Skip to main content

Рузномаи Хатлон Шумораи №6-2021

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №6 (3295)

ПАНЉШАНБЕ, 4 феврали соли 2021

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

«Соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истењсолї, иљтимої ва фарњангии ба истиќболи љашни сисолагии истиќлол банаќшагирифташуда, ки бештари онњо иншооти соњањои маориф, тандурустї ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо њамин роњ дањњо њазор љойи нави корї муњайё карда шуданд. Бо истифода аз фурсат, ба хурду бузурги Тољикистон, аз љумла ба соњибкорону шахсони саховатманд барои фаъолияти софдилона ба хотири ободиву пешрафти Ватани мањбубамон миннатдории самимї баён менамоям». (Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, 26 январи соли 2021) Ќабули сайёри раиси вилоят

ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА: «ТАМОМИ НЕРУ ВА МАЛАКА БАЊРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИЌТИСОДИЁТ» Рўзи шанбе ќабули сайёри раиси вилояти Хатлон дар ноњияи Љайњун баргузор гардид. Дар љамъомади васеъ, ки бо фаъолону сокинони ноњия доир гардид, сараввал узви Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ќурбон Њакимзода оид ба Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон-Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї”, ки рўзи 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, сухан ронда, таъкид дошт, ки Паёми Роњбари давлат ба Маљлиси Олї дас-тур ва наќшаи кории фаъолияти њар як масъул, шањрванд бояд бошад. Сарвари вилоят зикр намуд, ки иќтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4, 5 % афзоиш ёфта, њаљми маљмўи мањсулоти

дохилї ба 82, 5 миллиард сомонї баробар гардид. Дар ин давра 9,7 % афзоиш ёфтани истењсоли мањсулоти саноатї, кишоварзї 8,8 ва гардиши савдои хориљї

0,8 %, аз љумла содирот дар њаљми 19,8% заминаи рушди иќтисодии кишварро ба вуљуд овард. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода зимни мулоќот оид ба дастовардњои соњањои иќтисодиву иљтимої, ки дар Паёми Роњбари давлат ироа гардида буд, сухан карда, ба кишоварзони ноњияи Љайњун љињати истењсоли мањсулоти кишоварзї, афзун намудани њаљми маљмўи мањсулот ва содирот изњори сипос намуд. Номбурда аз он изњори нигаронї намуд, ки дар баробари дастовардњои соњаи кишоварзї њанўз њам дар фаъолияти дигар соњањо, аз љумла иљтимоиву иќтисодї камбудињо ба назар мерасад. Аз ин рў, ба масъулини соњањои дахлдор, роњбарияти ноњия љињати ислоњи камбудињо супоришу дастурњои мушаххас дод. Сипас, роњбари вилоят арзу матлаби

беш аз 20 нафар сокинони гуногунсолу гуногункасби ноњияро шунид. Роњбари хољагии дењќонии “Фотењ” Љамшед Асаќолов љињати људо намудани ќитъаи

замин барои сохтмони сардхона, нуќтаи фурўши нурињои минералї ва тухмии зироатњо арзи матлаб намуд. Равшан гардид, ки самти фаъолияти хољагї боѓдорї буда, бунёди сардхонањо имкон медињад мањсули дастранљи боѓдорону кишоварзон бе талаф захира гардида, сипас ба

бозору дигар нуќтањои фурўш, аз љумла хориљи кишвар бароварда шавад. Сафарбек Назаров, сокини Љамоати дењоти “Панљ”, дењаи Фатњобод зимни мурољиати хеш ба раиси вилоят бобати људо намудани ќитъаи замин арзи матлаб намуд. Номбурда ёдовар гардид, ки агар ќитъаи замин људо гардад, тариќи њашар сохтмони бунгоњи тиббиро оѓоз менамоянд. Дар ин радиф Аюб Муродов, аз Љамоати дењоти “Истиќлол” доир ба људо намудани ќитъаи замин, њуљљатгузорї ва дастрас намудани лоиња барои сохтмони бунгоњи тиббї дар дењаи Махдумќулї хоњиш намуд. Њамин тавр, Хайринисо Шермато-

ва, вакили Љамоати дењоти “Яккадин”, Њимоиддин Давлатов, роњбари хољагии дењќонии “Њумо”, Мањмуд Искандаров, омўзгор, Сайфиддин Њасанов ва нафаќахўр Холмо Пулодова, инчунин Абдулмуќадир Комилов, сокини дењаи Телман, Фотима Њамидова-роњбари хољагии дењќонии Субњон, аз Љамоати дењоти “Панљ”, Маснавї Сатторова, аз Љамоати дењоти “Вањдати миллї”, Сайдакбар Њољиев, аз Љамоати шањраки “Дўстї” оид ба масъалањои вобаста ба тоза кардани зањбуру зањкаш, таъмини барваќтии оби полезї, људо намудани ќитъаи замин барои сехи истењсоли дару тиреза ва осиёб, сохтмони майдончаи њозиразамони варзишї, таъмини аробачаи маъюбї, бунёди гармхонаи лимўпарварї аз њисоби заминњои хољагї, таъмини оби нўшокї, људо намудани ќитъаи замини наздињавлигї мурољиат намуданд. Абдуљаббор Хайруллоев, аз Љамоати дењоти "Ќумсангир", намояндаи хољагии дењќонии “Гулбањор” ва намояндаи хољагии дењќонии “Ализода” бобати бањси хољагињои дењќонї арзи матлаб намуданд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода, ба масъулини соњањои дахлдор љињати њаллу фасли масъалањои пешнињоднамудаи шањрвандон дастуру супоришњои мушаххас дод. Роњбари вилоят ба раиси ноњия ва масъулин љињати омодагии њамаљониба ба 30-юмин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар самти бунёди иншоотњои љашнї ва ба њисоботњои оморї ворид намудани иншоотњои бунёдгардида дастуру супориш дод. А. САФАРЗОДА, «Хатлон»

ЉАШНИ САДА ДАР ШАЊРИ ДУШАНБЕ Дар Боѓи фарњангию фароѓатии Абулќосим Фирдавсии шањри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе љашни Сада бо шукўњу шањомати хосса ва намоиши нињолону тухмии зироат, анвои гуногуни таомњои миллї ва њунарњои мардумї таљлил карда шуд. Дар он аз љумла кишоварзони вилоятњои Суѓд, Хатлон, ВМКБ, ноњияњои тобеи љумњурї иштирок намуданд. Дар ин рўз чун анъанаи љашнорої аз љониби кишоварзон дастархони љашнї ороста шуда буд. Дар дастурхони љашнї, бештар донагињо (гандум, лўбиё, нахўд, наск, мош, арзан ва ѓайра), инчунин, хўрокњои хушлаззат-мошкичирї, лўбию нахўдшўрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринљ, ширкаду, ќурутоб, фатирмаска, дўѓљўшї, умоч, шўрбо ва ѓайра пешнињоди мењмонон гардонида шуданд. Бори аввал дар базмгоњи љашни бостонии Сада дар радифи намоиши нињолу зироати кишоварзї, њунарњои мардумї ва дигар мањсулоте, ки ифодагари ин љашн аст, бо иќдоми Кумитаи рушди сайёњии назди Њукумати

љумњурї гўшаи имкониятњои сайёњии кишвар пешнињоди иштирокдорон гардид. Дар љашнгоњ дар гўшаи сайёњии мамлакат бори аввал намоиши “Мастер клас”-њои њунармандї, рўнамои сайёњии кишоварзї, кулолгарї, заргарї, малакаи сайёњї, викторина барои тамошобинон, намоиши автомобилњои сайёњї, милитсияи сайёњї, велосипедњо, имкониятњои сайёњии кўњнавардию лижатозї ва кемпинги сайёњї аз хаймањо пешкаши дўстдорони сайру сайёњат гардонида шуда, маводњои иттилоотии сайёњї бо забонњои тољикию русї ва англисї ба мењмонон ва дўстдорони сайру сайёњат таќдим гардид. Њамчунин, дар ин рўз намоиш-фурўши нињолњои мевадињандаву ороишї ва гулу буттањо баргузор гардид, ки мардум бо нархи дастрас аз онњо харидорї намуданд. Сипас, аз љониби Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ба иштирокдорони фаъол Ифтихорнома ва туњфањои хотиравї таќдим гардид, ки дар ин миён бењтарин кишоварзони вилояти Хатлон низ дохил буданд. «Хатлон»

АЁДАТИ СОБИЌАДОРИ МЕЊНАТ

Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар доираи сафари кории худ ба ноњияи Љайњун собиќадори мењнат Назаралї Абдурасуловро аёдат намуд. Назаралї Абдурасулови 68-сола собиќаи беш аз 40-солаи кор дар самти иќтисоду кишоварзї ва хизмати давлатї дорад. Солњои 2006-2016 дар маќоми муовини якуми раиси ноњияи Љайњун кори пурсамар кардааст. Зањматњояш бо ифтихорномањои Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон ва раиси вилояти Хатлон ќадрдонї карда шудаанд. Раиси вилоят аз замини наздињавлигии Н. Абдурасулов дидан карда, барои истифодаи

самарабахши он бањои баланд дод. Назаралї Абдурасулов 18 сотих замини наздињавлигиашро њамроњи фарзандон пурсамар истифода намуда, њар сол то се њосил мерўёнад. Инчунин, дар гармхонааш лимўпарварї карда, аз њисоби даромадаш корњои ободонї ва боѓ бунёд мекунад. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода фаъолияти бисёрсолаю бенуќсони Н. Абдурасулов, дастовардњояш дар соњаи кишоварзию боѓдориро намунаи ибрат арзёбї карда, ќайд намуд, ки аз таљрибаю машварати ў дар пешбурди корњои кишоварзї мутахассисони љавон бояд фаровон истифода баранд.

Мењрнома Фаъолияти кории ман давоми солњои мављудияти собиќ Иттињоди Шўравї ва дар даврони соњибистиќлолии Љумњурии Тољикистон сипарї гардидааст. Айни замон нафаќахўр буда, зери осмони софу амнияти кишвар, дар њалќаи фарзандон давлати пирї меронам. Давоми фаъолияти кориам бо бисёр роњбарони ваќт суњбату вохўрињо доштам. Вале онњоро бо роњбари кунунии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќиёс карда наметавонам. Зеро он зањмату мењнате, ки ин марди фидої барои Тољикистону мардуми он кашидааст, назирашро таърих ёд надорад. Сулњу сафо дар Тољикистони љангзада, баргаштани фирориёни иљборї ба ватан, вањдату ягонагии мардуми Тољикистон, барќарор намудани харобињои љанг, сохтмону бунёди иншоотњои бузург, роњу пулњо хизмати фарзанди фарзонаи миллати тољик муњтарам Эмомалї Рањмон аст. Дигар бахшњои истењсоливу иљтимої ва фарњангї низ аз зањмату талошњои ин марди фидої сарчашма мегиранд. Дар ин росто мехоњам, ки дар бораи як бахше аз зањмату талошњои Пешвои миллат дар соњаи фарњангу адабиёт, дастовардњои миллати тољик андешањои хешро иброз намоям. Хотир-

ХУДОВАНД МАДАДГОРАТОН БОШАД, ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МАН! расон намудани сањми Пешвои миллат дар арљгузории бузургони ањли адабу пешвоёни мазњабамон, эњёи ёдгорињои таърихии миллат ва дигарњо аз зумраи њамин хислатњои фарњангпарваронаю фарњангдўстї, эътибори хоса додан ба дастовардњои ниёгону ањли адаб ба шумор меравад. Бунёди «Китобхонаи миллии Тољикистон», нашри асарњои гузаштагон ва муосири имрўза бошад, аз нав нашр намудани китоби «Тољикон» академик Бобољон Ѓафуров ройгон ба њар оила таќдим намудани он аз њамин ќабил мебошад. Шоњиди як воќеае шудаам, ки он фарњангдўстию адибпарварии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмонро хеле хуб инъикос менамояд ва он њељ гоњ аз хотирам нахоњад рафт. Моњи сентябр буд. Болои дењаи Шайдон чанд чархбол парвоз мекард. Ба ростї, дилам тањ зад. Вале ба зудї хабар ёфтам, ки шоирону нависандагон ба ин љо меоянд. Љои исташон назди Шаршара, њамон Шаршараи номдори Сари Хосор будааст. Чаро ман

њам наравам. Охир ман сарвари хољагии «Гулдара»-и ноњияи Ховалинг, њоло тобеи ноњияи Балљувон будам. Ва ин Шаршара дар њудуди хољагии ман ќарор дорад. Пас аз чанде худро он љо гирифтам. Дар њаќиќат, он љо аллакай нафарони зиёде љамъ омада, сайругашт мекарданд. Чанд нафари онњоро шинохтам. Муъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї, Гулназар Келдї, Аскар Њаким, Абдулњамид Самад аз љумлаи онњо буданд. Раиси ноњияи Ховалинг шодравон Тољиддин Рауфов низ онљо буданд. Чанд кат барои мењмонон ороста шуда буд. Вале мењмонон аз катњо дида ба табиати атроф дилбастагї доштанд. Шояд аксари онњо бори аввал ин манзарањоро медиданд, ки шукронаи оби сарду болаззат, ин замини файзрез ва ин ватани аљдодї мекарданд. Муддати зиёде нагузашта, боз як чархболи дигар омада, ба замин нишаст. “Ташаббускори ин саёњат низ омаданд”, гуфтанд мизбонон. Сардори давлат муњтарам Эмомалї Рањмон аз чархбол поин шуда, назди адибон омад. Мењмонон баъди истиќболи Сардори

давлат дар катњо љой гирифтанд. Онњо дар васфи ин гўшаи зебоманзар сухане гуфта, шеъре ќироат мекарданд. Сардори давлат муњтарам Эмомалї Рањмон назди њар кат мерафт, бо адибон менишаст, суњбат мекард. Ин манзараро дида, бори дигар ба хоксорию фарњангсолорї, инсондўстию њимматбаландии Пешво офарин хондам. Дар рафти суњбат фањмидам, ки ин гурўњи адибонро Сардори давлат аз гўшаю канори мамлакат љамъ намуда, ба ин гўшаи дурдасти кишвар, манзарањои дилфиреб овардааст, то соате њам бошад, фароѓат ёбанд, ѓаму андуњи гузаштаро фаромўш намоянд. Чи амри хайре. Ва ин корро танњо нафаре карда метавонад, ки дилаш ба ватан, халќаш месўзад, ба адибонаш, ањли илмаш ихлосу эътиќоди бузург дорад. Дар ин вохўрї ман бо шоирону нависандагони њамсинну солам Муъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї, Аскар Њаким ва нависанда Абдулњамид Самад аз наздик шинос шуда, суњбат оростем. Ва њатто барои хотира бо Муъмин Ќаноат, Лоиќ

Шералї ва Гулназар Келдї расм њам гирифтем. Чи одамони муътабаре буданд ин нафарон, ёдашон бахайр. Аз ин сафар на танњо адибон лаззати маънавї гирифтанд, балки ањолии Љамоати дењоти “Сари Хосор” алалхусус фарзандони онњо низ бањра бурданд. Њангоми вохўрї раиси ноњия аз мушкилоти таълими фарзандони ањолии дењоти Сари Хосор, дурии мактаби онњо сухан кард. Сардори давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ваъда дод, ки дар ин љо як интернати замонавї бунёд карда мешавад, то мушкилоти хонандагон бартараф гардад. Дар муддати кўтоњ ин мактаб-интернат сохта шуд, ки хонандагонро ба оѓуши худ гирифт. Хонандагон то синфи чор дар дењаи худ хонда, баъдан синфњои болоиро дар ин мактаб-интернат идома медоданд. Њоло аз ин мактаб-интернат кадрњои зиёде баромада, дар соњањои гуногуни хољагии халќ фаъолият мекунанд. ... Аз сафари Пешвои миллат ба ин гўшаи дурдасти кишвар, њусни таваљљуњи Сардори давлат ба ањли фарњанг, адибони кишвар ва њамчунин, таваљљуњашон

ба соњаи маориф, таълиму тарбия таассуроти хотирмон бардошта, бори дигар эњсос кардам, ки муњтарам Эмомалї Рањмон Президенти мардумї њастанд. Мо аз ин шукргузор буда, ба Асосгузори сулњу вањдати миллї- Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон изњори сипос намуда, хоњони онем, ки солњои минбаъда низ болои сари мардуми тољик, халќи Тољикистон роњбарї намуда, онњоро ба сўи ќуллањои навини зиндагї рањнамун созанд. Худо мададгоратон бошад, Пешвои миллати ман! Ќувваталї САИДОВ, нафаќахўр, сокини ноњияи Восеъ


2

ХАТЛОН

ПАНЉШАНБЕ, 4 феврали соли 2021, №6 (3295)

Њамовозї ба Паём

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАШАББУСЊОИ БОНУВОНРО ЊАМЕША ДАСТГИРЇ МЕКУНАНД

ИФТИТОЊИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШЇ 30 январ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода дар ноњияи Љайњун майдончаи варзишї барои бозии баскетбол ва волейбол мавриди бањрабардорї ќарор дода шуд. Ин майдонча љузъе аз маљмааи варзишиест, ки дар боѓи марказии фароѓатї

фарњангии ноњия аз љониби соњибкори мањаллї Ќудратулло Собиров бо сарфи зиёда аз 240 њазор сомонї ќомат афрохтааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба сифати корњои сохтмонї бањои баланд дода, иќдоми соњибкорро шоистаи тањсин хонд. Тибќи иттилои соњибкор Ќ. Сабуров майдончаи варзишї то љашни 30-солагии Истиќлоли давлатї болопўшида хоњад шуд. Дар як шабонарўз то 100 нафар љавонон дар иншооти мазкур ба намудњои гуногуни варзиш, аз љумла волейбол, теннис, баскетбол, муштзанї,

гуштї машѓул мешаванд. Инчунин, барои машќу тамрини дастаи яккачини духтарони волейболбози ноњияи Љайњун шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Ќайд гардид, ки барои бунёди маљмааи варзишї (майдончаи варзишї, љойи тамрини гўштингирону бокс-

чиён) ва бо асбоби варзишї муљањњазонидани он наздик ба ним миллион сомонї масраф шудааст. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода даъват намуд, ки шумораи њарчи бештари љавонон, аз љумла духтарони варзишгар ба машќу тамрин љалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танњо барои тарѓиби тарзи њаёти солим, балки омодасозии чемпионњои ояндаи вилояту мамлакат аз якчанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон

ТУЊФАИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА РАЉАБАЛЇ АЛИШЕР

Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маљлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки дар сиёсати иљтимоии давлату Њукумати Тољикистон ба масъалаи баланд бардоштани маќоми занону бонувон дар њаёти љомеа диќќати љиддї дода мешавад. Дар њаќиќат, бо дастгирии Сарвари мамлакат тўли солњои соњибистиќлолї бонувони лаёќатманд ва соњибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатї ва идоракунии давлат бештар љалб гардида, сањми занон дар рушди соњањои маориф ва тандурустї, пешрафти иќтисодиёт ва арсаи кишоварзии давлат торафт афзуда истодааст. Ба хотири љалби бештари занону бонувон ба вазифањои роњбарикунанда ва умури идоракунї бо пешнињоди Пешвои миллат «Стратегияи миллии фаъолгардонии наќши занон дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2030» ќабул карда мешавад. Дар партави дастуру њидоятњои рањнамунсози Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар вилояти Хатлон низ ба масъалаи дастгирии занону бонувони соњибистеъдод таваљљуњи махсус зоњир карда мешавад. Мувофиќи натиљањои интихоботи соли 2020, шумораи занон дар Маљлиси вакилони халќи вилояти Хатлон наздик ба 35

фоиз расид. Шумораи бонувони вакил дар маљлиси вакилони халќи шањру ноњияњо ба 343 нафар (36,4%) ва маљлиси љамоатњои шањраку дењот ба 1037 нафар баробар шуд. Аз шумораи 196 њазору 858 нафар занњои коргари вилояти Хатлон 9 њазору 833 нафарашон дар вазифањои роњбарикунанда фаъолият мекунанд, ки нисбати як соли пеш 2 њазору 617 нафар зиёд мебошад. Аз љумла, 2 нафар занон ба њайси раисони шањру ноњияњо, 24 нафар муовинони раисони шањру ноњияњо ва 87 нафар занон ба њайси мудирони шуъбаю бахшњои дастгоњ, сардорон, муовинони сардорони раёсатњо ва мудирони шуъбаю бахшњои воњидњои сохтории маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, аз 155 љамоати шањраку дењоти шањру ноњияњои вилоят 19 нафар занон ба њайси раисони љамоатњои шањраку дењот, 49 нафар занон муовинони раисони љамоатњои шањраку дењот, 24 нафар занон дар вазифаи котибони љамоатњои шањраку дењот фаъолият доранд. Дар вилояти Хатлон аз 387 нафар олимони дорои дараљањои илмї 78 нафарашон занонанд, аз љумла 3 нафар доктори илм, профессор, 75 нафар номзади илм, аз ин 28 нафар дотсент мебошанд. Шумораи занони соњибкори инфиродии фаъолияткунанда дар ќайди маќомоти андоз 17541 нафаранд, ки аз инњо 12425 нафар бо шањодатнома

ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд. Љињати баланд бардоштани сатњи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соњибкории онњо семинару мизњои мудаввар доир карда шуда, аз соли 2011ум инљониб 241 нафар занони соњибкори шањру ноњияњои вилоят ба маблаѓи 6 миллиону 370 њазор сомонї сазовори грантњои маќсадноки Президенти Љумњурии Тољикистон гардида, таъсиси љойњои нави корї ва рушди соњибкории хурду миёнаро ба роњ монданд. Инчунин, бо ќарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 "Дар бораи таъсис ва људо намудани грантњои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирї ва рушди фаъолияти соњибкории занон барои солњои 2016-2020" дар њаљми 250 њазор сомонї ба 21 нафар занон пешбинї гардида, њамасола ба маблаѓи 250 њазор сомонї, 21 грант таъсис дода шудааст. Тайи солњои 2016 ва 2020 ба маблаѓи 1 миллиону 250 њазор сомонї ба 105 нафар занони соњибкору њунарманд аз љумла бо пешнињоди лоињаи "Чакандўзї ва попурдўзї","Либосњои миллии тољикии атлас ва попурї дар муди њозира", "Таъсиси сехи адрасбофї", "Курси омўзиши дўзандагї", "Таъсиси сехи дўзандагї", "Гулдонбофї", “Рушди њунарњои кадбонугї" ва "Моњипарварї", «Рушди соњаи чорводорї» ва «Парандапарварї», “Ташкили гармхонањо” ва ѓайрањо

дастрас гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар натиљаи татбиќи лоињањои мазкур зиёда аз 1902 нафар бо љойи кор ва 2576 нафар љавондухтарон ба касбомўзї дар самтњои гуногун фаро гирифта шуданд. Дар вилояти Хатлон соњибкорзанони муваффаќ, ба монанди Мавлуда Сафарова, Басгул Валиева, Шарора Њакимова, аз шањри Кўлоб, Њусния Шоинова, аз шањри Бохтар, Гулбарг Боќиева, аз ноњияи Муъминобод, Тозагул Самадова, аз ноњияи Кўшониён, Инобат Раљабова, аз ноњияи Вахш, Саодат Сайдалиева, аз ноњияи Љалолиддини Балхї, Ќундузой Усмонова, аз ноњияи Панљ, Шањло Бурњонова, аз ноњияи Шањритус, Муќаддас Султонова, аз ноњияи Абдурањмони Љомї мебошанд, ки дањњо љойњои корї ташкил намуда, дар пешрафту ободии диёрамон сањми муносиб мегузоранд. Љињати аз худ кардани касбу њунарњои замонавї дар соли 2020 ба шуъбањои Агентии мењнат ва шуѓли ањолии вилоят ва шањру ноњияњои вилоят 17938 нафар занону духтарон мурољиат намуда, 12379 нафар ба љойи кор таъмин ва 859 нафар ба корњои љамъиятї сафарбар карда шуданд, инчунин 4819 нафар ба касбомўзї фиристода шуданд. Тавассути квота 1316 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Бо маќсади вусъат бахшидани корњои ободонї, бунёдкорї,

МАОРИФ-СОЊАИ КАЛИДЇ Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат маорифро соњаи калидї номид. Зеро бе маориф дониш, илм, пояи давлат устувор шуда наметавонад ва барои њамин пайваста эњсос карда мешавад, ки дар њаќќи омўзгорону толибилмон ѓамњории зиёд ба чашм мерасад. Дар соли 2020 дар мактабњои љумњурї 2 миллиону 100 њазор талаба ба донишомўзї фаро гирифта шудаанд ва ин гувоњї бар он медињад, ки барои онњо мактаб, синф, курсї, омўзгор лозим аст. Танњо соли гузашта 175 мактаби сохти замонавї бо 3 њазору 20 љойи нишаст ба истифода супорида шудааст ва ин маънои онро дорад, ки љомеа бо роњбарии Сарвари давлат, Пешвои миллат ба пешравии маориф диќќати љиддї медињад. Донишгоњи тиббии Данѓара меваи даврони соњибистиќлолї мебошад. Дар он фарзандони сокинони љумњурї тањсил намуда, соњиби ихтисос мегарданд ва баъди хатми донишгоњ камар ба хизмати саломатии ањолии љумњурї ме-

банданд. Гарчанде, собиќадори мењнат бошам њам, дар ин донишгоњи муътабар ба толибилмон дарс мегўям, њис мекунам, ки њар як донишљў бо дилгармї дониш меомўзад, то дар оянда илми омўхтаашро дар хољагии халќ ба таври

самарабахш истифода намояд. Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон барои минбаъд инкишоф додани илмњои даќиќ, ки он то соли 2040 давом меёбад, баробари

Њангоми сафари корї раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ба ноњияи Љайњун зимни ќабули шањрвандон сокини Љамоати дењоти “Панљ”, дењаи Вањдат нафаќахўр Холмо Пўлодова бобати дастрас намудани аробачаи маъюбї ба фарзандаш мурољиат намуд. Раиси вилоят худи њамон лањза ба масъулони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон љињати таъмини аробачаи маъюбї дастур доданд ва нимаи дуюми рўз ба њољатманд аробачаи маъюбї супорида шуд. Дар њаќиќат, барои як нафаре, ки имконияти дидани табиати зебо, суњбат намудан ба њамсолону сайругашт намудан дар кўчаву њавлї надорад, ин туњфаи раиси вилоят бисёр олист. Азбаски барои Раљабалї Алишери 26 сола-писари Холмо Пўлодова, бинобар мањдуд будани имконияти љисмониаш берун баромадану дидани табиати зебои диёр ѓайримкон буд. Аз ин иќдоми роњбарияти

вилоят хурсандии Раљабалї њадду канор надошт. Њамчунин, ба ин хонадон маводи озуќа ва доруворї низ супурда шуд. Дар ин баробар роњбари вилоят ба масъулони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Љайњун ва сардухтури КАТС-и ноњия дастур доданд, ки вазъи сињатии Раљабалиро пайваста тањти назорат ќарор дода, кумакњои тиббї расонида шавад. Холмо Пўлодова ва љигарбандаш Раљабалї аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон изњори сипос намуданд. Бояд гуфт, ки зимни Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маљлиси Олї нисбати дастгирї ва њифзи иљтимоии маъюбон, нафаќахўрон, шахсони камбизоат махсус таъкид ба амал омадааст. ВАХШОНА, “Хатлон”

њифзи иљтимоии ањолї дастуру тавсияњои зарурї дода, вазифањои навро ба миён гузошт. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ќабл аз њама, нисбати мушкилоти соли гузашта сар задани бемории коронавирус

тандурустї паёмњои њарсолаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї дастуру нишондоди бењтарин аст. Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, ки рўзи 26 январ ироа гардид, бори дигар ин нуктаро возењу равшан нишон дод. Паёми мазкур самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии кишварро барои солњои баъдї муайян намуда, оид ба пешрафти соњањои саноату сохтмон, энергетика, хољагии ќишлоќ, фарњангу маориф, тандурустї,

сухан ронда, оид ба иќтисодиёту иљтимоиёт монеагї эљод кардану зарари расондаи он нуќтаи назари худро чунин иброз намуд: Паёмадњои пандемия ба иќтисодиёти кишварњои љањон, аз љумла ба рушди иќтисоди миллї, буљети давлатї, гардиши савдои хориљї, ќурби асъори миллї, инчунин, ба фаъолияти корхонањои саноативу муассисањои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд. Чуноне аз дастуру нишондодњои Пешвои миллат бар меояд њадафи чоруми стратегии миллї ин саноатикунонии босуръати кишвар аст. Роњбари давлат дар раванди

бахши саноатикунонии босуръати кишвар ба масъалаи бунёди корхонањои металлургї, маъдантозакунї, истихрољ ва то мањсулоти нињої коркард намудани металњои ранга ва ќиматбањо, рушди саноати мошинсозї, нассољї, хўрокворї ва дорусозї ањамияти зарурї дода, тавсия доданд, ки корњо дар ин бахш вусъат дода шаванд. Боиси тазаккур аст, ки бахши энергетика пайваста рў ба бењбудї оварда, дар ин самт ба натиљањои дилхоњ ноил мегардем. Шароити таъмини барќ то рафт бењтару хубтар мегардад. Аллакай соли сеюм аст, ки мо аз истифодаи рељаи таќсимоти барќ-мањдудияти он рањої ёфтаем. Бо љидду љањди беандозаи Сардори давлат тавонистем, ки анќариб ба истиќлолияти энергетикї расида, ба кишвари содиркунандаи неруи барќ ноил гардем. Чуноне Пешвои миллат иброз доштанд, Њукумати Тољикистон азм дорад, ки бо маќсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиќлолияти энергетикї, бо неруи барќ пурра ќонеъ сохтани талаботи ањолї ва иќтисоди миллї бунёду таљдиди як силсила иншооти хурду бузурги њаётан муњимро вусъат бахшад. Боиси фарањмандї аст, ки туфайли мењнати шоистаи ањли мењнат-дењќонону чорводорон, боѓдорону токпарварон соњаи кишоварзї сол аз сол рушд ёфта, дар ин самт ба натиљањои назаррас ноил гардида истода-

Раъно РАЊИМЗОДА, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон

озмуни «Фурўѓи субњи доної китоб аст», ин навбат озмуни “Илм фурўѓи маърифат”-ро ба миён гузошт. Ин амали сариваќтї мебошад, чунки таќвият ва инкишоф додани илмњои даќиќ ин ба пешравии зиндагї боис мегардад. Ин озмун барои љомеа ва илмњои даќиќу риёзї ва тиббї љавонони закитабъу созандаро пешнињод менамояд. Омўзгорон бояд дониши баланди касбї дошта бошанд ва барои ин ба мактаб онњое љалб карда шаванд, ки дониши мукаммал ва мањорати касбї доранд. Аз њамин љињат њоло ба чашм мерасад, ки омўзгорони варзида дар Донишкадаи тиббии ноњия зиёд шудаанд ва њар кадоми онњо барои донишомўзии донишљўён њисса мегузоранд. Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон моро водор месозад, ки боз њам бештару бењтар мењнат намоем. Муродалї ЊОШИМОВ, собиќадори маориф, омўзгори Донишгоњи тиббии ноњияи Данѓара

ИЌТИСОД АЗ ТАЊЛИЛ БОЛО МЕРАВАД Иќтисодиёти њар як кишавар аз тањлилу хулосабарорї, наќшаю дурнамои аниќ ва вазифањои навбатии бамиёнгузошта боло меравад. Дар ин самт барои кулли мардуми Тољикистон бахшњои истењсолї ва иљтимої, маорифу фарњанг,

созандагї ба ифтихори 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, истифодаи самараноки заминњои наздињавлигї ва заминњои президентї ба хотири фаровонии дастархони хеш, оид ба пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) дар шањру ноњияњо бо љалби бонувони фаъол миёни ањолї корбарї сурат гирифтааст. Бо эътимоди комил метавон гуфт, бонувони Хатлонзамин минбаъд низ бо дастгирии њамаљонибаи сиёсати Пешвои муаззами миллат дар корњои ободонию созандагї, таъмини рушди босуботи иќтисодии мамлакат, таълиму тарбияи насли ояндасози миллат сањми арзанда гузошта, дар амалисозии дастуру њидоятњои Роњбари давлат, ки аз Паёмашон бармеояд, фаъолона иштирок хоњанд кард.

анд. Имконият пайдо шуд, ки таъмини ањолї бо мањсулоти худї бењтару хубтар гардад ва масъалаи таъмини амнияти озуќавории мамлакат, ки яке аз дастурњои асосии Пешвои миллат мебошад, ба ќадри имкон њалли худро ёбад. Имтиёзњои фароњамомада дар бахши чорводорї, парандапарварї, моњипарварї имконият дод, ки соњањои мазкур дар муддати кўтоњ пешрав гардида, дар ин самт натиљањои назаррас ба даст оварда шавад. Аз љумла, дар бахши парандапарварї ин натиљањо ќобили ќайд аст. Масалан, соли 2020-ум шумораи корхонањои парандапарварї ба 181 адад расид, ки ин нисбат ба соли 2017-ум 2,7 баробар зиёд мебошад. Бунёди корхонањои нави парандапарварї имконият дод, ки истењсоли гўшт афзун гардида, таъминоти ањолї бо гўшти парњезї, њамчунин, тухм хубтару бењтар гардад. Соњаи моњипарварї низ хеле рушд ёфта, истењсоли он афзун гардид. Натиљаи пешрафти соњаи парандапарварї ва моњипарварї буд, ки воридоти гўшт ба кишвар аз 10700 тоннаи соли 2014 то 180 тонна дар соли 2020 коњиш ёфта, ќариб 60 баробар кам шудааст. Пешрафти соњаи боѓу токпарварї низ давоми солњои соњибистиќлолї босуръат рушд намуд. Дар натиљаи андешидани тадбирњои зарурї аз тарафи давлату Њукумати љумњурї дар соњаи мазкур дигаргунии куллї ба амал омад. Дар дои-

раи татбиќи барномањои соњавї майдони боѓу токзор ба беш аз 200 њазор гектар расонида шудааст, ки нисбати соли 1991ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Ба таври дигар гўем, замони соњибистиќлолї 112 њазор гектар боѓу токзори нав бунёд гардидааст, ки дар њифзи амнияти озуќавории мамлакат, таъмини љойњои нави корї, рушди содирот наќши муњим мебозад. Пешнињоди Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёмашон оид ба дастгирї намудани кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолї озод намудани хољагидорон дар соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин боиси хурсандии кулли мардуми Тољикистон гардид. Рўњияи онњоро бањри боз њам бењтару хубтар фаъолият намудану афзун намудани истењсоли мањсулот ва таъмини амнияти пурраи озуќавории мамлакат дањчанд боло бардошт. Хуллас, имрўз њар сатри Паёми Пешво дастур ва рањнамоест бањри ободии кишвар, фардои дурахшон ва зиндагии шоистаи мардуми Тољикистони азизамон. Мо бояд онро пурра омўхта, бањри сари ваќту мувофиќи талаби рўз амалї намудани вазифаю дастурњое, ки барои мо муайян гардидааст, масъулият эњсос карда, бештар љидду љањд намоем. САЙДАЛЇ Сирољиддин Сайвалї, судяи Суди иќтисодии вилояти Хатлон


3

ХАТЛОН

ПАНЉШАНБЕ, 4 феврали соли 2021, №6 (3295)

Ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон

НАТИЉАЊОИ СОЛИ 2020 ЌАНОАТБАХШАНД Њаљми мањсулоти умумии кишоварзї дар соли 2020-ум дар њамаи бахшњои хољагидории вилояти Хатлон ба 16 млрд 985 млн 21,3 њазор сомонї расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба њамин давраи соли 2019-ум 1 млрд 479 млн 850,9 њазор сомонї ё ин, ки 9,5 фоиз афзудааст. Тавре ки Амирбеки Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотї иброз дошт, аз њаљми умумии мањсулоти кишоварзї 12 млрд 305 млн 84,1 њазор сомонї ба соњаи растанипарварї ва 4 млрд 679 млн 937,0 њазор сомонї ба соњаи чорводорї рост меояд. Аз њаљми умумии мањсулоти кишоварзї 7 млрд 952 млн 680,1 њазор сомонии он ба бахшњои љамъиятї ва

хољагињои дењќонї рост меояд. Бинобар гуфтаи А. Темур айни њол дар бахшњои љамъиятї ва хољагињои дењќонї 89 998 сар чорвои калони шохдор, 556 666 сар бузу гўсфанд, 608 112 сар паранда, 16107 сар асп ва 12319 оилаи занбўр парвариш меёбанд. Соли 2020 дар хољагињои мазкур 13980 тонна гўшт 20 њазору 191 тонна шир, 239 тона асал ва ѓайра истењсол карда шудааст. Зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон барои нигоњдошт ва зиёд намудани саршумори чорвои хушзот 30 хољагї дар шабакаи хољагињои зотпарварї ба ќайд гирифта шуда, аз он 12 хољагї ба парвариши 5040 сар чорвои калони шохдор, 14 хољагї ба парвариши 102 њазору 935 сар чорвои майдаи шохдор

ва 4 хољагии зотпарварї ба парвариши 417 сар аспњои зоти тољикї машѓул мебошанд. Тибќи маълумотњои расмї масоњати умумии чарогоњњо дар ќаламрави вилояти Хатлон ба 1 миллиону 226 њазору 323 гектар мерасад.

БУНЁДИ МУАССИСАЊОИ ТАНДУРУСТЇ Ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон бунёди 566 муассисаи тандурустї ба наќша гирифта,то имрўз сохтмони 481 иншоот мавриди истифодабарї ќарор дода шудааст. Дар ин бора Мирзоалї Раљабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотї иттилоъ дод. Ба гуфтаи ў танњо дар соли 2020 бо дастгирии соњибкорони мањаллї ва аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњо 24 муассисаи тандурустї, аз ќабили марказу бунгоњњои саломатии муљањњаз бо дастгоњњои замонавии тиббї ба истифода дода шудааст. Айни замон шумораи умумии муассисањои тандурустї дар вилояти Хатлон ба 1668 адад мерасад, ки аз ин 52 муассисањои вилоятї, 32 марказњои мах-

сусгардонидашудаи тиббї, 11 амбулатория аз нигоњи тиббї, 158 маркази методї, 24 беморхонаи марказии шањру ноњияњо, 58 беморхонаи раќамї, 709 бунгоњи саломатї мебошанд. Новобаста ба дастоварду навоварињо то имрўз дар њудуди вилояти Хатлон 41 муассисаи тандурустї, дар биноњои корношоям ќарор доранд. Аз ин шумора дар ноњияњои Панљ, Мир Сайид Алии Њамадонї ва Ќубодиён 5 ададї дар шањри Кўлоб ва ноњияи Љ. Балхї 4 ададї ноњияњои Балљувон, Кўшониён, Ховалинг, Дўстї, Восеъ 3 ададї муассисањои тиббї дар биноњои ба меъёр љавобгў нестанд. Дар охир намояндагони ВАО ба саволњои худ љавобњои ќаноатбахш гирифтанд. Љамолиддин САЙФИДДИНОВ, «Хатлон»

МАБЛАЃЊО МАЌСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД 3-юми январи соли 2021 дар толори Кохи фарњанг ва маркази иттилоотии шањри Бохтар бо иштироки васеи рўзноманигорони расонањои вилоятиву љумњуриявї нишасти матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон баргузор гардид. Нахуст Бахтиёр Назарзода сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон нишасти матбуотиро њусни оѓоз бахшида, аз љумла иброз намуд, ки барои кулли молиячиёни вилоят соли сипаришуда соли бобарору пурмањсул буд. Дар нишасти хабарї ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти рушди воќеии иќтисодии вилоят иљрои наќшаи даромади буљети мањаллї дар соли 2020-ум аз њисоби даромадњои худї 103 фоиз таъмин гардида, ба буљет ба љои 1218,5 млн. сомонї маблаѓи пешбинишуда 1256,2 млн. сомонї ворид гардидааст, ки нисбат ба наќша 37,7 млн. сомонї зиёд мебошад. Аз руи маълумотњо ба њолати 1 январи соли 2021 баќияи ќарзи андозњо дар сатњи вилоят дар маљмўъ маблаѓи 189,9 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали сол 21,0 млн. сомонї зиёд гардидааст.

Маблаѓњои буљетї 1 миллиарду 584 млн. сомонї дар вилоят ба соњањои иљтимоиёт, аз љумла маориф 1074 млн. сомонї, тандурустї 491 млн. сомонї, њифзи иљтимої 12,8 млн. сомонї, фарњанг ва варзиш 6,8 млн. сомонї равона карда шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2020 аз њисоби буљети љумњуриявї ба буљетњои мањаллии шањру ноњияњо ба маблаѓи 477,9 млн. сомонї, барои фарќияти музди мењнати ташкилоту муассисањои буљетї ва аз њисоби буљети вилоятї 90,7 млн. сомонї маблаѓњои маќсаднок људо гардиданд. Дар доираи њидоятњои Сарвари давлат Президенти кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон дар вилоят бо маќсади дастгириву ёрї ба кормандони соњаи тандурустї, таќвияти татбирњои пешгирї ва пањншавї аз бемории короновирус, муолиљаи сариваќтии беморон ва кўмак ба оилањои ниёзманд аз њисоби маблаѓњои харљномавї, махсус баќияи озоду даромади шањру навоњи 14,1 млн. сомонї људо гардид. Зикр гардид, ки дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Маркази бозомузї фаъоли-

ят дошта, зиёда аз 269 нафар муњосибон ва иќтисодчиён оиди њисобдории муњосибин бо тариќи равзанаи ягонаи электронї аз рўи барнома ба омўзиш фаро гирифта шуда, 167 нафар соњиби сертификат гардидаанд. Пас аз баромади роњбарияти Сарраёсат хабарнигорони ВАО оид ба истиќболи 30 –солагии Истиќлолияти давлатї, љалби мутаххасисон ба соњаи молия, маблаѓгузорињо ба соњањои иљтимоии хољагии халќ ва дигар самтњои муњими соњаи молия саволњо пешнињод намуда, ба суолњои худ посухњои мушаххас гирифтанд. Далер ШАРИПОВ, котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

СОЛИ 1991 дар сањифаи таърих давлатдории Тољикистон бо њадафњои даврони бозсозии горбачёвї шурўъ шуд. Њарчанд, ки њанўз 24 августи соли 1990 Иљлосияи дувуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон (даъвати дувоздањум) Эъломияи истиќлолияти Љумњурии Тољикистонро ќабул намуда буд, вале ин «соњибистиќлолї»-е буд дар доираи салоњияти Иттињоди Шўравї, зеро Љумњурии Тољикистон дар ќаламрави худ ягон масъалаи сиёсиву иќтисодї ва иљтимоиву фарњангиро, ба истиснои салоњияте, ки то ин дам њар як љумњурии Шўравї дошт, мустаќилона њал намекард. Дар Марказ боварї доштанд, ки бо вуљуди истиќлолиятхоњии љумњурињо давлати ягонаи абарќудрат боќї мемонаду «додарон»-и худро роњбарї мекунад. Ба ин маќсад 17 марти соли 1991 раъйпурсии умумихалќї (референдум) ба маќсади баќои Иттињоди Шўравиро мардум мехоњад ё не, баргузор гардид. Референдум шояд аз рўи анъанањои изофанависї буд, ки 74 фисади тарафдор гирифт ва баќои СССР –ро хоњон шуданд. Вале муќовимати сиёсї њизбу њаракатњои исломию демократии Тољикистон (њизби нањзати исломї, њизби демократї, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва ѓайрањо.) нисбати байни њукумати Тољикистон, ки ба тезутундшавии авзои дохилии иљтимоиву иќтисодї, зиддиятњои ќавмиву мањаллї, мазњабию идеологї оварда буд, ин тарафадориро инкор мекард. Кор ба дараљае расид,

АВРОЌИ РАНГИНИ ДАВРОНИ СОЊИБИСТИЌЛОЛЇ ки Ќањњор Мањкамов, ки аз соли 1985 котиби якуми КМ Њизби коммунисти Љумњурии Шўравии сотсиалистии Тољикистон ва аз моњи ноябри соли 1990 нахустпрезиденти Љумњурии Тољикистон интихоб гардида буд, барканор шуд ва то интихобот масъулияти Президент ба зиммаи роњбари парламент гузошта шуд. Њамакнун, Ќадриддин Аслонов, ки раиси муваќќатии Шўрои Олї буд, ин вазифаро ба уњдаи худ гирифт. 29 августи соли 1991дар Иљлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олии Тољикистон вакилон ќарор ќабул намуданд, ки «Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон минбаъд Љумњурии Тољикистон номида мешавад» ва њамагї дањ рўз пас, яъне 9 сентябр Эъломияи истиќлолияти давлатї ќабул гардид, ки ин рўйдод сањифаи наве буд дар таърихи Тољикистони куњанбунёду миллати соњибтамаддун. Дар ин рўзи таърихї, яъне 9 сентябри соли 1991 таѓйиру иловањо ба Ќонуни асосии Љумњурии Тољикистон ворид гардиданд ва дар натиља воќеияти истиќлолияти Тољикистон ба сатњи меъёри конститутсионї расонида шуд, ки аз нигоњи њуќуќї ин меъёр хусусияти баргаштнопазир дорад. Вале ин озодии осон ба дастомадаро мухолифин, душманони дохилии дўстнамо бо роњнамоии душманони хориљї ќабул надоштанд. Ин пеш аз њама ба Ќадриддин Аслонов, ки вазифаи раиси Шўрои Олї ва иљрокунандаи

вазифаи Президенти љумњуриро ба уњда дошт, рабт дошт, зеро ў мавќеи зиддикоммунистиро ишѓол намуда буд. Љонибдорони њизбу њаракатњои исломию демократї (Њизби нањзати исломии Тољикистон, Њизби демократии Тољикистон, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва ѓайрањо.) аз ў талаб мекарданд, ки фаъолияти Њизби Коммунистии Тољикистонро манъ намояд. Ба ин маќсад 21 сентябр онњо дар майдони «Озодї» гирдињамої ташкил намуданд, ки дар он њазорон нафар љамъ омаданд. Дар њамин шабу рўз њайкали дохили пролетаристи љањон В. И. Ленин, ки дар маркази шањр, њозир муљассамаи Исмоили Сомонї ќомат афрохтааст, воќеъ буд, афтонда шуд, ки ин амали мухолифин тарафдорони њизби коммунистиро ба ѓазаб овард ва онњо низ ба майдон баромада, талаб карданд, ки Ќадриддин Аслонов аз вазифааш озод ва фаъолияти њизби нањзати ислом манъ карда шавад. Њамин тавр њам шуд. 23 сентябри соли 1991 Иљлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Ќадриддин Аслоновро аз вазифаи раиси Шўрои Олї озод намуд ва ба ин вазифа Рањмон Набиев, собиќ котиби якуми Њизби Коммунистии Тољикистонро (солњои 1982-1985), њамзамон, иљрокунандаи вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон, интихоб намуд. Вале ин интихоб љонибдорони њизбу њаракатњои исломию демократиро аз нав ба ѓазаб

овард ва бар зидди Њукумат гирдињамоии шабонарўзї оѓоз ёфт. 24 ноябри соли 1991 интихоботи умумихалќии Президенти Љумњурии Тољикистон гузаронида шуд. Рањмон Набиев бо гирифтани бештари овозњо Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб шуд. Мухолифин, ки аз аввал Рањмон Набиевро дар ин вазифа намехостанд, интихоботро ѓайришаффоф ва беадолатона шумурданд. 12 декабри соли 1991 Сафаралї Кенљаев (вакили Шўрои Олї, прокурор) раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоб гардид. 23 декабри соли 1991 Шўрои Олии Тољикистон Созишномаро дар бораи таъсиси Иттињоди давлатњои мустаќил, ки президентњо - Б. Н. Елтсин (Федератсияи Русия), Л. Кравчук (Украина) ва С. Шушкевич (Беларусия) 8 декабри соли 1991, пинњонї аз роњбарияти олимаќоми СССР, тасдиќ карда буданд, эътироф намуд ва дохил шуд. Ба ин Иттињод дар ибтидо давлатњои мустаќили Россия, Украина, Беларусия, Ќазоќистон, Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Тољикистон дохил шуданд. Бо њамин давлатдории СССР, ки соли 1922 ташкил ёфта, яке аз давлатњои муќтадири љањон шумурда мешуд, аз байн рафт. Љумњурињои навтаъсису тозаистиќлоро чї дар пеш буд, касе намедонист… (Идома дорад). Исматуллои Гули Олим

Тавсия Картошка яке аз зироатњои асосии ѓизо барои инсон ба шумор меравад. Мувофиќи маълумотњои Ташкилоти озуќаворї ва кишоварзии СММ аз њисоби њаљми умумии истењсол картошка дар дунё љои сеюмро, баъди гандум ва шолї, ишѓол менамояд. Ин зироат њар сол дар дунё дар майдони бештар аз 20 млн гектар кишт гашта, аз он бештар аз 300 млн тонна њосил ба даст оварда мешавад. Яке аз хусусиятњои хуби картошка дар он зоњир мегардад, ки сафедањои он дар организм ба осонї њазм гашта, ба сафедаи шир хеле шабоњат доранд. Картошка њамчун хўроки серѓизои одамон, њайвонот ва ашёи хом дар саноати сабук ба кор меравад. Моддањои асосии картошка карбогидратњо мебошанд, ки ба намуди оњар (крахмал) захира мешаванд. Моддањои хушк дар лўндањо вобаста аз навъњои картошка 17-30 фоизро ташкил менамоянд. Аз витаминњо дар лўндањо бештар витамини А, С, В1, В2, РР мављуд аст. 1 кг картошка метавонад то 830 ккал энергия људо намояд. Бо назардошти људо намудани калорияи бисёр њангоми истеъмол, миќдори зиёди карбогидратњо (оњар), витаминњо ва калию клечатка њангоми тайёр намудани зиёда аз 200 намуди хўрокињо онро «Нони дуюм» мегўянд, ки бараъло дуруст аст. Дар вилояти Хатлон картошка дар се давра кишт карда, аз он њосили дилхоњ ба даст меоранд: барваќтї, дар кишти асосї ё бањорї ва кишти тобистона (такрорї). Сол аз сол кишти ин зироат дар ќаламрави вилоят зиёд гардида истодааст. Масалан, агар соли 2018 дар тамоми бахшњои хољагидории шањру ноњияњои вилоят майдони картошка ба 12270 гектар баробар бошад, дар соли 2020 бо назардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони картошка дар њамаи бахшњои хољагидорї ба 18095 га расида буд, ки назар ба соли 2018 5825 га ё 47,4% зиёд мебошад. Дар асоси таъкиду мурољиатњои пайвастаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон барои захираи дусолаи маводи ѓизої таваљљуњи ањолии вилоят ба парвариши зироатњои кишоварзї, бахусус картошка нињоят зиёд шудааст. Хољагињои дењќонї ва ањолии вилоят дар ќитъањои наздињавлигї, заминњои президентї барои таъмини худ ва барои ба фурўш баровардан ба парвариши картошкаи барваќтї машѓул мебошанд. Тадќиќотњои коршиносони зиёд тасдиќ менамоянд, ки теъдоди асосии ањолии дењот њангоми парвариши картошка бо назардошти вазъи иќтисодї аз техникаи кишоварзї ва тухмињои босифат кам исти-

ПАРВАРИШИ КАРТОШКАИ БАРВАЌТЇ фода мебаранд. Њарчанд, ки имрўз масъалаи техника (тракторњои шудгоркунанда ва коркарди байни ќаторњо) ва олотњои кишоварзї (картошкашинонаку картошкаканак) њалли худро ёфтааст. Инчунин, дар кишти барваќтии картошка дар моњњои декабр-феврал аз тухмии стандартї истифода набурда, тухмиро бурида мешинонанд, ки мушкилотро њангоми сардї пеш меоварад. Иловатан амалиёти технологии

зањролудкунии тухмиро иљро наменамоянд, ки ин боиси пайдо шудани касалињои занбурўѓї ва нестшавї аз њисоби њашароту кирмњои гуногун мегардад. Имрўзњо дар тамоми шањру ноњияњо кишти барваќтии картошка бо маром идома дорад. Наќша барои имсол дар вилоят тибќи дурнамо дар бахши љамъиятию хољагињои дењќонї ба 4328 гектар баробар аст. Наќша ба андозаи 48 фоиз иљро гардидааст ва моро зарур аст, ки корро дар ин самт рушд бахшем. Хољагињои дењќонї ва шањрвандони гиромї ба амалиётњои зерини технологии парвариши картошка бояд ањамияти махсус дињанд: 1.Интихоби тухмї. Андозаи тухмии стандартї барои кишт аз 30 то 60 грамм бояд бошад. Њатман бо доруворї зањролуд кардан зарур аст. Дар ин кор доруњои зерин тавсия мешаванд: Максим, Престиж, Матадор, Армада ва Табу бо меъёри 0,9л барои 1 тонна мањсулот. Дар кишти барваќтї тухмї-лўндањои картошка бурида нашавад. Таљриба ва сафарњои корї нишон доданд, ки бисёрии хољагињои дењќонї аз тухмињои ѓайристандартии њаљмашон калон истифода мебаранд, онњоро якчанд ќисм намуда мешинонанд. Њангоме, ки аз препаратњои пешнињодшуда истифода на-

баранд, њатман аз хокистар истифода бурдан зарур аст; 1. Чуќурии шинондани лўнда. Тухмии картошка дар кишти барваќтї дар чуќурии 8-10 см бояд шинонда шавад, ба хотири њифзи тухмї аз сардињои моњњои январу феврал. Агар то ба замин гузаронидани он, каме бошад њам, сабзонда шаванд, боз бењтар аст. Сабзонидани лўндањои картошка ва муњити мусоид њангоми шинондани лўндаи картошка боиси нешзании сариваќтї, рушду афзоиши мувофиќи картошка назар ба алафњои бегона мегардад. 2. Истифодаи пору. Вобаста аз имкониятњо њангоми шинондани тухмии картошка њатман пору дар ду маврид истифода бурда шавад бењтар аст: дар даруни љўяк бо лўндаи картошка ва дар болои љуякњо. Пору лўндањои картошкаро аз сардињо эъмин медорад ва инчунин чун ѓизо истифода мешавад. 3. Истифодаи нурї. Картошкаи барваќтї ба нуриандозї эњтиёљ дошта, сифати њосил низ аз меъёри ѓизодињї вобастагии калон дорад. Ќисми асосии нурињо (органикиву минералї) пеш аз шудгори тирамоњї ва боќимонда нурї (минералї) дар ваќти ѓизодињии якуму дуюм дода мешавад. 4. Обмонии майдони картошка. Картошка ба намнокии ќабати хок ва обдињии сариваќтї эњтиёљи калон дорад. Дар шароити водї дар ваќти гулкунї ва лўндапартої талаби ин зироат ба намї зиёд мегардад. Ба картошказори барваќтї, вобаста аз намуду ќобилияти намнигоњдории хок, бояд то давраи шонабандии нињолњо як-ду маротиба оби сабук дода шавад. Ба картошказор бояд баъди њар 5-7 рўз як маротиба об дода шавад. Дар маљмўъ, ба картошказори барваќтї 4-6 маротиба об дода мешавад. Сарфи об дар њар обдињї дар 1 га бояд 500-600 метри кубиро ташкил дињад. Роњбарони хољагињои дењќонї ва шањрвандон аз тавсияњои болозикр истифода намуда, дар муњлатњои оптималї кишти картошкаи барваќтиро анљом дода, барои њосили дилхоњ дар моњњои май ва июни соли љорї бояд заминаи боэътимод гузошт. Салимзода АМОНУЛЛО, профессор, узви вобастаи АИКТ


4

ХАТЛОН

ПАНЉШАНБЕ, 4 феврали соли 2021, №6 (3295)

Солњои 2019-2021-Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї

МАРКАЗИ БУЊРОНИИ «ЃАМХОРЇ»-ЊИМОЯТГАР ВА ПАНОГОЊИ ЗАНОНИ ЉАБРДИДА

«ТОЉИКИСТОНРО ДЎСТ ДОШТЕМ» - мегўянд сайёњони хориљї Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар Пайёми навбатии хеш оид ба соњаи сайёњї ибрози андеша карда, ќайд намуданд, ки фароњам овардани шароит барои рушди соња имкон дод, ки тайи солњои 2018-2020-ум дар кишвар 145 ширкати нав иљозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маљмўъ, 224 ширкат ба бозори сайёњї ворид гардид. Гарчанде пайдоиш ва пањншавии бемории сироятї (COVID-19) љомеаи љањониро ба тањлука андохта, ба иќтисодиёти љањон зиёни калон расонид. Андешидани чорањои сариваќтии бењдоштї дар Тољикистон ин хатарро паст ва дар оѓози соли 2021 аз байн бурд. Дар Пайёми Пешвои миллат ќайд гардид, ки дар соли 2019 аз шумораи умумии шањрвандони хориљие, ки ба Тољикистон омадаанд, 1 миллиону 260 њазор нафарашон сайёњ буданд. Инак, дар аввали соли 2021 новобаста ба хатари пањншавии бемории (COVID-19) бо дарки он ки дар Тољикистон ин беморї ќариб аз байн рафтааст, сайёњони хориљї ба кишвари мо омаданд. Шањрвандони штати Техаси Амрико Стаут Вилсон ва Григори Браунли, ки ба сайёњии шикорї шавќ доранд омадаанд.. Браунли Григори Скотт сайёњ аз Амрико мегўяд;“Ин дувоздањум сафари ман ба Тољикистон аст. Бо ширкатњои сайёњии Тољикистон њамкории хуб дорем ва сайёњони шикориро аз Амрикою Канада, Мексика ва дигар давлатњо ба Тољикистон меорам. Табиати кишвари шумо хеле зебо аст ва дар кўњистон бењтарин навъњои њайвонот мављуданд. Ин, албатта, аз таваљљуњи Њукумати Тољикистон ва ширкатњои сайёњї мебошад, ки саршумори онњо сол ба сол зиёд мешавад. Ман дар соли 2021 боз чанд сайёњи дигарро ба Тољикистон меорам. Тољикистонро бисёр дўст доштам.” Стаут Вилсон бори дуюм аст, ки ба Тољикистон меояд. Ба ў табиати дилфиреби кишвари мо хеле писанд аст. Аз хурдї дар бораи бузи морхур маълумот доштааст ва орзуи њамешагиаш шикори ин намуди њайвон будааст. Кормандони Ширкати сайёњии “Сайди Тагноб” ба сайёњон шароити хуб фароњам овардаанд. Сайёњон бо роњбаладии кормандони ширкат дар кўњњо бузи морхур ва дигар намуди њайвоноти вањширо тамошо карданд. Стаут Вилсон Сие зимни суњбат бо мо чунин иброз

дошт: “Ман орзуи 45-солаи худро дар Тољикистон амалї кардам ва аз ин хеле шодам. Дар бисёр кишварњо сафар намудам, вале дар ягон љо ин ќадар роњат набудам. Бузи морхурро аз наздик дидам ва шикор кардам. Мо бузи наринаи калонсолро шикор мекунем ва маблаѓи барои шикор пардохтшуда дар нигоњубин ва зиёд кардани саршумори он сарф мешавад. Ин, албатта, хеле хуб аст ва инро идоракунии устувор дар њифзи табиат меноманд.” -Бори аввал соли 1998 ба шикори Марко Поло омада будам. Бисёр монеъањо буд. Њељ кас амниятро кафолат дода наметавонист. Шикорчиёни ѓайриќонунї зиёд буданд ва аз њар тараф садои тир шунида мешуд. Ин сафар эњсос кардам, ки низоми гирифтани раводид, воридшавї ба Тољикистон хеле осон карда шудааст. Мардуми тољик низ мењмоннавоз аст ва худро дар хонаам њис мекунам. Шумо бењтарин неъмат-сулњу амният доред. Давоми 20 соли охир Тољикистон куллан таѓйир ёфта, ободу зебо шудааст. Роњњо тахту њамвор ва шароити хуб барои сайёњон муњайё гардонидаед. Роњбарияти давлат ва сокинон ба њифзу нигоњдошти табиат ањамияти љиддї зоњир мекунанд. Ман бори дигар ба Тољикистон њамроњи дўстонам меоям, зеро аксњо ва наворњои аз ин мавзеъ фиристодаам ба онњо писанд омаданд. Тољикистон бењтарин кишвар аст илова намуд Стаут Вилсон. Ширкати сайёњии “Сайди Тагноб” бањри боз њам бењтар намудани шароит барои сайёњон як ќатор тадбирњоро рўи даст гирифтааст. Дар соли 2020 аллакай як мењмонхонаи замонавї сохта ба истифода додаанд. - Бахшида ба солњои 2019-2021 “Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї” дар ноњия як мењмонхона барои 10 љой сохта ба истифода додем. Њоло сайёњони хориљї, ки ба ширкати мо меоянд дар он љо истироњат мекунанд. Дар соли 2021 бошад, бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шоњроњи Кўлоб-Бадахшон як мењмонхонаи дигар бунёд мекунем, - таъкид доштанд маъулини ширкати мазкур. Кормандони ширкати сайёњї дар баробари дигар корњо њифзу нигоњубини њайвоноти вањшї ва парандагони нодирро идома дода, барои рушди соњаи сайёњии экологиву кўњнавардї ва шикорї кўшиш ба харљ дода истодаанд. Ш. САФАРЗОДА

Вокуниш

АЗ БЕШАРАФЇ ТО БЕНОМУСЇ Филми “Хиёнат”, ќисми 7, ки тариќи телевизони Тољикистон намоиш дода шуд, фисќу фуљури назњати исломиро наќл менамояд. Филми “Бешарафї” аз бенангию беномусии падару писар мулло Ќаландар ва Муњаммадиќболи Садриддин бозгўй аст, ки ин фољиаи миллат мебошад. Ин бешарафї мањз бо дастони њардуи нањзатї поягузорї шудааст. Падар-Ќаландари Садриддин (мулло Ќаландар) дар љавонї соли 1985 бо гуноњи дастдарозї бо њайвонњо ба мањкама кашида шуда, њукми судї гирифт. Ин амал барои ў дарси ибрат нагардид ва писар Муњаммадиќболи Садриддин бо дасти падар дар синни 12-13- солагї дар Афѓонистон нангу номусашро фурўхта, бешарафу беномус гардид. Нањзатиён, ки Тољикистонро ба хоку

хун оѓушта буданд, худ љои амн кофта, ба Афѓонистон паноњ бурданд. Мулло Ќаландар соли 2019 дар ѓарибї-дар Полша вафот кард. Аз ин бадтар фољиаи нангине нест. Муњаммадиќболи Садриддин, бо роњи фиребу муфтхўрї ба њамсояњо зарари зиёди моддї ба миќдори 400 њазор доллари амрикої расонид. Ин шахси тинаташ пур аз ифлосї исломро ба доми тазвир табдил дода, имрўз дар хориљи кишвар бо кадом корњои номатлуб машѓул аст, худаш медонаду Худо. Љабрдидањо Э. Холов, Н. Кабутов, О. Ќаюмов маблаѓњои љамъкардаашонро бо ду дасти адаб ба ќаллоб Муњаммадиќболи Садриддин бароварда додаанд ва имрўз бо умеди онанд, ки ў ќарзро кай бармегардонад. Дар навор хонањои боњашамати мулло Ќаландар дар

шањри Бохтар нишон дода мешаванд. Ин хонањо аз маблаѓи лавотабозї ё аз маблаѓњои фиреби њамсояњо харида шуда бошанд?! Њизби террористї-экстремистии ислом, ки фаъолияташ моњи сентябри соли 2015, бо ќарори Суди Олии Љумњурии Тољикистон баста шудааст, дар ноором кардани љумњурї дар солњои 90-уми асри гузашта наќши асосї дорад. Монанди мулло Ќаландар, Муњаммадиќболи Садриддин садњои дигар дар ноором кардани ватани азиз ба бешарафию беномусї роњ додаанд. Таърих имрўз кору амали нољавонмардонаи онњоро рўи об мебарорад. Олуфтамоњи ЛАТИФ, донишљўи соли дуюми Академияи милитсияи Љумњурии Тољикистон

Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ишѓоли мансабњои зерини холии маъмурии хизмати давлатї

ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

1. Муовини роњбари дастгоњи раиси вилоят; 2. Мудири бахши робита бо кишварњои хориљии Раёсати рушди иќтисод ва савдои вилояти Хатлон; 3. Сармутахассиси шуъбаи меъморї ва шањрсозии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон; 4. Сармутахассиси шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи дастгоњи раиси вилояти Хатлон; 5. Сармутахассиси бахши њуќуќи кўдаки маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон; 6. Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморї ва шарсозии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон; 7. Мутахассиси пешбари бахши робита бо кишварњои хориљии Раёсати рушди иќтисод ва савдои вилояти Хатлон; 8. Мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон; 9. Мутахассиси шуъбаи иќтисод, молия ва ояндабинии дастгоњи раиси вилояти Хатлон; 10. Мутахассиси шуъбаи кадрњои дастгоњи раиси вилояти Хатлон; 11. Мутахассиси шуъбаи њифзи иљтимоии ањолии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон; 12. Мутахассиси шуъбаи ќароргоњи

«ХАТЛОН»

дастгоњи раиси вилояти Хатлон дар шањри Кўлоб. Талабот нисбати довталабон: Барои ишѓолкунандагони мансабњои категорияњои маъмурии дуюм, чорум, панљум, шашум ва њафтум тањсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад: -муовини роњбари дастгоњ-5 сол собиќаи хизмати давлатї ё 6 сол собиќаи умумии мењнатї; -мудири бахш-4 сол собиќаи хизмати давлатї ё 5 сол собиќаи умумии мењнатї; -сармутахассис- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї -мутахассиси пешбар; -мутахассис. Њуљљатњои зарурии пешнињодшаванда: -ариза ба унвони раиси вилоят (шакли муќарраршуда); -вараќаи бањисобгирии кадрњо (бо ду дона расми андозаи 4х6); -тарљумаи њол; -нусхаи њуљљатњо дар бораи тањсилот; -нусхаи дафтарчаи мењнатї; -маълумот оид ба вазъи саломатї шакли (086 УЕ);

МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА

-нусхаи шиноснома; -маълумот дар бораи надоштани доѓи судї; -маълумотнома аз маќомоти андоз дар бораи даромад ва амвол; -билети њарбї (барои шахсоне, ки хизмати њарбиро адо намудаанд); -нусхаи гувоњномаи РМА (раќами мушаххаси андозсупоранда); -маълумотнома (справка-обективка); -маълумотнома аз љойи истиќомат; -нусхаи суѓуртаи иљтимої (СИН) -нусхаи ќайди аќди никоњ. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: -Индекс:735140, шањри Бохтар, кўчаи ба номи Н. Њувайдуллоев 1, бинои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, ошёнаи 3, утоќи 303-304. Суроѓаи почтаи электронї: кadrho@ khatlon. Tj, телефон: 2-16-16, факс: 347. Музди моњонаи хизматчии давлатї: -муовини роњбари дастгоњ раис-2374 сомониву 60 дирам; -мудири бахш-1308 сомонї; -Сармутахассис-1186 сомониву 80 дирам -мутахассиси пешбар -972 сомониву 90 дирам; Мутахассис-800 сомониву 40 дирам. Ќабули њуљљатњо: Баъди нашри расмии эълон то 21рўз муњлат дорад.

Масъалаи зўроварї дар оила дар аксари кишварњои љањон њамчун мушкилоти мубрам боќї мемонад. Низоъњо ва нофањмињо дар тамоми самтњои муоширати одамон мављуданд ва ногузир ќисми таркибии муоширати байни одамон мебошанд. Агар низоъњо дар љомеа амали љоиз бошад, зўроварї дар оила амали ѓайриќонунии ѓайри ќобили ќабул ба њисоб меравад. Аз ин рў, људо кардани ин ду мафњум ва дарк кардани он муњим аст, ки зўроварї дар оила тибќи ќонун манъ аст ва шахсони амали зўровариро содирнамуда, барои амалњои худ ба љавобгарии маъмурї ва ё љиної, вобаста ба вазнинии амалњои содиршуда кашида мешаванд. Тадќиќоти дар доираи лоињаи “Пешгирии зўроварии хонаводагї” (PDV), ки бо маблаѓгузории Њукумати Швейтсария, ки аз љониби Филиали ГОПА мбХ дар Љумњурии Тољикистон дар аввали соли 2019 амалї карда шуд, дар суњбат бо занони шавњардор - мардон 18 -49-сола аз шањри Душанбе ва вилояти Хатлон нишон дод, ки 49,2% занони пурсидашуда дар давоми солњои охир њадди аќќал як намуди зўроварии љисмониро аз сар гузаронидаанд, дар муќоиса бо 3,7% мардони љабрдида. Њарчанд бархе аз коршиносон дар солњои охир афзоиши шумораи мардони љабрдидаи зўроварї дар оиларо ќайд кардаанд, аммо аксарияти љабрдидагон ва барои кумак мурољиаткунандагонро занон ташкил медињанд. Њамин тадќиќот нишон дод, ки 28,3% занон дар натиљаи амалњои зўроварї аз тарафи шавњаронашон љароњат бардоштаанд, дар њоле ки њељ яке аз мардони љабрдидаи пурсидашуда осеби љисмонї надидаанд. Асосан, нисбати мардон зўроварии равонї содир карда мешавад, дар њоле ки занон аз њамаи намудњои зўроварї дар оила осебпазиранд. Зиёда аз 15 сол мешавад, ки дар доираи лоињаи “Пешгирии зўроварии хонаводагї” (PDV) Маркази бўњронии «Ѓамхорї» дар ш. Бохтар фаъолият мекунад ва ба љабрдидагони зўроварї дар оила кумак расонида, онњоро њимоят мекунад. Соли 2016 дар назди Маркази буњронї, Маркази дастгирии занон, ки дар он ба љабрдидагони зўроварї дар оила паноњгоњи муваќќатї (бо имконияти то 28 рўз зистанро дорад), кушода шуд. Дар соли 2020 мутахассисони Маркази буњронї ба љабрдидогони зўроварї дар оила 3704 машварат, аз љумла дастгирии њуќуќї, равонї, иљтимої ва хизматњо

барои њимоя манфиатњои љабрдидаро дар суд пешнињод карданд. Инчунин, дар давоми соли гузашта, 24 зан ва 38 нафар фарзандони онњо дар паноњгоњ љойгир карда шуданд. Дар фаъолияти худ МБ "Ѓамхорї" бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсат ва шўъбањои кор бо занон ва оила, шўъбањои Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолї ва Вазорати корњои дохилї бомуваффаќият њамкорї мекунад. Яке аз намунањои кори муштараки Маркази буњронї ва сохторњои давлатї ќазияи маъюби гурўњи 2 Чамангул мебошад. Дар синни 9-солагї вай ятим мемонад ва хешовандонаш ўро барваќт хонадор карданд. Ваќте ки волидони шавњараш вафот карданд, оилаи љавон бесарпаноњ монда, дар вагончаи назди майдони гандум зиндагї мекарданд. Шавњари Чамангул зуд-зуд ўро мезад, ки дар натиља вай бо кўдаки ширхўраи худ ба Маркази буњронии “Ѓамхорї” мурољиат кард. Дар он њолат ўро дар маркази дастгирии занон љой доданд ва ба ў барои мубориза бо њаяљон (депрессия) ва инчунин дар нигоњубини кўдак дастгирї намуданд. Бо ў равоншиносон, корманди тиб ва њуќуќшинос кор карданд. Пас аз 28 рўзи дар Марказ будан, мутахассисон бо шавњари ў вохўрданд ва бо ў сўњбатњои фањмондадињї гузарониданд, пас ў бо шавњараш ба хонаи падарї, ки аз падараш мерос монда буд, баргашт. Аммо, пас аз чанд сол, ў дубора ба марказ мурољиат кард, зеро моиндараш нисбати ў зўроварї намуда ўро бо кўдакаш ба кўча ронд. Дар марказ, Чамангул боз як барномаи офиятбахширо бо мутахассисон гузашт ва инчунин ба ў дар гирифтани шањодатномаи таваллуд ва дуруст намудани саломатии фарзандаш низ кўмак расониданд. Мутахассисони маркази бўњронии “Ѓамхорї” бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Бохтар ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон тамос гирифтанд ва дар натиља бо дастгирии раиси вилояти Хатлон зан соњиби хонаи якњуљрагї гардид. Дар МБ «Ѓамхорї» «Телефони доимоамалкунанда» бо раќамњои 8(3222)-2-78-79 амал мекунад, ки тавассути он љабрдидагони зўроварї дар оила метавонанд машварати муассири њуќуќї ва дастгирии равониро ба тариќи ройгон гиранд.

Диќќат: музоядаи такрорї!

Иљрочиёни Хадамоти иљро дар шањри Бохтар рўзи 9 марти соли 2021, соати 10:00 даќиќа музоядаи такрорї оид ба фурўши амволи ќарздор Мањмадуллоев Гулмурод Аљиковичро бо кам намудан 15%, аз арзиши ибтидої эълон менамояд. № Т/р

Номгўи амволи њабсгардида

1.

Хонаи истиќоматї, иборат аз 5 (панљ) њуљра, дар ошёнаи дуюм, бинои чорошёна љойгир аст

Миќдор (адад)

Мансубият ва суроѓа

Нархи ибтидої

1 адад

Воќеъ дар шањри Бохтар, кўчаи Љ. Румї, хонаи 12, њуљраи 28

149581 (як саду чилу нуњ њазору панљсаду њаштоду як) сомонї

Ќабули дархостњо барои иштирок ва ба ќайд гирифтани иштироккунандагон аз рўзи нашри эълони мазкур оѓоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анљом меёбад. Музояда бо усули англисї гузаронида мешавад. Љойи баргузории музояда: шањри Бохтар, кўчаи Кайњоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон (ошёнаи 3-юм утоќи -35). Музояда соати 10:00 барпо мегардад. Пардохти кафолатпулї ба тариќи наќдї ба суратњисоби иљрочиёни Хадамоти иљро дар шањри Бохтар дар њаљми 5 фоизи арзиши молу мулк супорида мешавад. Маълумоти иловагиро оид ба гузаронидани музояда бо телефонњои (83222) 3-31-10, 93-300-20-46 гирифта метавонед.

Диќќат: музояда! Иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён барои ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќули тањти њабс ќарордошта: манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки “Бўстонќалъа”, дењаи Озодии мењнат, сохтмонаш аз хишти хом, масоњати умумии он 10629 мм, сатњи истиќоматиаш 72,23мм, сатњи фоиданокї 34,06 мм-ро ташкил медињад, музоядаи такрорї эълон менамояд. Манзили истиќоматї аз 4 њуљраи истиќоматї,

ТАЪЗИЯ Роњбарият ва кормандони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон нисбати даргузашти собиќадори љангу мењнат, шахсияти барљаста, ходими давлатї, раиси Шўрои собиќадорони љангу мењнати минтаќаи Кўлоб МИРЗО БЕКМАТОВ андуњгин буда, ба ањли оила, дўстону пайвандони марњум тасаллияти амиќ арз мекунанд. Шўрои собиќадорони љангу мењнати минтаќаи Бохтар, Шўрои куњансолони вањдати миллї ва эњёи Тољикистон дар вилояти Хатлон бинобар даргузашти собиќадори љангу мењнат, шахсияти барљаста, ходими давлатї, раиси Шўрои собиќадорони љангу мењнати минтаќаи Кўлоб МИРЗО БЕКМАТОВ андуњгин буда, ба ањли оила, дўстону пайвандони марњум сабри љамил хоњонанд.

Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.

РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 ЯНВАРИ СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА ЊИСОБ ГИРИФТА ШУДААСТ.

Навбатдор: Њангомаи ИСМАТ Тарроњ: Зафарљон АЗИЗОВ

анљомхона, ошхона, бо њуќуќи истифодабарии замин 1500 м.кв иборат мебошад. Дар савдои оммавї бо нархи 234347 (дусаду сиву чор њазору сесаду чилу њафт) сомонї. Муњлати баргузорї: як моњ баъд аз нашри эълон. Ваќти баргузорї: соати 09:00. Љойи баргузории музояда: бинои иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён. Телефон барои гирифтани маълумоти иловагї: 8 (3245) 2-15-51, 907-38-55-54.

ЭЪТИБОР НАДОРАД

Шањодатномаи гумшудаи ронандагии №0317453, дараљаи “С”, гурўњи №18, ки онро соли 2020 Клуби вилоятии варзишии техникии ТЉММ-и Хатлон ба Нигмонов Рахмонали Нуралиевич додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи ТАТ №117132, дар бораи хатми синфи 10, ки онро соли 1991 МТМУ №18-и ноњияи Кўшониён ба Музафарова Саъбагул Олимхуљаевна додааст, эътибор надорад.

ТАЪЗИЯ Њайати эљодии рўзномаи вилоятии “Хатлон” ба мухбири минтаќавї Ѓайбулло Њалимов бинобар сабаби даргузашти ЊАМСАРАШ њамдардии амиќ изњор намуда, ба наздикон ва пайвандони марњум аз даргоњи Худованди карим сабри љамил хоњонанд.

Рўзнома дар чопхонаи «Мега-Принт»-и шањри Душанбе ба табъ расидааст. Ба чопаш 4.02.2021 иљозат дода шуд. Адади нашр: 12000 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Рузномаи Хатлон Шумораи №6-2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu