ХАТЛОН
и 77 ррЎЎззи ОН ЛО АТТЛ ХХА
БАНЇ - ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №14 (3151)
ПанЉшанбе, 12 апрели соли 2018
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Љамъбасти семоња
ИСТЕЊСОЛИ ОРД ДАР КИШВАР БЕШТАР ШУД Дар семоњаи якуми соли љорї ба Тољикистон ба ќадри 7,1 њазор тонна орд ба маблаѓи 1,6 миллион доллари амрикої ворид шудааст, ки дар ќиёс бо њамин давраи соли гузашта 8 њазор тонна камтар аст. Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати рушди иќтисод ва савдои мамлакат, имсол њаљми воридоти гандум ба кишвар ќариб 222 њазор тоннаро ташкил дод. Орду гандум, асосан, аз Ќазоќистон ба кишвари мо ворид мешудааст. Манбаъ афзуд, ки беш аз 90%-и талаботи дохилии Тољикистон ба орд аз њисоби истењсолоти ватанї таъмин карда мешавад. Ба са-
баби афзоиш ёфтани коркарди гандум дар Тољикистон мизони воридоти орд ба кишвар коњиш ёфтааст. Масалан, агар панљ сол пеш њаљми орди воридотї ба 360 њазор тонна баробар буд, имрўз ин нишондињанда то 54 њазор тонна поин омадааст. Њоло дар кишвар 65 корхонаи истењсоли орд бо иќтидори умумии тавлиди ду миллион тонна орд дар як сол фаъолият мекунанд.
«БАРЌИ ТОЉИК» ЌАРЗАШРО БА НБО «САНГТЎДА-1» БАРМЕГАРДОНАД Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброњим бо роњбарони блоки раёсати дороињо ва ташкили кор бо дороињо дар Осиёи Марказї ва Ќафќози ЉСК «Сангтўда-1» ва директори ЉСК НБО «Сангтўда-1» дар Тољикистон мулоќот намуд. Дар мулоќот масъалањои њамкории иќтисодї, наќшаи пўшонидани ќарзи ширкати «Барќи Тољик» дар назди НБО «Сангтўда-1», имкониятњои иловагии кашфи бозорњои нави содироти барќ ба кишварњои њамсоя мавриди баррасї ќарор дода шуданд. Бо ќаноатмандї зикр гардид, ки «Барќи Тољик» соли 2017 290 млн. сомонї пардохт кардааст ва бо ин уњдадорињои худро дар назди НБО «Сангтўда-1» асосан иљро намуда истодааст. Неругоњи «Сангтўда-1» дар њудуди ноњияи Данѓара љойгир буда, соли 2009 ба кор андохта шудааст. Ин неругоњ 15 дарсади барќи Тољикистонро тавлид мекунад ва тавоноии он 670 МВТ мебошад. Тољикистон 25 дарсади сањмияњои ин неругоњ ва ширкати «Росатом»-и Русия 75 дарсади дигари онро дар ихтиёр доранд.
МАЊСУЛОТИ НАССОЉИИ «MADE IN TAJIKISTAN» Тољикистон дар радифи Ќирѓизистон, Миср, Марокаш ва Тунис ба Барномаи љањонии нассољї ва дўзандагї (Global Textiles and Clothing programme) ворид гардид, ки маблаѓгузораш Њукумати Швейтсария ва иљрогараш Маркази тиљорати байналмилалї мебошанд.
Давлатшоњ Гулмањмадзода: “Дар рушди иќтисодиву иљтимоии ватани азизамон сањми бештар дошта бошем” Љаласаи љамъбастии соњањои иќтисодї ва иљтимоии вилояти Хатлон дар семоњаи аввали соли равон баргузор гардид. Љамъомадро раиси вилояти Хатлон Давлатшоњ Гулмањмадзода њусни ифтитоњ бахшида, њозиринро бо рўзномаи љаласа ошно намуд. Дар љамъомад муовини аввал, муовинони раиси вилоят, дастгоњ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, раисони шањру ноњияњо, роњбарони ташкилоту муассисањои вилоятї ва шањру ноњияњо, раисони љамоатњо масъулини маќомоти њифзи њуќуќ, намояндагони соњањои маориф, тандурустї ширкат доштанд. Аз рўйи масъалаи якуми рўзнома муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов маърўза намуда, њозиринро бо дастовардњои соњањои хољагии халќ ошно намуд. Тавре ки равшан гардид, њаљми маљмўи мањсулоти дохилии минтаќавии вилояти Хатлон дар семоњаи аввали соли 2018 ба 2 миллиарду 471 сомонї расида, афзоиш бошад, нисбати њамин давраи соли гузашта 6,7 фоизро ташкил дод. Дар семоњаи аввали соли 2018 иљрои наќшаи андозњо бо назардошти андози иљтимоии ѓайрибуљетї 101,2 фоиз таъмин гардида, ба буља 297,5 миллион сомонї маблаѓ ворид карда шуд, ки нисбати наќша 3,5 миллион сомонї зиёд мебошад. Тавре ки нотиќ зикр намуд, тайи семоњаи аввали соли равон соњањои буљетии вилоят ва шањру ноњияњо 312 миллион сомонї маблаѓгузорї карда шуда, 89,1 фоизи маблаѓњои буљетї ба соњаи иљтимої равона гардидааст. Фаъолияти бонкњо низ дар давраи њисоботї хеле бењ гардида, ба соњањои иќтисодї 258,4 миллион сомонї ќарзњои бонкї равона намуданд, ки дар ќиёс нисбат ба њамин давраи соли 2017 11,7 миллион сомонї зиёд мебошад. Яке аз масъалањои муњиме, ки пайваста Роњбари давлат, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат Эмомалї Рањмон таъкид месозад, бунёди љойњои нави корї, ба шуѓл фаро гирифта шудани шањрвандон мебошад. Дар ин давра 75 ярмаркаи љойњои холии корї баргузор гардида, 762 нафар сокинони вилоят бо љойи кор таъмин ва дар умум 2651 нафар шањрвандон ба шуѓл фаро гирифта шудаанд. Чуноне ки муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов зимни баромад таъкид дошт, музди миёнаи мењнат ба 841,7 сомонї баробар буда, нисбати њамин давраи соли 2017 1,4 фоиз афзоиш ёфт. Ин нишондињанда дар соњањои саноати истихрољ 1851,3 сомонї, саноати коркард 1314,4 сомонї, энергетика 1771,5 сомонї, сохтмон 1164,5 ва коммуналї 987,2 сомониро ташкил медињад. Аз њисобот равшан гардид, ки тайи се моњи соли равон гардиши савдо ба 1044,3 миллион сомонї, њаљми хизматрасонии пулакї, ба ањолї ба 477,3 мил-
лион сомонї расидааст, ки нисбат ба њамин давраи соли 2017-ум 58,5 ва 40,8 миллион сомонї зиёд аст. Гардиши савдои хориљї бошад дар семоњаи аввал ба 68,4 миллион доллари амрикої расида, аз љумла содирот 37,2 миллион доллари амрикої ва воридоти молу мањсулот 31,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки мутаносибан нисбати њамин давраи соли гузашта содирот 10,8 ва воридот 10,6 миллион доллари амрикої зиёд мебошад. Чуноне ки нотиќ таъкид дошт, дар вилоят 31 лоињаи давлатии сармоягузорї амалї шуда истодааст ва маблаѓи азхудшуда 3082,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медињад. Аз љониби соњибкорони вилоят 21 лоињаи ќарзї ба маблаѓи 11,9 миллион сомонї тањия гардида, барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорї ба муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соњибкории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон» пешнињод карда шудааст. Хатлон вилояти аграрї буда, беш аз 60 фисади мањсулоти тавлидшавандаро кишоварзони вилоят истењсол менамоянд. Чуноне ки муовини раиси вилоят зимни суханронї ироа дошт, њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї дар семоњаи аввал 482,7 миллион сомониро ташкил дод, ки дар ќиёс нисбати њамин давраи соли 2017-ум 27,4 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар њамаи бахшњои хољагидорї 659 тонна сабзавот, 13,8 њазор тонна гўшт, 65,2 њазор тонна шир, 22,4 миллион дона тухм, 243,3 тонна моњї истењсол гардида, афзоиш нисбати њамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 1 то 29 фоизро дар бар гирифт. Дар бахшњои љамъиятї ва хољагињои дењќонї нисбати њамин давраи соли гузашта њамагї кишт 19,4 њазор гектар, аз љумла кишти бањорї 5,7 њазор гектар, кишти бањории ѓалладонагињо 1416 гектар, картошка 1844 гектар ва сабзавот њамагї 2258 гектар зиёд гардид. Њамин тавр, нотиќ нисбати дастовардњои чорводорон низ ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки ширљўшї аз як сар моли ширдењ 14 литр, саршумори чорвои калон 670 сар, моли майда 7731 сар зиёд гардидааст.
Саноат яке аз соњањои муњим барои баланд гардидани сатњи иќтисодї ба шумор рафта, омили асосии тараќќиёти иќтисодї аст. Њаљми истењсоли мањсулоти саноатї дар ин давра ба 1 млрд. 595,2 миллион сомонї расидааст, ки нисбати њамин давраи соли 2017-ум 306,6 миллион сомонї зиёд мебошад. Чуноне ки дар љаласа таъкид рафт, соњаи саноат сол ба сол рушд ёфта, нисбати њамин давраи соли сипаригардида афзоиши истењсоли семент 69,7 фоиз, мебел 56 фоиз, мањсулот аз пластикаи фулузї 40 фоиз, калобаи ришта 36,1 фоиз, равѓани растанї 41 фоиз, мањсулоти ќаннодї 27, орд 83 фоиз, нон ва мањсулоти нонї 6 фисадро ташкил дода, истењсоли хишти сементї 9 баробар, гаљи сохтмонї 24, истењсоли афшура 11 баробар, мањсулоти доруворї 8 ва нахи пахта 4 баробар афзоиш ёфт. Чуноне ки нотиќ таъкид дошт, тибќи дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар семоњаи аввали соли равон 12 адад корхона ва коргоњи нави саноатї бо таъсиси 135 љойи корї ташкил карда шудааст. Дар љамъомад доир ба фаъолияти муассисањои сохтмонї ибрози назар намуда, таъкид гардид, ки аз њамаи манбаъњо азхудкунии маблаѓгузорињои асосї бе сармояи хориљї ба маблаѓи 274,6 миллион сомонї, корњои сохтмону васлкунї ба маблаѓи 257,9 миллион сомонї, корњои пудратї ба маблаѓи 140,4 миллион сомонї иљро гардида, афзоиш нисбати њамин давраи соли гузашта мутаносибан 96,9-97,6 ва 64,7 фоизро ташкил дода, ба маблаѓи 76,7 миллион сомонї фондњои асосї ба истифода дода шуд. Дар вилоят 44 адад бинову иншооти истењсоливу ѓайриистењсолї ба маблаѓи 39,3 миллион сомонї, аз љумла 6 муассисаи таълимї бо 850 љойи нишаст, 5 корхона ва коргоњи саноатї, 1 неругоњи барќи обї, 23 маркази савдо ва дўконњои тиљоратї, 1 бунгоњи тиббї, 4 майдончаи варзишї ва дигар иншоот, 531 адад хонањои иќоматї дар масоњати 55,7 њазор метри мураббаъ сохта шуда, мавриди истифода ќарор дода шуд. Аз љамъомад баромад, ки дар давраи њисоботї њаљми боркашонї 5,3 миллион тонна иљро гардид. Аз њисоби њамаи манбаъњои маблаѓгузорї ба маблаѓи 1,2 миллион сомонї дар 3,3 километр таъмири роњ, 818 километр роњњо таъмири љорї, аз њисоби соњибкорон ду адад пул бо дарозии 38 метр гузаронида шуда, 8,7 километр роњњо сангфарш карда шуд. Маблаѓи умумии корњои иљрогардида 3,231 њазор сомониро ташкил дод. Муовини раиси вилоят дар баробари рушди соњањои иќтисодї нисбати фаъолияти соњањои илм
ЯК ЌАТОР ТАЃЙИРОТИ КАДРЇ ДАР ХАТЛОН 11 апрел Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон як ќатор кадрњоеро, ки ба вазифањои масъули сатњи роњбарї таъин шуданд, ба њузур пазируфтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Президенти кишвар, нахуст Сардори давлат њозиринро вобаста ба иљрои вазифа ва масъулияти роњбарї бо тарзу усулњои муосир, мењнати софдилона бањри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар нињодњои зери роњбариашон њидоят намуданд. Бо фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз он љумла раисони суди шањрњои Бохтар, Левакант ва ноњияи Панљи вилояти
Хатлон, раиси суди иќтисодии вилояти Хатлон, аз њисоби љавонону мутахассисони варзида ва поквиљдону масъулиятшинос таъин карда шуданд. Дар мувофиќа бо Президенти Љумњурии Тољикистон, прокуророни ноњияњои Мир Саид Алии Њамадонї ва Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардиданд. Бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон Ќурбонзода Амирхон Файзулло муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд. Њамчунин, бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 11 апрел Љалолиддин Шукуров аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентї барои хонандагони болаёќат дар шањри Кўлоб» озод
ва ба љойи ў Одилзода Дилбар Рањим роњбари ин муассиса таъин карда шуд. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат зимни суњбат ба њар як хизматчии давлатї таъкид намуданд, ки дар доираи санадњои танзимкунандаи фаъолияти соњавї кори бонизому дуруст ва самараноки самти вобасташударо таъмин карда, дар иљрои вазифаву масъулият бо љиддият, поквиљдонї садоќат ба Ватану миллат муносибат намуда, тамоми неруи аќлониву љисмонї ва таљрибаи касбкардаро бањри ободии сарзамин ва мубориза бар зидди зуњуроти номатлуби љомеа ва сабабу монеањои пешрафту тараќќиёти кишвар равона намоянд. «Хатлон»
ва маориф, тандурустї ва фарњанг низ ибрози назар намуд. Тайи се моњи соли равон варзишгарони вилоят дар 16 мусобиќаи љумњуриявї ва байналмилалї ширкат варзида, 55 медали тилло, 72 медали нуќра ва 84 медали биринљї ба даст оварда, соњиби 211 медал шуданд, ки нисбати њамин давраи соли 2017-ум 8 медал зиёд мебошад. Дар семоњаи аввали соли равон дар њудуди вилоят 1303 адад маъракањои суннатї ва 118 љуфт тўйњои домодиву арўсии хайриявии дастаљамъона гузаронида шудааст. Пас аз шунидани маърўзаи муовини раиси вилоят Раљабалї Раљабов раиси вилоят Давлатшоњ Гулмањмадзода аз раисони шањру ноњияњои А. Љомї, Восеъ, Ёвон, Муъминобод, Љайњун ва Панљ оид ба бурду бохт ва камбудињои љойдошта пурсиш ба амал оварда, бањри ислоњи сариваќтии онњо дастуру супоришњои мушаххас дод. Њамчунин роњбари вилоят аз масъулини соњањои иќтисод ва иљтимоиёт, раисони љамоатњои дењот пурсиш ба амал оварда, бањри пешбурди фаъолият маслињатњои муфид дод. Аз љумла таъкид дошт, ки кушода гардидани роњи оњан ба љумњурии њамсоя имкон фароњам меоварад, ки кишоварзон мањсулоти бо араќи љабин рўёндаи хешро ба хориљи кишвар ба фурўш бароварда, сатњи зиндагии хешро баланд бардоранд. Яъне дењќонон метавонанд њарчи бештар мањсули мењнати хешро тариќи роњи оњан бемамониат ба хориљи кишвар содирот намоянд. Њамчунин, роњбари вилоят ба масъулин оид ба додани њисоботи аниќи оморї супориш доданд. Давлатшоњ Гулмањмадзода зимни суханронї дар љамъомади љамъбастии соњањои иќтисодиву иљтимоии вилояти Хатлон дар семоњаи аввали соли равон таъкид дошт, ки дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатиашон ба Маљлиси Олї бояд дастурамали кории њар як нафар масъулин дар шањру навоњї ва мањалњо гардад. «Бањри ободониву гулгулшукуфоии диёрамон бењтару бештар кўшиш ба харљ дињем. Рўйдоди таърихї аввали соли равон дар рўзи таљлили Наврўзи байналмилалї дар маљмааи Созмони Милали Муттањид оѓоз бахшидан ба Дањсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ба шумор меравад. Иќдомњои башардўстонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалї Рањмон њар яки моро водор месозад, ки дар рушди иќтисодиву иљтимоии ватани азизамон сањми бештаре дошта бошем», - таъкид дошт роњбари вилоят. ВАХШОНА, “Хатлон”
15 апрел Ќањрамони Тољикистон Садриддин Айнї 140-сола мешавад
УМРИ АЙНЇ АЗ БАРОИ ХАЛЌ САРФИ ХОМА ШУД «Корномаи устод Садриддин Айнї дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ў барои њифзи њувияти тољикон ва ба сифати миллати ќадимї эътироф гардидани онњо сарф шудааст. Дар ин хусус худи устод дар маќолааш бо номи «Таќдири як халќ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобњои зиёде навиштаам, ки њамаи онњо ба як мавзўъ бахшида шуда, аз як мавод фароњам омадаанд. Њамаи ин китобњо – дар бораи тољикон ва Тољикистон, дар бораи кишвари кўњистони ман, дар бо-
раи хоки муќаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар ќарни њафт ба худ номи «тољик»-ро гирифт». Устод Айнї дар аввали асри ХХ дар маќолаву очеркњо, шеъру достонњо ва повесту романњои худ аз таърих, забон, адаб ва њунару фарњанги миллати тољик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносї даъват мекард. Маќолањои ў ва махсусан, китоби «Намунаи адабиёти тољик» дар солњои бистуми асри гузашта ба
(Идома дар сањ. 2)
Барномаи нави чањорсола, ки барои солњои 2018-2021 тарњрезї шудааст, маќсад дорад, ки содироти мањсулоти нассољї ва дўзандагиро аз Тољикистон боло барад ва ба ин восита дар кишвар љойњои нави корї ва имконияти дарёфти даромад барои тамоми соња фароњам орад. Мавриди зикр аст, ки соњаи нассољї ва дўзандагї яке аз соњањои калидї ва ояндадори содиротї дар иќтисоди Тољикистон мањсуб мегардад.
Аз нигоњи њаљми содирот, бо шумули содироти нахи пахта, ин соња дар маќоми дуюм ќарор дорад. Њарчанд Тољикистон таќрибан 90%-и нахи пахтаашро њар сол содир мекунад, љумњурї љињати бунёди занљираи комили коркарди ашёи хом ба мањсулоти тайёр ќадамњои стратегї гузошта, ният дорад ба бозорњои хориљї бо мањсулоти тайёри нассољии «Истењсоли Тољикистон» барояд.
ЯК РЎЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ РОЙГОНИ ТИББЇ Шанбеи гузашта дар маркази саломатии шањри Бохтар ва тамоми шањру навоњии вилояти Хатлон бахшида ба Рўзи умумиљањонии саломатї тањти шиори «Фарогирии умумии ањолї ба хизматрасонии тиббї» машварат, муоина ва ташхиси ройгони тиббии беморон сурат гирифт. Маќсад аз баргузории чорабинии мазкур пешгирии беморињои гуногун ва маълумоти бештар расонидан ба ањолї мебошад. Барои шањрвандон муоинаи ройгон ташкил карда шуда, њамзамон аз тарафи мутахассисон маслињатњо оид ба пешгирии беморињо дода шуд. Дар ин рўз танњо дар Маркази саломатии шањри Левакант ба 213 нафар шањрвандон хизмати тиббии ройгон расонида шуд.
КИШТИ ПУНБА ДАР МАЙДОНИ 4000 ГЕКТАР Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон хабар доданд, ки имсол дар ноњияи Данѓара дар майдони 4000 гектар тухми пунбадона кишт хоњад шуд. Ба иттилои манбаъ, пахтакорони Данѓара ба мавсими кишт омодагии хуб дида, њар рўз ба њисоби миёна дар майдони 300-320 гектар (ба ќадри 7-8 фоизи наќша) кишти пунбадона мегузаронанд. То имрўз дар майдони беш аз 3,5 њазор гек-
тар пунба кишт шудааст. «Ин нишондињанда ва рафти кишт аз он шањодат медињад, ки пахтакорони данѓарагї аз љумлаи нахустинњо шуда, миёни пахтакорони навоњии минтаќа дурнамои кишти пахтаро ба иљро мерасонанд», - афзуд манбаъ.
АЗМИ АЗСАРГИРИИ КОРИ «ТЕНТА КЎЛОБ» Корхонаи коркарди нахи пахта «Тента Кўлоб» пас аз таваќќуфи сесола дубора ба фаъолият оѓоз хоњад кард. Дафтари матбуотии шањрдории Кўлоб ин хабарро тасдиќ карда, афзуд, ки ин корхона аз љониби соњибкорони хитої ба иљора гирифта шуда, феълан дар он умури таъмиру бозсозї љараён доранд. Ќарор аст, ки корхона моњи майи соли равон бо иќтидори пурра ба кор шурўъ карда, зиёда аз 150 нафар сокинони мањаллиро бо љойи кор таъмин намояд. Ќобили зикр аст, ки дар шањру дењоти Кўлоб 8 корхонаи хурду бузурги коркарди пахта фаъолият доранд.
«КАДБОНУИ БЕЊТАРИН» МУАЙЯН МЕШАВАД Дар ноњияи Муъминобод ба муносибати Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї озмуни “Кадбонуи бењтарин” баргузор гардид. Тавре ки ба рўзномаи “Хатлон” аз бахши кор бо занон ва оилаи ноњия хабар доданд, озмуни ноњиявии “Кадбонуи бењтарин” дар сатњи љамоатњои шањраку дењоти ноњия ва ташкилоту муассисањо гузаронида шуда, маќсад аз баргузории он густариши њунарњои пазандагї, эњё намудани њунарњои мардумї, дарёфти бењтарин донандагон ва пазандањои таомњои ќадима ва замонавї ва ба ин васила
тарѓиби расму ойинњои миллї аст. “Ба ин восита мо ба дастгирии њунари кадбонугии бонувон, љалби духтарон ба њунарњои пазандагї, эњёи таомњои миллї, љалби духтарону бонувони хонанишин ба корњои љамъиятї муваффаќ хоњем шуд”, - зикр кард манбаъ. Аз тарафи њайати њакамон, инчунин бо иштирокчиён оид ба масъулияти оиладорї ва рўзгордорї саволу љавоб доир гардид.
АВВАЛИН ПИРЎЗИИ “ПАНЉШЕР” ДАР ЛИГАИ ОЛЇ Дар даври чањоруми мусобиќаи ќањрамонии футболи Тољикистон миёни дастањои лигаи олї дастаи «Панљшер»-и ноњияи Љалолиддини Балхї дар майдони худ тими «Барќчї»-и Њисорро бо њисоби 2:0 шикаст дод. Пирўзии аввалинро дар мусобиќаи имсола ба «Панљшер» ду голи Алишери Њотам овард. Дар бозии дигари даври чањорум ССКА «Помир»-и Душанбе бар дастаи мењмон - «Хатлон»-и Бохтар – бо њисоби 2:1 пирўз шуд. Ба ин тартиб, баъди натиљагирии даври чањорум дар љадвали мусобиќа дастаи «Хуљанд» бо 10 имтиёз дар маќоми аввал ќарор дорад. Тими «Истиќлол», ки як бозї камтар кардааст, бо 9 имтиёз маќоми дувумро касб намудааст. ССКА «Помир»-и Душанбе бо 6 имтиёз дар зинаи севум љойгир шудааст. Дар даври панљуми мусобиќа «Хатлон» бо «Кўктош»-и ноњияи Рўдакї (13-уми апрел) ва «Регар-ТадАЗ» бо «Панљшер» (14-уми апрел) вомехўранд.
Хабарњои бештар ин љост:
www.khatlon-ruznoma.tj