@ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
Либоси Сешанбе, 29 июни соли 2021, №38 (3327) мактабӣ вазъи таъРӯзномаи «Хатлон» мини он дар Рӯзномаи «Хатлон» чӣ ҳол аст? @ruznomai_khatlon
ХАТЛОН
Ҳақиқатнигор
2
3
Дар масири Истиқлол
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
1
4
ХАТЛОН Саҳ.
Соли 90-уми нашр
Тоҷикистон, ба пеш!
Дастаҳои Хатлон даври 11-умро бо «Хатлон» Рузномаи ҳисоби мусовӣ ҷамъбаст намуданд
Соли 90-уми нашр
№38 (3327), 29.06.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Қазоқистон дар байни шарикони иқтисодии Тоҷикистон дар ҷойи дувум қарор дорад
ода дар шаҳри Қурбон Ҳакимз н ло т Ха и ят роҳбарии вазииси вило зоқистонро бо Рӯзи 25 июн ра Қа ии пазиур мҳ Ҷу расмии онов ба ҳузур лт Су т ки Ба р Бохтар ҳайати шва мгироии он ки ри савдо ва ҳа руфт. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо ёдоварӣ аз сафари расмии Президенти Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ, қайд намуд, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои сарони ду давлат дар Душанбе ба даст омаданд, ба рушди бемайлони шарикии стратегии ду
кишвар мусоидат хоҳад намуд. Бастаи нави санадҳои рӯзи 20 май қабулшуда заминаи муътабари ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро пурра мекунад. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои асосии муносибатҳо байни Тоҷикистон
ва Қазоқистон мебошад. Солҳои охир Қазоқистон дар байни шарикони асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба таври мустаҳкам дар ҷойи дувум қарор дорад. Бо ин вуҷуд, зикр гардид, ки ҳанӯз ҳам имконот ва захираҳои азим барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ мавҷуданд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба тавонмандиҳои иқтисодию саноатӣ ва тиҷоратии вилоят ба ҳайати Қазоқистон маълумот дода, зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят сол аз сол афзуда, сатҳи зиндагонии аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Танҳо дар соли 2020, сарфи назар аз пандемия, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 22 миллиард сомонӣ расид. Имрӯз вилояти Хатлон бо 38 мамлакати дуру наздик муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ мондааст. Гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2020 беш аз 8 миллион доллари амрикоӣ ва дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 3,3 миллион долларро ташкил дод. Раиси вилоят ҳамчунин доир ба имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ”, “Данғара” ва “Кӯлоб”, рушди бахши соҳибкории хурду миёна, имтиёзҳо барои содироткунандагони мол, инфрасохтори нигоҳдории молу маҳсулот, корхонаҳои истеҳсолию саноатии вилоят, ки беш аз сад намуди маҳсулотро омода мекунанд, ба ҳайати Қазоқистон маълумоти муфассал дод. Бакит Султонов, вазири савдо ва
ҳамгироии Қазоқистон, қайд намуд, ки ҳадафи сафари ҳайати зери роҳбариаш омӯзиши имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самти тиҷорат, нақлиёт, саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ мебошад. Мавсуф омодагии ҷониби кишварашро барои таҳвили маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои хушсифат ба вилояти Хатлон изҳор намуд. Зикр шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои Қазоқистон ва кишварҳои сеюм аз лиҳози иқтисодию тиҷоратӣ манфиатовар мебошад. Ҷонибҳо қайд карданд, ки барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар бахши агросаноатии иқтисоди Тоҷикистон, дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва коркард, технологияҳо, инчунин дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия имконоти калон мавҷуданд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Бакит Султанов қайд карданд, ки густариши ҳамкориҳо дар самтҳои зикршуда ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва дӯстии Тоҷикистон ва Қазоқистон такони иловагӣ хоҳад бахшид. Қобили зикр аст, ки ҳайати меҳмонони қазоқистонӣ зимни сафари худ ба вилояти Хатлон аз боғи хоҷагии деҳқонии “Асадулло” дар ноҳияи Хуросон, боғи интенсивӣ дар ноҳияи Кӯшониён, шафтолузори хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти “Узун” ва корхонаи истеҳсоли орди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳолати парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд. Н. Маъмурзода, “Хатлон”
Ба пешвози 30-солагии Истиқлолият
Ифтитоҳи иншоотҳои нави ҷашнӣ дар Данғара Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Нурбахши Ҷамоати деҳоти “Лолазор”-и ноҳияи Данғара маҷмааи варзишии “Нурбахш” мавриди истифода қарор гирифт.
Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази вилоят
Дар ин маросим рӯзи 26 июн раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ширкат варзиданд. Дар ошёнаи якуми маҷмаа, ки бо эҳтимоми соҳибкори маҳаллӣ Хуҷаназар Тилабов бунёд ёфтааст, толори варзишӣ барои ҳама намуди тамринҳо пешбинӣ шуда, ҳаммом,
нишаст сохта шудааст. Саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш гардида, бо гулу дарахтони ороишӣ оро дода шудааст. Тавре ки ба раиси вилоят иттилоъ доданд, бо бунёд шудани иншооти мазкур 8 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Раиси вилоят дар ин мавзеъ бо варзишгарон суҳбат ороста, онҳоро ба му-
Дар майдони Нишони давлатии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона барпо гардид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли ҷамъомад ва кулли сокинони вилоятро бо 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, қайд намуд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос, ватандӯсти миллати мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Бо ишора ба таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ки мо бояд Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем. Дар ин сурат мо метавонем эътимоду эътиқоди мардумро ба ғояи ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва давлатдории миллӣ қавитар гардонем ва нақшаҳои азими созандаро пайгирона татбиқ созем. - Мардуми бошарафу сарбаланди Ватани азизамон, бахусус сокинони вилояти
Хатлони бостонӣ, дар арафаи ҷашни арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи 24-солагии Ваҳдати миллӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти вилоят дастаҷамъона заҳмат к ашида, ба мақсадҳои дар наздашон гузошта ноил гардида истодаанд, - идома дод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. Боиси ифтихор аст, ки тоҷикон ин рӯзро ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёд бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷиаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҷлил мекунанд. Пас аз сухани табрикии раиси вилоят барномаи рангини ҳунарию бадеии тараннумгари ваҳдату суботу ҳамдилӣ аз ҷониби аҳли санъат тақдими тамошогарон гардид. Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуд Дар панҷ моҳи соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба 2 миллиарду 972,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 111,4 фоиз баробар мебошад. Афзоиш 303,5 миллион сомонӣ ҳисоб шуда, ин нишондод дар соҳаи растанипарварӣ 115,4% (1 миллиарду 867,9 миллион сомонӣ) ва соҳаи чорводорӣ 105,2 % (1 миллиарду 104,9 миллион сомонӣ) мебошад. Дар ин давра дар вилоят 58195 тонна ғалладона, 294844 тонна сабзавот, 34954 тонна картошка, 3111 тонна полезӣ, 10746 тонна меваҷот ва 19988 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва парвардаҳо истеҳсол гардид. Дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 102,9%, сабзавот 116,4 %, картошка 109,2%, полезӣ 137,5% ва меваҷот 114,6 фоизро ташкил мекунад.
Татбиқи 37 лоиҳаи сармоягузорӣ Бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон 37 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст. Тавре ки аз Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, маблағи азхудшуда 460 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят беш 1 миллиарду 553,6 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1 миллиарду 348,1 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шудааст.
Шоҳҷоизаи вилояти Хатлон дар озмуни “Мо бо шумоем” Бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманди қишрҳои осебпазири ҷомеа, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии онҳо озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” баргузор гардид. Озмун дар се давр - ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурияӣ бо фарогирии беш аз 1087 нафар кӯдакону ҷавонони имконияташон маҳдуд дар се номинатсия: маҳорати суханварӣ, қироати шеър/сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқӣ доир гардида, 34 нафар, аз ҷумла 6 нафар аз вилояти Хатлон ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Намояндаи вилояти Хатлон аз ноҳияи А. Ҷомӣ - Зоирова Шукрона дар номинатсияи суханварӣ соҳиби шоҳҷоиза - хонаи дуҳуҷрагӣ (дар шаҳри Душанбе) гардид. Ҳамчунин, дар ин озмун иштирокчиён - Ҳусейни Ҷамшед аз шаҳри Кӯлоб ва Раҷабовҳо Ҳасан ва Ҳусейн аз ноҳияи Дӯстӣ ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд.
Кӯшониён. Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳияи Кӯшониён бо иштироки вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадюсуф Имомзода ва раиси ноҳия Икромиддин Вализода маркази хизматрасонии “Исмоил” дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Хоҷаев Садриддин сохта шудааст, аз 2 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гардидааст ва аз мағозаи фурӯши маҳсулоти сохтмонӣ, дорухона ва маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ иборат мебошад. Ҳамзамон, дар деҳаи Хушвахти Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳия Маҷмааи муҳташами хизматрасонӣ, майдончаи варзишии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоотҳои мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Давлатов Алимаҳмад бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. 18 сокини деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Кӯча ба номи профессор Ҳасани Муродиён гузошта шуд Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар ба номи профессор, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ Ҳасани Муродиён гузошта шуд. Қобили зикр аст, ки Муродиён Ҳасан Ғуломзода 20-уми сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ буда, дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор ва директори мактаб, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ноиби ректор оид ба илм, декани факултети таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон кор кардааст. Муаллифи даҳҳо асари илмию публитсистӣ мебошад. Аз соли 2008 то замони реҳлат ба ҳайси мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ифои вазифа кардааст.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj ҳуҷраи ивази сару либос ва кабинетҳои корӣ ҷой доранд. Дар ошёнаи дуюми бино толори хурд бо тамоми таҷҳизоти варзишӣ муҳайё мебошад. Инчунин, дар назди маҷмааи варзишӣ майдончаи универсалӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бо 100 ҷойи
носибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки чунин толорҳои варзиширо бояд ҳамеша тозаву озода нигоҳ дошта, муддавом ба обутоби бадан машғул гарданд ва ҷавонону навра-
(Идома дар саҳ.3)
Чоршанбе, 30.06.2021
Шабона +20+22 с Рӯзона +38 +400 с 0
Панҷшанбе, 01.07.2021
Шабона +19+21 с Рӯзона +37 +390 с 0
Ҷумъа, 02.07.2021
Шабона +20 +220 с Рӯзона +38 +400 с
Манбаъ: www.meteo.tj