Рузномаи Хатлон №51-2020

Page 1

Рўзи Парчами давлатї муборак!

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №51 (3287)

СЕШАНБЕ, 24 ноябри соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Мардуми шарифи Тољикистон зери парафшонии Парчами давлати худ барои истиќболи сазовори љашни муќаддасу бузурги миллї - сисолагии истиќлоли давлатї саъю талош карда, њадафњои бузургу созандаро амалї месозанд. Дар ин раванд, Парчами давлатї барои мардуми шарафманди Тољикистон њамчун рамзи ватандорї, нангу номус, худшиносиву худогоњї ва вањдати миллї хизмат мекунад ва ба мо дар љодаи ободониву созандагии сарзамини аљдодиамон рўњу илњоми тоза мебахшад. Эмомалї РАЊМОН

ПАЁМИ ТАБРИКИИ

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ЌУРБОН ЊАКИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Њамдиёрони азиз! Миллати тољик ва тамоми мардуми Тољикистони азиз аз хушбахттарин миллатњое дар арсаи байналмилалї ба шумор мераванд, ки соњиби муќаддасоти миллї, аз љумла Парчам буда, дар фазои сулњу субот ва оромию осудагии мењан парафшонї дорад. Парчам, дирафш дар њама давру замон рамзи давлати миллї дониста шуда, он њамчун муќаддасот ва нишонаи давлату миллат ба њисоб меравад. Пайдоиши парчамњо реша дар гузаштањои дури фаротаърихї доранд. Тољикон аз давраи бостон бо эљоди илму фарњанг дар аќсои олам шуњратёр буданд. Бо рушду пешрафти љомеа ва нобаробарињои зиндагї тадбирњое мељустанд, ки дар бартараф кардани мушкилоти замон ва пойбарљо намудани сиёсат рамзњои давлатии худро њамчун нишонаи олии давлатдорї нигоњ медоштанд, ки то ба замони мо омада расидааст. Тамаддуни парчамдорї барои миллати тамаддунофару соњибэњтироми тољик аз замони шоњони Каёнї оѓоз ёфта, њамчун рамзи муќаддасоти давлатдорї шинохта шуд. Боло бардоштани Парчами Кова, ки таљассумгари зери як матои муќаддас ба њам овардани мардум буд, то имрўз љалолу њашамати таърихии худро гум накарда, сол то сол ќадру ќимати он зиёда мегардад. Бо гузашти солњо парчами эљоднамудаи Коваи оњангар њамчун рамзи давлатдорї эътироф шуда, дар њамаи њамоишу анљуманњо, чорабинињои сиёсию фарњангї парафшонї менамуд ва њар як шоњи Каёнї дар замони салтанати худ нишоне аз он насб

мекард, ки ин арљгузорї то ба имрўз идома ёфта, аз љониби мардум мавриди эњтиром ќарор дорад. Сарчашмањои таърихї аз мавќеи бузурги пешоњангї ва рамзи далерию љасурї доштани парчам, аз љумла Парчами Коваи оњангар “Дирафши Ковиёнї” шањодат медињад. Таърихи парчамдории миллати куњанбунёди тољик, ки аз замони Коваи бузург сарчашма мегирад, њамчун рамзи сарбаландї, муросо накардан ба зулму истибдод, њимояи номус ва шараф, љасорат ва мардонагї маънидод мегардад. Дар масири пурпечутоби таърих миллати тољик вобаста ба њадаф ва маќсадњои сиёсатњо, муборизаю тањдидњои аљнабиён њељ гоњ парчами худро аз даст надода, онро њамчун муќаддасоти олї њифз намудааст. Мањз ба њамин сабаб Парчами давлатиро њамчун рукни муњимми давлатдорї, ки мављудият ва њастии он нишонаи шараф, номус ва ѓурури миллат аст, доимо бояд њифз намуд ва эњтироми онро њамчун эњтироми бузургтарин дороии миллат - давлатдории миллї ба љо овард. Эълон гардидани Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ва баргузории Иљлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон на танњо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзњои асосии давлати куњанбунёду тозаистиќлоли тољиконро дар таърихи 24-уми ноябри соли 1992 асос гузошта, аз худи њамон сол то кунун Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон бо нишонаи се ранг ва акси тољу њафт ситора ќабул гардид, ки њар ранг ва акси тољу ситорањо моњияти таърихї ва ањамияти сиёсии ба худ хосро дороанд. Дар Иљлосияи мазкур Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон њамчун давомдињандаи мероси њазорсолањои тољикон, дар назди омма ба рамзи садоќату вафодорї, парчами ба тозагї офаридаи давлати навини тољиконро бўсида буд. Ин садоќати Пешвои миллат ба муќаддасоти миллї воќеан њам барои насли имрўзу ояндаи кишвар дарси мардонагию мењанпарастиро омўхт. Таърихи парчамдорї баёнгари он аст, ки ниёкони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чї дар дохили кишвар, чї дар набардњои сарнавиштсоз нигањбонї кардаанд ва дар оянда низ њифз хоњанд намуд. Дар Љумњурии Тољикистон аз соли 2009 инљониб 24 ноябр њамчун Рўзи Парчами миллї таљлил карда мешавад, ки ин иќдоми шоистаи Пешвои муаззами миллат бори дигар мардуми кишварро зери як матои муќаддас бо њам оварда, аз устуворию суботи њамешагии Тољикистон ифтихор менамоянд. Боиси ифтихори мардуми тољик аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба хотири гиромидош-

ти наќши созандаву муассири Парчам дар тарбияи њисси худогоњиву худшиносї ва ватандўстиву ватанпарастии мардум дар пойтахти ватани азизамон шањри Душанбе пояи Парчами давлатии Тољикистон бо баландии 165 метр, дарозии 60 ва пањноии 30 метр, ки дар љањон камназир аст, сохта шудааст. Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон, аз љумла Бохтар, Кўлоб, Норак, Левакант, Вахш, Шањритус, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоњин, Кўшониён, Хуросон Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон сохта ба истифода дода шуд ва рафти корњои сохтмонї дар дигар ноњияњои вилоят идома дошта, то љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мавриди бањрабардорї ќарор хоњанд гирифт. Љилваи Парчам дар њар гўшаи диёр баёнгари мустаќилият ва рушду пешрафти давлат буда, ќадршиносї ва арљгузорї ба муќаддасоти миллї ќарзи фарзандии њар як фарди бедордил мебошад. Бояд таъкид дошт, ки таљлили Рўзи Парчами давлатї низ яке аз омилњои болоравии њувияти миллї ва дарки худшиносї, эњтиром ба забону фарњанг буда, ин санаи фархунда дар сањфањои таърихи навини тољикон мебошад. Боиси ифтихор аст, ки имрўз ин Парчами муќаддас ливои озодию истиќлолият, ливои сиёсати созандагиву бунёдкорї ва мењнати фидокоронаи халќамон бањри шукуфоии Тољикистони соњибистиќлол гардидааст. Ин рўзи фархунда ва шодию фарањмандиро ба тамоми мардуми сарбаланду бовиќори вилояти Хатлон табрику тањният гуфта, хуррамиву осоиштагї, рўзгори пурфайзу эњсон, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро орзу менамоям. Бигзор, Парчами пурљило ва нурафшони истиќлолият дар ќалби њар як сокини вилоят ва љумњурї муњаббат ба ватану миллатро афзунтар созад ва асрњои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонї намояд. Бигзор, Парчами давлатии мо, њамеша моро ба сўйи ягонагию вањдат, сулњу субот ва зиндагии шоиста рањнамо бошаду дар роњи пурпечутоби љањони муосир, барои дастовардњои нав, дар фазои Тољикистон љилвагар бошад. Бигзор, Парчами давлатии мо, ки нишонаи нангу номус ва иќболи баланди миллат аст, доимо бо љилваи худ ифтихору ѓурури ватандории моро боз њам болотар барад. Бигзор, Парчами давлатї болои сари миллату давлати тољикон абадан љилвагар ва парафшон бошад!

МАВСИМИ НАВИ НИЊОЛШИНОНЇ ВА КАБУДИЗОРКУНЇ ОЃОЗ ГАРДИД 21 ноябри соли 2020 дар гулгашти майдони “70-солагии водии Вахш” дар шањри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода беш аз 100 адад дарахтони нодири ороишї ва сояафкан шинонида шуд. Тавре ки иттилоъ дода шуд, имрўз дар саросари шањри Бохтар, аз љумла майдони “Вањдати миллї”, атрофи осорхонаи “Бибихонум”, майдони Маркази љавонон, боѓи фароѓатии ба номи Р.Мўрчаев, хиёбони Вањдат, љамъан 620 бех нињолони камназири можевелник, дарахти аќоќиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх, сўзанбарг шинонида шуданд. Ин нињолон ва дарахтони чандсола аз нињолпарваришгоњњои ватанї ва кишварњои аврупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорї гардидаанд. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода љињати нигоњдории дарахтони нодири ороишї, кишти алафњои њамешасабз ва гулњо дар майдони “70-солагии водии Вахш”, аз љумла то 100 њазор адад лолаи хушранг, вусъати корњои хуррамгардонї дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шањрдорї дастур доданд. Бо иштироки раиси вилоят дар дењаи Обшорони Љамоати дењоти “Заргар”-и ноњияи Кўшониён низ маъракаи нињолшинонї барпо гардид. Дар ин мавзеъ сокинони мањаллї беш аз 400 бех нињоли можевелник шинониданд. Ќурбон Њакимзода, њамчунин, дар Љамоати дењоти “Заргар” аз гармхонањои лимўпарварї дидан намуд. Дар ин гармхонањо зиёда аз 400 бех лимў парвариш карда шуда, дар байни ќаторњо кишти картошка љараён дорад. Соли гузашта аз њар гармхона 600700 кг картошка љамъоварї намуданд. Дар парвариши картошка

аз нурињои минералї истифода бурда мешавад. Њамзамон, кишоварзон дар гармхона помидору бодиринги мавсимї мешинонанд. Ќобили зикр аст, ки тибќи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли 2020 оид ба таъсиси Ситод ва тасдиќи наќшаи нињолшинонї, кабудизоркунї ва солимгардонии муњити зист барои солњои 2020-2021 дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон, ин мавсим шинонидани 418 њазор бех нињоли дарахтони ороишї, сояафкан ва њамешасабз, инчунин, кишти майсаи њамешасабз ба масоњати умумии 300 њазор метри мураббаъ дар назар дошта шудааст. Инчунин, дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 њазор гулу гулбутта, аз љумла 2,6 миллион дона лола, 710 њазор гули садбарг, 6,6 миллион гулњои мавсимї ба наќша гирифта шудааст.

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОЊИЯИ ТЕМУРМАЛИК 22 ноябр раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода бо маќсади шиносої бо рафти корњои ободонї ва сохтмони иншоотњо дар доираи омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон ба ноњияи Темурмалик сафари корї анљом дод. Раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалањои рушди иљтимої ва

Таљњизоти корхона аз Хитой харидорї ва насб шудааст. Ба истифода додани иншооти мазкур дар соли 2021 дар назар дошта шудааст. Дар љараёни сафари корї дар ноњияи Темурмалик раиси вилоят Ќурбон Њакимзода ва ёрдамчии Президенти мамлакат Абдуљаббор Рањмонзода аз рафти корњои сохтмонї дар Ќасри фарњанг дар Љамоати дењоти "Кангурт" дидан карданд.

робита бо љомеа Абдуљаббор Рањмонзода нахуст аз корхонаи истихрољи сангу шаѓал дар дењаи Дањани намак дидан карданд. Иншооти мазкур аз њисоби маблаѓњои бахши хусусї ба маблаѓи 1,5 миллион сомонї аз тарафи ЉДММ «Файзи Шакур» бунёд мегардад. Иќтидори истењсолии корхона, ба иттилои сармуњосиби он Музаффар Њошимов, 100-120 метри мукааб дар як шабонарўз мебошад. Дар ин иншоот айни њол 15 нафар бо маоши миёна дар њаљми 1400 сомонї ва баъди ба пурра мавриди истифода ќарор гирифтан беш аз 25 нафар шањрвандон бо љойи кори доимї таъмин мегарданд.

Иншооти мазкур аз рўйи лоињаи сохтмонї барои 500 нафар тамошобин бунёд гардида истодааст. Айни замон корњои пардозгарї дар иншоот љараён дорад. Маблаѓгузории иншооти мазкур, ки 10 миллион сомониро ташкил медињад, аз љониби соњибкори мањаллї М.Шоњиён ба роњ монда шудааст. Ба кори сохтмон 80 нафар бинокорону меъморон љалб гардидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар арафаи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мавриди истифодаи умум ќарор хоњад гирифт. Шуъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси вилояти Хатлон


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.