ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОЊИЯИ ЁВОН Сафари кории Ќурбон Њакимзода бо боздид аз ќитъаи замини наздињавлигии Ёров Абдусамад, сокини дењаи Фирдавсии Љамоати дењоти «Ситораи Сурх» оѓоз ёфт.
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №34 (3270)
ПАНЉШАНБЕ, 9 июли соли 2020
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Љаласаи љамъбастї Ёров Абдусамад аз рўйи ихтисосаш омўзгор бошад њам, дар љодаи дењќонї таљрибаи бой дошта, истифодаи оќилонаи заминро омили зиндагии шоиста медонад. Масоњати замини наздињавлигиаш 15 садякро ташкил дода, дар гармхонањо ва ќитъаи боќимондаи замин лимў, сабзавоти барваќтї, аз ќабили помидору бодиринг, картошка ва кабудињо парвариш карда, њар сол то се-чор њосил мерўёнанд. Њамасола аз чор гармхона ва ќитъаи боќимондаи заминашон то 30 њазор сомонї даромад мегиранд.
театри касбї табдил додани театри халќї дастгирї намуда, барои мусоидати њамаљињата ба масъулон дастур дод. Алњол театр дар бинои Кохи фарњанги ба номи Таѓоймурод Хушвахтов фаъолият дошта, дорои њуљрањои алоњида ва шароити мусоиди корї мебошад. Дар ин театри халќї 15 њунарманди њирфаии театр фаъолият мекунанд. Ќобили зикр аст, ки театри халќии ноњияи Ёвон аз соли 1938 инљониб фаъолият дорад ва дар ин муддат намоишномањои зиёдеро рўйи сањна оварда, дар чандин фестивал-озмунњои
Чанд сол ќабл фарзандони Ёров Абдусамад барои таъминоти рўзгори худ ба муњољирати мењнатї мерафтанд, њоло бошад, дар њамин ќитъаи замини наздињавлигї барои онњо шуѓли доимї муњайё мебошад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба рамзи эњтирому ќадрдонї аз ин оила, ки њар ваљаб замини наздињавлигиро самаранок истифода мебарад, телевизор таќдим намуд.
телевизионї ва љумњуриявї ширкат варзида, соњиби љоизањо гардидааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ваъда доданд, ки дар нахустин намоиши сањнавии театри касбии Ёвон иштирок хоњанд кард.
Раиси вилоят: «КОРЊОИ ФАЊМОНДАДИЊЇ ВА ПЕШГИРЇ АЗ ПАЊНШАВИИ COVID-19-РО ПУРЗЎР НАМОЕМ» 8 июли соли равон дар маљлисгоњи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон тањти раёсати раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода љаласаи љамъбасти натиљањои иќтисодиву иљтимоии вилоят дар нимсолаи аввал ва вазифањо барои нимсолаи дуюми соли равон баргузор гардид. Дар љамъомад муовини аввали раис, муовинони раиси вилоят, роњбари дастгоњ, раисони шањру навоњї, масъулини маќомоти њифзи њуќуќ, андоз, молия, омор, роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї ва шањру ноњияњо ширкат доштанд. Чорабиниро раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода њусни ифтитоњ бахшида, њозиринро бо рўзномаи љаласа ошно намуд. Тавре ки роњбари вилоят зикр намуд, дар натиљаи андешидани тадбирњои судманд ва истифодаи захираву имкониятњои мављуда дар шаш моњи соли равон нишондињандањои иќтисодиву иљтимоии вилоят назаррасанд. Новобаста аз вазъи душвори иќтисодї аксар шањру ноњияњо ќисми даромади буљетро барзиёд иљро намуданд. Дар давраи њисоботї ба буљет 579,3 миллион сомонї ворид гардид. Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода доир ба натиљањои иќтисодиву иљтимої муфассал маърўза намуда, аз љумла ќайд кард, ки дар давраи сипаришуда тибќи њисоботњо оид ба ќисми харољоти буљети вилоят ба соњањои буљетии вилоят ва шањру ноњияњо 836,4 млн сомонї маблаѓ равона гардидааст. Аз ин њисоб ба соњањои маориф 485,9 млн сомонї, тандурустї 215,6 млн сомонї, фарњанг 335,5 млн сомонї, хољагии манзиливу коммуналї 20,7 млн сомонї, наќлиёту сохтмон ва коммуникатсия 11,8 млн сомонї рост меояд. Чуноне ки зикр гардид, љињати сариваќт пардохт намудани нафаќпулињо аз њисоби маблаѓи андози иљтимої ва кумакњои молиявї 376,8 млн сомонї равона гардидааст. Дар давраи њисоботї 155 ярмаркаи љойњои кории холї баргузор гардид, ки дар натиља 2107 нафар шањрвандон соњиби љойи кор шуданд. Дар ин давра бонкњои вилоят 678,5 млн сомонї ба соњањои иќтисодиёт ќарз додаанд, ки аз ин 241,7 млн сомониаш ба соњаи кишоварзї рост меояд. Дар нимсолаи якуми соли равон гардиши савдои чакана 3,1 млрд сомонї ва њаљми хизматрасонї пулакї ба 942,3 млн сомонї расид. Тавре ки ироа гардид, гардиши савдои хориљї дар ин давра 144,1 млн доллари амрикоиро дар бар мегирад, ки аз он 61,0 млн доллар содирот ва 83,0 миллон долларро воридоти молу мањсулот ташкил медињад. Дар давоми њисоботї дар доираи се лоињаи сармоягузории давлатї корњо оѓоз гардида, муњлати ду лоиња ба анљом расидааст, ки маблаѓи умумї 118,1 млн долларро дар бар мегирад. Дар маљмўъ, тавре ки муовини раиси вилоят иттилоъ дод, 31 лоињаи сармоягузории давлатї амалї гардида истодааст, ки маблаѓи азхудшуда 390 млн сомониро ташкил медињад. Айни замон дар вилоят 46 ташкилоту корхона бо љалби сармояи хориљї фаъолияти хешро ба роњ мондаанд. Дар се моњи соли 2020-ум 9415,0 њазор доллар сармояи мустаќими хориљї ворид гардидааст, ки маблаѓи сармо-
яи хориљии воридгардида нисбат ба њамин давраи соли 2019-ум 23,2 фоиз зиёд аст. Аз љониби соњибкорон љињати дастрасї ба маблаѓњои грантии Президенти Љумњурии Тољикистон ва раиси вилояти Хатлон 79 лоињаи грантї ба
маблаѓи 1181,0 њазор сомонї пешнињод намудаанд, ки 34 лоињаи он барои гирифтани маблаѓи гранти президентї ва 45 лоињаи боќимонда барои дарёфти гранти раиси вилояти Хатлон дархост шудааст. Сипас, раиси вилоят аз раисони шањру ноњияњои вилоят, роњбарони ташкилоту муассисањо љињати иљроиши барномањои ќабулгардидаи соњавї, омодагї ба фасли тирамоњу зимистони солњои 2020-2021, оид ба гардиши заминњои кишоварзї даровардани заминњои бекорхобида ва аз ќайди маќомотњои андоз ва омор дур мондани як ќатор хољагињои дењќонї пурсиш ба амал овард. Њамчунин, дар љамъомад љињати фаъолияти ѓайриќаноатбахши коргоњњои адрасу атласбофї дар шањру ноњияњо, сари ваќт ва сифатнок иљро нагардидани ќисми даромади буљет, зиёд гардидани баќияпулињои андоз изњори нигаронї намуда, бањри ислоњи камбудињо дастур дода шуд. Яке аз масъалањои муњиме, ки дар љамъомад зикр гардид, табобату пешгирї аз бемории сироятии COVID-19 ба шумор рафт. Роњбари вилоят љињати захираи маводњои безараргардонї, бењ намудани вазъи соњаи тандурустї, таъмиру
тармими муассисањои таълимї, омода намудани либоси мактабї назди масъулини соњањо вазифагузорї намуд. Чуноне ки зикр гардид, ситодњои шањриву ноњиявї оид ба пурзўр намудани тадбирњои зиддиэпидемиявї ва пешгирї аз пањншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар мањалњо фаъолияти худро ба таври зарурї ба роњ намондаанд. Аз ин рў, зарур аст, ки миёни ањолї корњои фањмондадињиро оид ба риояи тадбирњои зиддиэпидемиявї ва пешгирї аз пањншавии сирояти коронавируси COVID-19 пурзўр намуда, таъкид созанд, ки бе ниќобњои муњофизатї аз хона набаромада, дар бозорњо, наќлиёт ва дигар љойњои љамъиятї аз ниќобњои муњофизатии тиббї истифода бурда, ба таври ќатъї фосилаи байнињамдигарро ба андозаи якуним то
ду метр нигоњ доранд. Инчунин, роњбари аввали вилоят таъкид дошт, ки љињати захираи 2-солаи хўрока, омода намудани мањсулоти консервї бояд бештар занони хонанишинро љалб намуд. Дар шароити вилояти Хатлон, ки меваю сабзавот фаровон аст, њар як оила метавонад то 1000-2000 банкаи консерва захира намояд. Вусъат бахшидани корњои фањмондадињї оид ба тозаю озодагии муњити зист, бењдошти гигиенаи шахсї низ зимни љамъомад мавриди баррасї ќарор гирифт. Яке аз масъалањои дигаре, ки роњбари вилоят аз он нигаронї намуд, ин зиёд гаштани эътирозњои прокурорї нисбати ќарорњои раисони шањру ноњияњо мебошад. Аз љумла таъкид рафт, нисбати њамин давраи соли гузашта эътирозњои прокурорї зиёд гардидаанд, ки ин масъала бештар ба људо намудани ќитъањои замин марбут аст. Ќурбон Њакимзода, њамчунин, доир ба омодагї ба даъвати тирамоњии љавонон таъкид ба миён оварда, раисони шањру ноњияњо, масъулини комиссариати њарбии вилоят ва дигар ташкилотњои марбут ба соњаро љињати љалби бештари љавонон ба курсњои њунаромўзї, аз љумла ронандагї ва омода намудани онњо ба сафи Ќуввањои
Мусаллањ вазифадор намуд. Роњбари вилоят дар ин баробар љињати истифодаи оќилонаи замин, кишти такрорї, коркарду озуќадињии заминњои пахтазор ва сари ваќт ба ќайди нозироти андоз ва њисоботњои оморї дохил намудани хољагињои навтаъсиси дењќонї ибрози андеша намуда, ба масъулин дастуру супоришњои ќатъї дод. Њамин тавр, раиси вилоят зимни љамъомад оид ба иљроиши босифати ќисми даромади буљет, пардохти сариваќтии музди мењнат, нафаќа дастуру супориш дод. Дар љамъомад дар самти омодагї ба љашни таърихии миллату давлат- 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бунёди босифати иншоотњои љашнї, ба кор даровардани корхонањои истењсоли мањсулоти саноати сабук, коргоњњои адрасу атлас таъкид ба миён рафт. Дар интињои љаласаи љамъбасти натиљањои иќтисодиву иљтимоии вилояти Хатлон озмуни вилоятии “Ободгари ватан” љамъбаст гардид. Тазаккур бояд дод, ки озмуни мазкур тибќи ќарори раиси вилояти Хатлон аз 12 феврали соли 2019 №41 бо маќсади ќадршиносї ва њавасмандгардонии соњибкорон ва шахсони саховатпеша, ки дар доираи омодагињо ба таљлили сазовори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар корњои ободониву созандагї сањми намоён мегузоранд, эълон гардидааст. Муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода иброз дошт, ки кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии “Ободгари ватан” ѓолибони даври навбатиро муайян намуд. Нафарони зерин дар љамъбасти даври навбатии озмуни “Ободгари ватан” соњибљоиза гардиданд: Шомаева Моњира-соњибкор аз шањри Бохтар, барои бунёди маркази саломатии 5-ошёна, Асадуллозода Холмурод, соњибкор аз шањри Бохтар, барои бунёди бинои иловагии муассисаи ѓайридавлатии таълимии “Коллељи тиббї-иљтимої”, Њабибуллоев Абдулмаљид, соњибкор аз ноњияи Хуросон, барои бунёди бунгоњи саломатї дар дењаи Томчї, Достиев Холназар, соњибкор аз ноњияи Шањритуз, барои бунёди иншооти бисёрфунксионалї, тўйхона ва маркази хизматрасонї, Аюбов Таѓайхўља, соњибкор аз ноњияи Восеъ, барои бунёди майдончаи варзишї, Мањмудов Сайидхоља, соњибкор аз ноњияи Фархор, барои бунёди сехи дўзандагї бо 20 љойи корї, Чиллазода Акмалљон, соњибкор аз ноњияи Данѓара, барои бунёди мењмонхона ва њаммоми замонавї, Кабиров Шариф, соњибкор аз ноњияи Дўстї, барои бунёди китобхонаи оммавї ва маркази хизматрасонї, Алиева Зулхумор, соњибкор аз ноњияи Ёвон, барои бунёди маркази хизматрасонии дуошёна, хатти оби нўшокї ва пули мошингузар дар Љамоати дењоти “Обшорон”. Ѓолибон аз љониби раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо Сипоснома ва мукофоти хотиравї сарфароз гардонида шуданд. А. САФАРЗОДА, «Хатлон»
Сипас раиси вилоят Ќурбон Њакимзода аз рафти корњои сохтмонї дар фермаи чорвои калони гўштии ЉДММ «Мармарї» дар Љамоати дењоти «Обшорон»-и ноњияи Ёвон шинос шуд. Фермаи мазкур барои нигоњдории 3000 сар чорво пешбинї гардида, бо маблаѓи 8,5 млн. доллари ИМА аз љониби ЉДММ “Мармарї” бунёд гардида истодааст. Бо бунёд ёфтани иншооти мазкур зиёда аз 100 љойи корї, аз љумла 20 љой дар фермаи зикргардида муњайё мегардад.
Масоњати умумии сохтмони ферма 16 гектарро ташкил дода, соли 2020 дар навбати аввали бунёди он барои нигоњдории 1000 сар чорво пешбинї шудааст. Дар доираи сафари кории худ ба ноњияи Ёвон раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар ќасри фарњангии ба номи Таѓоймурод Хушваќтов композитсияи њунармандони театри халќиро тањти унвони «Хоктўдањо» бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо њунармандон мулоќот оростанд. Раиси вилоят пешнињоди њунармандонро перомуни ба
Зимни сафари худ раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода аз рафти кишти такрорї ва намоиши мањсулотњои кишоварзї дар хољагии дењќонии «Саховат», воќеъ дар дењоти ба номи Г. Юсуфова дидан намуда, ба мењнати содиќонаи дењќонон бањои баланд дод. Сарвари хољагии дењќонии «Саховат» Ќиёмиддин Абдукаримов иттилоъ дод, ки шумораи сањмдорони хољагї ба 20 нафар мерасад. Майдони умумии замини хољагї 18,3 га (корами обї) буда, дар 6 гектари он пахта, дар 3 гектар гандум, 1,4 гектар боѓ, 7 гектар беда, 0,5 гектар маккаи дон, 0,5 гектар пиёзу дигар анвои сабзавот парвариш карда
мешавад. Сањмдорони хољагї тавассути истифодаи оќилонаи заминњои дар ихтиёрдоштаашон њосили хуб ба даст оварда, харољоти рўзгори худро таъмин менамоянд ва як ќисмати онро ба фурўш мебароранд. Ќурбон Њакимзода дар ин мавзеъ, њамчунин, аз намоиши мањсулоти кишоварзии оростаи дењќонони хољагї дидан карданд. Дар доираи сафари корї раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо рафти корњои васлгарию муљањњазгардонї (Давомаш дар сањ. 2)