Рузномаи Хатлон №49-2020

Page 1

ХАТЛОН

БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД

Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №49 (3285)

Сешанбе, 3 ноябри соли 2020

www.khatlon-ruznoma.tj

E-mail: khatlon.tj@mail.ru

Маросими савгандёдкунии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон

Ман Ватани мањбубам ва халќи азизамро сидќан ва беш аз љони худ дўст медорам Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Љумњурии Тољикистон Њамватанони азиз! Муњтарам аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон! Њозирини гиромї! Дар ин лањзањои пурифтихор бо камоли эњтиром ва муњаббату садоќати фарзандї ба тамоми мардуми шарифи Тољикистон ва њамватанони бурунмарзиамон, ки рўзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муњимми сиёсї – интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон эътиќоду бовари бузург зоњир намуда, сарнавишти худ ва таќдири мамлакатро ба дўши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимї баён менамоям. Њамчунин, бо эњтироми бенињоят бузург изњор медорам, ки ман њамчун як фарзанди халќи азизи Тољикистон њанўз аз рўзњои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роњбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиќадорону пирони рўзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи љавонони ватандўсту бонангу номус рўњу нерўи тоза гирифта, дар љодаи рафъи мушкилоти нињоят сахту сангини сиёсї ва иќтисодиву иљтимоии кишвар бо иродаи мустањкам ва азми ќавї ќадам мегузоштам. Ман аз мардуми азизи Тољикистон як љањон сипосгузорам, ки зањмату талошњои маро бо иштироки фаъолонаи худ ќадрдонї карда, муњаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд. Ин муњаббату самимияти халќи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии

Тољикистон, оромии Ватан ва осоиши њар як хонадони кишвар дањчанд зањмат кашам. Имрўз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба љо овардани рисолати бузурги давлатдорї, яъне роњбарї кардани давлати соњибистиќлоли Тољикистон, њифзи сулњу оромї, суботи сиёсї, вањдати миллї, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнњои давлатдорї, амнияти љомеа ва давлат, волоияти ќонун, рушди бомароми иќтисодиву иљтимоии кишвар ва муњимтар аз њама, боз њам бењтар гардонидани шароити зиндагиву рўзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд. Ман имрўз садњо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду боварии халќи азизам њастам ва барои ин эътиќоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тољикистон сари таъзим фуруд меорам. Ман њамаи шумо - халќи азизам ва хурду бузурги Тољикистонро сидќан дўст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиќона хизмат мекунам. Мехоњам як нуктаи бисёр муњимро бо ифтихору ќаноатмандї изњор намоям: дар фосилаи њамагї њафт моњ баргузор гардидани ду чорабинии муњимми сиёсї, яъне интихоботи вакилони Маљлиси намояндагон ва маљлисњои мањаллии вакилони халќ ва махсусан, интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон бори дигар собит намуд, ки дар љомеаи имрўзаи Тољикистон

фазои комили њамдигарфањмї, вањдати миллї, садоќат ба ормонњои таърихии халќи куњанбунёди тољик, пойдории сулњу субот ва фарњанги баланди сиёсии шањрвандї ба неруи воќеан бузург табдил ёфтааст. Ин падидаи нек маро ба ояндаи дурахшони Тољикистони мањбубамон ва зиндагии осудаи халќи азизам умедвору дилпур месозад ва эътимоди маро барои фардои орому босуботи давлат ва мардуми кишвар боз њам ќавї мегардонад. Дар њафт соли охир љињати расидан ба њадафњои олии давлат ва дар навбати аввал, бо маќсади муњайё намудани шароити арзандаи зиндагї барои мардуми кишвар хеле корњои назаррас ба анљом расонида шуданд. Њоло мехоњам баъзеи онњоро мухтасар хотирнишон намоям: Дар солњои 2013-2020 њаљми воќеии маљмўи мањсулоти дохилї беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардид. Маљмўи мањсулоти дохилї ба њар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии ањолї беш аз 2 баробар ва музди мењнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт. Зиёда аз як миллион љойи корї таъсис дода шуда, шумораи шањрвандоне, ки ба муњољирати мењнатї мераванд, аз 1 миллиону 100 њазор то 460 њазор нафар, яъне дуюним баробар кам карда шуд. Дар натиљаи амалї гардидани санадњои стратегї сатњи камбизоатї аз 38,3 фоизи

соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шањрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт. Дар ин лањзањои воќеан хотирмони таърихї ба тамоми саноатчиёну сохтмончиён, инчунин, соњибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои зањмати содиќона ва ташаббусњои ватандўстонаашон, ки боиси рушди соњањои саноату сохтмон, ободии шањру дењоти мамлакат, ташкили љойњои нави корї ва бењтар шудани шароити зиндагии мардум гардид, изњори миннатдорї менамоям. Њамчунин, хотирнишон месозам, ки дар натиљаи пешбурди сиёсати самарабахши молияи давлатї дар ин давра њаљми умумии даромади буљети давлат ду баробар зиёд шуд. Ба соњањои гуногуни иќтисоди миллї аз њисоби њамаи сарчашмањои маблаѓгузорї беш аз 100 миллиард сомонї сармоя, аз љумла 30 миллиард сомонї сармояи мустаќими хориљї љалб гардид. Дар давраи зикршуда муассисањои тањсилоти миёнаи умумї барои 245 њазор хонанда, муассисањои тандурустї бо 9 њазор кат ва манзили истиќоматї ба масоњати 9 миллион метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра беш аз 1500 километр роњњои мошингард, 190 пул, 50 километр роњи оњан бунёд гардида, имкониятњои транзитии кишвар тавсеа пайдо карданд. Дар њафт соли охир ба соњаи энергети-

30 октябри соли 2020 маросими ба иљрои вазифаи Президенти Љумњурии Тољикистон шурўъ намудани Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон тибќи муќаррароти расмї баргузор гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки рўзи 11 октябри соли 2020 тариќи интихоботи умумихалќї номзад аз Иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон, Иттифоќи љавонони Тољикистон ва Њизби Халќии Демократии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бо 90,92 % овози интихобкунандагон аз нав ба маќоми Президенти Љумњурии Тољикистон интихоб шуданд. Маросими мазкур дар Ќасри миллат, Кохи Сомони бўстонсарои шањрии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дар майдони Дўстии пойтахт бо савгандёдкунии афроди Ќуввањои Мусаллањи кишвар ба Президенти Љумњурии Тољикистон баргузор шуд. Маросими ба иљрои вазифа шурўъ намудани Президенти кишвар дар толори оинабандии Ќасри миллат, бо супурдани шањодатномаи Президенти Љумњурии Тољикистон

Рањмон барои ёд кардани савганд аз Ќасри миллат љониби Кохи Сомони бўстонсарои Њукумати Љумњурии Тољикистон њаракат намуданд. Дар ин ваќт Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ва Ливои Президенти Љумњурии Тољикистон аз љониби афсарону сарбозони Горди миллии Љумњурии Тољикистон, ки либосњои идонаи низомї ва шамшерњои аз ниём кашида доштанд, ба толор зери оњанги мутантани фахрї ва марши махсус ворид карда шуд. Дар болои шоњсуфа Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон аз љониби рост ва аз љониби чап Ливои Президенти Љумњурии Тољикистон гузошта шуданд. Хотиррасон мекунем, ки Ливои Президенти Љумњурии Тољикистон аз рўи рангњо ва андозааш монанди Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон буда, дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллї аз даврони ќадим аст. Дар ќисми болоии Дирафши Ковиён найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва ќудрати

ба Эмомалї Рањмон аз љониби раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон Бахтиёр Худоёрзода оѓоз ёфт. Њамзамон бо супурдани шањодатнома Нишони Президенти Љумњурии Тољикистонро раиси Суди конститутсионии Тољикистон Ашўрзода Абдулњафиз ба Эмомалї Рањмон супорид. Дар толори Кохи Сомон Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муњтарам Рустами Эмомалї ва Раиси Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Мањмадтоир Зокирзода тибќи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї љаласаи якљояи сеюми Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон, даъвати шашумро ифтитоњ карда, якљоя њозир шуданд. Дар толор, њамчунин, аъзои Њукумати мамлакат, роњбарони намояндагињои дипломатии кишварњои хориљї, собиќадорони љангу мењнат ва намоядагони ањли љомеа њузур доштанд. Ќатори мошинњои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї

њифзи давлат мебошад. Ќисмати чањоргонаи Дирафши Ковиён - чањор тарафи љањонро таљассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дўстї ва њамкорї бо њама кишварњои олам аст. Дар дохили Дирафши Ковиён - чањор шохаи марѓула дар даври хуршед њамчун рамзи њамеша дар њаракат будани ваќту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, вањдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд. Дар маркази Дирафши Ковиён шери болдор њамчун рамзи ќудрат, нерумандї ва шукўњи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст. Дар болои тасвири шери болдор тољ ва њафт ситора њамчун асоси Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон инъикос ёфтаанд. Дирафши Ковиён бо ресмонњои рангаи зарњалин дар њарду љониби Ливо дастдўзї гаштааст. Нўги чўбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад. Сипас, Конститутсияи Љумњурии Тољикистон аз љониби сипоњиёни Горди миллии Љумњурии Тољикистон зери

(Давомаш дар сањ. 2)

Конститутсия - пойдевори давлат ПАЁМИ табрикии раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба муносибати Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон

Њамватанони азиз! Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар шароите таљлил гардида истодааст, ки мардуми саодатёри Љумњурии Тољикистон ва тољикони бурунмарзї зери таассурот аз маросими савгандёдкунии пур аз фарању шодї ва њикмати давлатсозии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ќарор доранд. Солгарди ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар радифи дигар санањои таќдирсози халќу миллат воќеан њам мавќеи хосаи сиёсї ва иљтимоиву маънавиро дорост. Мардуми сарбаланду тамаддунофари кишвар, бахусус вилояти Хатлон бо саодатмандию сарфарозї, ифтихор аз диёри мањбуб ва бо шукргузорї аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, устувории пояњои давлатдорї њамасола ин љашнро бо фарањмандї истиќбол менамоянд.

Конститутсия њамчун њуљљати муњими сиёсиву њуќуќї, шањодатномаи миллат, инсон ва њуќуќу озодињои ўро арзиши олї эълон дошта, риоя ва эњтироми онро мењвари маќсад ва мазмуни фаъолияти тамоми маќомоти давлатї ќарор додааст ва ин арзиши конститутсионї нигоњу назари некбинонаю башардўстонаи давлатро нисбат ба волоияти њуќуќу озодињои инсон аз дигар падидањо инъикос менамояд. Конститутсияи Љумњурии Тољикистон бо иродаи ќавии мардуми кишвар тариќи раъйпурсии умумихалќї интихоб гардида, ин санади муњими сиёсї моњияти ватансозию давлатдорї дошта, тамоми манофеи миллату давлатро эътироф ва њифз менамояд. Ќабули Конститутсия ин воќеаи барњаќ таърихиву таќдирсоз буд. Мо бо ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба ањли олам тавлиди давлати навини демократї, њуќуќбунёду дунявї, ќисми људонопазири љомеаи љањонї будани халќи кишварамонро эълон доштем. Боиси ифтихори њар як фарди баору номуси мењан аст, ки коршиносони сатњи байналмилалї Конститутсияи кишвари моро аз љумлаи демократитарин конститутсияњо арзёбї намуданд. Зеро Конститутсияи Љумњурии Тољикистон арзиши олї доштани инсон, њуќуќ ва озодињои он, баёнгари соњибихтиёрї ва сарчашмаи ягонаи њокимияти давлатї будани халќро эътироф мекунад. Дигаргунињои куллии њаёти љамъиятию сиёсї, иќтисодиву иљтимої, фарњангию маънавї, ки дар солњои аввали истиќлолият ва баъди ќабули Конститутсия ба вуќўъ пайвастанд, шањодати дурусти роњи интихобкардаи Тољикистон, сиёсати пешгирифтаи Њукумати мамлакат ва Сарвари муаззами миллат, азму иродаи матини халќ ва миллати тољик аст. Тасдиќи гуфтањои болоро дар рушди њамаи соњањои хољагии халќи вилояти Хатлон метавон арзёбї намуд, чунки бо азму талоши сокинони сарбаланду мењнатќаринаш дар самти ободии диёр, созандагию бунёдкорї, афзунгардонии иќтидори иќтисодии мамлакат ва бењдошти сатњи рўзгори мардум мушоњида кардан мумкин аст. Дар њаќиќат, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон тавонистанд, ки Тољикистонро дар саросари олам бо Конститутсия, рукнњои созандаи мардуми зањматпешаю мењмоннавоз, бо табиати зебою афсонавї, иќтидори иќтисодї, обњои зулол, кўњњои осмонбўс ва сиёсати сулњљўёнаашон маълуму машњур гардонанд. Ба шарофати Истиќлолияти давлатї ва тибќи Конститутсия мо соњиби Парчам, Нишон ва Суруди миллї гардидем. Имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи Тољикистон барои ифодаи њадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навини тољикон омили асосї гардида, дар дигаргунсозии бунёдии тамоми муносибатњои сиёсиву иќтисодї

ва иљтимоии љомеа наќши намоён бозид. Хушбахтона, дар давраи солњои соњибистиќлолї ва амали Конститутсияи Тољикистон, халќи Тољикистон ба љомеаи љањонї бо сарбаландї эълон сохт, ки соњиби давлати соњибихтиёри худ буда, дар роњи њифзи комёбињо ва афзоишу тањкими онњо пайваста кўшиш менамояд ва рушди соњибихтиёрии давлати миллии хешро њадафи асосии худ ќарор дода, барои таќвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад. Ќабули Конститутсияи Љумњурии Тољикистон њамчун њуљљати сарнавиштсоз барои бунёди давлати соњибистиќлол заминаи устувор фароњам овард ва дар тањкими њокимияти давлатї ва аркони давлатдорї наќши муњим бозид. Ќабули Конститутсияи Тољикистони соњибистиќлол барои бунёди давлате, ки орзую омоли тољикон буд, оѓоз бахшид. Њамин тавр, ќабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди давлати њуќуќбунёдамон ба шумор рафта, натиљаи мантиќии талошњои мардуми сарбаланди Љумњурии Тољикистон бо сарварии Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар роњи расидан ба марњалаи тозаи рушду инкишофи кишвари азизамон ва муаррифии давлатамон дар арсаи љањон мебошад. Бо шарофати Конститутсияи Љумњурии Тољикистон сол то сол рўзгори халќи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояњои давлатдорї ва маќому эътибори он дар арсаи байналмилалї боз њам устувору мустањкамтар мегарданд. Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрўз дар фазои сулњу осоиш, тинљию амонї умр ба сар мебарем ва дар рушду нумўи кишвари азизамон, эъмори давлати демократии њуќуќбунёди дунявї сањм мегирем. Чунин кафолатро ба мо Конститутсия – бахтномаи миллат додааст. Итминони комил дорам, ки љавобан ба ѓамхориву таваљљуњи њамешагии Њукумати Љумњурии Тољикистон мардуми сарбаланду вањдатофари вилояти Хатлон, бо кўшиши дастљамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, тањкими Вањдати миллї, Истиќлолияти давлатї, густариши худшиносиву худогоњї, ифтихори ватандории фарзандон ва барои вусъати корњои ободонию созандагї бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон сањмгузор гардида, барои зиндагии шоистаи мардум дар њамбастагї тамоми неруи худро равона менамоем. Бо чунин ниятњои нек сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро бо Рўзи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон сидќану самимона табрику муборакбод гуфта, сињату саломатї, осмони софу беѓубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рўзгорро таманно менамоям.

(Давомаш дар сањ. 2)


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.