Иди Ќурбон муборак, њамдиёрони азиз!
ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №31 (3168)
Душанбе, 20 августи соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
ДАР РЎЗИ ИДИ ЌУРБОН БЕШТАР БА НЕКИЮ АЪМОЛИ ХАЙРУ САВОБ ТАВАЉЉУЊ КУНЕМ Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї РАЊМОН оид ба фазилатњои иди Ќурбон ва амалњои хайру савоб ми он ба дилњои мардум нури маърифату муњаббати илоњї ворид гардида, торикї ва кинаву кудурат аз онњо берун меояд. * * * Дини мубини ислом ва динњои љањонї иљро ва риояи онро аз вољиботи имонї ва инсонии пайравонашон эътироф кардаанд. Дастгирии ниёзмандон, махсусан ятимон, аз ормонњо ва вазифањои динї буда, ба сарпарастї ќабул намудани онњо шараф ва савоби бузургро доро мебошад. Худованд ба воситаи расули худ ба чунин сарпарастон башорат медињад: «Касе, ки ятими худї ва бегонаро сарпарастї намояд, ману ў монанди ин ду дар бињишт мебошем. «Ќуръон»-и карим дар ояти 60-уми сураи «Тавба» додани садаќаро асосан ба фаќирон, мискинон ва ќарздорону мусофирон љоиз донистааст. Ањодиси набавї садаќаи фитрро барои камбаѓалону муњтољон ва ятимону барљомондагон муќаррар кардааст.
Воќеан, муъминон дар ин рўзи шариф ба даргоњи Худои таоло босадоќату фидокорї ва ибодату парњезгорї барои покизагї ва назофати љисму рўњ мунољот менамоянд, зеро моњияти аслии иди Ќурбон-наздикї љустан ба зоти бењамто ва якто мебошад. Ин амр имкон медињад, ки инсон зоњиру ботини худро покиза гардонад ва барои иљрои фармудањои Худованди мутаол, аз ќабили омўхтани илму дониш, эњсону саховатмандї, некиву накукорї, ростиву адолат, рањму шафќат, тарѓиби ахлоќи њамида ва дигар корњои хайру савоб кўшишу талош намояд. * * * Дар рўзњои иди мубораки Ќурбон мардуми мо одати неке доранд, ки бо дили поку нияти холис ба хонаи якдигар мераванд ва њамдигарро табрик мегўянд. Инчунин, тарк
кардани буѓзу кина, дастгирї ва мењрубонї кардан ба ятимону маъюбон, мискинону бенавоён, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу табор, изњори њамдардї ба азодорон ва хайру эњсон намудан ба дармондагону ниёзмандон аз љумлаи бењтарин фазилатњои ин иди саид аст. Изњори итминон менамоям, ки мардуми мусулмони мо њангоми адои намози ид барои сулњу суботи кишварамон, ободиву осоиши мулкамон, то абад пойдор мондани вањдати миллиамон ва пешрафти давлати соњибистиќлоламон ба даргоњи Худои яккаву ягона сидќан дуо мекунанд. * * * Идњои Фитру Ќурбон яке аз маросимњои пурфайзи маънавие мебошанд, ки дар айё-
* * * Яке аз самтњои муњими сиёсати иљтимоии Њукумати Тољикистон њифзу дастгирии табаќањои ниёзманди мамлакат мебошад. Аз ин рў, мо бояд аз таќдиру ќисмат ва љараёни зиндагии шахсони барљомонда, маризону бепарасторон ва хусусан фарзандони нуќсонњои љисмонидошта, дар канор набошем ва нагузорем, ки онњо дар љомеа худро танњо эњсос кунанд. Чунки рањму шафќат, сила кардани сари ятимону ранљурон, дастгирии барљомондагон ва нигоњубини маъюбон хислати азалии мардуми тољик мањсуб ёфта, аз фарњанги пурѓановату эътирофшудаи миллати мо сарчашма мегиранд. * * * Фарди мусулмон бо шукронаи зиндагии орому осуда бояд њар рўз як амали солењу шоистаро ба анљом расонад, то ин ки иљрои амалњои хайру савоб, аз ќабили хайру эњсон ба њољатмандон, дасти ёрї дароз кардан ба муњтољон, хурсанд кардани ятимону маъюбон, кумак кардан ба дармондагон ва баро-
вардани њољати ниёзмандон фарогири њамаи табаќањои љомеаи мо гардад. Њар як инсони савобљў, агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти љисму рўњи хеш хайри худро ба бародарону хоњарон, хешу таборони наздики ниёзманд, њамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муњтољон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад. * * * Дар рўзи иди Ќурбон низ мо бояд ба зиёдаравї роњ надода, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муњтољону камбизоатњо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваљљуњ зоњир намоем. * * * Бузургтарин савоб дар рисолати ислом хайру саховат ва олињимматист. Бузургони мо бењуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати њаљљи акбар њам зиёдтар аст. Ин хайру саховат ва мењрубонї ба ятимону дармондагон, ки дар рўзњои ид чашми умед сўйи мову шумо дўхтаанд, ќарзи инсонї ва исломии њар фарди худољўй ва инсондўст аст. * * * Љавњари аслии тарбиявї ва ахлоќии иди Ќурбон дар изњори фурўтаниву хоксорї, самимияту садоќат ба Худо ва бандагони вай, ростќавливу иродатмандї дар эътиќод ва рафтору гуфтор ифода меёбад. Хотирнишон месозам, ки шукронаи соњибдавлативу соњибихтиёриро ба љо овардан, сулњу оромї ва суботи сиёсии кишварамонро боз њам тањкиму таќвият бахшидан, ватанро сидќан дўст доштан ва барои ободиву пешрафти он содиќона зањмат кашидан низ рисолат ва вазифаи имониву инсонии њар яки мост. Фаромўш набояд кард, ки дўст доштани ватан шарти имондории мост.
Ба истиќболи 30-солагии истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон
ХИШТИ АВВАЛ МОНД САРВАР, МАМЛАКАТ ОБОД ГАШТ ...Соли 1992 душманони давлати тозаистиќлоли тољикон тавонистанд байни тољикон низоъ андохта, ба сар задани љанги шањрвандї сабаб гарданд. Таърих ёд надорад, ки тољик дар кадом асре тољиккушї карда бошад. Ба аќли инсонї рост намеояд, ки як миллат миллати худашро тањќир карда, бо сабабе худкушї кунанд. Дар пойтахти кишвар-шањри Душанбе гирдињамоии майдонњои “Шањидон” ва “Озодї” барњам хўрда бошанд њам, он дар баъзе манотиќ, хусусан дар собиќ вилояти Ќўрѓонтеппа, идома ёфт. Вазъият рўз аз рўз мураккабтар гашта, бо вуљуди баъзе кўшишњо барои сулњ бўйи љанг меомад. Силсилаи мулоќотњо, ки байни гурўњњои муќобил дар шањри Ќўрѓонтеппа баргузор мешуд, натиља намебахшид. Сухан дигару амал дигар буд. Дар баъзе мулоќот гўё созиш ба амал меомад, дар амал онро гурўњњои силоњбадаст ќабул надоштанд. Њатто баъди баъзе мулоќотњои тарафњо ба љойи созиш амалиётњои њарбї шиддат гирифта, садњо љавонони бегуноњ ба шањодат мерасид. Водии овозадори Вахш, ки онро водии тиллої меномиданд, ба водии љангу љидол табдил ёфта буд. Дар давраи тирамоњу замистони солњои 1992-1993 ќариб чорсад њазор нафар гурезањо дарёи Омуро убур карда, ба њайси гуреза ба Давлати Исломии Афѓонистон гузаштанд. Дар хаймањои сарду то-
рик ѓарибафтодањои тољик хору зор талхии ѓарибиро чашида, аз Худои мутаол илтиљо мекарданд, ки ба онњо рањму шафќат карда, рўзњои некро насибашон гардонад. Њама хоњиши ба ватан, ба хоки поки аљдодї баргаштан доштанд. Тамоми гурезањо аз он сўи Ому ба сўи ватан нигоњи пурмењр доштанд, аз Худованд илтиљо доштанд, ки Тољикистони азизро дубора бинанд, аз боду њавои љонбахшаш нафаси озод кашанд, бе ѓаму њасрат сухан бигўянд. Нињоят, субњи шодї дамид, рўзњои неку умедбахш фаро расид. Њамаи гурезањо барномањои радиои Тољикистонро гўш карда, хабари хушеро, ки дер боз интизор буданд, шуниданд. 16 ноябри соли 1992 дар шањри Хуљанди бостонї Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон барпо гардид. Тамоми ањолии кишвар, пиру барно, тољикони бурунмарзї умед ба ин Иљлосия доштанд, то дар ватан якдигарфањмї, сулњу вањдат пойдор гардида, ба амалиётњои њарбї, хунрезињо хотима дода шавад. Муждаи нек дар аќсои олам пањн гардид, фарзанди фарзонаи миллат, љавонмарди љасуру тавоно ва ба ќавлаш устувор Эмомалї Рањмон Сарвари давлат, Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоб шуд. Бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон давлати мустаќил ва
соњибистиќлоламон дар роњи истиќлолият ќадамњои мушкил, вале аввалини худро гузошта, зина ба зина рушд ёфт. Вале халќи азизу муътабари мо гузаштаи начандон дур, он рўзњои сангину мураккаб ва таќдирсози миллатро њаргиз фаромўш намекунанд. Имрўз тамошои шањру дењоти бошукўњу дилпазир, биноњои хуштарњу зебои замонавї, кўчаю хиёбонњои гулбасар ба бинанда олам-олам шодию нишот мебахшад. Љавонони љасуру љавонмардони бонангу номуси диёр барои ин рўзњои фарањфазою осоишта басо љонбозињо карда, њазорњо нафар дар ин роњ љон бохтаанд. Эмомалї Рањмон, Пешвои дўстдоштаи миллат дар сулњофарии тољикон сањми арзанда дошта, бо зањмату талошњои бевоситаи ў мо ба дастоварди беназир - сулњи байни тољикон соњиб шудем, ки ин таљриба дар олам бебањост. Оламиён ин таљрибаи арзишмандро барои ба эътидол овардани вазъият дар мамлакати худ акнун истифода мебаранд... Иљлосия иљлосияи оштї, бахшиши гуноњњои якдигар, кўшиш барои сулњу осоиши саросари кишвар буд. Тадбирњои судбахш имкон дод кори корхонањо мураттаб ба роњ монда, беш аз миллион нафар фирориён ба љойи зисти аввалаи худ баргашта, ба кори пурмањсули љамъиятї машѓул шаванд. Ќавми мо аз бофарњангтарин
мардуми гетї буда, ниёгонамон думболаи фурўѓи хуршед гирифта, гом ба сањнаи таърих гузошта, доро ба ному маќом, мазалат будаанд. Имрўз Тољикистони азизи мо давлати зебо, рушдёбандаву пешрафтааст, ки аз дарёчаи хурди кўњї ба уќёнуси бузург, аз давлати хурд ба љањони бузург роњ ёфта, дар пешнињоду њалли масъалањои љањонї ќатори давлатњои бузург дар Созмони Миллали Муттањид мавќеи хос дорад. Њар як тољику тољикистонї медонад: сулњофарї њам њунар аст, мањорату љасорат, мардонагї мехоњад. Њар як тољику тољикистонї њис мекунад, ки фарзанди фарзона ва содиќ, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон дар лањзаи мушкилтарин, ки тамоми манотиќи кишварро оташи љанги оламсўз фаро гирифта буд, бо истеъдоди фавќулода, љањду талошњои пайваста сулњ овард, ки њар як тољику тољикистонї орзуи онро дошт. Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон дар яке аз суханронињояш ба Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Тољикистон ишора намуда, гуфтааст: “Ба назари аввал иљрои наќшањое, ки дар он иљлосияи таърихї ба хотири оштии миллї ва таъмини сулњи деринтизор кашида шуданд, ѓайриимкон менамуд. Зеро њанўз оташи љанг аланга мезад ва кишвар харобазор
21 АВГУСТ-ТАЉЛИЛИ ИДИ ЌУРБОН Тибќи иттилои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон иди саиди Ќурбон дар Тољикистон санаи 21-уми август таљлил карда мешавад.
Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон Саидмукаррам Абдуќодирзода њозиринро ба муносибати љашни дарпешистодаи иди саиди Ќурбон табрику тањният гуфта, изњор дошт, ки мувофиќи далелњои илмї ва дар асоси хулосаи олимони
Институти астрофизикаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Иди саиди Ќурбон дар кишвар ба рўзи 21-уми август рост меояд. Тибќи ќарор 21-уми август соати 6:30-и субњ дар тамоми масљидњои љомеи мамлакат намози Иди саиди Ќурбон баргузор мегардад.
гашта, садњо њазор шањрвандони мо дур аз ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторњои асосии њокимияти давлатї пурра фалаљ гардида буданд. Бо вуљуди њамаи ин, шуълаи умед дар дилам лањзае хомўш намешуд. Ман ба рањми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халќам бовар доштам ва њамеша ба неруњои солим ва рўњи сулњхоњонаи миллати тољик такя менамудам. Аз ин лињоз, дар ин лањзањои таърихї бори дигар дар назди халќи куњанбунёду солори тољик сари таъзим фуруд меорам”. Бо сарварии ин Роњбари хирадманд ва соњибистеъдод Тољикистони азизи мо рўз аз рўз симои худро дигар карда, пуршукўњтар, фарањбахштар ва дилкаштар мегардад. Њар сол ба садњо иншоотњо дар њудуди кишвар Сарвари давлат хишти аввал мегузорад. Шоир дар ин боб фармудааст: Хишти аввал монд сарвар, мамлакат обод гашт, Ќасрњову кўшкњои нав ба нав бунёд гашт. Бо сарварии Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зебодиёри мо-Тољикистон имрўз бо хуштарњу зебої зеби дунё шуда, њазорњо хориљиёну сайёњон аз тамошои он њаловат мебаранд. Б. САЙДАЛИЕВ
Бояд ёдовар шуд, дар остонаи иди саиди Ќурбон аз тарафи Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикисон ба сокинони кишвар таъкид шуд, ки муќаррароти ќонуни танзими расму оинњоро риоя намоянд. Њамчунин, барои дастурхонњои пурхарљ ва риоя накардани меъёрњои ќонун љарима пешбинї гардидааст.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
Дар бораи тадбирњои таќвият бахшидани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатї, кормандони муассисаю ташкилотњои буљетї, андозаи нафаќа ва стипендия Бо маќсади баланд бардоштани сатњи некуањволї ва таъмини њифзи иљтимоии ањолї, мутобиќи моддањои 147 ва 149 Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон, моддаи 36 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизмати давлатї», моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон», моддаи 12 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафаќањои суѓуртавї ва давлатї» ва моддаи 49 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќањои хизматчиёни њарбї» фармон медињам: 1. Аз 1 сентябри соли 2018: - маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисањои соњањои маориф, илм, фарњанг, њифзи иљтимої, соњањои воќеии иќтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилотњое, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд, инчунин муассисаю ташкилотњое, ки музди мењнаташон ба музди мењнати хизматчиёни давлатї баробар карда шудаанд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад; - маоши вазифавии кормандони муассисањои соњаи тандурустї, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавї барои њисоб намудани маоши вазифавии кормандони соњаи тандурустї ба маблаѓи 265 сомонї муќаррар карда шавад; - андозаи маоши заминавї њамчун асоси коэффитсиентњои тарифї барои хизматчиёни давлатии мансабњои маъмурии категорияњои олї, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии маќомоти идораи давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот дар њаљми 540 сомонї ва барои мансабњои маъмурии категорияњои панљум, шашум, њафтуми хизмати давлатии маќомоти зикргардида дар њаљми 600 сомонї муќаррар карда шавад; - маоши вазифавии кормандони њайати техникї ва хизматрасони маќомоти идораи давлатї, маќомоти судї ва прокуратура, мудофиа, маќомоти њифзи њуќуќ, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї, маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ки аз њисоби буљети давлатї маблаѓгузорї мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад; - маоши вазифавии (меъёрњои тарифї) хизматчиёни њарбї, њайати шахсии ќаторї ва роњбарикунандаи маќомоти корњои дохилї, маќомоти прокуратура ва дигар маќомоти њифзи њуќуќ ба андозаи 10 фоиз зиёд карда шавад; - маоши заминавї љињати њисоб намудани коэффитсиентњо барои рутбањои њарбии хизматчиёни њарбї ва махсуси кормандони маќомоти њифзи њуќуќ аз рутбаи ќаторї то лейтенант 600 сомонї ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 540 сомонї муќаррар карда шавад; - андозаи стипендияњои амалкунандаи донишљўёни муассисањои тањсилоти олї ва миёнаи касбї (ба ѓайр аз курсантњои муассисањои олии њарбї ва Академияи Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад; - андозаи њадди аќалли нафаќа аз рўи синну сол ва нафаќаи заминавї 15,4 фоиз ва андозаи њадди нињоии нафаќаи мењнатї аз рўи синну сол 13,5 фоиз зиёд карда шуда, мутаносибан ба андозаи 180 сомонї ва 850 сомонї муќаррар карда шаванд; - андозаи нафаќањои мењнатии амалкунандаи нафаќагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хољагињои дењќонї), ба андозаи 30 фоизи њадди аќалли нафаќа аз рўи синну сол зиёд карда шаванд; - андозаи нафаќањои иљтимої аз рўи синну сол (ба ѓайр аз модароне, ки дањ фарзанд таваллуд намуда, онњоро то синни њаштсолагї тарбия намудаанд), аз рўи маъюбї барои маъюбони гурўњњои II ва III (ба ѓайр аз маъюбони гурўњи II аз овони кўдакї) ва барои мањрум шудан аз саробон, ки мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини нафаќаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон» таъйин гардидаанд, 60 фоизи њадди аќалли нафаќа аз рўи синну сол муќаррар карда шавад; - ќисми суѓуртавии нафаќањои суѓуртавии то 1 январи соли 2018 таъйингардидаи нафаќагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хољагињои дењќонї) ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда шаванд; - сармояи шартии нафаќавии шахсони суѓурташуда барои соли 2017 ба андозаи 6,7 фоиз индексатсия карда шавад. 2. Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї: - дар амал татбиќ намудани фармони мазкурро дар соли 2018 аз њисоби маблаѓњои дар буљети давлатии Љумњурии Тољикистон барои маблаѓгузории фонди музди мењнат ва таъминоти нафаќа пешбинишуда, маблаѓњои баќияи озод, иљрои барзиёди даромади буљетњои љумњуриявї, мањаллї ва суѓуртаи иљтимої ва нафаќа, инчунин аз њисоби сарфаи дигар моддањои харољот ва маблаѓњои махсуси муассисаю ташкилотњои буљетї таъмин намоянд; - дар муњлати як моњ ќарорњои худро ба фармони мазкур мутобиќ намоянд; - њисобкунии музди миёнаи мењнатро барои пардохти рухсатињои мењнатї, кумакпулї дар ваќти аз кор рафтан, кумакпулї барои корношоямии муваќќатї ва дигар њолатњое, ки ба пардохти музди миёнаи мењнат алоќаманданд (ба ѓайр аз нафаќа) мутобиќи Ќоидањои њисобкунии музди миёнаи мењнат барои пардохти рухсатињои мењнатї, кумакпулї дар ваќти аз кор рафтан, кумакпулї барои корношоямии муваќќатї ва дигар њолатњое, ки ба пардохти музди миёнаи мењнат алоќаманданд, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиќ шудаанд, амалї намоянд. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ш. Душанбе 14 августи соли 2018 №1084
омодагї ба маъракаи БАРЎЙХАТГИРИИ АЊОЛЇ
Дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Љалолиддини Балхї љаласаи комиссияи барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили вилояти Хатлон доир гашт. Љамъомадро муовини раиси вилоят, њамзамон раиси комиссияи барўйхатгирї ва фонди манзили вилоят Раљабалї Раљабов кушода, оид ба омодагии њамаљониба ба ин маъракаи муњим андеша ронда таъкид дошт, ки супоришњои протоколии љаласаи пешина њатмист. Зеро омодагии њамаљониба, аз љумла харитасозї, номгузорию раќамгузории кўчањо ва хонањои иќоматию биноњои хизматї яке аз тадбирњои асосии барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил мебошад.
Њозирин гузориши муовини раиси комиссия, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон Давлатзода Зарина Дилмуродро шуниданд. Номбурда доир ба рафти иљрои Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 12 октябри соли 2015 №572 «Дар бораи гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил дар соли 2020» ва протоколи љаласаи комиссияи мусоидати барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили вилояти Хатлон аз 17 июли соли 2018 ибрози назар намуд. Тавре ки равшан гардид, дар ин самт аллакай як ќатор корњо ба сомон расонида шудааст. Аксарияти хонањои иќоматї раќамгузорї карда шуда, кўчањо низ номгузорї гардидаанд. Масъулини ташкилоту муассисањои марбута ва шањру ноњияњо низ оид ба корњои баанљомрасида дар самти барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил њисобот дода, аз љониби муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов бобати ислоњи камбудињои љойдошта супоришњои мушаххас гирифтанд. ВАХШОНА, «Хатлон»
2
ХАТЛОН
ПОЯНДА БОД ДЎСТИИ ТОЉИКИСТОНУ ЎЗБЕКИСТОН Гурўњи калони ходимони фарњанг ва кормандони васоити ахбори оммаи Ўзбекистон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон, шањри Бохтар расид. Маросими пешвозгирии мењмонон дар майдони “Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон” бо иштироки Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул бо нону намак, гулу гулдастањо ва тањти навои карнаю сурнай барпо гардид. Ба муносибати ташрифи мењмонон ва тараннуми дўстиву њамгироии мардумони тољику ўзбек ањли фарњанги шањри Бохтар тањти унвони «Шоми дустї» барномаи фарњангї барпо намуданд. Њама таронањои пешнињодгашта, ифодагари мењру муњаббат, самимияти мардуми ду кишвар, њамзистии тољикону ўзбекон, урфу одат, фарњанги ќадимаи ниёгон,
наќши роњбарони ду мамлакат дар барќарорсозї ва мустањкамкунии муносибатњои дуљониба буд. Зимни суњбат рўзноманигорони ўзбекистонї чунин изњор доштанд: «Имрўзњо њамкорї миёни ду мамлакат бењтару хубтар гашта истодааст ва умед аст, ки дар ояндаи наздик омаду рафт боз њам бењтар хоњад шуд.”
душанбе, 20 августи соли 2018, №31 (3168)
Ходимони дин дар мавриди пешгирї аз зўроварї дар оила наќши бориз дошта метавонанд, чун ањли љомеаи кишвари мо аксаран пайрави дини мубини ислом буда, сухани уламо ба мардум таъсир дорад. Бинобар ин, ходимони дин бояд ба хотири пешгирї аз хушунати хонаводагї бо кумитањои мањаллањо њамкорї ба роњ монанд, мавъизањо хонанд ва оилањои осебпазирро бо машварату маслињати судмандашон роњнамої кунанд. Ин нукта дар нишасти навбатии Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар вилояти Хатлон, ки тањти роњбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода дар шањри Бохтар баргузор шуд, баён гардид.
М. Хидирзода: «ЗЎРОВАРЇ ДАР ОИЛА ЗУЊУРОТИ ПАЊНГАШТА БУДА, БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОН МАСЪАЛАИ МУЊИМИ ИЉТИМОЇ АСТ»
Сипас, њайати рўзноманигорони Љумњурии Ўзбекистон аз бозорњои «Њољи Шариф» ва «Фаровон»-и шањри Бохтар дидан намуда, аз мањсулоти истењсоли
ватанї, санъати заргарї, матоъњои либосворї ва шароити тиљорату зиндагии мардуми тољик шинос гардида, ба фарњанги баланди бозорнишинии тољирони тољик бањои баланд доданд. Баъдан, журналистони ўзбек бо маќсади шиносої аз вазъи зиндагии ўзбекзабонони Тољикистон ба мањаллаи Ургутмањаллаи
шањри Бохтар рањсипор шуданд. Мењмононро сокинон бо риояи анъанаи хоси тољикона пешвоз гирифтанд. Зимни боздид аз ин мањаллаи фарњангї ба ифтихори мењмонони кишвари њамсоя, намоиши њунарњои миллї ва мањорату кадбонугї баргузор гардид. Рўзноманигрони ўзбек аз дастранљи њунармандону косибони хатлонї дидан намуда, иброз намуданд, ки воќен њам, мардуми тољик фарњанг ва арзишњои миллии ниёгони худро пос доштанд. Бо њамин тартиб намояндагони васоити ахбори оммаи Ўзбекистон аз Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар боздид ба амал оварданд. Онњо бо њунармандони тољик суњбат намуда, порчае аз намоишномаи театрии “Ќиёмат”-ро, ки аз рўйи асари Чингиз Айтматов ба сањна гузошта шуда буд, тамошо карданд. Мењмонон зикр намуданд, ки дар сафари чандрўзаашон њар љое ки буданд, њисси миллии мардуми тољикро эњсос менамуданд. Њамин тавр хабарнигорони Љумњурии Ўзбекистон бо як љањон таассуроти нек ва бо табъи болида ба кишвари худ баргаштанд. Фаромўз БОБОЕВ, Далер ШАРИФОВ
Дарёфти чењрањои нав Аз љониби Раёсати фарњанги вилояти Хатлон бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї дар шањру навоњї озмуни вилоятии клубу китобхонањои дењотї тањти унвони «Кохи маърифат» ва «Даргоњи њунар» эълон гардида буд, дар кохи «Ватан»-и шањри Бохтар љамъбаст гардид. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят, Бурњониддин Раљабов, сардори Раёсати фарњанги вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул ба њунару мањорати иштирокдорон озмун бањои баланд доданд. Сипас, барномаи консертии аъзои мањфили ќасрњои фарњангї ва клубњои дењотии
озмун
25 шањру ноњияњои вилояти Хатлон, ки сурудњои Ватан, Тољикистон, васфи китобу сулњу осоиштагиро тараннум менамуданд, пешнињоди иштирокдорон карда шуд. Дар охир, ба ѓолибони озмун аз љониби муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ифтихонома ва туњфањои хотиравї таќдим гардид. Таъсисдињандагони озмун иброз доштанд, ки баргузории чунин њамоишњои фарњангиву маърифатї чандин чењрањои навро бори аввал рўйи сањнаи њунар овард. Далер ШАРИФОВ
ОБУНА БАРОИ СОЛИ 2019
Зимни ифтитоњи ин њамоиш М. Хидирзода таъкид намуд, ки љињати пешгирии хушунати оилавї, тањкими њамдигарфањмї ва устувории оила дар чорчўбаи татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила”, ки Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон 19 марти соли 2013 ба имзо расониданд, дар вилояти Хатлон як ќатор корњои шоиста анљом дода шудааст. Дар натиља, сатњи зўроварї дар оила коњиш ёфта, мизони азњампошии оилањо низ камтар гардидааст. “Бо вуљуди ин тадбирњо, њанўз њам проблемаи зўроварии хонаводагї омили нигаронкунанда боќї монда, таваљљуњи њамарўза мехоњад”, - афзуд муовини раиси вилоят. Дар идомаи љаласа Муњаммадї Шарифзода, намояндаи шуъба оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, доир ба наќши намояндагони дин дар пешгирии зўроварї дар оила маърўза карда, аз љумла гуфт, ки бо иштироки донишмандони ислом ва афроди обруманд дар шањру навоњии вилоят силсилаи вохўрињо бо мардум анљом дода шуда, дар он мавзўи роњ надодан ба хушунат, эњтироми байнињамдигарии зану шавњар, њифзи оила ва ташаккули њамдигарфањмию њамзистї маври-
ди баррасї ќарор гирифтааст. Муовини раиси вилоят М. Хидирзода ба масъулини шуъба оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии вилоят дастур дод, ки дар њамкорї бо ходимони дин вобаста ба мавзўи нораво будани зўроварї дар оила маводњои иттилоотї омода ва дар миёни мардум, бахусус оилањои осебпазир, пањн намоянд. Таъкид шуд, ки зўроварї дар оила - кирдори зиддињуќуќии барќасдонаи дорои хусусияти љисмонї, рўњї, шањвонї ё иќтисодї, ки дар доираи муносибатњои оилавї аз љониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани њуќуќ ва озодињои ў, расонидани зарари љисмонї ё зарар ба саломатии ў мегардад, ё тањдиди расонидани чунин зарарро ба вуљуд меорад. Назорат ва бањогузорї ба фаъолияти Шўроњои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар 9 шањру ноњияи лоињавї (пилотї), аз он љумла Бохтар, Левакант, Хуросон, Вахш, Кўшониён, Љ. Балхї, Панљ, Шањритўс, Њамадонї масъалаи дигари матрањшуда дар нишасти Шўрои њамоњангсозии вилоятї буд. Таъкид гардид, ки дар баъзе навоњї фаъолияти Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила
ОБУНА ДАР ИДОРАИ РЎЗНОМА ТАРИЌИ НАЌДЇ ВА ЃАЙРИНАЌДЇ ЌАБУЛ КАРДА МЕШАВАД. Нишонї ва њисоби бонкии рўзномаи «Хатлон»: - шањри Бохтар, кўчаи Логинов-12. Филиали «Амонатбонк-42», шањри Бохтар. С/Х 20204972322020600209 Њ/М 22402972000002 РМБ 350101800 РМА 280002144 Раёсати хазинадории молияи вилояти Хатлон эътибор надорад Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА №0003482 дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2004 МТМУ №40-и ноњияи Кўшониён ба Мирзонаимова Бахтинисо додааст, эътибор надорад.
љорї шўроњои нави њамоњангсозии байниидоравї дар шањри Кўлоб ва навоњии Ховалинг, Балљувон, Восеъ, Фархор ва Ќубодиён созмон дода мешаванд. - Лоињаи GOPA/PDV барои аъзои 10 Шўрои њамоњангсозии байниидоравї ва шўроњои навтаъсис омўзишњо доир намуда, дар коркарди роликњо оид ба пешгирии зўроварї дар оила ва баргузории чорабинињои таблиѓотию маърифатии дигар мусоидат карда истодааст, - афзуд Е. Максименко. – Дар љањони муосир зўроварї дар оила зуњуроти пањнгашта буда, бартараф намудани он масъалаи муњими иљтимої аст, - гуфт Махфират Хидирзода дар интињои љамъомади Шўро. – Мустањкам намудани механизми самарабахши иљроиши Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи пешгирии зўроварї дар оила», бозравонии љабрдидагони зўроварии хушунати оилавї ба субъектони ќонуни мазкур, њимояи њуќуќњои ќурбониёни зўроварї дар оила яке аз самтњои асосии кори Шўрои њамоњангсозии байниидоравї мањсуб мегардад. Бинобар ин, аъзои Шўрои њамоњангсозии байниидоравї бояд мунтазам чорабинињои иттилоотї ва маърифатиро байни ќишрњои мухталифи љомеа баргузор намоянд. Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
ЊАМОИШИ СОЊИБКОРОН ДАР ХУРОСОН Тавре ки хабар дода будем, рўзњои 7-8 августи соли љорї дар заминаи хољагии дењќонии «Асадулло»-и ноњияи Хуросон «Форуми тиљоратии кишоварзии Хатлон-2018» баргузор гардид, ки дар он соњибкорону тољирон аз давлатњои Федеретсияи Россия, Белорусия, Ќазоќистону Ўзбекистон, аз намояндагии сафоратхонаи ИМА дар Тољикистон, њамчунин масъулину мутахассисон аз вилояти Суѓду Хатлон ширкат доштанд. Мењмононро доктори илмњои биологї, профессор дар соњаи боѓпарварї, Корманди шоистаи Тољикистон, директори Маркази такмили ихтисоси кадрњои комплекси агросаноатї, аъзокорреспонденти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон Гулов Сайдалї, муовини раиси вилояти Хатлон Зиёзода Сулаймон Ризої њамроњї доштанд. Рўзи аввали форум, ки дар мавзеи Фахробод гузашт, бо суханони мењмоннавозона оѓоз ёфта, баъдан, ќисми назариявии он бо маърўзаву пешнињодот ва маслињатњои масъулину мутахассисон оид ба рушди боѓдории муосир (интенсивї) дар шароити кўњсор, тартиби интиќол, босифатии меваљот, коркарди он ва ѓайра љараён гирифт, ки аз он ширкаткунандагон манфиат бардоштанд. Дар ин рўз, њамчунин, мањсулоти кишоварзони ноњия ба намоиш бароварда шуд. Мевањои шањдбори минтаќаи љануби љумњурии офтобрўяамон маќбули соњибкорону тољирони мењмон гардид ва маросими имзои шартномањои хариду интиќол бо камоли ќаноатмандї гузашт. Рўзи дуюми форум дар боѓњои интенсивии хољагии мазкур, ки дар ќаламрави дењоти Њилолї доман пањн намудааст, бо ширкати соњибкорону тољирони кишвари њамсояЎзбекистон ва вилояти Суѓд гузашт. Мењмонон аз дидани боѓоти ин мавзеъ, ки њосили хеле зиёд ва осебнадида доштанд, ба ваљд омада, изњор доштанд, ки чунин тарзи парваришро кам вохўрдаанд. Роњбалади гурўњ Сайдалї Гулов иттилоъ дод, ки ин мавзеъ то солњои наздик заминњои ѓайрикишоварзї мањсуб меёфт ва аз он манфиате намегирифтанд. Бо ба фаъолият пардохтани хољагии дењќонии «Асадулло» ин заминњоро њамчун мавзеи ба боѓдорї мувофиќ истифода карда, хато накарданд. Дарахтони себи боѓот, ки ба тарзи интенсивї бунёд ёфтаанд, аз вилояти Красноярскийи Федератсияи Россия 5 сол пеш оварда шудааст. Байни ќаторњои боѓот се метр, тарафњо якметриро
ташкил медињанд. Мањз њамин мавзеъро интихоб кардану боѓот бунёд кардан, аз он љињат аст, ки обу њавои он ба ин тарз мувофиќ афтодааст. Боѓдорон њамасола њосили зиёд ва шањдбори себ љамъоварї менамоянд, ки он, асосан, содирот мешавад. Бозорњои шањру навоњии љумњурї низ аз ин мевањо фаровонанд. Умуман, талу теппањои Хуросон аз нигоњи коршиносони соња ба боѓпарварї, аз ќабили парвариши себ, олу, зардолу, олучабандак, гелос хело мувофиќ аст. Меваљот ба тарзи тару обдор ва њам баъди хушк кардан, ки манфиатбахшиашон њамчун доруворї дар тиб бештар имаълум аст, ба савдо бароварда мешавад. Мењмонони ўзбкистонї, ба мењнати самарабахши боѓдорони тољик, ки соњаро нисбати солњои даврони пешин хеле зиёд рушд бахшидаанд, бо камоли мамнуният тањсин намуда, дар навбати худ аз тарзи боѓпарварии боѓдорони кишварашон сухан карданд. Гуфта шуд, ки дар Љумњурии Ўзбекистон боѓот дар майдони хеле васеъ парвариш ёфта, ќисмати азими он бо турњои нахи зиддишуої пўшонда мешаванд. Боѓдорони мо изњор доштанд, ки ин усул дар оянда мавриди омўзиш карор хоњад гирифт. Дар љараёни кори форум, мењмонони кишвари њамсоя, Суннат Љалолов, Муъмин Исомиддинов, Улуѓбек Бечанов ва дигарон,
њамчунин боќаноатмандї ќайд намуданд, ки дар давоми солњои соњибистиќлолї кишвари дўсту њамсоя хеле пеш рафта, мардуми шарифу мењнатдўсти он рисолати мењмоннавозии худро дигар накардаанд. Дар њама љо ќабулу суњбатњои дўстона, пазироии шарќиёна хотири онњро шод намудааст ва боифтихор мегўянд, ки ин њамаро оќилию дурандешии сарони њар ду кишвар-Пешвои миллати тољикон, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва Президенти Љумњурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев фароњам овардаанд. Тољику ўзбек, ки аз умќи таърих робитаи дўстию бародарї доранд, њамин рисолат то абад хоњад монд. Њамин тариќ, «Форуми тиљоратии кишоварзии Хатлон-2018» дар рўњияи дўстї, њамдигарфањмї гузашт. Умедбахш он буд, ки оянда соњибкорони дуру наздик тиљорати тарафайнро дар мавриди таъмини кишварњояшон бо меваљоти шањдбори хатлонињо ба роњ хоњанд монд. И. Њасанов Акси М. Ашўров
МУЛОЌОТ БО МАРДУМ
ОЃОЗ ЁФТ
Рўзномаи «Хатлон» иљрои ќарору дастур ва нишондодњои Президенти Љумњурии Тољикистон ва раиси вилоятро ба табъ мерасонад, њамчунин рўйдодњои сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангии вилоятро ба таваљљуњи хонандагон мерасонад. Роњбарону мутасаддиёни ташкилоту муассисањои шањру навоњї, ки масъули маъракаи обунаанд, метавонанд маблаѓи обунаро ба суратњисоби дар поён зикршуда гузаронанд. Нархи обуна тариќи идораи рўзнома, бидуни хизмати почта, 80 сомонї мебошад.
ба таври зарурї ба роњ монда нашудааст. Маркази дастгирии љабрдидагони зўроварї дар оила танњо дар ноњияи Ќубодиён амал мекунад. Мављуд будани чунин марказњо барои љабрдидагони хушунат муњим буда, онњо метавонанд аз кумаку машваратњои њуќуќї ва равоншиносї бањравар гарданд. Намояндагони ташкилоти љамъиятии “Ѓамхорї” дар ин нишаст иттилоъ доданд, ки дар зарфи ним соли гузашта беш аз 460 нафар ба маркази буњронии “Ѓамхорї” мурољиат кардаанд, ки 62 нафарашон мардњоянд. Ба ин маркази буњронї, асосан, љабрдидагони хушунат мурољиат менамоянд ва зимнан, дар 7 моњи сипаригардида 21 нафар дар паноњгоњи “Ѓамхорї” нигоњ дошта шудаанд. Елена Максименко, директори филиали ГОПА дар Љумњурии Тољикистон, ки лоињаи пешгирии зўроварї дар оиларо амалї мекунад, зикр намуд, ки ин лоиња (PDV) аз љониби ширкати GOPA дар Тољикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба њамкорї мавриди амал ќарор дошта, ба бењбуди сатњи огањии ањолї аз мушкилоти зўроварии оилавї равона гардидааст. Ў афзуд, ки тибќи наќшаи кории Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар вилояти Хатлон, давоми соли
Дар раванди демократикунонии љомеа њизбу азњоби сиёсї ва иттињодияву ташкилотњои љамъиятї низ дар њаёти сиёсию иљтимої наќши боризе мегузоранд. Азњоби сиёсї бо пешнињод ва амалигардонии Барномањои хеш дар рушду тараќќии љомеа сањми муносиби хешро мегузоранд. Њизби халќии демократии Тољикистон низ тўли фаъолияти беш аз 25-солаи хеш тавонист дар рушду тараќќии љомеа сањми арзандаи хешро гузорад. Зеро Барномањои пешнињоднамудаи ЊХДТ имкон фароњам меоварад, ки Тољикистони соњибистиќлол беш аз пеш рушд ёбаду сокинонаш зиндагии шоистаро соњиб гарданд. Имрўзњо фаъолияти кумитањои иљроияи Њизби халќии демократии Тољикистон дар мањалњо низ назаррас мебошад.
Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Левакант тибќи наќша бо ањолї мулоќоту вохўрї ва чорабинињои судманд доир намуда истодааст. Чунин як мулоќоти хотирмон бахшида ба Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї дар њудуди дењањои љамоатњои дењоти «Вањдат» ва «Гулистон» ба амал омад. Соки-
нони дењањои љамоатњои мазкур њунари дастони хеш ва ашёњои моњияти таърихидоштаро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар ин баробар, хўришу хўрокњои миллии бо мањорати хоса омоданамудаашон аз он шањодат медод, ки ањолии ин мањалњо то чї андоза тарзи омода намудани таомњои миллиро нигоњ дошта
ва ба њунару анъанањои миллї арљ мегузоранд. Сењри дастони бонувон, бахусус чакану ќуроќ ва сўзанидўзон низ иштирокдоронро ба худ љалб намуда буд. Дарвоќеъ Њизби халќии демократии Тољикистон тарѓибгари фарњанги миллї ба шумор меравад. Тавре раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Левакант Саидљаъфар Ватанзода баён дошт, айни замон 66 адад ташкилотњои њизбї 4985 нафарро дар сафњои хеш шомил намудааст, ки аз ин шумора 1934 нафарашонро љавонону 1631 аъзои дигарро занон ташкил медињанд. -Њадаф аз баргузории ин
чорабинињо, пеш аз њама, таќвияти робита бо мањал дар доираи Соли рушди сайёњї ва њунарњои миллї ба шумор мераванд, - таъкид дошт Шањло Шомуддинова, масъули Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Левакант. - Дар ин баробар, масъулини КИ ЊХДТ дар шањри Левакант бо љавонону наврасон ва сокинони шањр мулоќот доир намуда, бобати худогоњии миллї, худшиносї, дўст доштани ватан – модар, сарзамини аљдодї, пешгирї аз шомилшавї ба њар гуна њизбу њаракатњои ифротї сухан ронда, њамагонро ба корњои ободонию созандагї роњнамун месозанд. ВАХШОНА, «Хатлон»
Воќеањои садаи 21 дар аќсои олам ањли љомеаи љањонро нигарон намудааст. Њизбу њаракатњои ифротию дањшатзо дар њар гўшаи љањон ба куштору вайронкунињо даст зада, њазорњо нафар одамони бегуноњро вањшиёна ба ќатл мерасонанд. Биною иншоот ва мероси таърихии беш аз њазорсолањоро ба коми нестї мебаранд. Бо ин амали нопоку нољавонмардонаи хеш онњо одамонро тарс медињанд.
Бахусус роњбарону аъзои гумроњи ЊНИ дар Тољикистони соњибистиќлол обрўю нуфузе надоранду сатрњои дафтари аъмолашонро хурду бузурги кишвар аз худ кардаанд ва медонанд, ки аз амалњои онњо бўйи хуну кушторњои касношуниду дањшатзо меояду ба мисли чуѓз вайронкору харобкоранд. Аз њама сангинтараш он аст, ки на танњо љавононро маѓзшўйї мекунанд, балки айни замон наврасонро низ ба ин амалњои ѓайриинсонии хеш љалб месозанд. Воќеаи рўзи 29 июни соли равон дар шоњроњи Душанбе-Данѓара рухдода, ки бар асари он 4 нафар сайёњи хориљї куштаву 2 нафари дигар бо љароњатњои вазнин ба беморхона афтодаанд, сањифаи дигари амали хунини нањзатиёну ватанфурўшонро дар олам нишон дод. Ин ќотилони ба доми нањзатиёни хунталаб афтодаи сайёњони хориљиро дида мисраъњои шоир Ѓоиб Сафарзодаи зиндаёд ба хотири кас мерасад: Пайкари болои хок афтодаи фарзандро Мўйканону рўйканон Мекунад оѓўш модар Мегузорад сар ба рўи сардгашта синааш, Зор мегиряд вай аз банди љигар. В-ин суханњо мекунад, такрор бо чашмони тар: - Ё, Худовандо, чї рўзи сахт омад бар сарам? Ќотили фарзанди худ гаштам, Магар ман модарам? ... Бањри мол андўхтан сармоядорон ин ќадар, Хуни кас аз нокасї резонда дар мулки дигар...
3
ХАТЛОН
душанбе, 20 августи соли 2018, №31 (3168)
АЊРИМАНЊОИ ЗАЊЊОКТАБЪ ДАР ОТАШИ АФРЎХТАИ ХЕШ МЕСЎЗАНД кардаанд? Натиљаи ин бепарвоињост, ки баъзан љавонону шањрвандонро њизбњои террористї ба доми хеш меафтонанд. Дањшатњои террористиро тавассути телевизион дида ба андеша меравам, ки оё ин террористону хољагони зархаридашон модар надошта бошанд, шири сафеди модарро нахўрда бошанд, ё худ онњоро ба љойи шир бо хун парвардаанд, ки аз рехтани хуни фарзанди инсон сер намешаванд. Бо ин амали нољавонмардонаю вањшатангези хеш ин зањњокњои асри нав мехоњанд, ки обрўйи миллати тољику тољикистониро дар арсаи љањон паст зананд, эътибору нуфузи давлати Тољикистонро дар олам резонанд. Вале мардуми тољику Тољикистони азиз ва тамоми олам ин ќотилонро бо ин кирдори вањшатангезашон нисбати сайёњони хориљї нафрин мехонанд. Банда дар мизи мудаввари љумњуриявї оид ба “Баланд бардоштани њамкории милитсия бо љомеа”, ки дар толори маљлисгоњи Вазорати корњои дохилї рўзи 3 августи соли равон баргузор гашт, ширкат доштам. Дар ин чорабинї Вазири корњои дохилї генерал-полковники милитсия Рањимзода Рамазон Њамро, роњбари дафтари барномавии САЊА дар Душанбе хонум Туула Юрёля, кордори муваќќатии сафорати ИМА дар Тољикистон љаноби Кевин Коверт, сафири фавќулода ва мухтори Љумњурии
Шоир Ѓоиб Сафарзода ин мисраъњои шеъри хешро ба модари амрикої бахшидааст, ки ќабл аз ба њамлаи њавої рафтани фарзандаш ба кишвари Ветнам, худ бо ханљар ўро ба њалокат мерасонад. Зеро модар медонист, ки фарзандаш дар љанги зидди Ветнам њазорњо нафар тифлони бегуноњи ветнамиро ба шањодат мерасонаду худ низ њалок гардида пас намегардад. Аз ин рў, тасмим мегирад, ки фарзанди хешро ба њалокат расонаду, ўро бо дасти худ ба хок супорад. Мутаассифона, аз чї бошад, ки имрўз баъзе модарон нисбати таќдири фарзандони хеш бетафовутанд. Онњо моњњо, солњо бедараканду модар парвое надорад ва боре намепурсад, ки фарзандаш дар куљову бо чї кор машѓул аст. Ё худ ин њамаро медонанду ба хотири маблаѓњои хољагони хориљї хомўширо ихтиёр
Љопон дар Тољикистон љаноби Хаджимз Киоава, намояндагони сафоратњои Англия, Швейтсария, Олмон, Созмони Милали Муттањид, ташкилоти байналмилалии “Дунёи Бехатар”, аъзоёни Шўроњои љамъиятї оид ба мусоидат ба ислоњоти милитсия ва дигар намояндагони љомеаи шањрвандї ширкат доштанд. Иштирокдорони мизи мудаввар зимни суханронї оид ба њодисаи террористии дар шоњроњи ДушанбеДанѓара рухдода изњори нигаронї намуда, баён доштанд, ки ин њодиса њар як инсони комилро водор месозад, то бо њам муттањид гашта, алайњи ин гуна амалњои террористї мубориза барем. Дар ин њошия мехоњам, ки андешањои чанд нафар иштирокдорони ин њамоишро рўйи сањифа оварам. Рањимзода Рамазон Њамро, вазири корњои дохилї: “Пеш аз њама вобаста ба њодисаи мудњишу ѓайриинсонї, ки якчанд рўз пеш нисбати шањрвандони хориљї ба амал омад ва 2 шањрванди Амрико, 1 шањрванди Швейтсария, 1 шањрванди Нидерландия ба њалокат расиданд, ман ба намояндагони сафорати ИМА ва Иттињоди Аврупо изњори тасаллият менамоям. Дар тамоми љањон ба вуќўъ омадани чунин њодисањо њамаи моро водор месозад, ки бояд муттањид шавем. Ин љинояти мудњиш дар муд-
дати кўтоњ бо дастгирии љомеа ва мардум кушода шуд, ки ин аз таќвият ёфтани њамкории милитсия бо мардум шањодат медињад”. Хонум Туула Юрёля, роњбари дафтари барномавии САЊА дар Душанбе: “Дар навбати аввал, аз фурсати муносиб истифода бурда, ба сафири ИМА изњори њамдардї мекунам. Ин мушкилоти љањонї ва глобалї мебошад. Аз ин лињоз, мо бисёртар таваљљуњи худро ба њамкории милитсия бо љомеа равона кардаем. Имрўз дар сохтори милитсия ислоњот љараён дорад ва яке аз самтњои асосии он, ин бењтар намудани њамкории милитсия бо љомеа мебошад. Дар ин раванд наќши Шўроњои љамъиятї оид ба мусоидат ба ислоњоти милитсия хеле муњим мебошад. Љаноби Кевин Коверт, кордори муваќќатии сафорати ИМА дар Тољикистон: “Нахуст барои таъзия ва дастгирї ба њозирин изњори миннатдорї намуда, њаминро ќайд карданиам, ки ин њодисаи ба наздикї рухдода чењраи аслии Тољикистонро нишон намедињад. Ин он Тољикистоне нест, ки ман ўро дербоз мешиносам ва дўст медорам. Аъзои оилаи ман, ки дар Тољикистон зиндагї менамоянд, дар амн ва бехатаранд ва хушбахтанд. Фавран ошкор шудани ин љиноят натиљаи фаъолияти кормандони милитсия ва аъзои Шўроњои љамъиятист.
Њар ки бар душмании халќ равон аст чу бањр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад. А. Сафарова “Хатлон”
Иштирокчиёни Шўрои љамъиятї
Коршиносони ѓайрињирфаии рус
воќеиятро намебинанд Баъд аз њодисаи террористии аз љониби аъзои ташкилоти террористї-экстремистии Њизби нањзати исломї тарњрезишуда, ки рўзи 29 июли соли љорї дар ноњияи Данѓара ба амал омада, љони чор нафар сайёњи хориљиро гирифт, дар ВАО интишори маќолањои муѓризонаи баъзе аз тањлилгарон, коршиносон ва журналистони рус оид ба ин ќазияи фољиабор шурўъ шуд. Аксари муаллифони маќолањои њангомаљўе, ки дар олами буњтону дурўѓ ва зўроварии иттилоотї худро пиар (PR) ё худ реклама месозанд, аъзои ТТЭ ЊНИ-ро пуштибонї ва маќомоти њифзи њуќуќро, ки љинояти содиршударо дар муддати кўтоњтарин ошкор намуданд, айбдор мекунанд. Дар зимн, далелњо гувоњи раднопазиранд. Ва онњо яќинан ба сўи муќобил шањодат медињанд. Њамин тавр, роњбари гурўњи љинояткор, иљрокунандаи асосии њамлаи террористї дар ноњияи Данѓара Абдусамадов Њусейн Абдусамадович, ки њангоми дар ш. Одинтсовои вилояти Маскави Русия ќарор доштанаш, соли 2013 аз љониби узви фаъоли ТТЭ ЊНИ Убайдов Носирхўља Ањтамович бо лаќаби «Ќорї Носир» ба сафи ин ташкилоти террористї љалб карда шуд. Бародари Абдусамадов Њ. – Бахтиёр бо лаќаби «Мулло Умар» узви ТБТ «Њаракати исломии Туркистон» буда, барои содир намудани љиноятњои дорои хусусияти террористї ва экстремистї ба муњлати 24 сол аз озодї мањрум шудааст. Зимни бозпурсї Абдусамадов Њ. тасдиќ намуд, ки аз соли 2014 то соли 2015 омодагии идеологї ва њарбї-тахрибкориро дар шањри Ќум ва урдугоњи тамринии шањри Омули остони Мозандарони Эрон гирифтааст. Баъд аз бозгашт, моњи сентябри соли 2015 дар њайати гурўњи мусаллањонаи ТТЭ ЊНИ бо нияти кўшиши табаддулоти давлатї дар амалиёти љангї ба муќобили ќуввањои њукуматї иштирок намудааст (баъдан авф карда шуд). Бо нияти аз љавобгарии љиноятї гурехтан, 1 ноябри соли 2015 аз Љумњурии Беларус, тавассути њавопаймо ба Озарбойљон парвоз кард. Аз он љо 9 ноябри худи њамон сол ба Эрон парвоз кард, ки инро ќайдњояш дар хатсайрњо собит месозанд. Чопи хатсайрњои ўро тавассути Интернет бидуни њељ мамоният дастрас кардан имконпазир аст ва метавон чунин суоли табииро ба миён гузошт: чаро баъди кўшиши бенатиљаи табаддулоти давлатї Абдусамадов Њ. ба хотири пинњон шудан на ба Русия, Амрико, Аврупо, Африќо ва ё њамчун узви «Давлати исломї» ба Афѓонистон, ки он љо њоло њазорњо доишињо ќарор доранд, фирор накарду балки мањз љангљў ба Эрон рафт? Агар Абдусамадов Њ. узви «Давлати исломї» мебуд, чаро хадамоти махсуси зираки Эрон, ки бо ин ташкилот дар њоли муќовимати шадид ќарор доранд, ўро дастгир накарданду иљозат доданд, ки бемамониат ва озодона сарњадро борњо убур намояд ва дар ќаламрави Эрон озодона њаракат намояд? Бо истифода аз пойгоњи маълумоти байналмилалї оид ба террористон хадамоти махсуси ЉИЭ медонистанд, ки Абдусамадов Њ. дар љустуљў ќарор дорад, вале хомўширо ихтиёр карданд. Лоаќал, онњоро далеле, ки аъзои ТТЭ ЊНИ Абдусамадов Њ. ва Убайдов Н.А. дар шањрњои Одинтсово ва Подолски назди Маскав њамчун иддае аз террористон љамъ гардида, ба корњои љалбкунї машѓул шуда бељазо мондаанд, бояд њушдор медод. Фармоишгари љинояти мудњише, ки дар Данѓара содир карда шуд, Убайдов Носирхўља Ањтамович, с.т. 1973, зодаи ноњияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ЊНИ ва аз соли 2012 дар љустуљў ќарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рўйхати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Љинояткор ба падараш Убайдов Саидањтам, с.т. 1930, узви фаъоли ТТЭ ЊНИ пайравї кардааст. Падараш дар дењаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноњияи Фархор зиндагї мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоњ ба муќобили сохти конститутсионї љангида, дар куштори чандин нафар ањолии осоишта ва дар њамлаи террористї ба намояндагони зиёии кишвар даст дорад, инчунин дуздиву ѓоратгарї низ кардааст. Писари ў, Убайдов Носирхўља дар мактаби динии узви ТТЭ ЊНИ Мирзоев М.А., дар ноњияи Њисор тањсил кардааст. Њамзамон бо падараш, дар солњои 90-ум, замоне ки њанўз аз «Давлати исломї» њарфе њам набуд, ў ба сафи ТТЭ ЊНИ дохил шуд ва баъдан ба гирифтани ќасоси падараш шурўъ кард. Убайдов бо роњбари ќаноти љангии ТТЭ ЊНИ «Љамоати Ансоруллоњ» Табаров Амриддин робитаи зич дошт. Аз соли 2002 то 2006 Убайдов Н.А. дар Эрон зиндагї карда, дар муассисањои динии шањрњои Зоњидон ва Хош тањсил намудааст. Дар урдугоњњои тамринии Эрон омўзиши тахрибкориро гузаштааст. Њангоми дар Эрон будан, Убайдов Н.А. фаъолона ба љалби љавонон аз љумлаи шањрвандони Љумњурии Тољикистон машѓул буд. Солњои 2011-2015, ваќте ки дар шањрњои назди Маскав (Одинтсово ва Подолск) ќарор дошт, ки он љо љалби муњољирони мењнатї ва донишљўёнро ба сафи ТТЭ ЊНИ идома медод. Нисбат ба ў аз рўи ќ.2-и м.187 (Иштирок дар љамъияти љиноятї) парвандаи љиноятї боз карда шудааст. Дар амалиёти њарбии кишварњои Шарќи Наздик бар зидди ќуввањои њукуматї ширкат варзидааст. Ду њамсар дорад, ки яке аз онњо Шарифова М.Т. дар соли 2004 дар мадрасаи «Мадинат ул-Явм» тањсил кардааст. Ў њоло дар Ироќ дар мањбас ќарор дорад. Амалњои гурўњи љинояткори Абдусамадов Њ-ро, ки амали террористї содир намуд, Убайдов Н.А. тавассути барномаи "WhatsApp”, на аз љои дигар, балки аз шањри Хоши Эрон роњбарї мекард. Аъзои дигари гурўњи љинояткор Маљидов А.Ё. ва Сафаров З.Д. аз моњи феврал то июни соли 2018 дар шањри Новосибирски Русия дар муњољирати мењнатї ќарор доштанд. Рўзњои 17 ва 20 июли соли љорї онњо ба номи узви ТТЭ ЊНИ Ѓаниев Кароматулло Исматуллоевич, истиќоматкунандаи шањри Норак дар њаљми 20000 рубли русї маблаѓи пулї равон карданд, ки ў онњоро барои омодагї ба содир намудани амали террористї нисбат ба сайёњони велосипедрони хориљї истифода намуд. Њоло Ѓаниев
Њамкорї миёни маќомоти корњои дохилї ва љамъият зарур аст. Танњо дар якљоягї ва њамкорї метавонем алайњи ифротгарої ва тундгарої мубориза барем”. Хадшизм Китаока, сафири фавќулода ва мухтори Љумњурии Љопон дар Тољикистон: “Ба сафорати ИМА ва Иттињоди Аврупо нисбати њодисаи рухдода њамдардї баён намуда, ба роњбарияти ВКД Љумњурии Тољикистон барои њаллу фасли фаврии ин љиноят сипосгузорам. Донистани неру дар љомеа як афзалият аст ва бартарї нисбати душман мебошад. Њар як аъзои љомеа имрўз бояд бедор ва њушёр бошад”. Дар њаќиќат, ин гуфтањои шахсони воломаќому чењрањои сиёсии давлатњо бори дигар гувоњї аз он медињанд, ки аъзои ЊТЭ ЊНИ ва хољагони хориљиашон наметавонанд бо ин гуна амалњои террористї-куштори сайёњони хориљї обрўи Тољикистону мардуми сарбаланди мењнатдўст ва роњбари давлаташонро латна зананд. Имрўз тамоми љањон медонанд, ки ифротгару тундгароњо кињо њастанд ва чї мехоњанду дар ин сайёра ба чї гуна амалњои ноадолатона ќодиранд. Онњо ањриманњои зањњоктабъанд, ки зери оташи афрўхтаи хеш месўзанд, чунки бењуда нагуфтаанд:
К.И. тањти тафтишот ќарор дорад. Далелњои интиќоли маблаѓњо мувофиќи аснод собит шудаанд (Дар зер расиди банк оид ба интиќоли маблаѓ бо забони русї оварда мешавад):
Коршиносони русро мебоист бидонанд, «Давлати исломї», ки талош доранд њамлаи террористї бар зидди сайёњони велосипедрони хориљї дар Данѓараро бо он алоќаманд созанд, њамчун ќувваи ба таври фаъол амалкунанда аллакай вуљуд надорад, аз љумла бо шарофати амалњои низомиёни Русия. Аз «Давлати исломї» гурўњњои ночизе боќї мондаанд, ки дар Шарќи Наздику Миёна пањн гардидаанд. Он паёмњои видеоие, ки аз ном ва зери парчами «Давлати исломї», бо маќсади таблиѓот ва тарсонидан интишор мешуданд, аз ќабили навори аз љониби гурўњи Абдусамадов Њ. истифодашуда, дигар арзи вуљуд надоранд. Ин ТТЭ ЊНИ аст, ки аз парчами бегона – парчами сиёњи «Давлати исломї» истифода бурда, зери он љиноятњои навбатии худро пинњон месозад. Њолатњое мешаванд, ки «Давлати исломї» масъулияти њамлаи террористии содирнамудаи узви ташкилоти террористии дигарро (ТТЭ ЊНИ), ба хотири аз њастии худ дарак додан, нишон додани ќувваи собиќа васеъ намудани миќёси љуѓрофии нуфузи худ, ба зимма мегирад. Вале, маълум аст, ки дар айни њол хадамоти махсуси Эрон бренди «Давлати исломї»-ро њамчун асбоб ва пардаи пўшиши њадафњои худ истифода бурда, тањти ин «чатр» изи фаъолияти ТТЭ ЊНИ-ро, ки нисбат ба шањрвандони хориљї њамлаи террористии мудњиш содир намуд ва зери пуштибонии ѓоявї, маънавї ва моли ЉИЭ ќарор дорад, пинњон месозад. Боиси нигаронист, ки њамаи гуфтањои болозикр аз љониби ба ном «коршиносони мустаќил», пинњон ва барќасдона тањриф мешаванд. Вале, маълум мешавад, ки ин мустаќилият танњо аз дурии онњо нисбат ба њаќиќат, воќеият, мантиќ ва афкори солим иборат буда, дар фазои ВАО тибќи ќонунњои манфиатљўї ва муносибатњои бозаргонї ба роњ монда шудааст. А. Дубнов (бо Кабирї муносибатњои шахсї дорад), В. Панфилова (шавњараш – О. Панфилов дар солњои 90-ум ЊНИТ-ро фаъолона дастгирї мекард), А. Серенко (солноманавис ва хушомадгўи ТТЭ ЊНИ), А. Грозин, А. Князев ва дигар иштирокдорон ба эњтимоли зиёд бо намояндагони ташкилоти террористї-экстремистии мазкур њамкории зич доранд. Онњо дар мавзўи Осиёи Марказї туфайлихўр шуда, омодаанд
дар бораи њар чизе, ки лозиму нолозим аст, нависанд, бе назардошти он ки як калимаи бељо метавонад суитафоњумро дар доираи худашон барнгезад. Њар санљиш ва тањќиќи њар суоле аз љониби мутахассис (коршинос) аз ў донишњои махсусеро дар соњањои муайян таќозо мекунад. Мутаассифона, муаллифони номбаршудаи ВАО аз ин чиз бехабаранд. Фавти мудњиши сокинони осоишта барои онњо љињати бори дигар хидмати навбатї кардан ба хољагон - фармоишгаронашон бањонаи иттилоотии муносиб гардид. Аз њама хатарнок ва зиёновар ин аст, ки онњо худро ба унвони рўзноманигорони рус муаррифї намуда, ноинсофона ба худ маќоми коршиносон-тањлилгаронро гирифтаанд. Баъди гирифтани фармоиши иттилоотї, бо љўшу хурўш нуќтаи назари худро њамчун њаќиќати ягона пешнињод мекунанд. Бо дастрас будани Интернет ва дар пеши чашми худ доштани маводњои расмии интишоршудаи тафтишот, маълумоти ВКД аз рўи њодисаи ин љиноят, ягон нафаре аз ин бо ном коршиносон фурсат пайдо накардааст, ки оид ба ќазияи рухдода дуруст фикр кунад, далелњоро муќоиса намояд, ба иттифоќњо диќќат дињад, иттилоотро баррасї намояд ва «маѓзњои тањлилї»-ро густариш дињад. Ин чї аст? Корношоямии касбї, ѓайрињирфаї ё ќасдан тањриф кардан, ташкили нусхањои муѓризона? Танњо коршиносони њаќиќї аз маълумоти камтарин метавонанд хулосањои сањењ бароранд, на коршиносони сохта. Њол он ки имрўз дар нашриёти озод факту далелњои зиёде мављуданд, ки дар бораи њамлаи террористї ва иљрокунандагони онњо гувоњї медињанд. Пас, барои чї муаллифони номбурда, ки њељ робитаи мустаќиме бо Тољикистон надоранд, ба сохти дунявии иљтимої муносибати манфї зоњир намуда, исломгароёни ифротї, љинояткорони ТТЭ ЊНИ-ро беѓаразона њимоят мекунанд? Бо кадом маќсад љониби Кабириро мегиранд, ки аз лињози тафаккур, аќоид ва дину мазњаб ба онњо бегона аст? Таваљљуњи онњо нисбат ба террористони ТТЭ ЊНИ чї гуна аст? Чаро њимояи манфиатњои љинояткороне, ки амалњои хушунатбори ѓайриинсониро анљом додаанд, барои онњо болотар аз њаќиќат, амният ва субот аст? Чаро онњо экстремистонро, ки ба њар роње набошад, мехоњанд њокимиятро ба даст оварда, давлати шариатї барпо намоянд, њамраъйї мекунанд? Мањз аъзои ТТЭ ЊНИ нисбат ба намояндагони дигар миллату мазњабњо ва хориљиён њисси бетањаммулї, кина ва бадбинї нишон медоданду медињанд. Онњо буданд, ки иѓвои хурўљи дастаљамъонаи русњо ва намояндагони дигар миллатњоро аз Тољикистон барангехтанд. Ин њизб аз ибтидои њастии худ ташкилоти террористї ва экстремистї буд. Њадафи террор – ин бо роњи зўроварї ноил шудан ба њадафњои худ, тезутунд кардани фазо ва носубот сохтани вазъ бо роњи хушунату тарсонидан мебошад. Дар куштори маќсадноки дањњо шањрвандони Русия, аз љумлаи хизматчиёни њарбї, журналистон ва ањолии осоишта мањз аъзои ТТЭ ЊНИ даст доштанд. Мардумони миллатњои гуногуне, ки дар љумњурї зиндагї мекарданд, ќурбонии онњо гардидаанд. 13 июли соли 1993 силоњбадастони ТТЭ ЊНИ ба постгоњи марзии 12-и дастаи сарњадии Маскави гурўњи Ќўшунњои сарњадии Русия дар ЉТ њуљум карда, 25 сарњадбонро ба њалокат расониданд. Дар давраи аз с. 1994 то 1998 даст доштани аъзои њизби исломї-вањњобї дар шаш њодисаи куштори хизматчиёни њарбии Русия дар шањрњои Душанбе, Чкалов ва Ќўрѓонтеппа собит шудааст. Ба ѓайр аз ин, 53 хизматчиёни њарбии Ќазоќистон, ки ќарзи хизматии худро дар Тољикистон адо мекарданд, ќурбонии амалњои террористии ТТЭ ЊНИ гардидаанд. Љинояткорони ТТЭ ЊНИ журналисти рус Виктор Никулинро дар љои кориаш ба таври вањшиёна ба ќатл расониданд. Аз дасти онњо бењтарин фарзандони Тољикистон, аз љумлаи ходимони љамъиятї ва зиёиён И. Исњоќї, М. Ѓуломов, М. Осимї, М. Назаршоев, Н. Њувайдуллоев ва дигар ходимони равшанфикр ба њалокат расиданд. Фармоишгари ин љиноятњои мудњиш хадамоти Эрон буд. Агар коршиносони Русия таърихи динро меомўхтанд ва медонистанд, ки тољикон дар маљмўъ – суннианду эронињо - шиа, пас ба онњо маълум мегардид, ки чї гуна фармоишгари љиноятњо – хадамоти ЉИЭ ба осонї ба ТТЭ ЊНИ ќатли њаммазњабонашонро супориш дода буд. Њамаи ќурбониён аз љониби тољиконе аз байн бурда шудаанд, ки омодагии махсусро дар ќаламрави Эрон гирифтаанд. Айнан мисли имрўз, баъди њамлаи террористї ба сайёњони хориљї, дар солњои 90-ум роњбарияти ТТЭ ЊНИ, сарпарастон ва пуштибонони хориљии онњо ба таври оммавї андуњу тасаллияти мунофиќонаи худро ба хешовандони ќурбониёни њамлањои террористии худашон ташкилнамуда изњор мекарданд. Ба љомеаи ќаламбадасте, ки тањти пўшиши «коршиносони Осиёи Марказї» амал мекунанд, бояд чатри маъмулии, њазорњо бор истифодашудаи пўшиши хадамоти махсуси љањон, найрангњои онњо, кўшиши зери парчами бегона амал кардан, ошно бошад. Парчами «Давлати исломї» низ чун шиносномањои ќалбакии кишварњои дигар, ки дар чопхонањои КСИР, Вазорати иттилооти Эрон чоп мекунанд ва дар бештари кишварњои Шарќи Наздик ва Афѓонистон пањн гаштааст – ин њунари маъмулии њамарўзаи охундњоеанд, ки имрўз ѓосибони њукумати интеллектуалии мардуми Эрон мебошанд. Фикр намекунам, ки онњо хостори як умр њамчун коршиносони тањти пўшиши нодонї бимонанд, бахусус бо боѓољи шўравї, бо иддаои наќши љўяндагони њаќиќат. Аъзои љавони ТТЭ ЊНИ, ки ба шасти њамќавми сиёсии Эрон гирифтор шуда, омодагии тахрибкоронаро дар урдугоњњои Эрон гирифтаанд, анъанањои харобкоронаи гузаштагони худро идома медињанд. Бинобар ин, њамлаи террористии нави ТТЭ ЊНИ дар Тољикистон, ки бо дастури хадамоти махсуси Эрон содир шудааст, гувоњи он аст, ки онњо сайъ доранд, таърихи хунини солњои 1990-умро такрор кунанд. Барои њамин њам, бояд љомеа сарљамъу муттањид бошад, то густариши имконпазири таљовузњои террористиро сариваќт пешгирї намояд. Ин матлаб бояд барои коршиносони рус њамчун маълумот барои андешидан ва сабаб барои аз нав баррасї намудани аќидањои нодурусташон гардад. Бахтиёр Рањимов, корманди илмии шуъбаи љомеашиносии АИ ЉТ (Бознашр аз рўзномаи «Љумњурият», №158 (23501) 10.08.2018)
4
ХАТЛОН
душанбе, 20 августи соли 2018, №31 (3168)
18 август рўзи кормандони соњаи тиб таљлил гардид
Ватанро рў ба рў бо бахт карданд Илми таърихи љањон он таърихеро шоиста медонад, ки гузаштагону муосиронаш дар суњуфи он таърих њаккокї шуда, на танњо барои инсоният, балки барои њифзи табиату наботот низ сањми арзанда дошта бошад. Чунин нобиѓањо дар сањифањои китобњои башар ањёнањён ба чашм мерасанд. Вале дар адабиёту таърихи халќи тољик, бахусус дар асри 20 ва ибтидои асри 21 Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон амале рўйи кор овард, ки то кунун ањли башар чунин андешаи поку хайру савобро пешорўи хеш надидааст. Баъди пош хўрдани Иттињоди Шўравї, соли 1991, мо ба осонї истиќлолияти ватанро ба даст овардем. Вале бањори соли 1992 бо нањсии хољагони бурунмарзї ва хушомадгўёни онњо нишонањои љанги тањмилї ба чашм расид. Нињоят тобистон ва тирамоњи њамон сол номењрубонињо ќисмат оѓоз шуд. Бародар муќобили бародар пушти сангарњо нишаста, ќасди љони якдигар тиру камон кашида, ќалби ватану инсонњоро ѓаму андуњ фаро гирифт. Тољикистон гўё дар оташи рашку кин месўхт. ...Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон доир гашт. Шукри Худованд, ки љаласаи ќисмат шахси сиёсатогоњ, фарњангї, худогоњ, љавонмарди бо нангу номус, ботинату зоњиран поку хирадмандро ба минбари баланди миллат даъват кард. Вакилон даъваташ бар тахт карданд, Ватанро рў ба рў бо бахт карданд. Дар њамон лањзањои њассоси њаёту мамот Љаноби
Олї аз нахустин сухан, њамчун сиёсатмадор, аз нигоњи сиёсатшиносон бањои баланд гирифт. Аз нигоњи табибон њамчун табиб, донандаи хуби илми равоншиносї мањбуби дилњо гардид. Аз нигоњи шоирон бошад, нахуст суханонаш ба њайси сарвар њамчун андарзи њакимона рўњи инсонњоро болида намуда, барои ањли ќалам сарчашмаи илњом шуд. Барои инсонњое, ки неъматњои моддї меофаранд, ранљ мекашанду ганљ ба каф меоранд, њамчун обу њаво писанд омад. Модароне, ки аз њама зиёд бори гарони ѓаму андуњро ба дўш доштанд, нахуст суханро њамчун дуои мустаљобшудаашон ќабул доштанд. Замоне абармарди миллат ба њайси Роњбари давлат ба минбари миллат баромад, нахустин андарзњои шакарбораш чунин садо дод: “Ман кори худро аз сулњ сар хоњам кард. Мо бояд њама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Њар чї аз дастам меояд, дар ин роњ талош хоњам кард. Ман љонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам. То охирин гурезаро ба ватан барнагардонам ором намешавам”. Ин суханони фарањфазо барои мардуми ѓамдору ватандор, њамчун даво ва неруе бањри љисму љони онњо ва зањри њалоњиле буд дар љоми раќибон. Ба фикри равшани дунё такон шуд, Сиёсатогање андар љањон шуд. Ќадамњои самимию устувор ва андешањои покаш дар љодаи сиёсати баланд писанди њамагон гашт. Аз оѓоз то ин дам корњои неку шоиста ба нафъи халќу ватан иљро шуд. Пешвои миллат ватанро дар саросари олам муаррифї кард. Љодањоро ба чор сўи олам боз намуд. Њар як таъкиду панде, ки аз љониби Пешвои миллат рўйи кор меояд, на танњо барои бењдошти рўзгору саломатии инсонњо, балки барои њифзи муњити зист зарур ва сариваќтї мебошад. Дар баробари корњои шоиста чор амали писандидае, ки нисбати табиату наботот, бахусус нисбати оби
пок пешнињоди љањониён гардида буд, аз љониби Созмонњои байналмилалї, сарони кишварњо ва Созмони Милали Муттањид пазируфта шуда, мавриди амал ќарор дорад. Миллионњо нафар аз набудани оби ошомиданї танќисї кашида, ба беморињои сироятї гирифтор шуданд. Заминњои ташналабе, ки дар интизори як ќатра обанд, дар солњои 2018-2028 шодоб мегарданд. Инсонњо то абад дар њаќќи Пешвои миллат дасти дуо мебардоранд. Фарањбахшї ба зењнаш гашт бунёд, Хирадмандона фикре кард эљод. Барои њифзи оби поки дунё, Зи ќалби дардманди хоки дунё. Љањонмардони оламро хабар дод, Сухан барљо расид охир самар дод. Дар њаќиќат, андешањои поку фарогир, рафтору кирдору пиндори неки Љаноби Олї Эмомалї Рањмон барои бењдошту зиндагии шоистаи шањрвандону муњити зист нигаронида шудааст. Дар олами тиб муњити созгор, оби тоза, њавои форам ва воњањои сабзу хуррам барои тандурустии љомеа муфид аст. Хизматњои Эмомалї Рањмон њам дар дохили кишвар ва њам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои сањми бебањо дар густариши љомеаи умумибашарї ў ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Професори Академияи умумиљањонии тиб дар соњаи илмњои гуманитарї сазовор дониста шудааст. Ў дар љањон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соњиб гардидааст. Медали тиллоии ба номи Николай Блохинмукофоти олии Академияи илмњои тиббии Федератсияи Русия, медали созмони љањонии тандурустиро бошад, Эмомалї Рањмон 19 июни соли 2018 барои сањм ва наќши Президент ва Њукумати кишвар бањри таъмини солимии љомеа сазовор гардид. Мотабибон аз он ифтихор дорем, ки бањри бењдошти солимии љомеа Президенти кишвар кормандони соњаи тибро пайваста дастгирї намуда, барои онњо њамаи шароитњоро муњайё сохтаанд. Моро зарур аст, ки дар љавоби ѓамхорињои Пешвои миллат барои халќу ватани азизамон хизмати арзанда намоем. Сайдулло Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон
мањкум мекунем! Ёдовар мешавем, ки дар таърихи њазорсолаи мардуми тољик аз љониби иддае аз кўрдилон њодисањое рух дод, ки душманони миллат мехостанд давлати тољиконро ба нестї расонанд. Хушбахтона, дар њама њолатњо тирашон хок хўрдаву ба маќсад нарасиданд. Зеро дўстиву вањдати миллии тољикон ин миллатро ба пирўзї расонд. Њазорњо шоњасарњо ва шоњбайтњои бузургони гузаштаю имрўзаи халќи тољик аст, ки васфи дўстию бародарї, некандешию некзамирї мекунад: Дўст машмор он ки дар неъмат занад, Лофи ёриву бародархондагї. Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст, Дар парешонњоливу дармондагї. Инсони комил пеш аз оѓози коре андеша мекунад. Барои њамин њам мегўянд: “Ба доно ишорат, ба нодон калтак”. Имрўзњо ташкилоти террористїэкстремистии Њизби нањзати исломї бо роњбарии Кабирї ва кумаки молиявии хољагони хориљии худ амнияти Тољикистонро халалдор созанд. Дар нашрияњои расмии Љумњурии Тољикистон шарњи расмии Вазорати корњои дохилї оид ба њодисаи њамла ба сайёњон чоп шудааст. Ин њамлаи террористии аъзои ЊНИ-ро мардуми Тољикистон ва хориљиён сахт мањкум мекунанд. Агар ба њодиса, тарљумаи њоли содиркардаи љинояткорон шинос шавем, мебинем, ки онњо дар муњити тундгарої тарбият ёфта, хавфу тањдид, низоъњои мазњабї пешаи онњост. Агар ба таърихи солњои охир нигарем, маълум мешавад, ки пас аз пошхўрии Иттињоди Шўравї дар собиќ љумњурињо буњрони иќтисодию сиёсї ба вуљуд омада, вазъияти прокандагї кишварро фаро гирифт. Ќуввањои мављудаи њокимияти давлатї, зиёиён ва рўњониён ба сањнаи муборизаи сиёсї дохил шуда, дар ин самт љањду талош менамуданд. Тољикистон дар ин њолат ба таљрибаи сулњофарї ва консепсияи вањдати миллї такя кард. Њамон давра Дабири кулли Созмони Милали Муттањид Кофи Аннан вобаста ба сулњи тољикон гуфта буд: “Тољикистон дар њалли муноќишањои дохилї барои бисёр мамлакатњои дигар намунаи беназир армуѓон овард”. Ин бањои баланд далели он аст, ки сулњу оштї њамчун арзиш дар табиати мардуми мо нуњуфтааст. Коршиносон бар он аќидаанд, ки дини мубини ислом набардњои харобиоварро мањкум, сулњу оштиро талќин мекунад. Воситаи муњими расидан ба саодатро дар сулњ медонанд. Ёдрас мешавем, ки тољик аз ќадимулайём домони сулњу оштиро мустањкам дошта, аз њисоби замини неъматбахшаш ризќу рўзии худро таъмин мекард. Мо таърихан замини њосилхез, обњои мусаффо, сарватњои моддию маънавї дошта, њаётамонро сазовор пеш бурда метавонем. Таърих гувоњ аст, ки тољикон кўшиш карда, тадбир љуста корро на ба љанг, балки бо некї анљом медоданд. Ба ќавли Фирдавсии бузург: Наљўед кину марезед хун, Набошад бар кори бад рањнамун. Бузургони гузаштаю имрўзаи тољик љонибдори созиш, оштї ва сулњанд. Сулњхоњию сулњпазирї бо шири модару хуни поки миллати тољик њастии њар як фардро фаро гирифта, то охир бо ў мемонад.
ЉИНОЯТИ
Дар шарњи расмии Вазорати корњои дохилї оид ба њодисаи њамла ба сайёњон дар бораи ин њодисаи нангин маълумоти муфассал оварда шудааст: “29 июли соли равон, тахминан соати 15:30 даќиќа гурўњи мусаллањи љинояткорон-аъзои ТТЭ ЊНИ бо автомашинаи тамѓаи “Леганзе” раќами ќайди давлатиаш 74-98 ВН 03, дар шоњроњи Кўлоб-Душанбе дар њудуди дењаи Сафобахши Љамоати дењоти “Оќсў”-и ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон (км 81), бо суръати баланд ба 7 сайёњи хориљї-шањрвандони Иёлоти Муттањидаи Амрико, Швейтсария, Нидерландия ва Фаронса, ки ба воситаи велосипедњо аз шањри Кўлоб ба пойтахти кишвар њаракат менамуданд, њамла оварданд. Дар натиљаи ин воќеаи нангин 4 сайёњ-шањрвандони
Штатњои Муттањидаи Амрико Аустин Љей ва Лаурен Анне Мунтоз, шањрванди Нидерландия Воке Рен Виллем, шањрванди Швейтсария Хамел Маркус ба њалокат расида, ду нафари дигар - шањрвандони Швейтсария Ким Айрис ва Диманд Мари Клер дар њолати вазнин дар беморхонаи ноњияи Данѓара бистарї карда шуданд. Шањрванди Фаронса Казабат Гуиллалюм Љеан осеб надидааст. Маќомоти њифзи њуќуќи кишвар аз њисоби Кумитаи амнияти миллї, Прокуратураи генералї ва Вазорати корњои дохилї ољилан ситоди байниидоравии махсус таъсис дода шуд. Љинояткорон дастгир шуданд. Ваќти азназаргузаронии љойи њодиса ва автомашинаи љинояткорон далелњои шайъї- корд, табари хунолуд, як телефони дастї, 2 борхалта, пойяфзоли варзишї, 2 шиноснома ба номи Маљидов Асомуддин ва Сафаров Зафар, зода ва сокини ноњияи Панљ, дарёфт ва гирифта шуд. Роњбари гурўњи террористї Абдусамадов А. Њ. солњои 2014-2015 4 маротиба ба шањрњои Ќум ва Мозандарони Љумњурии исломии Эрон рафта, таълимоти идеологї ва њарбї-диверсионї гирифта, бо аъзои фаъоли ташкилоти террористїэкстремистии Њизби нањзати исломї, љинояткори дар љустуљў ќарордошта Убайдов Носирхўља Ањтамович бо тахаллуси “Ќорї Носир” вохўрда, бо роњи додани байъат ба њизби экстремистии нањзати исломї дохил шудааст. Фармонгари љиноят Убайдов Х. А. аз соли 1992 аъзои фаъоли ташкилоти экстремистї-террористии Њизби нањзати исломї буда, аз соли 2015 дар љустуљўи расмї ќарор дорад. Абдусамадов ва шарикони љинояткораш бо маќсади халалдор сохтани амнияти љамъиятию давлатии
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон
Асалмо САФАРОВА
Тољикистон, тањти роњбарии Убайдов Н А., ин љиноятро бо берањмии махсус содир карданд. Онњо ният доштанд тавассути ноњияи Панљ ба Љумњурии исломии Афѓонистон фирор намуда, ба гурўњњои террористї њамроњ шаванд. Ин гурўњи террористї-экстремистї аз љониби маќомоти ќудратии кишвар дастгир карда шуда, ќисме њангоми нишон додани муќовимат мањв карда шуд. Бо гумонбарии алоќа бо ин гурўњ баъзе шањрвандони дигар њам дастгир шуданд. Давлатњои гуногун бо хавфу тањдидњои амниятї мубориза мебаранд. Барои таъмини амният андешидани иќдоми дастаљамъона зарур аст. Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон борњо дар баромадњояш таъ-
Бо иќдоми Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон соли 2018 дар Љумњурии Тољикистон Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон шудааст. Дар доираи он дар кишвар соњаи сайёњї рушд ёфт. Тољикистони хушманзару дилангези мо ба манзарањои дилпазиру мафтункунандааш ба сайёњии кўњї мувофиќ буда, њар сол њазорон сайёњони хориљї ва дохилї љойњои таърихиву фарњангии ќадимаро тамошо карда, таассуроти нек мебардоранд.
«ХАТЛОН»
Сармуњаррир
ГЎШНОШУНИДИ ХОИНОНИ ВАТАН
кид намудааст, ки тундгарої муборизаи дастаљамъонаро таќозо мекунад. Љанги тањмилии соли 1992 ба мамлакат мушкилињои зиёдеро пеш овард. Оќибатњои љанги шањрвандии соли 1992 моро њушдор медињад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатњои халќу давлатро устуворона њифз намоем. Имрўз пўшида нест, ки аќидањои бегона аз љониби донишљўёни донишгоњ ва мадрасањои динии хориљї бо маќсади тасарруфи фазои динї, коњиш додани арзишњои мероси динї-мазњабии ниёгон роњандозї мегардад. Њамзамон, давом кардани шомилшавии љавонони ноогоњ ба сафи гурўњ, созмон, ањзоб, њаракатњои ифротї метавонад ба оромии љомеа хатар ворид созад. Гурўњњои террористиву экстремистї вазъияти орому осоиштаи кишвари моро мехоњанд ноором созанд, љавононро ба гирдоби нохушињо тела дињанд, ба нооромињо сабаб шаванд. Вобаста ба ин, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон гуфтааст: “Тавре ки чандин бор таъкид карда будам, баъзе љавонони гумроњшудаи мо низ ба сафи љангиёни гурўњу њаракатњои террористиву ифротгаро пайваста, дар муњорибањои хунини давлатњои хориљї ширкат доранд. Њолатњое низ љой доранд, ки баъзе шањрвандони мо тамоми оилаашонро ба он љойњо интиќол додаанд. Ќисми зиёди онњое, ки дар њудуди давлатњои љангзада ќарор доштанд, дар натиљаи гузаронидани амалиётњои зиддитеррористї кушта шуда, фарзандони ноболиѓи онњо бесаробон монданд”. Ин љо саволе ба миён меояд. Оё онњое, ки дар задухўрдњои мусаллањонаи давлатњои хориљї иштирок кардаанд, бо хоњиши худ ба ин амали номатлўб даст задаанд? Не, ал-
Кошонаи њусни Њамрохон Тоирова тирамоњи соли гузашта ба фаъолият оѓоз кард. Дар ин фурсати кўтоњ соњиби мизољони доимї шуд, ки харољоти ўро пўшиш дода, даромади оилаашро назар ба пешин ба андозаи 20% афзунтар кард. Бењ шудани вазъи молиявии кошонаи њусн ба Њамрохон обрў дод ва њамакнун њарфи ў дар тасмимгирињо ва муайян кардани афзалиятњо дар хонаводааш таъсиргузор шудааст. Мароми зиндагии Њамрохон Тоирова комилан ранги дигар пайдо кард. Њамрохон дар шањри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, зиндагї мекунад. Соли 2008 ў ба хотири тарбияву парастории се фарзанди хурдсолаш тарки кори муњосибї дар бонк намуд. Ба ў ва ањли хонаводааш бахт омад кард – њамсари Њамрохон ва писари калониаш дар Тољикистон љойи кори хубе доштанду кулли харољоти рўзгорро уњда мекарданд. Ин њам, дар њоле ки бисёре аз њамсолони онњо ба Русия барои мардикорї рафта, маблаѓи ночизе, бар ивази зањматашон ба даст меоранд, ба зану фарзандонашон мефиристанд. Давоми њашт сол Њамрохон Тоирова дар хона ба тарбияи фарзандон ва иљрои масъулиятњои дигари кадбонугї машѓул шуд, аммо њамеша дар сараш ин андеша чарх мезад, ки чї тавр бизнеси худро оѓоз кунад. Дар ибтидои соли 2016 Њамрохон хабар ёфт, ки дар кумитаи мањалла омўзишњои махсус барои занон оид ба интихоби идея ва оѓози тиљорат, идора кардани соњибкории хурд ва саводи молиявї доир мешавад. Чунин омўзиш мувофиќ ба табъи дили ў буд. Њамрохон яке аз иштирокдорони фаъоли ин омўзишњо гардид ва чанде баъд идеяи машѓул шудан ба соњибкорї дар самти муайяне дар зењнаш тавлид ёфт. Азбаски оилаи вай дорои дукони холие дар маркази шањри Бохтар буд, ки то ин ваќт истифода намешуд, Њамрохон ќарор кард, дар он кошонаи њусн барои бонувон мекушояд. Аммо ваќте ки ў шумораи зиёди љавонон-муњољирони кории бозгашта аз Русияро дид, ки дар љустуљўи љойи кори мувофиќанд, бизнес-планашро таѓйир дод: ба љойи кошонаи њусни занона сартарошхонаи мардона месозад. Њамсари Њамрохон, ваќте дарак ёфт, ки соњибкории зављааш метавонад чанд љавонро бо љойи кори доимї таъмин намояд, ќарори ўро
дастгирї кард ва гуфт, ки ин сартарошхона на танњо ба оилаи ў даромад меорад, балки барои рушди љомеа низ хизмат хоњад кард. Ањли оила аз захирањои худ истифода карда, толори сартарошхонаро ороиш доданд ва таљњизоти лозимаро дастрас намуданд. Њамрохон, ки мехост кори сартарошхонааш ба талаботи замони муосир љавобгў ва пайгири мўд бошад, гурўњи сартарошони љавонро љалб намуда, онњоро ба курсњои такмили ихтисос фиристод. Њамин тавр, ў бизнеси худро расман ифтитоњ бахшид. Њоло салони Њамрохон, ки «Man Only» ном дорад, дар миёни мардњо, бахсусус љавонон, аз мањбубияти хос бархўрдор аст ва 5 сартароши љавон бо љойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Комёбии Њамрохон Тоирова дар љодаи соњибкорї ба духтар ва келинаш низ илњом бахшид. Духтари 20-солааш Марњабо чанде ќабл бизнеси худро оѓоз кард. Ў маркази омўзиши забонњои англисї ва русиро барои кўдакони синни хурд ва миёнаи мактабї таъсис дод. Келинаш бошад, ба њунарњои мардумї машѓул буда, пироњанњои зебоеро бо наќшу нигори миллї медўзад. Худи Њамрохон њоло ба ташкили толори арўсї ва кошонаи њусн барои бонувон андармон аст. Имрўзњо соњибкории муваффаќи Њамрохон Тоирова ва духтару келинашро дида, бонувони зиёде аз ў машварат мепурсанд. «Ман танњо њунар ва зарфиятњои худу оилаамро истифода кардам, он чиро ки доштам. Шумо њам потенсиали худро хубтар ба кор баред. Шумо њам метавонед», - мегўяд ў дар посух. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Маслињат
Роњгардї ва њаракат доруи дарозумрист
батта! Садњо шахсони фиребхўрда аз ин кирдори худ пушаймонанд. Аксари шањрвандони кишвари мо њангоми дар муњољирати мењнатї будан, дар давраи тањсилоти ѓайриќонунии динї дар хориљи кишвар ба гурўњњои ифротгаро љалб шуда, ба амалњои нораво даст зада, кирдорњои ифротгароёнаро адо менамоянд. Имрўз дар байни љавонон баъзе шахсоне пайдо шудаанд, ки узви равия ва нињодњои террористї гардида, ба тарѓиби нињодњои террористї, аќидањои ифротгарої машѓуланд... Имрўз Тољикистони азиз бињишти рўйи оламро мемонад. Њама љо сабзу хуррам, шањру дењот ободу гулфишон, одамон шоду хандонанд. Њаёт рангин аст мардум зиндагии осуда доранд. Мардуми Тољикистон аз сарвари худ, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ифтихор дорад. Пешвои миллат миллатро муттањид кард, вањдати миллї, сулњхоњї ва сулњпазирии тољиконро эњё намуд, миллатро ба оламиён шиносонд, одамонро ба созандагї ва офарандагї њидоят кард, дўстию рафоќати байни мардумро мустањкам намуд. Тољикистон сарзамини камзамин асту њар каф хоки поки он муќаддас. Фарзандони кишвар ба куљое сафар кунанд, мушти хоки поки ватанро њамчун муќаддасот бо худ мегиранд: Њар куљо рафтанд онон, Ё ба Макка ё Мадина, Ё ба ѓурбат, ё тиљорат, Ё гуреза аз њама тазвиру кина, Мушти хокатро ёдгорї бурдаанд. То агар рўзе бимиранд аз ќазо, Дар ѓарибї бекасу беошно, Хоки ту бошад нишони охирин. Фарзандони диловари ватан кишварамонро бо сарбаландиву сарфарозї ободу зебо мекунанд. Њар як фарзанди бонангу номуси диёр ин кишвари афсонавї, макони сарбаландону сарфарозон, диёри чашмасорону обшорон, дарёњои пуртуѓён, макони пахтаю сабзавоту мевањо, макони шоирону олимони оламгирро дўст дошта, бо мењнати њалолу эљодкорона онро ба боѓу бўстони њаќиќї табдил додаанд. Њар нохолафе, ноодаме бо кирдорњои ѓайриинсонии худ ба кишвари мо доѓ оварад, гуноњи ў нобахшиданист. Устод Мирзо Турсунзода дар васфи кишвари азизамон фармудааст: Даме ки мешумурдам пурбањо суханњоро, Баландтар зи Ватан нест дар забон њаргиз. Чї медињї ба Ватан? Њар касе, ки пурсидам, Љавоб дод: “Надорам дареѓ љон њаргиз” . Њар касе, ки дар њаќќи ватан ва мардуми некбахти он бадгўї мекунад, амали ношоиста ва ѓайриинсониро анљом медињад, њаргиз ба маќсади ѓаразноку нопоки худ нарасида, љазои сазовор мегирад. Ватандорон бошанд, ватани худро содиќона њифз мекунанд. Б. САЙДАЛИЕВ
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
ИЌДОМЕ, КИ БА ПАЙРАВЇ МЕАРЗАД
Чї тавре ки таљрибаву омўзишњо нишон медињанд, ягон илм ва давою дармон пеши роњи пиршавиро гирифта наметавонад. Пиршавї аллакай аз кўдакї оѓоз ёфта, дуру дароз дар љараёни зиндагї худро маълум мекунад. Ваќте ки мувозинати ин амал рафта-рафта калон ё зиёд мешавад, дар љисми одам нишонањои пиршавї аён мегардад. Дар њамин асно мубодилаи моддањо низ рў ба камшавї ва вайроншавї рафта мерасонад. Бинобар ин, ваќте ки одам ба синни 50-59-солагї мерасад, талаботи љисм ба витаминњо зиёд шуда, инсон худро заиф њис мекунад. Зикр кардан ба маврид аст, ки ана дар њамин синну сол инсон бояд хўрокњои камѓизо, парњезї истеъмол намояд. Зеро хўрокњои ѓизояш баланд, серравѓан, ширинињои гуногун ва дигар хўрокњои калориашон зиёд одамро ба њар гуна беморињо оварда мерасонад. Чї бояд кард, ки роњи пиршавии бемавридро бигирем? Таљрибањои гуногуни одам нишон медињанд, ки роњи пеш-
гирии пиршавї танњо аз иродаи инсон вобастагї дорад. Бинобар ин инсон бояд њамеша аз оби тоза, ѓизои пок ва хоби кам, роњгардї ва њаракат бештар истифода кунад. Бењтар мешуд, агар дар ин синну сол рељаи рўзро тартиб дињад ва аз рўйи он амал намояд. Аз љумла њар як шахс барваќт аз хоб хеста, дуру дароз роњ гашта, масофае давида, машќњои умумии баданро ба љо оварда, дасту рўйро бо оби хунук шўяд. Бо њамин ў зиндагии хубу серњаракатро интихоб карда, рўз то рўз бењтаршавии саломатї, фаъол гардидани дасту пой ва љисми худро эњсос менамояд. Рўз аз рўз масофаро зиёд намудан, то хасташавии мушакњо давидан ё давом додан бењтарин дору аст. Агар шароит бошад дар майдончањои варзишї, толорњо ба бозињои варзишї, аз ќабили теннис, бадминтон, тўби дастї ва ѓайра машѓул шавед. Дар ин бозињо хасташавии худро њис намекунед, вале роњатро дар ваќти хоб мебинед. Баъд аз машќњои паго-
њирўзї то бегоњ табъатон болида, љисматон сабук мегардад. Бинобар ин, дар ин кор танбалї накунед, вагарна шумо ба маќсади худ намерасед. Рўзњо, њафтањо паси сар мешаванд ва шумо дар худ неруи тоза, серѓайратї, пуртоќатиро њис мекунед. Хулоса, њаракат, роњгардї, давидан ва машќњои љисмонї доруи дарозумрии инсон ба њисоб мераванд. Дар натиљаи роњгардии дуру дароз ва ё давидан дар бадани шумо таѓйироти куллї ба вуљуд омада, мубодилаи моддањо зиёд шуда, системаи узвњои нафаскашї кушода мешаванд, хун дар дилу рагњо бештар њаракат мекунад, шумо худро солим њис карда метавонед, иштињо кушода шуда, хўрокхўрї низ хеле хуб мешавад. Машќњои љисмонї, Ба кас дињад љавонї. Пайваста дар машќ бошї, Бењтарин шахс бошї. Эмомалї Зарифов, омўзгори Гимназияи давлатии ноњияи Љайњун
ЗИЁДА АЗ 63 ЊАЗОР СОМОНЇ ЉАРИМА БА ФОИДАИ ДАВЛАТ Дар шашмоњаи аввали соли 2018 аз тарафи љузъу томњои Ќўшунњои сарњадии КДАМ Љумњурии Тољикистон дар якљоягї бо маќомотњои ќудратї 39 амалиёти махсус, ки аз он 13 амалиёт бо КДАМ Љумњурии Тољикистон ва 14 амалиёт бо дигар сохтору маќомотњои ќудратї гузаронида шуд. Зимни тасдиќи ин хабар, Муњаммад Улуѓхољаев, сухангўи ин нињод гуфт: “Дар ин муддат, бо ќочоќчиён ва вайронкунандагони хатти сарњад 17 маротиба задухўрди мусаллањона ба ќайд гирифта шуд, ки дар натиља 7 нафар ќочоќчиён нобуд ва 21 нафари дигар дастгир карда шуданд. Инчунин, 19 маротиба кўшиши убури ѓайриќонунии хатти сарњад низ пешгирї карда шудааст”. Мавсуф иброз дошт, ки давоми нимаи якуми сол аз тарафи љузъу томњои Ќўшунњои сарњадии КДАМ Љумњурии Тољикистон дар њамкорї бо дигар маќомотњои ќудратии кишвар аз ќочоќчиён ба миќдори 1 129 кг 331 гр маводи нашаъдор, аз љумла: 70 кг 224 гр героин, 339 кг 416 гр афюн, 535 кг 914 гр њашиш, 183 кг 777 гр бангдона (канабис), 125 кг 850 гр маводњои мадњушкунанда дарёфт ва мусодира карда шуд. Њамзамон, 208 228 бех нињоли банги њиндї дар минтаќањои наздисарњадї бо роњи сўзонидан нобуд карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки тавассути нуќтањои гузаргоњњои сарњадї 2 миллиону 342 њазору 404 нафар шањрвандон, 117 њазору 261 адад
воситањои наќлиёт, тайёраву ќаторањо аз сарњади давлатї гузаронида шуд. Аз љониби маќомоти назорати сарњадї дар гузаргоњњои сарњади давлатї 358 нафар ашхос боздошт шудаанд. Аз ин шумора, вайронкунандагони низом дар гузаргоњи сарњади давлатї 6 нафар, вайронкунандагони ќоидањои будубоши шањрвандони хориљї дар Љумњурии Тољикистон 33 нафар ва шахсони дар рўйхати кофтуков ќарордошта 313 нафар дастгир ва пас аз тартиб додани њуљљатњои лозима ба маќомотњои дахлдор супорида шуданд. Манбаъ зикр намуд, ки аз ќочоќчиён молњои ниёзи мардум, маводњои хўрокворї, ашё ва масолењи сохтмонии пастсифат, ки ѓайриќонунї вориди Љумњурии Тољикистон мегардиданд, аз љумла 7 500 литр сўзишвории дизелї, 2 300 литр бензин, 68 300 тонна ангиштсанг, 71,850 тонна семент, 22 тонна пиёз, 19 864 кг меваи хушк, 20 000 кг картошка, 267 сар моли майда ва калони шохдор, 260 кг њасиби гуногун, 1 400 адад мањсулоти ширї, 3 000 кг масолењи сохтмонї, 1 000 кг мањсулоти ќаннодї, 2 500 кг орд, 5 000 кг донагї, 1 000 кг нафт, 4 000 кг митроамафос ва ѓайра дарёфту мусодира гардиданд. Нисбати ќонунвайронкунї ба фоида буљаи давлат 63 760 сомонї љарима ситонида шуд. Фаромўз БОБОЕВ, “Хатлон”
эътибор надорад Шиносномаи гумшудаи техникии маѓозаи Шартномаи гумшудаи хариду фурўши №9, воќеъ дар дењаи Правдаи Љамоати дењоти маѓозаи Раёсати љамъияти матлуботи ноњияи А. «Иттифоќ»-и ноњияи Абдурањмони Љомї, ки онро Љомї (собиќ Хољамастон) дар шахси Алматов КДФ «Баќайдгирии молу мулки ѓайриманќул» дар Шомањмад (фурўшанда) ва Олматов Усмон (хариноњияи А. Љомї тањти №6575 њамчун моликияти дор) аз 31.07.2001 тањти № 1Д-286, ки он дар идораи шахсї дар асоси шартномаи хариду фурўши №1Днотариалии давлатии вилояти Хатлон ба ќайд ги286 аз 31.07.2001 ба шањрванд Олматов Усмон дорифта шудааст, эътибор надорад. дааст, эътибор надорад.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Саттор Ќарахонов
Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа»-и вилояти Хатлон ба табъ расидааст. Ба чопаш 20.08.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896