Шумораи 19-2019

Page 1

74-умин солгарди Рўзи Ѓалабаи бузург муборак, њамдиёрони азиз!

ХАТЛОН

БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №19 (3204)

чоршанбе, 8 майи соли 2019

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Рамазон дар њаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру тањаммул ва ба камол расонидани дигар хислатњои неки инсонї ба њисоб меравад. Яке аз њикматњои аслии моњи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эњсоси гуруснагиву ташнагї аз њолати ятимону маъюбон, беморону эњтиёљмандон ва шахсони камбизоат бештар огоњ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онњо мувофиќи имконияту тавони худ дасти кумак дароз мекунад. Яъне, рўзадорї дар табиати одамон, пеш аз њама, пок нигоњ доштани дилу забон, зоњиру ботин, бо муомилаи неку мењрубонї ба љо овардани иззати инсон ва рањму шафќатро бедор месозад. Мардуми мусулмони мо дар ин моњи муборак ба аёдати падару модарон ва беморону камбизоатњо мераванд, ба ятимону маъюбон ва шахсони эњтиёљманд кумак мерасонанд, то ки бо чунин аъмоли хайрхоњона соњиби савоби бештар гарданд. Аз табрикоти Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба муносибати фарорасии моњи шарифи Рамазон

Корнамоињои фарзандони Тољикистон намунаи олии садоќат ба Ватан мебошад Табрикоти раиси вилояти Хатлон Њакимзода Ќурбон бахшида ба 74-солагии Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945

Мењтарони љангу мењнат, њамдиёрони азиз! Мояи ифтихор ва сарбаландии мост, ки тањти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, дар фазои сулњу оромї бо шумо 74-солагии рўзи Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватаниро истиќбол мегирем. Мил-

лати куњантаъриху тамаддунофари тољик аз ќадимулайём соњиби фарзандони шўљоъ аз љумла Темурмалику Муќаннаъ, Спитамен, Шераку Восеъ ва њазорњо љанговарони далер буд, ки бањри њимояи марзу буми кишвар, манфиатњои халќи мењнаткаш ва нигоњ доштани шараф ва асолати миллї истодагарї намуда, номашон дар таърих њамчун ќањрамонони халќ сабт гардидааст ва то имрўз ба некї ёдашон мекунем. Иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945 низ дар сангарњои љангу майдони набард љонфидоињо карда, хоки ватани худро аз истилогарони фашистї њифз намуданд ва барои мо-насли оянда њаёти осоиштаро таъмин карданд. Имрўз Њукумати Љумњурии Тољикистон ва халќи тољик ин ќањрамонињо ва корномаи бузурги дар аќибгоњ будагонро низ, ки бо вуљуди душворию машаќќатњои гўшношунид дар њамаи соњањо фидокорона мењнат кардаю ѓалабаро таъмин кардаанд, њаргиз фаромўш нахоњанд кард. Боиси зикр аст, ки дар ин љанги дањшатангез садњо њазор њамдиёрони мо родмардони хатлонї иштирок намуда, дар торумор намудани фашизм хизматњои ар-

занда намудаанд. Ифтихор аз он дорем, ки барои шуљоату ќањрамонї се нафар фарзандони Хатлонзамин бо њар се дараљаи ордени «Шараф» ва 19 нафар бо унвони Ќањрамони Иттињоди Шўравї сарфароз карда шудаанд. То имрўз аз иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї дар вилояти мо 86 нафарашон дар ќайди њаёт мебошанд, ки синну солашон аз 90 гузаштааст. Дар вилоят то имрўз садњо нафар шахсоне, ки дар аќибгоњ солњои Љанги Бузурги Ватанї мењнат кардаанд, зиндагї доранд, ки аз тарафи Њукумату давлати Тољикистон ба онњо нафаќа ва имтиёзњо људо гардидааст. Ба оилањои дар Љанги Бузурги Ватанї бесаробонмонда низ нафаќа пешбинї шудааст, ки дар вилояти мо чунин оилањо танњо 2 оила боќї мондааст. Бинобар ин, насли имрўза ба хотири љонфидоии онњое, ки на танњо ватани мо, балки тамоми инсониятро аз дањшати фашизм наљот додаанд, сари таъзим фуруд меоварад. Њаёт ва фаъолияти пуршарафи собиќадорони Љанги Бузурги Ватанї мову шуморо ба корњои ободонию созандагї, таъмини гул-гулшукуфии ватанамон Тољикистони азиз њидоят менамояд. Аз ин рў, ѓамхорї дар њаќќи собиќадорон яке аз вазифањои асосии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњия буда, ин масъала њамеша дар мадди назари мо ќарор дорад. Боиси тазаккур аст,

ки бо ќарори раиси вилояти Хатлон аз 18 апрели соли 2019, №107 бо маќсади расонидани кумаки якваќтаи молиявї ба 86 нафар собиќадорони Љанги Бузурги Ватанї ва оилањои саробонашон дар ин љанг њалокгардида 129 њазор сомонї људо гардидааст. Имрўз аз њазорон нафар иштирокчиёни Љанги Бузурги Ватанї шахсони ба шумор мондаанд, ки эњтиром доштану ќадршиносї намудани онњо вазифаи муќаддаси фарзандии њар яки мост. Кумаку ѓамхорї ба шахсони зикршуда бояд ба як амали доимї ва рафтори њамешагиву инсондўстонаи роњбарони идорањо, ташкилоту муассисањо, корхонањо ва тољирон табдил ёбад. Чунки, њар як насл дар назди таърих ва таќдири миллат вазифаи муќаддаси шањрвандї ва масъулияти маънавию ахлоќї дорад. Дар назди наслњои имрўзаву оянда вазифаи боз њам муќаддастару масъулияти бузургтари таърихї истодааст. Аз љумла, нигоњ дошта тавонистани оини давлату давлатдории миллї, боз њам устувор намудани истиќлолияти сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва фарњангї масъулияти таърихии наслњои имрўзаву оянда аст. Боварї дорам, ки љасуриву ѓаюрї ва корнамоињои собиќадорони љангу мењнати вилоят ва маслињату насињатњои онњо дар амалї гардидани ин масъулияти таърихї сањми намоён хоњад гузошт. Бо њамин ниятњои нек мардуми сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати Ѓалабаи бузург дар Љанги Бузурги Ватании солњои 1941-1945 самимона табрик ва муборакбод гуфта, ба њар як хонадон фазои орому осуда, сињатию саломатї, хушињои рўзгор ва барори корро орзу менамоям. Иди Ѓалаба муборак, њамдиёрони азиз!

Рушди Шашмаќом дар замони соњибистиќлолии кишвар Табрикоти раиси вилояти Хатлон Њакимзода Ќурбон бахшида ба Рўзи шашмаќом Њамдиёрони азиз! Истиќлолияти давлатї барои миллати куњанбунёди тољик падидаи муњим ва дастоварди бесобиќае дар интињои асри бист ба шумор меравад. Дар даврони соњибистиќлолї Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бо дурандешии хосаш дарк мекард, ки дур будани љомеа аз фарњанги миллї мушкилоти њамаи корњо, махсусан костагии маънавиёт мегардад. Гиромидошти фарњанги миллї ва рушди њамаљонибаи он ба самти муњимтарин ва афзалиятноки сиёсати Пешвои муаззами миллат ва Њукумати Љумњурии Тољикистон табдил ёфтааст. Таърих собит сохтааст, ки њар ќавму миллат ба арзишњои фарњангии худ њамеша ниёзманд аст, зеро ин махзани маърифат дар тарбияи ахлоќию маънавии наслњо наќши муњим мебозад. Нобиѓањои миллати мо њанўз аз фарњанги авастої дар шаклгирї ва ривољи фарњангњои мухталифи љањонї наќши бузург доранд. Тољикон ба василаи сиёсати фарњангї дарёфтанд, ки таърихи куњан ва фарњанги ѓании

онњо ба љањоншиносї, тафаккур, мазњаб, адабиёт ва асосњои сиёсию иљтимої ба ќадимтарин тамаддунњои олам - юнонию румї, арабї ва монанди инњо таъсири амиќ гузошта буд. Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар суханронињояшон пайваста чунин таъкид менамоянд: «Имрўз тамаддунњои неруманди љањонї фарњангњои заифу нотавонро аз байн мебаранд. Дар љараёни љањонишавї ва замони њуљуми фарњангњои бегона њамон миллате бо фарњанги худ пойдору побарљо мемонад, ки заминањои бешикасти илмию таърихии онро њифз намояд, ањамияти амалии онро барои љомеаи љањонї маълум гардонад ва барои тавсеаю амнияти он содиќона талош биварзад». Боиси тазаккур аст, ки татбиќи амали сиёсати фарњангии Президенти кишвар ва Њукумати Љумњурии Тољикистон дар мамлакат бомаром љараён дошта, махсусан ба рушди «Шашмаќом», ки ёдгории бегазанди санъати мусиќии миллати мо ба њисоб меравад, диќќати љиддї дода мешавад. Ин шоњасари мусиќї дар тўли асрњои зиёд таърихи дуру дароз

дошта, бо хазинаи бебањои худ дар њаёти фарњангиву маънавии миллати мо наќши бузурге дорад. Њазор сол ќабл аз ин дар замири миллати фарњангдўсти тољик, садоњои њунармандони хушилњом ва оњангњои пурасрор зери унвони Ушшоќу Наво ва Бузруку Чоргоњ бори аввал ба талќин омада буданд. Шоирону навогарони тољикро шукўњу азамати давлати тољикон - салтанати Сомониён ба илњом оварда, дар савту навоњои шашмаќоми тољик шеъри Рўдакї ба раќс омад, ѓазалњои Анварї тароват пайдо намуд ва ба гўши љањониён тавассути корвонњои њунарии «Роњи абрешим» нидои пурэъљози мардуми мо танинандоз гардид. Њамин тавр, сайри таърихии Шашмаќом аз Бухоро то ба Њинду Чин ва Ироќу Маѓриб оѓоз меёбад. Дар гањвораи фарњанги мо шањри Бухоро тамоми ин њазор сол сайри Шашмаќоми тољик бо њама тароваташ идома ва нолаи танбўру санъати маќомхонї хомўш нашуда, ташаккул меёфт. Њунарварон ва мусиќидонони барљастаи асри XIX ва аввалњои асри XX-и тољик Калхотї, Борух,

Мирзо Отаљони Танбўрї, Отаѓиёс, Мирзо Нарзуллои Танбўрї, Шодї Азизов, Домулло Њалим Ибодов, Лев Бабаханов, Хоља Абдулазиз, Содирхон, Бобо Шарифов, Умар Њофиз, Маъруфхўљаи Бањодур ва дигарон аз бузургтарин устодони Шашмаќом буданд, ки тавассути онњо Шашмаќом то мо омада расидааст. Таърих бо иќдоми фарзанди барўмандаш Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон сањифаи заррини ин сайри њазорсоларо ба рўи миллат кушод ва нињоят ин рўзи муборак фаро расид. Дар баробари эњёи муњтавои фарњангї – сиёсии давлати Сомониён ва симои Шоњ Исмоил, њамчунин баробари оѓози асри навин аз љониби фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари азизи давлатамон соли 2000 - ум фармони таърихие ба тасвиб расид, ки дар мазмуну нињоди он нияти олии эњё, рушд ва дастраси кулли тољикон намудани мероси мусиќии классикї - Шашмаќоми њазорсола љой гирифт. Яъне, њастии миллатро бо фарњанг аз нав бедор намуд ва бањри эњёи фарњанг роњи наву

васеъ кушод. Соли 2003 аз тарафи Љумњурии Тољикистон Шашмаќом њамчун шоњкории мероси фарњангии ѓайримоддї ба фењристи шоњасарњои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО пешнињод карда шуда, соли 2008-ум ворид карда шуд. Мањсули њамин иќдоми Президенти кишвар буд, ки Шашмаќом чун акси садои дили њазорон фарњангиёни тољик дар самои Тољикистони азиз аз нав ба хурўш омад ва бо њамин сайри нави таърихии ин шоњасари мусиќї дар сарзамини мо оѓоз гардид. Итминонам комил аст, ки барои рукни тавонои Истиќлолияти фарњангии Тољикистон боќї мондани мусиќии нозук ва пурнавои Шашмаќом кулли мардуми Тољикистон ва махсусан ањли њунар сайъ менамояд. Бо њамин ниятњои нек Шумомардуми сарбаланди вилояти Хатлон ва ањли њунари вилоятро ба муносибати таљлили Рўзи Шашмаќом табрику тањният намуда, рўзгори осуда ва суботи кишварро таманно менамоям.

Шукри Эмомалї Рањмон мекунем (Бардошт аз сафарњои кории Сардори давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ба шањру ноњияњои кишвар)

Офтоб ѓуруб мекунад. Нурњои зарринашро аз дунёи нозанини рангоранги сабзу хуррам меѓундорад. Дар ќабати абрњои хокистарї нурњои равшанибахши хуршед оњиста пинњон мешаванд. Лањзае шафаќ лолагун метобад, гўё дар ќабати абрпорањо лахчаи сурхчатоби сўзон пайдо шуда, лањзае љило медињаду боз дар оѓўши абрпорањо нопадид мегардад. Оњиста-оњиста ба дунёи равшан олами торикї пардаи сиёњи худро пањн мекунад. Боз як рўзи зиндагї поён меёбад. Чї рўзе буд он рўзе, ки навакак аз пеши назарамон гузашт, чї наќше доштем, кадом корњои судбахшеро анљом додем. Оё аз лањзањои гузаштаи умри худ афсўс намехўрем? Њаётамон судманд, хотирмон ва нек буд? ...Рўзњо меоянду мераванд, њафтањо, моњњо, солњо паси сар мешаванд ва умр чун оби дарё мегузарад. Гузашта дигар њељ гоњ барнамегардад, аз он танњо хотира боќї мемонад, ки он шоиста ва нек бошад, одамон бо њавас, бомењру муњаббат ёдовар мешаванд. Зеро некиву мењрубонї, кушодарўї њусни инсон аст. Он чї дар њаёт бунёд мекунем, бинои саодати мост. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон њар рўзу сол, њар нафаси њаёташро бањри ободонии ватан, хушњолии њар хонадон ва ояндаи неку дурахшони Тољикистони азиз сарф мекунад. Дар ин маврид солњои хушу хотирмон зиёданд. Масалан, 9 июли соли 2009 Сарвари давлат бањри шиносої бо рафти бартарафсозии оќибатњои офати табиї ба ноњияи Хуросон сафар карда, бањри расонидани кумакњо ба ањолии зарардида тадбирњо андешид. Дар ноњия 148 хона пурра ва 127 хонаи дигар ќисман аз селу лоиќа зарар дида буд. Бо супориши Сарвари давлат 132 оила бо хонањои нав ва ашёи рўзгор ба таври ройгон таъмин шуда, 310 оила бо масолењи сохтмонї ва 58 оилаи дигар бо ќитъањои наздињавлигї таъмин гардиданд. Дар маљмуъ ба 500 оила кумак расонида шуд. Ана ин аст адолатпарварї, ин аст ѓамхорї дар њаќќи корафтодагон, ин аст сифатњои неку олии инсонї. Ваќте ки шањри бостонии Кўлоб аз њодисаи табиї зарар дид, Роњбари давлат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ба вазъият ошно шуда, бо зарардидагон суњбат кард, фикру мулоњизањои онњоро шунида, ваъда дод, ки бањри ислоњи вазъият шароити мусоид фароњам овардан ба зарардидагон тадбирњо меандешад. Ба гурўњи зарардидагон барои сохтмони биноњои нав ќитъаи замин људо карда, биноњоро бо тамоми таљњизот ва љињози хона ба соњибонаш ройгон супориданд. Зарардидагон аз ин амалњои хайр ва ѓамхорињои Сарвари давлат миннатдорї изњор карда, дар њаќќаш дуои нек мекарданд. Дар сафарњояш Сарвари давлат ба минтаќањои гуногуни кишвар бо одамони гуногункасб вахўрда, бо мардум суњбат меорост, талабу дархостњои онњоро бо камоли диќќат гўш медод, ба эњтиёљмандон ва корафтодагон кумак расонда, истеъдодњои нодирро дастгирї мекард. Њофизаи хушовоз, вале нобино Матлуба Рањимоваро аз ноњияи Ёвон ба Душанбе даъват карда, ўро бо манзил таъмин намуд ва ба идомаи фаъолияти њунараш мусоидат намуд. Имрўз сурудњои ин сарояндаи дилпазирро тамоми кишвар тавассути оинаи нилгун тамошо карда, аз он лаззат мебаранд. Сарвари давлат онњоеро фаромўш намекунад, ки замоне барои ободию озодии ин сарзамин љонбозињо карда, аз хеш номи нек боќї гузоштаанд. Ваќти сафарњояш ба шањру ноњияњои кишвар фурсат ёфта, ба аёдати собиќадорони љангу зањмат рафта, аз њолу ањволашон пурсон мешавад. Президенти мардумї њар тољику тољикистониро азиз дониста, дар мавридњои зарурї

ёрию мадад мерасонад. Шодравон, нависандаи мањбуб Сотим Улуѓзодаро дар шањри Москва хабар гирифта, њолу ањвол пурсид. Шоири номдор, шодравон Бозор Собирро аз Иёлоти Муттањидаи Амрико ба ватан, ба Тољикистони азиз даъват кард. Ба таври доимї ба ятимону бепарасторон ѓамхорї мекунад. “Ман шуморо хор шудан намемонам”. Ин суханони рўњбахши Сарвари давлат пирони барљомондаро шод гардонид. Сарвари давлат њамеша таъкид мекунад, ки ватани худро дўст доред, ифтихор намоед, ки чунин ватани ободу зебо доред. Дар њаќиќат, дар дањсолањои охир Тољикистон ба дараљае ободу зебо гардидааст, ки дар 70соли собиќ Иттињоди Шўравї ин дараља ободу зебо нашуда буд. Дар рўзњои љашну тантана ба ёд овардани инсонњои ба ватан хизмати шоис-такарда, куњансолону иштирокчиёну маъюбони Љанги Бузурги Ватанї ва ќадрдонї намудани онњо аз хислатњои неку њамидаи Сардори давлат мањсуб меёбад. Ин амал ба одамон неруи тоза ва як олам хушњолї мебахшад. Мардуми кишвар дар ёд надоранд, ки замоне ягон сарвари давлате ин гуна ба онњо дар мањалли зисташон вохўрда, фикру мулоњиза, таклифу дархостњои онњоро ба њисоб гирифта, бањри амалї шудани он тадбирњои таъсирбахш андешида бошад. Садсолањо гузарад њам, хизматњои беназари Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз хотири наслњои имрўзу оянда фаромўш нахоњад шуд. Зеро ў баробари сарвари мамлакат интихоб шуданаш тавонист дар дохили кишвар низоъњои тафриќаангезро барњам дињад, мардумро муттањид намояд, хољагии халќро рушду нумўъ бахшад, бо давлатњои гуногуни олам робита барќарор намояд. Таљрибаи сулњи тољиконро имрўз љањониён омўхта, аз он ибрат гирифта, истифода мебаранд. Бењтарин ва муњимтарин дастоварди Сарвари давлат барќарору таъмини сулњи деринтизори мардуми тољик мебошад, ки онро њар кас ва њар оила интизор буд. Љойи дунёи ѓамро дар кишвар олами шодї фаро гирифт. Сарвари давлат ба вилоятњо, шањру ноњияњои кишвар бештар сафар мекунад. Ин маънои онро дорад, ки дар ин минтаќањо иморатњои нави замонавї ќомат рост карда, корхонањои нав ба кор медароянд, садњо одамон соњиби љойи кор мешаванд. Соњибкорони кишвар дастгирию ѓамхории Роњбари давлатро њис карда, дар бунёди корхонањои истењсолї, мактабњо ва дигар сохтмонњои муњим сањм мегузоранд. Дар мулоќоту вохўрињо њар як сухани Сарвари давлат боиси дигаргунї, ободї, бењбудии њаёти одамон мегардад. Имрўз мардуми кишвар аз он шоду сарфарозанд, ки дар замони осоишта њаёти хушу хуррамона доранд, аз имрўзу фардои худу фарзандонашон дар ташвишу изтироб нестанд. Одамон ба якдигар дўсту бародар, ѓамхору мададгор шудаанд. Ин тухми дўстї, мењру муњаббатро Сарвари кишвар дар ќалбњои одамон кишт , ки он њаётро ширину гуворо кардааст. Имрўз мардум бо дили шод аз созандагию бунёдкорї, ташаббусњои наљиби Сарвари давлат дар арсаи байналхалќї њарф мезананд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Роњбари давлат халќњои гуногуни давлатњои олам Тољикистонро шинохта, ташаббусњои Президенти љумњуриро љињати оќилона истифода бурдани оби сайёра љонибдорї менамоянд. Хайрхоњї, арљгузорї ба фарзандони фарзонаи миллат, садоќат ба мардуми диёр Сарвари давлат Эмомалї Рањмонро мањбуби халќ гардондааст. Одамон шукр мегўянд, ки Худованд чунин Роњбари худогоњу хирадманд, ѓамхору халќпарварро насибашон гардондааст. Б. САЙДАЛИЕВ, «Хатлон»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.