Шумораи 22

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №22 (3159)

сешанбе, 5 июни соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

и 77 ррЎЎззи ОН ЛО АТТЛ ХХА ЊАЉМИ ЗАРАР АЗ ОФАТЇ ТАБИЇ МАЪЛУМ ШУД Комиссияи махсуси вилоятї оид ба њолатњои фавќулода њаљми зарари расида аз офати табиие, ки дар моњи май рух дод, муайян намуд. Фаридун Давлатов, сармутахассиси шуъбаи иќтисод, молия ва ояндабинии дастгоњи раиси вилоят, дар суњбат бо рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки дар натиљаи арзёбии комиссияи мазкур ќарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода оид ба чораандешї љињати бартарафсозии оќибатњои офати табиї ба тасвиб расидааст. «Тибќи њисобњои комиссия, њаљми зарари расида аз селборише, ки дар ноњияњои Панљ, Фархор, А. Љомї ва Вахш ба амал

омад, љамъан беш аз 19 миллион сомониро ташкил додааст. Дар рўзњои аввали сар задани офати табиї 5 њазор литр сўзишвории дизелї барои рафъи оќибатњои он ба мањалли рўйдод ироа гардида, њоло маќомот аз пайи кумак ба осебдидањо њастанд», - хабар дод Ф. Давлатов. Ёдовар мешавем, ки дар натиљаи боронгарињои шадид ва сел дар нимаи дуюми моњи май чандин манзили зист ва заминњои кишти мардум зиён диданд.

ПЕШНИЊОДИ ТАЪСИСИ КОРХОНАЊОИ МУШТАРАК Тољикистон ба Россия пешнињод намудааст, ки дар минтаќањои озоди иќтисодии љумњурї корхонањои муштарак таъсис дода шаванд.

Пешвои миллат: «ЊИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУЌАВОРЇ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ РОЊБАРОН АСТ» Суханронии Эмомалї Рањмон, Президенти Љумњурии Тољикистон, дар мулоќот бо роњбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон, 2 июни соли 2018, ноњияи Данѓара Дўстони азиз! Њозирини гиромї! Ба њамаи шумо маълум аст, ки Њукумати мамлакат њифзи амнияти озуќавории кишварро дар ќатори њадафњои афзалиятноку стратегии худ ќарор дода, барои татбиќи самарабахши он мунтазам талош дорад ва њамаи захираву имкониятњоро ба ин самт сафарбар намудааст. Бо вуљуди мушкилоти мављуда бо азму талоши мардуми кишвар, аз љумла зањматкашони вилояти Хатлон, дар давоми панљ моњи соли љорї рушди иќтисодиву иљтимоии мамлакат ва афзоиши маљмўи мањсулоти дохилї бомаром таъмин гардидааст. Тавре ки њар яки шумо хуб медонед, солњои охир дар натиљаи таѓйирёбии иќлими сайёра тањдиду таъсири хушксолї ва дигар офатњои вобаста ба гармшавии иќлим ба минтаќаву кишварњои мухталифи љањон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Аз љумла камбориш омадани тирамоњу зимистони гузашта ба кишвари мо низ таъсири манфї расонида, хусусан, зироаткорону чорводоронро ба таври љиддї ба ташвиш овардааст. Бояд гуфт, ки дар натиљаи камборишї дар фасли тирамоњу зимистон дар кишвар нашъунамои зироатњо дар заминњои лалмї, инчунин, вазъи чарогоњњо, хусусан, дар аксари ноњияњои вилояти Хатлон ташвишовар гардидааст. Маќсади љамъомади имрўзаи мову шумо низ асосан тањлилу баррасии њолати имрўзаи соњаи кишоварзї ва омодагї ба тирамоњу зимистони солњои 2018-2019 мебошад. Њанўз соли 2008, яъне дањ сол пеш дар семинар-машварати љумњуриявї, ки дар ноњияи Данѓара баргузор гардида буд, таъкид карда будам, ки дар шароити имрўзаи љањон, бинобар таъсири буњронњои иќтисодї ва тањдиду хатарњои муосир амнияти сиёсиву иќтисодии кишварњо ва минтаќањои гуногуни сайёра ба таври љиддї халалдор гардидааст ва мо бояд бо дарназардошти чунин вазъ барои њифзи манфиатњои милливу давлатї, пеш аз њама, суботи устувори сиёсиву иќтисодї ва иљтимої њамеша омода бошем. Њамчунин, хотиррасон карда будам, ки вазъи иќтисоди љањон аз он шањодат медињад, ки њатто мамлакатњои абарќудрати

аз лињози иќтисодї пешрафтаи дунё низ аз таъсири буњронњои сиёсиву иќтисодї дар канор буда наметавонанд. Вобаста ба ин, ман дар ибтидои соли 2008 бо маќсади тањкими њифзи амнияти озуќавории мамлакат љињати ба таври васеъ ба роњ мондани истифодаи самараноку оќилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорї ва аз заминњои обї дар як сол рўёнидани ду-се њосил ба сокинони кишвар мурољиат карда будам. Мо метавонем танњо тавассути мунтазам амалї кардани як силсила тадбирњои зарурї, пеш аз њама, азхудкунии заминњои нав, ба гардиши кишоварзї ворид намудани заминњои партову боир, ба роњ мондани истифодаи самарабахши замин, ба амалияи доимї табдил додани кишти такрорї ва аз заминњои обї гирифтани ду-се њосил, рушди соњаи тухмипарварї ва дигар тадбирњои агротехникї афзоиши њаљми мањсулоти кишоварзиро таъмин карда, сатњи вобастагии бозори дохилиро аз маводи ѓизоии воридотї сол ба сол паст гардонем. Бо маќсади таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии кишвар ва зиёд кардани содироти мањсулоти кишоварзї дурнамои кишти зироатњо дар хољагињои дењќониву љамъиятї барои соли 2018 тасдиќ карда шуд, ки тибќи он майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 10 њазор гектар, сабзавот 19 њазор, пахта 13 њазор ва зироатњои равѓандињанда 22 њазор гектар зиёд пешбинї карда шудааст. Иљрои сариваќтии нишондињандањои мазкур, бешубња, ба суръати афзоиши маљмўи мањсулоти кишоварзї ва зиёд гардидани њаљми мањсулоти ивазкунандаи воридот мусоидат менамояд. Вале тавре аз тањлилњо бармеояд, то ба њол имконияту захирањои бузурги кишвар, аз љумла вилояти Хатлон ва ноњияи Данѓара пурра истифода нашуда истодаанд ва иљрои дастуру супоришњои ќаблан додашуда дар самти васеъ кардани майдони кишти зироатњои барваќтиву такрорї, бењтар намудани сифати тухмињо ва баланд бардоштани њосилнокии зироатњо, зиёд кардани истењсоли мањсулоти парандаву моњї, ба гардиши кишоварзї ворид намудани заминњои бекорхобида, риояи агротехникаи парвариши зироат ва бењтар гардонидани

њолати мелиоративии заминњо дар сатњи зарурї таъмин нагардидааст. Соли гузашта дар машварати корї дар ноњияи Дангара ба роњбарони вилоятњо ва њамаи шањру ноњияњои мамлакат, Вазорати кишоварзї, Иттифоќи “Тољикматлубот” ва дигар вазорату идорањои дахлдор супориш дода будам, ки дар њамкорї бо соњибкорон, хољагињои дењќонї ва корхонањои коркарди мањсулоти кишоварзї барои таъмини бозори истеъмолї ва ба хориљи кишвар содирот кардани ќисми зиёдатии он, инчунин, љињати захираву нигоњдории мањсулоти кишоварзї дар њар як шањру ноњия сардхонаву анборњо бунёд карда шаванд, вале иљрои корњо дар ин самт низ то њанўз ќаноатбахш нест. Тањлилњо нишон медињанд, ки мо имконият дорем дар давоми ду соли оянда дар кишвар истењсоли картошкаро 300 њазор тонна, сабзавотро 500 ва пахтаро 100 њазор тонна зиёд кунем. Аз ин лињоз, роњбарони вилоятњо ва шањру ноњияњо, аз љумла вилояти Хатлон ва шањру ноњияњои он, Вазорати кишоварзї ва Агентии бењдошти замин ва обёрї оид ба иљрои њатмии барномањои ќабулшуда дар самти ба гардиши кишоварзї ворид намудани заминњои партову бекорхобида, азхудкунии заминњои нав, пешгирї кардани раванди аз гардиши кишоварзї берун мондани заминњои корам, инчунин, бењтар намудани њолати мелиоративии заминњо тамоми чорањои заруриро амалї созанд ва доир ба корњои дар ин самт анљомдодашуда њар шаш моњ ба Њукумати мамлакат маълумот пешнињод намоянд. Парваришу истењсоли мањсулот дар гармхонањо яке аз омилњои муњимми танзими нархњои бозори истеъмолї дар фасли зимистон ва ташкили њазорњо љойи иловагии корї ба њисоб меравад. Мувофиќи маълумот, њоло дар вилояти Хатлон, яъне вилояте, ки дар ин самт низ имкониятњои фаровон дорад, дар майдони њамагї 28 гектар гармхона бунёд карда шудааст, ки тамоман ночиз мебошад. Илова бар ин, корњо дар самти баланд бардоштани њосилнокии зироатњо дар гармхонањо низ бењбудии љиддї металабанд. Бо дарназардошти имкониятњои воќеї ва бо маќсади ба роњ мондани истифодаи

дурусту самараноки замин ва гармхонањои мављуда Вазорати кишоварзї, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезї, Академияи илмњои кишоварзї ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњоро зарур аст, ки дар ин самт чорањои иловагї андешида, истифодаи самараноки гармхонањои мављуда, бо љалби сармояи хориљї ва воридоти технологияи њозиразамон, инчунин, дар заминњои партов бунёд намудани гармхонањои нав ва тарбияи мутахассисони касбиро таъмин намоянд. Барои рушди соњаи боѓу токпарварї дар мамлакат ва алалхусус, дар вилояти Хатлон дар доманакўњњо ва талу теппањо имкониятњои зиёд мављуданд, ки бо истифода аз онњо боѓу токпарвариро ба яке аз соњањои муњим табдил дода, барои ташкили њазорњо љойи нави корї ва баланд бардоштани сатњу сифати зиндагии ањолї шароити мусоид фароњам овардан мумкин аст. Бинобар ин, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњои он дар муњлатњои муќарраршуда иљро намудани нишондињандаи Барномаи давлатии рушди боѓу токпарварї ва истифодаи самараноки њар як ваљаб замин, ташкили заминањои мусоид ва инфрасохтори заруриро барои рушди боѓу токпарварї ва зиёд намудани њаљми содироти меваю сабзавот таъмин намоянд. То имрўз аз кишвар 33 њазор тонна мањсулоти кишоварзї содирот гардида, афзоиши содироти сабзавот таъмин шудааст. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки содироти меваи хушк хеле коњиш ёфтааст. Соли љорї дар вилоят њамагї як њазору дусад гектар боѓу токзорњои нав бунёд карда шудаанд, лекин ин њанўз хеле кам мебошад. Хотиррасон менамоям, ки гарчанде дар давоми њашт-нуњ соли охир дар миќёси кишвар ќариб 73 њазор гектар боѓу токзорњои нав бунёд гардида, њаљми истењсоли мева зиёд шудааст, вале содироти мева баръакс, сол ба сол коњиш ёфта истодааст. Аз ин рў, вазоратњои кишоварзї, саноат ва технологияњои нав якљо бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шањру ноњияњои он барои ташкили (Идома дар сањ. 2)

Сафари кории Эмомалї Рањмон ба вилояти хатлон

1 июни соли 2018 Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба ноњияи Темурмалик ташриф оварданд. Дар ин ноњияи аграрии љумњурї Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар мавзеи Гулободи Љамоати дењоти ба номи Бобоюнус дар семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво иштирок намуданд. Дар оѓози боздид Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон аз намоишгоњи чорво дидан карданд.

Дар намоишгоњ 70 сар чорвои калони шохдор, 400 сар чорвои майда ва ќариб 50 сар асп ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Дар доираи тадбири мазкур, ки маќсад аз он намоиши иќтидори истењсолї ва имкониятњои чорводорон буд, хољагидорони як ќатор шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон, аз љумла Данѓара, Восеъ, Панљ, Балљувон, Ш.Шоњин, Фархор, Ховалинг, Њамадонї, Муъминобод ва Темурмалик чорвои хушзоти худро, ки аксаран зотњои элита буда, ба иќлими минтаќа мувофиќ карда

шудааст, ба намоиш гузошта буданд. Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба хољагидорон дастур доданд, ки дар баробари афзун намудани саршумори чорво, ба масъалањои хушзоткунї ва захираи дусолаи хўроки чорво ањамияти аввалиндараља зоњир созанд. Маъракаи алафдаравї дар мавзеи Гулободи Љамоати дењоти ба номи Бобоюнуси ноњияи Темурмалик бо иштироки зиёда аз 2500 нафар сокинон аз шањру ноњияњои вилояти Хатлон сурат гирифт. Барои анљоми ин кор ва љињати иштирок дар семинар-машварат 113 адад трактори тамѓаи МТЗ, 33 касилкаи дискї, 59 адад газонокасилка, 16 тойбанд, 18 ядак ва грабилњои тракторї, инчунин олоти алафдаравию алафљамъкунї ва техникањои гуногуни кишоварзї сафарбар карда шуд. Мавзеи Гулободи ноњияи Темурмалик интихоб шудани макони баргузории семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани

Ба иттилои муовини вазири рушди иќтисод ва савдо Тољиддин Љўразода, њадафњои асосии фаъолияти минтаќањои озоди иќтисодї (МОИ) дар Тољикистон фароњам овардани шароити мусоид барои сармоягузорї, баланд бардоштани иќтидори содиротї ва рушди истењсоли мањсулоти воридотивазкунанда мебошад. Минтаќањои озоди иќтисодии Тољикистон њудуди ѓайригумрукї буда, мањсулоти истењсолшуда содирот карда мешавад. «Мавќеи љуѓрофии Тољикистон љињати дарёфти бозорњо ва харидорони нав барои мањсулоти истењсолшаванда имконияти хуб медињад. Дар наздикии Тољикистон Покистон, Афѓонистон ва Чин љойгир мебошанд. Њамаи ин бозорњо истењсолкунандагони њама гуна мањсулотро бетараф гузошта наметавонанд», — зикр намуд Т. Љўразода. Ќобили зикр аст, ки аз чањор МОИ-и кишвар дутоаш – МОИ «Панљ» ва МОИ «Данѓара» - дар њудуди вилояти Хатлон љойигиранд.

ЉАЛАСАИ ШЎРО ОИД БА ПЕШГИРИИ ХУШУНАТ Фаъолияти панљмоњаи шуъбањои хизматрасонии иљтимої дар хона дар шањрњои Бохтар, Кўлоб ва ноњияи Ќубодиён дар љаласаи навбатии Шўрои њамоњангсозии байниидоравї оид ба пешгирии зўроварї дар оилаи назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон мавриди баррасї ќарор гирифт. Тавре ки аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, љаласаи мазкур бо маќсади татбиќи «Барномаи вилоятї оид ба пешгирии зўроварї дар оила дар вилояти Хатлон барои солњои 2014-2023» дар шањри Бохтар баргузор гардид. Дар ин љаласа

инчунин њисоботи аъзои Шўрои њамоњангсозї ва њисоботи директори Филиали ГОПА дар Љумњурии Тољикистон оид ба фаъолияти Лоињаи пешгирии зўроварї дар оила дар 5 моњи соли 2018 дар вилояти Хатлон шунида шуд.

АМАЛИЁТИ «БАЧАЊО» ИДОМА ДОРАД Дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон аз 31 май то 10 июни соли равон амалиёти «Бачањо» љараён дорад. Ёрмањмад Давлатов, нозири ташвиќоту таблиѓоти шуъбаи БДА дар вилояти Хатлон, зимни ироаи ин хабар ба рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки ин маърака бо маќсади баланд бардоштани савияи дониш ва сатњи огоњии кўдакону наврасон ва волидони онњо оид ба ќоидањои њаракат дар роњ амалї мешавад. «Аз ронандагон, падару модарон, омўзгорони муассисањои тањсилоти њамагонї ва мураббиёни муассисањои томактабї хоњиш мешавад, ки ба кўдакону наврасон ќоидањои дурусти њаракатро фањмонида, риояи њатмии онњоро талаб намоянд, њаёти худ ва фарзандонро дар роњ зери хатар нагузоранд», - афзуд Ё. Давлатов.

КИШТИ САБЗАВОТ ЌАРИБ БА ОХИР РАСИД Кишоварзони ноњияи Муъминобод дар арафаи иљрои дурнамои солонаи кишти сабзавот ќарор доранд. Ба иттилои Љумъахон Сафарзода, сардори бахши кишоварзии ноњия, то поёни моњи май дењќонони муъминободї дар 230 гектар пиёз ва беш аз 100 гектар бодиринг, помидор ва сабзавоти дигар кишт намуданд. Дар 750 гектар картошка кишт гардида, тибќи дурнамо, ин нишондод то охири мавсим ба 1000 гектар расонда мешавад. «Сабаби сари

ваќт иљро нагардидани дурнамои кишти картошка номусоидии боду њаво, яъне боришоти паёпай тайи чанд њафтаи охир дар минтаќа мебошад. Барои фарох намудани майдони кишти картошка ва ба даст овардани њосили фаровон дењќонон бо тухмињои хушсифати ватанию хориљї ва техникаи корї таъминанд», - афзуд Љ. Сафарзода.

«ЗАХИРАЊОИ САЙЁЊИИ ТОЉИКИСТОН - ОМИЛИ РУШДИ ИЌТИСОД» Дар Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї дар мавзўи «Захирањои сайёњии Тољикистон-омили рушди иќтисодиёт» њамоиши илмї-амалї баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтаќаи Кўлоб, роњбарони ширкатњои сайёњии минтаќа, ташкилотњои љамъиятї, мењмонхонањо ва донишљўёни риштаи сайёњї иштирок доштанд. Дар кори конфронс дар мавзўъњои «Захирањои сайёњии минтаќа ва роњњои рушди он», «Туризм бо љомеаи шањрвандї», «Сайёњии экологї дар минтаќаи Даштиљум» маърўзањо шунида шуданд. Инчунин, намояндагони маќомоти мањаллии шањру ноњияњои минтаќа оид ба захира ва имкониятњои сайёњии шањру ноњияњои худ маълумот доданд.

ТАШРИФИ САФИРИ ЊИНДУСТОН БА БОХТАР Сафири Њиндустон дар Тољикистон Сомнатњ Гњош ба муносибати «Рўзи байналмилалии йога» ба шањри Бохтар ташриф овард. Њадафи сафари намояндаи дипломатии Њиндустон иштирок дар семинари якрўзаи сафорати Њиндустон дар Коллељи тиббии шањри Бохтар буд. Раиси шањри Бохтар Абдуалим Исмоилзода зимни суханронї дар маросими ифтитоњи семинар ќайд кард, ки то имрўз байни Тољикистон ва

Њиндустон зиёда аз 50 шартнома ва созишномањои тарафайн ба имзо расидааст. Дар давоми муносибатњои дуљонибаи дарозмуддат дар соњањои мухталифи хољагии халќ, аз љумла дар самти њарбї, сиёсї, иќтисодї, фарњангї, тандурустї њамкорињо ривољ ёфта истодааст.

ЊАРИФОНИ ФУТБОЛБОЗДУХТАРОН МАЪЛУМ ШУДАНД Ќуръакашии марњилаи аввали интихобии мусобиќоти ќањрамонии Осиё-2019 миёни духтарони то 19-сола раќибони дастаи мунтахаби занонаи Тољикистонро маълум кард.

хошоки чорво бесабаб нест. Зеро майдони умумии мавзеи мазкур 427,13 гектарро ташкил менамояд, ки аз он масоњати 190 гектарро гандум, наздики 4 га љав ва дар масоњати муайяни заминњо зироати нахўду заѓер, картошкаи лалмиву маъзар ва ѓайрањо кошта шудааст. Майдони алафзор дар њамин мавзеъ зиёда аз 215 гектар-

ро ташкил медињад. Соли равон дар ноњияи Темурмалик алафзор нашъунамои хуб дорад ва масъулони бахши кишоварзию хољагидорон тасмим доранд, ки зиёда аз 51 њазор тонна хошоки дурушт ва дигар намуди хўрокаро захира кунанд. Хабар дода шуд, ки худи њамин рўз (Идома дар сањ. 2)

Дастаи мунтахаби занонаи Тољикистон (U-19), мувофиќи ќуръакашї, дар гурўњи «D» бо дастањои Кореяи Љанубї, Бангладеш ва Тайбэйи Чин раќобат мекунад. Мусобиќаи интихобї дар ин гурўњ аз 24-ум то 28-уми октябри имсол дар шањри Душанбе барпо мегардад. Њоло дастаи мунтахаб ба мусобиќаи интихобии ќањрамонии Осиё-2019 дар шањри Норак омодагї мебинад. Ба љамъомади таълимиву тамринї, ки то рўзи 5-уми июн идома меёбад, Ќаноат Латипов, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тољикистон (U-19), 24 бозигарро даъват кардааст, ки 11 нафари онњо аз дастањои хатлонии «Барќ»-и Норак, «Хатлон»-и Бохтар, «Зебо»-и Дўстї, ноњияњои Носири Хусрав ва Љалолиддини Балхї мебошанд.

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Шумораи 22 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu