Skip to main content

Шумораи 21

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №21 (3158)

панљшанбе, 31 майи соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

1 июн - Рўзи байналмилалии муњофизати кўдакон Барои рушди њаматарафаи кўдак ва инкишофи љисмониву зењнии вай фазои орому озод, муњити пурмуњаббат ва эњсоси ѓамхорї нисбат ба ў лозим аст. Ояндаи љомеа дар дасти кўдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, љомеаро идора мекунанд. Аммо онњо чї гуна ба воя мерасанд ва љомеаро чї гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Ятимони куллро дар муњити оила тарбия кардан њам бењтар аст ва њам савоби бузург аст. Тасаввур кунед, ки агар беш аз сеюним њазор ятими кулл якнафарї ба муњити оила фаро гирифта шаванд, чї ќадар оилањо соњиби фарзанд ва хушбахт мегарданд. Эмомалї Рањмон

Пешвои миллат: «Тољикистон дар мубориза алайњи терроризм шарики њамаи давлатњо мебошад» Суханронии Эмомалї Рањмон, Президенти Љумњурии Тољикистон, дар маросими ифтитоњи Конфронси байналмилалии сатњи баланд дар мавзўи «Муќовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», шањри Душанбе, 4 майи соли 2018 Муњтарам муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттањид! Муњтарам Дабири кулли Созмони Амният ва Њамкорї дар Аврупо! Муњтарам роњбарони њайатњо! Хонумњо ва љанобон! Дар оѓоз њамаи шумо ва њайати њамроњатонро ба диёри бостонии Тољикистон хайрамаќдам мегўям. Чорабинии имрўза ба яке аз масъалањои доѓи рўз муќовимат бо терроризм ва ифротгарої бахшида мешавад. Итминон дорам, ки њамоиши имрўза барои муњокимаи њамаљонибаи масоили марбут ба мубориза алайњи ин вабои аср ва тањияву татбиќи иќдомоту тавсияњои муштараки њамоњангшуда дар ин самт мусоидат хоњад кард. Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулњу субот ва амнияти пойдори кишварњо аз љумлаи вазифањои калидї ва шарти муњимтарини роњандозиву пешбурди равандњои созанда ба хотири рушди устувор дар сатњи байналмилалї ва минтаќавї ба њисоб меравад. Имрўзњо дар гўшањои гуногуни сайёра миллионњо нафар одамон гирифтори хавфу тањдид ва оташи љангу низоъњо гардидаанд ва зуњуроти терроризму ифротгарої ба хатари бесобиќаи љањонї табдил ёфта, оќибатњои фољеабору дарозмуддати љамъиятиву сиёсї ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солњои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё њадафи амалњои харобкоронаи террористон ќарор гирифта, бар асари њамлањои террористї садњо њазор нафар ањолии осоишта ба њалокат расидаанд ва миллионњо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иќтисодиёти кишварњо расонидашуда садњо миллиард долларро ташкил медињад. Танњо дар ќаламрави Афѓонистон соли гузашта бар асари љангу амалњои террористї беш аз 10 њазор нафар ањолии осоишта зарар дида, таќрибан 4 њазор нафар ќурбон шудаанд. Сию ду фоизи ќурбониён ва 53 фоизи маљрўњонро занону кўдакон ташкил додаанд. Пўшида нест, ки дар чунин вазъият кишварњои дунё дар танњої наметавонанд дар муќовимат бо хавфу тањдидњои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулњу суботро таъмин намоянд. Аз ин лињоз, бо дарназардошти воќеияти мављуда, мо дар сатњи минтаќа ва љањон пурзўр кардани њамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иќдомњои муштарак дар љодаи мубориза бо терроризму ифротгарої ва аз байн бурдани омилњои дастгирии сиёсї, низомї ва молиявии онњо њамчун самти амалии рањої аз ин вартаи хатарнок муњим арзёбї мекунем. Дар ин раванд, ба андешаи мо, вокуниш ба тањдидњои рўзафзуни терроризм ва ифротгарої бояд бо наќши калидї ва њамоњангсози Созмони Милали Муттањид ва нињодњои дахлдори он фарогир ва амиќ гардонида шавад. Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттањид оид ба мубориза алайњи терроризм ва конвенсияњои зиддитеррористии он, ќатъномањои Шўрои амният ва Маљмаи умумї бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд. Мутаассифона, мо имрўзњо шоњиди он њастем, ки дар љањон раванди раќобатњои стратегї шиддат гирифта, нишонањои дубора доман пањн кардани “љанги сард” возењ мушоњида мешаванд. Чунин воќеият талошњои якљояи љомеаи љањониро дар муќовимат бо хатару тањдидњои глобалї дучанд коста гардонида, ба усулу асосњои бунёдии тартибу низоми љањонї таъсири манфї мерасонад. Дар иртибот ба ин, таъкид карданиам, ки Тољикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгарої, тундгарої ва дигар хатару тањдидњои замони муосир, аз ќабили гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир ва силоњ, љинояткорињои муташаккили фаромиллї ва киберљиноятњо шарики табиии њамаи давлатњои дунё ва созмонњои байналмилаливу минтаќавї мебошад. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрўза мо бояд њамкорї кунем, на раќобату бартариљўї. Барои ноил гаштан ба натиљањои дилхоњ дар муќовимат бо зуњуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи њусни эътимод њамдастиву њамоњангињои зичи хадамоту нињодњои амниятии кишварњо ва маќомоти њифзи њуќуќ ба роњ монда шавад. Ба ин манзур, кишвари мо њамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттањид љињати муборизаи самарбахши муштарак бар зидди хатару тањдидњои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоњад бахшид. Таќвияти њамкорињои густурда бо шарикони байналмилалиро мо яке аз омилњои муњимми татбиќи њадафњое ме-

донем, ки дар Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгарої барои солњои 2016-2020 ва наќшаи амали он бо 12 љанбаи мавзўї дарљ гардидаанд. Дар ин росто, Тољикистон имрўз њамкорињои њадафмандонаро бо шарикони худ дар чањорчўби созмонњои минтаќавї, ба мисли Иттињоди Давлатњои Мустаќил, Созмони Ањдномаи амнияти дастаљамъї ва Созмони њамкории Шанхай роњандозї намудааст. Мо љињати татбиќи њадафњои ин нињодњо дар љодаи таъмини суботу амният минбаъд низ талош хоњем кард. Вобаста ба ин, ќобили таъкид аст, ки тайи солњои охир муносибатњои байни кишварњои Осиёи Марказї, дар маљмўъ, хислати рушду тавсеаи навро касб кардаанд. Ин, дар навбати худ, имкон фароњам овард, ки кишварњои минтаќа њамкориву њамоњангињои самарабахшро дар соњаи амниятї дар сатњи сифатан нав ба роњ монанд. Тољикистон аз чунин раванди рушди робитањои миёни кишварњои Осиёи Марказї истиќбол менамояд ва омодагии хешро љињати тањкиму тавсеаи њамкорињояш дар ин самт бо тамоми кишварњои њамљавор иброз медорад. Бояд тазаккур дод, ки баргузор гардидани конфронси имрўза дар њамкорї бо Созмони Милали Муттањид, Созмони амният ва њамкорї дар Аврупо, Иттињоди Аврупо ва шарикони дигар худ баёнгари омодагии Тољикистон барои њамкорї дар самти мубориза ва пешгирї аз тањдиду хатарњои амниятї дар њама сатњу зинањо ба шумор меравад. Њозирини гиромї! Љумњурии Тољикистон аввали солњои 90-уми асри XX – њанўз дар оѓози бунёди давлати соњибихтиёри худ њадафи амалњои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хољагони хориљии онњо ќарор гирифт. Дар он айём нињодњои терроризми байналмилалї ва ифротгароён кишвари моро ба сањнаи озмоиши ќудрати маргбори худ ва њадафи ѓаразњои зиддиинсонї табдил дода буданд. Он замон Тољикистон ба њамаи он њодисањои фољиаборе, ки имрўзњо дар Ироќу Сурия, Яману Афѓонистон мушоњида мешаванд, рў ба рў шуда буд. Њадафу наќшањои пасипардагиву ѓаразноки саркардањои аслии он амалњои харобиовар ва хољагону сарпарастони онњо, ки аз ѓояњои ифротгарої ва террористї сарчашма мегирифтанд, бо роњи зўрї ва ќатлу куштор ба сари мардум тањмил кардани фарњанги бегонаву тафаккури асримиёнагї ва дар Тољикистон таъсис додани давлати исломї буд. Дар натиљаи бесарусомонињо ва љанги шањрвандии тањмилї садњо њазор нафар шањрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорї гардиданд. Бо вуљуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарњанги ќадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роњ монда, сулњу субот ва вањдати миллиро таъмин кунем. Фидокориву мардонагии халќи тољик дар њимояи марзу бум ва арзишњои фарњангу тамаддуни ќадимаи хеш, иродаи ќавии мардуми мо ба сулњу субот ва созандагиву бунёдкорї боис гардид, ки пеши роњи амалњои террористону ифротгароёни дохиливу хориљї дар кишвари тозаистиќлоли мо гирифта шавад. Бо такя ба таљрибаи сулњофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгарої тарзу усули њалли осоиштаи муноќишаву низоъњои замони муосирро дар чањорчўби меъёрњои аз љониби љомеаи байналмилалї эътирофгардида ќотеона љонибдорї мекунем. Дўстони гиромї! Таърих ва таљрибаи талхи бисёр кишварњои олам, аз љумла Тољикистон гувоњ аст, ки дар мубориза бо ќуввањои бадхоњи љањонї ва тањдидњои глобалї танњо бо роњи њамкорї ва фаъолияти муштарак метавон пирўз гардид. Вале боиси таассуф аст, ки то ба њол аз љониби љомеаи љањонї мавќеъгирии ягона нисбат ба мафњумњои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Ба аќидаи мо, муборизаи самарабахш алайњи терроризму ифротгарої ва тундгароии хушунатангез ба њељ ваљњ сиёсати “меъёрњои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавќеъгирї боиси тавсеаи љуѓрофияи хатару тањдидњои хатарбори мазкур дар шаклу усулњои пешгўинашаванда ва боз њам дањшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгарої на сарњадро эътироф мекунаду на давлатро. Њамин аст, ки имрўзњо гурўњњои террористиву ифротї бо созмонњои диниву миллатгарои тундрав ва дигар нињодњои љиноятї ба њам омада, дар манотиќи гуногуни љањон хушунату зўроварї, хунрезиву низоъњои диниву мазњабї, нажодї ва њатто бархўрди тамаддунњоро барангехтаанд. Дар ин замина он њам боиси нигаронии амиќ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сўиистифода аз номи поки дини ислом ба

пањншавии афкори исломситезї ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Ба ин тариќ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрўз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард ањолии кураи заминро ташкил медињанду дар рушди љањони мутамаддин сањми арзанда доранд, метавонад оќибатњои хатарзоро ба бор орад. Зимнан, барои гирифтани пеши роњи исломситезї моро зарур аст, ки фазои эътимод, тањаммулгарої ва њамдигарфањмиро миёни љомеа ва тамаддунњо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятњои моро дар муќовимат бар зидди хатару тањдидњои муосир бештар месозад. Дар ин робита, ман борњо таъкид намудаам ва њоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазњаб надорад. Террорист - террорист аст ва ў њељ гоњ “худї” ё “бегона” ва ё “тањаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгарої љиддан таќозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафњум мавќеъ ва меъёрњои ягонаву умумї тањия ва ќабул карда шаванд. Њозирини муњтарам! Имрўзњо бар асари ноамнињо дар нуќтањои гуногуни олам тањдидњои амниятї ба минтаќаи мо низ рў ба афзоиш мебошанд. Кишвари мо, бинобар мавќеи љуѓрофии худ, дар марзи аввали муќовимат бо тањдиду хатарњои муосир ќарор дорад. Ба њама маълум аст, ки таъмини сулњу субот дар Осиёи Марказї бо вазъи амниятї дар Афѓонистон робитаи ногусастанї дорад. Љумњурии Тољикистон, ки бо Афѓонистон сарњади тўлонї (зиёда аз 1400 километр) дорад, нисбат ба вазъияти кунунї дар ин кишвари дўсту њамсоя, аз љумла дар минтаќањои шимоли он бетафовут буда наметавонад. Мо њанўз дар солњои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонњои байналмилаливу минтаќавї, аз љумла Созмони Милали Муттањид, зарурати њалли бетаъхири мушкилоти кишвари њамсояамон - Афѓонистонро батакрор таъкид мекардем. Мутаассифона, дар суњбатњои хосса баъзе сиёсатмадорони сатњи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтаќа аст, на мушкилоти мо. Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабњои пайдо шудани ин мушкилот раќобатњои носолими ќавмиву этникї дар минтаќа аст. Лекин ваќт нишон дод, ки њама он њушдорњои мо воќеї будаанд ва натиљаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онваќта имрўз ба хатару тањдидњои глобалї табдил ёфтанд. Танњо баъди амалњои террористии дањшатовари 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварњои олам љиддияти масъаларо дарк намуда, таваљљуњи худро ба он равона намуданд. Аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати љањонї касб намуда, пеши роњи онро гирифтан хеле мушкил шуд. Далели ин гуфтањо он аст, ки агар солњои ќаблї дар Афѓонистон дар ќатори љангљўёни њаракати “Толибон” намояндагони њамагї 15 кишвар мушоњида мешуданд, њоло дар сафњои созмони ба ном “Давлати исломї” ва дигар гурўњњои террористї љангидани шањрвандони зиёда аз 100 давлат таъйид шудааст. Аз рўи маълумоти дастрас шумораи љангиёни гурўњњои террористие, ки дар Ироќу Сурия љойгир буданд, то 100 њазор нафар мерасид. Дар натиљаи амалиётњои зиддитеррористї як ќисми онњо нобуд карда шуданд. Дар ин робита, суоле ба миён меояд, ки боќимондаи онњо њоло дар куљо ќарор доранд? Ва бо кадом кишвару созмонњо робита доранд? Боиси нигаронист, ки як ќисми онњо аллакай ба кишварњои худ баргаштаанд, ё ин ки дар роњи бозгашт ба ватанашон ќарор доранд ва метавонанд ба кишварњои худ хатар эљод кунанд. Мо аллакай шоњиди он будем, ки њатто гурўњњои хурди террористї тавонистанд дар як ќатор кишварњои аврупої даст ба амалњои террористї зада, сабабгори њалокати одамон ва нооромии вазъ шаванд. Мавриди таъкид аст, ки баъди амалиётњои зиддитеррористї дар Сурия ва Ироќ аъзои гурўњњои алоњидаи экстремистиву террористї ба давлати Афѓонистон омада, ќаламрави онро ба майдони њарбу зарби терроризми байналмилалї табдил додаанд. Вусъатёбии фаъолияти чунин гурўњњои террористиву тундгаро, аз ќабили созмони ба ном “Давлати исломї”, “Ал-Ќоида”, “Толибон” ва монанди инњо илова ба гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз љумла дар минтаќањои бо Тољикистон њаммарзи он боиси нигаронии амиќи мо гардидааст. Тољикистон саъю талошњои љомеаи љањониро љињати њаллу фасли фарогири ќазияи Афѓонистон љонибдорї менамояд. Мо расонидани кумакњои сариваќтиро ба марду(Идома дар сањ. 2)

и 77 ррЎЎззи ОН ЛО АТТЛ ХХА ИРОАИ КУМАКИ ПУЛЇ БА ЯТИМОНИ КУЛЛ Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим дорад, ки дар моњи шарифи Рамазон ба 773 нафар ятимони кулли вилоят кумакњои молию пулї ироа намояд. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, зимни тасдиќи ин хабар гуфт, ки аз шумораи умумии ятимони кулл 240 нафарашон донишљўянд. Ба номи њар яке аз ятимони кулл соли 2013 дар асоси њидояти Пешвои миллат дар бонкњо суратњисоб кушода шудааст. Дар доираи ин ташаббус аллакай аз маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Ёвон иттилоъ доданд, ки дастгирии маъмурияти корхонаи «Моњир-семент» ба суратњисоби бонкии 59 нафар ятимони кулли ноболиѓи ноњия 59000 сомонї гузаронида шуда, инчунин ба њар яки онњо ба таври наќдї маблаѓњои муайян таќдим гардидааст.

ОМОДАГИЊО БА ТАЉЛИЛИ 1 ИЮН Дар доираи наќшаи чорабинињои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба таљлили Рўзи байналмилалии муњофизати кўдакон – 1 июн – дар шањру навоњии вилоят аз 24 май то 1 июн баргузории силсилаи барномањо, мусобиќањо дар назар дошта шудааст. Ба иттилои Хатича Бегова, мудири бахши њуќуќи кўдаки вилоят, 24-30 май дар тамоми шањру навоњии вилоят гузаронидани мусобиќањои варзишї аз рўйи намудњои шоњмот, шашка, футбол, волейбол байни дастањои наврасон, ташкил намудани озмунњои «Рассоми бењтарин», «Дастони моњир», «Ихтироъкори бењтарин», таш-

кили тамошои намоишномањои театрї ва сайри осорхонаву ёдгорињои таърихї ба наќша гирифта шудааст. Њамчунин озмуни истеъдодњои наврас љамъбаст гардида, ба ѓолибон дар маросими таљлили Рўзи байналмилалии муњофизати кўдакон, ки 1 июн дар шањри Бохтар дар назар аст, туњфањои хотиравї таќдим хоњад шуд.

ДУРНАМОИ БУНЁДИ БОЃУ ТОКЗОР 98% ИЉРО ШУД Давоми соли љорї дар вилояти Хатлон дар майдони 1144 гектар боѓу токзори нав бунёд гардидааст, ки ба 97,7%-и дурнамои солона баробар аст. Тавре ки аз дафтари матбуотии Вазорати кишоварзї иттилоъ доданд, њамаи боѓу токзорњои нав дар заминњои талу теппањои бо намї таъмин бунёд гардидаанд. Бунёди боѓу токзори нав љињати татбиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи рушди соњаи боѓу токпарварї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2016-2020» амалї гардида, мувофиќи дурнамо, имсол дар љумњурї майдони 3255 гектар бунёди боѓу токзори нав дар назар дошта шудааст. То санаи 18 май дурнамои бунёди боѓу токзори нав дар кишвар 77,8% иљро гардидааст.

АМАЛИ ХАЙРИ ЊУНАРМАНДОНИ ТЕАТР Њунармандони Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњамммадљонови шањри Бохтар даромади молиявии худро аз њисоби намоиши намоишномаи «Тезии кор дар нўги кор»-и А. Абдурањмонов ба осебдидагон аз офати табиї дар ноњияи Панљ ироа карданд. Роњбари театри мазкур, Њунарпешаи халќии Тољикистон Аловуддин Абдуллоев дар суњбат бо рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки чанде пеш њунармандони театри вилоятї бо намоишномаи болозикр дар муассисањои таълимии ноњияи Панљ сафари њунарї доштанд. «Дар њамон шабу рўзи сафари њунарии мо бар асари селборишу жола, баланд шудани сатњи оби дарё ва рахна гардидани

соњилњо, дар њудуди ноњияи Панљ теъдоди муайяни хонањои зист, заминњои наздињавлигї комилан ва ќисман хароб шуданд. Бинобар ин, Шўрои бадеии театр тасмим гирифт, ки 1670 сомонї даромади њунармандон ба суратњисоби бонкии ноњияи Панљ, ки барои ёрї ба зарардидагон аз офати табиї кушода шудааст, интиќол дода шавад», - афзуд А. Абдуллоев.

ВЕЛОТУРИСТОНИ ФАРОНСА БА ХАТЛОН ОМАДАНИАНД Федератсияи велотуризми Фаронса тасмим гирифтааст, ки соли 2019 марафони велосипедрониро барои сайёњон дар ќаламрави Осиёи Марказї баргузор намояд. Дар харитаи чорабинии мазкур сайёњон тавассути дучарха давоми 70 рўз тамоми кишварњои Осиёи Марказиро сайругашт намуда, дар маљмўъ 6000 километр роњро тай мекунанд. Тибќи барномаи марафони мазкур, сайёњони дучархасавор аз шањрњо ва мавзеъњои сайёњии вилояти Хатлон низ дидан намуда, бо урфу одат ва анъанањои миллии мардум шинос мегарданд. Ќобили зикр аст, ки дар Фаронса велосипедронии саёњатї хеле маъмулу машњур буда, аз љумла, сабќати дучархасавории «Тур де Франс» њамасола бењтарин велосипедронњои сайёраро бо њам оварда, дар љањон бесобиќа унвон мешавад.

БОЗДОШТИ РАИСИ ЉАМОАТ БО ГУМОНИ ТАЛАБИ ПОРА Раиси Љамоати дењоти «Яккатут»-и ноњияи Абдурањмони Љомї Анвар Умарзода бо гумони даст доштан дар хариду фурўши ќитъаи замин боздошт гардидааст. Тавре ки аз Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд, номбурда «бо маќсади ба даст овардани даромади муфт, бо сўйистифода аз маќоми хизматї барои људо кардани ќитъаи замини наздињавлигї аз заминњои корами обии дењаи Хуросон аз шањрванд “А” маротибаи аввал 5000 рубли русї, бори дуюм 5000

сомонї гирифта, иловатан боз 45000 сомонї ба сифати пора талаб намудааст». Вале бори сеюм маблаѓи талабшуда ба љайби раис ворид нашуда, ў дар пайи чорабинињои оперативїтафтишотї зимни гирифтани маблаѓи пора дар љойи њодиса дастгир ва нисбаташ парвандаи љиноятї оѓоз шуда, тафтишоти пешакї идома дорад.

«РЎЗИ ДАРЊОИ КУШОД» ДАР МУАССИСАЊОИ ТИББЇ Ба муносибати Рўзи байналмилалии муњофизати кўдакон дар тамоми муассисањои тандурустии кўдаконаи шањру ноњияњои вилояти Хатлон 26 май «Рўзи дарњои кушод» барои кўдакони ниёзманд эълон шудабуд. Маросими ифтитоњи «Рўзи дарњои кушод» рўзи шанбеи гузашта дар сањни Маркази саломатии шањри Бохтар барпо гардид, дар он ба дањњо нафар кўдакону модарони онњо хизматрасонии тиббї анљом дода шуд. Инчунин, тасмим гирифта шудааст, ки табибони собиќадор рўзњои 24-31 май ба аёдати кўдакони маъюби бистарї ва имкониятњои љисмониашон мањдуд рафта, барояшон кумаку машварати тиббї расонанд.

18 НАФАР БО ДИПЛОМИ ДДЌ БА АСКАРЇ РАФТАНД 18 нафар донишљўёни Донишгоњи давлатии шањри Бохтар ба номи Носири Хусрав баъд аз хатми донишгоњ ихтиёран ва муташаккилона ба сафи Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон пайвастанд. Роњбари гурўњи ихтиёриёни назди Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилояти Хатлон, донишљўи ДДЌ Тољиддин Ќурбонов, ки яке аз онњост, гуфт, хизмати модар-ватан барояш шараф аст. «Ман рисолати фарзандии худро дар назди модарам иљро карда натавонистам, бо њамин маќсад баъди хатми

донишгоњ бо хоњиши худ ба хизмати модар-ватан рафта, ин рисолатамро сарбаландона анљом хоњам дод», - афзуд ў. Масъулони Раёсати љавонон ва варзиши вилоят дар маросими гусели тантанавии Т. Ќурбонов ва наваскарони дигар ба артиш, ба онњо сипоснома ва туњфањои хотиравї таќдим намуданд.

www.khatlon-ruznoma.tj


2

ХАТЛОН

панљшанбе, 31 майи соли 2018, №21 (3158)

Оби зам - зам мехўрем

Пешвои миллат: «Тољикистон дар мубориза алайњи терроризм шарики њамаи давлатњо мебошад» (Идома аз сањ. 1) ми Афѓонистон, бахусус дар давраи дањсолаи гузариш дар Афѓонистон (солњои 2015-2024), дар чањорчўби њама гуна муколамаву њамоишњои мављуда амри муњим мењисобем. Мо чунин мешуморем, ки кумак ба рушди иќтисодиву иљтимоии Афѓонистон яке аз роњњои самарабахши истиќрори сулњу субот дар ин кишвар мебошад. Аз ин рў, аз љомеаи љањонї даъват ба амал меорем, ки љињати дастгирии Афѓонистон дар ин раванд ва бо њамин роњ бењтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакњои амалии худро афзоиш дињад. Дар ин иртибот, бори дигар таъкид месозам, ки пирўзї бар терроризму ифротгарої танњо бо роњи низомї ѓайриимкон мебошад. Дар ин раванд дар мадди назари доимї нигоњ доштани љанбањои иљтимоии афзоиши ин зуњурот зарур дониста мешавад. Фаќру камбизоатї, бекорї, сатњи пасти саводнокї ва њифзи иљтимоии ањолї аз љумлаи омилњое мебошанд, ки одамонро водор менамоянд, то дар љустуљўи адолати иљтимої ба ѓояњои зўроварї рў оранд. Зимнан, таќозои замон аст, ки давлатњои пешрафта ба кишварњои ниёзманд доир ба расонидани кумаки зарурии иќтисодиву молиявї ва технологї дар доираи барномањои иќтисодиву иљтимої низ таваљљуњи бештар зоњир намоянд. Мењмонони гиромї!

Яке аз омилњои густариш ёфтани ифротгарої ва терроризм ин аз љониби ташкилотњои террористї васеъ истифода гардидани технологияњои муосири иттилоотї, бахусус шабакаи интернет бо маќсади пешбурди ташвиќоти экстремистї, ба сафњои худ љалб намудани аъзои нав, омода ва роњбарї намудан ба амалњои харобкоронаи онњо мањсуб меёбад. Аз ин лињоз, таќвияти њамкорињои байналмилалї ва минтаќавї, аз љумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулњои муассири пайгирї намудани чунин сомонањо, аз шабакаи интернет хориљ намудани онњо ва расонидани кумаки байнињамдигарї дар ин самт шарти муњимми комёбї дар мубориза бо кибертерроризм мебошад. Гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмањои асосии маблаѓгузории терроризму ифротгарої мањсуб меёбад, аз љумлаи мушкилоти умдаи љањонї ба шумор меравад. Мубориза алайњи он аз љониби љомеаи байналмилалї андешидани чорањои бетаъхир ва роњандозии тадбирњои муштаракро бо истифода аз тамоми роњу воситањо талаб менамояд. Таќвияти њамоњангї ва расонидани кумак ба кишварњое, ки дар сари роњи маводи мухаддир ќарор доранд, амри зарурї ва таќозои замон аст. Тољикистон бо дарки амиќи ин хатари глобалї тайи солњои тўлонї тамоми кўшиши худро ба мубориза алайњи гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир равона мекунад. Дар давраи пас аз соли 1994 то имрўз аз тарафи маќомоти

њифзи њуќуќ ва сохторњои низомии кишвар беш аз 120 тонна маводи нашъаовар мусодира гардидааст. Љумњурии Тољикистон Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддирро тањия ва ќабул намудааст, ки хусусияти пешгирикунанда дошта, барномаи амал ва самтњои њамкориро дар заминаи муносиботи дуљониба, минтаќавї ва бисёрљониба дар бар мегирад. Стратегияи мазкур, бо дарназардошти њамбастагии зичи гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир бо терроризму ифротгарої ва тундгарої, дар айни замон ба бартараф намудани омилњои ин зуњурот дар љомеа равона шудааст. Муњтарам роњбарони њайатњои иштирокдори конфронс! Њозирини гиромї! Дар фарљоми андешањои хеш мехоњам бори дигар ташрифи шуморо ба Тољикистон хайрамаќдам гуфта, идомаи бобарори барномаи кориатонро орзу намоям. Ба ширкаткунандагони њамоиши имрўза дар муњокимаронињо ва баррасии мавзўъњои мавриди назар муваффаќият мехоњам. Итминон дорам, ки натиљањои конфронси имрўзаи мо љињати вусъати тоза бахшидан ба њамкорињо дар самти муборизаи муштарак бо терроризму ифротгарої ва расидан ба љањони озод аз ин зуњуроти хатарноки аср мусоидат хоњанд кард. Аз таваљљуњатон сипосгузорам. www.president.tj

Шўрои љамъиятї

ДАР ЊИФЗИ МАНФИАТЊОИ ДАВЛАТ ТАМОМИ ЉОМЕАИ ШАЊРВАНДЇ БОЯД ФАЪОЛ БОШАД Баррасии муњтавои суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо ањли љомеаи кишвар дар арафаи фарорасии моњи шарифи Рамазон ва тасдиќи лоињаи Низомномаи нави Шўрои љамъиятии вилояти Хатлон аз масъалањои асосии љаласаи навбатии Шўрои мазкур буд, ки 26 май дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардид.

Дар кори Шўрои љамъиятї муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, аъзои Шўро-роњбарони ташкилотњои љамъиятии дар вилоят фаъолияткунанда ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Муовини раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода таъкид намуд, ки суханронии Пешвои миллат дар мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар, 12 майи соли љорї, дастури кори на танњо маќомоти давлатї, балки љомеаи шањрвандї ва ањли зиёву рўњониён низ мебошад. Дар робита ба омўзиш ва шарњу тафсири ин суханронї имрўзњо гурўњњои кории маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят дар шањру навоњї бо ањли љомеа мулоќоту дидорњо анљом медињанд. Аз рўйи масъалаи якуми рўзномаи љаласаи Шўро Неъматулло Иброњимзода, роњбари дастгоњи Кумитаи иљроияи Њизби халќии демократии Тољикистон дар вилояти Хатлон, баромад карда, таъкид дошт, ки суханронии Пешвои миллат дар мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар сатњи огоњии мардумро бештар баланд бардошт. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар он мулоќот авзои љомеаро тањлилу баррасї намуда, бо изњори нигаронї аз вазъи печидаи љањони имрўз, бори дигар таъкид карданд, ки дар шароити густариши таъсири равандњои љањонишавї њифз ва тарѓиб намудани арзишњои мењварие, ки тафаккур ва амали насли имрўзу фардои миллатро ташаккул ва рушд медињанд, тавассути корњои тарбиявию маърифатї ногузир ва њатмї мебошад. - Дар њаќиќат, тавре шоњид њастем, давлатњои абарќудрат ба хотири ќонеъ кардани ниёзњои нафсонии худ сайёраро ба буњрони шадиди сиёсиву экологї мувољењ сохта, ба ин роњ теша бар решаи насли миллатњо мезананд, - зикр кард Н. Иброњимзода. - Яке аз хатарњои хеле љиддї истифодаи нодурусти технологияњои муосири иттилоотї яке аз манбањои љалби љавонон ба гурўњњои људоихоњ ва ифротї гардида, њар яки моро водор месозад, то дар тарбияи насли љавон, дар тинати онњо бедор кардани худшиносии миллї, ифтихори ватандорї, созандагиву бунёдкорї бештар талош намоем. Моњияту манбаъњои њодисањои мудњиши солњои љанги шањрвандии дар кишвар бавуќўъомадаро ба онњо фањмонем ва оѓози онњоро ба амалњои муќаддамотии гурўњњои экстремистии имрўза муќоиса карда, огоњ созем, то хубу бад, дўсту душманро шиносанд. Эњтиром ба арзишњои миллї дошта бошанд, дар њама њолат барои њифзи ватану сарњад ва сарзамини хеш омада бошанд. Ќобили зикр аст, ки Сарвари давлат дар суњбату мулоќотњояшон бо мардуми кишвар пайваста ёдовар мешаванд, ки мо набояд њушёрию зиракии сиёсї ва њувияти миллиро аз даст дињем. Имрўз аз њарваќта бештар зарур аст, ки бо насли љавон кор кунем, шурўъ аз оила, боѓча, мактаб, донишкадаву донишгоњњо дар ин роњ муваззаф њастем.

Раиси кумитаи иљроияи Њизби коммунисти Тољикистон дар вилояти Хатлон, њамзамон раиси маркази фарњангии ўзбекзабонони вилояти Хатлон Тошмат Темиров зимни ироаи маърўзааш суханронии навбатии Пешвои миллатро дар мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар идомаи мантиќии Паёми солонаи Роњбари давлат ба Маљлиси Олї хонда, иљрои дастуру

супоришњои дар он баёнгардидаро вазифа ва ќарзи виљдонии њар як шањрванди Љумњурии Тољикистон арзёбї намуд. - Пешвои миллат сабабу омилњои бисёре аз мушкилоти љањони муосир, аз љумла норасоии оби нўшиданї, мољароњои вазнини сиёсї ва иќтисодиву иљтимої, љангу хунрезињои зиёди мазњабї, афзоиши беморињо, мушкилоти ахлоќиро муфассал шарњ доданд, - афзуд Т. Темиров. - Далелњои овардаи Сарвари давлат њар фардро ба андеша водор мекунад: «Агар дар асри 17 дар Аврупо дар љангу низоъњои гуногун таќрибан се миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри 18 панљ миллион, садсолаи 19 таќрибан 10 миллион ва дар асри ХХ беш аз 100 миллион нафар одамон ба њалокат расидаанд. Ин раќамњо ба ќитъае дахл доранд, ки дар се садсолаи охир намунаи пешрафт мањсуб меёфт. Дар 13 соли асри 21 шумораи онњое, ки дар љангу низоъњо ќурбон шудаанд, миллионњо нафарро ташкил додааст». Дар чунин њолати пурхатар танњо он давлатњое осеб намебинанд, ки мардумонаш муттањид буда, некро аз бад ба хубї фарќ карда метавонанд, ба таассубу хурофот ва мафкураи бегонаи зараровар тааллуќ намегиранд, аз пайи маќсадњои худ мераванд. Раиси коммунистњои вилоят аз ибтидои солњои 90-уми асри гузашта, ки дар Тољикистон майдоннишинињо ва љанги шањрвандї оѓоз гардида буд, ёдовар шуда, гуфт, ки шоњиди бевоситаи даст доштани пайравони ТЭТ ЊНИТ дар он митингњо бо шиорњои таблиѓгари вањњобизму салафия буд. “Кишвари мо, мардуми мо сабаќи талхи он њама љангу муќовиматњои сиёсиро, ки на танњо боиси фавти дањњо њазор нафару гурезагии садњо њазор тани дигар шуд, балки зарари калони иќтисодиву маънавї низ барои миллату мењани мо расонид,

дида, њељ гоњ ба такрори ин иштибоњ роњ намедињад”, - идома дод Т. Темиров. Раиси Комиљроияи Њизби ислоњоти иќтисодии Тољикистон дар вилояти Хатлон Зафар Ализода дар маърўзааш дар мавриди наќши дин дар вањдати миллї сухан гуфт. Вай бо зикри њамраъйиаш ба Пешвои миллат зикр намуд, ки ислом набояд бо ѓаразњои сиёсї омехта карда шавад. “Њамон тавре ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон гуфтаанд, ислом дини мо, эътиќоди мо ва манбаи покизагии њаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рўњи инсон ва

покизагии рўзгори ў хизмат кунад. Аммо, мутаассифона, афроди ноогоњу пастфитрат њастанд, ки бо сўйистифода аз дини мубини ислом дар љомеа фитнаангезї намуда, амнияти миллию давлатиро зери хатар мегузоранд, арзишњои динию мазњабиро барои бароварда сохтани манфиатњои нопоки худ истифода карданї мешаванд”, - афзуд З. Ализода. Зимни баррасии ин мавзўъ дар љаласаи Шўро инчунин раиси Шўрои куњансолони Њаракати вањдати миллї ва эњёи Тољикистон дар вилояти Хатлон, њамзамон љонишини раиси Шўрои собќадорони љангу мењнати вилоят Саидќул Шомалангов, сархатиби вилояти Хатлон Усмоналї Нуров, сардори Раёсати маорифи вилоят Диловар Исоев, раиси љамъияти маъюбони шањри Бохтар Абдусамад Бобољонов марбут ба самтњои алоњидаи суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо намояндагони љомеаи кишвар ибрози андеша намуданд. Таъкид шуд, ки «њар як шањрванди кишвар бояд масъалаи нињоят муњимро амиќ дарк намояд: вазъи имрўзаи љањон танњо ба халќу миллатњое имкони вуљуд доштану рушд карданро медињад, ки онњо дар баробари донишманд, аз назари технологї пешрафта ва созандаву эљодкор ва сарљамъу муттањид бошанд. Њадафњои стратегии давлат, њастии миллати худро дар њама њолат њифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доирањои ѓаразноки сиёсї нашаванд». Дар мулоќоташон бо намояндагони љомеаи кишвар Пешвои миллат љойгоњи динро дар љомеаи Тољикистон одилона нишон дода, таъкид карданд: «Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазњаби муътадилу тањаммулгарои њанафї мебошанд, ислом нишонаи имондорї, тањким бахшидани љањони маънавї ва такмили

одобу ахлоќ ба њисоб меравад. Мардуми мо дар доираи ањкоми шариат фаризаву вољиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишњои инсондўстонаву хайрхоњонаи онро гиромї медоранд. Бахусус, дар моњи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иљобати дуо, ќабули тавба ва амалњои хайру савоб донистааст, мардуми мо кўшиш мекунанд, ки фазилатњои парњезу накўкориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорї намоянд, ба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранљурон раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандї мерасонанд». Дар љаласаи Шўрои љамъиятї ишора шуд, ки љомеаи шањрвандї бояд дар амри дастгирии табаќањои ниёзманди ањолї, ятимон, маъюбон, камбизоатон ташаббус нишон дињанд. Зимни муњокимаи масъалањо дар њамоиши Шўрои љамъиятї таъкид гардид, ки имрўз гурўњњои манфиатхоњи зархарид мехоњанд оромии кишвари моро халалдор созанд, иѓвољўї мекунанд, љавононро гумроњ карда, аќидањои ифротии худро дар андешаи онњо тањмил намуданианд. Дар ин раванд, танњо сарљамъиву иттињод ва шинохти миллат метавонад мардуми шарифи Тољикистонро аз ин гирдоби пурпечутоби љањонишавї ва набардњои абарќудратон наљот бахшад ва миллатро поянда нигоњ дорад. - Сарвари давлат инчунин воќеъбинона зикр намудаанд: «Ба номи дини мубини ислом анљом додани амалњои террористиву ифродгарої имрўз ба як зуњуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст», - гуфт муовини раиси вилоят. - Аз ин рў, Сарвари давлат бо таассуф изњор доштанд, ки баъзе гурўњњо аз мусулмонони олам ба љойи њалли масъалаву мушкилоти зиндагиашон ва кўшиш ба сўйи пешрафту тараќќиёт бо дастони хеш њаёташонро вазнинтар мекунанд ва кишварњояшонро ба майдони љангу нооромињо ва ихтилофњои мазњабї табдил дода, худро бозичаи дасти душманони хориљї мегардонанд ва ба афзоиши рўњияи исломситезї ва бадбинии мусулмонон мусоидат мекунанд. Бояд дар назар дошт, ки аз давлат људо будани дин њаргиз маънои аз назорати давлат, љомеа ва ќонун берун ќарор доштани фаъолияти ташкилотњои диниро надорад. Мо бояд вобаста ба вазъи ноустувори љомеаи љањонї зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории миллату кишварамон заминањои мусоид фароњам намоем. Таъкидњои Пешвои миллат бори дигар водор месозанд, ки тамоми нињодњои ба иљтимоишавии шахсият масъул бо дарки тањдидњои хусусияти гуногундошта фаъолияти тарбиявии худро бањри шинохти арзишњои муњимми љамъиятї пайваста такмил дињанд. Ба ќавли Президенти мамлакат, норасоињои мављудаи њаёти љомеа «на бо суханони хушку холї, тарѓиботи мавсимї ва њатто ифтихороти зоњирї, балки танњо тавассути тарбияи муназзами маънавї ва њуќуќии њар фарди љомеа – аз оила то коргоњ - бартараф карда мешаванд». Дар љаласа лоињаи низомномаи нави Шўрои љамъиятии вилояти Хатлон, ки аз 10 боб ва 41 банд иборат буда, маќому салоњиятњои Шўроро муайян мекунад, тасдиќ гардид. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, аз аъзои Шўрои љамъиятї, њизбњои сиёсї ва ташкилотњои ѓайрињукуматї даъват намуд, ки љињати татбиќи дастуру њидоятњои наљибона ва хайрхоњонаи Пешвои миллат бо маќомоти давлатї њамкорї намоянд. Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Мардуми дунё биёед оби зам-зам мехўрем, Обро дар Тољикистон шишта бо њам мехўрем. Бе замину бе њаво, бе обу оташ ољизем, Поси обро гар надонем, љумла барњам мехўрем. Ќатрањо аз барф љорист њамчу шири модарон, Мо тавофу саљда карда бо сари хам мехўрем. Ѓамрањои миллату лабташнагон аст Шоњи мо, Мо барои ташнагон чун Шоњи худ ѓам мехўрем. Ташнагонро об дињем аз оби кавсарњои худ, Аз барои сарфаи он обро кам мехўрем. Дар бари њар чашмае хобанд ёрони Худо, Шукр бар Њаќ гуфтаву бар рўњи Одам мехўрем. Тољикистон Каъбаву њар чашмаи он зам-зам аст, Обро бо Шоњи худ дар зери Парчам мехўрем! Рањматуллои Исматї, омўзгори Литсейи касбии саноати кимиёии шањри Левакант

Мањкум мекунем! Ба наздикї дар шањри Варшава Алим Шерзамонов бо Муњиддин Кабирї мусоњиба гузаронидааст. Онро мусоњиба њам гуфтан нашояд, зеро дар он ягон ахбори асоснок ва ба воќеият наздик дарёфтан амри мањол мебошад. Шояд бо ин сабаб дар ибтидо Кабирї ин «мусоњиба»ро суњбати ѓайрирасмї ва як фурсат меномад. Ин “мутахассисон” мулоќоти Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо намояндагони љомеаи

аммо фаромўш месозад, ки дар бораи кадом озодихоњї гап меравад, њол он ки Тољикистон њанўз ибтидои солњои 90-ум истиќлолиятро ба даст оварда буд. Рисолати Тољикистон дар он ваќт нигоњдошти озодї ва амнияту вањдати миллат ба њисоб мерафт, на ин ки ба даст овардани худи озодї. Агар воќеан нањзатињо љонибдори сулњу вањдат ва оромии миллати тољик бошанд, пас, бояд дарк кунанд, ки дигар халќи тољик зарурат ба чунин “њомиёни дин” надорад.

ДАЪВАТИ РЎЙИРОСТИ ХОИНИ МИЛЛАТ БАРОИ ГУЗАРИШ БА МАЗЊАБИ ШИА тољикро гўё мавриди “муњокима ва баррасї” ќарор додаанд. Бояд ёдовар шавем, ки маќсади аслии вохўрии Пешвои миллат бо намояндагони љомеа тањкиму таќвият бахшидани раванди амнияти миллї ва низоми давлатдории дунявї, муќовимат бо ифротгарої, тундгарої ва бунёдгароии динї-мазњабї, дарки масъулият дар назди ватану миллат ва давлат ба њисоб мерафт, на ин ки “амри маъруф”, “насињат” ва ё “њамдилї бо љабрдидагони диссернет”. Дар ин мулоќот Пешвои миллат дар бораи њодисањои алоќаманд бо “диссернет” њатто ишора њам накард, ки ин аз дурўѓи рўйирост ва бешармонаи ин ду “алломаи мутахассис” гувоњї медињад. Алим Шерзамонов дар ибтидои ин “мусоњибаи ихтисосї” намедонад чї гуфта истодааст ва чї мехоњад. Суханонаш зиддиятнок ва бедалел мебошанд. Нахуст, ў дар бораи кадом “ќонуншикании лафзї”, шиагарої ва муносибатњои мазњабии Тољикистон сухан мегўяд. Ў њатто рўйирост мегўяд, ки дар орзуи даргирии мањалњо ва ташкили бесарусомонї дар Тољикистон мебошад. Алим Шерзамонов рўйирост иќрор мешавад, ки агар ин гуна бесарусомонињо дар Тољикистон аз нав шурўъ шаванд, ў иштирокчии фаъоли ин гуна гирдињамої ва ноамнсозии кишвар мегардад. Бояд бо боварї гўем, ки Пешвои миллат ягон ваќт майли мазњабгарої надошт ва надорад, ки ин рисолати худро наѓз дарк мекунад. Кабирї дар ин суњбати худ оид ба сабру тањаммули мардум, кадом як туњмат ба мардум ва халќ гап мезанад. Ў мардумро бо мухолифин як медонад ва хабар надорад, ки мардум аз ТЭТ ЊНИТ безор шудаанд ва чењраи аслии Кабириро барваќт шинохтаанд. Манфиат ва ќудрат дар мењвари худи Кабирї ќарор гирифтааст. Кабирї мардумро рўйирост барои гузариш ба мазњаби шиа даъват мекунад ва ин њадафи худро њаќќи конститутсионии њар як шањрванд мепиндорад. Ин боз як айёрии сиёсї ва динии Кабирї мебошад, ки таваљљуњи ањли исмоилиёни кишварро ба худ љалб кардан мехоњад. Њифзи арзишњои њанафиро як навъ табъизи динї мешуморад. Кабирї даст доштани худро дар ноамнсозии кишвар дар солњои 90- уми асри ХХ инкор мекунад, аммо фаромўш кардааст, ки дар рўзњои аввал нањзатињо иштирокчии фаъоли майдонсозињо дар Тољикистон буданд, мањз Њимматзода ва Нурї саркардагони нооромсозии амнияти кишвар њисоб мешаванд ва эњсосоти динии мардумро ба ѓаразу манфиатњои шахсии худ истифода бурданд. Мањз онњо майдонњоро ташкил карданд, сабабгорони бадбахтињои љанги шањрвандии солњои 90 буданд ва мардумро ба хоку хун оѓушта сохтанд. Ин кўшишњои худро то њол идома медињанд ва сулњу вањдат ва оромии Тољикистонро дидан намехоњанд. Њатто дар ин суњбат Алим Шерзамонов майдони “Шањидон”-ро њаракати миллии озодихоњї мењисобад,

Мувофиќи бозпурсињои Прокуратураи генералии Тољикистон яке аз роњбарони гирдињамоињои майдони “Шањидон” дар оѓози солњои 1990 Эшони Саид Ќиёмиддини Ѓозї худ иќрор шуд, ки то њол њамкориашро бо идорањои љосусии Эрон идома дода, бо супориши сохтори љосусии ин кишвар зидди миллати тољик кор бурда истодааст. Аз ин љо маълум мегардад, ки њанўз њам пайравони ТЭТ ЊНИТ ба халќу миллат ва мазњаб хиёнат мекунанд. Онњо ба сулњу вањдат ва амнияти кишвар хатар эљод намуда, ба воситаи сомона ва шабакањои иљтимої хабарњо ва маводњои бардурўѓу иѓовагаронаро пањн карда, кўшиш доранд, ки љавонону афроди ноогоњро ба гурўњњои ифротї љалб кунанд. Суњбати Алим Шерзамонов бо Муњиддин Кабирї дар шањри Варшава намунаи туњмату буњтон ва кўшишњои иѓвою фитнаи навбатї нисбати Пешвои миллат ва сарсупурдагони халќу миллати Тољикистон аст. То њол Кабирї ва пайравони ў барои амалї намудани орзую ѓаразњои соњиб шудан ба мансабу маќомњои баланд дар Тољикистон аз дин ва мазњаб рўирост истифода мебаранд, дар бораи њуќуќњои конститутсионии динии шањрвандон сухан мекунанд. Агар Кабирї воќеан љонибдори арзишњои динї дар Тољикистон мебуд, њељ гоњ эњсосоти динии мардумро барои расидан ба ѓаразњои шахсї ва сиёсї истифода намекард ва барои пешрафти динии кишвар мубориза мебурд. Аммо њодисањои солњои 90- уми асри гузашта ва солњои охири Тољикистон нишон медињанд, ки дар давраи мављудияти худ ТЭТ ЊНИТ, Кабирї ва пайравони ў барои пешрафти динии Тољикистон хизмати кўчаке накардаанд, ба љуз људоиандозї ва фитнаандозї дар байни мардум, аз худ намудани маблаѓњои хољагони хориљии худ ва боз њам ноором муаррифї намудани вазъи динї дар Тољикистон ба љањониён. Имрўз Кабирї ва пайравони ў дар хориљи кишвар њомї мељўянд, барои дарёфти гранту маблаѓњои њангуфт ва расидан ба њадафњои зишти худ аз гуфтани њар гуна газофу туњмат ва тањќири беасоси Њукумати ќонунї ва шахсиятњои арзандаи Тољикистон рўй намегардонанд. Њамеша аз номи халќ, омма ва миллат њарф мегўянд ва дар бораи озодии динї андешаронї мекунанд. Аммо фаромўш кардаанд, ки дигар мардум шањди сулњу вањдат ва амнияти миллиро чашидааст. Халќи тољикро дигар бо њарфњои пучу беасос ва подарњаво фиреб карда намешавад. Мардуми тољик аллакай дарк кардаанд, ки ин гуна “њомиёни дин” ва “шахсиятњо” чї мехоњанд ва барои расидан ба ѓаразњои шахсии худ њатто шаъну шараф ва номуси худро мефурўшанд. Хизмати ѓуломона ба хољагони хориљї ва пинњон шудан дар зери “чатри муњофиз” илољ ва умеди охирини Кабирию ва пайравони ў мебошад ва аз мурдањои сиёсї будани онњо гувоњї медињад. «Хатлон»


1 июн дар саросари љањон Рўзи байналмилалии њифзи кўдакон таљлил мешавад, ки он моњи ноябри соли 1949 дар шањри Париж бо ќарори конгресси Федератсияи байналмилалии демократии занон тасдиќ гардида буд. Тољикистон аз ибтидои давраи истиќлолияти давлатї Конвенсия оид ба њифзи њуќуќи кўдак, Конвенсияи Созмони љањонии мењнат оид ба барњам додани шаклњои вазнини мењнати кўдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадњои дахлдори меъёрии њуќуќии кишварамон бо муќаррароти онњо мутобиќ сохта шуданд. Бо ибтикори Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар назди Њукумати кишвар комиссия оид ба њифзи њуќуќи кўдак, ваколатдор оид ба њуќуќи кўдак таъсис ёфта, амал карда истодааст. Санадњои бисёри меъёрии њуќуќї њуќуќу манфиатњои кўдакро дар кишвари мо њимоя мекунанд, ки наќшаи миллии амалиёт оид ба њифзи њуќуќ ва манфиатњои кўдак, стратегияи миллї оид ба саломатии кўдакон ва наврасон, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ќабили онњоянд. Вобаста ба вазъи њуќуќи кўдак дар арафаи Рўзи байналмилалии њифзи кўдакон мусоњибае доштем бо Хатича БЕГОВА, мудири бахши њуќуќи кўдаки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки фишурдаи он манзуратон мегардад.

КЎДАКОН САРВАТИ БЕБАЊОИ ОИЛА, ЉОМЕА ВА ДАВЛАТАНД

- Хатича Ниёзбековна, Шумо масъулияти роњбарии бахши њуќуќи кўдакро дар сатњи вилоят ба дўш доред. Бигўед, ки асоси фаъолияти комиссияњои њифзи њуќуќи кўдак дар шањру ноњияњо аз чї иборат аст ва то куљо ин комиссияњо фаъолияти ќаноатбахш доранд? - Дар маќомотњои иљроияи њокимияти давлатии њама шањру ноњияњои вилояти Хатлон мо якнафарї корманд дорем. Вазифаи онњо сармутахассис-котиби комиссияи њифзи њуќуќи кўдаки ноњия ё шањр мебошад. Раиси комиссияи њифзи њуќуќи кўдаки шањру ноњияњо муовинони раиси шањру ноњия оид ба масъалањои иљтимої мебошанд. Роњбарии комиссияи вилоятї оид ба њифзи њуќуќи кўдакро муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ва масъулияти котиби комиссияи мазкурро банда ба уњда дорем. Бахши њуќуќи кўдаки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят бештар функсияи њамоњангсозии фаъолияти бахшњо дар шањру навоњиро иљро мекунад. Аммо дар сатњи мањал кор бо тарзи дигартар ба роњ монда шудааст. Ваќте шахс ба проблема дучор мешавад, ба маќомоти дахлдори мањалли зисташ мурољиат мекунад. Дар сатњи мањал ваќте аризањо вобаста ба фарзандхонї, оид ба фарогирии кўдакон ба таълиму тарбия дар мактаб-интернат, барои ивази ному насаб ба унвонии комиссияи њуќуќи кўдаки шањру ноњияњо ворид мешаванд, масъулони комиссияњо маслињати хешро ба шањрванд медињанд ва вобаста ба мушкилот онњоро барои ба куљо мурољиат кардан равона месозанд. Аксар ваќт мардум аз нодонї фикр мекунанд, ки проблемаи онњо дар мањал њал намешавад ва якбора ба мо мурољиат мекунанд. Мо то њадди имкон кўшиш мекунем, ки волидайнро фањмонем, дар њалли масъалаашон мусоидат намоем, кумаки равонї расонем. Масалан, баъзе модарони танњо фикр мекунанд, ки тарбия дар интернатњо бењтар аст. Бояд гуфт, ки гарчанде имрўз бо дастгирии Пешвои миллат шароити мактаб-интернатњо бисёр хуб шуда бошад њам, муњити гарми оиларо, муњаббати наздикону пайвандонро касе дода ва љое дигар гирифта наметавонад. Њамин тавр, як љузъи фаъолияти бахши мазкур огоњ кардану фањмонидан аст. - Таълиму тарбияи кўдакону наврасон яке аз масъалањои муњимми сиёсати иљтимоии давлат ба њисоб меравад. Тавре ки мегўянд, «ояндаи љомеа дар дасти кўдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, љомеаро идора мекунанд». Аммо

онњо чї гуна ба воя мерасанд ва љомеаро чї гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Аз нигоњи Шумо, бо ќабул гардидани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» то куљо масъулиятшиносии волидон ва љомеаи шањрвандї дар ин самт бењтар шуд? - Ин ќонуни миллї 2 - юми августи соли 2011, тањти №762, ќабул гардид ва маќсад аз тасвиби он, пеш аз њама, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рўњияи хештаншиносию ватандўстї, эњтиром ба арзишњои миллї тарбия намудани фарзандон мебошад. Фармони №835-и Президенти кишвар, ки 8-уми феврали соли 2017 ба тасвиб расид, мањз ба андешидани тадбирњои иловагї љињати татбиќи Ќонуни масъулияти падару модар дар амал нигаронида шудааст. Дар асоси њамин фармон ќарори дахлдори раиси вилояти Хатлон аз 28-уми феврали соли 2017, тањти №54, ба тасвиб расид. Дар асоси њамин ќарор дар тамоми муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, љамоатњои шањраку дењот, муассисањои худфаъолияти љамъиятї комиссияњои љамъиятї оид ба амалигардонии Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъсис дода шуд ва комиссияњо дар навбати худ низомнома, њайати комиссияи љамъиятї ва наќша-чорабинињои худро тањия намуда, дар асоси он кору фаъолият мекунанд. Маќсад аз таъсиси комиссияњои љамъиятї он аст, ки боз њам фаъолияти комиссияњо аз сатњи мањалњо сар карда бењтару хубтар шавад. Дар њамаи муассисањои таълимие, ки дар вилоят фаъолият мекунанд, новобаста аз он, ки давлатї аст, ё хусусї, комиссияњои љамъиятї фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки вазифаи комиссияњои љамъиятї аз он иборат аст, ки њамаи он проблемањое, ки дар муассисаи фаъолиятдоштааш ба миён меояд, њаллу фасл намояд. Мисол, мо медонем, ки дар муассисањо кўдакони душвортарбияи дохилї њастанд, ба монанди кўдаконе, ки дар рафти дарс ба омўзгор халал мерасонанд, ё мунтазам дер меоянд ва муаллим якчанд маротиба огоњї медињад. Вазифаи комиссияњо аз он иборат аст, ки аъзояшро љамъ карда, бо иштироки роњбари синф ва волидайни кўдак рафтори он хонандаро муњокима намоянд. Ин муњокима дар зинањои поёнї ба хотири он аст, ки тариќи фањмондадињї ўро ислоњ намоем. Агар мо яку якбора кўдакро дар ќайди шуъбањои ВКД монем, ин ба кўдак метавонад таъсири манфї расонад. - Роњбари давлат таъкид доштаанд, ки воќеан, кўдакон ояндаи осудаву ободи њар як миллат, сарвати бебањои њар як оила, љомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онњо бахту саодати рўзгори њар як падару модар мебошанд. Вале дар ин миён, мутаассифона, њастанд њолатњое,

ки кўдакон бо ќонун мухолифат доранд, даст ба љиноят мезананд. Аз нигоњи Шумо, бо чї роњ мешавад ин њолро пешгирї кард ва кўдаконро дар рўњияи эњтироми ќонуну ќонунсолорї тарбият кард? - Аз тањлилњои њамарўзаи мо, ки тибќи наќшаи корї мунтазам оид ба масъалањои гуногун дар шањру ноњияњо анљом медињем ва аз рўйи мониторинги гузаронидаамон бармеояд, бештари кўдаконе, ки даст ба љиноят мезананд, аз оилањои носолим ё нопурраанд. Ба фарзи мисол, фарзандоне, ки дар асл падар доранд, аммо тўли зиёда аз 8-10 сол аст, дар муњољирати мењнатї буда, амалан дар тарбияи фарзанд иштирок намекунад ва аз ањволи оилаи хеш хабар намегирад, чї рўњия доранд? Ё кўдакони оилањои пошхўрда ва ѓайра. Назорати чунин кўдакон дар аксар њолат суст аст. Кўдак танњо дар тарбияи модар ё дигар аќрабо асту халос. Њузури волидайн дар тарбияи фарзанд, ѓамхорї зоњир намудан, аз рўњия, љањони ботинї, олами андешањои фарзанд огоњ будан бисёр муњим аст. Гоње аз беназоратї, гоње аз набудани шароити зиндагї, кўдакон даст ба корњои ношоям мезананд. Ин проблемаи љиддист. Аммо мо гуфта наметавонем, ки шумораи чунин оилањо хеле зиёд аст. Дар маљмўъ, ќабули ин ќонун хеле бамаврид буд. Зеро бори дигар њам волидайн ва њам шахсонеро, ки онњоро иваз мекунанд, ин ќонун њушдор медињад, то масъулияти хешро бештар эњсос кунанд. Аз тањлилњои чормоњае (январ-апрели соли 2018), ки дар даст дорем, мутобиќи моддаи 90-и Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон нисбат ба 2786 нафар волидайн барои бемасъулиятї зоњир кардан дар таълиму тарбияи фарзанд парвандањои маъмурї оѓоз гардидааст. Аз њамин шумора, 1575 нафарашон ба маблаѓи 199 њазору 900 сомонї љарима карда шудаанд. Волидайн асосан барои оворагардии фарзанд, дар ваќту соати дарсї дар марказњои дилхушию бозињои компютерї будан, монеъ шудан ба тањсил ва монанди ин љарима шудаанд. - Дуруст. Наврасону љавонони моро зарур аст, ки ба ќадри сулњу оромї, суботи сиёсї ва истиќлолу озодї расанд ва њамчун насли ояндасоз ба хотири њифзу тањкими дастовардњои он саъю талош намоянд, аз љинояту бадрафторї парњез кунанд, таваљљуњашонро ба тањсили босифат равона намоянд. Хатича Ниёзбековна, яке аз масъалањои мубрами дигаре, ки имрўз бархе аз волидонро нигарон кардааст, дар муассисањои таълимї набудани равоншиносони касбї мебошад. Зеро дар ин љањони пуртазод, зоњиран, ниёз ба кумаку машварати равоншиносон рўзафзун аст, бахусус барои кўдакону наврасон… - Мувофиќам. Агар мо мехоњем кўдакро барои њаёти мустаќилона дар љомеа ба таври шоиста омода кунем, њузури психологњои касбї муњим аст. Дар њар як семинару

машваратњое, ки банда иштирок мекунам, аз набудани равоншиносњои касбї бањс ба миён меояд. Ваќте воќеае ба вуќўъ мепайвандад, баъд мо аз пайи љустуљўи равоншинос мешавем. Њол он, ки мо бояд хеле барваќт ин корро анљом медодем. Дар асл, то љое медонам, дар муассисањои таълимї воњиди махсуси корї барои равоншинос њаст, аммо он ба дўши шояд ягон омўзгор аст. Равоншиноси касбї дар муассисањои таълимї бисёр кам аст. Мо на фаќат дар муассисањои таълимї, балки дар дилхоњ ташкилоту идорањо бояд равоншинос дошта бошем, зеро инсон дар њама њолат ба равоншинос ниёз дорад. Машварати равоншинос метавонад одамро аз њолати стресс барорад, дар тасмими дуруст гирифтан мусоидат кунад. Чунин машварат њатто сифати корро низ бењтар мекунад. Машварати равоншинос барои кўдакон дар интихоби роњи дуруст, муносибат сохтан, рафторро ислоњ намудан, худбањодињиашро баланд бардоштан мусоидат мекунад. - Дар љомеаи зоњиран мардсолори мо гоње чунин суњбатњо њам шунида мешаванд, ки «духтара чию хонданаш чї». Яъне аз љониби афроди ноогоњ њаќќи духтар аз писар камтар дода мешавад. Њарчанд чунин муносибатро на ќонунгузории кишвар, на дини мубини ислом ќабул надоранд… - Дуруст, дар таљрибаи кори худ ин гуна мисолњоро хеле зиёд мушоњида кардаам. Бояд гуфт, ки сарчашмаи њамаи ин мушкилот, яъне зўроварї ба кўдакон аз бетарафию беањамиятии мо – ањли љомеа мебошад. Як зани љавоне бо ду духтари ноболиѓи хеш ба шавњар мебарояду духтарон аз љониби падарандар шиканља мешаванд. Чунин муносибат то ба худкушии яке аз он духтарчањо, ки 12-сола буд, оварда расонид. Мо – љомеаи шањрвандї хомўш менишинем. Албатта, гоње зўроварї нисбати кўдаки мо, хешу аќрабои мо донишомўзи мо, ё ин ки њамсояи мо дида мешавад. Барои пешгирии чунин њолат бояд љомеа низ сањм бигирад, дар ислоњи рафтори чунин волидайн мусоидат кунад. Дар масъалаи љинсият бошад, мо дар њар суњбату вохўрињое, ки дар муассисањои таълимї дорем, дар навбати аввал оид ба донишомўзии духтарон суол мекунем. Бояд, гуфт, ки имрўз, хушбахтона, маќоли «духтара чию хонданаш чї» оњиста-оњиста аз байн рафта истодааст. Мардум имрўз ваќте ба оилањои сарсону бемаълумот менигаранд, пай мебаранд, ки тањсили духтарон барои ояндаи онњо хуб аст. Шумораи духтароне, ки дар синфњои 10-11 ё дар донишгоњу коллељњо тањсил мекунанд, назар ба солњои пешин хеле бењтар мебошад, ки фарањафзост. Мутмаин њастам, ки кўдакони имрўза фардо чун насли ватандўст ва номбардори Тољикистони азизамон ба воя мерасанд. Суњбатнигор Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Нигоњи нек ба фардои ватан Њар як фарди бонангу номуси диёр ба фардои ватандорї набояд мавќеи бетарафиро ишѓол намояд. Зеро худро дар назди наслњои имрўзу фардо масъул донистан ќарзи имондорию ватандории мост. Дар мулоќот бо намояндагони љомеаи мамлакат Президенти Љумњурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, ки дар арафаи фарорасии моњи шарифи Рамазон ба вуќўъ пайваст, таъкид дошт: «Барои мусулмонони ватани мо, ки пайравони мазњаби муътадилу тањаммулгарои њанафї мебошанд, ислом нишонаи имондорї, тањким бахшидани љањони маънавї ва такмили одобу ахлоќ ба њисоб меравад». Аз нигоњи Пешвои муаззами миллат њар як фарди мусулмон ин маъниро бояд дарк намояд, зеро исломи асил њамагуна љангу хунрезињоро сахт мањкум менамояд, инсонро ба адлу инсоф, некию накўкорї, эњтироми падару модар, устод, дастгирии ятимону маъюбон, шахсони ниёзманди љомеа, покию ростї, парњезкорї аз амалњои зишт даъват менамояд. Пас љањони исломро аз номи дини мубини ислом ноором кардан, ба љангу хунрезї кашидан, шањрњои ободро ба вайрона табдил додан, хуни ноњаќ рехтани љоњталабони равияњои иртиљої, террористону экстремистон чї маънї дорад? Роњбари давлат дар ин мулоќот бори дигар њушдор дод: «Љањони бо суръати кайњонї таѓйирёбанда ва муборизаи абарќудратњо барои таќсими неъматњои моддї ва сарватњои табиї дар баробари дастовардњои бесобиќа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рў ба афзоиш мебошад». Пешвои мањбуби мо вобаста ба фавти кўдакон аз беморињои сироятї, танќисии об, норасоии ѓизо, талафот дар љангњои хунин, идомаи муноќишањои мусаллањона, анљоми амалњои террористї, тарки манзилњои зист далелњои зиёдеро ба иштирокчиёни мулоќот ва

3

ХАТЛОН

панљшанбе, 31 майи соли 2018, №21 (3158)

мардуми Тољикистон ёдрас намуд, онњо дилу вуљуди њар як инсони комилро ба дард меорад. Њазорњо лаънату нафрин ба љангљўёну љоњталабон мехонї. Ба гирдоби нафсу манфиатљўйї мубтало шудан, муносибатњои беаќлона ба сарватњои табиї, ба замин, зарари офатњои табиї, пањншавии беморињои сироятї ва маводи мухаддир ба ояндаи инсоният фалокатбор буда, њушдорест, ки ањли башар, созмонњои бонуфузи дунё, давлатњои сулњпарвару љомеаи солимфикр сари ин масъалањо на танњо андешаи љиддї кунанд, балки дар дастаљамъї ба муќобили ин зуњуроти номатлуб муборизаи беамон баранд, љомеаи љањониро аз ин вабои аср рањо бахшанд. Ба хотири ояндаи неку оромии љомеаи башарї Пешвои миллат њушдор медињад: «Имрўзњо кишварњои бузурги олам дар њолати вазнинтарини љанги сард ќарор гирифта, илм, иттилоот, иќтисодиёт, техникаву технология ва њатто динро ба василаи тарѓибу ташвиќи манфиатњои сиёсї ва гурўњиву минтаќавї табдил додаанд». Аз нигоњи дигар, вобаста ба ин њолат, вазъи њуќуќу озодињои инсон мураккаб гардида, ќурбони ин муноќишањо аксаран мусулмонанд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар ин љањони пурмољаро ва њассос њамдаму њамнафаси мост. Дар суханронињои хеш пайваста таъкид мекунад, ки зираку њушёр бошем, ба ќадри соњибватанї, истиќлолияту озодї бирасем. Сулњу оромї ва вањдати миллиро то љовидон

нигоњ дорем, зери парчами нангу номуси ватандорї зичтар муттањид бошем. Чуноне ки Сарвари давлат таъкид намудааст: «Танњо иттињоду сарљамъии халќи Тољикистон ва наслњои имрўзу ояндаи он дар атрофи арзишњои бунёдии давлатдории миллї ва ѓояњои созандаи давлат на танњо халќи моро аз таъсири манфии офату иллатњои маънавию сиёсии замона барои садсолањо њифз менамояд, балки тољиконро ба љањониён њамчун миллати воќеан бостонї ва соњибмаърифату тамаддунсоз муаррифї мекунад». Воќеан, мо бояд аз таърихи пурѓановати миллати худ огоњии комил дошта бошем. Рў љониби осори бегазанд ва оламшумули бузургони миллат биорем, насли ояндасози миллат, насли арзандаю худогоњу хештаншиносро ба камол расонем, забони модариамонро поку беолоиш нигоњ дорем. Аз рўи таълимоти Имоми Аъзам, пешвои мазњаби њанафия, «сафои ќалб ва одоби неку њамидаро њусни ботин ва зинати зоњири мусулмонон» донем. Созандагию бунёдкориро марому маќсади худ ќарор дињем. Аз замини файзбахши диёр самаранок истифода бурда, бо истењсоли молу мањсулоти ватании раќобатпазир ва бозгў ба талаботи љањони муосир ва Созмони умумиљањонии савдо муаррифгари Тољикистони соњибистиќлол дар арсаи љањонї гардем. Љашнњои ифтихории миллиро дар сатњи баланди ватандорї, ифтихор аз давлату миллати хеш истиќбол гирем. Ин аст нигоњи Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба фардои дурахшони ватандорї. Љўрахон Сайдализода, директори Маркази стандартизатсия, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят, вакили Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон

Ба истиќболи Рўзи Вањдати миллї

Наќши Пешвои миллат дар устувории вањдату ягонагї Сиёсати имрўзаи мо, ки дар он тамоюли миллатдўстї эњсос мешавад, ягон афродро мавриди тањќиру таъна ќарор намедињад, балки тамоми миллатњои дигарро ба дўстиву рафоќат, ба сулњу вањдат даъват мекунад. Вањдати миллии Тољикистон нахуст дар хомўш кардани оташу даргирињои љанги шањрвандї ва истиќрори сулњу вањдати миллї наќши босазое гузошт. Сарчашмаи ба вањдат ноил гардидани мардуми тољик, дар замони љанги шањрвандї мурољиати Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон шањри Хуљанд мебошад, ки ў аз љумла гуфта буд: «То он даме ки як тан аз њамватанони мо дар марзњои бегона гуреза шудаву зањри ѓарибї мечашанд, ман худро осуда эњсос нахоњам кард». Ин суханон ва кўшиши ба ватан овардани гурезањо хишти нахустини бинои вањдати навини моро ташкил дод. Дар давраи басо хатарнок ба кишвари љангзадаи Афѓонистон сафар кардани Сарвари давлат ва аз љониби ў ба сулњу оштї ва

вањдат даъват кардани мардуми тољику тољикистониён, бахусус бародарони фирорї, умеду боварии онњоро ба вањдату дўстї ва ояндаи дурахшони ватани мањбубамон тањким бахшид. Ибораи «вањдати миллї» чун аз забони Сарвари давлат шунида шуд, намояндагони мардум ва тамоми халќи Тољикистон ин мафњумро ба дилу дида ва маѓзу устухони худ љой доданд. Бешубња, ин суханони муќаддас ва љањду талошњои Сарвари давлат тамоми хурду бузурги кишварро ба далериву шуљоат, мардонагї, эњсоси баланди ватану ватандорї њидоят карда, дарку тафаккури миллии онњоро ба мафњуми ватанпарастї ва вањдати миллї пайванд кард. Имрўз љомеа, бахусус сиёсатшиносони љањон, барои татбиќи таљрибаи сулњи Тољикистон дар кишварњои љангзада пањлуњои гуногуни оноро меомўзанд ва барои амалї намудани сулњу ризоияти миллї љањду талош меварзанд. Мардум иќдомњои Президент ва Њукуматро чун ормонњои худ бањри расидан ба вањдати комил, зиндагии осуда ва њаёти осоишта

пазируфтанд. Мо, ки аслан миллати ба зоти худ ягонаву нодирем, бе њам зиста наметавонем, барои њамин њам њамеша бояд кўшиш кунем, ки якдигарро эњтиром ва дўст дорем. Муњимтарин вазифаи мо иборат аз он аст, ки тамоми мањорату малака, дониш, ќобилияту фаъолияти хешро бањри пойдории сулњу амонї, таъмини бехатарї, таќвияти вањдату ягонагии миллии мардуми тољик ва сокинони кишвари мањбубамон сафарбар намоем. Зеро истиќлолият, вањдат, ягонагии миллї худ аз худ таъмин нагашта, балки устувориву пойдории давлати миллї, истиќлолияти он, вањдату ягонагии миллї ба њифзу њимояи њамагон ниёзманд аст. Њамчунин сабаќ, дониш, дастовард ва њунареро, ки мо аз тамаддуни љањонї мегирем, нахуст онњоро ба андешаи миллии имрўзамон мувофиќу мутобиќ гардонида, ба љавонон меомўзонем. Т. Бойзода, муовини аввали раиси Суди вилояти Хатлон

ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ Бо ташаббуси Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ќабул шудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» яке аз ќадамњои устувор дар рушди соњањои иљтимоиву иќтисодии кишвар, аз љумла дар бењдошти сатњи зиндагии ањолии кишвари азизамон - Тољикистон аст. Дар амал татбиќ намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» аз лињози равонї кори осон набуд. Чунки иддае аз шањрвандон, яъне баъзе аз намояндагони ањли дин побанди хурофотпарастї шуда, барои амалишавии ќонуни мазкур омода набуданд. Хушбахтона, тавассути дуруст ба роњ мондани корњои таблиѓотиву фањмондадињї сокинони кишвар ба сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат тўли ин солњо ќонун амалї шуда, барои болоравии сатњи зиндагии мардуми кишварамон сањми босазои худро гузошт. Дар шањру навоњии минтаќаи Кўлоб љињати назорат ва амалишавии ќонуни мазкур 77 комиссияи доимї ва 1104 комиссияи љамъиятї дар њамаи ташкилоту муассисањо новобаста аз шакли моликияташон, таъсис дода шудааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар таљлили љашну маросимњои шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб дигаргунињои куллї ба амал омаданд. То ќабул гардидани ќонуни мазкур мардуми ноњияњои кўњистон дар маросими дафн ва азодорї одатњои хурофотии саритахтагї, таќсимоти пулу коло, маросимњои серўзагї, њафт, чил ва сари сол бо харољоти зиёд доир мегардонд, ки ба сатњи зиндагии мардум таъси-

ри манфї дошт. Мардуми камбизоате, ки пули кофї барои пешбурди зиндагии хеш надошт, бо ќарзи зиёд маъракањои бошукўњ мегузарониданд, то назди дигарон сархаму таънашунав нашаванд. Ба мо муяссар гардид, ки то андозае нафаќат чунин амалњои хурофотию ѓайриисломиро бартараф намоем, балки муњимтар аз њама маърифати динию мазњабии ањолиро боло бардошта, онњоро бањри созандагию бунёдкорї ва ояндабинии дурахшони диёру мењани азизамон њидоят созем. Сарфи назар аз дастовард дар амалисозии Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» њанўз камбудиву мушкилот љой дорад. Бояд иќрор шуд, ки пайваста Пешвои муаззами миллат дар њар як вохўрию суњбатњояш бо ањли љамоатчигии кишвар љињати сарфаю сариштакорї таъкид намояд њам, бархе аз сокинон то ба имрўз ба исрофкорию худнамої роњ медињанд. Аз ин лињоз, масъулини соња, ањли љамоатчигї, шахсони соњибэњтиром, ањли уламоро мебояд, ки дар њар як вохўрию суњбатњо бо ањолї мазмуну моњияти ќонунро шарњ дињанд, то мардум ба исрофкорию зиёдаравї роњ надињанд. Зеро надонистани ќонун љавобгариро истисно намекунад. Љамолиддин Файзалї, шањри Кўлоб

ПАРВАРИШИ ДАРАХТОНИ МЕВАДИЊАНДАИ КАЛИФОРНЇ ДАР ЁВОН Њар як заминдор имкон дорад даромади молии худро боло бардошта, ќудрати харидорї ва ё истењсоли озуќавории серѓизоро пайдо кунад. Ин масъала ахиран зимни баргузории семинармашварати кишоварзї оид ба «Рушди боѓдорї» дар ноњияи Ёвон садо дод. Ба иддаои Садриддин Љўраев, роњбари боѓу токпарварии Лоиња оид ба кишоварзї ва обёрї, аксари шањру ноњияњои вилояти Хатлон аграрї буда, ањолї аз њисоби замин худ ва бозори кишварро бо мањсулоти кишоварзї ё ѓизої таъмин мекунад. Семинар барои онњо имкон медињад, то ба тарзи дурусти пайвандкунї, љамъоварии њосил, нигоњубини боѓу танзими обёрї ошно шуда, аз мевањои зардолу, олу, шафтолу, себу чормаѓзи калифорнї,

ки имрўз дар хољагии таълимї-таљрибавии Донишгоњи аграрии Тољикистон дар ноњияи Ёвон парвариш меёбанд, дидан кунанд. Бояд гуфт, ки семинари мазкур бо маќсади баланд бардоштани савияи дониши кишоварзону боѓпарварон ва нигоњубини дурусти боѓу токзорњо, њамчунин хушсифат нигоњ доштани мањсулоти истењсолкардаи дењќонон бо иштироки олимони Академияи илмњои кишоварзии љумњурї ва мутахассисони 12 шањру ноњияи вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар семинар перомуни риояи талаботи экологї дар соњаи боѓдорї, љамъоварии мева ва кор-

карди он, истифодаи самараноки байни ќатори дарахтон, тарзи буридани шохаи сабз ва ањамияти он ба ин монанд маърўзањо пешнињод шуд. Дар охир мубодилаи афкор байни дењќонон ва мутахассисону олимони соња барпо шуд. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»

НАМОИШНОМАИ «РУДОЛФИО» БАЊОИ БАЛАНД ГИРИФТ Дар Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар нахустнамоиши асари сањнавии «Рудолфио» аз рўйи асари Валентин Распутин дар тарљумаи Назокат Раљабова баргузор гардид. Намоишномаи мазкур доир ба тазодњо дар зиндагии љавонон ќисса карда, ба ќавли тамошочиён, диќќатљалбкунанда ва пандомез мебошад. Аловуддин Абдуллоев, роњбари театр, гуфт, ки намоишномаи «Рудолфио»-и В. Распутин чун кори дипломии Отахон Саидов, хатмкунандаи шуъбаи магистри бахши режиссурии драмаи Донишкадаи фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи М. Турсунзода, ба сањна гузошта шуд. Коргардони намоишнома Отахон Саидзода, зери роњбарии бадеии Њунарпешаи халќии Тољикистон Давлат Убайдуллоев, мушовири коргардон Њунарпешаи халќии Тољикистон Аловуддин Абдуллоев, рассом Далер Мењтољев, мусиќиоро Азиз Сайфуллоев, ёвари коргардон Бахтиёр Абдуллоев мебошанд. Аз шањри Душанбе барои тамошои намоишнома Њунарпешањои халќии Тољикистон Убайдулло Давлатов, Раљабгул Ќосимова, Таѓаймурод Розиќов, Савриннисо Сабзалиева, Шералї Абдулќайсов ба шањри Бохтар омада буданд. - Ман, пеш аз њама, дар сањна фикрронињоро дидам, - андешаашро мегўяд Раљабгул Ќосимова, Њунарпешаи халќии Тољикистон. - Умуман, пўшида нест, ки актёрро дар сањна режиссёр мекушояд. Дилафрўз як бозёфти театр мебошад. Таѓаймурод Розиќов, Њунарпешаи халќии Тољикистон, пас аз тамошои намоишнома гуфт, ки «Рудолфио» намоишномаи бисёр нозук аст, ки бо рўњу психикаи инсон даст мезанад, даъвои шахсияти

пок, зиёї буданро, зиёии њаќиќї будани инсонро нишон медињад. «Ин хел намоишномањо бояд дар репертуари театрњо љой дошта бошанд. Дилафрўз љаззоб, одї, табиї, хеле боистеъдод аст. Ўро тарбия намудан, ба воя расондан лозим аст», - афзуд Т. Розиќов. - Пеш аз њама, ман дар сањна маданияти баланди муколамаро дидам, - хулоса мекунад фикрашро Савриннисо Сабзалиева, Њунарпешаи халќии Тољикистон. - Фарњанги њунармандони асилро дидам. Намоишнома бисёр хуб. Отахонро бояд дастгирї намуд, то як њунарманди хубу режиссёри номдори дигаре ба майдони њунар ворид шавад. Њунарпешаи маъруф Шералї Абдулќайсов намоишномаи «Рудолфио»-ро басо таъсирбахш ва хотирмон арзёбї намуд. «Омезгории таъбиру тафсири коргардон бо зебу зинати таљассумгарии ањли њунар мавзунияти андешаи солорро ба бор оварда, ба гўшу чашми ањли толор симфонияи зиёии муосирро танинандоз гардонид», - идома дод ў. Отахон Саидзода, муовини сарвари Театри вилоятии мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови шањри Бохтар ва њамзамон коргардони намоишномаи «Рудолфио», дар суњбат бо рўзномаи «Хатлон» гуфт, ки рўзњои наздик намоишномаи мазкур барои њаводорони театр такроран ба намоиш гузошта хоњад шуд. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»


4

ХАТЛОН

панљшанбе, 31 майи соли 2018, №21 (3158)

ТУРИЗМ Сайри Хатлони бостон

Арзишмандї ва њуќуќи инсон

Идораи рўзномаи «Хатлон» рубрикаи нави «Марњамат ба Хатлон!»-ро бо маќсади таблиѓи имкониятњои соњаи сайёњї, муаррифии мавзеъњои туристї, обњои шифобахш, ёдгорињои таърихї-фарњангї ва љалби сайёњони ватанию хориљї ба ин мулки бињиштосо пешнињоди хонандаи гиромии худ мегардонад. БО ЊАМ САЙРИ ХАТЛОН МЕКУНЕМ! њунармандї машѓул буда, зарфњои сафолии сирдору бесир, шишагин, булурин, мањсулоти оњангарї, косибї, заргарї, сангтарошї, устухонтарошї, мусаввирї ва ѓайраро дар сатњи касбї истењсол менамуданд, ба ин васила ањолии минтаќаро бо асбобњои рўзгор таъмин мекарданд. Њафриёти бостоншиносон нишон дод, ки дар Њулбук њунари шишасозї бо ду тарз ривољ дошт, яъне бо ќолаб ва дамидан - њам шишаи шаффоф ва њам ѓайришаффоф тайёр мекарданд. Ёдгории таърихии Њулбук яке аз муъљизањои фарњанги модї ва маънавии на танњо халќи тољик, балки љањонї ба шумор меравад. Мањз њамин сифатњои волои шањри Њулбук буд, ки моњи ноябри соли 2009 дар шањри Сиан-пойтахти фарњангии давлати Чин дар ќатори 8 ёдгории беназири халќи тољик он ба силсилаљоизаи Шоњроњи Бузурги Абрешими Юнеско ворид карда шуд. Ќалъаи Њулбук дар масофаи 7 километр дуртар аз самти шимолу ѓарбии ноњияи Восеъ љойгир Дар назди маљмааи Њулбук осорхонаи мебошад. Њулбук яке аз калонтарин шањр ва пойтахти Хатлон дар асрњои IX – X буд. Дар ин љо таърихи кишваршиносї сохта шуда, барои ќалъае вуљуд дошт, ки дар ваќти њафриёт аз он баќияи ќасри пурзебу зинати Хатлон ёфт шуд. сайёњони дохилї ва хориљї хизмат мерасоИн мавзеи нодири таърихї ба асрњои IX ва XI мансуб аст. над. Ќалъаи Њулбук дар наздики шоњроњи Душанбе-Кўлоб љойгир буда, асосан, Cарчашмањои таърихї, юнонї, чиннї ва бозёфтњои бостоншиносайёњоне, ки ба Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мераванд, аз сон аз он шањодат медињанд, ки Хулбук – пойтахти Хуталон, шањрест ин мавзеи таърихї дидан мекунанд. бо таърихи бисёр ќадима. Дар њама давру замонњои мављудияти хеш Баъди ба даст овардани истиќлолияти давлатї ба хотири арљгузорї шањри Њулбук њамчун маркази маъмурї, иќтисодї ва фарњангии ба таъриху фарњанги миллї аз тарафи Асосгузори сулњу вањдати шоњигарии Хуталон ба њисоб мерафт. миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Ковишњои бостоншиносї, ки дар њудудњои ќасри шоњони ХуЭмомалї Рањмон дар пойгоњи шањри Њулбук мамнўъгоњи таърихиву тал ва њудудњои шањристон гузаронида шуд, нобиѓањои меъмории фарњангии Њулбук ва осорхонаи Њулбук таъсис дода шудааст. тољикї, мавќеи интихоби љой бо нигоњдошти манзарањои табиї ва Масъули гўша мавќеи стратегї-мудофиавиро ошкор намуданд. Ф. БОБОЕВ Бино ба иттилои таърихдонон, мардумони шањри Њулбук ба

ЊУЛБУК

МУЪМИНОБОД - ЌАДАМГОЊИ БУЗУРГОН Муъминободро диёри мардхез мегўянд. Ин њунармандї, дењќонї, чорводорї машѓуланд. гони сайёраанд. Дар хоки поки Тољикистон, хоки пок як зумра пањлавонон, адибон, олимон, Занбўриасалпарварї шуѓли асосии шумораи алалхусус дар ноњияи Муъминобод, шахсиятњои човандозону њунармандонро ба олами њастї зиёди ањолии Муъминобод гаштааст. машњуру бузурге мадфунанд. Дар дењаи Лановардааст. Дар як маќола номи њамаи онњоро Аз дастгириву њидоятњои Асосгузори гар марќад ва масљиди њазрати Шоњи Хомўш зикр кардан аз имконият берун аст. Дар ин сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Препобарљост. Њам марќад ва њам масљиди бузурггўшаи ватан мардони бузурги олам-њазрати зиденти кишвар муњтарам Эмомалї Рањмон вор таъмирталаб буда, гирду атрофашон ба Њасаншоњи Хомўш, Домулло Икром дар ва кумакњои пайвастаи раиси вилояти Хатлон ободкорї ниёз дорад. Масљиди њазрати бузургдењаи Лангар, Хоља Алишоњи Валї дар дењаи вор аз замони дар ќайди њаёт будани худаш, дар Хољаалишоњ, њазрати Хољаи Нур дар дењаи хизмат намозгузорони дењоти гирду атроф Ноњияи Муъминобод Хољаинур, Саид Љалолиддини Гулдаста ќарор дорад. Масљид дар ин муддат як гўшаи Тољикистони бињиштосо аст. дар маркази ноњия, њазрати Хољаи Боду њавои тоза, гулу гиёњњои кўњї, дарахтони ороишї чандин бор тармиму таъмир карСабзпўш дар дењаи Дењињаёт, Дова ѓайра назаррабоянд. Обњои чашмањояш зулолу љонбахш ва да шудааст. Он бори охир соли мулло Барот дар дењаи Ѓеш ва боз неруафзоанд. Љангали Муъминободро дарахтони мевадињандаи ангур, 2016 тармим карда шуд. чанде дигарон зиндагї кардаву дар себ, чормаѓз, зардолу, олуча, олуболу, дулона, дулонаи сурх, ноку нашпотї Мехоњам ба кулли ањолии њамин љо ба хоби абад рафтаанд. ташкил медињанд. Гулу гиёњњояш бешуморанду шифобахш, муаттаранду ноњия бирасонам, ки анќариб Шоњкории табиат «Чилдухтарон»љонбахш, доруву дармони њазорон дардњоянду оромии љисму љон. дар њар як дења, мањалли ро гумон аст, ки дар дигар гўшањои Кўњистонаш дилфиреб буда, хокаш зар, сангаш гуњар, ањолинишин мазоре, ќадамгоње, сайёра пайдо кард. заминаш бемуњобо пурганљ аст. ёдгории таърихие аз бузургон вуљуд Ноњия дар солњои ба даст овардани дорад. Сокинони ин мањалро лозим аст, ки Истиќлолияти давлатї обод шуд. Кўчањои асотариќи њашар, маблаѓњои дастаљамъї онњоро сии ноњия чароѓон шуда, дар рўшании онњо Давлатшоњ Гулмањмадзода ноњия обод шудаву обод бисозанд, гирду атрофашонро тозаю озода шабона гаштугузор кардан кайфияте дорад. рў ба тараќќї нињодааст. бикунанд. Куњансолон, алалхусус шахсиятњои Роње, ки шањри Кўлобро ба ноњия мепайвандад, - Соли 2018-ро Сарвари давлатамон Соли босавод дар бораи ин бузургон маълумот ва аз таъмири љорї бароварда шудааст. Рафтуорушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон кард. ривоятеро љамъ биёранд. Зоирону сайёњонро мад тариќи наќлиёти сабукрав осон аст. Роњи Ин ташаббуси наљибу ватанхоњона ањолии аз таъриху дараљоти бузургии онњо иттилоъ маркази ноњия ба мавзеи «Чилдухтарон» низ ноњияи моро шод гардонид. Онњо дуруст дарк бидињанд. Муъминобод диёри кўњистон аст. њамвор шуда, имконияти рафтуомадро хеле менамоянд, ки сайёњї ва рушди њунармандї, Дар доираи ќонуниятњои љории давлатї метаосон кардааст. аз як тараф муаррифгари ватани мо дар арсаи вон дар кўњистони Муъминобод амали сайёњїДар маркази ноњия иншооти баландошёолам бошад, аз тарафи дигар, ба буљаи ноњия сайёдиро ривољ дод. Ин амал низ аз фоида орї на ќомат афрохта истодаанд. Аз рўйи адолат њар як њунарманд, њар як бошанда даромади набуда, ба буљаи ноњия даромаде хоњад овард. нест, агар мо аз бунёди осоишгоњ-табобатгоњи хуб меорад. Гурўњи њунармандонро ба корњои Оид ба рустанињои шифобахшаш каталог тарноњия иттилоъ надињем. Бунёди ин муассисаи эљодї ва истењсолї омода сохтем. Гумон тиб дода, тарз, усул ва ваќти љамъоварии ин табобатї-истироњатї кори савоб асту садњо аст, ки бењтарин табаќтарошњо, лаљомдўзњо, рустанињоро илман муайян бисозанд. ниёзмандон метавонанд ба ин љо омада сачакандўзњо, човандозон, заргарон дар МуъБењтарин суханро дар боби ватандўстї ломатии худро барќарор намоянд. Иќлими минобод зиндагї мекунанд. Табаќу чумчањо пайѓамбарамон њазрати Муњаммад (с) гуфтаМуъминобод, обњои љонбахшаш давои чандин ва кафлезњои чўбини Муъминобод ба дурињои аст: «Ватандўстї аз имондорї аст». Бикўшем, беморињост. дур рафтаву аз њунари нотакрори ин мардум њама сар ба сар ватандўст бошем. Ноњия дар даврони соњибистиќлолии вашањодат медињанд, - мегўяд бо ифтихор раиси тани азизамон ободу зебо шуда истодааст. ноњия Амиршоњзода Тоњир Темур. Абдуллоњ Бобоев Мардумаш осудањол будаву ба соњибкорї, Бузургони олам ифтихори њамаи бошанда-

Њушдор

Пешгирии беморї аз табобат бењтар аст

Бо фарорасии мавсими гармо дар њудуди вилоят њолатњои сар задани беморињои сироятии тавассути об пањншаванда, аз љумла шадиди рўда, домана, исњоли хунин, гепотити намуди А ба ќайд гирифта мешавад. Азбаски аксарияти ањолии вилоят, ки асосан дар сањро ба кишоварзї ва чорводорї машѓул мебошанд, хуруљи ин беморињо, дар мавсими гармо ављ мегирад. Сабаби пањншавии ин беморињо, дар навбати аввал, истифодаи оби

нўшокии безарарнашуда мебошад, ки дар навбати худ аз љониби ањолии дар саргањи манбаи обњои кушод истиќоматкунанда обро ифлос менамоянд. Инчунин кўдакон дар ин мавсими гармо дар каналу љўйњои обашон ифлос оббозї мекунанд. Дар баъзе мавридњо дар мањаллањои ањолинишин њудуди муњофизатии соњили дарё, каналу љўйњо, ки ањолии поёноб онро њамчун манбаи оби ошомиданї истифода менамоянд, худсарона ишѓол намуда, њар гуна иншоот сохтаанд ва њолатњои аз њавлии хонањои истиќоматї гузаштани каналу љўйњо низ љой дорад. Аз бисёр нуќтањои ањолинишини шањру ноњияњои вилоят каналу љўйњо мегузаранд, мутаассифона, солњои охир ќисми зиёди онњо тоза карда намешавад. Солњои ќаблї дар ќишлоќљойњо тариќи њашар љўйњо тоза карда мешуданд, вале њоло бошад ин

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

анъанаи хуб аз байн рафта истодааст. Пўшида нест, ки аз тарафи кормандони аксари љамоатњои дењот ва раисони мањаллањо дар байни мардум корњои фањмондадињї оид ба тозагии муњити зист гузаронида намешавад. Аз ин рў, бисёр нуќтањои ањолинишини шањру ноњияњои вилоят дар соњили каналу љўйњо партовњои маишї партофта мешавад. Инчунин њољатхона, њаммом ва оѓилхонањо сохта мешаванд, ки хилофи ќоидањои санитарию гигиенианд. Мувофиќи меъёрњои санитарї иншооти зикркарадашуда дар масофаи на камтар аз 20-30 метр аз соњили каналу љўйњо бояд сохта шаванд. Тањлили эпидемиологии мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шањру ноњияњои вилоят тайи солњои охир муайян намуданд, ки дар њолати аз љониби ањолї худсарона партофтани партовњо, дар соњили каналу љўйњо ва наздикии манбаъњои обњои кушод љойгир намудани њољатхонаю њаммом ва дигар нуќтањои ифлоскунандаи об бо-

иси хуруљи беморињои гуногуни сироятии шадиди рўда мегардад. Тањлили беморињои ба воситаи обгузаранда аз рўйи баќайдгирии беморї дар њар моњ нишон медињад, ки афзоиши беморї аз моњи май сар шуда, то моњњои ноябр-декабр давом мекунад. Сабаб дар он аст, ки бо фарорасии мавсими гармо корњои сањрої оѓоз ёфта, одамон аз обњои каналу љўйњо барои нўшидан истифода мебаранд. Инчунин кўдакон дар ин мавсим дар каналу љўйњои обашон ифлос оббозї мекунанд. Хуб мешуд, ки дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї хонандагон ва дар бошишгоњњои сањрої кормандон бо оби љўшонидашуда таъмин карда мешуданд ё худ онњо оби љўшонидашударо аз хона бо худ ба мактаб ва сањро бурда, аз ин об истеъмол менамуданд. Ин тадбир ба њифзи саломатї мусоидат хоњад кард. Чуноне мегўянд: «Пешгирии беморї аз табобат бењтар аст». Абдуќодир ЃАФУРОВ, мудири шуъбаи эпидемиологии МНДСЭ-и вилояти Хатлон, Файзиддин ХОЛМУРОДОВ, ёрдамчии табиби эпидемиологї

Њуќуќу њимояи инсон яке аз масъалањои муњим ба шумор рафта, таваљљуњи Њукумати Љумњурии Тољикистон нисбати ин масъала зиёд аст. Дар Љумњурии Тољикистон дањњо ќонуну санадњое ба тасвиб расидаанд, ки бевосита њуќуќњои инсонро њимоя менамояд. Роњбарияти Њукумати Љумњурии Тољикистон, Президенти мамлакат, Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон барои њимояи њуќуќњои инсон, бахусус занону кўдакон, бо мамлакатњои хориљи кишвар, ташкилотњои байналмилалї ва љамъиятї њамкориро зич ба роњ монда, љомеаи шањрвандиро дар рушду нумўи мамлакат низ њамќадаму њаммаром медонанд. Аз ин хотир, дањњо ташкилотњои байналмиллалї лоињањои иќтисодиву иљтимоии хешро дар Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд. Созмони байналмилалии муњољират (СБМ) дар Љумњурии Тољикистон лоињаи панљсолаи минтаќавиро бањри бењтар намудани шаъну шарафи инсон ва њуќуќи башар дар Осиёи Марказї, ки аз љониби ољонсии ИМА оид ба рушди байналмилалї (ЮСАИД) дастгирї меёбад, амалї менамояд. Бояд тазаккур дод, ки дар амалї гаштани барномаи мазкур ташкилоти љамъиятии «Ахтари бахт» сањми беандоза дорад. Ташкилоти мазкур аз соли 2004 инљониб дар њудуди шањру ноњияњои вилояти Хатлон дар самти муњољирати мењнатї фаъолият карда истодааст. Дар ин муддат, дар њамкорї бо Созмони байналмилалии муњољират зиёда аз 40 барномаи бо мушкилоти муњољирати мењнатї алоќамандро амалї намуда, айни замон дар доираи барномаи «Арзишмандї ва њуќуќи инсон» фаъолият дорад. Бояд зикр намуд, ки давраи аввали лоињаи мазкур аз соли 2017 дар ноњияи Кўшониён (собиќ Бохтар) оѓоз гардида, ба 13 нафар муњољироне, ки дар сатњи пасти рўзгор ќарор доштанд, кумаки грантии реинтегратсионї расонида шуда, 10 нафар ба омўзиши касби кафшергари барќї фаро гирифта шуданд. Соли 2018 бошад, даври дуюми барнома дар ноњияњои Кўшониён, Љалолиддини Балхї ва шањри Бохтар оѓоз гардид. Дар доираи ин барнома аз ин ноњияњои мавриди њадаф 300 нафар муњољирон ба ќайд гирифта шуданд. Аз ин шумора ба 36 нафар муњољирони осебпазире, ки дар сатњи хеле пасти рўзгор ќарор доранд, кумакњои реинтегратсионї расонида мешавад. Гурўњи маќсадноки лоиња, муњољирони мењнатии 17-35- сола, ки вурудашон ба Федератсияи Русия ба муддати 2,5 то 3 сол манъ гардидааст, дар оила аъзоёни имконияташон мањдудро доранду аз бонкњо ќарздор мебошанд ва дорои малакањои тиљорат ва касбро доранд, барои кумаки грантї интихоб карда мешаванд. Дар доираи амалигардонии лоињаи мазкур ба муњољирон ба ѓайр аз кумакњои грантї омўзонидани касбу њунар ва баргузории чорабинињои иттилоотию

маърифатї ба наќша гирифта шудаанд. Чунин як мулоќоти хотирмон бо иќдоми ташкилоти «Ахтари бахт» дар Љамоати дењоти «Узун»-и ноњияи Љалолиддини Балхї доир гардид. Дар чорабинї роњбари ташкилот Моњиннисо Шоњназарова ва Лоњутї Шоњназаров бобати ќонунгузорињои Федератсияи Русия доир ба будубоши муњољирони мењнатї, шањрвандони Љумњурии Тољикистон дар Русия ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки пеш аз сафар ба муњољирати мењнатї њатман аз муоинаи тиббї гузаранд, љойи корро ќаблан муайян намуда, бо корфармо пешакї шартномаи мењнатї банданд. Бо шиносномаи хориљї сафар намоянд, ба шахсони тасоддуфї, ки ваъдаи музди мењнати баланд, пардохти роњкиро ва њуљљатгузорињоро медињанд, бовар накунанд. Њамчунин, зимни љамъомад таъкид гардид, ки муњољирони тољик бояд эњтиёткор бошанд ва ба доми шахсоне, ки ба савдои одамон машѓуланд, наафтанд. Яке аз масъалањои доѓи рўз, ки имрўз љомеаи љањониро ба ташвиш овардааст, шомилшавии љавонон ба њизбу њаракатњои ифротї мебошад. Атрофи масъалаи мазкур низ дар ин мулоќот сухан ронда, таъкид намуданд, ки набояд љавонон ба гурўњу њаракатњои ифротї шомил шаванд. Онњо бештар ба андўхтани илму дониш машѓул бошанд. «Аз ин мулоќоти хотирмон сокинони љамоат як љањон маънї бардоштанд», иброз дошт муовини раиси Љамоати дењоти «Узун»-и ноњияи Љ. Балхї Гулљањон Шоњборонова. Тавре ки равшан гардид, ќисми зиёди муњољирон хоњиши омўхтани касбу њунарњоро доранд. Дар доираи амалигардонии лоињаи мазкур муњољирон дар курсњои кўтоњмуддати муассисаи Маркази таълими калонсолони Тољикистон ба омўзиш фаро гирифта шуда, маблаѓи таълим ва њуљљат аз љониби созмони байналмилалии муњољират пардохт карда мешавад. Њадаф аз чунин фаъолият, пеш аз њама, мусоидат дар њалли мушкилоти муњољирони мењнатии осебпазир буда, дар ин баробар мубориза бо ифротгарої ва терроризм мебошад, ки ин зуњуроти номатлуб ба амнияти мардуми Љумњурии Тољикистон низ хатар эљод месозад.

Диќќат: Музояда! Иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Хатлон рўзи 29 июни соли 2018 музоядаи №07-ро оид ба фурўши амволњои зерин, ки тањти њабс ќарор доранд, бо арзиши ибтидоии онњо эълон менамояд. № Т/р

Номгўи амволи њабсгардида

Соли сохтмон

1.

Манзили истиќоматии (њавлї) иборат аз як ошёна ва аз њафт њуљраи зист, бо њуљрањои хизматї ва ёрирасон, бо њуќуќи истифодабарии замин 8976 м.кв иборат мебошад.

Мансубият ва суроѓа

Нархи ибтидої

Ноњияи Кўшониён, Љамоати дењоти “Заргар”, дењаи А. Љомї

382298 (сесаду њаштоду ду њазору дусаду наваду њашт) сомонї

Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад. Љойи баргузории музояда: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм). Музояда соати 10:00 даќиќа барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ва ё ѓайринаќдї ба суратњисоби иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Хатлон дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњои (83222) 3-19-09 ва 93-582-32-32 гирифта метавонед. Диќќат: Музояда! Иљрочии Суди ноњияи Вахш Амонзода Умед Мирзо рўзи 29 июни соли 2018 соати 10:00 музоядаро оид ба фурўши манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Вахш, ки тањти њабс ќарор дорад, эълон менамояд. № Т/р

Номгўи моли њабсшуда

Соли сохтмон

Мансубият ва суроѓа

Нархи ибтидої

1.

Манзили истиќоматии якошёна, иборат аз се њуљра

Тахминан солњои 2013

Ноњияи Вахш, Љамоати дењоти “Тољикобод”, дењаи Роњи нав

90000 (навад њазор) сомонї

Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад.Љойи баргузории музояда: ноњияи Вахш, Љамоати шањраки Вахш, кўчаи Ленин, утоќи кории иљрочиёни суд. Музояда рўзи 29 июни соли 2018 соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ё ѓайринаќдї гузаронидани маблаѓ ба суратњисоби иљрочиёни Суди ноњияи Вахш дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњои (83246) 2-45-89,2-45-87, 2-42-22 ва 93300-20-26 фањмидан мумкин аст.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0448407, ки онро соли 2011 МТМУ №40-и ноњияи Кўшониён ба Ќодиров Аламшо додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи АБ №043717, ки онро соли 1987 МТМУ №7-и ноњияи Дўстї ба Амангелдиев Базар Розиевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи

гумшудаи

эътибор надорад А №513561, ки онро соли 1977 МТМУ №43-и ноњияи Кўшониён ба Одинаева Шахрихон Баходуровна додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи №490272, дар бораи хатми синфи 8, ки онро соли 1973 МТМУ №43-и ноњияи Кўшониён ба Одинаева Займарон Баходуровна додааст, эътибор надорад.

Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0037203, ки онро соли 2005 МТМУ №35-и ноњияи Дўстї (собиќ Љиликўл) ба Аллабердиев Туйчи Утармухамадович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ №0023633, ки онро соли 2006 МТМУ №12-и шањри Бохтар ба Ортыкова Шахноза Собировна додааст, эътибор надорад .

Таъзия Шўрои иттифоќњои касабаи вилояти Хатлон ба раиси Шўрои иттифоќњои касабаи шањри Кўлоб Исмон Хушвахтов бинобар даргузашти Падараш њамдардї изњор намуда, ба наздикону пайвандони марњум аз даргоњи Эзиди пок сабри љамил хоњонанд.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 пазируфта мешавад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/ рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Саттор ЌАРАХОНОВ

Тарроњ: Зафарљон Азизов

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 31.05.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8600 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Шумораи 21 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu