ХАТЛОН
Рӯзномаи «Хатлон» Рӯзномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
Ҷаримабандии Душанбе, 19 июли соли 2021, №43 (3332) 377 нафар
Истеҳсоли неруи барқи офтобӣ
2
3
Тоҷикистон - ватани Рузномаи «Хатлон» ҳунар
Соли 90-уми нашр
№43 (3332), 19.07.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватананд
Боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз отрядҳои сарҳадии ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 16 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардида, бо ҳайати захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудии вилоят як қатор суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пойгоҳи Отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оғоз гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази баргузории чорабинӣ, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ саф кашида буданд, ташриф оварданд. Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Отряди сарҳадии Панҷ подполковник Дониёр Файзуллозода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ оид ба комёбиву дастовардҳои беназири истиқлоли давлатӣ, инчунин, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи имрӯзаи сарҳади давлатӣ ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо суханронӣ карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи афсарону сарбозонро, ки марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, амнияти давлату ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистонро содиқона ҳимоя карда истодаанд, ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар симои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони фидокори Ватани маҳбуби худро мебинанд. Вобаста ба авзои кунунии давлати ҳамсояи Афғонистон Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин давлати ҳамҷавор на танҳо барои амнияти кишвари мо, балки дар таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳаммияти махсус дорад. Имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, аз афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагиро тақозо менамояд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар як афсару сарбоз вазифаҳои бисёр мушкилу масъулиятноки ба зиммааш гузоштаи давлат ва халқи Тоҷикистонро минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ, ҷасорату матонат ва далериву шуҷоат иҷро мекунанд. Баъд аз анҷоми суханронӣ бо амри сардори Отряди сарҳадӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо ва қувваҳои эҳтиётӣ оғоз гардид. Дар гузашти низомӣ хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва қувваҳои эҳтиётӣ ё худ захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, ки шумораи умумии онҳо, дар маҷмӯъ, беш аз ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад, иштирок намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ, бо вуҷуди вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пуррагардонии сафҳои артиш бо афсарони касбиву кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд. Зеро артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он ба ҳисоб меравад. Баъд аз анҷоми гузашти низомии ҷузъу томҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати захираҳои сафарбарӣ суҳбат доир намуданд. Зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати қувваҳои эҳтиётӣ изҳор доштанд, ки чун захираҳои сафарбарӣ барои ҳимояи ҳар зарра хоки поки Ватан доим тайёранд ва дар ҳама гуна вазъият, бо гирифтани аввалин бонги хатар дар ҳамоҳангӣ бо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба хотири ҳифзи давлат ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми он дар паҳлуи Сарвари ғамхори худ ва халқи шарафманди диёр қарор мегиранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз вохӯрию суҳбатҳои самимӣ бо афсарону сарбозон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангии ҷузъу томҳои отряд шинос гардиданд. Зимни шиносоӣ бо вазъи маишиву хизматӣ ва таъминоти ҳайати шахсӣ бо маводи хӯрокворӣ, сару либоси низомӣ ва дигар амволи шайъӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии
ёрирасони Отряди сарҳадии Панҷ боздид карданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар тобеияти Отряди сарҳадии мазкур чор гектар замини хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст, ки ҳайати шахсӣ дар он зироатҳои гуногун кишт карда, ҳамасола ҳосили хуб ҷамъоварӣ менамоянд. Маҳсулоти бадастомада барои таъмин намудани ҳайати шахсӣ бо озуқаворӣ ва серғизо намудани хӯроки онҳо мусоидат менамояд. Бо ҳамин боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии Панҷи вилояти Хатлон ба анҷом расид. Боздиди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи тайёрии ҷангии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон идома ёфт. Тибқи ишораи бонги хатар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии ин минтақа, ки шумораи онҳо беш аз ду ҳазор нафар буд, дар майдони фурудгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон бо техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҳозиразамон саф ороста буданд. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, доир ба вазъи ноустувори минтақа ва ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои воқеӣ, тайёрии ҳамаҷонибаи ҳайати шахсӣ, сафарбарӣ ва идораи қӯшунҳо, аҳаммияти ҷалби захираҳои эҳтиётӣ, дар ҳолати омодабош қарор додани ҳама намуди силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва техникаҳои ҷангӣ, ҳушёриву зиракии сиёсиву низомӣ ва муҳимтар аз ҳама, барои пойдории сулҳу субот содиқонаву софдилона хизмат намудан ба сарзамини аҷдодӣ андешаронӣ намуданд.
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
1
4
ХАТЛОН Саҳ.
Тоҷикистон, ба пеш!
Соли 90-уми нашр
ру таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ҳифз карда истодаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмин намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъйиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи “Ворисони Куруши Кабир”, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ, 5 қисми ҳарбӣ дар самти таъминоти техникӣ таъсис ёфта, 187 иншооту бинои ёрирасон бунёд карда шуд. Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ бунёд ва 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ шудааст. Инчунин, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад бунёд гардидааст. Дар даврони истиқлол 2800 нафар ҷавон, аз ҷумла 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд. Дар давоми чанд соли охир дар натиҷаи ҳушёриву зиракии сарҳадбонони ҷасури отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат зиёда аз 25 тонна маводи мухаддир, 1200 мил силоҳ ва 6300 адад муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Ҳамчунин, хотирнишон гардид, ки то имрӯз зиёда аз 1600 оилаи афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин гардида, роҳбарияти давлат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад ва дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият мебахшад. Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону низомиён муроҷиат карда, изҳор доштанд, ки ҳар яки шумо бояд интизоми ҳарбиро бо таври қатъӣ риоя намоед, доим ҳушёру зирак бошед ва нагузоред, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи Ватан ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд. Баъд аз суханронии Сарвари давлат гузашти низомии афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ доир гардид. Дар идомаи сафар ва шиносоӣ бо вазъи омодагии ҷузъу томҳо ва захираҳои сафарбарии минтақаи мудофиаи ҳудудӣ Сарвари давлат аз шароити хизмативу маишӣ, таълимӣ ва пойгоҳҳои моддиву техникии афсарону сарбо-
Қарори нави Ситоди вилоятӣ Фаъолияти тарабхонаҳо ва марказҳои дилхушӣ зери назорат қарор гирифта, баъд аз соати 22:00 фаъолияташон манъ карда мешавад. Ин тадбир тибқи қарори Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз пайдоиш ва интиқоли сирояти нави коронавирус COVID-19 дар вилояти Хатлон, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид, амалӣ карда мешавад. Ситоди вилоятӣ ҳамчунин дастур додааст, ки бо мақсади роҳ надодан ба паҳншавии бештари ин бемории сироятӣ баргузории тӯю маъракаҳо дар доираи талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ бо маҳдудият гузаронида шуда, гаштугузори кӯдакон, инчунин гаштугузори бемавриди калонсолон дар рӯзи Иди Қурбон манъ карда шавад. Тибқи қарори ситод, ҳамчунин бояд ҷиҳати назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ, реҷаи ниқобпӯшӣ, риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору нуқтаҳои савдо, муассисаҳои тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, иттиҳодияҳои динӣ, корхонаю коргоҳҳо, нақлиёти мусофиркаш ва дигар мавзеъҳо чораҳои таъхирнопазир андешида шавад.
Вазири афғон: “Аз роҳбарияти Тоҷикистон сипосгузорем” 14 июл дар шаҳри Кобул мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо вазири давлатӣ дар умури сулҳи Афғонистон Саидсаодат Мансур Нодирӣ бо дархости ҷониби афғонӣ баргузор гардид. Дар мулоқот мавзӯи раванди сулҳи Афғонистон ва вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд. С. Нодирӣ ба хотири қабули сарбозон ва ғайринизомиёни афғон, ки ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд, аз роҳбарияти Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Вай дар идома таҷрибаи тоҷиконро дар барқарории сулҳ дар соли 1997 арзишманд хонд ва хоҳони истифода аз ин таҷриба шуд. Дар идомаи мулоқот сафири Тоҷикистон вазъияти кунунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо Тоҷикистонро нигаронкунанда хонда, илова намуд, ки Тоҷикистон хоҳони поёни ҷанг, пешбурди музокира байни тарафҳои даргир ва ёфтани роҳи ҳаллест, ки мавриди қабули ҳамаи сокинони Афғонистон бошад.
Афзоиши масоҳати гармхонаҳо Дар вилояти Хатлон масоҳати гармхонаҳо ба 806,7 гектар расидааст. Аз он гармхонаҳои доимӣ 57,3 гектар ва мавсимӣ 752,4 гектар мебошад. Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз Сарраёсати кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, аз ҷумла дар бахши ҷамъиятию хоҷагиҳои деҳқонӣ масоҳати гармхонаҳо 426,4 гектар, аз он доимӣ 45,8 гектар ва мавсимӣ 380,6 гектар аст. Дар гармхонаҳо ба ҳолати 1 июли соли 2021 ҳамагӣ 808,3 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 307,9 гектар, бодиринг 268,5 гектар, дигар сабзавот 231,9 гектар буда, масоҳати гармхонаҳои парвариши лимӯ 327 гектар, аз он ҳосилдиҳанда 282 гектар мебошад. Манбаъ афзуд, ки то 1 июли ҷорӣ аз гармхонаҳои вилоят 23596,4 тонна маҳсулот, аз ҷумла 7069,8 тонна помидор, 7868 тонна бодиринг ва дигар сабзавотҳо 8657,6 тонна истеҳсол гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 356 тонна ва майдони он 155 гектар зиёд мебошад.
Китоби “Тоҷикон” ба Левакант расид Корвони китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Левакант ҳам расид, ки барои 7380 оила пешбинӣ шудааст. Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ доданд, китобҳо дар Қасри фарҳанги шаҳри Левакант ҷобаҷо гузошта ва дар кӯтоҳтарин фурсат ба ҳар як хонаводаи шаҳр расонида хоҳанд шуд. «Тоҷикон» китобест, ки бояд дар ҳар як хонаи тоҷик ҳамчун китоби рӯйимизӣ бошад. Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат масъулинро вазифадор карда буданд, ки то ҷашни сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як хонаводаи тоҷик махсус аз фонди Президент як нусха китоби «Тоҷикон» дастрас карда шавад.
Қубодиён. Бунёди се иншооти ҷашнӣ Дар ноҳияи Қубодиён ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ се иншооти нави ҷашнӣ - бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №20, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти “Заркамар” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, иншооти мазкур бо тамоми таҷҳизоти нави зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Бунёд ва ба истифода додани иншооти мазкур барои беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон дар маҳал бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону саховатпешагон равона гардидаанд. То фаро расидани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома меёбанд.
Бунёди роҳу иншооти нав дар Кӯшониён Соли равон дар ноҳияи Кӯшониён аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 9,1 километр роҳ мумфарш ва ду пул сохта шудааст, ки маблағи он 79,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон ҳамаи афсарону сарбозонро ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик карданд. Президенти мамлакат зимни суханронӣ оид ба зарурати таъмини амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат, ки аз сатҳи ҳимояи сарҳадот вобаста аст, андешаронӣ намуданд. Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳоло ба як сохтори муҷаҳҳазу муосир ва неруи боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтааст, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон ва аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Сарҳадбонони мо бо ҳимояи марзҳои давлати Тоҷикистон бехатарии кишварҳо ва минтақаҳои дигари дунёро низ аз хата-
зон боздид ба амал оварданд. Қобили зикр аст, ки барои баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар, тақвият бахшидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар маҷмӯъ, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло тамоми қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаи хуби моддиву техникӣ ва дигар шароити муосири хизмативу таълимӣ ва маишӣ таъмин карда шудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз отряди сарҳадӣ ва ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии сохторҳои низомии мамлакат доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас доданд. www.president.tj
Дар ним соли гузашта аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 256,9 ҳазор сомонӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 27,5 ҳазор сомонӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои мошингард ҷудо гардид. Дарозии роҳҳои ноҳия 231,9 километрро ташкил дода, 34,8 километри он дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар ноҳияи Кӯшониён бунёди 337 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 304 адади он ба истифода дода шуд. Дар ноҳия сохтмони 57 синфхонаи иловагӣ бо 1445 ҷойи нишаст идома дошта, як муассисаи таълимӣ бо 24 синфхона барои 620 нафар дар як баст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Душанбе, 19.07.2021
Сешанбе, 20.07.2021
Шабона +23+25 с Рӯзона +39 +410 с
Шабона +22+24 с Рӯзона +38 +400 с
0
0
Чоршанбе, 21.07.2021
Шабона +22 +240 с Рӯзона +39 +410 с
Манбаъ: www.meteo.tj