Skip to main content

Хатлон №9 2018

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №9 (3146)

ШАНБЕ, 10 марти соли 2018

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

МАТБУОТ ВА ВАО ДАР ТАЊКИМИ АСОЛАТИ МИЛЛИЮ ДАВЛАТДОРЇ НАЌШИ МУАССИР ДОРАНД

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГУЛМАЊМАДЗОДА ДАВЛАТШОЊ ЌУРБОНАЛЇ БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ МАТБУОТИ ТОЉИК

Муњтарам ањли ќалам, собиќадорон ва алоќамандони матбуот! Дар ин рўзњои хотирмон, ки мардуми шарафманди кишвар ба истиќболи љашни байналмилалии Наврўз њамаљониба омодагї мегиранд, рўзноманигорон, ноширон ва та-

моми кормандони воситањои ахбори оммаро бо иди касбиашон – Рўзи матбуоти тољик табрику тањният гуфта, барояшон комёбињои эљодї ва рўзгори хушу осуда таманно мекунам. Ќобили зикр аст, ки матбуоти тољик аз санаи дар шањраки Когони Бухоро ба интишор расидани аввалин рўзномаи тољикї - «Бухорои Шариф» 11-уми марти соли 1912 сарчашма мегирад. Њанўз 106 сол муќаддам доир ба моњият ва рисолати рўзномаю рўзноманигорї дар нашрияи «Бухорои Шариф» омадааст: «Рўзнома воситаест, ки ахбори њама љоро ба њама кас медињад, навъи инсонро аз тасаввуроти њамдигарї мутталеъ менамояд, ба воситаи мутолиа ва тасодуми афкор масоили лозимаи маошия ва маодияро машрўњ месозад, таѓйироту таљдидоти њаќиќатро ба олами вањму гумон ба арсаи шањодату баён меандозад. Мухтасар ин ки рўзнома бењтарин асбобе аст дар нашру таъмими маориф ва муонасати банї навъи инсонї». Мањз аз њамин сабаб, пас аз соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон соли 1994 парлумони Тољикистон 11 мартро -Рўзи матбуоти тољик эълон намуд. Вилояти Хатлони Тољикистон дар оѓози солњои 30-юми асри ХХ соњиби рўзномањои худ гардид. Соли 1931 ду нашрияи бисёрти-

ражаи (орган)-и кумитаи њизбї ва раёсати сохтмони Вахш - «Зарбдори сохтмони Вахш» ва «Ударник Вахшстроя» ташкил ёфт. Ин рўзномаро метавон поягузор ва мактаби бузургу эътирофшудаи рўзноманигорї дар њудуди вилояти Хатлон номид. Воќеан, матбуот ва воситањои ахбори омма дар замони муосир њамчун як рукни муњимми сиёсї ва маънавии љомеа дар тањкими асолати миллї, давлатдорї, љањонбинии мардум, пойдории адолату воќеияти рўзгор наќши муассир доранд. Мањз мављудияти воситањои ахбори омма имкон медињад, ки љомеа ба ахбори сањењу даќиќ дастрасї пайдо намояд. Тавре ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид кардаанд: «Воситањои ахбори омма, хусусан дар замони тањаввулот ва таѓйирёбии самтњои рушди љомеа, бадалшавии идеологияњо ва ташаккули диди нави иљтимої ањамияти хоса пайдо мекунанд. Фаъолияти воситањои ахбори оммаи мо мањз дар замони Истиќлолияти давлатии Тољикистон оѓоз гардид ва матбуот вобаста ба воќеияти замон такомулу ташаккул ёфта, дар ќиёс бо бисёр кишварњо аз дидгоњи озодии баён пешрафта мебошад». Дар Рўзи матбуоти тољик месазад, ки аз мењнати пурсамар ва шоистаи эљодкорон,

собиќадорони соња, журналистони соњибноми хатлонї чун Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Бўриннисо Бердиева, Шоњмузаффар Ёдгорї, Ќувваталї Холов, Абдулло Муродов, Акбар Муслимов, Ѓаффор Мирзо, Фотењ Њомидов, Ашўр Сафар, Мисралї Сониев, Аскаралї Набиев, Файзалї Чориев, Пирумќул Сатторї ва дигарон ёдовар шавем. Ман умед дорам, ки рўзноманигорони хатлонї дар ташаккули мактаби рўзноманигории тољик сањми арзандаи худро гузошта, тамоми донишу малака ва неруи худро дар роњи амалї гардидани наќша њадафњои неку созандаи давлат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон, ташаккули афкори иљтимоию сиёсии љомеа, баланд бардоштани сатњи маърифат ва ахлоќи шањрвандон, тањкими сулњу вањдати миллї, ошкор ва пешгирї намудани њама гуна зуњуроти нангини љомеа равона месозанд. Дар Рўзи матбуоти тољик барои ќаламкашон ва кулли њаводорони матбуот пирўзињои касбї, сарбаландї, тансињатї ва эљоди созанда таманно дорам. Бигзор, матбуот чун минбари озод ва инъикосгари вазъи воќеии љомеа хидмати беѓарази худро минбаъд низ ба сомон расонад. Иди касбиатон муборак бод, ќаламкашони азиз!

ДАР АРЗЊОИ ДЎСТЇ

ПАДИДАИ ТАЪРИХЇ: ТОЉИКУ ЎЗБЕК БОЗ БА ЊАМ ОМАДАНД Њељ шодї нест андар ин љањон, Бартар аз дидори рўйи дўстон. Оре, ин мисраъњои одамушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї асрњо боз мазмуну моњияти хешро гум накардааст. Њангоме ки марзи байни Љумњурии Тољикистону Ўзбекистон дар њудуди вилояти Хатлон дар ноњияи Шањритўс кушода гардид, аз ашкњои модарон, чењрањои хуши фарзандон, бањамоии пайвандон боз як бори дигар волоияти мисраъњои ашъори Рўдакиро эњсос намудам. Беш аз бист сол боз дарвозањои марзии Љумњурии Ўзбекистон бо Тољикистон баста буд ва дўст наметавонист, ки чењраи дўстро бинад. Модар пазмони духтару фарзанд дар ёди рўйи волидайн ѓамгину њасратзада буд. Инак, бо иќдому сиёсати сулњпарваронаи сарони ду кишвар садди чинї бардошта шуду пайвандон ба васли якдигар расиданд. Рўзи 7 марти соли равон боз як гузаргоњи сарњади миёни Тољикистону Ўзбекистон ба фаъолият оѓоз кард. Субњи бармањал сокинони ноњияњои Ќубодиён, Н. Хусрав, Шањритўс дар тан либосњои идона, дар даст парчамњои давлатї, шиору навиштаљоти ифодакунандаи дўстиву рафоќат, њамдилию њамраъйї рў љониби мавзеи сарњадї оварда буданд. Гулдастањои муаттар, чењрањои хандони пиру љавон аз зиндагии пурсаодат, рўзгори ободу осудаи њаммењанонамон дарак медод. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода ва роњбарони ташкилоту муассисањо, раисони навоњии Ќубодиён, Шањритўс, Носири Хусрав дар хатти сарњад намояндагони вилояти Сурхандарёи Љумњурии Ўзбекистонро пазирої намуданд. Садои дафу чанг ба атроф танинандоз буду сурудњо дар васфи дўстии миёни халќу миллатњо, аз љумла тољику ўзбек ба ќалбњо шодї меафзуд. Раиси вилояти Сурхандарё Эркинљон Турдиев ва њамроњонашро издињоми беш аз панљњазорнафараи вилояти Хатлон гарму љўшон истиќбол намуданд. Парчамњои ду давлати ба њам дўсту њамсоя парафшон буд. Пас аз пешвозгирї љамъомади тантанавї оѓоз гардид. Раиси вилояти Хатлон, узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Давлатшоњ Гулмањмадзода мењмононро ба сарзамини офтобии Хатлонзамин хайрамаќдам гуфта, иброз дошт, ки пайванди дўстї миёни халќњои тољику ўзбек аз даврањои хело ќадим идома дорад. Дўстии Мавлоно Нуриддин Абдурањмони Љомї ва Низомиддин Алишери Навої далели ин гуфтањост. «Ин ду адиби шинохтаи классик тавонистанд дар арсаи таърих риштањои дўстии тољику ўзбекро таќвият бахшанд. Бо тањияи асарњои оламшумулашон бори дигар собит

созанд, ки ин ду миллат метавонанд, бањри рушду тараќќиёти на танњо иќтисодиву иљтимої, балки фарњангию адабї низ сањмгузор бошанд», - таъкид дошт раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни суханронї. Раиси вилояти Сурхандарё Эркинљон Турдиев низ зимни баромадаш аз пазироии гарму самимии мардуми Хатлонзамин изњори ќаноатмандї намуда, таъкид дошт, ки њамкорї миёни ду вилоят ва дар умум миёни Тољикистону Ўзбекистон ба манфиати мардуми ин ду кишвар хоњад буд. Њамчунин, раиси вилояти Сурхандарё иброз дошт, ки дар вилоят тољикони зиёде сукунат доранду ќисме аз онњо соњиби вазифањои давлатианд ва миёни ањолї соњибэњтиром гардидаанд. Лањзањое, ки ду миллат ба њам расиданд, яъне гузаргоњи «Гулбањор» кушода шуду онњо рў љониби Тољикистон оварданд, барои сокинони њар ду давлат лањзањои фаромўшнопазир ва пурњаяљону пуризтироб буд. Ашкњои шодї рўйи модарону духтарон ва пиру барноро мешуст. Шањло Бурњонова бо амри таќдир аз Љумњурии Ўзбекистон ба ноњияи Шањритўс келин шуда омада буд. Охирин маротиба ин модар соли 1997 ба тариќи марзи сарњадии «Гулбањор» ба Ўзбекистон рафта буд. Тавре ки номбурда ашкрезон ва бо њаяљон сухан мегуфт, фарзанди нахустинаш 20-сола гардидааст ва инак, баъд аз 20 сол ба дидори пайвандонаш, бахусус модари азизу мењрубонаш, мерасад. Ва дастурхони пур аз кулчаю нонњои бо мењр пухтаашро ба даст гирифта, озими сафари Ўзбекистон шудааст. Хосият Тошпўлотова низ бо амри таќдир аз Љумњурии Ўзбекистон келин шуда, ба ноњияи Шањритўс омадааст. Ў бо ашки шашќатор ќисса оѓоз намуд. Ин зани афсурдадил бо сабаби баста будани роњњо натавонист, ки дар љанозаи модари дилсўзу ѓампарвар ва ба љону дил баробараш ширкат варзад. Дарвоќеъ, ў натавонист ба њарфу сухани вопасини модараш гўш дињад. Шояд дами нафаси охирин модари Хосият Тошпулотова низ дар орзуи дидани чењраи фарзандаш ва суханњои нагуфтаи дар дил нуњуфтааш дунёи равшанро падруд гуфтааст. Њамин тавр, Хосият Тошпўлотова дар љанозаи бародару додаронаш низ ширкат надошт. Шояд аз ин рў, бо ашки шашќатор ёди он рўзњо мекарду аз ин бањамоии мардуми ду давлат ва кушода шудани гузаргоњњои сарњадї шукрона дошт, ки минбаъд бе ягон мамониат ба ў ва фарзандонаш дидорбинии пайвандони боќимондааш муяссар мегардад. Дар њаќиќат, ин лањзањо бисёр пурњассос ва фаромўшнопазир буданд, зеро бањамоии пайвандон, хешу аќрабо, ёру дўстон шањодат аз рўзгори осудаи марду-

ми Тољикистон буд. Мењмононе, ки аз Љумњурии Ўзбекистон омада буданд, њамин тавр бо пайвандону дўстон, волидайн пазирої доштанду зери савту навои дўстї мераќсиданд. Пас аз ќабулу эњтироми мењмонон чун арзи сипос ва эњтиром раиси вилоят ба намояндагони Љумњурии Ўзбекистонраиси вилояти Сурхандарё туњфањои хотиравї, мусавварањои зебои манзарањои афсонавии Хатлонзаминро таќдим дошт. Боз дар навбати худ, гурўњи сокинони Хатлонзамин, намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, роњбарони ташкилоту муассисањо, кормандони ВАО зери парчамњои Љумњурии Тољикистон рў љониби гузаргоњи сарњадии «Гулбањор» оварданд. Дар сарњади вилояти Сурхандарё мењмонони хатлониро бо нону намак ва дастагулњои муаттар пазирої намуданд. Сокинони вилояти Сурхандарё аз ташрифи мењмонони хатлонї хурсанду болидарўњ гардида, бо савту наво ва сурудњои дилнишин васфи дўстии халќњои тољику ўзбекро месароиданд. Раиси вилояти Сурхандарё Эркинљон Турдиев њозиринро хайрамаќдам гуфта, доир ба дўстии гусастанашавандаи тољику ўзбек, робитањои њамкории судманд изњорї андеша намуд. Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода ба сухан баромада, таъкид дошт, ки дар њаќиќат, боз офтоб мебаромадааст ва боз дарњои ду давлати ба њам њамсоя ба рўйи якдигар боз гашта, равуои шањрвандон барќарор гашт. Раиси вилоят зимни суханронї таъкид дошт, ки роњњо пайвандгари ќалбњоянд. Минбаъд муносибатњои њасана миёни ду вилояти њамсарњади Тољикистону Ўзбекистон - Хатлону Сурхандарё равнаќ ёфта, бадин васила созишномањои љалби сармоягузорї, њамкорињои иќтисодї, тиљоратї, фарњангї низ ба имзо мерасанд. Муњим аз њама пайвандон, модарон, волидайн, фарзандон, хоњару бародарон ба дидори њамдигар мерасанд. Ранљу дурињо, рањпоињо, интизорињо ба охир расида ва минбаъд танњо мењру муњаббат, садоќат, вафою њамдигарфањмї, дўстии гусастанашаванда боќї хоњад монд. Давлатшоњ Гулмањмадзода њамчунин, ба иштирокчиёни љамъомад, сокинони вилояти Сурхандарё, бахусус ба љавонон мурољиат намуда, таъкид дошт, ки бояд дар ќалби љавонон рўњияи дўст доштани њамдигар, эњтиром, муносибатњои некдилонаю некхоњонаро љо намоем. Бояд љавононро дар рўњияи инсондўстиву ободгарої тарбият намоем. Роњбари вилоят дар фарљоми суханронї иштирокдо(Идома дар сањ. 2)

Фарќи њама мардумони дигар осон, Аммо шуда мо ба њам чунон њам наздик. Бинанда чунин суол орад ба миён, К-эй љўра, бигў, ту тољикї ё ўзбек?

И 77 РРЎЎЗЗИ ТЛЛООН ХХААТ 720 ЊАЗОР СОМОНЇ - КУМАК БА НИЁЗМАНДОН

Иттињодияњои динї ва ашхоси саховатпешаи вилояти Хатлон тайи як соли охир ба хона-интернатњо, маъюбону барљомондагон, кўдакони ятиму бепарастор, пирони яккаву танњо, хонањои бачагон ва ниёзмандон ба маблаѓи зиёда аз 720 њазор сомонї кумак расонданд. Дар ин бора аз шуъбаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросими миллии вилоят хабар доданд. Ќобили зикр аст, ки феълан дар вилоят 26 комиссияи доимии вилоятї, шањриву ноњиявї, 155 комиссияи доимии љамоатњои шањраку дењот, 66 комиссияи љамъиятии вилоятї ва 2307 комиссияи љамъиятии танзими анъана ва љашну маросими миллї фаъолият доранд. Соли сипаришуда 197 њолати риоя нагардидани ќонуни танзим ошкор шудааст, ки нисбат ба солњои ќаблї бамаротиб кам мебошад.

БУНЁДИ КОРХОНАИ НАФТ ДАР АРАФАИ АНЉОМЁБИСТ

Сохтмони корхонаи истењсоли нафт бо иќтидори 1,2 млн. тонна дар як сол дар Минтаќаи озоди иќтисодии «Данѓара» айни замон дар арафаи анљомёбї ќарор дорад. Корхона дар як шабонарўз метавонад зиёда аз 1000 тонна нафти хомро коркард намояд.

Муовини якуми вазири рушди иќтисод ва савдои љумњурї Завќї Завќизода гуфт, ки дар њудуди МОИ «Данѓара» барои марњилаи 1-уми бунёди корхонаи мазкур дар масоњати 27 га ќитъаи замин бо маблаѓи 80 млн. доллари ИМА пешбинї шудааст, ки айни њол корњои сохтмонии корхона 99% ба анљом расонида шуда, корњои ободонии атрофи он идома доранд. «Тибќи наќша, дар сурати

ба фаъолият шурўъ намудани ин корхона зиёда аз 800 нафар бо љойи кори доимї таъмин карда мешаванд, ки аз онњо андоз аз даромад ва андози иљтимої ба буљаи давлат равона карда мешавад. Илова бар ин, ширкати мазкур дар оянда метавонад бозори дохилиро бо мањсулоти сўзишворї таъмин карда, ќисми зиёдатии онро ба давлатњои њамсоя содирот намояд», - афзуд З. Завќизода.

ШУМОРАИ ДОНОРЊОИ ХУН ЗИЁД ШУДААСТ Шумораи донорњои хунсупор ва плазмасупор дар шањру навоњии вилояти Хатлон 15% афзуда, ба беш аз 4 њазору 200 нафар расидааст. Танњо тайи як њафта дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии илмии хун» дар шањри Бохтар 186 нафар донори хун ва плазмасупор ба ќайд гирифта шудаанд. Ба иттилои расида, аз донорони сабтиномшуда ба миќдори зиёда аз 98 литр маводи хун гирифта шуда, он барои кумаки фаврї ба беморони муассисањои тиббии шањру ноњияњои вилояти Хатлон дода мешавад.

ОЃОЗИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ОРД Дар шањри Кўлоб корхонаи истењсоли орд бо номи «Суѓдиён» ба фаъолият оѓоз кард. Фурќат Иборатов, роњбари ин корхона гуфт, ки дар он беш аз 40 нафар бо љойи кори доимї таъмин шудаанд. Ба иттилои манбаъ, корхона дар як шабонарўз 90 тонна орди хушсифати навъњои 1-ум ва 2-юмро истењсол менамояд. Нархи орди истењсолшуда нисбат ба бозорњо арзонтар буда,

мањсулоти ин корхона аз љумла дар шањри Кўлоб ва ноњияњои Муъминобод, Шамсиддин Шоњин, Ховалинг, Њамадонї ва Фархор дастраси мардум мегарданд.

ЊАДЯЊО БА БОНУВОНИ ХОНАИ ПИРОНСОЛОН

Бо ташаббуси шањрдории Бохтар бахшида ба Рўзи модар дар хонаи пиронсолони маркази вилоят чорабинии идона баргузор карда шуд.

Дар баробари намоиш додани базми шеъру суруд ба занони солманди хонаи пиронсолон аз љониби бахши љавонон ва варзиши шањри Бохтар туњфањо супурда шуданд. Ќайд гардид, ки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар дар асоси дастуру њидоятњои Пешвои миллат Эмомалї Рањмон њамеша нафарони эњтиёљманд ва пиронсолону ятимонро дастгирї намуда, бањри кўмаки онњо аз њамаи имконияти мављуда истифода мекунад.

ЧОПИ «ЗАНОНИ СОЊИБИСТИЌЛОЛИ НАКЎИЌБОЛ» Дар арафаи љашни Рўзи модар дар шањри Левакант китоби «Занони соњибистиќлоли накўиќбол» аз нашр баромад. Дар ин бора Њ. Неъматзода, роњбари дастгоњи раиси шањри Левакант, хабар дода, афзуд, ки маљмўаи мазкур ба ќалами Самизода Санавбар, Саидмуминиён Ањлиддин ва Алимиён Давлаталї мансуб аст. Дар китоб доир ба њаёт

ва корномаи 78 нафар занони собиќадору обрўманд, фаъолону пешќадамони шањри Левакант, ки содиќонаю софдилона ба халќу ватан хизматњои шоиста кардаанд, маълумот дода шудааст.

БУНЁДУ НАВСОЗИИ ТАЪЛИМГОЊЊО ДАР ВИЛОЯТ Дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисањои соњаи маорифи вилояти Хатлон барои солњои 2017-2021» танњо дар зарфи як соли охир дар вилоят беш аз 130 муассисаи таълимї бо фароњамсозии 30 њазору 679 љойи нишаст бунёду навсозї шудааст. Гуфта мешавад, ки барои иљрои ин корњо љамъан 431 516 њазор сомонї сарф гардидааст. Дар доираи барномаи мазкур бунёди садњо муассисаи таълимї ва муљањњазонию ба талаботи замони муосир мутобиќ намудани синфхонањо дар назар дошта шудааст.

Хабарњои бештар ин љост:

www.khatlon-ruznoma.tj


2

ХАТЛОН

ШАНБЕ, 10 марти соли 2018, №9 (3146)

11 МАРТ - РЎЗИ МАТБУОТИ ТОЉИК

ЖУРНАЛИСТОН БОЯД БАРОИ ПЕШГИРЇ АЗ ХАЛАЛДОРШАВИИ ФАЗОИ ИТТИЛООТЇ ИТТИЊОДИ НЕРУ НИШОН ДИЊАНД 10 март дар толори маќомоти иљроияи њокимияти давлати вилояти Хатлон њамоиши рўзноманигорони вилоят ба муносибати Рўзи матбуоти тољик барпо гардид.

ПАДИДАИ ТАЪРИХЇ: ТОЉИКУ ЎЗБЕК БОЗ БА ЊАМ ОМАДАНД (Идома аз сањ. 1) ронро ба Рўзи Модар-сарчашмаи њаёт ва Наврўзи хуљастапай-фасли зеботарини сол, бањори гулфишон табрик намуда, ба њамагон тансињатї ва хонаободї таманно намуд. Ба мо имкон даст дод, ки бо чанд тан сокинони вилояти Сурхандарё њамсуњбат шавем. Нилуфар Авазова ва Норхол Љумъаева чандин сол муќаддам аз ноњияи

Шањритўс бо амри таќдир келин шуда ба вилояти Сурхандарё омаданд. Ин модарони толеъбаланд аз он изњори сипос намуданд, ки монеањои марзњои сарњадї бартараф гардидаанд ва нињоят, метавонанд пайвандону волидайни хешро бе ягон мамониат аёдат намоянд, аз њолу ањволи эшон бохабар гарданд. Ду нафар сокинони солдидаи вилояти Сурхандарё момои Хумор

ва Байномбибї ба пазироии сокинони вилояти Хатлон баромаданд. Онњо низ аз ин иќдоми неки роњбарони ду давлат хеле хушнуд гашта, даст ба дуо бардошта, ба сарони давлатњои Тољикистону Ўзбекистон миннатдорї карда, дуои офияти љонашонро намуданд, ки пас аз чандин сол ба дидори наздикону пайвандонашон, ки дар Тољикистон рўзгор ба сар доранд, расидаанд. Дар њаќиќат,

кушодашавии марзњои сарњадии Ўзбекистону Тољикистон, равуои бемамониати шањрвандони ин ду кишвар имкон медињад, ки робитањои фарњангиву адабї, илмї, иќтисодї ва тиљоратї боз њам ривољ ёфта, рўзгори сокинони ин ду вилояти калонтарини Тољикистону Ўзбекистон нумўю равнаќи тоза ёбад. ВАХШОНА, “Хатлон”

РЎЊИ ЉОМИВУ НАВОЇ ШОД ШУД Байни ду давлат салоњ эљод шуд, Бин, ки аз нав дўстї бунёд шуд. Мардум аз хурсандї дар фарёд шуд, Наќшањои Ањриман барбод шуд. Роњ аз занљиру банд озод шуд, Рўњи Љомиву Навої шод шуд! Ин ду Сарвар, бин, ки бо фарзонагї, Айб дониста ба худ бегонагї, Мушкили байни ду миллатро ба њам Бартараф карданд бо мардонагї. Роњ аз занљиру банд озод шуд, Рўњи Љомиву Навої шод шуд! Шод карда њар дили бишкастаро, Боз ин дарњои занљирбастаро. Ин ду Сарвар хуррамї бахшидаанд Бар ду халќи аз људої хастаро.

Роњ аз занљиру банд озод шуд, Рўњи Љомиву Навої шод шуд!

Халќи мо њар гањ равад бар сўятон, Њам шумо ойед њар дам, тез-тез!

Дўстон буданд аз хешон људо, Мисли дорое зи дарвешон људо. Ѓам њамеша бар ду миллат ёр буд Шодї, аммо аз бари эшон људо.

Роњ аз занљиру банд озод шуд, Рўњи Љомиву Навої шод шуд!

Роњ аз занљиру банд озод шуд, Рўњи Љомиву Навої шод шуд! Хоњам, акнун бар Бухоро меравам, Бар Самарќанди дилоро меравам. Бењаросу бо дили пур аз сафо Шањри Дењнавро тамошо меравам. Роњ аз занљиру банд озод шуд, Рўњи Љомиву Навої шод шуд! Эй бародарњои ўзбек, марњамат, Бар Хуљанду бар Душанбеи азиз!

Тољику ўзбек бародарњостанд, Инчунин машњури ин дунёстанд. Аз људої њељ суде њам набуд, Дўстии љовидонї хостанд.

Дар ин њамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, сардабирони нашрияњои вилоятї, шањрї ва ноњиявї, инчунин собиќадорони матбуот њузур доштанд. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ањли ќалам, тамоми кормандони воситањои ахбори оммаро бо иди касбї - Рўзи матбуоти тољик, ки њамасола 11 март таљлил карда мешавад, табрику тањният гуфта, барояшон илњоми бесарњад, килки созанда ва рўзгори саодатмандро таманно намуд. Ќобили зикр аст, ки бо ташаббуси љадидони Бухоро аввалин рўзномаи тољикї - «Бухорои Шариф» санаи 11-уми марти соли 1912 дар матбааи хусусии тољири яњудитабор Л.Н.Левин, воќеъ дар шањраки Когони Бухоро, нашр гардид. Вилояти Хатлони Тољикистон бошад, дар муќоиса бо минтаќањои шимолу шарќи љумњурї дертар, танњо дар оѓози солњои 30-юми асри ХХ соњиби рўзномањои худ гардид. То он замон зиндагии мардуми ин минтаќа ва рўйдодњои муњими онро мухбирони нашрияњои русии Туркистон ва рўзномаи тозатаъсиси «Тољикистони Сурх» инъикос мекарданд. Бо њадафи татбиќи барномаи азхудкунї ва обёрии заминњои бекорхобидаи водии Вахш Њукумати шўрої дар аввали солњои 30-юм њазорон нафарро аз минтаќањои дигари Тољикистон ва љумњурињои шўравии сотсиалистї ба ин водї муњољир намуд. Барои тарѓибу ташвиќи мењнаткашон ба бунёди ин иншооти бузург кумитаи марказии њизби коммунистї чанд ќарорро ба тасвиб расонид, ки таъсиси рўзномањоро пешбинї мекард. Яке аз ин ќарорњо 8 феврали соли 1931 ќабул шуд, ки тибќи он бояд дар мањалли сохтмони Вахш рўзномае бо забонњои русї ва тољикї таъсис дода мешуд. То замони тасвиби ин ќарор дар ќитъаи марказии сохтмони Вахш комсомолњо рўзномаи девориеро бо номи «Ударник Вахшстроя»

асосї, муњимтарин ва пешбарандаи љомеа бахусус дар даврони Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба шарофати фароњам омадани шароиту имкониятњои озодандешию ошкорбаёнї мавќеи устувор ишѓол намуд. Матбуот ба маќсаду мароми халќ ва арзишу манфиатњои миллї наздиктар шуд. Имрўз дар фаъолияти матбуоти мустаќили Тољикистон, яъне дар фаъолияти онњое, ки худашон рўзномаву маљалла, агентии иттилоотї, шабакаи телевизион ё радио таъсис дода, кори онро мустаќилона пеш мебаранд, унсурњоеро мебинем, ки сазовори пайравї кардану омўхтан њастанд. - Ман умед дорам, ки ќаламкашон донишу малака ва ќобилияти эљодии худро мунтазам ба сўйи њадафњои неку созанда равона карда, дар баланд бардоштани сатњи маърифати шањрвандон, тањкими сулњу осоиш, вањдати миллї, ошкор ва пешгирї намудани њама гуна зуњуроти нангини љомеа сањми босазо мегузоранд, зикр кард М. Хидирзода. - Мо дарк мекунем, ки буњрони иќтисодї, афзоиши нархи маводи чопї ба фаъолияти матбуоти даврии мањаллї таъсири манфї расонида, боиси то љое коњиш ёфтани теъдоди нашр гаштааст. Боиси хушнудист, ки намояндагони нашрияњо, сарфи

тањия мекарданд, ки баъдтар дар заминаи он ду нашрияи бисёртиражаи (орган)-и кумитаи њизбї ва раёсати сохтмон - «Зарбдори сохтмони Вахш» ва «Ударник Вахшстроя» - ташкил ёфт. Ин рўзномаро метавон поягузори журналистикаи минтаќавї ва мактаби бузургу эътирофшудаи рўзноманигорї дар њудуди вилояти Хатлон номид. Шоир ва публитсисти шинохтаи тољик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муњаррирони нашрияи «Зарбдори сохтмони Вахш» - аввалин рўзнома дар водии Вахши вилояти Хатлон дар оѓози солњои 30-юми асри XX буд. Фаъолияти журналистии Мирсаид Миршакар дар сањифањои рўзномаи сохтмони Вахш, талошњояш барои шаклгирии њавзаи адабї, ба роњ мондани робитањои эљодию фарњангии ў дар солњои сиюми асри гузашта аз љониби муњаќќиќон пурра омўхта нашудааст. Аммо љойи бањс нест, ки сањми Мирсаид Миршакар дар ташкили кори нахустин нашрияи чопии вилояти Хатлон ва касби шуњрату мањбубияти ин рўзнома дар байни коргарони тољик ва миллатњои мањаллї назаррас мебошад. «Зарбдори сохтмони Вахш» њамчунин дар шаклгирии њавзаи адабї ва публитсистика дар водии Вахш сањми бориз гузошта, барои пайдоиш ва нашри рўзномањои дигари даврї дар навоњии минтаќа заминаи устуворе фароњам овард. Бояд гуфт, ки иди матбуоти тољик дар замони Шўравї 5 май љашн гирифта мешуд, ки ба рўзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии «Правда» рост меомад. Пас аз соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон соли 1994 парлумони Тољикистон 11 мартро рўзи матбуоти тољик эълон намуд. Муовини раиси вилоят М. Хидирзода таъкид намуд, ки матбуоти тољик њамчун яке аз рукнњои

назар аз ин мушкилот ва монеањо, рисолати касбиашонро сарбаландона иљро менамоянд. Дар чунин шароит таъсис додани сомонањои интернетии воситањои ахбори оммаи мањаллї бар салоњи кор аст. Зеро сомонадорї на танњо аз љињати молиявї камхарљ аст, балки тавассути он фарогирии аудитория васеътар ва имкони нашри зудњангоми ахбор бештар мегардад. Таъкид шуд, ки дар Рўзи матбуоти тољик месазад, ки аз мењнати пурсамар ва шоистаи эљодкорон, собиќадорони соња ёдоварї намоем. Мактабњои бузурги эљодї ва корномаи журналистони соњибноми хатлонї чун Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Бўриннисо Бердиева, Шоњмузаффар Ёдгорї, Ќувваталї Холов, Абдулло Муродов, Акбар Муслимов, Ѓаффор Мирзо, Фотењ Њомидов, Ашўр Сафар, Мисралї Сониев, Аскаралї Набиев, Файзалї Чориев ва дањњо нафари дигар, ки бо навиштањои пурмуњтавои худ дар бедории мардум ва баланд рафтани сатњи маърифатнокии онон, фош намудани беадолатињои иљтимої сањми беандоза гузоштаанд, дар сањифањои таърихи матбуоти тољик сабт ёфтааст. - Мо аз журналистони машњури вилоятамон, ки дар солњои 90уми асри гузашта, сарфи назар аз вазъияти номуътадили сиёсї, идома доштани љанги шањрвандї, рисолати эљодкориашонро сарбаландона адо карда, ба њалокат расидаанд, њамеша ба ёд дорем, - давом дод муовини раиси вилоят. - Номи неку хотираи устодони сухан Пиримќул Сатторї, Сайф Рањимзоди Афардї, Шарифамоњи Кишвардухт, Тўраљон Ќобилов, Олимљон Ёрасенов, Зикрулло Валиев, Зуњуриддин Суярї, Саидљалол Фахриддинов, Аюбљон Неъматов,

Роњ аз занљиру банд озод шуд, Рўњи Љомиву Навої шод шуд! Њифз кун ду миллати озодаро, Бар русуми њамдигар дилдодаро. Боз мон, ё Раб, ба лутфат доимо, Ин дару дарвозаи бикшодаро. Роњ аз занљиру банд озод шуд, Рўњи Љомиву Навої шод шуд! Кўњзоди ФАТЊУЛЛО

ДОРУВОРИИ МУЊЛАТАШ ГУЗАШТА НОБУД КАРДА ШУД

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї дар вилояти Хатлон маводи дорувории бесифату муњлати истифодаашон гузаштаро ба таври сўзонидан мањв намуд.

А. Холиќзода: «БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТ БАРОИ ЊАР ЯК МИЛЛАТ ОРОМИИ ЉОМЕА АСТ» Дар шањри Бохтари вилояти Хатлон барои кормандони шуъба оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросими миллї семинари омўзишї оид ба фањмонидани меъёрњои Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» ва омўзиши Низомномаи намунавии комиссияњои доимї ва љамъиятї, тартиби гузаронидани маросими дафну азодорї, хатнасури хайриявї ва тўйи домодию арўсии хайриявї баргузор гардид. Дар семинар Абдуррањим Холиќзода, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Амирбек Бекназаров, муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Сафар Шарифзода, мудири шуъба оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросими миллии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони раисони шањру ноњияњо, намояндагони шуъбаю бахшњои оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, сархатибони масљидњои љомеи минтаќаи Бох-

тар ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд. - Сарвари давлат бо ќабул намудани ќонунњои миллї дар кишвар ба нуќтањои муњими шакл гирифтани миллати муосир, тарбия намудани насли солиму солењ ва омода кардани кадрњои баландихтисос таваљљуњ намудааст. Тавассути Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон» беморињои иљтимоии таърихиро, ки дар миёни мардуми миллати мо буд, табобат кард, - гуфт зимни баромад Абдуррањим Холиќзода, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон. Њамчунин, зикр карда шуд, ки маќсади ворид намудани таѓйиру иловањо ба ќонуни мазкур, аз як љињат, сабук кардани зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар, ба роњи дуруст њидоят намудани мафкураи динии мардум мебошад. Аз њамин хотир, комиссияњои љамъиятї ва кормандони бахшњои дин, танзими анъана ва љашну маросим бояд кўшиш намоянд, ки њангоми назорат намудани иљрои ќонунњо њаматарафа ба њар як шањрванди Тољикистон моњияти ќонунро фањмонанд. Ф. ДАВЛАТ, «Хатлон»

Аз маркази матбуотии сарраёсати номбурда ба рўзномаи “Хатлон” хабар доданд, ки дорувории муњлаташон гузашта дар асоси аризаи ширкатњои фармасевтї барои несту нобуд намудан ба сарраёсат супорида шудаанд. Чунончи, дар асоси аризањои ду ширкати фармасевтї 63 номгўи маводњои доруворї ба сарраёсат интиќол ёфт. - Инчунин, зимни як амалиёти муштараки мутахассисони шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсат ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон як њолати ба ќаламрави вилоят ворид шудани маводи дорувории бесифат ошкор ва мусодира карда шуд, - зикр кард манбаъ. - Дар рафти ин амалиёти муштарак як номгўи доруворї ба миќдори 39 њазор дона аз як соњибкори ватанї ошко-

ру мусодира шуд. Њангоми ташхиси сифати ин маводи доруворї маълум гардид, ки он ба талаботи меъёрї љавобгў нест. Нисбати ин шањрванд барои ба муомилот баровардани маводи дорувории бесифат чорањои ќонунї андешида шуд. Бояд ќайд кард, ки дар маљмўъ 1,8 тонна маводи доруворї ба маблаѓи 312 њазору 900 сомонї тариќи сўзонидан несту нобуд карда шуд. Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

ЉОМЇ. ЉАВОНОН КАСБУ ЊУНАР МЕОМЎЗАНД Бо маќсади рушди касбу њунаромўзии бонувону љавондухтарон ва эълон гардидани соли 2018 њамчун Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї дар ноњияи Абдуррањмони Љомї бо иќдоми масъулини маќомоти мањаллї ва муассисаи давлатии таълимии литсейи касбии техникї 10 адад дастгоњи адрасбофї насб гардида, дар заминаи ихтисоси дўзандагї курсњои омўзишї ба роњ монда шуд. Њамакнун љавондухтарон дар доираи дарс ва берун аз он, яъне дар ваќтњои холї метавонанд ба омўзиши адрасбофї бо истифода аз дастгоњњои нав машѓул шаванд. Бояд гуфт, ки дар ин муассисаи касбомўзї 287 нафар љавонон аз рўйи ихтисоси тракторчї, машинисти истењсоли кишоварзї, кафшергари барќї, дўзанда, ронандаи автомобили дараљаи С, челонгар, таъмири автомобил ба

касбу њунаромўзї фаро гирифта шудаанд. Мувофиќи талаботи давр Бунафша Мирзоева, омўзгори муассисаи мазкур, ба шањри Хуљанд рафта, такмили ихтисос карда, имрўз ба омўзонидани шогирдон машѓул аст. Имрўзњо ќариб дар тамоми шањру ноњияњои вилояти Хатлон литсейњои касбии техникї фаъолият дошта, дар онњо бо ихтисосњои барои хољагии халќи мамлакат зарур, хонандагон ба касбомўзї фаро гирифта шудаанд. Њамзамон, дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї масъулин мекўшанд, ки бо истифода аз шароити мављуда ба љавонон касбу њунарњои мардумиро низ омўзонанд. Низомиддин ИСОЕВ, «Хатлон»

Давлаталї Рањмоналиев, Шарофиддин Ќосимов ва дигарон гиромї бод. Муовини раиси вилоят доир ба сањми матбуот дар тањкими забони адабї сухан гуфта, њамзамон аз он изњори таассуф кард, ки сањифањои рўзномањои музофотї њанўз њам аз ѓалатњои гоње фоњиши ѓоявию услубї ва имлої пок нашудаанд. Тањлилњо нишон медињанд, ки мавќеи љуѓрофї, њаёти иљтимоии мардум ва шояд ин ки бахши аъзами ањолии вилояти Хатлон дар рустоњо умр ба сар мебаранд, ба забони матбуоти мањаллї њам бетаъсир намондаанд. Яъне гоње гўишњо ва шевањои хоси як мањалли муайян, ки аз забони адабии китобї тафовут доранд, њатто дар матолибе, ки дар ќолаби жанрњои хабарї тањия шудаанд, дар матбуоти вилояти Хатлон ба чашм мерасанд. Ба ќавли Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон, бо забони содаву оммафањм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби тањлилї яке аз вазифањои асосии матбуот ва умуман ањли ќалам мебошад. Пешвои миллат ба кормандони воситањои ахбори омма ва ањли ќалам таъкид кардаанд, ки лафзи модарї муќаддас аст ва онро азизу гиромї бояд дошт. - Дар мавриди муњтавои матбуоти имрўза танњо онро гуфтан мехоњам, ки њам матбуоти расмиву њам ѓайрињукуматї, дар маљмўъ, хоњони бењбудиву пешрафти љомеа мебошанд, - идома дод муовини раиси вилоят М. Хидирзода. Роњбари мамлакат низ ишора кардаанд, ки њадафи асосии матбуоти њукуматї ва мустаќил, њамчун ду шохаи бо њам пайвастаи матбуоти Тољикистон, иљрои рисолати касбї, яъне хизмати содиќона ва софдилона ба манфиати халќу Ватан мебошад. Пас аз ироаи паёми шодбошї ба муносибати Рўзи матбуот маросими эътои Љоизаи озмуни вилоятии эљодкорон «Нерўи сухан» ба ѓолибонаш сурат пазируфт. Соли дувум аст, ки ин озмуни эљодї дар асоси ќарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода дар миёни журналистон ва ВАО-и вилоят аз рўйи панљ номинатсия – «Бењтарин маќолаи тањлилї», «Бењтарин нашрияи ноњиявї», «Бењтарин барномаи телевизионї», «Бењтарин барномаи радиої» ва «Бењтарин сомонаи хабарї» гузаронида шуда, дар арафаи Рўзи матбуоти тољик љамъбаст мегардад. Њамин тавр, журналист Н. Маъмурзода сазовори Љоизаи «Бењтарин маќолаи тањлилї», нашрияи «Гулхани Восеъ»-и ноњияи Восеъ сазовори Љоизаи «Бењтарин нашрияи мањаллї», журналистон Далер Шарифов ва Д. Шарифов барандаи Љоизаи «Бењтарин барномаи телевизионї», корманди радиои вилоят Р. Додархўљаев соњиби Љоизаи «Бењтарин барномаи радиої» ва сомонаи интернетии рўзномаи «Хатлон» ѓолиби номинатсияи «Бењтарин сомонаи интернетї» гардиданд. Ба ѓолибон Шањодатнома ва мукофоти пулиро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода таќдим намуд. Њамин тавр, беш аз 70 нафар кормандону собиќадорони матбуот ва ВАО-и вилоят аз номи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон ќадрдонї гардиданд. Дар поёни њамоиши бахшида ба Рўзи матбуоти тољик Махфират Хидирзода изњори итминон кард, ки њар як намояндаи ВАО минбари суханро барои њифзи амнияти давлат, тањкими пойдории љомеа, тарѓиби худогоњиву худшиносии миллї, ѓояњои ватандўстї, эњтиром ба анъанањои фарњангї, рушду густариши забони давлатї истифода менамояд ва ба халќу миллати худ содиќонаву беѓараз хизмат карда, дар њимояи манфиатњои миллї ва мардуми шарифи кишвар њаргиз бетараф нест. М. НОСИРЉОН, “Хатлон”


3

ХАТЛОН

ШАНБЕ, 10 марти соли 2018, №9 (3146)

ЗИКРИ ХАЙР

ФУРЎЗОН ЧУН ЧАРОЃИ ТОБОН БУД

ШЕЪР АЗ БАРОИ БУЛБУЛОН МЕГУФТ

Агар булбул тамоми сол наѓмасарої мекард, дигар мурѓон камњунар намемонданд. /Андеша/ Симои љавонмарди наљиб, дўсти бењамто, шоири шањир, устоди як ќатор адибони имрўз дар ќуллаи эљодбуда, зиндаёд Пирумќул Сатторї бо ќомати баланд, мўйњои мошу биринљї, ќиёфаи љиддию њамеша андешанамо, камгапу бо сигоркашии ба худ хос, бо тасмаи афсарии њамеша дар миёнаш дар ёди ёру дўстон, њамкорону шиносон њанўз њам боќист. Бидуни андеша, бо итминони комил мегўем, агар боре аз сари иттифоќ кас њамнишин ё дар суњбати лањзаинааш афтода бошад, пас он рўзу соат гўйї, ки дирўз буда. Чунонки бандаро њамин гуна мулоќот муяссар афтодаву дар хотирот он њама то њанўз наќш баста. Ходими рўзномаи ноњиявї будам ва њар сари чанд ваќт хабару маќола навишта, ба идораи газетаи «Њаќиќати Ќўрѓонтеппа» (имрўза «Хатлон») меовардам. Сатторї роњбарии мањфили адабии «Гулбарг»-ро ба уњда дошт, ки худаш онро дар назди рўзномаи вилоятї таъсис дода буд. Баъзан медидам, ки дар рўйи њавлї љавонони њамкор ўро њалќа намуда, аз суњбаташ бањра мебардоранд. Бештар аз шеъру мавќеи шоирон сухан мерафт, аз ашъори классикон байтњои њикматбору пандомез мехонд, аз камњавсалагии љавонон бо риќќат ёдовар Дар њар як давру замон шахсиятњое ба дунё меоянд, ки бо сифату хислат, омолу њиссиёт ва одамгариву одамдўстии худ аз якдигарон тафовут доранд. Шояд ин гуна шахсият дар ботини марњум Арслон Сафаров аллакай барваќт маъво дошт, ки имрўзњо на танњо наздикону пайвандонаш ўро бо некї ёд мекунанд, балки њамкорону њамдиёрон аз рўзгори ў гирди худ суњбатњои хотиравї ороста, дар анљоми ёдбуд аз набудаш афсўсу надомат мехўранд. Мо низ ин лањза дар суњбати дўстони ин марди мардон њамроњ шуда, азм гузоштем, ки оид ба фаъолият ва халќияти шафоати наљиби ин родмарди давр ба ќадри имкон дигаронро низ ошно бисозем. Арслон Сафаров то омадан ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноњияи Панљ ба аксари мардуми ин минтаќа аллакай шинос буд. Зеро ў дар вазифаи котиби Кумитаи иљроияи Шўрои депутатњои мењнаткашони ноњия зиёда аз 17 сол фаъолияти пурсамар дошт. Ин вазифа масъулияти баланди њуќуќї ва њукуматиро доро буда, тамоми ањолии ќобили корї, барои ба расмият овардани њуљљатњои муќаррароти шањрвандї ба имдоди ў ниёзманд гардида, наздаш ташриф меоварданд. Хулќи накуи инсонї, хислатњои наљиби одамгарї, аз ќабили муомилоти хуш, тањаммулпазирї, риояи одоби муошират, њусни баёни сухан, хатти зебо ва нињоят, муросилоти волои номанигорї яке аз хислатњои фардї ва хоси Арслон Рўзиевич буд. Дањњо нафар эњтиёљмандоне, ки барои зарурат наздаш њозир мешуданд, имрўз њам аз муомилаю рафтори наљиби инсонии ў бо муњаббат ва эњтироми хоса ёд карда, рањмату махфираташ мехонанд. Воќеан, хислатњои наљибонаи устод Арслон Сафаров солњои дар шуъбаи маорифи ноњия буданаш (солњои 19852002), баръало зоњир гардида,

мешуд, чуќур сигор мекашиду дудашро ба њаво сахт пуф мекард. Аз камњавсалагии љавонон ба риќќат омаданаш шояд сабаб дошту маънии дигар. Зеро шоиреро, ки дар љодаи суханварї, бо тозагии фикру мавзўъњои асрорангез суфтааш синнаш ба 50 мерасид, ашъораш њанўз њам дар дафтари бо хуни дил рангин сохтааш мехобид. Буду шуд як китобчааш бо номи «Пайѓом» (соли 1979) ба дасти њаводорони шеър расида буд, ки он њам бо шеърњои шогирдона ва ба ќавли худаш аз «бекорї» навиштааш иборат буду халос. Вале ошкоро шикоят надошт. Ба кї њам шикоят мекард. Дар њамин медонист камњавсалагии љавононро, вале насињат мекард: «Асос эљод кардан аст, чоп накарданд, накарданд, мо намурдем-ку», -насињатомез мегуфт ў. Замона чунин буд. Шоиру нависандагони бепушту паноњро дар 50-55-солагї як китобчаашро чоп мекарданд, бо унвонии «Навнињолони боѓи адабиёт». Бехабар аз он ки ин «навнињол» кайњо боз хони пурнозу неъмати маънї оростааст, ки наќши гирои тору пудаш ќолини адабиёти асилро рангин сохта. Танњо баъди он ки ба замона дигаргунї ворид шуду «бозсозї» тантана кард, мавќеъ ба суханвар расид. Китобњои Пирумќул Сатторї низ ба амсоли «Боли парвоз», соли 1986, «Хўшаи парвин», соли 1989, «Дуди њасрат», дар њамкории Алимуњаммад Муродї соли 1993, маљмўаи дастљамъии «Посира» (баъди маргаш) дар якљоягї бо Алимуњаммад Муродию Зариф Ибод ба чоп расиданд. Шоири тавоно дер њам бошад, (дар овони 51-солагї соли 1989) ба узвияти ИНТ пазируфта шуд буд. Акнун мепардозем ба далелњои шайъї, ки ин љонфидои миллат, забардасти сухан аз худ чї пойдевори муътамаде гузоштааст, дар хиттаи шоирони ќарни ХХ… Нимаи солњои њаштодум. Ба ноњия як гурўњи калони санъаткорони љумњурї бо роњбарии Њофизи мардумии Тољикистон Зафар Нозимов омаданд. Консерт дар варзишгоњи марказї сурат гирифт ва онро њаводорони созу суруд хеле хуш ќабул карданд. Бо супориши идора мебоист аз сафари санъаткорон гузориш омода месохтем. Ба њамин маќсад, субњи барваќт ба мењмонхона омадем ва, хушбахтона, устод Зафарро дар њуљра дарёфтем. Њофизи мардумї, бо вуљуди он ки шаб дар консерт талабњои бењисоби мухлисонро ќонеъ карда, зиёд сароида буд, хело хушњолу болидарўњ менамуд. –Ња, ба мухлиси њаќиќї месазад соатњо

сарої, - гуфт ў, баробари «хаста набошед, устод», - гўён даромадану баъд аз вохўриву арзи матлаб намудани мо. Ањли ќаламро хуб маълум аст, ки як саволи анъанавї ба њунарманд: «Оё шумо худро дар сањна ёфтаед?», аст. Чун бо њамин савол мурољиат кардем, чењраи њофизи писандида шукуфта шуду бо як чолокї ба рўйи диван гузашт ва даст дароз кардаву торашро аз ѓилоф берун овард. Тори њофизи асил њамеша љўр аст. Аз захмаи аввалини мизроб рўйи он зулфони дилдори нозанин, ки рўйи дастони гирои азаматмард боз њам хубрўй гашта буд, њисси сомеъ ба љунбиш оварда, ќалбњои ташнаи сухани нобро бедор месохт. Њофизи мумтоз дар њавои оњанги марѓуб ба сароидан даромад: Манам он уќоби кўњї, дар фазои кўњсорон, Бинњода синаамро, ба њавои боду бурон… Кўњњои сарбафалаккашида, зовњои вањшатбору касногузар, њаво сард асту бурон бошиддат. Ин манзарањо пеши назар меоянд аз ѓиреви оњангу суруд. Уќоби баландошён бе њељ тарсу бим сабуксайр аз лона берун љаста, ин њамаро бурида, ќавибол љавлон мекунад, дар талоши њаёт пеш меравад. Дар ин пиндор кабўтарони аз њайбати боду бурон баљономадаро панд мегўяд. Ба таъбири њунарманд онон њофизоне њастанд, ки як-ду суруд меофаранду тамом, ба ќонунњои рўйи сањна тоб намеоранд, бо њамин ѓайб мезананд… Зи садои раъду борон, дили дашту кўњ ларзад, На маро њарос бошад, зи садои раъду борон. Ту чї донї, эй кабутар, рању равиши зиндагиро. Дили ѓами ки дорї ба фарози шохсоро. Уќоб њамоно пеш меравад, боло парвоз мекунад, ба ќаър меояд, боз пайдо мешавад рўйи сањнаи њаёт. Суруд ба охир расид. Зафар Нозим баъди чанде хомўшї тор аз рўйи зону гирифта бо њамон њассосияту зебандагии дастонро ба ѓилоф гузошт, баъд сари дастурхон омаду бо як њиссиёти аљибе наќл оѓоз кард. Аён шуд, одати дерина будааст ўро, њангоми ба њар минтаќа расидан, рўзнома ё маљаллаи он мањалро вараќ задан, љињати пайдо намудани шеъру таронаи маќбулаш. (Идома дорад) Исматулло ЊАСАНОВ, ноњияи Абдурањмони Љомї

“Вазифаи асосии муаллим дар баробари омўзонидани илму дониш, инчунин омўзонидани адаб ва њидояту роњнамоии шогирдон ба роњи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоќии фаъолияти муаллим табдил ёбад...” Эмомалї РАЊМОН

РИСОЛАТИ ОМЎЗГОР

барои љумлаи роњбарони дигар муассисањои гирду атроф намунаи ибрат буданд. Ўро хуш намеомад, агар касе ба маќсади ѓайбат наздаш дањон кушояд, ё касеро аз кадом мањал будану набуданаш шинос намояд. Аз ќавмгарої ва мањалбозї тамоман дур буд ва тоќати шунидани суханеро оид ба ин мавзўъ надошт. Сиёсатбозињои замони низоъњои шањрвандиро мудом мањкум менамуд ва аз пешомади номатлуби дасисабозињои он ваќту замон мардумро њушдор менамуд. Дар даврони ба миён омадани файзи сулњу вањдати миллї яке аз аввалинњо буд, ки ин пайки хушро ба њар як омўзгор самимона ва шодиёна табрик мегуфт. Асолати хонаводагии ў, ки аз падар мерос монда буд, ба фарзандон бетаъсир намонд. Падари бобои Рўзибой Сафаров аз барќарорсозони њокимияти шўравї дар Саройкамар буда, солиёни зиёд дар корњои гуногуни давлативу љамъиятї фаъолият дошт. Дар оила онњо панљ бародар буданд: Аслам, Арслон,

Акрам, Исроил ва Иброњим. Њама соњиби маърифат ва одамони номдору мењнатварзидаи соњањои гуногунанд. Бародари калонї Арслон Сафаров чун роњбари маълуму машњур ва таъсисдињандаи совхози ба номи Мирзоянс, Акрам омўзгори орифу отиф, Исроил муњандиси ботаљрибаи соњаи техника, Иброњим корманди фарњангу маданият. Аммо дар байни онњо Арслон бештар ба илму дониш талоши зиёд дошт, хусусан доир ба соњаи математика майлу раѓбаташ афзуда буд. Ин буд, ки баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Пушкин соли 1954 бо њидояти мудири маорифи давр М. Ёров ў ба сифати омўзгори математика нахустин фаъолияти мењнатиашро дар мактаби 8-солаи ба номи Калинин оѓоз намуд. Баъди ду сол ўро зина ба зина чун омўзгори бењтарин ба мактабњои 8-солаи ба номи Ворошилов, Ибни Сино ва Маяковский бо кор таъйин гашт. Баъд аз фароњами имкониятњо ў тањсилро тариќи ѓоибона дар Донишгоњи педагогии шањри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (њоло ДДОТ ба номи С. Айнї), солњои 1962-1967 идома дода, соњиби маълумоти олї гардид. Соли 1964 Арслон Сафаровро њамчун мутахассиси варзида ва соњибистеъдод ба кабинети методии шуъбаи маорифи ноњия љалб намуда, сипас, масъулияту њалолкориашро ба инобат гирифта, чанде пас вазифаи нозири шуъбаи маорифро ба ў муносиб мебинанд. Баъд аз муддате ўро ба кумитаи иљроияи ноњия ба кор

даъват намуда, вазифаи котибиро ба уњдааш вогузоштанд. Ў дар ин вазифа 21 сол кору фаъолият намуд. Моњи ноябри соли 1985 Арслон Рўзиевич Сафаровро мудири шуъбаи маорифи ноњияи Панљ таъйин карданд. Мутаассифона, ин давра ба солњои бозсозии Шўравї ва ба љунбишу нобасомонињои шањрвандї рост омада, ба низоми њаёти маданиву маънавии мардум бетаъсир намонад. Хизмати Арслон Сафаров дар ин давра бањри дар њолати эътидол нигоњ доштани кори таълиму тарбияи хонандагон, бо омўзгорони соњибихтисос таъмин кардани мактабњо ва нигоњ доштани пойгоњи моддии таълимгоњњо назаррас буд. Ў дар ин вазифаи масъул то соли 2002 фаъолият дошт. Ташвишњои солњои нангин (солњои 90-ум), мењнату зањмати доимї бањри пойдорї ва бењдошти маърифат, талошњову бедорхобињо оњиста-оњиста љисми боѓайрату солими ўро хаставу лоѓар менамуд. Бо ин сабаб соли 2002 ў бо хоњиши худ аз вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноњияи Панљ озод мегардад. Аммо ў аз вазифа дур буду аз љамъият не. Њувияти миллї ва ѓурури омўзгорї ўро намегузошт, ки орому осуда бошад. Устод баъд аз истеъфо додан њам, орому осуда набуд. Ба ранљу оризии худ нигоњ накарда, дар њама гуна чорабинињои маданиву маърифатї ва љамъиятии ноњия иштирок дошт, ба тарбияву камолоти љавонон ѓамхорї менамуд ва то охири умр њамин гуна буд. Бинобар мењнати содиќона ва хизматњои арзандаи љамоавї ба устод Арслон Сафаров унвони Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон, нишони Аълочии маорифи халќ, ордену медалњои зиёд ќадр карда шудаанд. Ў соли 2008 дар 80-солагї аз олам даргузашт Зикри хайр ёдаш бод! Асомиддин АСОЕВ, Саъдулло ШАРИФЇ

БА ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ЊУЌУЌАШОН ШАРЊ ДОДА МЕШАВАД

Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон” аз љумлаи ќонунњои хеле муњимми Љумњурии Тољикистон буда, пурра ба њифзи бозори истеъмолї, бењдошти сифати мањсулот, њифзи саломатии одамон ва бехатарии молу мањсулот мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки ин ќонун бо меъёрњои њуќуќи байналхалќї пурра мувофиќат мекунад. Чизи муњиме дар ин ќонун љой дода шудааст, шаффофият дар таъмини одилонаи њуќуќњои шањрвандон ё худ истеъмолкунандагон мебошад. Ќонун дар ин маврид фарќеро байни истеъмолкунандагони чи шањрвандони Тољикистон ва чи хориљиён људо намекунад, њар шахс, ки молеро харидорї намудааст ё њадя гирифтааст, истеъмолкунанда њисоб мешавад. Мањфуми истеъмолкунанда бе мављудияти истењсолкунанда (фурўшанда) вуљуд дошта наметавонад, ё худ агар истеъмолкунанда набошад, фаъолияти истењсолкунанда худ ба худ аз байн меравад. Аз нуќтаи назари њуќуќї, манфиатњои истењсолкунандагон (ё худ муассиса)-ро њуќуќшиносон, иќтисодчиён ва ѓайра њимоя мекунанд. Яъне дар њар як корхонаи истењсолї њисобдонњо, иќтисодичиён,

њуќуќшиносон ва ба ин монанд мутахассисон фаъолият мебаранд, ки манфиати корхонаи худро дар раванди истењсолот аз њар љињат таъмин менамоянд. Истеъмолкунанда бошад, чунин дастгирии доимиро надорад ва ягона њимоятгари истеъмолкунанда Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон” мебошад. Солимии мардум аз бисёр љињат ба чорањои пешакии њимояи бозори истеъмолї аз воридшавии мањсулоти пастсифату зараровар ва ба саломатии мардум хатарнок вобастагии калон дорад, њаётро бе бозор тасаввур кардан душвор аст. Зеро бозор худ оинаи рўзгор буда, нишона ва муайянкунандаи тарзи њаёти ин ё он љомеаро таќозо менамояд. Зиндагї рўз то рўз ранги дигар гирифта истодааст, њаёт нишон медињад, ки психологияи мардум таѓйир ёфта, њоло майлонњои созандагї, зебопарастї, зебоиофарї ва баландшавии табъу завќи мардум эњсос мешавад. Аз ин лињоз, бояд дар њама љабњањои истењсолот ва идоракунии он шаффофияти назорати давлатї таъмин бошад. Ќайд кардан бамаврид аст, ки љашн гирифтани Рўзи байналмилалии њимояи њуќуќи

истеъмолкунандагон њамасола 15 март муќаррар гардидааст. Ба ин муносибат дар Раёсати Хадамоти зиддиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон наќшаи чорабинињо тартиб дода шуда, корњои фањмонидадињї дар нуќтањои фурўши њама гуна хизматрасонињо, вохўрї бо истеъмолкунандагон, аз љумла байни донишљўёни мактабњои олї ва хонандагони литсею гимназияњо бо љалби воситањои ахбори омма оид ба поймол нагардидани њуќуќњои истеъмолкунандагон њангоми хариди мол, иљрои кору хизматрасонї гузаронида шуда, тариќи шабакањои телевизионї намоиш дода мешавад. Соли љорї дар шањрњои Бохтар, Кўлоб ва дигар ноњияњои вилоят бо иштироки мутахассисони раёсат, намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят ва Маркази назорати давлатии фаъолияти фарматсевтї корњои фањмонидадињї ва вохўрињо пешбинї шудааст. Ширин CОЛЕЊЗОДА

- Бори гаронеро бар дўшам гузоштї,арзи муддао намудам ба сармуњаррири рўзномаамон Асалмо Сафарова ваќте фармуд, ки дар бораи шодравон Тўра Ќобилов чизе бинависам. - Охир, дар бораи ин шахсияти бузургу нотакрор, ки њар ќадами зиндагиаш барои имрўзу ояндагон панд асту зиндагї, чї гуфтан њам метавон? - Метавонї, - тасаллоам дод ў, - агар ту натавонї, пас кї метавонад? Охир, то љое медонаму воќифам, яке аз шогирдону дўстони наздики ў ту будї! Тўра Ќобиловро ман кай ва чї тавр шинохтам? Њамон ваќте шинохтамаш, ки пас аз шинохти ў зиндагии пасоянди худро шинохтам. Шукри Худованди муттаол, ки дар радифи Тўра Ќобилов боз касони дигар пайдо шуда, дар роњи басе мураккаб ва пурпечутоби рўзноманигорї дастамро гирифтанду ба роњам дароварданд. Вагарна, ман дар пешбурди ин пешаи барњаќ душвор дар нимароњ мемондам. Воќеан, ман бо Тўра Ќобилов чї тавр шинос шудам? Баъди хатми мактаби олї дар яке аз мактабњои ноњияи Вахш муаллим шудам. Дар ин муддат бо рўзномаи ноњиявии «Вахш» њамкорї доштам. Пас аз як соли кориам дар конфронси августии муаллимони ноњия ширкат варзидам. Чї шуд, ки номамро гирифтанду Ифтихорнома њам доданд. Тўра Ќобилов ба њайси мудири шуъбаи ташвиќот ва тарѓиботи њизби коммунисти ноњия дар конфронс иштирок дошт. -Њамоне, ки дар рўзномаи «Вахш» хабару маќолањо менависад, туї?- пурсид пас аз конфронс. - Ња,- тасдиќ кардам ман. - Аз њамин рўз эътиборан ту дар рўзнома кор мекунї. Аз мактаб дида, дар он љо заруртарї. Ман дар ин хусус њозир бо мудири маориф, баъд бо муњаррири рўзномаи «Вахш» гуфтугў мекунам. Ба кори рўзнома гузар. Њамин боис шуду ман ба рўзномаи ноњиявии «Вахш» ба кор даромадам. Њар рўз њатман ду-се маротиба ба идораи рўзнома меомад. Њол он ки идораи рўзнома дар шањраки Октябр (њоло шањраки Исмоили Сомонии ноњияи Кўшониён) љой дошту аз маркази ноњия

дур воќеъ буд. Хабарамон мегирифт, њолпурсиамон мекард, навиштањоямонро аз назар мегузаронд, маслињатамон медод, худаш дар назди котиба нишаста, маќолањояшро чоп мекунонд. Лекин аз рўзноманигорон ёриашро њељ гоњ дареѓ намедошт. Рўзнома ва рўзноманигоронро тањти назорати ќатъї ва доимї гирифта буд. Касе бе иљозату ризомандии ў ба идораи рўзнома шомил гаштаву аз кор рафта наметавонист. Ба рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ќўрѓонтеппа» гузаштанам њам як таърихи ба худ аљибе дорад. Он ваќт муњаррири рўзномаамон Толиб Неъматов бемори бистарї буд. Кори рўзномаро муовинаш Шукрулло Мањмадалиев пеш мебурд. - Ака, ба рўзномаи вилоятї гузаштаниам,- боре арзи матлаб намудам ба Ш. Мањмадалиев. - Бе иљозати Тўра Ќобилов?- пурсид ў. Бирав бипурс, агар розї шавад, майлаш. -Ў њељ гоњ розї намешавад,- гуфтам ман,- охир худаш маро ба кори рўзнома тавсия дода буд-ку! «Таваккал нар бувад, андеша мода»- гуфтаанд. Таваккал кунеду љавобам дињед – ака. -Њарчи бодо бод, - гуфту розї шуд. Њамин тариќ, ба кори рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ќўрѓонтеппа» гузаштам. Пас аз се рўз ба шањраки «Октябр», ки рўзномаи «Вахш» дар њамон љо воќеъ буд, барои хабаргирии њамкорони собиќам рафтам. Дари котиби масъулро кушода, дар он љо Тўра Ќобиловро дидам, ки нишаста њамроњи мухбирон суњбат дошт. Дигар на пас гашта тавонистаму на даромада. Дар љоям шах шуда мондам. - Ку даро! – гуфт Тўра Ќобилов.Се рўз боз даракат нест, ягон љо сафар доштї магар? - Не, -гуфтам бо нимовоз. Ба рўзномаи вилоятї гузаштам. - Э ња, муборак бошад! Бе ягон дањан гапи мо? Майлаш, хуб кардї гузаштї. Вилоят вилоят аст. Пас аз чанд моњ Тўра Ќобилов худ ба њайси муовини муњаррири рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ќўрѓонтеппа» ба кор омад. - Муаллим, - гуфтамаш ман. Маро дар ваќташ љанг карда будед, ба омаданам монеъ шуда будед, охир худатон њам омадед-ку! - Аз пушти ту омадам, туро одам кунам гуфта омадам, ношуд. Ана дар ин љо якљоя кор мекунем. Ва якљоя кор њам кардем. Мисли пешина бомасъулияту сахтгир буданд Тўра Ќобилов. Дар масъалаи кори рўзнома аз худ мегузашт. Суханони пасту баланд мегуфт, вале зуд пушаймон мешуд. - Додар, љангу сарзанишњоямро ба дил нагир, кор аст. Дар кор баъзан љангу маломатњо мешавад. Бо њамин суханон дилбардорї мекард. Баъд аз ин аз утоќи кориаш мамнуну хурсанд мебаромадем. Боре, як рўзи зимистон бо њамкорон маљлиси навбатиашро мегузаронд. Ману њамкорам Сафармад Аюбзода дар шуъбаи маданият кор мекардем. Соњањоро байни худ таќсим карда будем. Маориф аз ман буду маданият аз Сафармад Аюбзода. Лекин аз ин корамон Тўра Ќобилов воќиф набуд. Дар љаласа маро хуб сар-

заниш карду навбат ба Сафармуњаммад Аюбзода расид. Аз маориф безор шудем. Канї китобхона? Канї маданият? Рости гап, Сафармад Аюбзода ќалами пурќувват дошт. Вале гоњ-гоњ менавишт. Ваќте ки Тўра Ќобилов Сафармад Аюбзодаро сарзаниш мекард, ў сабаб овард, ки хонаам сард аст. - О кадом рўз ронандаамон Зуњуриддин се-чор халта ангишт ба хонаат бурда партофта буд-ку? - Њамин тавр аст, муаллим, - љавоб дод Аюбзода. - Вале дар намегирад. Тўра Ќобилов дигарбора аз нармгуфторї ба љањлу ѓазаб гузашт. - Ангишт додем, аловмон њам дињем-мї? - ба сари Аюбзода дод зад Т. Ќобилов. Аз ин љавоби содалавњонаи Аюбзода њама хандиданд. Вале Тўра Ќобилов аз љањлу ѓазаб намефаромад. Дар кор басе сахтгиру пурмасъулият буд. Ончунон сарзаниш мекард, ки худаш гапи гуфтаашро намедонист. Вале басе ѓамхору нармдил буд. Аз сарзанишњояш, пеш аз њама, худ ѓам мехўрд. Пас аз як-ду даќиќа зуд ба њамон одам занг мезад ва ба утоќи кориаш даъват мекард. - Додарам,- мегуфт ў. - Хайр акнун кор кор аст. Бе љангу љанљол намешавад. Чой кашида медод. Лаълии ќанду конфетро пешат дароз мекард. Хуллас, ки ранљиши касро аз дилаш мебаровард. Чандин сол дар вазифаи муовини аввали муњаррири рўзномаи вилоятї фаъолият намуд. Дар кор бисёрињоро тарбия кард. Дасташонро рост намуд. Имрўз журналистони ботаљрибаи амсоли Сайдалї Бобохонов, Саидљаъфар Баёзї, Мирзо Гадо, Саттор Ќарахонов, Абдувалї Абдулвоњидов ва бисёр дигарон, ки худ ба устодї расидаанд, аз Тўра Ќобилов миннатпазиранд. Ифтихор аз он мекунанд, ки њамроњи чунин инсон кор кардаанд ва аз таљрибааш бањра бурдаанд. Чунин инсонњо омадан доранду рафтан не. Дар Рўзи матбуот њамеша хандонрў буд. Њамаро якояк табрик мекард. Гўё дар ин рўз ў раќибе надошт. Аммо мисли њама инсонњо аз ѓаму ѓусса орї набуд. Лекин ѓами дигаронро мехўрд. Мисле ки Худованд ба њамин кор офарида бошадаш. Дар вазнинтарин рўзњои солњои љанги бародаркушї муњарририи рўзномаи ноњиявии «Байраќи дўстї»-и ноњияи Кўшониён (собиќ Бохтар)-ро ба уњда дошт. Дар он љо низ шогирдони зиёдеро ба воя расонд. Лекин, мутаассифона, чунин инсони бузург аз дасти нањзатиён ки њамчун хоинони ватан ном бароварда буданду бебањона љиноят содир мекарданд, ба њалокат расид. Имрўз њам кори неки ў, номи некаш дар дилу дидањо боќист. Доиман ѓами њамкорону тобеонашро мехўрд. Дар њамон рўзњои вазнин маоши коргаронро дињам гуфта, ба ноњияи Кўшониён рафт. Аз ин мебарояд, ки ў то охирин лањзањои њаёташ дар ѓами инсонњо буд. Бо њамин ном дар дили мо љовидона хоњад монд. Њ. МАЛИКОВ, «Хатлон»

СИЛСИЛАИ ОМЎЗИШЊО БАРОИ КОРМАНДОНИ МИЁНАИ ТИБ

Аз 29 январ то 3 марти соли 2018 дар шањрњои Душанбе ва Бохтар як силсила тренингњои омўзишї оид ба омодасозии кормандони миёнаи тиббї дар мавзўи «Вокуниши кормандони соњаи тандурустї ба њолатњои зўроварї дар оила» доир гардиданд.

Тренингњои мазкур дар асоси фармони Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон, тањти №64, аз 25 январи соли 2018 «Дар бораи гузаронидани тренингњои омўзишї» барои кормандони сатњи миёнаи тиббии муассисањои њифзи тандурустии Љумњурии Тољикистон ташкил дода шуд. Барои кормандони миёнаи тиб дар маљмўъ 15 тренинг (9 тренинг барои мутахассисони шањри Душанбе ва 6 тренинг барои мутахассисони вилояти Хатлон) гузаронида шуд. Ќобили зикр аст, ки 300 мутахассис, аз он љумла 180 нафар дар шањри Душанбе (њамширањои шафќат –165 нафар; момодоя – 15 нафар; мард – 1 нафар) ва 120 мутахассис (њамшираи шафќат - 115; момодоя – 5; мардњо - 4) дар ноњияњои таљрибавии вилояти Хатлон ба омўзиш фаро гирифта шуданд. Тренингњо барои 280 њамшираи шафќат ва 20 момодоя дар Маркази љумњуриявии таълимї-клиникии шањри Душанбе ва Маркази вилоятии таълимї-клиникии тибби оилавї дар шањри Бохтар гузаронида шуданд. Њадафи асосии тренинг тањкими зарфияту тавоноии кормандони сатњи миёнаи тиббї њангоми кор бо љабрдидагони хушунати оилавї дар Љумњурии Тољикистон унвон гардид. Дар љараёни омўзишњо ба иштирокчиён аз таљрибаи бењтарини байналмилалї ва миллї оид ба расонидани кумаки сариваќтии тиббї ба љабрдидагони зўроварї дар оила намунањо манзур гардид. Барои гузаронидани тренинг модули таълимї, ки аз љониби коршиноси байналмилалии Лоињаи PDV/GOPA тањия гардида, бо фармоиши Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї аз 24 январи сол 2018, тањти № 61 тасдиќ карда шудааст, мавриди корбурд ќарор гирифт. Дар баробари мутахассисон-тренерони мањаллї (онњо 07-09 августи соли 2017 аз омўзиш гузашта буданд), бахшњои алоњидаи тренингро коршиносону мутахассисони соњибноми љумњурї, ки таљрибаи бойи кор бо љабрдидагони хушунати оилавиро доранд, аз љумла равоншинос Юнусова Н.М., Н. Ќодиров ва М. Њусейнова, юрист-адвокатњои Маркази буњронии «Боварї ба фардо», инчунин психолог, корманди иљтимої ва њуќуќшиноси Маркази буњрони «Ѓамхорї» гузарониданд. Ќобили зикр аст, ки тамоми иштирокчиён ба мавзўи зўроварї дар оила мароќ зоњир намуда, дар тренинг фаъолона ширкат варзиданд. Аз љониби иштирокдорон - кормандони

соњаи тиб оид ба њолатњои гуногуни хушунат, тарзу усулњои хизматрасонї ё ёрии амалї ба љабрдидагони зўроварї дар оила саволњои бешуморе доданд. Дар љараёни омўзиш маълум гардид, ки аксари иштирокдорон бо ќонунгузории љорї ва санадњои меъёрию њуќуќї оид ба ироаи кумак ба љабрдидагони зўроварї дар оила ва њуќуќи онњо маълумоти кофї надоштаанд. Аз ин рў, тренинги номбурда барои бењтар фањмидани масъалањои њуќуќии вобаста ба љабрдидагони зўроварї дар оила ва наќши кормандони соњаи тиб, ки бо ин ќишри љомеа кор мекунанд, мусоидат намуд. Ин чорабинї боз аз он лињоз муњим аст, ки барои коњиши тазйиќу дискриминатсияи љабрдидагон аз хушунати оилавї равона шудааст. Яке аз маќсадњои асосии тренинг сайќал додани њунари иштирокчиён дар тартиб додани саволњои муносиб ва дуруст оид ба зўроварї дар оила, инчунин фањмонидани ањамияти расонидани кумаки аввалиндараља ба љабрдидагони хушанати хонаводагї буд. Дар ин бахши омўзиш ба иштирокчиён махсусиятњои азназаргузаронї ва баќайдгирии тиббии љойњои зарбдидаи бадан ва барои сабт шудани осори љароњатњо дар доираи экспертизаи судї-тиббї шарњу тафсир дода шуд. Инчунин, масъалањои профилактикаи норасоии масунияти бадан ва расонидани кумаки ољилї ба гирифторони ин беморї, тарзи дуруст тартиб додани санад оид ба њолатњои зўроварї мавриди баррасї ќарор гирифтанд. Дар љараёни тренинг тавсияњои байналмилалї, ки бо далелњо оид ба расонидани кумаки тиббї ба љабрдидагони зўроварї асоснок гардидаанд, низ муњокима шуданд. Таъкид гардид, ки расонидани ёрии психологї ба ќурбониёни хушунат ањамияти вижа дорад. Дар доираи омўзиш дараљаи дониши иштирокчиён оид ба муайянсозии аломатњои њолати нохуби равонии љабрдидањо, андешидани чорањои муассир оид ба кумаки равоншиносї ва психотерапевтї ба онњо баланд бардошта шуд. Иштирокчиёни тренинг барои пешнињоди маълумоти муфид, вараќањои иттилоотї, дастраснамои санадњои меъёрїњуќуќии вобаста ба масъалаи зўроварї дар оила, шумораи тамоси кормандони масъули Кумитаи кор бо занон ва оила ва нињодњои тобеи он дар мањалњо, ташкилотњои ѓайрињукуматї ва марказњои буњроние, ки бо љабрдидагони зўроварї дар оила кор мекунанд, инчунин телефонњои нафарони масъули маќомотњои њифзи њуќуќ ва ѓайра изњори сипос намуданд. Тањлили назарпурсињое, ки ќабл аз омўзиш ва баъд аз он гузаронида шудаанд, нишон дод, ки дониши иштирокчиён ба таври назаррас боло рафтааст. Холи миёнаи назарпурсии пешакї агар 52%-ро ташкил дода бошад, пас аз анљоми омўзиш он ба 90,2% баробар гардид. Дар охир иштирокчиёни тренингњо миннатдории худро ба Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњури Тољикистон ва Лоињаи “Пешгирии зўроварї дар оила дар Љумњурии Тољикистон” (PDV/GOPA) барои ташкилу баргузории чунин омўзишњои муфиду актуалї баён намуда, изњори омодагї карданд, ки донишњои гирифтаашонро зимни адои фаъолияти хизматї дар амал ба кор баранд. И. ЊАНГОМА, “Хатлон”


4

ХАТЛОН

ТОЉИКИСТОН КИШВАРИ ДОРОИ ИМКОНИЯТЊОИ БЕНАЗИРИ САЙЁЊИСТ

ТУРИЗМ Сайри Хатлони бостон

Рушди сайёњї ва муаррифии њунарњои мардумї яке аз воситањои муњими таъмини зиндагии шоиста буда, он дар навбати аввал барои ташаккули фарњанги миллї ва арзишњои маънавї тавассути ривољи њунарњои халќї мусоидат менамояд.

Идораи рўзномаи «Хатлон» рубрикаи нави «Марњамат ба Хатлон!»-ро бо маќсади таблиѓи имкониятњои соњаи сайёњї, муаррифии мавзеъњои туристї, обњои шифобахш, ёдгорињои таърихї-фарњангї ва љалби сайёњони ватанию хориљї ба ин мулки бињиштосо пешнињоди хонандаи гиромии худ мегардонад. БО ЊАМ САЙРИ ХАТЛОН МЕКУНЕМ!

ЁДГОРИИ «ТАХТИ САНГИН»

Мавзеи «Тахти Сангин» яке аз бузургтарин ёдгории таърихї дар вилояти Хатлон ба шумор меравад. «Тахти Сангин» соли 2011 ба номгўи Фењристи мероси фарњангии умумибашарии ЮНЕСКО аз љониби Љумњурии Тољикистон ворид шудааст. Ин мавзеи таърихї дар дењаи Тешик тоши ноњияи Ќубодиён љойгир буда, таърихдонон онро ба асри V то мелод ва III милодї мањсуб медонанд. Шањри ќадимаи «Тахти Сангин» дар мавзеи якљошавии дарёњои Вахш ва Панљ, ки Амударёро ташкил медињанд, љойгир аст. Номи пештараи ин ганљинаи бењамто «Тахти Сангин» нест, зеро дар ягон сарчашмањо ва навиштањои таърихї зикр нашудааст. Танњо баъди ковишњои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шањрак, девору роњравњо ва сутунњои бузурги он аз сангњо бино шудааст, бинобар ин, олимон шартан номи ин ёдгории беназирро «Тахти Сангин» номиданд. Мавзеи «Тахти Сангин»-ро аз шарќ Амударё, аз ѓарб кўњи Тахти Ќубод, аз шимол ва љануб иншоотњои дуќабатаи муњофизаткунананда ињота кардаанд. Бостоншиносон бар он назаранд, ки соли 1877 аз ин мавзеи нодири аљдодї бузургтарин ганљина бо номи «Хазинаи Амударё», ё «Љавоњироти

Окс», ки иборат аз коллексияи љавоњироту тангањои тиллої ва нуќрагин буд (1300 номгўй), аз љониби мардуми мањаллї ёфт шудааст. Тољирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда, онро харидорї намуданд. Сипас, тољирон барои тиљорат ба сўйи Њиндустон равона шуда ва ин хазинаи бузургро ба бозаргони њиндї ба фурўш гузоштанд. Дар Њиндустон аксарияти љавоњироту тангањои хазина аз љониби амалдорони англис харидорї шуда, ба Англия бурда мешавад. «Хазинаи Амударё» дар осорхонаи «Виктория» ва «Алберти»-и Англия мањфуз аст. Таърихнигорон бар он назаранд, ки «Тахти Сангин» дар замони Искандари Маќдунї бу-

нёд шудааст. Корњои тадќиќотї дар шањри ќадимаи «Тахти Сангин» аз солњои 70-уми ќарни гузашта оѓоз гардида, бостоншиносон дар давоми тадќиќоту љустуљўњои зиёд шаклу наќшњои ќасрњои иќоматї, ибодатгоњ, устохонањо ва дигар утоќњои барои инсон лозимаро муайян намудаанд. Дар бунёду сохтмони њар як утоќу њуљрањои ин шањри ќадима сохтмончиён маданияти меъморию шањрсозиро истифода намудаанд. Маъбад диќќатљалбкунанда буда, он шакли чоркунља дошта, њар як ќитъаи он 51 метр дарозї дорад. Дар бунёди ин маъбад тамаддунњои гуногуни он замон дида мешавад. Њангоми љустуљў бостоншиносон аз мавзеи «Тахти Сангин» номгўи зиёди ашёи рўзгор ва дигар лавозимоти ёрирасонро пайдо намудаанд. Нигорањое, ки њангоми њафриёт гузарондан аз ин мавзеи таърихї ёфт шудаанд, имрўз дар осорхонањои ноњиявї, вилоятї ва љумњуриявию хориљї мањфузанд. Масоњати байни деворњои ёдгории таърихї 2 км буда, байни онњо хонањо ва заминњои наздињавлигї намудоранд. Девори мудофиавї масоњати 85 гектарро ињота кардааст. Димна аз арк (165х235 м) ва иморатњое, ки аз шимол ба љануб ба масофаи 1 км тўл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51х51 м) фаро гирифтааст. Он ба асрњои 4-и ќабл аз милод 3-и милодї мансуб аст. Масъули гўша Ф. БОБОЕВ, «Хатлон»

Ба рушди соњаи сайёњї Њукумати Љумњурии Тољикистон, бахусус Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон таваљљуњи хоса зоњир менамояд. Танњо дар ду соли охир Пешвои миллат Эмомалї Рањмон борњо дар мулоќоту суханронињояшон соњаи сайёњиро њамчун самти афзалиятнок ва ояндадори кишвар арзёбї намуда, зарурати рушди сайёњиро барои масъулин таъкид доштанд ва дар Паёми навбатиашон чунин нуќтаро баён намудаанд: «Бо маќсади тараќќї додани соњаи сайёњї, муаррифии шоистаи имкониятњои сайёњии мамлакат ва фарњанги миллї дар арсаи байналмилалї, инчунин љалби сармоя ба инфрасохтори сайёњї пешнињод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» эълон карда шавад». Дар солњои соњибистиќлолї аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон бисёр ёдгорињои таърихї дар шањрњои Истаравшан, Њуљанд, Панљакент, «Ќалъаи Њисор», «Њулбук» таъмиру тармим гардида, бо маќсади рушд ва таќвият бахшидан ба соњаи сайёњї чандин санад ва барномањои давлатї, ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи иљозатномадињї ба баъзе намудњои фаъолият», «Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Љумњурии Тољикистон дар давраи солњои 20092019» ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Тољикистон дар давраи солњои 2015-2017» ќабул гардидаанд. Сайёњони хориљї, пеш аз њама, ба манзарањои табиї ва обњои шифобахш «Шоњамбарї», «Хољаобигарм», «Гармчашма», «Оби гарм», ќуллањои барфпўши кўњњои Тољикистон, шањрњои ќадимаИстаравшан, Њисор, Панљакент, Кўлоб, Исфара ва ѓайрањо бо нигоњ доштани анъанањои фарњангї ва њунарњои мардумї мутаваљљењ мешаванд. Солњои охир сайёњони кишварњои Русия, Фаронса, Испания, Маљористон, Швейтсария, Португалия, Олмон, Чехия ва Украина ба мавзеъњои «Сарихосор»-и ноњияи Балљувон, ки минтаќаи сайёњии байналмилалї эълон шудааст, ташриф оварда, аз шаршараи машњури Пушти боѓ ва чашмаи табобатии

ЧАРО ОЌИЛ КУНАД КОРЕ, КИ БОЗ ОРАД ПУШАЙМОНЇ

МУСОЊИБАИ МУХБИР ХУРШЕДИ ЗАФАР БО СОБИЌ РАИСИ БАХШИ НОЊИЯВИИ ЊНИТ ДАР НОЊИЯИ А. ЉОМЇ ТАЛБАК РУСТАМОВ, КИ АЗ ХОРИЉИ КИШВАР БА ВАТАН БАРГАШТ (Идома аз шумораи гузашта) - Мардум аз ин амали Шумо огоњ набуд? - Не, огоњ набуданд. Ваќте ки фањмиданд, ќариб ришамро меканданд. Ёд дорам, тахминан 10-15 нафар занони ноњия маро дар назди бинои њукумат боздоштанду кадомаш аз ришам гирифта, њаќорат дод, ки «чаро маро ба рўйхати аъзоёни ЊНИТ навиштаї?». Дигар занон низ ба ў њамроњ шуда, хеле тањќиру тавњинам карданд. Зеро, дар њаќиќат, онњо хабар надоштанду ман онњоро њамчун узви ЊНИТ номнавис карда будам. Корњои таблиѓотии мо бо мушкилоти зиёд мувољењ мешуд. Мо бояд натиљањои фаъолияти ЊНИТ-ро дар 10-15 соли охир нишон медодем. Лекин чиро нишон дода метавонистем? Ягон натиљаи назаррас надоштем. Маблаѓе, ки аз хориља меомад, дар љайби роњбаронамон медаромад. На роње сохта будему на мактабе, не кўпрукею не корхонае. Оё бо «амри маъруф»-у фатвоњои дурўѓин њољати мардумро бароварда мешавад? Њамин буд, ки охири корамон шармандагї буд. - Дар ин росто, боз кадом омилњо кори Шуморо мушкил месохтанд? - Ба фисќу фасод даст задани фаъолон ва роњбарони нањзат. Баъзе аз нафарони воломаќоми ЊНИТ ба амалњои зишт, аз ќабили айшпарастї, зиною њамљинсгарої (манзурам роњбарони ЊНИТ дар ноњияњои Турсунзодаву Восеъ мебошанд), љодугарї ва моил намудани занону духтарон ба њамхобагї даст заданд, ки њамаи он дастраси мардум гашт. Баъзењо, аз љумла худам, тахмин мезадем, ки ин кори маќомот аст ва барои бадном кардани ЊНИТ анљом додаанд. Аммо ба тадриљ њама боварї њосил кард, ки агар чунин набошад, сабтњо аз куљо пайдо шуданд? Ин айбу шармандагї буд. Вале роњбарони ЊНИТ ба љойи тарбия ва боздории аъзоён аз чунин амалњои нангин, онњоро баръакс њимоя мекарданд, зеро худашон чунин амалњои касифро анљом медоданд. Њамаи ин як далели муътамаде буд, ки нафрат ва бадбинии мардумро нисбати мо зиёд карда буд. Ин буд, ки дар интихоботи моњи марти соли 2015, ЊНИТ дар ноњияи А.Љомї як овоз њам наги-

«ХАТЛОН» МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРОВА

ШАНБЕ, 10 марти соли 2018, №9 (3146)

рифт. - Шумо сабабњои маѓлубияти ЊНИТ-ро боз дар чї мебинед? - Як њаќиќатро бояд ќайд намоям, ки наздик ба 80 фоизи аъзоён дар арафа ва баъди баргузории интихоботи парлумонї дилашон аз Кабириву ЊНИТ монда буд. Худ шоњид будам, ки тўда-тўда аъзоёнамон рўзи интихобот бар зидди ЊНИТ овоз доданд. Зеро њизб бадном гашта буд. Аксари нањзатиён аз ибтидо медонистанд, ки роњи нодурустро интихоб кардаанд, оќибати кор ба хайр нест, аз он бўйи хун, бўйи сўхтор, бўйи дањшат меояд. Лек худро ба кадом як боварии ботиле мутаќоид месохтем, ки «бояд њамааш хуб шавад». Њазор афсўс, ки оби рехта дубора љамъ намешавад. - Фикр мекунам аз карда сахт пушаймонед? - Дар урфият мегўянд: «ваќт довари адолатпеша аст». Дар њаќиќат, муддате, ки паси сар шуд, пардаро аз рўи фиребу найранг бардошт, њаќро ба њаќдор расонид. Мани фиребхўрда, хатои дар гузашта содиркардаи худро дарк намудам, шабњои дароз худро сарзаниш мекунам. Зеро ман низ замоне дар ќатори он бехирадону бешарафон, ки теша бар решаи худ мезаданд, ба ташвиќу тарѓиби аќидањои ифротгарої, исломи радикалї ва табдили љомеаи исломї саъйу кўшиш намуда будам. Мо-мухолифин, ки дар майдони «Озодї» шўру балво бардошта, бо њайкали Ленин љанг мекардем, гоње аз њамдигар мепурсидем, ки маќсади мо чист, боз чи хел шиорпартої кунем, номи киро гирем, киро ба истеъфо равон кунем. 90 фоизи митингчиён, ки њама ришдору мўйсафедон будем, асли воќеаро намедонистем. Подаеро мемондем, ки чўпон куљое, ки пеш мекард, њамон тараф мерафтем, намедонистем, ки чї мехоњем?! Мо гумроњ шуда будем. - Баъди митингњо чї наќша доштед? - Баъди чаппа кардани њайкали Ленин ба хона баргашта будам. Вазъ дар љумњурї батадриљ мураккаб гашта истода буд, мубаллиѓони љанг амр дода буданд, ки «аз роњи худ барнамегардем». Лекин ин чи роњ буд, чи тадбир буд, чи наќшаи сархўре буд, намедонистем.

Соли 1992 оѓоз ёфт. Фасли бањор, марди дењќон бояд миён баставу ба замин зироат мепошид. Аммо боз њамон мубаллиѓони ЊНИТ пайдо шуданду дењќонони асил ва марди кўњистонии содаи тољикро бо сад њазор фиребу найранг ва дасиса боз ба майдонњои пойтахт кашиданд, хаймањо устувор намуданд. - Наход касе пайдо нашуд, ки Шуморо аз хатар њушдор дињад? - Домулло Њикматуллои тољикободї бо бародари марњумаш, ки аз найранги нањзатиён огоњ буданд, њамагонро њушдор месохтанд, ки «ин роњ роњи шайтон аст, баргардед. Ба амнияти мардум халал ворид накунед, ки оќибати ногувор дорад, ин кори шумо ба ислом рабте надорад». Барои чунин даъваташ баъзе љоњилони нањзатї омода буданд, ки ўро бикушанд. Баъде, ки аз љониби ЊНИТ аввалин шуда, хуни ноњаќи Муродулло Шерализода - сармуњаррири рўзномаи «Садои мардум» рехта шуд, чандин нафари дигарро дар ноњияи Рўдакї, сокинони баъзе мањаллањои ноњияи Вахшро ба таври вањшиёна ба ќатл расониданд ва оташи љанги бародаркуш аланга гирифт. Њамаи ин даъвату митингбозињо ба чї анљомид, њама медонанд. Иќтисодиёти Тољикистон дањсолањо ба таназзул рафт, дањњо њазор кушта шуданд, беш аз миллион нафар бе хонаву дар, фирорї ва сарсону саргардон шуданд… Тааљчубовар он буд, ки роњбарони нањзатї худро гунањкор намењисобиданд, «таќдир»-у «навиштаи пешонї»-ро пеш меоварданду меоранд. Яъне кардањои худро бори таќдир мекунанду кори шайтон. - Шумо низ номзадиатонро дар интихобот монда будед, њамин тавр не? - Бале, дар ин интихобот номзадии ман низ ба њайси вакили мардумї аз љониби ЊНИТ гузошта шуда буд. Ман бо маълумоти миёна даъвои вакилї доштам. Гоње, дар танњої аз худ суол мекардам: модоме, ки ЊНИТ ман барин номзадњоро ба вакилї пешбарї мекунад, фардо чї мешуда бошад (инро мегўяду ханда мекунад)? - Чї Шуморо маљбур сохт, ки ба ин ваљњ изњори аќида кунед?

«Оби гўгирд», Чилдухтарон, Эмомаскара ва табиати сењрофари намаккўњи Хољамуъмин дидан намуда, бо як љањон таассуроту хотирањои нек ба ватанашон баргаштанд. Айни замон дар Тољикистон зиёда аз 100 адад ширкатњои сайёњї фаъолият доранд. Тибќи маълумотњо соли 2017 аз 146 кишвари љањон 397 њазор сайёњ ба Тољикистон ташриф оварданд, ки даромади он ба њисоби миёна, зиёда аз 10,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад. Вобаста ба самти мазкур дар вилояти Хатлон 2 ширкати сайёњї - «Сари хосор тревел» дар ноњияи Балљувон, «Морхўр» дар ноњияи Ш. Шоњин ва 2 ташкилоти љамъиятї дар ноњияњои Муъминободу Ховалинг дар 19 сайрхат фаъолият дошта, 60 мењмонхона, 18 истироњатгоњу осоишгоњ барои ќабули сайёњону мењмонони хориљию дохилї омода њастанд. Дар назди Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят ташкилоти љамъиятї оид ба сайру саёњати «Сайри љањон» иборат аз 15 сайрхат ташкил гардид, ки ба рушди сайёњї мусоидат менамояд. Дар миќёси вилоят 582 мавзеи ёдгорињои таърихї, 4 парваришгоњ, 2 мамнуъгоњи табиии давлатї ва як парки миллї дар масоњати 182,6 њазор гектар мављуданд, ки дар ќатори њудудњои табии махсусмуњофизатшаванда дохил шуда, дорои табиати нотакрор, набототи шифобахшу њайвоноти нодир мебошанд. Ќисме аз мавзеъњо бо ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ба рўйхати минтаќањои туризми байналмилалї-экологї ворид карда шудааст. Кормандони соњаи њифзи муњити зисти вилоят бо маќсади тарѓибу ташвиќи табиати бињиштосою афсонавї, нотакрор, ёдгорињои таърихї, парвариш ва афзун намудани олами набототу њайвоноти нодири вилоятамон, дар њамкорї бо олимону мутахассисон роњњои барќароркунї, нигоњдорї ва њифзи онњоро омўхта, корњои назоратию фањмондадињї мебаранд. Бобати љалбу маълумот барои сайёњони хориљию дохилї китобчаи «Њудудњои махсус муњофизатшаванда ва мавзеъњои туризми экологии вилояти Хатлон» бо забонњои англисї, русї, тољикї ва манбаъњои оби вилояти Хатлон ва вараќањои ташвиќотии мавзеъњои Балљувон, «Чилучорчашма» ва «Бешаи палангон» пешнињод гардидаанд.

Кулолгарї яке аз њунарњои маъруфи миллии мардуми тољик ба њисоб меравад. Ин маротиб мо тасмим гирифтем, ки оид ба ин њунари ќадимї ва мардумї ќисса кунем. Ќањрамони навбатии мо намояндаи насли нуњуми оилаи овозадори кулолгарони Бохтар аст. Ќисме аз кўзаву асбобњои сафолине, ки аз падар ва бобою бобокалонаш ба мерос мондааст, барои ёдгорї ба фарзандон таќсим намудаву ќисми дигарро барои намоиши њунарњои мардумї дода, дубора бозпас нагирифтааст. Азбаски талаботи мардум ба ашёњои сафолин кам шудааст, ќањрамони мо феълан танњо як намунаи њунарашро пешкаши мардум месозад. аз ин се минтаќа овардашударо бо њам якљоя карда, танўр месозад. - Хокро насанљида мо наметавонем беинсофона танўр омода созему ба мардум пешкаш намоем, - гуфт акаи Рањматулло зимн суњбат бо мо. Танўрро бо лойи дамзада, ки бо пой онро то пухта шудан мешўранд, бо илова пашми гўспанд ё думи гов ба гил омода месозем. Њар нафаре, ки ба мо фармоиш медињад, албатта, аз ў пурсида мешавад, ки танўрро барои нонпазї дар хона харидорї месозад, ё дар дўкони санбўсапазї истифода мекунад. Зеро талаботи сохтани танўр барои нон дигар асту барои санбўсапазї дигар. Аз наќли њамсуњбати мо бармеояд, ки дар фасли тобистон танўр дар ду рўз ва дар фасли сармо муддати як њафта омода мешавад. Танўре, ки дар хона

НАСЛИ НУЊУМИ ОИЛАИ КУЛОЛГАРОН Рањматулло Рашидов њунари кулолгарї, аниќтараш танўрсозиро аз падар омўхтааст. Њарчанд вай аз гил навъњои зиёди зарфњоро бо наќшу нигори миллї сохта метавонад, аз рўйи талаботи мардум имрўзњо танњо ба сохтани танўр банд аст. Танўрро дар баъзе минтаќањои кишвар чакдон њам ном мебаранд. Хонаводаи мардуми тољикро бе танўр тасаввур кардан номумкин аст ва њар духтару бонуи тољик аввалин шуда њунари нону кулча, гирдачаю чаппотипазиро дар танўр аз худ мекунад. Рањматулло Рашидов зодаи шањри Бохтар (собиќ Ќўрѓонтеппа) мебошад ва солњост, ки ба омода кардани танўрњои гуногуннавъ ва гуногунњаљм сарукор дорад. Танўрњои сохтаи ў дар бозор харидори зиёд доранд ва ба андешаи баъзе занон, ноне, ки дар танўри сохтаи акаи Рањматулло пухта мешавад, барои тањияаш њам њезум кам сарф мегардад ва њам нон болаззату зебо омода мешавад. Ба ќавли Рањматулло Рашидов, ин муваффаќияташ сирре нињон надорад, балки шеваи сохтани он аз насл ба насл гузашта, ў низ пойбанди њунари авлодї боќї мондааст. Зеро падар ўро даруни гили барои танўр омодашуда хуб обутоб додааст. Ба наќли Рањматулло Рашидов, агар хоке, ки барои танўр дарёфт мешавад, таркибаш рег дошта бошад, даруни н гуна танўр зуд метасфад ва харљи зиёди њезуму ангиштро талаб намекунад. Гилро акаи Рањматулло барои сохтани танўрњо ќисме аз роњи Данѓара, гоње аз ноњияи Хуросон ва ќисми дигарро аз дењаи Ќиблаии ноњияи Рўдакї дастрас мекунад. Хоки

Рањмоналї ЭМОМАЛЇ, сармутахассиси Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Хатлон

- Метавонистам, мисли чандин нафари дигар ба лабам ќуфли хамўшї занаму сукутро ихтиёр кунам. Лекин натавонистам. Зеро баъд аз ин ќадар носипосї ба Ватани худ, аъзоёни њизби нањзат, њадди аќал ин дафъаву ин маротиба ношукрї накунем. Чуноне ки мегўянд, «Каљ шину рост гўй!» Бо чашмони сар дидам, ки њељ манфиате аз ЊНИТ нест. Ин њизби сохташудаи хориља аст ва танњову танњо бадбахтї меорад. - Далели шиорпартоињои 5-6 нафар љавонони тољик дар давлатњои Ѓарб алайњи Тољикистонро чи гуна шарњ медињед? - Шахсан амалу кирдори ин 2-3 рањгумзадаро, ки бар ивази ду пули пучак, дар даст шиору плакатњо, дар кўчаву пасткўчањои Аврупо, мисли дарвеши ватангумкарда доду фиѓон мекунанд, мањкум мекунам. Кулли онњо ягон муассисаи олї, ѓайр аз мактаби миёнаву мадрасаро хатм накардаанд. Куљо монад онњоро ба сиёсат? - Айни њол бо чї кор машѓулед? - Ман, ки бо даъвати оилаву ёру дўстонам баргаштам, тайи 3 моњ мешавад, аз пайи ризќу рўзиам, дар ињотаи фарзандону ањли байтам рўзгори хуберо паси сар карда истодам. Ягон фишореро эњсос накардаам. Баръакс, атрофиён баргаштанамро ба назди оила бо фарањмандї ќабул карданд ва њар яке чун оину одати хуби тољикона ба аёдати ман омада истодаанд. - Хоњиши Шумо ба дигарон чист? - Замоне ман дўсту њамнишини Кабирї ва дигар роњбарони ЊНИТ будам, ўро шахси сиёсатмадору дурандеш мењисобидам. Лек, сад афсўс, ки хато кардам. Имрўз ў бо ањли оилаи худ ба кайфу сафо машѓул асту онњое, ки фиребашон доду ба пайроњаи љиноят телаашон дод, азияти виљдону имон ва азоби зиндон мекашанд. Фарзандони ў дар кўчањои Аврупо бо мошинњои гаронарзиш мегарданду фарзандони инњо ба мушкилињои зиёди рўзгор гирифторанд. Бародарони азизу гиромии ман, дигар аз пайи ин «доњии рањгумзада» наравед, љониби миллати худ, Ватани худ, хонаву дари худ аз хориља санг напартоед. Њељ љойи бегона барои мо Ватан, Тољикистон шуда наметавонад. Ба Ватани худ баргардед! - Ташаккур барои суњбати самимї! Аз нашрия: Рустамов Талбак Зуњурович, санаи таваллудаш 13.02.1962, зодаи ноњияи Њисор, истиќоматкунандаи дењаи Гулистони Љамоати дењоти Дўстии ноњияи А. Љомї, миллаташ тољик, маълумоташ миёна, собиќ раиси бахши ноњиявии ЊНИТ дар ноњияи А.Љомї, баъди интихоботи парлумонии соли 2015 ба Федератсияи Россия фирор карда, охири соли 2017 ба Ватан баргашт.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири бисёрандешї матолибе низ нашр карда мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро ба дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон пас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 пазируфта мешавад.

Њангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТЇ ВА ЊИФЗИ ИЉТИМОИИ АЊОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Муассисаи давлатии таълимии Коллељи тиббии шањри Бохтар ќабули довталабонро барои тањсили 2018-2019 эълон менамоянд Ба Коллељи тиббии шањри Бохтар хатмкардагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон, шањрвандони давлатњои хориљї мувофиќи шартномаву созишномањои байнидавлатї, хориљиён ва шахсони бетабаа ќабул карда мешаванд. Ба њамаи ихтисосњои гурўњњои буљавї шањрвандони Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешаванд. Ба гурўњњои шартномавї шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва давлатњои хориљї, ки њуљљати баробарэътирофии тањсилоти миёнаи умумї доранд, ќабул карда мешаванд. Ба шакли тањсили рўзона довталабони синнашон то 30 ва ба шуъбаи шабона (машѓулиятњо аз соати 15:00 то 18:00) бе мањдудияти синну сол ќабул карда мешаванд. Тањсил дар коллељ бо забони давлатї (тољикї) ба роњ монда шудааст. Дар Коллељи тиббии шањри Бохтар довталабон дар шуъбаи рўзона аз рўи ихтисосњои зерин ќабул карда мешаванд: Муњлати тањсил -3 солу 10 моњ: «Кори умумитиббї», бо додани тахассуси «Њамшираи (бародари) тиббии оилавї» ( буљавї ва шартномавї); «Кори момодоягї», бо додани тахассуси «Момодоя» (буљавї ва шартномавї); Муњлати тањсил-2 солу 10 моњ: «Кори њамширагї», бо додани та-

хассуси «Њамшираи тиббї» (буљавї); «Кори тиббї-ташхисї», бо додани тахассуси «Фелдшер-лаборант» (буљавї); «Корњои тиббї - профилактикї», бо додани тахассуси «Ёрдамчии табиби гигиенї, санитарї ва эпидемиолог» (буљавї); «Кори фармасевтї», бо додани тахассуси «Ёрдамчии фармасевт» (шартномавї); «Кори дандонсозї», бо додани тахассуси «Техники дандон» (шартномавї). Дар шуъбаи шабонаи Коллељи тиббї довталабон бо муњлати тањсил-3 солу 6 моњ, бо тањсилоти миёнаи умумї аз рўи ихтисосњои: «Кори њамширагї», бо додани тахассуси «Њамшираи тиббї» (шартномавї); «Кори фармасевтї», бо додани тахассуси «Ёрдамчии фармасевт» (шартномавї) ќабул карда мешаванд. Гурўњњои маќсадноки назди сохтори госпиталии ноњияњо (Хуросон, А. Љомї, Дўстї, Љайњун, Љ. Балхї, Ќубодиён, Шањритўс, Панљ, Вахш, Бохтар, шањри Леваканд, Н. Хусрав). «Кори њамширагї», бо додани тахассуси «Њамшираи тиббї» (буљавї). Имтињонњои дохилшавї дар Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон гузаронида мешаванд. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Сино 7. Телефон барои маълумот: 8 (3222) 2-25-73, 2-20-89.

РЎЗИ ДАРЊОИ КУШОД

Ба диќќати хатмкунандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумии шањри Бохтар ва мактабњои тањсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон расонида мешавад, ки рўзњои 16-17 марти соли 2018 дар Коллељи тиббии шањри Бохтар «Рўзи дарњои кушод» гузаронида мешавад.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шањодатномаи гумшудаи ронандагии №001545, гурўњи «В,С», ки онро соли 2014 мактаби ронандагии ТЉММ-и шањри Леваканд (собиќ Сарбанд) ба Боев Сафарбек Раљабмуродович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТА №0023688, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2006 МТМУ №2-и шањри Леваканд (собиќ Сарбанд) ба Сафаров Фирдавси Саъдуллоевич додааст, эътибор надорад.

ТАЪЗИЯ Ањли эљоди рўзномаи вилоятии «Хатлон» аз марги нобањангоми собиќадори матбуоти тољик, узви Иттифоќи нависандагони Тољикистон, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон, устоди ДДЌ ба номи Носири Хусрав Ѓаффоралї САФАР сахт андуњгинанд ва ба пайвандону наздикони марњум њамдардии амиќ баён намуда, ба онњо аз даргоњи Худованди карим сабри љамил хоњонанд.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 0013/рз АЗ 23 ИЮЛИ СОЛИ 2015 АЗ НАВ БА ЌАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ. Навбатдор: Њангомаи ИСМАТ

Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ

гузошта мешавад, нисбат ба танўри дўконњо умри тўлонитар мебинад, чунки даврияти истфодабарии танўри хона нисбат ба танўри дўкони санбўсапазї ва нонвойхонањо камтар аст. Бояд гуфт, ки нигоњубин ва эњтиёткории бонувон низ ба дарозумрии танўр ё чакдон сахт вобастагї дорад. Ба ќавли Рањматулло Рашидов, имрўз бо ёрии ќувваи барќ ва техника метавон дар муддати кўтоњ танўр омода кард, аммо ба хотири њифзи анъана, тарзу усулњои кори дастї ва њунари меросї, инчунин бо маќсади сохтани танўри босифат бояд он бо даст тањия шавад. Зеро имрўз чандин навъи њунарњои мардумї аз байн рафтаанд ва ин њунарро њам, агар њифз накунему ба наслњои баъдї наомўзонем, мумкин аст аз даст дињем. Рањматулло Рашидов мехоњад писаронаш низ дар баробари тањсил ва соњибкасб буданашон дар оянда њамчун насли дањум давомдињандаи мероси авлодашон шаванд, ба шарте ки шавќу раѓбат дошта бошанд. Ў андеша дорад, ки барои њар инсон, чї мард ва чї зан, њунар њар ќадар зиёд бошад, манфиати бештар дорад. Њунар инсонро байни мардум шинохта ва обрўманд месозад. Њунар зиндагии инсонро бењтару хубтар месозад ва аз њама муњимаш, њунари дастї, ки худ њаракатро талаб мекунад, ба саломатии инсон фоида дорад ва ин њаракат, албатта, ба хонадони њунарманд баракат низ меоварад.

Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 10.03.2018 иљозат дода шуд. Адади нашр: 8550 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Тел: сармуњаррир: 2-88-17, муовини сармуњаррир: 2-47-14, котибот: 2-89-16 Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Хатлон №9 2018 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu