Рӯзномаи Хатлон шумораи №41-09.07.2021

Page 1

ХАТЛОН

Ҷумъа, 9 июли соли 2021,

Тоҷикистон, ба пеш!

90-уми нашр №41Соли (3330)

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

№41 (3330), 09.07.2021

Рузномаи «Хатлон»

j t . a m o n z u r n www.khatlo

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол мегирем

Сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар ва вохӯрӣ бо сокинон, фаъолон ва таҷлили бошукӯҳи санаҳои таърихӣ, рӯзҳои ид ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ яке аз омилҳои пешрафти рушди ҷомеа ба шумор рафта, саҳми меҳнаткашонро дар рушди соҳаҳо боз ҳам қавитар гардонида истодааст. Аз ин рӯ, мо бояд дар оянда низ вусъати корҳои созандагиву бунёдкориро ҳадафи асосии хеш қарор дода, барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди сиёсати устувори иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии вилоят аз ҳамаи воситаву захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, саҳми босазои хешро гузорем. Бояд қайд намуд, ки дар вилоят барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ, дурнамо ва нақшаҳои тасдиқшудаи рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинони вилоят, коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ, боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳои вилоят

равона шудаанд, чораҳои мушаххас андешида шуд ва нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии нимсолаи аввали соли 2021 бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардид. Мувофиқ ба нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 7261 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шуд, ки аз ин ҳисоб 9378 ҷойи нави кории доимӣ ва 22322 ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шуд. Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда 94,7 фоиз таъмин гардида, дар 406 ин-

шооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд. Дар бунёд ва баистифодадиҳии иншоотҳои ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод ва Кӯшониён, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад. АНДОЗ Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 106,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 902,3 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақша 55,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар иҷрои нақшаи андозҳо ҳиссаи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Темурмалик ва Ховалинг назаррас мебошад. Бо вуҷуди ин, иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетиро нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмин накард. Боиси нигаронист, ки нозироти андози шаҳру ноҳияҳои Ёвон 4 намуд ба маблағи 19,2 миллион сомонӣ, А. Ҷомӣ 4 намуд ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ, Қубодиён 4 намуд ба маблағи 2,2 милли-

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

1

Қабули барнома оид ба рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо имзои як қарор Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025-ро мавриди амал қарор дод. Барномаи мазкур марҳилаҳои асосии ташаккули маърифат ва тарбияи аҳолиро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла томактабӣ, таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ), ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ инъикос мекунад. Мақсади барнома тарбия ва маърифати экологӣ ба хотири муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ мебошад. Бо мақсади татбиқи барнома нақшаи чорабиниҳои иборат аз 44 банд низ таҳия ва тасдиқ гардидааст. Тибқи нақша, гузаронидани озмунҳо ва тадқиқотҳои сотсиологӣ оид ба сатҳи маърифати экологии шаҳрвандони синну соли гуногун, таҳияи усулҳои мониторинги амалисозии барнома, баргузории чорабиниҳои мухталифи иттилоотию маърифатӣ, ташкили курсҳои таълимӣ, сабти филмҳои видеоӣ оид ба аҳамияти ҳифзи муҳити зист, ташкил намудани лагерҳои экологӣ барои кӯдакон, пешбурди корҳои ташвиқотӣ оид ба истифодаи такрории партовҳои таҷзияшавандаи биологӣ ва дигар тадбирҳои муҳими экологӣ ба нақша гирифта шудааст.

Балҷувон. Бунёди боғи нав Аъзои хоҷагии деҳқонии «Эмдара»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон дар майдони 5 гектар боғи нав бунёд карданд, ки дар он ниҳолҳои зардолую шафтолу, себу нок, чормағзу бодом, гелос ва дигар ниҳолҳои ба шароити иқлими минтақа мутобиқро шинониданд.

Имрӯз, 9 июл, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар шаш моҳи соли 2021 барпо мегардад. Зимнан, маълумоти муфассалро оид ба дастовардҳои вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли ҷорӣ манзури хонандаи арҷманд мегардонем. Аҳли заҳмати вилоят, чун тамоми мардуми шарифи кишвар дар асоси сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба баргузории ин чорабинии муҳим равона намуда истодаанд.

@ruznomai_khatlon

Хоҷагии мазкур дар майдони 45 гектар ташкил карда шуда, натиҷаи коркарди саривақтӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ буд, ки ниҳолҳои шинонидаи кишоварзон 98 фоиз сабзида, нашъунамои хуб доранд. Барои шодоб намудани майдони боғ хоҷагидорон чоҳи амудӣ канда, дар қисмати болоии боғ обанбор сохтаанд. Бо фароҳам овардани шароит сабзавоткорӣ ва бунёди токзорро низ ба роҳ мондаанд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат интихоб гардид он сомонӣ, Дӯстӣ 2 намуд ба маблағи 717,9 ҳазор сомонӣ, Муъминобод 3 намуд нақшаи андозҳоро ба маблағи 687,3 ҳазор сомонӣ иҷро накарданд. Аз ин ҳисоб ба буҷет 28,7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардид. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетиро ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ёвон, Муъминобод, Восеъ ва Фархор таъмин накарда, аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои болозикр ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 5,3 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд. Бақияпулиҳои андоз ба 1 июни соли ҷорӣ 179,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 9,9 миллион сомонӣ кам карда шуд. Бақияпулиҳои андози иҷтимоии буҷетӣ аз рӯи маълумоти Сарраёсати молияи вилоят дар ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, М. Ҳамадонӣ ва Ш. Шоҳин мавҷуд набуда, раёсатҳои молияи 22 шаҳру ноҳияи дигар маблағи қарзро пардохт накардаанд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3756 қарори маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 112,6 миллион сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 81,1 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 61,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1015 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ҷудо карда шуда, аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет 906,9 миллион сомонӣ ё 89,3 фоиз ба соҳаи иҷтимоиёт равона карда шудааст. Ба ҳолати 1 июли соли 2021 шумораи соҳибкорони бо патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда дар вилоят 34226 нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1989 нафар афзоиш ёфтааст. Аз ҳисоби онҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 28,4 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Бо мақсади пардохт намудани нафақаи нафақагирони шаҳру ноҳияҳо дар 6 моҳи соли равон 503,7 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст, ки ба 100,0 фоизи талабот баробар мебошад. Ба 1 июни соли 2021 Барномаи солонаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барқароршуда 35,1 фоиз таъмин гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24,8 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис ва барқарор карда шуд. Иҷрои нақшаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Кӯшониён, Темурмалик, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, ва Муъминобод аз ҳисоби миёнаи вилоят паст мебошад. Бонкҳои вилоят дар ин давра ба соҳаҳои иқтисодиёт 1018,6 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 324,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои қарз 34,5 фоиз ба соҳаҳои кишоварзӣ, 28,9 фоиз ба соҳаи саноат, сохтмон ва нақлиёт, 16,0 фоиз барои савдо ва 20,6 фоиз барои рушди сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра ҷудо карда шудааст. Гардиши моли чакана ба 4191,1 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 1045,4 миллион сомонӣ расида, афзоиш мутаносибан 1129,5 ва 103,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Афзоиши ҳаҷми гардиши мол дар вилоят 36,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 10,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми гардиши мол ба 1 нафар аҳолӣ, ба ҷуз аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритус, Ёвон, Левакант, Кӯлоб, Балҷувон, Норак ва хизматрасонии пулакӣ дар ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб ва Норак, дар дигар шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби миёнаи вилоят паст мебошанд. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар вилоят аз 769 субъекти соҳаи савдо 525 адади онҳо фаъолият карда, 244-тои дигар бе фаъолият мебошанд, ки 32 фоизи субъекти савдоро ташкил медиҳад. Аз 1347 адад субъекти хизматрасонии пулакӣ 1142 адади онҳо фаъолият карда, 205 адади боқимонда ё 15 фоиз бефаъолият буданд. Айни замон, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят 37 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, ба маблағи умумии 5,2 миллиард сомонӣ (460 миллион доллари ИМА) татбиқ гардида истодааст. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар вилоят ба 1 (Давомаш дар саҳ.2)

Дар шаҳри Кӯлоб Пленуми ғайринавбатии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб баргузор гардида, дар он раиси нави Шӯро муаррифӣ шуд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ Исмоилзода Саймурод Бурҳон раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб интихоб гардид. Гуфта шуд, ки номзадии раиси тозаинтихоб бо розигии роҳбарияти Шӯрои собиқадорони ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода пешниҳод гардидааст. Қобили зикр аст, ки Исмоилзода Саймурод то имрӯз дар чандин вазифаҳои пурмасъули давлатӣ фаъолият намудааст. Аз ҷумла, ба ҳайси муовини раиси шаҳри Кӯлоб кор карда, баъдан, раисии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.

Ҷоизаи оҳангари хатлонӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» аз вилояти Хатлон се ҳунарманд ширкат варзида, яке аз онҳо - оҳангар аз ноҳияи Дӯстӣ Қурбонгелдӣ Ҷӯраев сазовори ҷойи дуюм гардид. Меҳмонону иштирокчиён аз намоиши пешниҳоднамудаи ҳунармандони оҳангарону мисгарон дидан карда, аъзои комиссияи озмунӣ ба сифати истеҳсоли маҳсулоти ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, ташкили намоиши ҳар як ҳунарманд, шакли муаррифии намунаҳои ҳунари мисгарӣ ва оҳангарӣ, сатҳи тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ, дараҷаи огоҳӣ аз таърихи ҳунарҳои мардумӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар такмили ҳунарҳои вобаста ба мисгарӣ ва оҳангарӣ баҳогузорӣ намуданд. Ҳамчунин дар доираи ҳамоиши мазкур намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандон ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ ташкил гардид. Мақсади озмуни оҳангарӣ ва мисгарӣ тарғибу ташвиқи ҳунармандии миллати тоҷик ва фарҳангу таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути маҳсулоти оҳангарию мисгарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, дарёфти чеҳраҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум арзёбӣ мегардад. Ҳунармандони дигар - Файзалӣ Муродов аз ноҳияи Восеъ ва Сайфиддин Қувватов аз ноҳияи Темурмалик барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Азми бунёди мактаби нав дар Кӯлоб Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Кӯлоб мактаб барои 624 хонанда бунёд карда мешавад. Директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб Нурулло Назарзода иттилоъ дод, ки маблағи умумии лоиҳа 20 миллиону 158 ҳазору 580 сомониро дар бар мегирад. Айни ҳол корҳои сохтмонии бинои мактаби мазкур 92% иҷро шудааст. Манбаъ афзуд, ки сохтмони марҳилаи дуюми иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар он сохтмони 1 толори маҷлисгоҳ, 1 толори варзишӣ, 1 ошхона, утоқи дӯзандагӣ ва пазандагӣ барои духтарон ва утоқи дуредгарӣ барои писарон, утоқи муовини директор ва ду утоқ барои либосивазкунии хонандагон ба итмом расидааст. Айни ҳол дар иншоот корҳои рангубори дохили бино ва кашидани хатҳои обу гармидиҳӣ иҷро карда шудааст ва дар ин иншоот аз ҳисоби кормандони маҳаллӣ 15 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Тақдими ройгони китоб ба китобхонаҳо Дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз ҷониби ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба китобхонаҳои 15 шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 200 номгӯй китоб бо теъдоди 2832 нусха ройгон дастрас гардид. Ба иттилои намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» Мирзо Содиқ, ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба анҷом расонида шуд. Ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии Данғара намоиш – фурӯши китоб баргузор карда шуд, ки масъулин теъдоди зиёди китобҳои бадеӣ, илмию соҳавиро барои мукаммал гардонидани китобхонаи донишгоҳ харидорӣ карданд.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Шанбе, 10.07.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +38 +400 с 0

Якшанбе, 11.07.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +38 +400 с 0

Душанбе, 12.07.2021

Шабона +21 +230 с Рӯзона +37 +390 с

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.