Рӯзномаи Хатлон шумораи №48-10.08.2021

Page 1

Рӯзномаи «Хатлон» Рӯзномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Дар ин шумора:

Чӣ ҳол дорӣ Сешанбе, 10 августи соли 2021, №48 (3337) варзишгар?

2

Чаро дар Рузномаи «Хатлон» китобхонаҳо адабиёти зарурӣ нест?

Соли 90-уми нашр

3

Соли 90-уми нашр

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

1

4

ХАТЛОН Саҳ.

Тоҷикистон, ба пеш!

ХАТЛОН

Сарҳади паҳноии илму маърифат боз шуд

№48 (3337), 10.08.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Варзишгарон қосиди сулҳ ва парчамбардорони миллатанд Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи варзишгарон, 10 августи соли 2021

Эълон гардидани 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи дастгирӣ ва қадршиносии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати онҳо мебошад. Ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно дорам. Соли равон таҷлили Рӯзи варзишгарон ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омадааст, ки ин боиси ифтихору фараҳмандии тамоми варзишгарон аст. Тавре Сарвари давлат қайд менамоянд: “Варзиш омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо

мебошад”. Бо ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар соҳаҳо, варзиш ҳамчун муаррифгари миллат рушду нумӯъ карда, вобаста ба рушди он тадбирҳои муассир дар кишвар амалӣ гардида истодааст. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳавасмандии варзишгарон гувоҳи гуфтаҳои боло буда, таваҷҷуҳи хосу ғамхории беназири Пешвои муаззами миллатро нисбати парчамбардорони кишвар нишон медиҳад. Мо эҳсос менамоем, ки варзиш барои инсоният ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад. Ҳамчунин, яке аз омилҳои манфиатовари варзиш пешгирии зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои ғайриқонунӣ, шомил гардидан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгаро миёни наврасону ҷавонон буда, онҳоро аз ин хатарҳо наҷот мебахшад. Зимни Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат чунин иброз доштанд: «Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем». Пешвои миллат, ҳамчунин дастур доданд, ки дар зарфи 10 соли минбаъда дар тамоми деҳаҳое, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ доранд, толорҳои варзишӣ бунёд карда шаванд, то ҳамаи шаҳрвандон имкони дар сатҳи маҳал машғул шудан ба тарбияи ҷисмониро дошта бошанд. Ин иқдом барои рушди варзиш заминаи муносиб хоҳад гузошт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаро мавриди ҳадаф қарор дода, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо пайваста чораҳои лозима меандешад. Дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони эҳсонкор бунёди 546 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 августи соли 2021-ум 113 толори варзишӣ, 320 майдончаи варзишӣ, 51 майдони бозии кӯдакон бо тамоми шароити муносиб мавриди истифода қарор дода шуданд. Айни ҳол дар 62 иншооти дигари соҳа корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, то ҷашни умумимиллии Истиқлоли меҳан пурра мавриди баҳрабардории умум қарор дода мешаванд. Варзишгарони вилоят дар 7 моҳи аввали соли 2021, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, аз ҷумла дар 5 мусобиқаи байналмилалӣ ва 64 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 364 медали тилло, 321 медали нуқра, 383 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1068 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 328 медал зиёд мебошад. Имрӯз бо ифтихор метавон номи роҳбарон ва варзишгарони варзидаи хатлонӣ Рустам Давлатшоев, Толиб Давлатов, Баҳром Рустамов, Сомон Сангов, Набимуҳаммад Хоркашов, Абубакр Муродов, Раҷабалӣ Аминов, Фирдавс Муродов, Сорбон Латипов, Фирдавс Насимов, Сулаймони Ҷамшед ва дигаронро ба забон овард, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шогирдонро омода ва шарафи варзиши вилоят ва ҷумҳуриро бо барафрохтани Парчам ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя менамоянд. Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ, хуруҷёбии бемории сироятии коронавирус, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии вилоят ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб намоем. Зеро миллати мо ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошта, ин анъана дар кишвар рушд дорад. Боварӣ дорам, ки варзишгарони вилоят бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои маҳбубу муаззами миллат минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар як варзишгари вилоят барору комёбӣ таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, амнияти комил ва ба мардуми сарзамини биҳиштосо саломатии бардавомро орзу дорам. Ҳамеша сиҳату саломат бошед!

Баррасии раванди хизматрасонии стоматологӣ дар вилоят

Набзи саҳро

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Раванди хизматрасонии стоматологӣ дар минтақаҳои вилояти Хатлон” таҳти ҳамин унвон баргузор гардид.

Ин мукофоти олӣ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ зимни вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ тақдим гардидааст.

Дарс дар мактабҳо 1 сентябр сар мешавад Дар Рӯзи дониш - 1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, таълим тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда мешавад. Дар соли таҳсили 2019-2020 таътил дар Тоҷикистон қабл аз муҳлати муқаррарӣ оғоз гардида буд ва соли хониши 2020-2021 аз 17 август шурӯъ шуд. Ин ҳолат бо сабаби пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҷорӣ гардид. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули хонандагон ба синфи якум оғоз гардидааст. Дар соли таҳсили 2021-2022 давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ ба муҳлати 10 рӯз - аз 10 то 20 август муқаррар карда шудааст. Хонандагони синфи якум аз 10 то 20 август аз давраи мутобиқшавӣ гузашта, мисли дигар хонандагон таҳсилро аз 1 сентябр оғоз мекунанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 ҷиҳати аз байн бурдани норасоии ҷойи нишаст қабули хонандагон аз муассисаҳои таълимии дигар шаҳру ноҳияҳо ба муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе дар доираи талаботи қонунгузорӣ маҳдуд карда мешавад. Яъне ин маҳдудият танҳо дар шаҳри Душанбе ва Кӯлоб аз ҳисоби норасоии ҷойи нишаст қабул шудааст. Ин қонун ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дахл надорад.

Дар майдони беш аз 130 ҳазор га кишти такрорӣ гузаронида мешавад Дар мавсими имсола дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 8 ҳазору 858 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки аз ин 5 ҳазору 325 гектарро ғалладонагӣ, 1516 гектарро сабзавот, 350 гектарро полезӣ ва 190 гектарро кишти картошка ташкил медиҳад. Имсол нисбат ба солҳои қаблӣ майдони кишти ғалладонагиҳо дар ноҳия бештар гардида, ба таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал нигаронида шудааст. Майдони кишти ғалладонагиҳоро намудҳои донагии ҷуворимакка, шолӣ, мошу дигар маҳсулоти лӯбиёгӣ ташкил медиҳанд. Кишоварзон нақша доранд, ки имсол боз дар майдони 520 гектар кишти такрорӣ гузаронанд, то аз болоравии бесобиқаи нархи маҳсулот дар бозорҳои кишвар пешгирӣ карда шавад. Тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 130 ҳазору 222 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Хоҷагидорон баъди гирифтани ҳосили дилхоҳ аз кишти баҳорӣ, дар баробари иҷрои нақшаи кишти донагиҳо, инчунин ба парвариши сабзавоту полезиҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Муҷозоти вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон барои пешгирӣ ва роҳ надодани ҳодисаҳои сӯхтор дар 2647 ташкилоту муассиса, бозору марказҳои савдо санҷишҳо гузаронидааст. Дар рафти санҷишҳои гузаронидашуда барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан нисбати вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 857 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 219,8 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд. Барои дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштан, таъмин накардани амрномаҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор фаъолияти 67 иншоот, 285 бинои алоҳида муваққатан боз дошта шуда, 5505 нуқтаи насоси барқӣ аз ҷараёни барқ қатъ, 404 адад таҷҳизоти барқие, ки хавфи сар задани сӯхторро доштанд, безарар гардонида шудаанд.

«Ҳимояи шири модар - масъулияти ҳар фард»

Нашъунамои пахта дар чӣ ҳол аст? Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати нашъунамои пахта дар навоҳии Вахшу Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд. Дар замини хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш пахтаи маҳиннах парвариш мешавад ва кишоварзон имсол ҳосили баландро интизоранд. Имрӯзҳо майдони пахта дар ҳолати аз 4 то 9-12 ва зиёда аз он кӯракбандӣ қарор дорад, ки он аз фаровонҳосилӣ дарак медиҳад. Дар ноҳияи Вахш имсол, тибқи дурнамо, дарп майдони 9500 гектар пахта кишт шуда буд. Аммо дар натиҷаи сар задани офати табиӣ, омадани сел, майдони 1051 гектари он пурра вайрон гардида, айни ҳол дар 8449 гектари он пахта парвариш ёфта истодааст. Майдони умумии кишти пахта дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 9900 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин ноҳия низ айни замон майдони пахтазор дар ҳолати кӯракбандӣ буда,

чорабиниҳои агротехникӣ мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон барои ҳимояи пахтазор аз зараррасонҳо, анҷом додани коркарди кимиёвӣ дастуру тавсияҳои судманд дод. Қобили зикр аст, ки аз майдони умумии кишт дар вилояти Хатлон 121 ҳазору 235,8 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст. Дар асоси маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ оид ба чорабиниҳои агротехникии пахта, то 30 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 177032,5 гектар пахта кишт шудааст. Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Имрӯз, 10 август, дар Тоҷикистон Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори «Ҳимояи шири модар - масъулияти ҳар фард» ба анҷом мерасад. Конференсияро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, доир ба раванди рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят сухан гуфт. - Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шароитҳои мусоиду муосири хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои зиёди натиҷабахш амалӣ гардидаанд, - зикр кард муовини раиси вилоят Ф. Шарифӣ. - Имрӯз тамоми амалиёти ташхису табобати муроҷиаткунандагон дар муассисаҳои тандурустии дохили мамлакат, аз он ҷумла вилояти Хатлон, анҷом дода мешаванд. Дар идома масъулин ва олимону мутахассисони соҳа вобаста

ба мавзӯи меҳварии конференсия маърӯзаҳои пурмуҳтавои таҳлилӣ ироа намуда, оид ба вазъи хизматрасонии стоматологӣ ва самтҳои рушди он дар вилояти Хатлон, камбудиву мушкилоти ҷойдошта дар ҷода ва роҳҳои ҳалли он ибрози ақида карданд. Чорабинии мазкур дар арафаи Иди касбии табибон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣклиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй, Раёсати тандурустӣ ва Маркази стоматологии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ карда шуд. Ҳангомаи Исмат, “Хатлон”

Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбат ба дуруст ғизо додани кӯдакон, зиёд намудани дониши падару модарон, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар ва тарзи дурусти синамаконӣ гузаронида мешавад. Бино ба тавсияи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, додани ғизои иловагӣ аз 6-моҳагии кӯдак бояд оғоз шавад, чунки дар ин синн ба кӯдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо ва витаминҳо заруранд. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ бояд шири модар чун намуди асосии ғизо боқӣ монад, то кӯдаки ширмак онро истеъмол менамояд.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Чоршанбе, 11.08.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +37 +390 с 0

Панҷшанбе, 12.08.2021

Шабона +23+25 с Рӯзона +39 +410 с 0

Ҷумъа, 13.08.2021

Шабона +22 +240 с Рӯзона +38 +400 с

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.