Шумораи №15-2020

Page 1

Рўзимодармуборакбошад!

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №15 (3251)

ЉУМЪА, 6 марти соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Модарон мењрафзо ва машъали тобон, бонувон хонахудои дудмон, занон идоматбахши наслу авлод ва духтарон зи љон мањбубтари њар як хонадон ба шумор мераванд. Модарон њамчун чароѓи хонавода барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танњо бо мењру муњаббат, сухани нарму беолоиш ва пиндори шоистаи модарон фарзандон дуруст ба камол расида, обрўи оиларо дар миёни хешу табор, ањли љомеа ва берун аз он баланд мебардоранд. Модарон бо насими файзи рўзгорашон боѓи маърифати моро аз навнињолони фарњангдўсту адабпарвар бою ѓанї гардонида, фарзандони солим, нури дидагони солењ ва ояндагони сертолеъро дар љамъияти мо ба воя расонида истодаанд. Пешвои миллат Эмомалї РАЊМОН

ЗАН-МОДАР ЧАРОЃИ ХОНАДОН, МАШЪАЛАФРЎЗИ ОИЛА ВА ТАРОВАТБАХШИ ЗИНДАГЇ АСТ ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА БАХШИДА БА РЎЗИ МОДАР

Басо рамзист, ки њамасола бо омадани бањор, бедоршавии табиат ва шукуфтани гулњо Рўзи модар истиќбол карда мешавад. Љашни модарон бо бањор тавъам буда, зебоию назокат, муњаббату самимият ва зиндагї аз каломи модар ибтидо мегирад. Модарону хоњарони азизро ба ин муносибат табрику тањният гуфта, таманнои хушбахтї, саломатии бардавом ва рўзгори пурфайзу хуршеди дурахшони истиќлолияту вањдатро барояшон орзу дорам. Модар азизтарин мављуди рўйи замин мебошад ва зиндагї аз нафаси гарму дилнавози ў оѓоз мегирад. Зан-модар сарчашмаи мењру вафо, олињаи зебої, рамзи ишќи љовидонї, нахустин мураббї ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи мењру садоќат, самимият ба зиндагї бофта шуда, мароми ў дар њаёт пояндагии вањдату оромї, сарбаландию саломатии фарзандон аст. Воќеан њам тамоми таърихнигорону файласуфон, нависандагону ситорашиносон, бостоншиносу олимон, рассомони дунё муњаббати зан-модарро васф карда, дар асарњои илмию бадеї ва пажўњишњояшон модарро оѓози њама оѓозњо, сарчашмаи зиндагї гуфтаанд, ки њаќиќати воќеї аст. Дар ситоиши зан-модар волотарин суханњо гуфта шуда, симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуљоъ, ватандўсту мењанпараст, озодихоњу адолатпарвар ва кадбонуву њунарманди тољик дар масири таърих дар матнњои суѓдиву пањлавї ба таври барљаста тасвир ёфтааст. Зан-модар олињаи зебої, манбаи мењру сафо, рањму шафќат ва равшанга-

ри зиндагї буда, љањонро бо озодагиву нафосат ва малоњати худ рўњи тоза мебахшад. Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба маќому манзалат, ќадру ќимат ва иззату эњтироми модарону занон арљ гузошта, занонро њамчун олињаи покиву садоќат, машъалафрўзи зиндагї, мураббии ѓамхору мењрубон ва њидоятгари некиву накўкорї ситоиш кардааст. Дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ѓайриимкон аст. Сањми занон ва модарон хусусан дар соњањои илму маориф, фарњанг, тандурустї ва дигар соњањои њаёти иљтимоиву иќтисодии вилоят торафт назаррас мегардад. Њукумати Љумњурии Тољикистон њанўз аз оѓози соњибистиќлолї вобаста ба тањкими маќому манзалат ва таъмини риояи њуќуќи конститутсионии занон тамоми тадбирњои заруриро андешида, онњоро мутобиќи меъёрњои љомеаи демократї, њуќуќбунёд ва дунявї амалї мегардонад. Ширкати фаъолонаи занон дар маъракаи муњими сиёсї - интихоботи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, маљлисњои мањаллии вакилони халќи вилоят, шањр, ноњия ва љамоат, пешбарї, интихоб ва ба пирўзї ноил гардидан, нишонаи торафт мустањкам шудани маќом, мавќеъ ва манзалати зан дар љомеа мебошад. Ќайд кардан ба маврид аст, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон бо маќсади баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа, таъмин намудани баробарњуќуќии мардону занон, тарбия, интихоб ва љобаљогузории кадрњои роњбарикунанда, аз љумла занону духтарони лаёќатманд як силсила асноди заруриро ќабул намуд ва онњоро амалї карда истодааст. Њадафи ин санадњо, пеш аз њама, арљгузорї ба њуќуќу озодињои занон, баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа, тавсеаи наќши ў дар њаёти сиёсї ва иќтисодиву иљтимоии мамлакат, фароњам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад. Дар натиљаи амалї гардидани ин тадбирњо солњои охир теъдоди занони мутахассису соњибтаљриба дар зинањои мухталифи њокимият, аз љумла дар маќоми олии ќонунгузор, њокимияти судиву иљроия ва тамоми сохтору

маќомоти давлативу љамъиятї торафт афзоиш ёфта, онњо дар рушду пешрафти самтњои мухталифи хољагии халќ сањми арзандаи худро гузошта истодаанд. Наќши модар махсусан дар тарбия, омўхтани забон, таъриху фарњанг, донишњои муосир ва дар маљмўъ, камолоти маънавию ахлоќии фарзанд, барљаста ва њатто муайянкунанда мебошад. Аз ин рў, фаромўш набояд кард, ки волидайн ва махсусан, модарони имрўза фарзандони худро ба камол расонида, таърихи ояндаи ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эљод мекунанд. Дар тамоми даврањои таърихии миллати тамаддунофари тољик ќадру ќимати зани тољик њамеша баланд буд ва дар инкишофи фарњанги миллї хизматњои ў босазо мебошад. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар замони соњибистиќлолии мамлакат дар доираи сиёсати иљтимоии худ ба масъалањо ва мушкилоти занон пайваста таваљљуњ зоњир намуда, барои тадриљан аз байн бурдани онњо кўшиш ба харљ медињад. Бо маќсади танзими њаёти занон ва њаллу фасли масъалањои љойдошта дар асоси санадњои меъёрию њуќуќии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва барномањои давлативу миллї дар вилоят як ќатор корњоро анљом дода, масъалањои љалби занон ба корњои давлатдорї, идораи соњањои иќтисодиёту иљтимоиёт, фароњам овардани љойњои нави корї, тайёр намудани кадрњои болаёќат аз њисоби љавондухтарон, бењдошти хизматрасонии тиббї, пешгирї намудани фавти модару кўдак ва риояи баробарњуќуќии занону мардон тадриљан ба эътидол оварда мешаванд. Дар заминаи тадбирњои зикршуда њайати роњбарикунандаи тамоми маќомоти идоракунии давлатї аз њисоби занон торафт афзун мегардад. Ба њолати имрўза шумораи занони роњбар ба 6586 нафар расидааст, ки 1070 нафар нисбат ба соли сипаришуда зиёд мебошад. Дар оянда низ маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят дар бобати баланд бардоштани наќши занон дар љомеа тадбирњои иловагї меандешад. Пайѓамбари дини мубини ислом њазрати Муњаммад (с) дар њадиси худ таъкид намудааст: «Њуќуќи зан муќаддас аст, пас њуќуќи ононро ба худашон бисупоред». Имрўз мавќеи занони тољикро дар тамоми корњои давлативу љамъиятї ба таври мусбат метавон арзёбї намуд. Мо бо такя ба нексириштї ва азму талоши созандаи

занон, ки воќеан илњом ва тавонбахши љомеа мебошад, Тољикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявї табдил хоњем дод. Мо - њама бояд хуб эњсос ва дарк намоем, ки ободии ватан аз ободии њар як хонадон, оила ва манзили истиќоматї ибтидо мегирад. Ободии хонадон ба солимии љисму рўњ, дунёи маънавї, маърифат, њунари кадбонугї, њавсала ва завќи бадеии зан-модар вобаста аст. Зеро зан чароѓи хонадон, машъалафрўзи оила ва тароватбахши зиндагї аст. Пойдорї ва солим будани муњити оилавї, инчунин, мављудияти низом ва сатњи зарурии зиндагї дар њар як хонадон ба сатњи маърифати занон марбут аст. Модари соњибмаърифат соњиби саломатии хуб, соњиби фарзанду оилаи солим ва соњиби зиндагии шоиста буда метавонад. Яке аз омилњои асосии рўзгори бонизом ва некўањволии хонадон масрафи оќилонаи буљети оила мебошад, ки дар он наќши занон барљаста аст. Аз ин рў, бояд занону модарон бо дарназардошти ин рисолати бузурги худ дар амалишавии ќонунњои миллї, ки њадафашон бењбудии зиндагии мардум, баланд бардоштани таълиму тарбияи фарзанд ва рушди устувори амнияти кишвар аст, сањми бештар дошта бошанд. Давлати Тољикистон ба заковати азалї ва неруи созандаи занони фарзона, оќила ва гурдофаридони тољик њамеша такя менамояд, зеро онњо дар баробари ба љо овардани вазифаи аслии худ - тањкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соњибмаърифат, бонангу номус, ватандўсту худшинос, инчунин, дар рушди иќтисодиву иљтимої ва фарњангии кишвар сањми босазо мегузоранд. Шуморо, модарону хоњарон ва фарзандони азиз, ба ифтихори љашни пуршукўњатон ва фарорасии иди бузурги суннатиамон - Наврўзи байналмилалї, ки пас аз чанде бо ќудуми фархундаи худ диёри бињиштосои моро боз њам мунаввартар месозад, самимона табрику муборакбод намуда, ба њамаатон тансињатї, хушбахтиву саодатмандї ва рўзгори хушу осуда орзумандам. Шумо - занону духтарони мењрубон, гули љомеаи мо њастед. Бигзор, чун гул чењраи шумо њамеша хандону шукуфон бошад! Саломату сарбаланд бошед!

Ба ифтихори Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї

ФОРУМИ ЊУНАРМАНДОН Боѓи фарњангу истироњати маркази шањри Кўлоб, ки ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон аз нав таъмиру таљдид гардидааст, он рўз базмгоњи њаќиќиро мемонд. Дар ин љо “Форуми њунармандони вилоят” баргузор гардида, аз шањру навоњии Кўлобу Бохтар, Леваканту Норак, Хуросон, Љомию Вахш, Шамсиддин Шоњину Муъминобод, Балљувону Ховалинг ва дигар мањалњо њунармандони варзида иштирок намуданд. Форумро мањсули дастони занону духтарони њунармандкуртањои чакану сарандозњои чакандўзишуда, болишту бардеворињо, куртањои адрасу атлас ва амсоли онњо зебу шукўњи хоса бахшида назаррабо гардонида буд. Мањсули дастони онњоро дида, бори дигар эътимод пайдо менамоем, ки гузаштагону аљдодони мо, дар њаќиќат, фарњангу тамаддуни бое доштаанд ва он то имрўз маќоми худро дар зиндагї гум накардааст. Ин њама ба шарофати Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва, алалхусус, дастуру супоришњо ва пешнињодоти Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба мардуми Тољикистон насиб гардид. Зеро дар эњё ва аз нав ба роњ мондани њунарњои фаромўшшуда Пешвои муаззами миллат хизматњои босазое намуданд. Форуми њунармандони вилояти Хатлон, ки «Њунарњои мардумї рукни муњимтарини фарњанги миллї» унвон шуда буд, аз дастуру пешнињодоти Пешвои миллат манша гирифта, аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила, шуъбаи рушди сайёњї ва Раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят роњандозї гардида буд.

омода намудани онњо суњбат орост. Зимни суњбат занони њунарманди балљувонї Сумангул Одинаева, Ширинмоњ Назирова, аз ноњияи Восеъ Мошариф Шарифова, шањри Левакант Мадина Иброњимзода аз ѓамхорињои давлату Њукумати љумњурї оид ба рушди њунарњои мардумї, ташкили чунин форумњо изњори сипос намуданд. Онњо афзуданд, ки чунин чорабинињо дар рушди соњаи њунарњои дастї наќши муњим бозида, њамчунин, имконият фароњам меорад, ки ба ин васила таљриба ва мањорату њунари худро боз њам баланд бардорем. Баробари чорабинии дар боѓ баргузоргардида, њамчунин, дар назди Кохи фарњанг намоиши њунари устоњои чўбтарош ва оњангарон, дигар намуди њунарњои косибї манзури тамошобинон гардонида шуд. Табаќу коса, ќошуќу кафлез, корд, досу каланд, афзори асп ва ѓайра аз мањорати баланди њунари мардуми тољик гувоњї медод. Сипас, дар Кохи фарњанги шањри Кўлоб љамъомадфоруми њунармандон баргузор гардид. Дар љамъомад раиси шањри Кўлоб Бањром Иноятзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Фирўза Шарифї оид ба рушди сайёњї, њунармандї дар вилоят, ѓамхорї ва дастгирињои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар пешрафту рушди њунарњои мардумї сухан ронда, афзуданд, ки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањри Кўлоб тамоми тадбирњоро роњандозї менамояд, ки њунарњои мардумї торафт рушд намуда, соњибњунарон муаррифї гарданд ва ба ин васила шавќу завќи мардум ба њунарњои волои аљдодї торафт зиёд гардад.

Иштирокчиёни форум як рўз ќабл ба шањри Кўлоб омада, ба чорабинї омодагї гирифтанд. Бо маќсади ба маърази тамошо гузоштани мањсули дастони худ онњоро болои мизњо љой дода, аз сањар аллакай омода буданд. Сокинони Кўлобшањр аз назди мизњои ороишдода гузашта, ба њунару њунармандии бонувон шинос мегардиданд. Мањсули дасти бонувонро рўи даст гирифта, онњоро аз назар мегузарониданду ба њунари волои онњо ањсант мехонданд. Дар њузури муовини раиси вилояти Хатлон Фирўза Шарифї, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят Раъно Рањимзода ва масъулини шањр гулдухтарони чаканпўши кўлобї аз ашъори шоирон дар васфи бузургии зан, њунармандии ў, хизматњои бењамтои зан, њамчунин, васфи чакану гулдўзї ва пухтупази занон шеърњо ќироат намуданд. Сипас, мењмонон бо мањсули дастони онњо шинос шуданд. Фирўза Шарифї бо занон њамсуњбат гардида, аз боби зиндагї, рўзгори онњо, тарбияи духтарон, ба зиндагї

Баъдан, дар форум олимону мутахассисони соња Абдуллоњ Њољаев, директори муассисаи давлатии мамнўъгоњи таърихїфарњангии «Њулбук», Гулбарг Боќиева, роњбари ЉДММ «Маркази њунаромўзї»-и шањри Бохтар, Љумъахон Шоинов, заргар аз шањри Бохтар, Самандар Раљабализода, омўзгори факултети таърих ва њуќуќи Донишгоњи давлатии шањри Бохтар ва намояндаи љавонон Саёњат Назарова, гирандаи стипендияи президентї, аз ноњияи Восеъ вобаста ба мавзўи «Форумњунару њунармандї ва рушду такомули он» маърўза намуданд. Дар поёни љамъомад, ба як зумра њунармандони чирадаст ва иштирокчиёни форум сипоснома ва туњфањо таќдим гардид. Дар охир, санъаткорони шањри Кўлоб зери унвони «Тараннуми њунар» барномаи љолиби њунариро пешкаши њозирин намуданд. Асалмо САФАРЗОДА, Наљот САФАРЗОДА, «Хатлон»


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.