ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №7 (3243)
СЕШАНБЕ, 21 январи соли 2020
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
РАИСИ ВИЛОЯТ БА АЁДАТИ СОБИЌАДОРОНУ МАЪЮБОН БА НОЊИЯИ ВОСЕЪ ОМАД
Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олї нисбати хайрандешиву накукории мардуми шарифи Тољикистон, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, махсус таъкид намуданд. Дар асоси дастуру супоришњои Президенти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон ќарори раиси вилоят ба тасвиб расидааст. Тибќи он њар рўзи шанбе рўзи аёдати собиќадорон, маъюбону эњтиёљмандон эълон гардида, дар асоси он ба собиќадорон, маъюбон, ятимону барљомондагон кумак расонида мешавад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба ин маќсад ба ноњияи Восеъ омада, бо собиќадорони мењнат, шахсони барљомонда ва маъюбон мулоќот намуд. Аз онњо њолу ањвол пурсид ва барояшон кумаки моддиву пулї расонид. Гавњарбї Пиракова, Ќањрамони мењнат, соли 1942 дар ноњияи Муъминобод ба дунё омадааст. Соли 1949 оилаи онњоро чун дигар њамдењагон барои рушди соњаи пахтакорї, ба ноњияи Восеъ муњољир намуданд. Ў дар ин љо мактаби миёнаро хатм намуда, аз соли 1960 ба њайси сарвари бригадаи пахтакорї фаъолияти мењнатиашро оѓоз бахшид. Соли 1965 фаъолияти пурсамарашро ба назар гирифта, ба ў унвони олї– Ќањрамони мењнатро сазовор донистанд. Гавњарбї Пиракова аз ташрифи раиси вилоят ба хонааш шоду мамнун гардида, аз фаъолияти бисёрсолаи худ ва ќањрамонони арсаи мењнат, амсоли Миралї Мањмадалиев, Абдї Авазов ва ѓайрањо ёдовар гардида, њамзамон аз ќадршиносињои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон нисбати собиќадорон ва ниёзмандон изњори сипос намуд. Ин зани аз мењнат обрўёфта ва дар зиндагї таљрибандўхта сиёсати ободгаронаи Роњбари давлатро ба некї ёдовар гардида, аз он изњори хурсандї намуд, ки мањз бо шарофати хиради аза-
лии Пешвои миллат ватани азизамон-Тољикистони соњибистиќлолро садњо давлати дунё эътироф намуда, аз таљрибаи сулњофарии тољикон давлатњои пешрафтаи љањон сабаќ меомўзанд. Сипас, раиси вилоят ба аёдати холаи Савринисо Мирњайдарова, модари љавонмарди ѓаюр, родмарди ватандўст зиндаёд Рустами Холалї (Амакиев) рафт. Зимни суњбат волидайни Рустами Холалї бо як њисси ифтихор аз фарзанди тарбиятдидаашон, аз ќањрамонињои беназири муњофизи содиќи ватан сухан ронданд. Холаи Савринисо Мирњайдарова гуфт, ки агар дањ фарзанди дигар њам медошт, онњоро бањри њифзи ватан, дўст доштани хоки муќаддаси мењан роњнамун месохт. (Хонандагони азиз оид ба корномањои бемисли Рустами Холалї аз сањифањои рўзномаи “Хатлон” ва дигар нашрияву расонањо хуб огоњї доранд). Рустами Холалї, ки зодаи ноњияи Восеъ аст, њамчун як шахсияти ватандўсту њамаљониба обутобёфта дар сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон маќоми худро дошт. Мутаассифона, дар њаводиси хиёнату амалиёти террористї, ки аз љониби хоини ватану миллат - Њалим Назарзода рух дода буд, ба шањодат расид. Номбурда 20 октябри соли 1974 дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна, омўзишгоњи касбїтехникии №16-ро соли 1990
хатм намудааст. Пасон, њуљљатњояшро ба коллељи њарбии шањри Душанбе месупорад ва пас аз ду моњ тибќи роњхат тањсилро дар коллељи њарбии шањри Ря-
зани Федератсияи Россия идома медињад. Њамзамон, чун мутахассиси низомї фаъолияти хешро ба њайси командири яке аз ќисмњои низомии Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон оѓоз мебахшад. Њамзамон, соли 2006 Академияи њарбии Федератсияи Россияро хатм менамояд. Ў дар вазифањои гуногун фаъолият дошта, донишу малакаашро сайќал медод. Моњи июни соли 2015 командири гурўњи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон таъйин шуда, то лањзањои вопасини њаёташ содиќона дар ин вазифа кор кардааст. Њамчун мутахассиси варзидаи соња дар хориљи кишвар низ дониши касбии хешро сайќал бахшидааст. Хизматњои содиќонаашро ба назар гирифта, Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати мудофиа бо ифтихорнома, медал, орденњои “Љасорат”, “Спитамен” ќадрдонї намуданд. Баъди вафоташ бо рутбаи њарбии генерал-майор сарфароз
гардидааст. Тавре ки дар боло ќайд намудем, Рустами Холалї аз љониби хоини ватан Њалим Назарзодаи бедину беватан ва гурўњи сияњкори ў зимни њодисањои террористї ба њалокат расид. Номи неку корнамоии ин родмарди ватан пайваста ќадр мегардад. Соли 2016 литсейи касбї-техникии шањраки “Њулбук”-и ноњияи Восеъро ба номи ин родмарди миллат гузоштанд. Дар њаќиќат, халќу ватан љоннисорињои фарзандонашро њељ гоњ фаромўш намекунад. Дар идомаи суњбат во-
лидайни Рустами Холалї ба раиси вилоят чунин иброз доштанд: “Ифтихор аз он дорем, ки имрўз 4 писару наберањоямон дар сафи Ќуввањои Мусаллањ фаъолияти хешро идома дода ис-
Имрўз дар кишвар расонидани кумак ба оилањои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эњтиёљманд ба њукми анъана даромадааст. Халќи сарбаланди тољик дар њама давру замон ба табаќањои ниёзманд дасти ёрї дароз карда, саховату њимматбаландии ибратомўз нишон додааст. Њукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурўњи иљтимої, аз љумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барљомонда ва оилањои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соњибкорону тољирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторњои давлатї дар амалњои хайру савоб боз њам фаъолона сањм хоњанд гузошт. Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН Дар гулгашти ба номи Сафар Амиршоев ба истиќболи љашни Сада љамъомади тантанавї баргузор гардид. Дар чорабинї аз љамоатњои дењот, маориф, тандурустї ва њифзи иљтимої дастоварду дастранљи мењнаткашонро ба намоиш гузоштанд. Инчунин, дењотиён дарахтони мевадињандаю ороишї ва гулњои гуногунро ба фурўш бароварданд.
ТАЉЛИЛИ ЉАШНИ САДА ДАР КЎЛОБ
тодаанд”. Раиси вилоят ба масъулини ноњияи Восеъ љињати бунёди хона – музейи Рустами Холалї дар њавлиашон дастуру супоришњо дода, таъкид намуданд, ки роњи паймудаи ин љавонмарди асил барои насли имрўзу фардои кишвар намунаи ибрату омўзиш ба шумор меравад ва онро њамеша ќадрдонї
бояд кард. Њамчунин, раиси вилоят аз вазъи рўзгори Саодат Хољаева шинос гардида, бо Саодат ва ањли хонаводааш суњбат орост. Тавре ки хонандагони рўзномаи “Хатлон” огоњї доранд, Саодат Хољаева як тан зан-модари ќавиирода, мењнатдўст буда, бо вуљуди маъюбии хеш, ки аз як даст мањрум асту дасти дуюмаш низ иллатист, тарбияи се фарзандро ба уњда дорад ва тамоми корњои рўзгору замини наздињавлигиро ба сомон мерасонад. Пайваста шукргузор аз Худованд аст, ки дар Тољикистони соњибистиќлол вањдату якпорчагї, сулњу амонї пойдор аст ва њифзи иљтимоии ањолї пайваста дар мадди назари Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ќарор дорад. Роњбари аввали вилоят ба Саодат Хољаева низ кумаки моддиву пулї расонида, барояш тансињативу хонаободї таманно намуд. Дар њаќиќат, бо кумаку дастгирињои Роњбари давлат, раиси вилоят, масъулини ноњия таъмиру тармим дар ин хонадон босуръат идома дорад. Сохтмони ошхонаву дигар биноњои ёрирасон низ дар арафаи
анљомёбист. Гирду атрофи њавлии Саодат Хољаева девор бардошта шуда, дарвозаи зебову мунаќќаш насб намуданд. Хулоса, вазъи рўзгори хонаводаи Саодат куллан таѓйир ёфта, дар ин хонадон зиндагї ранги дигар гирифтааст. Пас аз аёдати собиќадорону маъюбон ва шахсони эњтиёљманд раиси вилоят Ќурбон Њакимзода аз рафти корњои ободониву бунёдкорї дар Љамоати дењоти “Рўдакї”-и ноњия шинос гардид. Сохтмони мењмонхонаи баландошёна дар њудуди љамоат бо дастгирии соњибкорони мањаллї суръат гирифта, як мавзеи зебои диданї пешорўи бинанда љилвагар мегардад. Њамчунин, дар ин љо фаввораи зебо сохта шуда истодааст. Умуман, дар њудуди Љамоати дењоти “Рўдакї”бо дастгирии соњибкорони ватанї дањњо иншоотњои хизматрасонии тиббиву тандурустї, коргоњу корхонањо, варзишгоњу бозор ќомат афрохта, ба зебогии дењот њусни тоза зам намудааст. Кўчаву гулгаштњои гулпўшу чароѓон ва шиору навиштаљоти ин љо ба ќалби њар як бинанда фарањ мебахшад. Сохтмони роњњои дохилї низ вусъати тоза пайдо намудааст. Натиљаи зањматњои шабонарўзии сокинону соњибкорони ватанист, ки соли сипаригардида Љамоати дењоти “Рўдакї”-и ноњияи Восеъ дар фестивал-озмуни љумњуриявии “Сайри гули лола” миёни љамоатњои дењоти вилоят соњиби љойи аввал гардид. Тавре ки раиси љамоати дењоти мазкур Неъматулло Айниддинов изњор дошт, айни замон, дар њудуди кўчаву гулгаштњои дењот 23 њазор дона гули лола шинонда шудааст. Раиси вилоят, њамчунин, аз вазъи хољагињои дењќонии ноњия, боѓоту гармхонањо дидан ба амал оварда, бо хољагидорон суњбат орост ва љињати рушди соњаи кишоварзї маслињатњои муфид дод. А. САФАРЗОДА, «Хатлон»
Дар оѓози чорабинї муовинони раиси шањр, шоирону нависандагон, олимону рўзноманигорон, намояндагони њифзи њуќуќ намоиши њунарњои мардумии сокинони шањру дењоти Кўлобро тамошо карда, бањогузорї карданд.
баромад намуда, аз номи раиси шањр ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб тамоми иштирокчиён ва мардуми шарафманди шањри Кўлобро ба ин љашни ниёгон табрик намуд. Мавсуф ќайд намуд, ки дар соли 2019 ки-
Баъди афрўхтани гулхани аљдодї, дар ќисмати тантанавии њамоиш намояндаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини сардори Раёсати кишоварзии минтаќаи Кўлоб Ќурбонљон Аюбзода аз номи раиси вилояти Хатлон њозиринро ба љашни Сада табрик намуда, дар бораи дастовардњо ва муваффаќиятњои мењнаткашону кишоварзони вилояти Хатлон, аз љумла минтаќаи Кўлоб дар соњањои кишоварзию чорводорї ва дигар соњањои хољагии халќ сухан кард. Сипас, муовини аввали раиси шањр Каримзода Саломуддин дар назди њозирин
шоварзони шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб 16800 тонна ѓалладонагї, 53000 тонна сабзавот, 6800 тонна картошка, 7000 тонна мањсулоти полезї, 4300 тонна мевагї, 1100 тонна ангур истењсол карданд. Дар самти парандапарварї низ комёбињои назаррас ба даст омад. Бо ифтитоњи фермаи парандапарварї барои мардуми Кўлоб истењсоли тухми арзон дастрас гардид. Дар фарљоми љамъомад њунармандони шуъбаи фарњанги шањр ва Театри ба номи Саидалї Вализода бо таронањои дилошўб хотири њозиринро болида гардониданд. Б. САФАРОВ
САДА МУЖДА ДИЊАД АЗ НАВРЎЗ
Ба истиќболи љашни бостонии Сада дар боѓи «Ѓалаба»-и ноњияи Ёвон тањти унвони «Гар бихоњї умри љовид, як нињоле сабз кун» намоиши фарњангию кишоварзї баргузор гардид. Бино ба хабари дар сомонаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ёвон љой додашуда дар чорабинї Љамшед Саидзода, раиси ноњия ва фаъолону мењмонон иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур њунармандону кишоварзони љамоатњои шањраку дењот њунарњои хеш, аз ќабили кашидадўзию чеварї, бофандагию ресандагї, рассомию кандакорї, мањсулоти кишоварзї ва нињолу гулу буттањоро ба намоиш гузоштанд. Љамшед Саидзода, раиси ноњияи Ёвон, чунин изњор дошт: «Сада яке аз љашнњои мавсимию маросимии мардуми
ориёитабор, аз љумла ниёгони тољикон буда, дар гузашта он њамчун рамзи бузургдошти Офтоб фарорасии айёми киштукори бањорї ва мужда аз омадани Наврўз таљлил карда мешуд. Љашни Сада рамзи рафтани нимаи зимистон аст, ки ба мардум муждаи бањор меоварад ва дењќононро ба киштукори сањро омода менамояд». Самараи Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аст, ки суннатњо ва анъанањои арзишманди аљдодонамон, аз љумла иди ба гўшаи фаромўширафтаи Сада имрўз аз нав эњё шудаанд. Дар хотимаи намоиш барномаи консертии њунармандон ва њаваскорони ноњия тањти унвони «Сада омад, ки туро мужда дињад аз Наврўз» манзури њозирин гардонида шуд. Комрони БАХТИЁР «Хатлон»
2
ХАТЛОН
СЕШАНБЕ, 21 январи соли 2020, №7 (3243)
СЕМИНАР-МАШВАРАТ
МИЛЛАТИ ТОЉИК ЉОНИБДОРИ СУЛЊ АСТ, НА ЉАНГУ КУШТОР “Ифротгарої ва терроризм дин, мазњаб ва миллат надорад ва бо як зуњуроти нангин омехта кардани ислом нодуруст аст”. Эмомалї РАЊМОН Дар ноњияи Љайњун семинар-машварати вилоятї бо ширкати коршиносони сатњи вилоятї тањти унвони “Роњњои пешгирии ифротгароии динї” дар доираи “Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон дар муќовимат бо экстремизм ва терроризм барои солњои 2016-2020” ва “Консепсияи сиёсати давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба дин” доир гардид. Иштирокдорони семинар оид ба оќибатњои хатарзои терроризму ифротгарої, хатари он ба љањониён сухан ронданд. Аз љумла ќайд гардид, ки солњои охир њодисањои нангини терроризму ифротгарої љомеаи љањонро ба ташвиш овардааст. Нисбати масъалаи мазкур Президенти Љумњурии Тољикистон дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олї махсус таъкид намудаанд, ки “Созмонњои террористї бо истифода аз технологияњои муосири иттилоотї ва бо роњи тафсири ѓаразноки сарчашмањои динї дар мафкураи љавонони камтаљрибаву ноогоњ ѓояњои тундгароиро љой карда, онњоро ба ќатлу куштор, барњам задани амният ва суботу оромї дар мамлакатњои гуногун ташвиќ менамоянд”. Воќеан сабаќи талхи њодисањои солњои 1990-уми асри гузашта дар Љумњурии Тољикистон њар як шахси худогоњу ватандўстро водор
месозад, ки нисбати њодисањои нангини ифротгароиву терроризм бетараф набошад. Зеро ин зуњуроти нангину марговар ба инсоният хатари љиддї эљод менамояд. Муовини раиси вилояти Хатлон Фирўза Шарифї аз он изњори нигаронї намуд, ки имрўзњо бо истифода аз шабакањои интернетї хољагони хориљї њанўз њам љавонони ноогоњро ба гурўњњои мамнўи њизбу њаракатњои террористї љалб намуда истодаанд. Аз ин рў, миёни љавонону наврасон корњои тарѓиботиву фањмондадињиро бояд вусъат бахшем. Баргузории чорабинињои маърифативу њуќуќї, варзишї имкон фароњам меоварад, ки сатњи дониши маънавиву њуќуќии љавонону наврасон баланд гардад ва онњо бештар дар озмуну чорабинињо ва мусобиќањои варзишї ширкат варзанд. Фирўза Шарифї наќши љомеаи шањрвандиро дар пешгирии њодисањои ифротгароиву терроризм баланд арзёбї намуда, ироа дошт, ки љилавгирї аз ин зуњуроти нангину маргафкан, њифзи манфиатњои миллї дар раванди љањонишавї ва бархўрди тамаддунњо вазифаи љонии њар як фарди ватандўст ва бонанги ватани азиз мебошад. Њамчунин, дар семинармашварати вилоятї мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва љашну маросими маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Мањмадї Шарифзода дар мавзўи “Омўзиши Консепсияи сиёсати давлатии Љумњурии Тољикистон оид ба
дин”, муовини сардори шуъбаи КДАМ дар ноњияи Љайњун дар мавзўи “Худогоњии љавонон ва масъалањои таъмини амнияти миллї, хатару тањдидњо, омили асосии шомилшавї ва љалби љавонон ба сафи ташкилотњои террористиву экстремистї” ибрози назар намуданд. Прокурори ноњияи Љайњун Шоњрух Назарзода атрофи масъалаи “Муќовимати дастаљамъї бар зидди экстремизм ва терроризм” сухан ронда, аз њодисањои нангини соли 2018 дар шоњроњи КўлобДушанбе рухдода, ки дар натиљаи он 4 сайёњи хориљї ба њалокат расида, 2 нафари дигар љароњати вазнин бардоштанд, ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки бо ин љиноят террористон мехостанд, оромии ватани азизамонро халалдор сохта, дар сатњи байналмилалї Љумњурии Тољикистонро њамчун давлати ноамн ва миллати тољикро њамчун миллати хунхору террорист нишон дињанд. Мардуми тољик аз ќадимулайём мардуми сулњдўст ва мењмонавоз буда, урфу одат ва дину мазњаби мо куштор, хусусан, куштори мењмону мусофирро шадидан мањкум менамоянд. Тавре ки дар љамъомад зикр гардид, шурўъ аз соли 2006-ум бо маќсади њимояи сохти конститутсионї ва амнияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар асоси аризањои даъвогии Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон аз љониби Суди Олии Љумњурии Тољикистон фаъолияти 17 њизбу њаракатњои динї ва сиёсї, ба монанди “Њизби нањзати исломии Тољикистон”, “Њизб-
ут-тањрир”, “Њизби исломии Туркистон», «Ал-ќоида», “Њаракати толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Гурўњи 24”, ташкилоти ба ном “Давлати исломї”, “Љабњат-ан-Нусра”, “Љамъияти Ансорулло”, равияи динии “Салафия” манъ карда шудааст. Фаъолият дар ин сохтори њизбу њаракатњои ѓайриќонунї, тарафдорї кардани маќсаду ѓояњои онњо ва содир кардани амалњо ба манфиати ин ташкилотњо, њамчун, љиноятњои муќобили сохти конститутсионї ва амнияти давлат эътироф карда мешавад. Тавре ки дар љамъомад таъкид рафт, сабабу омилњои асосии шомил шудан ба иттињодия ва ташкилотњои террористї аз љониби сокинони љумњурии мо, асосан, њангоми муњољирати мењнатї дар дигар давлатњо, тањсилоти ѓайрирасмии динї дар хориљи кишвар, зери таъсири эмиссарњои созмонњои террористиву экстремистї ќарор гирифтани муњољирони мењнатї ва истифода аз сомонањои интернетї мебошад. Њамин тавр, дар семинармашварати вилоятї моњияту хатари њизбу ташкилотњои террористиву экстремистї ва раванди мубориза бо ифротгароии динї махсус баён гардида, таъкид рафт, ки нисбати ин зуњуроти марговар бояд њамагон, дар баробари маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои ќудратї, мубориза баранд ва нагузоранд, ки љавонони ноогоњро ба ин гурўњњои хатарзо шомил созанд. Аз ин рў, таълиму тарбия ва корњои фањмондадињиро дар муассисањои таълимї, ташкилоту корхонањо хуб ба роњ монанд.
РЎЗГОРИ МЕЊТАРОН БАРОИ ЉАВОНОН САБАЌИ НОТАКРОР АСТ Тибќи наќша-чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон гурўњи корї тањти роњбарии муовини раиси вилояти Хатлон Фирўза Шарифї аз шањру ноњияњо дидан намуда, бо рафти амалигардии ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва барномањои соњавии ќабулгардида ошно гардиданд. Нахуст гурўњи корї фаъолияти хешро аз ноњияи Панљ оѓоз намуд. Онњо аз муассисањои таълимиву тандурустї, фарњангї, љавонону варзиш ва сайёњї, бахшњои дин, танзими анъана ва љашну маросим, кор бо занон ва оила, њуќуќи кўдак дидан намуда, бурду бохти соњањои
мазкурро мавриди тањлил ва баррасї ќарор доданд. Пасон, бо ширкати доираи васеи фаъолони ноњияи Панљ љамъомад доир намуданд. Муовини раиси вилоят ва намояндагони гурўњи корї ба аёдати собиќадорони арсаи мењнат рафта, вазъи њоли онњоро пурсон гардиданд. Зайтуна Ќаландарова, Ойљон Сиярова ва дигарон ба роњбарияти Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љињати ѓамхориву дастгирињои пайвастаашон изњори сипос намуданд. Дарвоќеъ, фаъолият ва рўзгори мењтарон барои љавонон сабаќи нотакрор
аст. Зеро онњо бо мењнати шабонарўзии хеш дар рушди љомеа сањми беназир гузоштанд. Гурўњи кории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, њамчунин аз ноњияњои Љ. Балхї ва Љайњун низ дидан ба амал оварда, бо фаъолияти соњањои иљтимої, иљрои барномањои соњавї шинос шуданд. Пас аз санљиш бо ширкати раисону масъулини соњањои дахлдори ноњияњои мазкур љамъомад доир гардид. Натиљањои санљиш, тањлил, камбудињои ошкоргардида баррасї ва масъулин бањри њаллу фасли он муваззаф гардиданд. ВАХШОНА, «Хатлон»
ТАВСИЯ
ДАВРАИ БОСАМАРИ КИШТИ ЮНУЧЌА Юнучќа зироати серњосили хўрокаи серѓизо, серсафеда ва витаминдор дар соњаи чорводорї буда, барои баланд бардоштани њосилхезии хок ва зиёд намудани мањсулоти соњаи чорводорї наќши асосиро мебозад. Юнучќа сифати физикавї, биологї, микробиологии хокро бењтар намуда, шўрї ва баландшавии обњои зеризаминиро паст намуда, таркиби хокро аз моддањои органикї ва нитрогенї, биологї бой мегардонад. Њамчунин, самаранокии нурињои маъданиро баланд бардошта, рустанињои бегона ва касалињои зироатњо, ба монанди вилтифузариозї, ветисилёзї, пўсиши реша, гоммоз, макропориоз ва ѓайрањоро нобуд мекунад. Юнучќа пеши роњи дубора шўршавии хок ва бодхўрдашави заминро нигоњ медорад. Тадќиќоти илмии филиали дар ноњияи Вахшбудаи Иттињодияи илмї-истењсолии “Зироат” нишон додааст, ки кишти тобистона ва тирамоњии юнучќа нисбати кишти бањорї бартарињои зиёде дорад. Муњлати кишти тобистонаи юнучќа аз 15 август то 10 сентябр, кишти тирамоњї аз 20 сентябр то дањаи якуми моњи ноябрро дарбар мегирад. Таљрибањои илмию истењсолї нишон додаанд, ки кишти тобистона ва тирамоњї љињати хуб афзоиш ёфтани нињоли юнучќа мувофиќ буда, то давраи хунукињо миќдори зиёди нињолро дар як гектар нигоњ медорад. Њангоми кишти бањорї бошад, навнињолон дар зери таъсири боронњои сахт сафолак мебанданд ва 10-15% растанї нест мегардад. Юнучќаро бо маќсади рўёнидани хўроки чорво якљоя бо љав ва ё сулї кишт менамоянд. Бо маќсади гирифтани дони ѓалла ва хўроки чорво бошад, юнучќаро тобистон кишт намуда, пас аз давраи якум, охирњои моњи октябр, ду маротиба
майдони юнучќаро сихмола намуда, гандум ё љав мекоранд. Кишти тирамоњї дар нимаи 2-юми моњи сентябр ва аввали дањаи моњи ноябр якљоя бо ѓалла гузаронида мешавад. Ин имконият медињад, ки аз дарави
якум то охирњои моњи май њам ѓалла ва њам хўроки чорво рўёнида, то охири сол шаш дарави нави юнучќа гирифта шавад. Аз нуќтаи назарияи киштгардонон, кишти тобистона ва тирамоњии юнучќа самаранок мебошад. Дар давраи истифодабарї ба муддати 3 сол дар таркиби хок 4345 тонна дар як гектар майдон моддаи органикї љамъ мешавад, ки он ба 600 кг нитрогени биологї, 80 кг фосфор ва 300 кг калий баробар аст. Њосилнокии пахта баъди шудгори юнучќаи бањорї дар 2 сол, агар бо њисоби миёна 35-38 сентнерро ташкил намояд, пас юнучќаи кишти тобистона ва тирамоњї 40-45 сентнерро ташкил медињад. Юнучќаро аввали бањор ваќти 5-6°С гарм шудани хок дар чуќурии 4-5 см дар як ваќт бо зироатњои ѓаллагии бањорї кишт мекунанд. Дар шароити иќлими мусоиди ноњияњои водии Вахш ва минтаќаи Кўлоб кишти юнучќаро аз дањаи сеюми феврал cap карда, аввали март ба итмом мера-
сонанд. Дар дигар ноњияњои пахтакори љумњурї кишти юнучќаро то 15-уми март давом медињанд. Дар киштгардонињои заминњои пахта, бо сабаби аз ѓўзапоя холї шудани майдонњо юнучќаро, асосан, дар фасли бањор мекоранд. Кишти юнучќа дар моњи сентябр бењтар аст. Юнучќаи тирамоњии соли якум нисбат ба юнучќаи бањории соли якум њосили бењтар медињад. Дар шароити заминњои обии дар ноњияњои водибудаи љумњурї тадбиќи кишти тобистонаи юнучќа дар моњњои июлу август пурра имконпазир аст. Бо маќсади баланд бардоштани њосилнокии хок ва бењтар кардани сохтори он юнучќаро бо алафњои бисёрсолаи ѓаллагї омехта мекоранд. Юнучќа, асосан, бо усули ќатории муќаррарї ё камбарљўяк, тавассути тухмипошакњои ѓаллаю алафкории СЗ-3,6, СЗТ-3,6 ва ѓайрањо кишт мешавад. Мањсулнокии юнучаќазор, асосан, ба меъёри кишти тухмї ва зичии рустанињо алоќаманд аст. Бинобар ин, меъёри муайяни тухмї барои кишт яке аз омилњои асосии гирифтани њосили баланд аст. Дар юнучќазоре, ки аз меъёр зиёд нињол доранд, рустанињо якдигарро дар мубориза барои дастрас кардани омилњои њаётї (махсусан, рўшної) нест мекунанд. Кишти юнучќа дар моњи сентябр бењтар аст. Дар киштњои сирак бошад, алафњои бегона бештар пањн шуда, њосилнокї ва сифати онро паст мекунанд. Вобаста ба навъ, шароити парвариш дар заминњои обї, дар њолати бо усули ќатории муќаррарї коридани юнучќа барои хўрока, дар њар як гектар 16-18 кг (8-9 млн дони ќобилияти нешзандошта) ва дар заминњои лалмї бошад, 14-16 кг тухмї кишт мекунанд. Дар њар 1 м2 юнунчќазори барои хўрока тавсияшуда, бояд 500 нињол бошад ва барои тухмї 150-160 нињол кофї аст. Б. СОБИРОВ, Г. НАСРИДИНОВ, Ф. БОБОСАИДОВ, омўзгорони коллељи махсусгардонидашудаи шањри Бохтар
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
ИЛЊОМБАХШИ ОМЎЗГОРОН Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба халќи мо илњому рўњи наву тоза бахшид. Мушоњида мешавад, ки баъди паёмњои њарсолаи Президенти мамлакатамон дар њаёти халќу кишвар навоварињо пайдо мешаванд. Паёми навбатї низ барои мо-омўзгорон хеле хотирмон аст. Чунки таваљљуњи Сарвари давлат ба соњаи маориф хоса аст. Махсусан моомўзгорони забонњои русї ва англисиро таъкиди Пешвои миллат ба омўзиши ин забонњо, ки дар Паём ироа гардид, шод гардонид. Инчунин, ишора ба хондани китобњои бадеї њам табъи дили мо-забоншиносон мебошад. Зеро омўзиши забони дигар бе хондани китоби бадеї дар забони асл номумкин аст. Ташкил намудани китобхонањо дар мањалњои зист низ ба мо хуш омад.
Асосгузори сулњу вањдатати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба занони мамлакат бисёр ѓамхор аст. Маќоми мо-занонро тайи чанд сол аст, ки дар љомеа баланд бардошта, дар њама соњањо ва вазифањои роњбарикунанда пешбарї менамоянд, ки ин боиси ифтихори ањли љомеа мебошад. Аз Паёми навбатии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон мо илњоми нав ба нав гирифта, бо ќувваи дучанд барои ободонии ватану миллатамон мењнат менамоем ва љавононро ба шоњроњи њаёт бо дониши мукаммал гусел менамоем. С. АБДУЛЛОЕВА, декани факултети забони англисї
РЎ БА КИТОБ ОВАРЕМ Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон саршор аз мењру муњаббат ва садоќати ватандорї буда, тамоми соњањои хољагии халќи мамлакатро фаро гирифтааст.
Пешвои миллат дар баробари тањлили дигар соњањои хољагии халќи мамлакат, инчунин, раванди таълиму тарбияро дар сохторњои гуногуни илму маорифи љумњурї низ мавриди тањлил ва баррасї ќарор доданд. Барњаќ таъкид намуданд: «Дар марњилаи кунунии пешрафти Тољикистон ба соњањои илму маориф афзалияти аввалиндараља дода мешавад, зеро онњо дар тањкими пояњои давлати демократї ва њуќуќбунёду дунявї наќши калидї мебозанд». Ин суханон мо – омўзгоронро водор месозад, ки ба соњањои мазкур бештар диќќат дињему сатњи таълиму тарбияро боз њам пурзўртар намоем ва дар устувор гардидани пояњои давлати демократї ва њуќуќбунёду дунявї сањмгузор бошем. Дар Паёми навбатї Сарвари давлат чунин баён намуданд: «Роњбарону кормандони соњаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгирињои дав-
лат ва афроди ватандўст сатњу сифати таълимро дар њар як муассисаи таълимї, сарфи назар аз шакли моликияти онњо ва дар њамаи зинањои тањсилот баланд бардоранд». Ин суханони таъкидомези Сарвари давлат барои њар яки мо дастурест, ки дар амалишавии он бояд талош варзем. Чизи аз њама муњиме, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат зикр ёфтааст, ин рў овардани љомеа ба китобу китобхона буд. Љомеаро мебоист, ки пеш аз таъкид кардани Пешвои миллат ба китобу китобхона руљўъ мекард, чунки бе дониши зарурї ягон љамъият рушду тараќќї намекунад. Њаминро ба назар гирифта, дар Паём ќайд гардид: «Наврасону љавононро ба мутолиаи китобњои бадеиву илмї ташвиќ намоянд, ќобилияти эљодии онњоро таќвият бахшанд ва ба таълими фанњои табиатшиносї, даќиќ ва риёзї таваљљуњи бештар зоњир намоянд». Инчунин, Президенти мамлакат чунин таъкид намуданд: «Баланд бардоштани сатњи маънавиёти ањолї чопи китобњои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панљ китоби бадеї ва њифзи асарњои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роњ монанд». Мутолиаи китобњои бадеї на танњо дар баланд гардидани сухандонию суханварии хонанда кумак мерасонад, балки он дар баланд гардидани љањонбинї, маънавиёт, ахлоќу одоб, фарњангу маърифати шахс низ таъсири мусбати худро мера-
сонад. Ваќте ки мутолиаи китоб ба мардум хислатњои нек мебахшад, пас чаро љавонони имрўзаи мо аз чунин чашмаи мусаффои њаёт дар канор бошанд? Вазифаи њар як омўзгор, роњбари синф ва љонишинон оид ба кори тарбия, мудирони бахши бонувону љавонони таълимгоњњо ва умуман, тамоми љомеаро зарур аст, ки љавонону наврасонро барои мутолиаи китоб ташвиќ намоянд. Президенти Љумњурии Тољикистон таъкид намуданд, ки китоби «Тољикон»-и Бобољон Ѓафуров аз њисоби фонди Президенти Љумњурии Тољикистон ройгон ба њар оилае, ки дар Љумњурии Тољикистон зиндагонї мекунанд, њадя карда шавад. Мо-омўзгорон Паёми навбатии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмонро сармашќи кори худ ќарор дода, дар иљрои ин дастуру супоришњо саъю кўшиш менамоем. Ташкили китобхонаву бомаърифат намудани ањолї, љалб кардани мардум ба мењнати њалол, даъват намудани онњо ба варзиш ва бунёдкориву созандагї метавонад дар пешгирї аз љиноят ва њуќуќвайронкунињо воситаи хубе гардад. Зеро агар њар як фард китобхону бамаърифат гардад, пеши роњи љинояткориву ба гурўњњои љинояткор шомил шудани љавонон бо осонї гирифта хоњад шуд. Њар фарде, ки ватани худро дўст медорад, бояд ин муњаббату дўстдории худро тавассути амали шоистае исбот намояд. Раљабмоњ НИЁЗОВА, омўзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАСТУРИ КОРЊОИ ОЯНДА Дар Паёми навбатї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон фаъолияти тамоми соњањои хољагии халќи Љумњурии Тољикистонро дар соли сипаришуда ва њафт соли пеш љамъбаст намуда, дастовардњои давлат ва миллатро бо раќамњо нишон доданд. Дастовардњо дар њамаи соњањо назаррас мебошанд, аммо Пешвои миллат таъкид карданд, ки ин басанда нест ва мо бояд тамоми кўшиш ва талошро ба харљ дињем, то сатњи зиндагии мардумро аз ин њам баландтар бардорем. Сарвари давлат ба неруњои ќудратї мурољиат карда, талаб намуданд, ки санљиш ва тафтишњои нолозимро дар соњањои соњибкорї камтар намоянд ва аз тамоми дастандаркорон талаб карданд, ки барои рушду нумўи соњибкорї тамоми чорањои лозимаро андеши-
да, заминањоро муњайё кунанд ва корро тавре ба роњ монанд, ки ин ќишри љомеа тараќќї намояд. Пешвои миллат чун њамешагї соњаи маорифро соњаи афзалиятноки сиёсати давлат ва Њукумати Тољикистон эълон намуда, изњор намуданд, ки соњаи маориф дар иќтисоди миллии кишвар соњаи калидї мебошад ва пешрафти тамоми кишварњои мутамаддин ба соњаи маориф вобаста мебошад. Дар ин раванд наќши омўзгор хеле баланд аст. Роњбари давлат таъкид карданд, ки њамаи мо- нишастагонро омўзгор тарбият кардааст ва мо бо тарбияти омўзгор ба ин мартаба расидаем. Дигар нуктаи хеле љолиби Пешвои миллат дар Паём љињати бунёд намудани китобхонањо дар њамаи муассисањои таълимиву ѓайритаълимї ва дар ин маконњо гирд овардани ада-
биёти бадеиву илмї, бењтарин осори нависандагон ва олимони машњури дунё мебошад. Љаноби Олї хеле хуб ќайд карданд, ки шахси босавод барои бењтар кардани зиндагии шахсии худ талош хоњад кард. Инчунин, туњфаи арзишноки Љаноби Олї ба мардуми Тољикистон ин аз њисоби Фонди Президенти мамлакат чоп кардани китоби «Тољикон»-и Бобољон Ѓафуров барои њар як оилаи тољикистонї мебошад. Њамин тариќ, Паёми навбатии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки тамоми риштањои иќтисодиву иљтимоиро фаро гирифт, барои кулли мардуми Тољикистон дастури кор барои солњои минбаъда мебошад. Љ. ШУКУРЗОД, декани факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав
КОРЊОИ БИОТЕХНИКЇ ДАР САРИ ХОСОР Бориши зиёди барф дар баландкўњњо ба зебою назаррабо гардидани табиат ва зиёд шудани захираи об мусоидат мекунад. Хушбахтона, давоми њафтаи гузашта дар ноњияњои кўњистони мамлакат барф борид ва баландии барф дар баъзе минтаќањо то 50-60 сантиметрро ташкил дод. Аз љумла, дар минтаќаи баландкўњи Љамоати дењоти “Сари Хосор” њама кўњу дашт барфпўшанд. Барфпўш гардидани мавзеи кўњсор бо вуљуди манфиатовар буданаш, дар њоли њозир баъзе мушкилот низ пеш меорад. Дар ин маврид њайвоноти вањшї ва парандагони нодир барои дарёфти хўрока душворї мекашанд. Ба хотири њифзу нигоњдошти парандагону њайвоноти вањшї хољагии љангали Сари Хосор корњои биотехникї мегузаронад. Мирзомуддин Холов, директори муассисаи давлатии хољагии љангали
Сари Хосор мегўяд: «Имсол нисбат ба солњои пеш барои гузаронидани корњои биотехникї коњу беда ва дону кунљора бештар захира кардаем, зеро саршумори њайвоноти вањшї ва парандагони нодир дар минтаќаи мо нисбати панљ соли пешин се баробар зиёд шудааст». Хољагии љангали Сари Хосор дар љангалзор ва љойњои љамъшавии њайвоноту парандагон давоми фаслњои тобистону тирамоњ коњу беда ва дон захира кардаанд. Имрўзњо бо истифода аз захирањои мављуда бањри аз талафёбї эмин нигоњ доштани њайвоноту парандагон тадбирљўї карда истодаанд. Ба корњои биотехникї хољагињои дењќонї ва сокинони дењањои дурдаст низ љалб карда шудаанд. Ш. САФАРЗОДА
3
ХАТЛОН
СЕШАНБЕ, 21 январи соли 2020, №7 (3243)
НУЌТАИ НАЗАР Таљрибаи сулњи Тољикистон аз љониби созмонњои бонуфузи байналмилалї, бисёр кишварњои љањон ва маќомоти олии давлатњои гуногун њамчун як падидаи нодир ва ибратомўз пазируфта шудааст. Аз љумла, собиќ муншии Созмони Милали Муттањид Созишномаи сулњи тољиконро пирўзии аќлу хирад, намунаи олии дарк намудани манфиатњои ватану миллат ва масъулияти бузург дар баробари љомеа номида, гуфта буд: «Тољикон Созишномаи сулњро дар паси сангарањо тарњрезї карданд. Ќимати сулњи тољикон бењамтост. Вай дар роњи пойдории сулњи сартосари љањон намунаи ибрат хоњад буд».
СУЛЊУ ВАЊДАТИ МИЛЛЇ МЕВАИ ШИРИН ДОРАД Дар воќеъ, таъмини сулњу субот ва ба даст овардани истиќлолияти комили давлатњо аз масъалањои муњими љањони муосир ба њисоб меравад. Дар шароити кунунї терроризм ва интиќоли маводи мухаддир ба таъмини сулњу суботи љањон халал ворид намуда истодааст. Дар ин росто Љумњурии Тољикистон зери роњбарии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бањри таъмини сулњу субот ва пешгирии маводи мухаддир муборизаи шадид мебарад. Пешвои миллат дар мавриди масоили глобалии љањон, аз ќабили таъмини фазои сулњу субот мубориза бо терроризм ва пешгирии маводи мухаддир аз минбари баланди Созмони Милали Муттањид баромад намуда, ањли башарро дар њалли масъалањои марбут даъват менамояд. Зикр намуданд, ки баъди пош хўрдани Иттињоди Шўравї ва соњибистиќлол гардидани љумњурињо, соњибистиќлол гардидани Тољикистонро тамоми мардумаш хуш пазируфтанд. Вале дар як муддати кутоњи таърихї душманони бадхоњи миллати тољик ба Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон зиён ва љанги шањрвандиро дар ин сарзамин оѓоз намуданд. Вазъи сиёсии кишвар ноором гардида, шахсиятњои баруманди кишвар ва ходимони давлатї берањмона тањдиду ба ќатл расонида мешуданд. Ин солњои мудњиш бо њамаи кулфату азобу бадбахтињояш дар хотири мардуми тољик наќш бастааст. Аз як тараф ќатлу куштори берањмона ва аз тарафи дигар гуруснагиву бенавої домангири мардум гардида, парокандашавии миллат моро тањдид менамуд. Хатари аз миён рафтани давлат ва њамчун давлати соњибистиќлол аз харитаи сиёсии љањон нест шудани Тољикистон низ мушоњида мешуд. Дар он шабу рўзи нобасомонињо иќтисодиёти давлат ба сифр баробар гардида, аз хавфи гурўњњои силоњбадаст касе кафолати зинда мондани якдигарро дода наметавонист. Ин лањзањои мудњишро шоир Ашўр Сафар бо забони шеър чунин иброз намуда буд: Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад, Дар кишвари ѓам базму тараб мешуда бошад. Дар кашмакаши рўзи фурўзону шаби тор, Помоли фано зулмати шаб мешуда бошад. Фарзанд, ки ба љони падар теѓ кашид, Бишкастагари теѓи ѓазаб мешуда бошад. Бар куштани фарзанд падар низ кашид теѓ, Дар байн суоле зи насаб мешуда бошад. Дар ларза бадан аз асари таб шуда бисёр, Нобуд чунин ларзаву таб мешуда бошад. Аз дидаи дар гиря бувад хоб фирорї, Мењмон ба дари дида ѓанаб мешуда бошад. Кї кард љафо бешу кї овард бало пеш, Бо ченаки таърих ваљаб мешуда бошад.
Бар љои њамин мамлакати сулњљудоям, Як мамлакати сулњталаб мешуда бошад. Илњоми гурезанда садо дод зи дурї, Рози ту ба ин бахт сабаб мешуда бошад. Дар чунин вазъияти нињоят њасос бо њадяи Яздони пок фарзанди фарзонаи миллат муњтарам Эмомалї Рањмон масъулияти бузург-Роњбарии
кишварро ба душ гирифта, чунин савганд ёд кард: «Бањри истиќрори сулњ дар Тољикистон ва баргардонидани њамаи гурезањо ман тайёрам, ки љони худро нисор кунам». Президенти мамлакат дар ќавли худ устувор монда, миллати тољикро аз вартаи нестшавї нигоњ дошт. Мардуми шарафманди тољик баъди ба даст овардани истиќлолият ва вањдати миллї дар атрофи Пешвои муаззами худ муњтарам Эмомалї Рањмон муттањид шуда, бањри ободонии кишвар талош намуда, ба дастовардњои бузург ноил гардидаанд. Дастовардњои илмию фарњангї, иќтисодию сиёсї ва соњаи маорифу тандурустии даврони осоиштагии соњибистиќлолї нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалї баланд бардошт. Мутаассифона, имрўз њизбу њаракатњои иртиљоие њастанд, ки дастовардњои соњибистиќлолии Тољикистонро нодида гирифта, мехоњанд сулњу вањдати кишвари моро халалдор намоянд. Бењтарин неъмате, ки ба миллати тољик муяссар гаштааст, ин Истиќлолияти давлатї ва сулњу вањдати миллї мебошад. Аз ин рў, њар яки моро лозим аст, ки онро чун гавњараки чашм њифз намуда, нагузорем, ки нохалафони миллат суботу оромии ватани моро ноором созанд. Мо-идомадињандагони ниёгони тамаддунофар бањри пойдории сулњи давлати соњибистиќлоли худ зери роњбарии Сарвари оќилу дурандеш муњтарам Эмомалї Рањмон љањд хоњем намуд. Парвиз ЛОИЌОВ, Зулфия ЉИЁНЗОДА, устодони ДДК ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї
ЗАН ВА ЉОМЕА Тайи солњои соњибистиќлолї Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавќеи онњо дар љомеа як силсила тадбирњои судмандро амалї гардонид. Истиќлолияти давлатї љињати таъмини мавќеи устувори зан-модар дар љомеа њамаи имкониятњоро фароњам овард ва занони ќавииродаву бољасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавќеи занонро дар рушди иљтимоиёт ва иќтисоду фарњанги мамлакат тањким бахшида, барои истифодаи неруи ватанхоњиву бунёдкоронаи онњо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату љасорат, далериву шуљоат ва ѓайрату некномиро муњайё сохт. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба наќш ва нуфузи занон ањамияти љиддї зоњир намуда, бамаврид таъкид намудаанд: “Занону модарони тољик дар баробари корњои муњими давлатї ва хољагидорї, пеш аз њама, кадбонуи хонавода њастанд ва сариштаи рўзгор дар дасти онњост. Сарфи оќилонаи буљети оила яке аз шартњои асосии рўзгори муназзам мебошад, ки дар танзими он наќши занон хеле калон аст. Саодатмандию сарбаландии занону модарони тољик ва ањли хонадони онњо дар маљмўъ омили пешрафту ободии Ватани азизамон – Тољикистони соњибистиќлол мебошад”. Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода низ сањми занону модарони бонангу номуси тољикро дар њифзи сулњу субот баѓоят калон арзёбї намуда, ќайд кардааст, ки онњо њанўз дар даврони нињоят мушкили оѓози истиќлолият обрў ва шарафи мамлакатро нигоњ доштанд, ба хотири њифзи њуќуќи худ мисли гурдофаридњо ба ќиём баромаданд, дар тањкими давлат, сулњу субот ва вањдати миллї сањми бисёр арзишманд гузоштанд. Дар љараёни нињоят њассоси баргузории Иљлосияи таќдирсози 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон мањз матонату ќавиазмии занон наќши шоиста дошт. Метавон бо ифтихор дар ин маврид аз корнамоию хизматњои ватандоронаи занону бонувони фаъоли Хатлонзамин, ки аксаран ходимони љамъиятию сиёсї, Кањрамони мењнати сотсиалистї мебошанд, ба монанди Низорамоњ Зарипова, Адолат Рањмонова, Гавњарбї Пиракова, аввалин генералзани тољик Саодат
САОДАТМАНДИИ ЗАНОНУ МОДАРОН ОМИЛИ ПЕШРАФТУ ОБОДИИ ТОЉИКИСТОН МЕБОШАД Амиршоева, собиќ раиси Суди вилояти Хатлон Муњаббат Азизова, Муњаррама Мирзоалиева, Ќимматгул Рустамова ва дањњо нафари дигар бо ифтихор ёд овард. Рўзгори ин бонувони ватандору ватансоз мояи ибрати њар як бонуи тољик мањсуб меёбад. Њамин неруву љасорати занонро ба инобат гирифта, бо маќсади тавсеаи њарчи бештари нуфузи онњо Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон Фармони таърихии худро «Дар бораи тадбирњои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа» ба имзо расониданд, ки барои боз њам фаъолтар шудани наќши занон заминаи боэътимод фароњам овард. Ќабул гаштани фармони мазкур такони бузург дар самти таќвияти сиёсати гендерї дар кишвар гардида, роњро дар масири сиёсату роњбарї барои занон дар њама соњањои њаёти љомеа кушоду фарох гардонид. Дар ин давра ба арсаи сиёсат занону бонувони сиёсатмадор, ба монанди муовинони раиси вилоят Турсуной Алимардонова, Латофат Шарипова, Руќия Ќурбонова, Њикоятмоњ Њакимова, Ситора Шерзода, Тољиннисо Мањмадова, Махфират Хидирзода, Фирўза Шарифї, раисони шањру ноњияњо ва роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї, ба монанди Каримова Раъно, Файзова Муњаббат, Шукурова Малика, Рањимзода Раъно, Зоирзода Маърифат, Давлатзода Заррина, Ќурбонзода Њилолбї, Сатторова Зебо, Назарова Тутихон, Саодатбибї Сирољева, Аслбї Наврўззода, Умеда Собирзода, Фариза Абдуллозода ва дањњо нафари дигар ворид гардиданд, ки бо нишондињандањои хуби мењнатї, сањми муносиб дар корњои ободонию созандагї ва пешрафти њама соњањои хољагии халќи вилоят сањм гузошта омадаанд. Тибќи омори расмї, аз шумораи 196 њазору 858 нафар занњои коргари вилояти Хатлон 6586 нафарашон дар вазифањои роњбарикунанда кору фаъолият мекунанд, ки нисбати соли 2018-ум 1 њазору 70 нафар (соли 2019) зиёд мебошад. Дар воњидњои кории хизматчиёни давлатии амалкунан-
да 450 воњиди кориро занон ташкил намуда, аз ин шумора 190 нафар (21,8%)-ро занону духтарони лаёќатманд дар вазифањои роњбарикунандаи хизмати давлатї ташкил медињад, ки айни замон фаъолияти босамар доранд. Аз љумла, 2 нафар занон ба њайси раисони шањру ноњияњо, 21 нафар муовинони раисони шањру ноњияњо (88%) ва 87 нафар занон (45,7%) ба њайси мудирони шуъбаю бахшњои дастгоњ, сардорон, муовинони сардорони раёсатњо ва мудирони шуъбаю бахшњои воњидњои сохтори маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, аз 155 љамоатњои шањраку дењоти шањру ноњияњои вилоят 17 нафар (10,9%) занон ба њайси раисони љамоатњои шањраку дењот, 37 нафар занон (23,8%) муовинони раисони љамоатњои шањраку дењот, 24 нафар занон (15,4%) дар вазифаи котибони љамоатњои шањраку дењот фаъолият доранд. Давлату Њукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат, ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияњои давлатї ба тасвиб расониданд, ки њар кадоми онњо љињати баланд бардоштани мавќеи занону духтарон наќши муњим доранд. Воќеияти имрўза нишон медињад, ки дањњо нафар занони боиродаи хатлонї ба њайси аъзои Њукумат ва парламент, вакилони Маљлисњои вакилони халќи вилоят ва шањру ноњияњо, роњбарони шањру ноњия ва ташкилоту муассисањои љумњуриявї, вилоятї, шањриву ноњиявї, раисони љамоатњои шањраку дењот, раисони хољагињои дењќонї фаъолият намуда истодаанд, ки ёдоварї аз кори пурмањсули онњо боиси ифтихору сарбаландии мост. Аз он љумла, 1 нафар вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 15 нафар вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, 181 зан вакили Маљлиси вакилони халќи шањру ноњияњо ва 616 нафар занон вакили Маљлиси љамоатњои шањраку дењот мебошанд. Дар вилоят 387 нафар олимон њастанд, ки аз ин 66 нафар-
ДАР МАВЗЎИ МУЊИМ
Солњои 2019-2021 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї
БОЗДИДИ 40 САФИР АЗ МАВЗЕЪЊОИ ТАМОШОБОБИ ХОВАЛИНГ
Соли 2019-ум ба ноњияи Ховалинг 30 њазору 277 нафар сайёњони дохилию хориљї ташриф овардаанд. Дар ин замина тибќи хатсайри “Корвони сафирон” 40 нафар сафирони давлатњои хориљї дар Љумњурии Тољикистон низ аз мавзеъњои зебоманзар, таърихию фарњангї дидан намуданд. Самти рушди сайёњї дар ноњияи Ховалинг љињати самаранок истифода намудани имкониятњои мављуда, муаррифї ва тарѓибу ташвиќи он ба дўстдорони сайру саёњат пайваста корњои фањмондадињиро анљом меди-
њад. Оид ба њамоњангсозии фаъолият дар соњаи сайёњї дар назди маќомоти иљроияи њоќимияти давлатии ноњияи Ховалинг љаласаи Шўрои байниидоравї гузаронида шуда, ду маркази иттилоотии сайёњї бо номњои «Сайри Мунк» дар Осорхонаи марказии ноњия ва «Роњи Абрешим» дар њостели «Сайри Мунк» ташкил карда шуданд. Бо маќсади муаррифии имкониятњои сайёњии минтаќа харитаи сайёњии ноњия тањия гардида, он дар даромадгоњи ноњия, инчунин, дар 11 мавзеи таърихию фарњангї ва
мењмонхонањо насб карда шудааст. Дар ноњия тањти унвони «Корномаи Восеъ» хатсайри нави сайёњї ташкил карда шудаст, ки он натиљаи њамкории зичи Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо Осорхонаи ќањрамони халќи тољик Восеъ буда, ба рушди сайёњї дар ин минтаќа равона шудааст. Тибќи хатсайр сайёњон аз Душанбе тавассути ноњияи Данѓара аз мавзеъњои ќалъаи «Мири Балљувон», бошишгоњи одамони асри санг дар дењаи Кўлдара, маъбади Буддои дењаи Чепол (Чепи вол), «Чил чанор», «Чашмаи Ќазон», маќбараи «Хоља Аюби Ансорї», осорхонаи марказии ноњияи Ховалинг, осорхона ва зодгоњи Восеи ќањрамон дар дењаи Дараи Мухтор, Мамнўъгоњи таърихию фарњангии Султон Увайси Ќаранї дидан намуданд. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар ноњияи Ховалинг соли 2019-ум 3 мењмонхонаи замонавї, аз љумла мењмонхонањои “Султон”, “Чилчанор” ва 1 боѓи фарњангї – фароѓатї, амфитеатр, осорхонаи ќањрамони халќи тољик - Восеъ дар Дараи Мухтори ноњия бунёд ва мавриди истифода ќарор дода шуданд. Комрон РАСУЛОВ, «Хатлон»
ро занон (17,0 фоиз) ташкил медињад. Аз љумла, 3 нафар зан доктори илм, профессор, 63 нафар зан номзади илм, аз ин 18 нафар дотсент мебошанд. Дар вилояти Хатлон љињати иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирњои баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа», дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ки зимни мулоќот бо соњибкорони ватанї 25 декабри соли 2007 баён гардида буданд, дастгирии грантї амалї карда мешавад. Ин аст, ки соли 2016 - 29 нафар, соли 2017 - 32 нафар ва дар солњои 2018-2019 - 31 нафар занони соњибкори хатлонї сазовори гранти Президенти Љумњурии Тољикистон гардиданд. Бо маќсади дастгирии иќдоми Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ќарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 “Дар бораи таъсис ва људо намудани грантњои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирї ва рушди фаъолияти соњибкории занон барои солњои 2016-2020” ќабул гардида, ба маблаѓи 250 њазор сомонї 21 гранти раиси вилоят таъсис дода шуд. Тайи солњои 2016-2019-ум 84 нафар занону бонувон соњиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд, ки аксари лоињањои онњо ба фаъолияти њунарњои мардумї, аз ќабили таъсиси сехњои чакандўзї, дўзандагї, атласу адрасбофї, гулдонбофї ва ѓайрањо нигаронида шуда, дастгирї ёфтанд. Дар натиљаи татбиќи лоињањои мазкур зиёда аз 600 нафар бо љойи кор таъмин ва 300 нафар ба касбомўзї фаро гирифта шуданд. Сокинони вилояти овозадори Хатлон бо модарону бонувони шуњратмандашон, ки соњибиззату беназир буданд, ифтихор доранд. Ягон соњае нест, ки бе њузури занон муваффаќ шуда бошад. Месазад, ки ба неруи тавоно, аќлу заковат, донишу мањорати занону бонувони хатлонї ќоил шуда, эњтиромгузор бошем. Бонувон ќодиранд, ки дар њама љабњањо сарбаланду комёб бошанд. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Имрўз терроризм ва экстремизм њамчун вабои аср ба амнияти љањон ва њар як сокини сайёра тањдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоњи ядроиро ба миён овардааст. Эмомалї РАЊМОН
Њ. ТОЛИБЗОДА, муаллими кафедраи фанњои махсуси МДТ коллељи милитсияи ВКД Љумњурии Тољикистон, лейтенанти калони милитсия
Терроризм аз зишттарин зуњуротест, ки дар љомеаи инсонї таърихи дуру дароз дорад. Аммо он дар охири асри XX дар њошияи равандњои љањонишавї босуръат ташаккул ёфта, алњол барои аксар кишварњои љањон ба яке аз хатарњои мудњиштарин табдил ёфтааст. Пешвои миллат дар суханронињояш аз минбарњои созмонњои бонуфузи байналмилалї ва минтаќавї терроризмро дар аксари минтаќањои Осиёву Африќо ва Аврупову Америка доман густурда, ба мис-
ТЕРРОРИСТ НАВКАРИ ШАЙТОН ВА ТЕРРОРИЗМ ПЕШАИ АЊРИМАНИСТ ли вабои сироятбор, њамарўза њудуди маргбори худро пањн мегардонад, мањкум намуда, аз љањониён даъват ба амал меоранд, то бар зидди он муборизаи беамон бурда шавад. Дарвоќеъ, агар ин тањдиду хатарњо ва амалњои зишти гурўњњои террористї пешгирї карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромињои сиёсиву иќтисодї ва халалдор сохтани амнияти умумибашарї гардида, фарњанги минтаќањои гуногунро коста гардонад. Тољикистон барои вокуниши сариваќтї ба тањдиду хатарњои умумиљањонї ва бањри боз њам мустањкам намудани иќтидори муносибатњои дохиливу хориљии худ тадбиру чорањои муассир меандешад. Лозим ба ёдоварист, ки мувофиќи таълимоти дини ислом ва китоби он Ќуръон куштани инсон ва рехтани хуни ноњаќ гуноњи азим аст. Чуноне ки Худованд мефармояд: «Њар инсоне, ки барќасдона инсонеро мекушад, љояш љањаннам буда, дар он љо то абад хоњад монд». Аллоњ бар ў ѓазаб ва лаънату нафрин хонда, барояш азоби азимро муќаррар мекунад (Ќуръон 4, 93). Пешвои миллат низ дар ин бора чунин иброз доштаанд: «Ислом дини таќво, инсофу адолат, сулњу амният, ахлоќи њамида ва талќингари маънавиёти воло буда, њама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканља, хушунату зўроварї ва ќатлу ѓоратро мањкум менамояд ва хилофи зуњуроти глобалии имрўза, аз ќабили терроризм ва экстремизм мебошад». Боиси таассуф аст, ки баъзан љавонони мо аз сабаби кам доштани
донишу фањмиши динї, заиф будани љањонбиниву шуури сиёсї ва њамчунин, бо сабаби рушд наёфтани худогоњї ва худшиносии миллї дар ботинашон ба доми чунин навкарони шайтон, аъзоёни гурўњњои террористї афтида, домони поки миллатро доѓдор ва њаёти рангини худу наздиконашонро тира месозанд. Моро зарур аст, ки дар раванди тарбияи шањрвандон бар он муваффаќ гардем, то дараљаи дониш, фањмиш, љањонбинї, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии њар як фардро баланд бардорем, то ин ки ба моњият ва мазмуни истиќлолият, вањдати миллї, худшиносї ва худогоњии миллї сарфањм рафта тавонем. Дар чунин њолат принсипњои љомеаи демократї, адолати иљтимої ва равандњои асосии эњёи истиќлолият ва вањдати миллї то рафт мустањкам мегардад ва гурўњњои террористї ба маќсадњои нопоки худ њељ гоњ муваффаќ нахоњанд шуд. Халќи тољик аз азал дорои таъриху фарњанги ѓанидошта мањсуб ёфта, дар ягон давру замон истиќлолият ва вањдати њељ давлатеро халалдор насохтаанд, аммо бањри пос доштани таъриху фарњанг ва њифзи истиќлолияту вањдат љонбозињо мекунанд. Аз ин рў, мо-љавононро мебояд, ки ба ваъдањои бардурўѓи хољагони хориљї дода нашавем ва чун фарзандони барўманди ниёгонамон ватани аљдодии худро лозим ояд, бо бањои љон њифз намоем.
4
ХАТЛОН
СЕШАНБЕ, 21 январи соли 2020, №7 (3243)
ДАСТОВАРД
ОДОБИ МУОШИРАТ
СУХАНИ ХУБ ХУД ГИРАД ЉОЙИ ДОРУ Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њифзи саломатии ањолї яке аз самтњои асосии сиёсати давлату Њукумат нишон дода шудааст. Дар суханронии худ Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: “Дар кишвари соњибистиќлоли мо саломатии мардум муњимтарин сарвати давлат ва љузъи таркибии њадафњои стратегии он мањсуб меёбад”. Барои расидан ба ин њадаф бояд дар раванди ислоњоти соњаи тандурустї сатњи хизматрасонии тиббї ва заминаи моддиву техникии муассисањои тандурустиро баланд бардорем. Дар ин самт Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон бо дастгирии Њукумати љумњурї корњои чашмрасеро ба сомон расонида истодааст. Таљњизонидани марказњои асосии илмию тандурустї бо таљњизоти муосир имкон дод, ки беморон барои ташхису муолиља ба мамлакатњои хориљ сафар накарда, дар ватани худ табобат ёбанд. Ѓайр аз ин, дар љумњурї шумораи марказњои тандурустии хусусї низ сол аз сол зиёд мешавад. Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон барои рушду вусъати кумаки аввалияи тиббї њам диќќати махсус медињад. Бояд гуфт, ки табиб дар баробари дониши хуби касбї бояд одоби баланди муошират низ дошта бошад ва ба корафтодагон муомилаи неку инсондўстона карда тавонад. Мавриди ёдоварист, ки табиби бадзабон на њамеша метавонад беморро табобат намояд. Яке аз олимони бузурги соњаи тибби Россия Мудров гуфтааст: «Агар баъди аз назди табиб баромадан њоли бемор бењтар нашавад, чунин табибро табиб шумурдан лозим нест». Дар урфият мегўянд, ки сухани хуб барои бемор аз баъзе доруњо волотар аст. Агар ќоидаи одоби муоширатро бо шакли муайян ифода намоем, он аз ягонагии ду тараф иборат аст: пеш аз њама ахлоќиву одобї, ки меъёрњои ахлоќиро ифода мекунад, инчунин боилтифотї (дидадарої), боадабї, табиї будан, шаъну эъти-
бори худро нигоњ доштан ва ба ќоидањои зебої, ки ба њусн ва нафосоти тарзи рафтор мутобиќ аст, амал намудан. Тарзи нигоњ доштани симои зоњирии худ, намунаи рафтор, муомила бо одамон, инчунин лањн (овоз), оњанг ва ќиёфа, ки дар гуфтугў истифода мешавад, ба тарзи услуб дохил мешавад. Ба ѓайр аз ин, ќиёфасозї, имову ишора, тарзи ист, гашт, ки ба инсон хос аст, барои риояи одоби муошират наќши муњим мебозад. Салому алейк ин шакли њурмати байнињамдигарї буда, дар њама њолат на танњо боадабї, балки мавќеи самимият, хайрхоњиро нисбати мусоњиб муайян менамояд. Ин љо на танњо бо воситаи сухан, балки бесухан, бо имову ишора бо сар таъзим намудан, бо табассум рафтор кардан ифодагари лутфу мењрубонї мебошад. Њамин тариќ, гуфтан мумкин аст, ки табибон барои табобати беморон се силоњ доранд: сухан, дору ва теѓи љарроњї (таљњизоти тиббї), ки бењтаринаш сухан аст. Зеро беморро гўш кардан ва маслињати дуруст додан, ўро барои шифоёбї омода кардан аз њама муњим мебошад. Пеш аз њама, худи бемор низ бояд барои шифо ёфтан омода ва фаъол бошад. Чуноне ки устод Лоиќ мефармояд: Табиби ман ба ѓайр аз ман касе нест, Њабиби ман ба ѓайр аз ман касе нест. Ман аз ин умрфарсої бидонам, Раќиби ман ба ѓайр аз ман касе нест. Бо сухани нек неруи инсонро пурќудрат, тавоно кардан мумкин аст. Чунин мањоратро њар як табиб бояд доро бошад. Бењуда нагуфтаанд, ки тиб танњо илм нест, балки он санъат њам њаст. Дар њаќиќат, наќши сухан дар табобат беназир аст. Ваќте бемор барои табобат ба назди табиб меояд, ў ба умеде ќадам ранља менамояд, то шифо ёбад ва мушкилиаш осон гардад. Табибе, ки ба ин боварї сазовор мегардад, шахси барўманду боэњтироми љомеа аст. Њ. ХУДОЙБЕРДИЕВ, директори Маркази ташаккули тарзи њаёти солими вилояти Хатлон
ОМЎЗГОРИ ЉАВОН ВА МУШКИЛОТИ ТАЪЛИМ Раванди таълим асоси пешрафту инкишоф додани сатњи саводнокии хонандагон мебошад. Он дар њоле, ба хонанда љолибу шавќманд мешавад, ки муаллим вобаста ба касби худ дониши комил дошта бошад. Омўзгорї касби пуршараф, аммо серталаб ва нозукињои бисёр дорад. Бархе аз омўзгорони љавон, ки баъди хатми донишгоњ ба муассиса ворид мешаванд, дар раванди таълим ба бисёр душворињо рў ба рў мешаванд. Ин гуна нуќсонњоро метавон ба чунин сабабњо аз љониби роњбарият ва муовинони муассиса шуморид: - хатогие, ки аз тарафи роњбарияти муассиса содир мешавад, ин носанљида ба кор ќабул намудани омўзгорони камтаљриба ё бетаљриба мебошад; - њамкории сусти омўзгори ботаљриба ба омўзгори љавон;
- назорат ва тањлилу баррасї накардани дарси омўзгорони љавон, ёрии методї нарасонидан ба онњо; - бо роњи ёрии методї њавасманд нагардонидани омўзгори љавон аз љониби роњбарият ва муовинони муассиса; - ба љои ёрии методї, танќиду мазаммат ва паст задани омўзгорони љавон аз тарафи роњбарияти муассиса ва њоказо. Албатта, ин камбудиву норасоињо метавонад омўзгори љавонро ба дилшикастагї нисбат ба касби омўзгорї ва коњиш ёфтани сатњи дониши хонандагон оварда расонад. Аз ин рў, роњбари муассиса вазифадор аст, ки ба камбудињои дар боло зикршуда беањамиятї зоњир нанамояд. Њолатњое њам мушоњида мешаванд, ки баъзе омўзгорони ботаљриба нисбат ба омўзгорони љавон њисси бадбинї пайдо
ЗАБОНЊОИ ХОРИЉЇ МЕОМЎЗАНД “Имрўз Тољикистон дар доираи сиёсати хориљии худ сиёсати “дарњои кушода”-ро пеш гирифтааст ва бо 160 давлати љањон робитањои дипломатї дорад. Ин воќеият миёни насли оянда таблиѓи забондониро талаб менамояд” Эмомалї РАЊМОН Љавонони бананги мо аз њидоятњои Пешвои миллат рўњбаланд шуда, барои такмилу рушди забондонї сањми худро гузошта истодаанд. Њамза Ќурбонов аз зумраи он љавононест, ки аз хурдї ба забонњои хориљї шавќи бемисл дошт. “Ман аз даврони мактабї ба омўхтани забонњои хориљї, аз љумла ба забони англисї шавќу њаваси зиёд доштам”,-мегўяд Њамза. Ў баъди як соли хатми муассисаи тањсилоти миёнаи умумї њуљљатњояшро ба факултети забонњои хориљии ДДБ ба номи Носири Хусрав супорида, сазовори номи донишљў гардид. Дар солњои аввали дар донишгоњ тањсил карданаш бештар китобњои англисї мутолиа менамуд, дар ваќтњои холигї филмњои англисї тамошо мекард, инчунин ба дарсњои иловагї мерафт. Кўшишу талошњояш самар овард. Ўро соли 2015 ба њайси омўзгор дар МТМУ
10-и шањри Бохтар ба кор ќабул карданд. Дар муассиса тўли се сол фаъолият намуда, њамчунин ба тарљумонї машѓул шуд. Њамзамон, ўро соли 2014 ба Маркази таълимии “Љањони мо” дар шањри Бохтар ба сифати волонтёр (ихтиёриён) ќабул карданд. Дар ин љо фаъолияти хуб нишон дода, солњои 2014-2016 волонтёри бењтарини сол шуд. Барои фаъолияти пурсамараш соли 2019 вазифаи муовини директори Маркази таълимии “Љањони мо”-ро ба уњдааш вогузоштанд. Дар охири суњбат Њамза Ќурбонов чунин изњор дошт: “Забон донї, љањон донї” гуфтаанд. Имрўзњо љавонон ба забономўзї таваљљуњи бештар доранд. Аз ин рў, дар оянда њамчун мутахассисони хуб ба камол расида, ифтихори Тољикистони азиз хоњанд шуд.
ТАЪЗИЯ
Фирдавс УМАРОВ, коромўзи «Хатлон»
Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон нисбати даргузашти собиќадори мењнат ЧИЛЛАХОН ИСОЕВ андўњгин буда, ба наздикону хешовандони марњум аз даргоњи Худованди карим сабри љамил хоњонанд.
«ХАТЛОН»
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
Соли сипаришударо Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон, чун дигар соњањои хољагии халќи вилоят, бо ташкили кори пурсамар, афзун намудани дастовардњо ва ба роњ мондани фаъолияти самарабахш, бањри рушду пешрафти кишвари мањбубамон љамъбаст намуд. Дар ин давра Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят ва кумитањои соњавии иттифоќњои касаба љињати њифзи њуќуќу манфиатњои мењнаткашон ва муњайё намудани шароити хубу мењнати боровари ањли зањмат фаъолияти шоистаро ба роњ монданд. Дар ин љода наќши моњномаи «Иттифоќ»-нашрияи Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон низ назаррас аст. Муддати ду сол аст, ки моњнома дар фазои иттилоотии кишвар чун воситаи ахбори соњавї љињати расонидани иттилооти соњавї, нашри санадњои меъёрии њуќуќї ва ба ин васила мукаммал намудани маърифати њуќуќии мењнаткашон рисолати худро то андозае иљро намуда истодааст. Моњнома шурўъ аз моњи декабри соли 2017 ба нашр расида, дар ин давра дар фазои иттилоотии вилоят чун воситаи ахбори соњавї мавќеи худро пайдо намуд. Дар соли сипаригардида 12 шумораи моњнома ба дасти хонандагонаш расида, дар он матолиби зиёде чоп шуданд, ки дар ѓановати маънавию њуќуќии ањли мењнат
карда, бо доштани маълумоти олии онњо ањамият намедињанд ва илова бар ин, онњоро ба зери танќид ќарор медињанд. Ягона роњи дастгирии омўзгорони љавон ёрии методї расонидан ба онњо ва муомилаву муоширати хуб кардан дар байни коллективи омўзгорон аст. Дар ин маврид омўзгори љавон ба рўњияи баланд ва дўстдории касб аз пайи таълиму тарбия шаванд. Њамагон огањ њастанд, ки раванди таълим рўз то рўз гуногун ва бо шаклу усулњои нав ба роњ монда мешавад. Аз ин рў, омўзгорони љавонро мебояд љўянда бошанд, ба сатњу сифати таълим диќќати љиддї дињанд ва дар фаъолияти худ дигаргунї ворид намоянд. Дар ин маврид бузургон гуфтаанд: “Муаллим то он ваќте ки зинда аст, мутолиа мекунад, њангоме ки аз хондан бозмонд, симои муаллимии ў аз байн меравад”. Исмоил НУРАЛИЕВ, омўзгори МТМУ №9-и ноњияи Шањритуз
КУМАК
МАВОДИ ЃИЗОЇ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ Аз љониби њунармандони Муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнї ба мактаб-интернати љумњуриявї барои кўдакони ятими ноњияи Ёвон маводи ѓизої, аз љумла орд, равѓан, шакар, макарон дастрас карда шуд. Тарбиятгирандагони мактаб-интернат, ки 177 нафарро ташкил медињанд ба кумаку дастгирии мардуми саховатпеша ниёз доранд, аз дастуру њидоятњо ва ѓамхории доимии Президенти мамлакат нисбат ба табаќањои ниёзманди ањолї хушњоланд. Роњбари давлат дар њамаи паёмњояшон аёдати шахсони яккаву танњо, табаќаи ниёзманди љомеа, ѓамхорї нисбат ба ятимону бепарасторонро аз фазилатњои неки инсонї унвон карда, масъулини маќомоти мањаллї, корхонаву ташкилот ва шахсони саховатпешаро бањри анљоми кори хайру савоб њидоят менамоянд. Онњо ба Пешвои миллат, шахсони хайрхоњу саховатманд, хусусан, ба ањли њунари Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнї, ки ба онњо мунтазам кумак мерасонанд, арзи сипос карданд. Пас аз таќдими туњфањо ба хотири болидарўњии тарбиятгирандагон аз љониби ањли њунари театр барномаи хуби фарњангї манзур гардид. Б. КОМРОН, «Хатлон» Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
«ИТТИФОЌ» ЉОМЕАРО БА ИТТИФОЌ МЕОРАД ва њалли мушкилоти эшон мусоидат намудааст. Инро метавон аз афзудани теъдоди маводњои ба моњнома воридшаванда ва мурољиатњои шифоњию телефонии мардум ба «Гўшаи њуќуќї»-и моњнома, ки дар њар шумораи моњнома ба табъ мерасад, натиљагирї кард. Њамчунин, дар моњномаи «Иттифоќ» матолиби зиёде оид ба њамовозї ба Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, солњои 2018-2028 Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї, мубориза бо терроризму экстремизм, маводњои таълимию методї ва ѓайрањо ба табъ расидаанд. Дар баробари ин маводњои публитсистї, шеъру лавња оид ба фаъолияти иттифоќњои касаба ва гўшаи анъанавии њуќуќї ба табъ расидаанд, ки, бешубња, дар ѓановати иттилоотї ва маънавии кулли хонандагони моњнома наќши арзанда доранд. Ба ифтихори Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, «Рўзи Президенти Љумњурии Тољикистон», «Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон» ва
“Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон”, “Рўзи энергетикњои Тољикистон” маводњо дарљ гардидаанд, ки бањри ѓановати маънавї ва сайќал ёфтани мањорати касбии хонандагони моњнома, бахусус, кормандони иттифоќњои касаба аз манфиат холї нестанд. Ќайд кардан ба маврид аст, ки эълон гардидани озмуни “Бењтарин маќола, очерк, маводњои публитсистї ва шеъру лавња, оид ба фаъолияти иттифоќњои касаба” навгонии самарабахше дар роњи эљодкорї гардида, ба пешрафти кори моњнома, тањия ва нашри маводњои љолибу хонданї мусоидат намуд. Дар ин давра маводњои зиёде тањти рубрикаи “Ба озмун” ба идораи нашрия ворид гардиданд ва мо интихобан беш аз њашт матлаби рўзноманигоронро чоп кардем, ки дар онњо њаёти иттифоќњои касаба, таърихи фаъолияти иттифоќњои касаба, фаъолияти шахсиятњои алоњида ва кору пайкори онњо бо камоли истеъдод ба ќалам дода шудаанд, ки бешубња, дар тарбияи маънавии мардум сањми арзанда мегузоранд. Дар робита ба фаъолияти яксола сипос ва миннатдории ањли ќалами моњномаи “Иттифоќ”-ро ба раиси Шўрои
иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиќ Шариф љињати кумаку дастгирињои пайвастаашон дар нашри моњнома, раисони кумитањои соњавии иттифоќњои касаба, бахусус, мухбирони фаъоли моњнома, ёрдамчии раиси Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон Њабибулло Рањматов, раиси Шўрои иттифоќњои касабаи шањри Кўлоб Исмон Хушвахтов ва раиси Шўрои њамоњангсози иттифоќњои касабаи ноњияи Восеъ Њикматулло Њамидов баён менамоем. Итминон дорем, ки ин њамкорињо минбаъд низ густариш хоњанд ёфт. Мо - ањли ќалами моњномаи «Иттифоќ» солњои оянда низ фаъолиятамонро самарабахш ба роњ монда, кўшиш ба харљ медињем, ки маводњои љолибу хонданї тањия намуда, ба хонанда иттилооти сариваќтї ва наву тоза расонем. Дар ин замина, боварї дорем, ки хонандагон ва алоќамандони моњномаи «Иттифоќ» низ бо мо њамкориро вусъат дода, барои чопи мавзўъњои муњиму дархўри давр маќолањои љолиб ва хабару гузоришњо манзур менамоянд. Рањмоналї ДАВЛАТОВ, муњаррири моњномаи «Иттифоќ»
БЕМОРХОНА СОЊИБИ ТАЉЊИЗОТ ШУД Норасоии таљњизот ва харобии бинои беморхонаи марказии ноњияи Вахш солњо боз табибони беморхонаро нигарон намуда буд. Дар арафаи Соли нави 2020 бинои беморхона таъмир шуда, таљњизоти муосири тиббї ба он ворид гардид, ки ин кори табибонро осон кард. Ба иттилои сардухтури беморхонаи марказии ноњия Абдувалї Ќурбонов беморхона бо харљи 800 њазор сомонї бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ва соњибкорон таъмир гардида, бо дастгирии Вазо-
рати тандурустї ва њифзи иљтимоии Љумњурии Тољикистон бо харљи 76 њазор сомонї беш аз дањ намуд таљњизот ва мошини ёрии таъљилї туњфа карда шуд. -Баъди таъмир ва ворид намудани таљњизоти муосири тиббї шароити хизматрасонии тиббї ба беморон хеле бењтар гардид, - афзуд Абдувалї Ќурбонов. Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»
ПОДОШИ АМАЛ
ЉАЗОИ МАРДИ ФОСИЌ Як сокини ноњияи Ќубодиён бо љурми хатари сироят намудани шахси дигар бо вируси норасоии масунияти одам ба муддати як сол равонаи зиндон шуд. Мутобиќи санади тасдиќшудаи азназаргузаронии тиббї дар хуни мавсуф вируси норасоии масунияти одам дарёфт шудааст. Дар ин бора раисикунандаи мурофиаи мазкур судяи Суди ноњияи Ќубодиён Назариён Абдурањим иттилоъ дод. Бинобар маълумоти манбаъ, гарчанде ки ба судшаванда вараќаи огоњнома оид ба шахси дигар насупоридани хун, истифодаи сўзандоруи умумї ва худдорї аз робитаи љинсї бидуни воситањои пешгирї фањмонида шуда бошад њам, номбурда дидаю дониста бо се зани ин ноњия бидуни рифола алоќаи љинсї намуда, онњоро тањти хавфи сироятёбї ба ВНМО гузоштааст.
- Дар рафти мурофиа судшаванда худро бо айби нисбаташ эълонгардида гунањгор дониста, аз кирдори содирнамудааш изњори пушаймонї кард. Гунањгор ќаблан бо моддаи 244 ќисми 2 банди «в» Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон гунањгор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и мазкур ба муддати як сол аз озодї мањрум гардида буд. Муњлати назоратї нагузашта, номбурда боз љиноят содир намуд. Дар асоси моддаи 125 ќисми 1 гунањгор дониста шуда, ба ў љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати як сол бо нигоњ доштан дар колонияњои ислоњии низомаш сахт таъйин карда шуд,- гуфт дар ин бора судяи Суди ноњияи Ќўбодиён Назариён Абдурањим. Њасан АБДУРАЊИМЗОДА, «Хатлон»
Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои холии зерин
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД Дастгоњ: - мутахассиси пешбари шуъбаи њисобдории марказонидашуда 1 љой. Маоши мансабї 846 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар ноњияи Вахш: - сармутахассис 1 љой. Маоши мансабї 936 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї.
Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар шањри Бохтар: - мутахассис 1 љой. Маоши мансабї 660 сомонї, иловапулї барои собиќаи хизмати давлатї аз рўи љадвали ягонаи тарифї. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: шањри Бохтар, кўчаи «Дўстии халќњо» 28А Сомонаи Раёсат: www.asinkhatlon.tj Телефон: (83222) 2- 46-77, 2-05-10.
ЭЪТИБОР НАДОРАД
Патенти гумшудаи РЯМ 3530036868, РМА 355275288, ки онро Нозироти андози ноњияи Абдурањмони Љомї ба Њасанов Фазлиддин Амридинович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №420, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1976 МТМУ №49-и собиќ ноњияи Коммунистї (њозира МТМУ №15-и шањри Бохтар) ба Ширинов Абдурањим Ёракович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №640491, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1979 МТМУ №49-и собиќ ноњияи Коммунистї (њозира МТМУ №15-и шањри Бохтар) ба Додов Неъматулло Саидаминович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи АБ №012668, ки онро соли 1997 МТМУ №4-и шањри Левакант ба Исмоилов Рауфљон Холматович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи А №253073, дар бораи хатми синфи 11, ки онро соли 1996 МТМУ №6-и шањри Бохтар ба Ашурова Хикоятхон Хасановна (њозира Мамашарипова Њикоятхон Њасановна) додааст, эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Комрони БАХТИЁР Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 21.01.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10400 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муњосибот: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896