил, таъкидњои Сарвари давлатро оиди дусола захира намудани хўрока пуросон шудем. - Шукр мекунем, ки чунин як Сарвари оќилу дурандеш дорем, ки пайваста дар фикри бењбудии мардуми кишвар аст. Кўшиш менамояд, ки мардуми кишвар аз чизе танќисї накашад, мудом сарбаланд, шоду пирўз бошад. -Телевизорро мунтазам тамошо мекунам,-идома дод суханашро акаи Нурхон,- њар як баромади Пешвои миллатро бодиќќат гуш мекунаму хулосаи худро мебарорам.Дар баромади навбатиаш низ фикри осудагї ва таъмини мардум бо маводи хўрока буд. Њар нафаре, ки, махсусан ањли зањмат ва хосатан дењќоне ё заминдоре, инро нодида мегирад ва ё пайи амалї гардонидани ин маслињату тавсияњо намешавад, ў на дењќон асту на заминдўст. Фардест, ки маќоли халќ - “хољам, боѓ дорї, ња дорам”-ро пеши назар меорад. Фикр мекунам, ки чунин одам бояд сари ваќт аз замин даст кашад. Дар зиндагї ба мушоњида мерасад, ки аз адолату сиёсати некбинонаи давлату Њукумати љумњурї, хосатан Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон истифода намуда, ќисме заминро њамчун мероси якумрї гирифтаанд, вале онро самаранок истифода намебаранд, на худ кор мекунанду на ба дигарон медињанд. Ман ба чу-
нин одамон њасад намебарам, вале аз дилсўзї мегўям, таъкид њам мекунам, замин бояд моро хўронад, пўшонад, бекор наистад. Тавонем њарчи хубтару бењтар онро нигоњубин намоем, то ду-се њосил аз як замин ба даст орем. Њам фоидаи соњиби замин ва њам фоидаи љамъият, мардуми коргару зиёї бошад. То онњо низ аз мањсули замин фоидае гиранд. Ин аст маќсади асосии Сарвари давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон. Ман њам дењќонам, аз њисоби замин рўзгорамро пеш мебарам. Њамчунин мањсулоти зиёдатиашро ба бозор бурда, пешкаши харидорон мекунам. Солиёни зиёд аст, ки аз ин пеша нон мехўрем, зиндагиамонро пеш мебарем. Аз ташкил ёфтани Кооперативи тиљоратии «Хуршед-98» чанд сол сипарї шуд. Кооперативи мо аз 10 гектар замини лалмї ва як гектар замини обї иборат аст. Ба ин миќдор 7 сотих замини наздињавлигиро низ зам менамоям. Њамаашро ба ќадри имкон истифода мебарем. Замини лалмиамон, иншооллоњ имсол њосили хуб медињад, зеро борону намї мувофиќи хоњиши замин буд. Дар замини якгектараамон бошад, кор вазнинтар мешавад, ќариб ки ваќти бекорї намеёбем. Њар сол аз он се њосил мегирем. Ба ќавли пири дењќонони тољик, Ќањрамони мењнат, бобои Миралї Мањмадалиев заминро рўз намедињем, мудом бояд он њосил дињад. Бобои Миралї низ аз як замин ду-се њосил ме-
гирифт. Њатто дар як ваќт ду њосил мегирифт. Пахта мекориду ќариби њосилро ѓундоштан дар замини пахта рапсу перко мекорид ва барои чорпо дар якљогии пояи пахта бо рапсу перко хўрока тайёр мекард. Бояд њар як дењќон чунин як таљрибаи пешќадамро истифода намояд. Дар кооперативи мо 5 нафар ќувваи корї аст, ба тарзи дигар гўем 5 сањмдор дорем. Вале иловатан дар мавсими зарурї боз 4-5 нафар ќувваи кории мавсимї мегирем. Ба ќадри имкон њаќќи зањматашонро низ пардохт менамоем. Истифодаи самараноки замин њам ба оила фоида меораду њам ба љомеа. Яъне, баробари истифодаи мањсулоти худї, зиёдааш ба бозор мераваду њам аз њисоби андозњои сањмдорони кооператив њар сол, љамъ ќариб 6 њазор сомонї ба буљаи ноњия дохил мегардад. Хуллас, назари ман ба ин ки заминро самаранок истифода барему аз он ду-се њосил гирем, њамчунин, захираи дусолаи хўрокї хеле хуб аст. Мо бояд њамагон таъкиду пешнињоди Сардори давлатро дастури кори худ ќарор дода, пайи амалї гардонидани он бошем ва тавонем љомеаро бо мањсулоти зарурї сари ваќту хушсифат таъмин намоем. Ба Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон барои ин ѓамхорињояш ва дастгирињои мардуми мењнатї изњори миннатдорї баён намуда, аз њар як марди асиле, ки ба замин сару кор дорад, хоњиш менамоям, ки масъулияти баланд дошта бошанду заминро хор накунанд, онро самарабахш истифода баранд, њосили хуб рўёнда, дар бењдошти зиндагї сањми муносиби худро гузорад. Мо низ, дар ин раванд ба акаи Нурхон Азимов барору комёбї орзу намуда, хушрўзињоро таманно менамоем. Наљот САФАРЗОДА, ноњияи Восеъ
Парвариши ѓалла дар Темурмалик Боду њавои имсола кишоварзонро рўњбаланд гардонидааст, зеро боронњои пай дар пайи фасли бањор сатњи намнокиро дар замин зиёд кардааст, ки ин ба нашъунамои зироатњо дар заминњои корами лалмї низ мусоид аст. Дар хољагии давлатии Љалолиддини Румии ноњияи Темурмалик ва стансияи навъсанљии он нашъунамои хуби ѓалладонагї ва зироатњои техникї баръало ба чашм мерасад . Мутахассисони соња бар онанд, ки омили асосии бардошти њосили фаровон интихоби тухмии ба шароити иќлими минтаќа мутобиќ ва сари ваќт гузаронидани ќоидањои агротехникї мебошад. Ба ин хотир дар стансияи мазкур мутахассисон навъњои гуногуни ѓалладонагиро кишту парвариш намуда, навъњои серњосил ва ба шароити иќлими минтаќа мутобиќашро дастраси хољагињои дењќонию
овардем, ки як ќисми онро ба њољагињо барои кишт дастрас намудем”. Хољагии давлатии Љалолиддини Румї тирамоњи соли 2019 дар майдони беш аз 1200 гектар кишти ѓалладонагї гузарониданд. Ба гуфти хољагидорон имсол, ки соли бобарор омадааст, бардошти њосили фаровон дар назар аст. Сафарзода Ширинљон
Ду хабар аз ноњияи Абдурањмони Љомї
истифодаи самарабахши Замин
Бо маќсади фаровон гаштани сабзавоти хушсифати ватанї хољагидорони ноњияи Абдурањмони Љомї кишти сабзавоти гуногунро ба роњ мондаанд. Тибќи иттилои Хўљамурод Сатторов, сардори Раёсати кишоварзии ноњия, хољагидорони
тамоми љамоатњои шањраку дењот дар заминњои наздињавлигии худ кишти картошка, пиёз, сирпиёз, сабзї, карам ва помидору бодирингро ба роњ мондаанд. Гуфта шуд, ки масоњати умумии майдонњои кишти сабзавоти барваќтї дар ноњия 625 гектарро ташкил медињад. Аз он дар майдони 235 га пиёз, 90 га сабзї, 50 га карам, 190 га картошка, 120 га помидор, 80 га бодиринг, инчунин дар 4163 га гандум, 250 га љав, 4302 га кишти пахта ва ѓайра ба роњ монда шудааст. Соњибони заминњои наздињавлигї мегўянд, ки дар рўзњои наздик мањсулоти ниёзи аввал пухта мерасад ва мањсулоти тару тозаи бадастовардаашонро ба бозорњо мебароранд. Хољагидорони ноњия ният доранд аз як замин то се њосил рўёнанд, зеро боду њавои ноњия барои ба даст овардани њосил мусоид мебошад.
Моњї фаровон мешавад Хољагии моњипарварии «Хушзот»-и ноњияи Абдурањмони Љомї бо маќсади фаровон гаштани мањсулоти моњигї дар майдони 694 гектар моњињои гуногунро парвариш мекунанд. Тавре Мањмадулло Ќараев, сармоњипарвари хољагии «Хушзот»-и ноњия мегўяд, дар майдони 694 гектар њавзњои моњипарварї, аз љумла 35 њавзи моњипарварии азим, 28 њавзи моњии молї, 2 њавзи тухмипарварї, 5 њавзи моњичапарварї ба роњ монда шудааст. Дар њавзњо навъњои моњии пешонаѓафси сафед, амури сафед, заѓорамоњї ва дар наќша намуди буфери америкоиро ба роњ мондаанд. Дар њавзњо зиёда аз 1 млн моњї пар-
Мавзўи рўз
Ба муносибати 75-солагии Ѓалаба
КоронАвирус ва иммунитети боварї
инфиродї мегардонанд. Мудири стансияи навъсанљї Назир Њиматов мегўяд, ки “Стансияи навъсанљї барои истењсоли навъњои бењтарини ѓалладонагї аз соли 1936-ум ташкил карда шудааст. Имсол 8 навъи тухмии гандумро дар 87 гектар заминњои стансия кишт намудем. Соли гузашта 35-40 сентнерї дар шароити заминњои лалмї њосил ба даст
вариш карда мешавад. Бино ба иттилои хољагидорон, соли гузашта наќшаи истењсоли моњї 300 тонна буда, ду баробар зиёд моњї ба даст оварда шуд. Имсол дар наќша истењсоли 600 тонна моњї буда, хољагидорон умед доранд, ки аз ин зиёдтар моњї истењсол кунанд. Инчунин, дар ин хољагї 52 нафар сокинони ноњия бо љойи кори хуб таъминанд. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон љињати дастгирии соњибкорон соњаи моњипарвариро аз андоз
озод карданд. Мо љавобан ба ин таваљљуњу ѓамхорињо самти фаъолияти худро рушд дода, дар хољагиамон сехи моњии дудандозї ва барои захира анборњо таъсис додем». Фирдавс УМАРОВ, коромўзи «Хатлон»
Назорат ба фоидаи ањли мењнат Раёсати Хадамоти назорати давлатї дар соњаи мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї дар вилояти Хатлон тибќи наќша дар соли равон як ќатор корњои муњимро анљом доданд. Санљишњои давлатї дар маљмўъ 56 ташкилоту муассисањои давлатї, 11 ташкилотњои хусусї ва субектњои хољагидории шакли моликияташон гуногунро фаро гирифт. Дар натиљаи санљишњои назоратї 269 адад њолатњои ќонунвайронкунињои мењнат ошкор гардид. Дар соњаи самти экспертизаи давлатии шароити мењнат 28 санљиш, њолати самти шуѓли ањолї 21 санљиш гузаронида шуд. Дар семоњаи аввали соли 2020 дар њамаи соњањо бо дахолати раёсати хадамот 298 њазору 777 сомонї аз њисоби корхонањои гуногун ба буљети давлатї гузаронида шуд. Бе восита бо дахолати кормандони раёсат ба андозаи 214 њазору 411 сомонї музди мењнати ба таъхир афтода пардохт гардид. Илова бар ин ба маблаѓи 55 њазору 746 сомонї андози иљтимої аз суѓуртаи иљтимої пардохт гашта, љаримањо дар ин давра барои њуќуќвайронкунии маъмурї 12 њазору 644 сомониро ташкил дод. Дар самти назорати давлатї дар соњаи мењнат дар 62 адад субъектњои хољагидорї вилоят оид ба масъалањои мењнат санљишњои наќшавї баргузор гардида, 217 адад ќонунвайронкунињо ошкор шуд. Њамзамон, њолати риояи ќонунгузории мењнат дар муассисаи давлатї манзиливу коммуналї ё хољагидорї, маркази пешгирї ва мубориза бар зидди ВНМО дар шањри Норак, шуъбаи маориф, муассисањои таълимии томактабии №№ 3, 5, 6, 8 љамоати дењоти Пули сангин ва љамоати дењоти Дуконї мавриди санљиш ќарор гирифта, њолатњои риоя нагардидани ќонунњои мењнат ошкор карда шуд. Чунончї дар љамоатњои” Пули сангин” ва “Дуконї” соли 2019 ба миќдори 15 сомонї маблаѓи иловапулї аз рўи коэффисенти баландкўњї пардохт карда шудааст. Њол он ки аз 1 январи соли 2019 андозаи нишондињанда дар Љумњурии Тољикистон дар асоси ќонуни буљет, дар ин самт 55 сомонї муќаррар гардидааст. Тибќи маълумоти оморї ба њолати 1 феврали
соли 2020 ќарздорї аз музди мењнат дар њудуди вилоят 6, 8 млн сомониро ташкил медињад. Ба хусус ќарздорї аз музди мењнат дар шањру ноњияњои Левакант 3,3 млн сомонї, Норак 195,8 њазор сомонї, Ёвон 1,8 млн сомонї, Бохтар 167 њазор сомонї Кўлоб 193,6 њазор сомонї, Фархор 348,7 њазор сомонї, Хуросон 39 њазор сомонї, Њамадонї 8,3 њазор сомонї, Ш. Шоњин 3,2 њазор сомонї, Темурмалик 49,1 њазор сомонї ва Данѓара 18,5 њазор сомонї аз музди мењнат ќарздоранд. Тибќи маълумотњои оморї ќарздорї аз музди мењнат ба ЉСК «Тољик азот»-и шањри Левакант 2 млн, 517 њазор сомонї, Бохтаргази шањри Бохтар 167 њазор сомонї, ЉДММ “Талко кемикал”1 млн 284 њазор сомонї ва ЉСШК “Тољикхимпром”-и ноњияи Ёвон 504 њазору 469 сомонї, ЉСК “Нурињои осиё” 1 млн 417 њазору 792 сомонї тааллуќ дорад. Боиси ташвиш аст, ки дар баъзе корхонањо музди мењнат солњои тўлонї пайдо шуда бошад њам, бањри ислоњи он масъулин тадбирандешї намекунанд. Масалан, ќарзи музди мењнат дар ЉСК “Азот” аз соли 2014 пайдо гардида, он ба њолати 1 январи соли 2020 беш аз 2 млн, 517 њазору 021 сомониро ташкил медињад. Дар њамин ќатор корхонаи ЉСШК “Тољик-химпром”-и ноњияи Ёвон аз соли 2012 аз музди мењнат як млн 525 њазору 899 сомонї ќарздор буда, бањри пурра аз байн бардоштани ќарздорї чораю тадбирњои самарабахш намеандешанд. Ќонуни мењнат таќозо дорад, ки моње ду маротиба- аввал пешпардохт ва баъд пардохти пурраи ќарзи музди мењнатро корфармоён ќатъиян бояд таъмин намоянд. Ќонун нисбати корфармоёне, ки музди мењнати кормандонро беш аз ду моњ таъмин намекунанд, љазои љиної пешнињод карда аст. Бинобар ин ба роњбароне,ки ташкилоту муассисањояшон аз музди мењнат ќарздоранд, зарур аст, ки ба ин масъала эътибори љиддї дода, сари ваќт музди мењнати кормандонро пардохта, барои мењнату истироњати онњо шароитњои заруриро фароњам оваранд. Б. Сайдалиев
3
ХАТЛОН
чоршанбе, 29 апрели соли 2020, №24 (3260)
Вируси марговари Govid-19 ба мушкилоти фарогири љањон табдил ёфтааст, ки ин аз як сў, вокуниши навбатии табиат ба муносибатњои носолими инсон нисбат ба муњити зист арзёбї гардад, аз тарафи дигар, зудбоварию эњсоси тарсу бими одамон дар баробари њодисањои табиї мебошад, ки аз ноогоњї вазъияти баамаломадаро дучанд зиёд мегардонанд. Зеро иддае дониставу надониста тавассути сомонањои иљтимої хабару маълумоти носанљидаро пањн намуда, мардуми дар бораи ин беморї маълумоти кофї надоштаро ба тањлука меоранд. Мо дар муддати кўтоњи вазъи ин беморї дар олам борњо шоњиди он будем, ки иттилои носањењ боиси вањму њароси сокинон мегардид. Бинобар ин, фаъолони љомеаи шањрвандиро мебояд то њангоми матрањ намудани мавзўъњо оид ба ин беморї эњтиёткор бошанд, зеро њар сухани нољо ба афкори умум оќибат таъсири манфї расониданаш мумкин аст. Дар мисоли имрўзу таљрибаи рўзгори гузаштагонамон борњо собит гардидааст, ки дар муборизањои инсоният бањри пешгирї аз пањншавии беморињои вазнини сироятї, аз љумла, вабои њар давру замон «имунитети хушбинї» ё, ба ќавле, оптимизм наќши нињоят муњим дорад. Њанўз аз ибтидои пайдоиш ва хуруљи бемории коронавирус дар Чину ИМА ва дигар кишварњои Аврупо роњбари Ташкилоти умумиљањонии тандурустї Тедро Адан Гебрейесус чунин гуфта буд: «Танњо эълони карантин ва манъ намудани чорабинињои оммавї роњи пешгирї аз пањншавии ин беморї нест. Давлатњо (манзур дар кишварњои ин беморї ба ќайд гирифташуда) бояд фавран ба санљиши тиббии ањолї шурўъ намуда, беморонро ошкор ва
онњоро аз дигарон људо нигоњ доранд ва алоќаи онњоро бо атрофиён муайян намоянд. Њатто дар њолати бемории сабук људокунии онњо аз дигарон зарур аст». Пас, биёед, лањзае чанд моњи охири худро ба ёд биёварем, ки чї гуна иддае аз «нависанда»-њои сомонањои иљтимої тасмимњои наврўзии давлату љомеаи кишварамонро зери танќид ќарор дода буданд. Хушбахтона, баъди ду њафтаи чорабинињои наврўзї исбот гардид, ки дар кишвари мо ягон њолати сироятшавии шањрвандон ба бемории Covid-19 вуљуд надоштааст. Њамин тавр, тавассути сомонањои интернетї вањмангезию пањни хабарњои бардурўѓ нисбати кишвари мо идома дорад. Умедворем, ки мардуми Тољикистон дигар ба ин гуна њуљумњои иттилоотї бовар намекунад ва боварї доранд, ки роњбарияти олии кишвар дар пешгирї аз ин вабои аср чорањои оќилона андешида истодааст. Тавсияи табибону донишмандони олам аст, ки дар ин марњилаи њассос мо дар љойњои љамъиятї тавсияњои истифодаи маводи бехатарї, риояи масофа аз њамдигар ва дигар талаботи гигиенї муќаррар гардидаро бечунучаро риоя намоем. Бо такя ба иттилооти расмї, пеш аз њама, асабу оромиши ќалби худро њифз намоем, мутолиаву мушоњидаи хабару гузоришњои изтиробоварро коњиш дињем. Ба хотири огањї аз вазъият рўзе ду маротиба ба сомонањои маќбули хеш ворид шавем, аммо зери таъсири хабару воњимањои «росту дурўѓ» намонем. Муњим аз њама, ба табибону маъмурони кишварамон бовар дошта бошем, њар тасмимеро, ки пеш мегиранд ба хотири њифзи солимии мошањрвандон аст. «Хатлон»
Ба њар гуна овозањо бовар накунед! Дар вазъияти пандемияи коронавирус, ки тамоми љањонро фаро гирифтааст, муњимтарин муносибату амалкарди њар як инсони солимфикр ба тањлукаву воњима наафтода, љиддан риоя намудани ќоидањои бењдоштию гигиенаи шахсї бояд бошад. Мояи саодатмандист, ки то имрўз дар Тољикистони мо, тибќи эътирофи Созмони умумиљањонии тандурустї бемории сироятии нави COVID-19 ба ќайд гирифта нашудааст. Њукумати Тољикистон тамоми чорањои имконпазирро љињати пешгирї аз пайдоиш ва пањншавии ин вабо дар кишварамон анљом дода истодааст. Вусъати корњои оммавии безараргардонї, тарѓиботу ташвиќот ва фањмондадињии ањолї, муваќќатан манъ гардидани баргузории чорабинињои оммавї, намозгузорї дар масљидњо, таътили муваќќатї љорї шудан дар муассисањои таълимї, манъи содироти мањсулоти хўрокворї ба хориљи мамлакат аз љумлаи чунин тадбирњост. Аммо гоње мебинем, ки дар шабакањои иљтимої ва баъзе расонањо одамон огоњона ё ноогоњ карантини саросарї эълон нагардиданро интиќод мекунанд, гўё ин ки то имрўз ягон њолати аз коронавирус ба њалокат нарасидани беморе дар Тољикистон, онњоро нороњат намудааст.
Имрўз тамоми љањон бар асари домангустарии бемории коронавирус ба буњронњои амиќи иќтисодию молиявї рў ба рў гардида, эњтимоли зиёди камчин шудани маводи озуќа дар дунё ба миён омадааст. Ба љойи карантини саросарї эълон кардану дар хонањо нишастан, бастани дари корхонаву бозорњо, ки боиси бозмондагии истењсолот ва болоравии нархњо мегардад, бењтар аст, ки љиддан гигиенаи шахсиро риоя карда, дар ин рўзњои мушкил мо – калонсолон беш аз пеш мутаваљљењи солимии худу фарзандон бошем, њар порча замини дар ихтиёрдоштаамонро оќилона, самаранок истифода барем, маводи ѓизоиро захира намоем. Нисбат ба ояндаи худу фарзандонамон хотирљамъу бепарво набошем, ба тавсияи табибон гўш андозем, дастуру њидоятњои Пешвои миллатро, ки дар Паёми табрикї ба муносибати фарорасии моњи шарифи Рамазон баён доштанд, њамаљињата дастгирї ва пайи татбиќашон камар бубандем. Дар айёми таътили муваќќатии мактабњо фарзандонро беназорат нагузорем, ба онњо ањамияти чорањои бењдоштї, пўшидани ниќоби муњофизатии тиббї, мунтазам бо собун шустани дастон, истифодаи маводи антисептикї, худдорї аз иштирок дар
чорабинињои оммавиро дуруст фањмонем. Таътили муваќќатї барои шогирдони таълимгоњњо имконияти хуби мутолиаи асарњои бадеї, забономўзї, њамроњ бо волидайн анљом додани корњои сањрої мебошад. Тозаву озода нигоњ доштани хонаву дар, мањалли зисти худ, ободониву хуррамгардонї низ як суннати зиндагии мардуми тољик аст, ки риояи он роњи пешгирї аз пайдоиши беморињои сироятї низ мебошад. Дар ин рўзњо, муњим аз њама, бояд ба вањмангезиву шўрандозї ва бадгўии баъзе “ноќобилони дањр”, ки аз вазъи баамаломадаи љањон вобаста ба коронавирус сўйистифода карда, тавассути шабакањои интернетї анљом медињанд, набояд дода шавем. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар мурољиатномаи худ ба мардуми Тољикистон таъкид намудаанд, яъне агар мо ањлона мењнат кунем, аз њар ваљаб замини киштбоб самаранок истифода намоем, дар якљоягї њама гуна мушкилотро сарбаландона пушти сар хоњем кард. Мардуми Тољикистон аз ин њам рўзњои сахту мушкилро аз сар гузаронидааст ва танњо бо бањрагирї аз таљрибаи рўзгор, хираду маърифати баланд, мењнати софдилона, дастињамгирї тавонистааст комгору муваффаќ гардад. Њангомаи ИСМАТ
Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945 давом мекард. Муборизањои шадид идома меёфт. Намояндагони миллатњои гуногун ба муќобили гитлерчиён мубориза мебурданд. Љангњои хунин њар рўз њазорњо сарбозонро ќурбон мекард. Ана дар њамин лањза фарзанди диловари тољик Абдулњамид Нуров бо љавони Украинї Михаил Морозов дўстї пайдо карданд. Шумо чї ном доред,бародар? - рўзе аз Абдулњамид Нуров пурсон шуд Михаил. Абдулњамид Нуров, тољик аз Тољикистон, ноњияи Балљувон посух дод сарбоз. -Ман Михаил Марозов, аз Украина. Биё, ањди бародарї, дўстї мебандем. Кадоми мо дар љанги хонумонсўз агар њалок шуд, дигарї ному насаби ўро бо худ мегирад,- гуфт украинписар.
Ба ањди бародарї содиќ монд
ё худ чї тавр Абдулњамид Нурови тољик Михаил Морозов шуд? Онњо њамдигарро бародарвор ба оѓўш гирифтанд... Дар наздикии дарёи Днепр љангњои шадид давом мекард. Њангоми убури он Абдулњамид Нуров дўсти бењтарини худ Михаил Морозовро аз даст дод. Михаил њам ба соњили муќобил гузашта буд, вале тири дайдуи душман ба тани ў расида, ба госпитали њарбї афтод ва чанд муддате табобат кард. Абдулњамид Нуров ба аёдаташ рафт. -Бародари азиз Абдулњамид, саломатиам рўз аз рўз бад шуда истодааст. Љароњатам вазнин аст. Њис мекунам, ки ба умрам рўзњои башумор мондааст. Аз
ин хотир донистан мехоњам, ки ањди бародариамонро фаромўш накардаї? –Мард бояд ба ањдаш устувор бимонад.Ман албатта ба ќавлам меистам, - посух дод тољикписар. Михаил Мрозов дар рўи дастони Абдулњамид љон дод. Баъди бозгашт аз Љанги Бузурги Ватанї Абдулњамид Нуров ба ќавли додааш вафо карда, номи бародархондаш Михаил Марозовро гирифт. Дар ноњияи Вахш мардум ўро бо ин ном мешиносанд. Абдулњамид ба фарзандонаш низ насаби љанговари далер, њамяроќаш Михаил Морозовро гузошт.
Дар љомеаи имрўза одамони нек зиёданд. Бо амалу рафтору кирдори неки онњо зиндагї рангину зебо мешавад. Дар ноњияи Вахш фарзандони содиќи ватан Абдулњамид Нуров-Михаил Морозовро одамон дида, бо ифтихор мегўянд: “ Ана ин аст, ањди бародарию љавонмардї. Ана ин аст, ањди дўстонаи намояндагони миллатњои гуногун, ки ин дўстии онњо бардавом ва абадист”. Њазорњо одамон ин ќиссаро шунида, ибрат мегиранд. Ин ќисса ќиссаи диловарї, мардонагї, дўстї, вафодорї ва мењру муњаббати инсонњои нек аст. Б. Сайдалиев
Сулолаи омўзгорон
1. номвар Дарси ибрат аз хирадманди замон бояд гирифт, Дуриро аз дўстони дар забон бояд гирифт. На гадоиро писанду на шоњаншоњї талаб, Сарнавиштат он чї меорад, њамон бояд гирифт. Омўзгорї касби пуршараф ва зањматталаб аст. Барои омўзгор шудан як дониш басанда нест. Омўзгори асил бояд тамоми хислатњои неки инсонро доро бошад, касбашро дўст дорад, нисбат ба шогирдон ѓамхор, дилсўзу серталаб ва пеш аз њама завќу мањорати таълиму тарбияро дошта бошад. Омўзгор боѓбонеро мемонад, ки бо боварї дар боѓи зиндагї нињол мешинонаду онро нигоњубин ва парвариш мекунад, то ки дар оянда боровар гардад ва аз мевањои шањдбори ў мардум ва љомеа бањравар шаванд. Яке аз чунин шахсони ѓамхор, соњибмаърифат ва серталабу накўном, ки њамаи бурду бохташро сарфи насли наврас гардондааст, устод Назар Мирзоев мебошад. Муаллим Назар Мирзоев 56-соли умри Аъзам Назаров аз љумлаи омўзгоронест, ки пешаи омўзгориро аз падари бузургвораш Назар Мирзоев омўхтааст. Яъне бо роњи падар рафта, касби ўро интихоб кардааст. Аъзам Назаров аз паи панди падар рафту ќадамњои устувор дар роњи омўзгорї гузошт. Вай соли 1955 ба омўзишгоњи омўзгории шањри Кўлоб дохил шуд. Онро соли 1959 хатм намуда, корро аз вазифаи сарвари пешоњангони мактаби №13 оѓоз намуд. Соли 1960 роњи Душанберо пеш гирифта, бо сарбаландї ба Донишгоњи давлатии омўзгорї ба номи С.Айнї ба факултаи забон ва адабиёти тољик дохил гардид. Дар сафи ќуввањои мусаллањи Иттињоди
хешро бањри таълиму тарбияи фарзандони мардуми дењаи Офтоблиќо бахшидааст. Фаъолияти омўзгории ин шахси рўзгордида аз мактаби яксолаи муаллимтайёркунии шањри Кўлоб, ки мактаби «Таълиму тарбия» ном доштааст, оѓоз меёбад. Ба њайси муаллим соли 1932 дар мактаби ибтидоии дењаи Хољаисњоќ ба кор шурўъ намуда, бо ташаббуси вай синфхонае ташкил карда мешавад ва мардум дар инљо хату савод меомўзанд. Бо роњхати шуъбаи маориф соли 1938 дар мактаби ибтидоии дењаи Зиракї фаъолият менамояд. Он давра солњои мањви бесаводї дар мулки мо буд ва дар чунин рўзгори мушкил кору фаъолият намудан, чашми нобинои мардумро кушодан, ба онњо омўхтани савод кори осон набуд. Назар Мирзоев дар ин замон чунин масъулияти сангинро бар дўш дошт. Муаллим бо зиракию кордонї кўшиш менамуд, бо шогирдони худ ашёњои хониш месохтанд. Њарчанд мушкилоти зиёде пеши рўи муаллим меомад, аммо ин шахси дарёдил ва дорои хислатњои њамидаи инсонї чора љуста, вазифаи басо масъулиятнок ва пурифтихорро тарк накард ва та-
вонист ба фарзандони халќу миллати хеш хушбахтињо орад. Њамин тавр, кору фаъолияти хуби ўро ба њисоб гирифта, соли 1942 маорифи шањри Кўлоб Назар Мирзоевро ба дењаи Офтобрўя мефиристад, ў дар мактаби дења ба сифати мудири мактаб фаъолият намуд, 38-соли умри хешро дар инљо сипарї менамояд. Ин марди барнодил дар бадали 40-соли фаъолияти корї дар баробари сариштаи рўзгору тарбияи фарзандони худ кўдакони дењаро ба шоњроњи њаёт равона сохтааст. Муаллим барои баланд бардоштани савияи дониши худ, Донишгоњи омўзгории шањри Кўлобро низ хатм менамояд. Солњое, ки муаллим Назар Мирзоев дар мактаби №19 њамчун сарвар кору фаъолият кардааст, ин мактаб яке аз пешќадамтарин мактабњо дар шањру ноњияњои минтаќа ба њисоб мерафт. Шогирдони зиёди ин мактаб донишгоњњои љумњуриявї ва умумииттифоќиро хатм карда, дар ободу зебо гардидани кишвари азиз сањми босазо гузоштаанд. Зањматњои зиёди муаллим буд, ки фарзандонаш Аъзамхон, Зариф, Файзалї ва Мањмадризо касби падарро интихоб намуда, имрўз дар тарбияи насли наврас сањмгузоранд.
2. Пайрави падар Шуравї чун љавони ватандўст хизмат кардааст. шуъбаи маориф ўро њамчун омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик ба мактаби миёнаи №16-и Љамоати дењоти “Дањана” мефиристад. Дар ин давра аз соли 1967 то 1969 њамчун муаллим ва аз соли 1969 то 1974 љонишини директор оид ба кори таълиму тарбия кору фаъолият кардааст. Аз соли 1974 инљониб, давра ба давра дар вазифањои мушовири шуъбаи маориф, мудири кабинети методї, нозири мактабњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру
ноњияи Кўлоб, сармутахассис, директори хонаи пионерон, директории мактабро ба љо овардааст. А. Назаров њамчун мудири кабинети методї тавонист сифати таълиму тарбияро дар мактабњо бењтару хубтар намояд. Њоло устод Аъзам Назаров дар нафаќа мебошад, аммо пайваста ба мактаб омада, ба њамкорону омўзгорони љавон маслињатњои судманд медињад. Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон хизматњои шоистаи ўро ба назар гирифта, бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халќи
Тољикистон» ќадрдони намудааст. Њамчунин бо рањматномаю Ифтихорномањои раиси шањри Кўлоб ќадр карда шудааст. Соли 2002 бо ордени «Шарафдараљаи 2» сарфароз гардидааст. Китоби вай бо унвони «Чашмаи хирад» оид ба кору фаъолияти 390 нафар омўзгорони бењтарини шањру ноњияи Кўлоб ба табъ расидааст. Мењнати пурсамари А. Назаров дар соњаи тарбияи насли наврас, созандагону ворисони ояндаи халќу миллат, дар кишвари демократї, њуќуќбунёд ва дунявї назаррас мебошад. С. Шарифова, омўзгор
Ховалинг. Бунёди 200 иншооти љашнї Дар доираи корњои омодагї ба истиќболи сазовори 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мулоќоти намояндаи Њукумати љумњурї, вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Рамазон Рањимзода бо сокинони ноњияи Ховалинг баргузор гардид. Дар аснои мулоќот ќайд гардид, ки дар ноњия ба ифтихори ин љашни фархунда омодагии комил дида мешавад. То ин дам зиёда аз 200 иншооту корхона бунёд ёфта, пулу роњњо барќарору таъмир карда шуданд.
Зикр гардид, ки дар ин муддат зиёда аз 5 км роњњо таъмир гардида, ба мањаллањое, ки аз об танќисї мекашиданд, об бароварда шуд. Дар мавриди корњои омодагї оид ба пешгирии бемории коронавирус гуфта шуд, ки дар ноњия 65 кати алоњида људо гардида, тамоми корхонањо ва муассисањои таълимї бо маводи гигиенї таъмин гардидаанд. Њамзамон риояи гигиена дар хонаю корхонањо ва тозагии кўчаву мањаллањо таъкид карда мешавад. Дар љараёни вохўрї вазири корњои дохилї дастуру
супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмонро љињати омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолият, корњои ободонию созандагї, сарсабзу зебогардонї, зиёд намудани дарахтшинонї ва гулшинонї расонид. Гуфта шуд, ки аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади дар ноњияи Ховалинг сохтани чойхонаи замонавї барои сайёњон замин људо гардидааст. Њамчунин, љињати пеш-
каш намудани гиёњњои табиї ба сайёњон, равнаќ додани соњаи занбўриасалпарварї, бунёди сехњо ва корхонаи коркарди асал тавсияњо дода шуд. Соли 2019 дар ноњия 61 тонна асал истењсол шудааст. Вазири корњои дохилї оид ба амалигардонии наќшањои 30солагии Истиќлолият ба масъулин дастуру супоришњои Пешвои миллатро расонида, инчунин барои ободї ва сохтмони бинову иншоот изњори ќаноатмандї кард. Комрони БАХТИЁР
Ба озмуни «Тољикистон ватани азизи ман» Дар ноњияи Ёвон Саидмањмудро хуб мешиносанд. Ў дар сохтмонњои азими давраи Шўравї дар трести “Ёвонводстрой ” ба њайси булдозерчї фаъолият кард, ки ин ба миёнаи солњои 60-ум рост меояд.Љавони нав омўзишгоњи техникии раќами 13-ро хатм намуда, боз ба Ёвон бармегардад. Зоњир, Валера, Фарњод бо њидояти Азатов ном сардори сохтмони обшоркунии водї ба омўзишгоњ барои касбомўзї рафта буданд. Солњои 60-ум водии Ёвон ба майдони њарбу зарби мењнатї табдил ёфта буд. Миллатњои гуногун пањлуи њам истода, наќби 7,5 километраи Пастакону Парчасойро канданд ва моњи майи соли 1968 даштњои ташналаби Ёвону А. Љомї (пешина Куйбишев), Обикиик шодоб гашт. Њоло дар ноњия зиёда аз 13 њазор гектар пахта кишт мекунанд. Хољагињои зиёде, ки баъди соњибстиќлолї ба миён омаданд, ба киштукори намудњои гуногуни зироатњо машѓуланд. Солњои 70-ум сохтмони заводи электрохимиявї оѓоз ёфт, ки дар сохтмони он трести “Тољикхимстрой” бо чандин ташкилотњои ќудратї њиссагузор шуданд. Саидмањмуд ба Раёсати сохтмонии раќами 33 ба кор омад ва васлгари сутунњои баландќомат (монтажник-высотник) шуд. Ў дар ќатори дигарон ба тањкурсии сохтмони таъмирї-механикї њиссагузорї намуд. Раёсати сохтмонии №33 дар маркази ноњия
Номи баланд аз мењнати њалол хонањои истиќоматї месохт. Баъдтар ўро сардори бригадаи васлгарї таъйин намуданд. Масъулияташ зиёд гардид. Саидмањмуд ташкилотчї ва дар кор ташаббус нишон медод. Дар корњои љамъиятї фаъолона иштирок мекард. Узви бюрои ташкилоти комсомолї буд ва соли 1973 ўро чун сохтмончии пешќадам ба сафи Њизби коммунист ќабул намуданд. Муваффаќият дар љодаи фаъолият ва обрўй аз мењнати њалол ба кас муяссар мешавад. Соли 1974-1977 бо ордени “Нишони фахрї” сазовор гардид. Барои пеш аз муњлат супоридани корпуси гипохлориди калтсий моњи августи соли 1981 бо ордени Ленин, аъзои бригадааш бо мукофотњои хотиравї ќадрдонї гардиданд. Мусобиќаи сотсиалистї дар он солњо омили пешравии кор буд. Бригадаи ў бо бригадаи сохтмончиёни В. Бутсин, А. Зуддин, З Рањимов њаммусобиќа буд ва бригадаи Саидмањмуд пайваста ѓолиб меомад. Ба Саидмањмуд муяссар гардид, ки солњои 1984-1989 депутати Совети Олии СССР (даъвати ХI) интихоб гардад. Сокинони ноњияи Ёвон ба номзади худ, ки КМ ПК Тољикистон дастгирї ва пешбарї намуда буд, овоз доданд. Дар давоми 5 сол чандин маротиба ў дар иљлосияњои Шўрои
Олии СССР масъалагузорї кард. Аз рўи лоиња мебоист майдони бекорхобидаи байни заводи химиявї то дењаи Ѓарав дарахтзор шавад. Вале бо заволи давлати Шўравї ин кор рўи амал наомад. * * * * * Дар давраи Љанги Бузурги Ватанї Нуралї Шодмон дар колхози “Болшевик”-и ноњияи Арал (њоло А.Љомї) раиси колхоз буд. Љанги дуюми љањонї оѓоз ёфта, мушкилоти зиёд овард. Кўдакони замони љанг, модарону мўйсафедон дар аќибгоњ барои наздик овардани ѓалаба шабу рўз мењнат мекарданд, хуни дил мерезониданд, то душмани инсоният зеру забар гардад. Нуралї Шодмон ѓаллаи љамъовардаи колхозро ба маркабњо бор карда, аз дењањои Заранбулоќу Оби Ошиќ ба нуќтаи ќабули ѓаллаи ноњияи Ёвон меовард. Њар ваќти ѓалла овардан ба назди посбони нуќтаи ќабули ѓалла (заготзерно) медаромад ва духтари чашму абрўсиёњи рўяш кулчаи ширмолро медид. Ин духтар дили раиси 35-соларо рабуда буд. Аз посбон усто Рањмон хоњиш кард, ки духтараш Насконро ба ў ба занї дињад. Усто Рањмони кўлобї, ки шахси дурандеш ва рўзгордида буд, баъди розигии Насконро гирифтан, ба онњо фотења доду њамтаќдир шуданд. Аз
ин никоњ 15 майи соли 1945 Саидмањмуд таваллуд гардид. Таќдир ба ќисмати Саидмањмуд дар кўдакиаш таъсири сахт расонд. Дар синни 9-солагї аз модар мањрум монд, бобояш усто Рањмони кафшдўз низ аз олам гузашт. Момояш Њалима Саидмањмуди хурдсолро парастор гашт. Њаминљо нуктаеро равшанї андохтан ба маврид аст. Усто Рањмон дар соле, ки Восеъ- ќањрамон дар Балљувон зидди беки Балљувон шўриш бардошта буд, ў низ бо шўришгарон њамроњї кард. Ваќте Восеъро аскарони амир асир гирифтанд, усто Рањмон њамроњи додараш гуреза шуд ва ба Ёвон омаданд. Дар Ёвон маскан гирифтанду баъд ба назди додхоњ (њоким) барои аз љурми гуноњ пок шудан рафта, воќеаи шударо гуфта доданд. Додхоњ ба бародарон иљозат медињад, ки метавонанд дар Ёвон бимонанд, њамонљо зиндагї кунанд. Усто Рањмони кафшдўз дар Ёвон муќимї шуд ва бо Њалима ном зан хонадор шуд. Кукан фарзанди калонии усто Рањмон баъди ташкил ёфтани ноњияи Ёвон соли 1943 аввалин раиси љамоате мебошад, ки ўро халќ интихоб намуда буд. Сохтмони иншоотњои калони давр соли 1967 Саидмањмудро бо Валентина ном русдухтаре,
ки бо роњхати комсомол барои кор ба заводи химиявї омода буд, рў ба рў кард. Онњо хонадор шуданд ва кампири Њалима барои хушбахтии ин ду љавон дуои нек дод. Онњо аз зиндагии зиёда аз 40-сола соњиби 3 фарзанд шуданд. Дар давраи Шўравї барпо намудани оилањои интернатсионалї ба њукми анъана даромада буд. Саидмањмуд писари Нуралї Шодмоне мебошад, ки устод Сотим Улуѓзода дар романи худ “Навобод” образи ўро чун як раиси овозадор бо номи Нуралї Баротов прототип офаридааст. Чун нишони эњтиром ба хизматњояш муассисаи таълимии №35-и ноњияро ба номи Нуралї Шодмон гузоштанд. Айни замон С. Рањмонов як зиндагии хоксорона дар фазои орому осудаи ватан ба сар мебарад ва шукри он мекунад, ки барои гузашта хизмати нек кардааст ва њоло њам шогирдону њамкоронаш ўро чун шахси соњибэњтиром мешиносанд. Зайнулобиддин Њусейнов
4
ХАТЛОН
чоршанбе, 29 апрели соли 2020, №24 (3260)
Сарраёсати молия ѓолиби озмуни «Сайри гули лола» Кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба масъалаи ободонї, кабудизоркунї ва гулшинонї ањамияти љиддї дода, зиёда аз 6 њазор бех гули лола ва гулбуттањо шинониданд. Сањни њавлии Раёсат имрўз ба гулзори њаќиќї шабоњат дошта, дар он 10 намуд гули лола нашъунамо доранд. Лолањои рангобаранг манзараи сањни њавлиро зебову дилрабо ба љилва оварда, таваљљуњи њар як бинандаро ба худ љалб менамоянд. Ин зебої ва зањмати њамасолаи кормандони Сарраёсат беподош намемонад. Њамин аст, ки ду сол боз онњо дар љамъбасти оз-
муни вилоятии «Сайри гули лола» дар миёни ташкилоту муассисањои вилоятї соњиби љойи якум гардида, сазовор ќадрдонї мешаванд. Соли љорї низ кормандони Сарраёсат дар љамъбасти озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар миёни ташкилоту муассисањои вилоятї сазовори љойи якум гардиданд. Ба њамин муносибат бо иштироки Хайрулло Юсуф Маљидї, муовини вазири молияи Љумњурии Тољикистон ва Раљабалї Раљабов, муовини раиси вилоят, дар вазъияти тантанавї ба Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи
АЗ «ОЛАМИ ДИЛ» ТО «МАЙДОНИ АНДЕША»
вилоят, Дипломи озмун супорида шуд. Далер Шарифов
Радиои кўлоб бо таљњизоти муосири техникї таъмин шуд Рўзи 21 апрели соли љорї аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба идораи радиои Кўлоб, ки дар бинои ТВ Кўлоб аз соли 2018 инљониб фаъолият мекунад, таљњизоти муосири техникї барои пахши мављњои радиої дастрас карда шуд. Инчунин, воњидњои корї низ таъсис дода шуданд. Ќобили зикр аст, ки айни њол дар шуъбаи журнали-
стикаи Донишгоњи давлатии Кўлоб донишљўён аз ин расонаи иттилоотии ВАО таљриба мегиранд. Њамзамон, дар би-
нои факултаи филологияи тољик ва журналистика радиои факултавї бо номи «Сурўши љавонї» фаъолият мекунад, ки он аз тарафи донишљўёни бахши журналистика идора мешавад. Аз ин пас, дар шањру ноњияи Кўлоб мављи он пахш мегардад, чунонки дар даврони Шўравї радиои Кўлоб бо пахши барномаи «Ин љо Кўлоб» бо забонњои тољикию
русї њаводорон ва мухлисони худро дошт. Дар чорабинии мазкур ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои иљтимої ва робита бо љомеа Рањмонзода Абдуљаббор ва раиси шањри Кўлоб Иноятзода Бањром иштирок доштанд ва ба кормандони соњаи ТВ ва радиои Кўлоб муваффаќияту бурдборињо таманно намуданд. Б. САФАРов
ДАР МАВЗЕЪЊОИ ХАВФНОК ХОНАсозї хилофи ќонун аст Љаласаи љамъбастии фаъолияти семоњаи Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон ва воњидњои сохтори он бо иштироки Р. Шоњиён, муовини аввали раиси Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, У. Зоњирзода, муовини раиси вилояти Хатлон баргузор гардид. Нахуст, С. Исозода, сардори Раёсати Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї дар вилояти Хатлон, зикр намуд, ки дар давоми семоњаи аввали соли 2020, дар њудуди шањру ноњияњои вилояти Хатлон ду њолати фавќулодаи дорои хусусияти табиидошта, 143 њолати фавќулодаи дорои хусусиятњои гуногундошта ба ќайд гирифта шудааст, ки дар натиља 21 нафар шањрвандон ба њалокат расида, 75 нафар
љароњатњои гуногуни љисмонї бардоштаанд, маблаѓи умумии зарар 2 миллиону 236 њазору 333 сомониро ташкил медињад. - Оид ба иљрои Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи НаќшаиФС миёнамуњлати муташаккилона кўчонидани муњољирони экологї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2017-2020», дар шањру ноњияњои вилоят 584 хољагињои экологї ба ќайд гирифта шуданд, - зикр намуд У. Зоњирзода, муовини раиси вилояти Хатлон. - Тибќи ќарори мазкур дар соли 2020 аз шањру ноњияњои вилояти Хатлон кўчонидани 133 хољагии муњољирони экологї ба наќша гирифта шудааст. Р. Шоњиён, муовини аввали раиси Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии
Тољикистон чунин зикр намуд: «Дар њудуди вилояти Хатлон 401 мавзеи хавфнок ба ќайд гирифта шудааст, ки аз инњо 46 ададаш минтаќањои нињоят хавфнок ва 356 адади дигараш хатарнок ба њисоб мераванд. Дар ин мавзеъњо 45 њазору 31 хољагї бо 331 њазору 530 нафар ањолї фаъолият ва зиндагонї менамоянд. Ба ин мавзеъњо асосан тањдиди офатњои табиї, аз ќабили сел, ярч, лаѓжиш, обхезї, эрозияшавии замин ва баландшавии оби канал ба ќайд гирифта шудааст. Сабаби зиёд шудани шумораи хољагї ва ањолї дар мавзеъњои хавфнок дар шањру ноњияњо, ин бе мувофиќаи шуъбањо ва бахшњои Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї додани замин мебошад. Комрони БАХТИЁР
Риояи ќонун-уњдадории шањрвандї
Худаш шоњу табъаш вазир Бобои Раљаб, сокини дењаи Шакархони Љамоати дењоти «Кўлоб»-ро њамдењањо чун аризабози “касбї” ва занљаллоби аз чорчўбаи мусулмонї берунрафта медонанд. Мегўянд, ки дар гул задани занон аљаб нест сењру љодуро ба кор барад. Боз мегўянд, ки агар сењру љоду накунад, чї хел ба духтарони зебои љавон ин пири фартут њамболин мегардад. ...Насиба њашт солу Шарбону чор сол аст, ки дар хидмати ин пири фартутанд. Ва ў ба њар ранге, ки мехост, ин ду нозанинро «ба раќс медаровард». Аз макру њиллањои шавњари номарду беимонаш љон ба лаб омада, Шарбону бо мактуб ба намояндагии рўзнома дар шањри Кўлоб мурољиат кард. Ў аз љумла менигорад: “Зиндагї оинаро муњтољи хокистар кунад. Ман ба хона ё худ сарпаноње ниёз доштам. Њамин сабаб шуду ба Раљаб Мањмадови солрафта бо никоњи мусулмонї њамхона гардидам”. Ў аз муњтољии ман истифода карда, ваъдањо медод, ки бароям ќаср месозад. Воќеан њам дар дењаи Чорбоѓ соли 2016 якљоя хонаи сењуљрагї бо долонаш сохтем. Дар ин љо то моњи марти соли гузашта зиндагї кардем ва банохост бемор шудам. Шавњарам табобат кардан нахост. Ба замми ин наберааш ва духтарњояш омада, маро лату кўб карда, аз хона ронданд. Имрўз дар хона наберааш Шањло бо се кўдакаш зиндагї дорад. “Ба ман тањдид мекунанд, ки бори дигар поятро ин љо бимонї,
мекушемату ба додат њељ кас намерасад. Аз тарси муштзўрон мани љавон гирифтори бемории ќанд гардидам. Ваќти каме асабонї шудан ќанднокиам то 17 - 18 мерасад. Дар хусуси зўроварињояшон борњо ба кормандони милиса, суду прокуратура шикоят кардам. Вале онњо ба додам нарасиданд”, - мегўяд Шарбону. Ин дар њолест, ки хона ба номи ман ќарору сертификат дораду дар МБТИ низ дар ќайд гузошта шудааст. Ман онро соли 2017 њуљљатгузорї карда будам. Шањло бошад, бо пуштибонии бобояш соли 2016 танњо як ќарори ѓайриќонунї мегирад. Ин найрангбозиашонро њамаи њамсояњо медонанд. Сафармо беинсофии падарашро дида, Шарбонуро дар хонааш љой дод ва мисли модар насињаташ мекунад, ки њељ кас њуќуќ надорад, ба ў зулм кунад. Боз дар шароите, ки Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат Эмомалї Рањмон дар бораи баланд бардоштани мавќеи занон дар љомеа дастуру супоришњо медињад. Ман њамроњи туям. Навис ба маќомотњои њифзи њуќуќ, ки љияни ношуду аз осмон афтидаи ман худро соњиби хона гирифтааст. Дар ин хусус хомўш истодан рўсиёњист. Фарзанди лахти љигарат, ки аз болои падар дар боби разолату аз Худо бехабар буданаш тайёр аст ана њамин гуна шањодат бидињаду бањри њимояи њуќуќи Шарбонуи азияткашида аз рўи виљдон пархош бикунад,чї гуна шахсият будани бобои Раљаб барои њама аён мегардад.
«ХАТЛОН»
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
Мутаассифона, зиндагии пурмољарои бобои Раљабро мардум мушоњида карда, аксарият бетарафиро ихтиёр карданд. Танњо Љўрахон Кабиров ба ў сарбасар мешавад. Ва ба ќавли худаш, дасисабозињояшро фош мекунад . Љўрахон ба суду прокуратура борњо навиштааст, ки хусусї кардани муассисањои таълимї, фарњангию тиббї ва амсоли инњо манъ мебошад. Раљаб чї афзалият ё имтиёз дорад, ки боѓча - яслии кўдаконро азони худ намуд? Илова бар он дар заминњои ба истилоњ президентї биноњои истиќоматї ва ёрирарасон сохтааст. Дар њудуди љамоат ин гуна сохтмонњоро бо дахолати кумитаи заминсозї ва додситон вайрон намуданд. Аммо ба Раљаби зўр коре надоранд. Аз ин мўйсафед бод гирифта, боз даѓдаѓаашро зиёдтар мекунад. “Оне, ки ба ман сарбасар мешавад, њоло аз очааш таваллуд нашудааст», дар њамаи љо лоф мезанад ў. Дар урфият мегўянд, ки одам њамсояро интихоб намекунад Худо бандаашро дўст дорад, њамсояи хубаш медињад. Вагарна њамсояи бад пайваста дар роњат дўзах месозад. Зану шавњар Њуринисо Саъдуллоева ва Абдулло Кабиров дар њамсоягї бо бобои Раљаб 25 сол аст, ки хуни љигар мехўранд. Ин ќадар сол онњо гўё ѓуломанду њамсояи зўр ѓуломдор. Масалан, моњи августи соли 2014 Њуринисо Саъдуллоева барои ташкил кардани хољагии дењќонї дар майдони 2,15 га замини корами обї воќеъ дар дењаи Чорбоѓи Љамоати
дењоти “Кўлоб” барои бунёди боѓ ќарори раиси собиќи шањри Кўлоб А. Рањмоновро мегирад ва њуљљатњоро барои гирифтани сертификат омода месозад. Барои ин амалиёт дар «Амонатбонк» пул месупорад. Вале соњибфармонњои заминтаќсимкунии шањр бе њељ гуна сабаб тилисмкорињои Раљаб Мањмадовро ба роњбарї гирифта, ба сертификат таъмин кардани хољагии «Амрохон»-ро ба таъхир меандозанд. “Шумо заминро обод кардан гиред. Сад-дусад дела, ки тайёр шуд, баъд њамаашро якљоя сертификат мекунем,” гуфтанд онњо ба мо. Воќеан ин як усули корбарї буд он ваќт. Ва касе ки он солњо замин барои сохтмони манзил ва ё хољагии дењќонї гирифтанї мешуд, аз ин монеа мегузашт.Аз афташ ин ќонуншиканї аз тарафи мутасаддиёни замин барои он фикр карда бароварда шуда буд, ки дар њолати зиёд гардидани талабгорон онро ба одами аз њама серпултар савдо бикунанд. Ва соли 2016 дар асоси корсозињои бобои Раљаб дар ќитъаи замини хољагии дењќонии «Амрохон» хољагии дигари дењќонї бо унвони «Иброњим» ташкил карда мешавад. Як ќисмати хољагии «Амрохон»-ро ба он дохил мекунад. Хољагии нав низ ба номи пайвандони бобои Раљаб њуљљатгузорї карда мешавад. Мўйсафед чун даврони Шўравї њозир њам мехоњад, собиќ аъзои бригадааш номи сањмашонро нагирифта, хизмати ўро бикунанд. Оне ки мисли Њуринисою Абдулло талаби сањм мекунанд.
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
Шаби эљодии шоири шинохта, Шањрванди фахрии шањри Бохтар, узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон Зариф Ибод дар театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар бо иштироки адибон, овозхонони саршинос ва ихлосмандони шеъри шоир хубу хотирмон доир гардид. Мањфилро шоир Зариф Ибод њусни ифтитоњ бахшида, њозиринро ба ин њамоиши адабї, ки ба 60-умин солгарди фаъолияти эљодии шоир бахшида шудааст, хайрамаќдам гуфт. Пасон композитсияи адабї бо шеърњо аз ашъори Зариф Ибод дар иљрои њунармандони театри вилоятї иљро гардид. Солњои гуногун Зариф Ибод чун омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик, ходими адабии моњномаи педагогии «Мактаби советї», рўзномаи минтаќавии «Вахш», муовини сарвари Донишкадаи минтаќавии такмили ихтисоси муаллимони собиќ шањри Ќўрѓонтеппа оид ба корњои илмї фаъолият кардааст. Айни њол мудирии бахши адабии Театри вилоятии мусиќїмазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтарро ба уњда дорад. Дар мањфили адабии Зариф Ибод, ки тањти роњбарии сарвари театр Отахон Саидзода барпо шуд, сурудњои “Бахт”, “Дўстї”, “Тољикистон ватанам”, “Ќадри замонаро дон”, “Њамсоядухтар”, “Тоќии чакан”, “Ишќро анљом нест”, “Шањри дилњо” дар иљрои њунармандони ансамбли “Шашмаќом”, Њунарпешањои мардумии Тољикистон Мањмадалї Аюбї, Мењриннисо Њољибоева, Њунарпешаи шоистаи Тољикистон Сайдалї Сабзов, овозхонон Бозорбой Одинаев, Фазлиддини Рањмон, Гурез Халилов ва дигарон садо доданд. Инчунин, порчањо аз намоишномањои театрии “Барои фронт”,
“Гањвораљунбонак ва мор”, ки ба ќалами Зариф Ибод мансубанд, аз љониби њунармандони театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонов ва театри вилоятии лўхтаки “Афсона” пешкаши бинандагон гардид. Ќобили зикр аст, ки китобњои шеърњои Зариф Ибод «Навои зиндагї», «Давлати бедор», «Умед», «Аз нигоњи дил», «Номус», «Туњфа», «Шањри Ќўрѓонтеппаи зебои ман», «Бодоми думаѓз», «Бо сари боло», «Майдони андеша», «Нишонањои ориёї», «Чархофалако», «Олами дил», «Офарин дил», «Балљувон обод бод», «Шукри Худо», «Дило дил», «Давлати дил», романњояш «Сояи марг», «Ману замин модар», «Дар мањбаси назар», ќиссањои «Дар такяи Худо», «Фариштаи ман», «Халосї аз тањдиди марг», «Масалборон», «Худи ман кистам?», «Бањси замину одам», «Дар мактаби бобову момо», «Даррандатарин дарранда», «Бо амри дил», «Китоби замир», «Мактаби дўст», «Фарзанди диёр», «Мањбуби халќ», «Кохи њунари Вахшон», асарњои сањнавиаш «Наштари рашк», «Мужда», «Фаввора», «Модарнома», «Обу ободї», «Дили модар», «Бањодурон», «Дар талоши зиндагї» ба ќалбњои алоќамандони шеъру адабиёт ва театр роњ ёфтаанд. Фаъолияти пурмањсули шоир Зариф Ибод бо мукофотњои зиёд, аз љумла нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халќ», «Аълочии фарњанг» ва «Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон», унвони «Шањрванди фахрии шањри Бохтар» ќадрдонї карда шудааст. Узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон Зариф Ибод, њамчунин, барандаи Љоизаи вилоятии адабии ба номи Носири Хусрав барои романи «Дар мањбаси назар» мебошад. Њангомаи ИСМАТ
ЁРИИ ЊУЌУЌШИНОС
Равзанаи “Ёрии њуќуќшинос” ба хотири осон кардани он мушкилињои рўзмарраи сокинон, ки љанбаи њуќуќї доранд, ифтитоњ карда шуд. Телефонњо барои пешнињоди суолњо: 937-61-66-67, 888-88-04-03.
Савол: - Духтарам ба синни 17 расидааст. Оё ќонун иљозат медињад, ки ўро ба шавњар дињам? Њайдар, сокини ноњияи Восеъ Посух: - Дар Љумњурии Тољикистон синни никоњї аз 18-солагї муќаррар карда шудааст. Мутобиќи моддаи 13-и Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон дар њолатњои истисної њокимияти судї њуќуќ дорад дар асоси аризаи шахсони никоњшаванда синни никоњии духтар ё писарро ба муњлати муќарраршуда на бештар аз як сол кам намояд. Дар ин маврид
дар сарашон туфони Нўњро гардон мекунад. Чунин рафтори ѓайриќонунии масъулони замини маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлобро Саъдуллоева ба суд медињад. Суд ќазияро омўхта, њаќро ба њаќдор мерасонад. Ба фоидаи соњиби ќонунии замин Њуринисо Саъдуллоева њалнома мебарорад. Њайњот, Раљаб Мањмадов аз шумури афроде нест, ки ќонуну ќонуниятро риоя кунад. Њамоно маѓрурона худситої мекунад, онњо худашон кистанд, ўро аз раъяш бигардонанд? Њамин аст, ки њар рўз 8-10 сар гови зотиашро дар даруни боѓ ва гандумзори Абдуллову Њуринисо мебандад. Шумо бошед, бо ин гуна њамсояи худхоњу дилозор чї мекардед? Борњо Љўрахони њаќталошро латукўб карда, тањдиди куштанашро мекунад. Љўрахон нисбати муштзўрии Р. Мањмадов ба милитсия, прокуратура арз мекунад. Њакамони ќонун то кунун нисбати пири худхоњ аз чї бошад, ки бетарафиро пеш гирифтанд. Ваќти он расидааст, ки нисбати бесарињои афроди ќонуншикан новобаста ба синну сол, миллат шахсият талаботњои ќонун пурра тадбиќ карда шавад. Мо, ки имрўз дар давлати демократї њаёт ба сар мебарем, бояд дар он шоњу гадо ѓуломи ќонун бошанд. Мањз њамин аст талаботи давлати демократї ва дархостњои Љўрахон Кабиров.
аризаи љонибњо тибќи пешбурди алоњида дар мањалли истиќомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасї мегардад. Яъне, шахс њуќуќ дорад, ки тибќи риояи ќонун барои то ба 17 - солагї фўровардани синни никоњии худ бо ариза ба суд мурољиат намояд. Тибќи Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон барои кам кардани синни никоњї ятим будани љавон ё дар маќомоти дахлдор њамчун оилаи камбизоат ба ќайд гирифта шудани ў бошад. Лозим ба ёдоварист, ки
дар ваќти кам кардани синни никоњии љавондухтарон санади хулосаи духтури занона њатмї аст. Бидуни санади мазкур суд метавонад аризаи мазкурро рад намояд. Бояд ёдовар шуд, ки бидуни кам кардани синни никоњї аз љониби суд, оиладор намудани фарзанд љиноят ба њисоб рафта, падару модар мутобиќи талаботи моддаи 168-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад. Њамидзода Рустам, судяи Суди ноњияи Восеъ
Сарраёсати молияи вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои холии зерини маъмурии хизмати давлатї
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 1. Сармутахассиси Раёсати банаќшагирии буљети давлатї-1 љой. Маоши вазифавї 1032 сомонї. 2. Мутахассиси пешбари шуъбаи соњањои иќтисодї-1 љой. Маоши вазифавї 846 сомонї. 3. Мутахассиси шуъбаи иљроиш ва маблаѓгузории буљети давлатии Раёсати хазинадорї-1 љой. Маоши вазифавї 696 сомонї.
Эзоњ: Иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї пардохт карда мешавад. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Шањри Бохтар, кўчаи А. Сино-3, бинои Сарраёсати молияи вилояти Хатлон. Телефон барои тамос: 8(3222) 2-20-56. Муњлати ќабули њуљљатњо: баъди нашри эълон 21 рўз.
ДИЌЌАТ: МУЗОЯДА! Иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи А. Љомї 6 адад чорвои калони шохдор, аз љумла 1 адад модинаи рангаш зард, тахминан 6-7 сола, бо нархи тахминан 3000 (се њазор) сомонї, 1 адад модинаи рангаш сиёњ, тахминан 4 сола, бо нархи тахминан 3000 (се њазор) сомонї, 1 адад модинаи рангаш сурхи сиёњча, тахминан 2 сола, бо нархи тахминан 3000 (се њазор) сомонї, 1 адад модинаи рангаш зарди хокистаранг (карпат), тахминан 4-5 сола, бо нархи тахминан 4000 (чор њазор) сомонї, 2 адад (тайлоќ-ѓунаљин), модинаи рангаш сиёњи ќашќа, тахминан 1 сола, бо нархи тахминан 1500 (як њазору панљсад) сомонигї, љамъ ба маблаѓи 3000 (се њазор) сомонї, воќеъ дар суроѓаи ноњияи А. Љомї, љ/д “ Ифтихор”, дењаи Навобод ќарор доштаро ба фурўш мегузорад. Музояда рўзи 25.05.2020 соати 10:00 барпо мегардад. Љойи баргузории музояда: ноњияи А. Љомї, кўчаи Сомониён-17/1, бинои маркази адлияи ноњияи А. Љомї (ошёнаи 2-юм). Телефон барои тамос: 8 (3243) 2-34-62, 2-43-51
Ѓайбулло Њалимов
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Наљот САФАРЗОДА Тарроњ: Зафарљон Азизов
эътибор надорад
Дипломи гумшудаи силсилаи ЧТ №0003547, ки онро соли 2007 омўзишгоњи касбии техникии собиќ шањри Ќурѓонтеппа (њозира Бохтар), бо ихтисоси челонгари автомобилї ба Назмиев Рустам додааст, эътибор надорад.
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 29.04.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896