ХАТЛОН
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №24 (3161)
панљшанбе, 21 июни соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028 Маълум аст, ки таѓйироти глобалии иќлим ба њаљми захирањои оби нўшокии тоза ва сифати он таъсири манфї расонида, кишварњо ва минтаќањои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологї дучор месозад. Имрўз дар олам зиёда аз ду миллиард нафар аз норасоии об танќисї мекашанд. Тибќи пешгўйии коршиносон, соли 2050 ин нишондињанда метавонад то панљ миллиард нафар, яъне таќрибан ба нисфи ањолии сайёра, баробар гардад. Зимнан, тамоюли афзоиши ањолї ва ниёзмандї ба захирањои об дар назди мо вазифањои нави маљмўиро мегузорад. Дар љањон талабот ба захирањои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатњо миёни соњањои иќтисод мегардад. Шиддати раќобат барои дастрасї ба захирањои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад њатто дар дохили як кишвар пайомадњои манфиро ба бор орад. Мањз њамин ду омил – таѓйироти глобалии иќлим ва афзоиши демографї – чањорчўба ва имконотро барои иќдомоти мо муайян хоњанд кард. Дар баробари ин омилњо як силсила масъалањои дигаре вуљуд доранд, ки муносибати маљмўї ва њамкории фаъолро дар соњаи об таќозо доранд. Дар маљмўъ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захирањои об, истифодаи такрории онњо ва тањияи технологияњои нави тавлиди оби тоза дар миќёси саноатї аз љумлаи чунин масъалањо мебошанд. Таљрибаи андўхташуда нишон медињад, ки дар арсаи истифодаи захирањои об якбора ба натиљањои назаррас ноил шудан мушкил аст. Бо дарназардошти мањз њамин таљриба, Дањсолаи оѓозёфтаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028», пеш аз њама, ба ташаккули майдони васеъ барои тањкиму тавсеаи муколамаи мунтазами бисёрљониба дар соњаи об бо таваљљуњ ба иќдомоти амалии мушаххас равона карда шудааст. (Аз суханронии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар маросими ифтитоњи Конфронси байналмилалии сатњи баланд оид ба Дањсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028», 20 июни соли 2018, шањри Душанбе)
Баррасии масъалаи муњим
НОРАСОИИ ЙОД ИНСОНРО МЕТАВОНАД БА КАМАЌЛИЮ ЌАДПАСТЇ РАСОНАД Наздик ба 20%-и ањолии Тољикистон намаки тибќи меъёр йоднокшуда истеъмол намекунанд ва норасоии йод дар љисми инсон боиси хуруљи бемории љоѓар, хасташавии зиёд, араќкунї, пастшавии ќобилияти фикрронї ва азхудкунї дар хониш, камаќлї, ќадпастии кўдак, асабоният, дилтангї, пастшавии ќобилияти биниш ва шунавої, тавлиди тифли мурда, вайроншавии кори дил, дарди сар, бемадорї, сустшавии ќобилияти мењнатї, нафастангї, дилзанї, инчунин вайроншавии давраи њайзи занон мегардад. Ин нукта дар мизи мудавваре, ки ба мавзўи йоднокгардонии намак ва мушкилоти норасоии йод дар бадани одам бахшида шуда буд, мавриди баррасї ќарор гирифт. Нишасти мазкур дар шањри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовинони соњавии раисони шањру навоњии вилоят, роњбарони муассисањои тиббї, масъулони марказњои назорати давлатии санитарию эпидемиологї, «Тољикстандарт», КВД «Хўрокворї» ва намояндагони иттињодияњои љамъиятї барпо гардид. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода зимни ифтитоњи ин њамоиши маърифатї ба зарурати муњокимаи масъалаи йодноккунї таъкид намуда, аз љумла гуфт, ки йод ба инсон чун об, ѓизо ва витаминњо зарур аст. Организми одам бо йод асосан тавассути ѓизо таъмин мешавад. «Дар Тољикистон мушкилоти норасоии йод ва микронутриентњо (микроэлементњо ва витаминњо) дар байни модарон ва кўдакон њамчун масъалаи муњим боќї мемонад.
Њамчунин, масъалаи истиќлолияти озуќаворї дар ќатори дигар самтњои афзалиятнок яке аз њадафњои стратегии кишвар эълон шудааст. Гарчанде ки Тољикистон тавонист дар солњои охир ба пешравии назаррас дар самти паст кардани пањншавии беморињои вобаста ба норасоии йод дар байни ањолї ноил шавад, њоло њам нишондињандањои беморињои норасоии йод, бахусус дар дењот ташвишовар мебошад. Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон њанўз дар соли 2006 доир ба ин мушкилот масъалагузорї карда буданд. Дар яке аз мулоќотњои худ бо намояндагони занони мамлакат Роњбари давлат изњори нигаронї карда буданд, ки дар кишвари мо беморињои камбуди йод, хусусан љоѓари эндемї хеле зиёд ба ќайд гирифта шудаанд. Њарчанд ки аз љониби Њукумат Барномаи миллї «Оид ба мубориза бар зидди беморињои камйодї барои солњои 1997-2001» ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи йоднок гардонидани намак» соли 2002 ќабул карда шудааст, вале фоизи беморињои зикргардида ба дараљаи зарурї кам нашуда истодааст. Сардори мамлакат њушдор дода буданд, ки истифодаи намаки камйод ё бейод аз љониби ањолї метавонад дар оянда ба инкишофи аќлонї ва генофонди миллат таъсири манфї расонад. Дар он мулоќот Роњбари давлат вазорати тандурустї
ва масъулину мутасаддиёни соњаро вазифадор намуда буданд, ки ба ин проблема љиддї муносибат карда, њамкорињои байнисоњавиро рушд дињанд ва барои пешгирии бемории љоѓар тадбирњои сариваќтї анде-
шанд», - зикр кард М. Хидирзода. Сипас, дар назди њозирин раиси ташкилоти љамъиятии «ОДАМ» Маќсуд Муњиддинов дар мавзўи «Мусоидат дар бењтар намудани нишондињандањои иќтисодии барномањои ѓизо ба воситаи тањлили вазъї ва бањодињии рафти иљроиши Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак», мусоидат ва бењдошти саломатии модару кўдак тавассути пурзўр намудани тартиби иљрои ќонунњо, оид ба
натиљаи санљиши йодноккунии намак, истењсоли ѓайрирасмии намаки ошї, суст будани назорати сифат, фаъолгардонии савдои ѓизои таъинотї, мушкилињо оид ба фурўши ѓизои таъинотї, нигоњдорї ва њолати са-
нитарии ѓизои сунъї, ѓизодињии табиї, таркиби ѓизои таъинотї дар муассисањои тандурустї сухан ронд. Зикр гардид, ки Тољикистон мисли бисёр кишварњои дигари кўњистон минтаќаи норасоии йод мебошад. Дар мо мављудияти йод дар хок хеле паст аст. Ин аст, ки растанињо ва гўшти чорвое, ки истеъмол мешавад, ба миќдори зарурї йод надоранд. Бинобар ин, ба миќдори кофї йоднок будани намак ва истеъмоли дурусти он метавонад
норасоии йодро дар организм бартараф намояд. Мувофиќи аќидаи иштирокчиёни њамоиш, истењсол ва истеъмоли намаки ошии бейод 2-3 маротиба зиёд гардида, баъзан ањолии шањру ноњияњои кишвар намаки техникиро низ истифода менамоянд. Санљишу тањлилњо нишон медињанд, ки аксар дар борхалтањо бо навиштаљоти «Намаки йодноккардашуда» намаки бейод љойгир ва ба фурўш бароварда мешаванд. Бояд сатњи маърифатнокии ањолї дар бобати истифодаи намаки йоднок боло бурда шавад, зеро аксар дар мањалњо намак тавассути мошинњои боркаш бо нархи арзон дастрас карда мешавад. Мутриба Латифова, мушовири Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тољикистон, иброз дошт, ки агар истењсоли намаки йоднок соли 2009-ум 62%-ро ташкил дињад, соли 2017 ин нишондод 30% поин рафтааст. Тибќи маълумоти Созмони љањонии тандурустї имрўз дар олам таќрибан 1,5 миллиард нафар мубталои бемории љоѓар аст, ки мутаассифона, Тољикистон њам аз ин рўйхат берун нест. Ба љуз ин, 19 миллион нафар дар љањон гирифтори бемории ноќисулаќлианд, ки он њам натиљаи норасоии йод дар организми одам аст. Ба њамин монанд, 200 миллион нафар гирифтори беморињои асаб ва 750 миллион нафар мубталои бемории ѓадудњои сипаршакл мебошанд. Дар навбати худ, камйодии занони њомила боиси бачапартої шуда метавонад. Пизишкон тавсия медињанд, ки зимни пайдо шудани нишонањои бемории љоѓар, шањрвандон бояд фавран ба муассисањои дахлдори тиббї мурољиат карда, сариваќт муолиља гиранд. Яке аз роњњои асосии кам кар-
(Идома дар сањ. 3)
Шўрои љамъиятї
Дар њифзи манфиатњои давлату миллат сањмгузор бошем Љаласаи Шўрои љамъиятии вилояти Хатлон доир гашт. Дар кори љаласаи Шўро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, мушовири ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа Ш Азиззода, котиби њамоњангсози шўрои љамъиятии Тољикистон Н Саидзода, аъзои Шўрои љамъиятї, роњбарону намояндагони ањзоби сиёсї, ташкилоту иттињодияњои љамъиятї ва намояндагони ВАО ширкат доштанд. Љамъомадро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода оѓоз бахшида, њозиринро бо рўзномаи љаласа ошно намуд. Номбурда таъкид дошт, ки фаъолияти шўроњои љамъиятї аз он дарак медињанд, ки дар Љумњурии Тољикистон раванди демократикунонии љомеа њалли хешро ёфтааст. Ва љомеаи шањрвандї дар раванди сиёсати давлатдории навини тољикон бевосита ширкат дорад. Муовини раиси вилоят зимни суханронї ёдовар гардид, ки чанде ќабл дар љаласаи Шўрои љамъиятї, ки бо ширкати намояндагони њизбњои сиёсї, иттињодияњои динї ва ташкилотњои љамъиятї доир гардида, атрофи суханронии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоќоташ бо љомеаи шањрвандї сухан
ронда, иштирокдорони љаласа таъкид доштанд, ки дар њифзи манфиатњои давлату миллат бояд њамагон фаъол бошанд. Зеро вазъи имрўзаи љомеаи љањонї њар як фарди ватандўстро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бањри оромию осудагии мењан, тарбияи насли наврасу љавонон дар рўњияи ватандўстї, худшиносї тадбир андешанд. Сипас, Шуњрат Азиззода, мушовири ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа, зимни суханронї ироа дошт, ки њифзи иљтимоии ањолї дар сиёсати Роњбари давлат мавќеи хоса дошта, бањри баланд бардоштани сатњи зиндагии шањрвандон як ќатор тадбирњои мушаххас андешида шудаанд, ки онњо натиљањои дилхоњ ба бор овардаанд. Таъсиси Шўрои љамъиятї низ махсус ба ин самт равона гардидааст. Яъне аъзои Шўрои љамъиятї бевосита метавонанд андешањои неку инсондўстонаи хешро пешнињод намоянд ва ба ин васила дар рушди љомеа сањми муносиби хешро гузоранд. Сипас, котиби њамоњангсози Шўрои љамъиятии Тољикистон Нуриддин Саидзода сухан ронда, ироа дошт, ки проблемањо дар тамоми соњањо, аз љумла маориф, манзил, њифзи саломатии ањолї вуљуд доранд. Албатта, ин масъалањо дар тамоми љањон ба
чашм мерасанд. Танњо барои роњи њал пайдо кардани ин мушкилињо бояд ањли љомеа, бахусус Шўрои љамъиятї пешнињодњои мушаххас ироа намоянд. Албатта, захирањои асосии њар як љомеа ин, пеш аз њама, захирањои аќлонї ба шумор меравад. Танњо дар сурати андешаи солим, истифодаи оќилонаи неруњои зењнї метавонем ба дастовардњои боз њам бењтару хубтар ноил гардем. Сипас, коршиносон Фаќир Саъдуллоев ва Зафар Ализода нисбати дастовардњои даврони соњибистиќлолї ва њамкорињои судманд бо ташкилотњои љамъиятї дар самти рушди соњањои маориф, тандурустї, фарњанг ва иќтисод андеша баён намуданд. Тавре ки таъкид гардид, ташкилотњои љамъиятии «Фидокор», «Дилафрўз», «Ѓамхорї», «Мењрон», «Парасту», «Заршедабону», «Эњё ва дастгирї», «Ситора» ва ѓайрањо њамкориро бо маќомотњои иљроияи њокимияти давлатии вилоят, шањру ноњияњо хуб ба роњ монда, бањри њалли мушкилоти иљтимоию иќтисодї дар мањалњо сањми хешро мегузоранд. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ёдовар гардид, ки бањри дар амал татбиќ гаштани барномањои соњаи маориф дар вилоят як ќатор корњо ба сомон расидааст. Имрўз вазифаи ташкилотњои љамъиятї, дар умум љомеаи шањрвандї, пеш аз њама,
муќовимати устувор ва аќидаи устувор ба шумор меравад. «Авзои љомеаи љањонї њамагонро њушдор медињад, ки беш аз пеш бењтару хубтар ва пурмасъулияттару фаъолноктар бошем, зеро дар ин замони пуртаззод, ки давлатњои пурќудраттарину пешрафта ба коми дасисабозињои хољагони манфиатљў фурў рафтаанд ва садњо шањрњои обод валангор гардидаанд, манзилњо сўхтаву њазорњо тан ба шањодат расидаанд, бояд њар як фарди ватандўст бањри пойдории сулњу субот, ободию бунёдкорї талош варзад. Ва муњим аз њама, посбони вањдату ягонагии кишвар бошем, зеро онро бо зањматњои бесобиќаи Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба даст овардаем», - ироа дошт зимни суханронї муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода. Њамин тавр, дар љамъомад оид ба Низомномаи нави шўрои љамъиятї сухан рафта, таъкид гардид, ки шўрои љамъиятї маќоми намояндагї, машваратї ва назоратї дошта, ташаккулдињандаи љомеаи шањрвандї дар кишвар мебошад. Иштирокчиёни љаласа андешањои хешро нисбати фаъолияти пурсамари шўрои љамъиятї баён доштанд. Аз рўи масъалањои баррасигардида ќарорњои дахлдор ќабул гардид. Вахшона, «Хатлон»
7 рЎзи ХАТЛОН ТАШКИЛИ «РЕЕСТРИ ТИЉОРАТЇ» - АМРИ МУЊИМ 19 июн дар шањри Бохтар бо ибтикори Агентии омори назди Президенти кишвар ва дар њамдастї бо Шўро оид ба фазои соњибкорї ва сармоягузории назди раиси вилояти Хатлон мизи мудаввар дар мавзўи «Рўйхати тиљоратї – абзори дастрасии соњибкорон ба иттилооти бозорї» барпо гардид. Зимни чорабинии мазкур зикр шуд, ки ташаббускори аслии ташкили реестр – рўйхати тиљоратї барои соњибкорон дар вилояти Хатлон раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода мебошад. Њадафи мизи мудаввар баррасии роњњои густариши тиљорат, табодули иттилоот
миёни иштирокчиёни бозори савдо, мусоидат ба татбиќи сиёсати давлатї дар соњаи фаъолияти тиљоратї арзёбї шуда, дар кори он беш аз 30 намояндаи доирањои тиљоратї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва шарикони рушд ширкат варзиданд.
МУЛОЌОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО Х. ПЙЕДРА Раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода дар шањри Бохтар бо љонишини ёвари мудири Ољонсии ИМА оид ба рушди байналмилалї (USAID) дар Осиёи Марказї ва Љанубї Хавйер Пйедра, ки масъули барномањои рушди USAID дар минтаќа, аз љумла барномањои марбут ба дастгирии рушди фарогир, таълим, саломатї ва амнияти озуќавї аст, дидору мулоќот анљом дод. Зимни вохўрї љонибњо фаъолияти љорї ва ояндаи USAID ва њамкорї дар самти рушди кишоварзиро мавриди баррасї ќарор доданд. Пас аз мулоќот бо раиси вилоят Д. Гулмањмадзода, мењмони амрикої бо боѓи наздимактабї, ки хонандагони мактабро бо ѓизои солим таъмин мекунад, инчунин сардхонањо ва корхонаи коркарди мањсулоти хўрокворї шинос шуд. Масъулони ин корхона дар баробари 20 ширкати дигари агротехникї соли гузашта аз љониби USAID кўмак ба даст оварда буданд ва имконияти бештарро ба дењќонон барои фурўши мањсулоти истењсолгардида фароњам меоваранд.
ТАСВИБИ СОЗИШНОМА ОИД БА РОЊСОЗЇ Вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии кишвар 20 июн Созишномаи грантї (амалиётњои махсус) байни Љумњурии Тољикистон ва Бонки Осиёии Рушдро оид ба лоињаи «Роњравњои ЊИМОМ 2, 5 ва 6 (лоињаи роњи мошингарди Душанбе-Бохтар)» - маблаѓгузории иловагї ба тасвиб расониданд. Зикр гардид, ки барои татбиќи лоиња оид ба бозсозии ќитъаи 40-километраи роњи пайвасткунандаи пойтахт бо маркази вилояти Хатлон – шањри Бохтар Бонки осиёї грант ба маблаѓи 90 миллион доллари амрикої ба сифати маблаѓгузории иловагї ироа хоњад кард. Дар маљмўъ, лоињаи азнавсозии роњи мошингарди Душанбе-Бохтар аз ду марњила иборат аст. Марњилаи аввали татбиќи лоиња бозсозии 33,2 ки-
лометр роњро бо сарфи 96 миллион доллари ИМА пешбинї мекунад. Барои иљрои марњилаи дувуми лоиња – навсозии 40 км роњ 90 миллион доллар ихтисос дода мешавад. Дар натиља, бари ин шоњроњ то ба чор хат пањн гардида, бунёду навсозии 9 кўпрук низ дар назар аст. Њамин тавр, роњи мазкур аз дараљаи 3 (роњи одї) ба бараљаи 1Б (шоњроњи суръатнок) табдил хоњад ёфт. Муњлати иљрои ин лоиња солњои 2018-2023 муќаррар шудааст.
КАРТОШКА. ЊОСИЛИ БЕШТАР БА ДАСТ МЕОЯД Љамъоварии њосили картошка дар вилояти Хатлон босуръат идома дошта, то поёни њафтаи сипаришуда дар вилоят аз майдони 3244 гектар 73579 тонна њосил ба даст омадааст, ки ин нишондод нисбат ба њамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз дафтари матбуотии Вазорати кишоварзї хабар доданд, ки тибќи маълумоти фаврї, дар хољагињои кишоварзии љумњурї дар майдони 31689 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То охири њафтаи гузашта дар љумњурї њосили картошка аз майдони 3462 га љамъоварї карда шуд. Њосили умумии љамъоваришуда ба 77429 тонна баробар аст ва нисбат ба њамин давраи соли гузашта 1635 тонна зиёд мебошад. Њосилнокї аз њар як га 223,7-сентнериро ташкил медињад.
125 НАФАР КУРСИ «ДУХТАРОНИ САРВАР»-РО ХАТМ КАРДАНД Даври навбатии курси омўзишии «Духтарони сарвар», ки бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят тайи ду соли охир гузаронида мешавад, дар вилояти Хатлон љамъбаст гардида, ба иштирокчиёни фаъол сертификат супурда шуд. Њамоиши хатмкунандагони курси «Духтарони сарвар» дар толори Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоњин, Донишгоњи давлатии Данѓара ва Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї барпо гардида, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода онњоро табрик гуфт. Ќобили зикр аст, ки курси «Духтарони сарвар» соли 2017 дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои роњбарикунандаи Љумњурии
Тољикистон барои солњои 20172022» ва «Наќшаи перспективии љавонгардонии кадрњои роњбарикунанда аз њисоби занону духтарони лаёќатманд барои солњои 2016-2020» дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят таъсис дода шудааст. Соли 2017-ум 172 нафар ва имсол 125 нафар донишљўдухтарони муассисањои тањсилоти олї ва миёнаи касбии шањрњои Бохтар, Кўлоб ва ноњияи Данѓара соњиби гувоњномаи курси мазкур гардиданд.
300000 СОМОНЇ - КУМАК БА НИЁЗМАНДОН Дар арафаи иди саиди Фитр дар шањри Кўлоб ба шахсони яккаву танњо, ятимону камбизоатон ва маъюбон ба маблаѓи умумии беш аз 300 њазор сомонї кумаки молиявї ва ѓизої расонида шуд. Аз дафтари матбуотии шањрдории Кўлоб ба рўзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ки ин иќдом љињати иљрои дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон амалї карда шуд. Дар маљмўъ, ба 143 нафар нобиноён аз фонди захиравии раиси шањри Кўлоб, ба 90 оилаи камбизоат аз љониби роњбарону ташкилоту муассисањои шањр, ба 172 оилаи муњтољ аз тарафи соњибкорони мањаллї ва шахсони саховатпеша маводњои ѓизої, аз ќабили орд, равѓан, картошка, пиёз, шакару биринљ ва дигар мањсулоти мавриди ниёз расонида шуд. Њамчунин, ба 20 нафар аробачаи маъюбї таќдим гардидааст.
ЃАРЌ ШУДАНИ НОБОЛИЃОН ДАР ВАХШУ ПАНЉ Новобаста аз огоњї ва њушдорњои батакрори Кумитаи њолатњои фавќулода танњо дар як шабонарўз (якшанбе – 17 июн) ба дастгоњи Кумитаи мазкур дар хусуси ѓарќ шудани 5 нафар маълумот ворид шудааст, ки 3 нафари онњо кўдакон буда, калонтаринашон 15-сола мебошад. Сухангўи Кумитаи њолатњои фавќулода Умеда Юсуфї зимни тасдиќи ин хабар гуфт, ки панљ нафар дар дарёњои Вахш, Панљ, Сир ва Кофарнињон ѓарќ шудаанд. «Оббозї дар љойњои барои шиноварї номусоид, надонистани шиноварї ва бетаваљљуњии волидон аз сабабњои аслии ѓарќшавии кўдакон дар дарёњо њисобида мешавад. Аслан
оббозї дар ин дарёњо хатарнок буда, шиноварї дар онњо тавсия дода намешавад. Панљ нафаре, ки шабонарўзи гузашта ѓарќ шуданд, дар маконњое оббозї доштанд, ки барои шиноварї мусоид набуданд», - бо ташвиш изњор дошт У. Юсуфї. Љасади нафарони ѓарќгардида пайдо карда шудааст.
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj