Шумораи 23

Page 1

Иди саиди Фитр муборак, њамдиёрони азиз!

ХАТЛОН

7 рЎзи ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №23 (3160)

панљшанбе, 14 июни соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: “ФАРДИ МУСУЛМОН БОЯД ЊАР РЎЗ ЯК АМАЛИ СОЛЕЊУ ШОИСТАРО БА АНЉОМ РАСОНАД” Мардуми тањаммулгарои мо моњи Рамазон ва иди саиди Фитрро гиромї медоранд. Зеро ин суннатњои муборак таљассумкунандаи вањдати ањли љомеа, тарѓибгари дўстиву рафоќат, эњтирому самимият, рањму шафќат ва њамдигарфањмиву њамбастагии одамон буда, онњоро, пеш аз њама, ба анљом додани корњои хайру савоб, риояи одобу ахлоќ даъват мекунанд, ба њамдигар кумаку дастгирї карданро меомўзонанд ва иљрои ин суннатњои писандидаро бењтарин василаи ба даст овардани ризои Њаќ мешуморанд. Фарди мусулмон бо шукронаи зиндагии орому осуда бояд њар рўз як амали солењу шоистаро ба анљом расонад, то ин, ки иљрои амалњои хайру савоб, аз ќабили хайру эњсон ба њољатмандон, дасти ёрї дароз кардан ба муњтољон, хурсанд кардани ятимону маъюбон, кумак кардан ба дармондагон ва баровардани њољати ниёзмандон фарогири њамаи табаќањои љомеаи мо гардад. Њар як инсони савобљў агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти љисму рўњи хеш хайри худро ба бародарону хоњарон, хешу таборони наздики ниёзманд, њамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муњтољон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад. Дигар аз фазилатњои моњи Рамазон ва иди саиди Фитр аз он иборат аст, ки инсонро ба роњи рост, риояи адолату баробарї, бахшидани гуноњњо ва пок сохтани зоњиру ботин њидоят мекунад. Аз њамин љост, ки донишмандон онро бењтарин мактаби одамият ва худсозии инсон маънидод карда, одамонро даъват менамоянд, ки њарчи бештар некї кунанд, собиру ботааммул бошанд, бо њамдигар муносибати хайрхоњона ва хушбинона дошта бошанд.

ИДИ ФИТР ИНСОНРО БА БАХШИДАНИ ГУНОЊЊО ВА ПОК СОХТАНИ ЗОЊИРУ БОТИН ЊИДОЯТ МЕКУНАД Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмањмадзода Давлатшоњ Ќурбоналї ба муносибати иди саиди Фитр

Њамватанони азиз! Њамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани моњи шарифи Рамазон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландї, файзу баракат ва рўзгори нек орзумандам. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, дар арафаи моњи шарифи Рамазон дар вохўрї бо ањли љамоатчигии кишвар ќайд кардаанд, ки «Барои мусулмонони ватани мо, ки пайравони мазњаби муътадилу тањаммулгарои њанафї мебошанд, ислом нишонаи имондорї, тањким бахшидани љањони маънавї ва такмили одобу ахлоќ ба њисоб меравад. Мардуми мо дар доираи ањкоми шариат

фаризаву вољиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишњои инсондўстонаву хайрхоњонаи онро гиромї медоранд». Имрўз мо шукрона аз он мекунем, ки аз баракати истиќлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон идњо ва маросимњои суннативу миллиамонро озодона, дар фазои сулњу якдигарфањмї таљлил менамоем. Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон барои таъмини њуќуќу озодињои шањрвандон ва озодии виљдон тадбирњои зиёде меандешад, аз љумла бунёди калонтарин масљид дар шањри Душанбе, њамзамон гузоштани санги асоси Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи «Имоми Аъзам» ин аз он шањодат медињад, ки озодии виљдон ва эътиќоди динии мардум дар ќаламрави љумњурї таъмин мебошад. Яке аз суннатњои рўза тарбия намудани эњсоси њамдардї ба муњтољону мустамандон ва кумаку дастгирии онњо на фаќат дар моњи шарифи Рамазон, балки дар тамоми моњу айём мебошад. Њамзамон, расонидани садаќаи фитр дар моњи шарифи Рамазон барои эњтиёљоти шахсони яккаву танњо, маъюбон, ятимон, оилањои камбизоату барљомонда, барќарорсозї ва бо асбобу анљоми рўзгор таъмин кардани хонањои истиќоматии онњо, инчунин, таъмири муассисањои иљтимої, аз љумла мактабу боѓча, бунгоњи тиббию беморхона, китобхона, бунёди роњу кўчањои мањаллаву дењањо ва дигар корњои ободонї бењтарин хайру савоб ба њисоб меравад. Дар ин замина ворид гардидани таѓйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» сариваќтї буда, таќозои замон мебошад. Аз зиёдаравї ва исрофкорї худдорї намуда, талаботи Ќонуни мазкурро риоя карда, мардумро ба оростани дастархони маънавї ташвиќ намоем. Бори дигар фарорасии моњи шарифи Рамазонро ба њамаи шумо, сокинони арљманди вилоят, табрик гуфта, аз даргоњи Худованди Карим ба њар хонавода саодату хушрўзї, ризќу рўзии фаровон, рўзгори осуда, сулњу суботи љовидонї ва ободиву пешрафти рўзафзун орзумандам.

ЧАРО РАМАЗОН 29 РЎЗ ИДОМА КАРД? Маркази исломшиносї дар назди Президенти мамлакат бо нашри як изњорот сабаби 29 рўз идома кардани моњи Рамазонро дар соли љорї шарњ додааст. «Дар робита ба рўзадории моњи Рамазони соли 1439 њиљрии ќамарї (мувофиќ ба 17 май-15 июни соли 2018) бояд гуфта шавад, ки 29 рўз муайян шудани миќдори рўзњо дар ин моњ ба далели нишондоди љадвалњои нуљумї мувофиќ меояд. Мувофиќи маълумоти Институти астрофизикаи Академияи илмњои

Тољикистон, рўзи 14 июни соли 2018, соати 5:30 моњ нав мешавад. Бегоњии њамон рўз соати 20:23 моњ ѓуруб мекунад ва баъди ним соат одамон онро мушоњида карда метавонанд. Далели собиткунандаи 29 рўз омадани Рамазон дар ањодиси рўзгори пайѓамбари ислом (с) њам тасдиќ мегардад. Њамчунин, дар 29

рўз мукаммал шудани рўзњои моњи Рамазони имсола ба он хотир аст, ки моњњои Раљаб ва Шаъбон 30рўзї буданд. Дар њадиси раќами 2553-уми «Сањењ»-и Муслим омадааст, ки пайѓамбар (с) моњи Рамазонро ёдовар шуда, фармуданд: «Моњи Рамазон њам 29 рўз мешавад: моњ њамчунин ва њамчунин ва њамчунин» аст», - омадааст дар баёния. Имсол Иди саиди Фитр дар Тољикистон рўзи љумъа, 15 июн таљлил мегардад.

Дар асоси Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 22-юми майи соли 2018, бо маќсади омодагии њамаљониба ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатї аз њисоби аъзои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва роњбарони маќомоти марказии њокимияти давлатї гурўњњои корї таъсис дода шудаанд.

САФАРИ ГУРЎЊЊОИ КОРИИ ЊУКУМАТИ КИШВАР БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар ин иртибот, дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Кўлоб вохўрии гурўњи корї тањти роњбарии Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон Абдуљаббор Рањмонзода оид ба масъалањои рушди иљтимої ва робита бо љомеа, бо фаъолони шањри Кўлоб, масъулини ташкилоту муассисањо, соњибкорону роњбарони хољагињои дењќонї, раисони љамоатњои дењот, вакилони Маљлиси вакилони халќи шањри Кўлоб, имомхатибон ва ташкилотњои љамъиятї баргузор гардид. «Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид доштанд, ки истиќлолият яке аз бузургтарин љашнњои миллии мардуми тољик мебошад, аз ин рў, бањри гиромидошти муќаддасоти сарзамини аљдодї ва таљлили бошукўњи 30-солагии Истиќлолияти давлатї бояд тадбирњои мушаххас амалї гарданд», - зикр кард А. Рањмонзода. Дар Ќасри фарњанги шањри Левакант низ вохўрии њайати гурўњи кории Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии раиси Палатаи њисоби Тољикистон Ќарахон Чиллазода баргузор шуд. «Маќсад аз таъсис дода шудани гурўњњои корї аз тарафи Њукумати кишвар ин омодагии њамаљониба дидан ва анљом додани корњои созандагию бунёдкорї ба хотири дар сатњи баланд пешвоз ва љашн гирифтани 30-солагии Истиќлолияти давлатии мамлакат мебошад», афзуд Ќ. Чиллазода. Чунин вохўрї тањти роњбарии вазири мењнат, муњољират ва шуѓли ањолии Тољикистон Сумангул Таѓойзода дар ноњияи

Ќубодиён низ доир гашт. Дар натиља, дар њашт љамоати шањраку дењоти ноњия гурўњњои алоњида таъсис дода шуда, аъзои гурўњњо бо маќсади аз наздик шинос шудан бо вазъи дења ва мањаллањо озими љамоатњои дењот гардиданд. Ёдовар мешавем, ки Роњбари давлат ба масъулини маќомоти марказї ва мањаллии њокимияти давлатї оид ба њалли масъалањои иљтимої, таълиму тарбияи насли наврас дар роњи хештаншиносию ватанпарастї, бунёди муассисањои муосири таълимї, китобхона, њаммомњо, сартарошхонаву кошонаи њусн, боѓу гулгаштњо ва љойњои сайру истироњати оммавї, корхонањои истењсолї, аз љумла коргоњњои дўзандагї, истењсоли маснуоти њунарњои мардумї дар њар як љамоату дењоти кишвар, бо оби босифати ошомиданї таъмин намудани ањолї ва таъмири роњи байни дењањо то рўзњои таљлили 30-юмин солгарди Истиќлолияти давлатї супоришњо додаанд. Соњибкорони ватандўсти љумњурї низ тасмим гирифтаанд, ки бо љонибдорї аз сиёсати неку ояндадори роњбарияти давлату Њукумат, дар корњои созандагию бунёдкорї тавассути таъмиру тармим ва сохтмони роњњо, мактабњо, марказњои тандурустї, бунгоњњои тиббї ва дигар иншооти зарурї фаъолона иштирок мекунанд. Умури ободонию бунёдкорї ва ба истифодаи умум додани иншооти мавриди ниёзи мардум тибќи наќшаи ќаблан тањия ва тасдиќшудаи Њукумати кишвар дар давоми се соли оянда, яъне то соли 2021 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бояд амалї карда шаванд. Ќобили зикр аст, ки аз 19 декабри соли 2017 тањти раќами 968 Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон «Дар бораи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» ба имзо расид, ки тибќи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллї бояд дар сатњи баланд ва бошукўњу шањомати хос таљлил гардад. Н. МУСТАФО, “Хатлон”

ИЉЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАЉЛИСИ ВАКИЛОН Ба диќќати вакилони Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон расонида мешавад, ки рўзи 26 июни соли 2018, соати 8-и субњ дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят иљлосияи чордањуми Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, даъвати панљум баргузор мегардад. Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилоят хабар доданд, дар иљлосияи навбатї ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориљшуда дар њавзаи интихоботии Њамадонї №50 ва тасдиќ намудани ваколати вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон, даъвати панљум, рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014, №111 «Дар бораи Барномаи вилоятї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар вилояти Хатлон барои солњои 2014-

2023» дар шањру ноњияњои вилоят, рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 25 августи соли 2017, №160 «Дар бораи Барномаи маљмўи рушди тарбияи љисмонї ва варзиш барои солњои 2017-2021» дар вилоят, њисоботи сардори раёсати Агентии давлатии мењнат ва шуѓли ањолии вилоят оид ба рафти иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон №264 аз 19 октябри соли 2015 оид ба Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон №737 аз 19 декабри соли 2014 «Дар бораи Барномаи рушди ќолинбофї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2014-2020» мавриди баррасї ќарор хоњанд гирифт.

35 МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКЇ Аз шумораи умумии Марказњои хизматрасонии техникї (МХТ), ки дар љумњурї ба 81 адад мерасад, 35 ададаш дар шањру навоњии вилояти Хатлон фаъолият мекунанд. Марказњои мазкур барои таъмин намудани кишоварзон бо мошинолоти кишоварзї хизмат мекунанд. Зимни тасдиќи ин хабар дар дафтари матбуотии Вазорати кишоварзї гуфтанд, ки рушди соњаи кишоварзї аз њолати коршоямї ва дастрасии техникаи кишоварзї вобастагии калон дорад. «Тибќи маълумоти оморї, феълан дар њамаи шаклњои хољагидории љумњурї беш аз 26,5 њазор трактори гуногунтамѓа мављуд мебошад, ки барои сари ваќт баанљомрасонии корњои сањрої мусоидат менамоянд. Барои боз њам хубтару бењтар ба роњ мондани корњои агротехникї соли љорї ба љумњурї 900 техникаю мошинолоти нави кишоварзї ворид карда шудааст», - зикр кард манбаъ.

МАШЌЊОИ ТАКТИКЇ-ОМЎЗИШЇ ДАР «ЗАЃЕРТЇ» 10-уми июн дар минтаќаи «Заѓертї»-и шањри Левакант, тањти роњбарии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-майор Искандар Солењзода машѓулияти амалї ва машќњои тактикїомўзишї доир гардид. Тавре ки Офоќ Ќодириён, сухангўи Раёсати ВКД дар вилоят, ба рўзномаи «Хатлон» хабар дод, маќсади гузаронидани машќњо баланд бардоштани њолати омодабошии касбии њайати шахсї, такмилдињї ва омодабошии маќомоти корњои дохилї ва Ќўшунњои дохилии Љумњурии Тољикистон, мубориза бар зидди терроризм ва дигар хатару тањдидњои замони муосир мебошад. Зимни

натиљагирии машќњо сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон И. Солењзода доир ба таваљљуњи доимии роњбарияти олии кишвар бањри таъмини амнияти давлату миллат, њадафу моњияти баргузории машќњо ва зуњури хатарњои љањони муосир сухан ронд. Дар хотима ба иштирокчиёни фаъоли машќњои тактикї-омўзишї «Ифтихорнома» таќдим карда шуд.

БУНЁДИ 4 МТМУ ТАВАССУТИ ЊАШАР Имрўзњо дар шањру дењоти Кўлоб сохтмони 4 муассисаи таълимї ба воситаи њашари умумихалќї идома дорад. Дар дењаи Корези Поён ва дењаи Бахтободи Љамоати дењоти «Зиракї» дар назди муассисањои таълимии миёнаи умумии №21 ва №36 корњои сохтмонї, бахусус хиштчинї дар деворњои асосии бинои таълимї, љараён доранд. Муассисањои мазкур дар даврони шўравї сохта шуда, ба меъёрњои имрўзаи сохтмону меъморї љавобгў набуданд. Ќарор аст, ки хонандагон аз моњи сентябр сар карда дар синфхонањои наву барњаво тањсил хоњанд кард.

АЗМИ ОЃОЗИ ФАЪОЛИЯТИ «МУРЃИ ХУРОСОН» То моњи сентябри соли љорї дар ноњияи Хуросон калонтарин корхонаи мурѓпарварии «Мурѓи Хуросон» мавриди бањрабардории пурра ќарор хоњад гирифт. Муовини аввали раиси ноњияи Хуросон Саидхўља Карим бо ироаи ин хабар гуфт, ки бунёди ин корхона дар доираи дастуру супоришњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бо иќдоми соњибкори мањаллї Фахриддин Љўрабеков дар масоњати 22 гектар замин оѓоз гардида, айни њол дар он корњои сохтмонї бомаром љараён доранд. «Дар марњилаи аввал, ин соњибкор бо ворид кардани таљњизоти муосир се

коргоњи онро фаъол сохта, 15 њазор чўља ворид ва парвариши онро дар дохили корхонаи сохташаванда оѓоз бахшид ва дар дигар ќисматњои корхона корњои созандагию бунёдкорї идома доранд. Тибќи лоињаи сохташаванда, бояд саршумори паранда ба 70-80 њазор сар расонида шавад», - гуфт С. Карим. Дар сурати пурра ба кор оѓоз намудани корхонаи «Мурѓи Хуросон» 80 нафар бо љойи кори доимї таъмин хоњанд шуд.

ЊУШДОРИ КЊФ ДАР МАВСИМИ НАВИ ОББОЗЇ Бо оѓози мавсими оббозї Кумитаи њолатњои фавќулода шањрвандонро ба њушёрї ва эњтиёткорї даъват менамояд. Дар изњороти ин нињод омадааст, ки бо боло рафтани њарорати њаво ва оѓози мавсими оббозї сокинон ва мењмонон бояд хеле эњтиёткор буда, њангоми оббозї дар рўдхонаву кўлњо ва њавзњои шиноварї ќоидањои бехатариро љиддан риоя намоянд. Барои рух надодани њодисањои нохуш њангоми оббозї чанд маслињат ва тавсия дода шудааст. Аз љумла, пўшидани камзўлчањои наљотдињї ва омўзонидани шиноварї ба кўдакон дар љойњои муайяншуда, оббозї кардан, беназорат нагузоштани кўдакон ва дар њолати мастї вориди кўлу дарёњо нашудан.

«ПАНЉШЕР» «БАРЌЧЇ»-РО ШИКАСТ ДОД «Панљшер»-и ноњияи Љалолиддини Балхї дар бозии охирини даври 11-уми мусобиќаи ќањрамонии футболи Тољикистон миёни дастањои лигаи олї дар мењмонї бар тими «Барќчї»-и Њисор бо њисоби 2:1 пирўз шуд. Ин пирўзии дувуми «Панљшер» дар мусобиќаи имсолаи ќањрамонии футболи Тољикистон ба шумор меравад. ССКА «Помир»-и Душанбе дар ин давр бар «Хатлон»-и Бохтар бо њисоби 1:0 пирўз шуд ва бо 17 имтиёз дар љадвал ба зинаи севум баромад. Њоло «Истиќлол» бо 26 имтиёз аз 11 бозї дар

љадвали мусобиќаи лигаи олї дар љойи аввал ва «Хуљанд»-и шањри Хуљанд бо 24 имтиёз дар љойи дувум ќарор дорад. Футболбозони дастањои лигаи олї ба таътили якуниммоња баромаданд. Чемпионати кишвар 2829 июл бо бозињои даври 12-ум идома хоњанд кард.

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.