Рӯзномаи Хатлон шумораи №47-06.08.2021

Page 1

Дар ин шумора:

1

ur.liam@jt.noltahk

Рӯзномаи «Хатлон» Рӯзномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Як оилаи noltahk_iamдигар onzur@ соҳиби noltahk_iamonzur@ хонаи нав шуд

»нолтаХ« иамонзу- Р

2

р ш а н и м у - 0 9 и ло С

3

Мужда аз ноҳияи Вахш Баҳои як ) 6 3 3 3 ( 7 4№ ,1202 илос итсугва 6 ,аъмуҶ пиёла шир

4

ХАТЛОН Саҳ.

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

НОЛТАХ

Боздиди коршиносон аз маконҳои хавфнок

№47 (3336), 06.08.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Эътимод ва ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд тақвият ёбад Пешгирӣ аз ҷинояту амалҳои ғайриқонунӣ дар миёни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи эътимоду ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муқовимат бо терроризм аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон буд. Ҷаласаи навбатии Шӯро таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода субҳи 4 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барпо гардид. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода рӯзномаи ҷаласаро, ки аз панҷ масъала иборат буд, ба ҳозирин шарҳ дод

ва афзуд, ки вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, шомилшавии баъзе шаҳрвандон ба гурӯҳҳои манфиатҷӯю иғвогар, терористию экстремистӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мемонад. - Моро зарур аст, ки ҷиҳати ба таври васеъ гузаронидани мизҳои мудаввар, конфронсу вохӯриҳо дар мавзӯъҳои дахл-

дори ҳуқуқӣ, аз ҷумла афзалият додан ба чорабиниҳо дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, тақвият додани ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо, муқовимат бо терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳарвақта бештар тадбир андешем, - таъкид намуд раиси вилоят. Тавре қайд карда шуд, корҳои оммафаҳмонӣ бобати паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миёни сокинон агарчи гузаронида мешаванд, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки сокинон ба ин масъалаҳо хунукназарӣ намудаанд. Искандар Солеҳзода, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, зимни ироаи маърӯзаи хеш аз қонуншиканиҳо дар

шаҳру навоҳии вилоят чанд мисоли рӯшан оварда, афзуд, ки мо бояд дар якҷоягӣ амал намоем, робитаро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри суботи кишвар ва роҳ надодани ноболиғон ба гумроҳию қонуншиканӣ мустаҳкамтар созем. Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят давоми соли ҷорӣ зиёда аз 800 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки қисмати муайяни он аз ҷониби наврасону ҷавонон сар задааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба мақомотҳои дахлдори вилоятӣ дастур дод, ки аз неруи зиёиёну ашхоси ватандӯст истифода баранд, миёни сокинон корҳои омӯзиширо дар самти риояи тартиботу меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои миллӣ, дӯст доштани ватан, ки он хонаи умеди мову шумост, бештар намоянд. Дар идомаи кори Шӯро мавзӯи пешгирӣ аз хуруҷи бемории хатарзои коронавирус (COVID-19) матраҳ шуд. Қайд гардид, ки дар вилоят маъракаи эмгузаронӣ идома дорад ва то ба имрӯз беш аз 171 ҳазор нафар ваксина гирифтаанд. Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят, иттилоъ дод, ки дар вилоят 2 миллиону 45 ҳазору 700 нафар бар зидди ин вабои аср бояд эм карда шаванд. Ҳоло дар шаҳру навоҳии вилоят нуқтаҳои эмгузаронӣ ташкил шудааст ва табибон ҳамарӯза баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ хизматрасонӣ мекунанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба аъзои Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати тақвияти фаъолият баҳри таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дастуру тавсияҳо дод. Н. Маъмурзода, «Хатлон»

Боз 14 оилаи аз офат зарардида ба манзилҳои нави худ ворид шуданд , дирӯз, 5 август и ноҳияи Вахш а оқ од иф мз т ки Ит Ҳа и он ҳа Дар де тлон Қурб иси вилояти Ха рӣ қарор бо иштироки ра вбунёд мавриди баҳрабардо на боз 14 манзили гирифт.

И

н манзилҳо барои сокинони маҳаллии аз офати табиии рӯзҳои 11-12 май зарардида сохта шудаанд. Раиси вилоят дар вазъи тантанавӣ калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супурда, барояшон хушбахтиву саломатии бардавом таманно намуд. Ёдовар мешавем, ки 15 июн бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 манзили истиқоматии сокинони ин деҳаи офатдида мавриди истифода қарор гирифта буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” дидан намуда, бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуданд. Хонаҳои бунёдгардида аз 4 ҳуҷраи барҳаво, даҳлез ва айвон иборат буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд. Зимни мулоқоту суҳбат бо намояндагони 14 оилаи соҳибхона раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдида ва бартараф намудани офати табиӣ

рад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоташ бо сокинони деҳаи Иттифоқ онҳоро ба истифодаи пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти зироати кишоварзӣ, ободониву хуррамгардонии атрофи манзилҳои навбунёдашон даъват намуд. Мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, зеро асоси ободониву амонӣ ваҳдат аст, - қайд кард раиси вилоят. – Бовар дорам, ки минбаъд шумо ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ободонии кӯчаву деҳаи худ саҳми намоён мегузоред ва ин мавзеъро ба деҳаи намунавӣ табдил медиҳед. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки дар деҳаи Иттифоқ сохтмони бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардида, то охири соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон ҷиҳати чароғонкунии деҳа чораандешӣ карда мешавад. Бо дарназардошти ин, бошандагони деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ваъда доданд, ки аз як гиребон сар бароварда, дар ободӣ ва пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд. Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боридани боронҳои бошиддати

зери назорати қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соҳибони хонаҳои навбунёд Гуландом Қурбонова, Юсуфҷон Боқиев, Ҷамолбӣ Ҷӯрахӯҷаева, Маҳмадшоҳ Қурбонов, Боғигул Нуруллоева ва дигарон аз ин амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии кишвар, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш ва ҳамаи соҳибкорону дастандаркорон изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Ҷамолбӣ Ҷӯрахӯҷаева, сокини 65-солаи манзили навбунёди №222, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки то замони офати табиӣ як хонаи гилии дуҳуҷрагӣ дошт. Хушбахтона, акнун манзили васеъ ва бехатари чорҳуҷрагӣ дорад. Вай бо шукргузорӣ иброз дошт, ки имрӯз дар давлати орому соҳибихтиёр зиндагӣ мекунад ва пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор до-

пай дар пай ва омадани сел, ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат” хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳҳои автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардида буд. Мутаассифона, ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳамакнун шумораи хонаҳои аз нав бунёдшуда дар ин мавзеъ ба 28 адад расид. То ин вақт 14 манзили зист сохтаву соҳибонашон бӯрёкӯбон кардаанд. Бунёди 12 манзили зисти дигар барои сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқ бомаром идома дорад ва рӯзҳои наздик ба анҷом хоҳад расид.

Аз ҷаласаи кории назди раиси вилоят

Қурбон Ҳакимзода: «Истеҳсоли либоси мактабӣ хубтар ба роҳ монда шавад» 4 август таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. дагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ буд. Иҷрои нақшаи истеҳсол ва таъмини либоси мактабӣ дар коргоҳу корхонаҳои вилоят, тибқи иттилои масъулони Раёсати маорифи вилоят, 68 дарсадро ташкил медиҳад. - Дар масъалаи таъминот бо либоси ягонаи мактабӣ дар ҳамкорӣ бо коргоҳҳои дӯзандагӣ ва саривақт дастрас намудани он баъзе мушкилиҳо ҷой доранд ва онҳоро набояд нодида гирифт, - таъкид намуд раиси вилоят зимни ҷаласа. Илова гардид, ки баҳри таъмини хонандагон бо либоси хушсифат дар якҷоягӣ бо коргоҳҳои дӯзандагӣ бояд тадбирҳои судманд андешида шавад.

Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони як қатор шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд. Масъалаҳои марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ, таъмини иҷрои нақшаи истеҳсоли либоси мактабӣ ва вусъати корҳои омодагӣ ба ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре гуфта шуд, нақшаи андозро дар 7 моҳи сипаришуда баъзе шаҳру навоҳии вилоят ба пуррагӣ иҷро накардаанд. Таъкид гардид, ки масъулон бобати сари вақт иҷро намудани нақшаи андозҳо бояд чораҳои таъхирнопазир андешанд. Масъалаи дигари матраҳшуда таъмини хонан-

Давоми моҳи август баҳри дастрасӣ пайдо намудани сокинон ба либоси мактабӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ ярмаркаи фурӯш доир мешавад ва сокинон метавонанд бо нархи муносиб лавозимоти зарурии таълимро харидорӣ намоянд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои Ҳукумати мамлакат оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар вилоят супоришҳо дод. Дар интиҳо раиси вилоят ба Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ ва дигар масъулон дастур дод, ки барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, масъалаи ваксинагузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд. Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Носирҷон Маъмурзода, “Хатлон”

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Шанбе, 07.08.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +38 +400 с 0

Якшанбе, 08.08.2021

Душанбе, 09.08.2021

Шабона +23+25 с Рӯзона +39 +410 с

Шабона +22 +240 с Рӯзона +40 +420 с

0

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.