Рўзи модар муборак, њамватанон!
ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №10 (3195)
чоршанбе, 6 марти соли 2019
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
ЗАН-МОДАР МЕЊВАРИ АСОСИИ ЊАР ХОНАДОН АСТ Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар ситоиши зан-модар ва гармии зиндагї аз ўст. Донистани ќадру ќимати модар ва њурмату эњтироми зан рисолат ва ќарзи њар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва ќарзро адо карда метавонанд, ки агар ба ќадри азобу ранљ ва шири поку љонбахши модарон, дилсўзиву ѓамхории бедареѓи занон ва хоњарону духтарон арљи шоиставу сазовор гузоранд. -Бузургтарин рисолати модари тољик аз азал тарбияи фарзандони нобиѓаву хирадманд, ватандўсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуљоъ, озодихоњу адолатпарвар ва њунарманду созанда будааст. -Воќеан, занони тољик дар лањзањои њассоси таърих њамеша наќш ва маќоми устувор доштанд. Онњо дар майдони мубориза барои њимояи сарзамини аљдодї бо љасорату далерї ва нангу номуси мардона корнамоињои њайратовар нишон додаанд. -Љомеае, ки ба зан-модар ѓамхорї менамояд, ба ояндаи худаш ѓамхорї мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар - сарчашмаи њаёт ва баќои насли инсонї бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медињад. -Иди байналхалќии занон аз фаро расидани фасли бањор-арўси сол ва эњёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиќе њаст, ки он ба сиришти неку созанда ва нињоди поки модарон алоќаманд аст. Аз ин рў, мо њамеша ин рўзи фарањбахшро бо дилу эњсоси гарм истиќбол мегирем. -Зан-модар, ки офарандаи наслњост, бо тамоми вуљуди худ муќобили љанг ва харобкорї мебошад. Алалхусус, занони тољик, ки бо тамоми вуљуди поки хеш оташи сўзанда ва дарди љонкоњи љангро эњсос намуданд, на фаќат дар Тољикистон, балки дар саросари љањон њамеша тарафдорони пойдории сулњ мебошанд. -Ба уњдаи зан — модар, ки мењвари асосии њар хонадон аст, аз рўзи азал вазифаи муќаддас ва басо масъулиятнок— тарбияи инсони нав ва дар нињоди вай љойгир намудани ахлоќи њамида, шафќат ва муњаббат, эњсоси ватанпарварию
миллатдўстї, ќудрати созандагию офаридагорї гузошта шудааст. -Бонуњои иззатманди кишварамон таљассуми хираду маърифат, одобу ахлоќи њамида ва ободии рўзгору пешрафти њаёти љомеа мебошанд. -Моро имрўз њам лозим аст, ки бо тамоми роњњо барои рушду нумўи дониш ва малакаи занони соњибистеъдод, занњое, ки аз уњдаи њаллу фасли бисёр масъалањои рўзгори мо баромада метавонанд, шароити мусоид фароњам оварем. Зеро бе иштироки занњои ташаббускору ѓайратманд, маслињатњои муфиди модарони рўзгордида гумон аст, ки мо ба орзуњои неки хеш нарасем.
моро зеб медињад. Модари тољик њамеша толиби сулњ аст, аз ин рў, ман бовар дорам, ки ў барои пойдории сулњ ва эњёи Тољикистон мудом сањм мегирад ва њидоятгари корњои нек ба наврасону љавонон мешавад. -Дар ин љодаи пуршараф ва дар айни замон зањматталаб барои њамаи занону духтарони мамлакат сињатмандї, рўњи болида, рўзгори обод ва хотири шод орзумандам. -Иди занон, ки дар оѓози фасли зебои бањор ва эњёи табиат таљлил мегардад, воќеан њам, иди мењру вафо ва покиву садоќат ба занмодар, яъне офарандаи њаёти башар мебошад.
-Вазифаи зан фаќат њаст кардани фарзандони сершумор нест. Вазифаи асосї тарбия намудани фарзандони солим, дорои ахлоќи шоиста, соњибмаълумоту соњибкасб мебошад. Њаёт собит месозад, дар он хонаводае, ки зан — модар бомаърифату хушахлоќ мебошад, аксар ваќт фарзандони сазовори номи нек ба воя мерасанд.
-Мо - тољикон, њамеша маќому манзалат ва њурмату эњтироми зан-модар ва ба ќавли бузургонамон, олињаи зиндагиро баланд ќадр мекунем. Ин ќадршиносиву муњаббати бепоён дар ашъори адибони оламшумули мо дар пояњои баландтарин инъикос ёфтааст. Ва бењуда нест, ки дар тамоми даврањои таърихи инкишофи миллатамон занон њамеша мавќеи хоса ва наќши барљаста доштаанд.
-Мо медонем, ки мањз модар бо иффат, аќлу фаросат, бо хулќи њамида, мењру шафќат рўзгори
-Модар вуљуди муќаддас аст ва зиндагї аз ў ибтидо мегирад. Занмодар олињаест, ки нуру зиёи олам
-Љанги шањрвандии ибтидои солњои 90-ум бо фољиаву ќурбонињои мудњиши худ, пеш аз њама дар ќалби занону модарон захми сўзон гузошт. Дар он рўзњои сахту сангин њазорњо занон аз шавњар, модарон аз фарзандони худ мањрум шуданд, ки тањаммул кардани ин талафот нињоят талху вазнин буд. Бо вуљуди ин, занону модарони Тољикистон дар он лањзањои бенињоят њассос оќилона рафтор карда, барои аз парокандагї эмин нигоњ доштани миллати тољик, расидан ба вањдати миллї ва сулњу субот хизмати шоиста карданд. Яъне дар барќарор намудани сулњ ва тањкими вањдати миллии тољикон, ки имрўз аз љониби бисёр кишварњо ва созмонњои бонуфузи байналмилалї њамчун таљрибаи нодир пазируфта шудааст, њиссаи модарон, занон, хоњарон ва духтарони мо нињоят бузург аст. Барои ин хизмати таърихиашон меарзад, ки бори дигар ба њамаи онњо изњори миннатдориву сипос намоем. -Модар нахустин мураббии фарзанд буда, фарзандонро дар мактаби оила ба камол мерасонад. Аз ин лињоз, оила макони тарбияи камолоти маънавию љисмонии фарзанд аст ва њар як модар бояд
дар тарбияи фарзанди худ наќш ва масъулияти њалкунанда дошта бошад. Модар фарзанди худро тавре ба камол расонад, ки ба гуфтаи халќ ба “боѓи падар” табдил ёбад. -Воќеан, фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар ёд мегирад. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнњои асосии давлати миллї ва нахустунсури тафаккури миллї мебошад. Аз ин хотир, модарону хоњарони мо вазифадоранд, ки ба фарзандонашон њарчи бештар ва амиќтар омўхтани забони адабиро талќин намоянд. Шумо - модарону хоњарони азиз, дар њамаи даврањо нигоњдорандаи забони ширину шево ва шоиронаи тољикї њастед ва барои покиву равонии он наќши асосї доред. -Президенти мамлакат ва Њукумати Тољикистон ба шумо занону модарон ва хоњарону духтарони мењрубон њамчун ќувваи бузурги љомеа бовариву эътимод дорад ва аз шумо тарбияи фарзандони содиќи ватан ва миллат, ободонии кишвари азиз ва дигар иќдомњои неку шоистаро интизоранд. -Итминони комил дорам, ки шумо њамчун сарчашмаи њаёт, офарандаи зиндагиву зебої, баќои мењру муњаббат ва чароѓи хонадон дар њаёти иљтимоиву сиёсї ва фарњангии мамлакат фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти Тољикистони азиз рисолати созандагии хешро иљро менамоед. -Шумо - бонувони азизу арљманд, гулњои зебои ин сарзамини њамешабањор њастед, ки бо зебоиву малоњат, њунари волою маърифат ва мењру шафќати худ рўзгори моро таровати хоса мебахшед. -Арљ гузоштан ба маќому манзалат, ќадру ќимат ва иззату эњтироми модарону занон ќарзи фарзандї ва фарзи имонии њар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо карда метавонем, ки ба ќадри шири поки модарон, мењрубониву ѓамхории самимии занон ва хоњарону духтарони худ бирасем. Китобати Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
зан - чароѓи хонадон ва машъалафрўзи оила Табрикоти раиси вилояти Хатлон Њакимзода Ќурбон бахшида ба Рўзи модар
Бонувони арљманд, модарону хоњарони азиз! Дар ситоиши зан-модар волотарин суханњо гуфта шуда, симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуљоъ, ватандўсту ватанпараст, озодихоњу адолатпарвар ва кадбонуву њунарманди тољик њанўз се њазор сол ќабл дар матнњои суѓдиву пањлавї ба таври барљаста тасвир ёфтааст. Хизмати модар барои башарият бењадду њудуд буда, мењру муњаббат ва ранљи ў љуброннопазир мебошад. Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба маќому манзалат, ќадру ќимат ва иззату эњтироми модарону занон арљ гузошта, мунтазам ќайд менамоянд: «Сатњи маърифати љомеа ва ну-
фузу эътибори он аз рўйи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рўйи он арзёбї мегардад, ки занон чї андоза соњибмаърифату соњибкасбанд ва то чї андоза дар њаёти љомеа фаъол мебошанд». Бинобар ин, рисолати асосии мо дар он аст, ки ба ќадри шири поки модарон, мењрубониву ѓамхории самимии занон ва хоњарону духтарони худ расида тавонем. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар давраи соњибистиќлолии кишвар дар доираи сиёсати иљтимоии худ ба масъалањо ва мушкилоти занон таваљљуњ зоњир намуда, барои тадриљан аз байн бурдани онњо њамеша кўшиш ба харљ медињад. Бо маќсади танзими њаёти занон ва њаллу фасли масъалањои онњо дар асоси санадњои меъёрии њуќуќии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва барномањои давлативу миллї дар вилоят як ќатор корњо анљом дода шуда истода, масъалањои љалби занон ба корњои давлатдорї, идораи соњањои иќтисодиёту иљтимоиёт, фароњам овардани љойњои нави корї барои занон, тайёр намудани кадрњои болаёќат аз њисоби љавондухтарон, бењдошти хизматрасонии тиббї, пешгирї намудани фавти модару кўдак ва риояи њуќуќњои баробари занону мардон тадриљан ба эътидол оварда мешаванд. Аз тариќи додани афзалияти бештар барои аз њисоби љавондухтарони лаёќатманд тайёр кардани кадрњои педагогиву тиббї, ба касбу њунаромўзї љалб намудани занону духтарон, ташкили корхонањои коркарди мањсулоти кишоварзї, заргариву дўзандагї ва рушди соњибкории хурду миёна мо масъалањои таъминоти занонро бо кор ва барои онњо фароњам овардани љойњои нави
кориро тадриљан вусъат медињем. Имрўз мавќеи занони тољикро дар тамоми корњои давлативу љамъиятї ба таври мусбат метавон арзёбї намуд. Мо бо такя ба нексириштї ва азму талоши созандаи занон, ки воќеан илњом ва тавонбахши љомеа мебошанд, Тољикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявї табдил хоњем дод. Мо њама бояд хуб эњсос ва дарк намоем, ки ободии Ватан аз ободии њар як хонадону њар як оила ва њар як манзили истиќоматї ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии љисму рўњ, дунёи маънавї, маърифат, њунари кадбонугї, њавсала ва завќи бадеии зан-модар вобаста аст. Бо дарназардошти ин, њар як зани тољик, ки ободии Ватан ва хонадони худро мехоњад, бояд пеш аз њама барои тозаву озода нигоњ доштани мањалли зисти худ, хонаву њавлии худ ва дењаву ноњияи худ кўшиш ба харљ дињад. Зеро, зан чароѓи хонадон, машъалафрўзи оила ва тароватбахши зиндагї аст. Пойдорї ва солим будани муњити оилавї, инчунин мављудияти низом ва сатњи зарурии зиндагї дар њар як хонадон ба сатњи маърифати занон марбут аст. Аз ин рў, бояд занон соњибмаърифат ва тибќи таомули шарќї некодобу рафтор, хушгуфтору кирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба њаёти мустаќилона њаматарафа омода кардани онњо пеш аз њама худ дорои донишу малакаи кофї ва љањонбинии васеъ бошанд. Модар гањворабони забони адабї аст. Бинобар ин, бояд њар як зану духтари тољик дар баробари хуб донистани забони адабї, таъриху адабиёт ва фарњанги миллї, инчунин дар бобати поку беолоиш нигоњ дошта-
ни забон, њифзи арзишњои волои фарњанг ва тамаддуни миллї ањамияти хоса дињанд. Мутаассифона, њолатњое мешаванд, бо заноне вомехўрем, ки ин муњимиятњои миллиро мадди назар намуда, либосњои ба фарњанги мо бегонаро ба бар мекунанд. Мо ба заковати азалї ва неруи созандаи занони фарзона ва оќилаи вилоят њамеша такя менамояд, зеро онњо дар баробари ба љо овардани рисолати аслии худ - тањкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соњибмаърифат, бонангу номус, ватандўсту худшинос, инчунин бо зањмату ташаббусњои пайгиронаи худ дар рушди иќтисодиву иљтимої ва фарњангии кишвар сањми босазо хоњанд гузошт. Дар охир шумо-модарону хоњарони азизро бори дигар ба ифтихори ин санаи пурифтихору бошукўњ ва фарорасии иди бузурги суннатиамон - Наврўзи байналмилалї, ки пас аз чанде бо ќудуми фархундаи худ диёри бињиштосои моро боз њам мунаввартар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба њамаатон тансињатї, хушбахтиву саодатмандї ва рўзгори хушу осуда орзумандам. Шумо - занону духтарони мењрубон гули сари сабади љомеаи мо њастед. Бигзор, чун гул чењраи шумо њамеша хандону шукуфон бошад! Бигзор, тамоми орзуву ормоне, ки дар дил доред, љомаи амал пўшанд! Бигзор, њамаи нияту наќшањои зиндагиатон ба воќеият табдил ёбанд! Бигзор, ба бахти њамсарону фарзандон, падарону бародарони худ саодати рўзгор ва камолоти пирї насибатон гардад!
Модар оғози оғозҳост, сарчашмаи зиндагӣ дар рӯйи замин аст. Бо омад-омади фасли баҳор мувофиқ омадани Рӯзи модар бесабаб нест. Чунки модарон синаи меҳранду бо қалби пурҳарорати хеш ба ҳамагон гармиву нармӣ, меҳру сафо ҳадя месозанд. Дар арафаи Рӯзи модар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати як тан модар - омӯзгор, нафаре, ки тамоми ҳастии хешро баҳри илмандӯзии наврасон сарф намудааст, рафт.
Раиси вилоят: «Зањмату хизматњои зан - модарро ќадр намоем» Ин модари мушфиқу ғамхор, меҳтари заҳмат Зайнаб Муродова мебошад, ки солиёни зиёд ба насли наврас аз фанни математика, физика сабақ омӯзондааст. Тамоми ҳастии хешро баҳри илмомӯзии наврасон сарф карда, мӯйи мушкини хешро сафед намудааст. Ҳанӯз ҳам меҳри касби омӯзгорӣ дар қалбаш мондаву ёди шогирдони хешро мекунад. Зайнаб Муродова, тавре ки зимни суҳбат бо роҳбари вилоят иброз дошт, ба ҳайси омӯзгор дар ноҳияи Ишкошиму шаҳри Хоруғ, пойтахти ватанамон -шаҳри Душанбе ва ноҳияи Дӯстӣ фаъолият намудааст. Зайнаб Муродова соҳиби хотираи қавӣ буда, ҳатто номи шогирдонашро хуб дар хотир дорад. Онҳоро ёдоварӣ менамояду шогирдонаш низ муаллимаи хешро ҳамчун модари азиз дӯст медоранд ва эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Барои як зан, як омӯзгор, як модари мушфиқ аз ин дида бахти баланд нест. Зеро ҳангоме ки дафтари рангини ҳаёти пурбаракаташро варақ мезанад, пеши назар нахустин дарсаш ба хотир меояд, ки чӣ сон хонандагон ҳама гӯшу ҳуш ба ӯ дода буданд. Муаллимаи равшанзамир зимни суҳбат бо раиси вилоят аз давраи фаъолияташ дар гӯшаву канори ватани азиз ёдовар шуда, шукргузорӣ аз он намуд, ки имрӯз ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу зебо ва гулафшон гаштааст.
яъне ба деҳқон вогузор намудани замин имкон дод, то сатҳи зиндагии деҳқонон боло раваду ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардад. Муҳриддин Мирзоев, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зимни мулоқот бо раиси вилоят аз он хушнудӣ намуд, ки имрӯз ҳамагон зери офтоби дурахшони сулҳу ваҳдат рӯзгор ба сар мебаранд. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор асту ҳамагон комёб. Оилаи Муҳриддин Мирзоев низ яке аз оилаи беҳтарин дар ноҳияи Дӯстӣ ба шумор меравад. Дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои намунавӣ гардидаанд. Муҳриддин Мирзоев оид ба ватандорӣ, мардонагиву ҷавонмардӣ, ки яке аз хислатҳои неки инсонист, сухан ронда, таъкид дошт, ки мо бояд ватандориву нангу номуси миллӣ ва хештаншиносиро пайваста ба ҷавонон омӯзонем. Зеро таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо бо ин нишонаҳои олии хеш намуна буданд. Пас аз аёдати собиқадорони меҳнат раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дӯстӣ дидан ба амал овард. Дар хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонови ноҳия техникаи кишоварзӣ заминҳоро тахту ҳамвор намуда, бо дуои бобои деҳқон ба кишти пунбадона оғоз намуданд.
Ин ҳама дастовардҳоро натиҷаи заҳмати, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Роҳбари вилоят ба ин омӯзгори собиқадор, меҳтари меҳнат гулдастаи баҳорӣ ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуда, барояш тансиҳативу хонаободӣ таманно намуд. Ҳамин тавр, роҳбари вилоят бо вазъи рӯзгори собиқадорон Шодибой Ҳоҷиев ва Муҳриддин Мирзоев низ аз ноҳияи Дӯстӣ шинос гардид. Аҳли оилаи Шодибой Ҳоҷиев аз ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ пурсамар истифода бурда, дар ин баробар 2 гектар хоҷагии деҳқонӣ, ки дар ихтиёрӣ онҳо мебошад, ҳамасола ҳосили хуби кишоварзӣ ба бор меоварад. Дар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ баъди киштгардон намудани замин дар як гектар гандум кишт намудаанд, 0,5 га ҷав кишт кардаанд. Тавре ки бонуи хонадон Хосият Ҳоҷиева иброз дошт, дар майдони 0,5 га боғи хоҷагиашон, ҳамчунин кишти картошка, сабзавот ва дигар зироатҳоро низ мегузаронанд, ки аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд. Шодибой Ҳоҷибоев низ аз хизматҳои арзандаи Роҳбари давлат ва ғамхориҳои пайвастааш изҳори хушнудӣ намуда иброз дошт, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ,
Хоҷагии мазкур, ки роҳбариашро Бекмурод Холов ба уҳда дорад, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пешсаф буда, саҳмдорони хоҷагӣ баҳри дар амал татбиқ гардидани амнияти озуқавории мамлакат ҷидду ҷаҳд менамоянд. Тавре ки роҳбари хоҷагӣ Бекмурод Холов ба раиси вилоят иттилоъ дод, имсол навъи пунбаи “Деҳқон”ро кишт менамоянд ва талош меварзанд, ки ҳосили баланд рӯёнанд. Гармхонаҳои хоҷагии мазкур, ки дар майдони 7 гектар замин доман афрохтаанд, аз заҳмати шабонарӯзии масъулину хоҷагидорон дарак медиҳад. Дар гармхонаҳои мазкур қаламфури булғорӣ, помидор, бодиринг ва дигар навъи сабзавот парвариш меёбад. Тавре ки корманди хоҷагӣ Анвар Тошпулотов иброз дошт, соли гузашта дар 26 гармхона танҳо қаламфури булғорӣ парвариш намуда, даромади хуб ба даст оварданд. Ҳамчунин дар 10 гармхонаи дигар бошад, помидор парвариш намудаанд. Аллакай помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ гул кардааст. Як нукта боиси қайд аст, ки дар бунёди гармхонаҳои мазкур бештар аз ашёи худӣ, яъне аз ашёи дохилӣ истифода бурдаанд, ки ин каммасрафу сердаромад мебо(Давомаш дар сањ. 2)
Ќурбон њакимзода:
«Дар он љое, ки зан аст, дар он љо зебої, пешравї ва ободонї аст» Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода љињати шиносої ба вазъи иќтисодиву иљтимої ба ноњияи Ёвон ташриф овард. Зимни сафари корї нахуст раиси вилоят аз њудуди Љамоати дењоти «Ситораи сурх» дидан намуд. Чун анъана, роњбари вилоят аз манзили истиќоматии як зумра мењтарони корзор дидан намуд. Нахуст ба аёдати сокини дењаи Навободи љамоати мазкур, собиќадори Љанги Бузурги Ватанї Рањмат Ќаландарови 103-сола омада, бо ў суњбат орост. Зимни суњбат номбурда аз дастовардњои даврони соњибистиќлолии Тољикистони азиз ёдовар гардида, иброз дошт, ки Душанбешањри имрўза дар ќиёс ба Душанбеи пешина аз замин то само тафовут дорад. Ин пири некдил аз хизматњои арзандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар барќарорсозии сулњу вањдати миллї дар кишвари азиз, рушди иќтисодиву иљтимої бо як эњсоси баланди ватандорї сухан мекард. Раиси вилоят аз вазъи рўзгори ин пири хирад пурсон гардида, барояш тани сињату аз ин њам беш-
тар дарозумрї таманно намуд. Њамчунин зимни сафари корї раиси вилоят ба аёдати ду нафар собиќадори мењнат аз Љамоати шањраки “Ёвон” рафт. Тољиннисо Худойбердиева ва Њабибулло Ќурбонов, собиќадорони арсаи мењнат, аз ин ташрифи раиси вилоят ба манзили иќоматиашон рўњбаланд гардида, изњори миннатдорї намуданд. Ќурбон Њакимзода таъкид дошт, ки сањми онњо дар рушду нумўи љомеа, ободии ватан беандоза аст. Имрўз низ собиќадорони арсаи мењнат ва Љанги Бузурги Ватанї дар тарбияи ватандўстии љавонон ва ободонии кишвар дар канор нестанд. Зеро мањз ватандўстї, худшиносии ин пирони рўзгор ва њаёти пурбаракаташон барои насли навин ибрат ва боиси пайравї мебошад. Роњбари вилоят аз Љамоати шањраки “Њаёти нав” дидан намуда, бо вазъи иншоотњои љашнї дар њудуди љамоати шањрак шинос гардид. Дар намоишгоњи техникањои кишоварзї бо механизаторон, масъулони соњаи кишоварзї суњбатњо орост. Њамчунин роњбари вилоят аз гармхонањои Љамоати (Давомаш дар сањ. 2)