ХАТЛОН
БАНЇ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД
Нашрияи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон №37 (3273)
Панљшанбе, 30 июли соли 2020
www.khatlon-ruznoma.tj
E-mail: khatlon.tj@mail.ru
Сафари кории Пешвои миллат ба ноњияи Данѓара
25 июли соли 2020 Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба ноњияи Данѓараи вилояти Хатлон сафари корї намуд. Њадафи ин сафар шиносої аз рафти корњои кишоварзї, љамъоварии њосили дар хољагињо парваришшуда, кишти такрорї, иљрои дастуру супоришњои Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба истифодаи самараноки заминњо, ташкили боѓњои интенсивии ба содирот нигаронидашуда, ба гардиши кишоварзї даровардани заминњои бекорхобида, афзоиши содироти мањсулот ва захираи зарурии маводи ѓизої мебошад. Зимни сафари корї Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бо фаъолияти коргарони хољагињои “Сомонљон”, “Фатњиддин” ва “Барно” шинос шуданд. Боздиди кории Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон аз хољагии “Сомонљон” оѓоз ёфт. Ёдовар мешавем, ки солњои 2018 ва 2019 бо иштироки Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар хољагии “Сомонљон” 200 гектар боѓи интенсивї таъсис ёфта буд. Њамон ваќт Президенти мамлакат ба роњбарияти Кооперативи истењсолии “Сомонљон” супориш дода буданд, ки то ба њосил даромадани боѓњо дар байни ќатори дарахтон зироати гуногун, аз љумла полезї, помидор, бодиринг, каду, пиёз, картошка ва ќаланфури булѓорї кишт намоянд. Ташрифи навбатии Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба ин хољагї назорати рафти иљроиши супоришњо мебошад. Зимни боздид аз Кооперативи истењсолии “Сомонљон” Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бо фарзандону наберагон аз заминњои полезї, ки њосили фаровон парвариш ёфтааст, тарбузу харбуза љамъоварї карданд. Дар њамин љо Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба раиси шањри Душанбе Рустами Эмомалї дастур доданд, ки аз њосили имрўз љамъоваришуда ба ду муассисаи пойтахт: мактаб - интернати раќами 1 барои кўдакони ятиму бесаробон ва мактаб - интернати раќами 2-и кўдакони ятими шањри Душанбе ду мошини пурбор бо 20 тонна полезї кумаки моддї расонанд. Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бо назардошти вазъи кунунии љомеаи љањонї, пањншавии пандемияи коронавирус, таъсири манфии омилњои беруна ба иќтисоди миллї ба Њукумати мамлакат, вазорату идорањо, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо оид ба захираи маводи ѓизої, афзоиши содироти мањсулоти кишоварзї супориш ва ба мардуми кишвар барои истифодаи самараноки заминњои наздињавлигї, рўёнидани ду- се њосил ва ба таври
кофї захира кардани маводи ѓизої дар хонањояшон дастуру њидоятњо доданд. Дар хољагии бисёрсоњаи “Сомонљон” имсол дар майдони 170 гектар полезї кишт карда шудааст, ки аз ин 130 гектар дар байни боѓњо љойгиранд. Дар хољагї масъалаи истифодаи замин ба таври намуна ба роњ монда шуда, ба ѓайр аз тарбузу харбуза, дар байни ќатори боѓњо 60 гектар маккадон ва 10 гектар бо усули обёрии ќатрагї пиёз кишт гардидааст. Наќшаи кишти такрории хољагї низ хуб буда, коргарон дар заминњои аз зироати ѓалладона холишуда маккадон, мош, помидор, тарбуз, бодиринг, каду, картошка, карам ва дар 150 гектар сабзї коридаанд. Тавре мушоњида гардид, њосили дилхоњи зироат ва полезї дар хољагии “Сомонљон” имсол фаровон аст. Дењќонони хољагї мањсулоти парваришкардаи худро аз сари замин ба тољирон мефурўшанд. Содироти тарбузу харбуза ва дигар сабзавоту меваљоти хољагї ба бозорњои ноњияи Данѓара, шањру ноњияњои вилояти Хатлон ва пойтахт хуб ба роњ монда шудааст. Дар хољагии “Сомонљон” Сарвари давлат бо фарзандону наберагон аз заминњои серњосили тарбуз, харбуза ва маккаи дон дидан карданд. Дар ин хољагї таљрибаи олимону мутахассисони соњаи кишоварзї ва пеш аз њама њидоятњои Президенти мамлакат дар бахши боѓдорї, зироаткорї ва полезї хуб истифода мегардад. Натиљаи њамин аст, ки дилхоњ зироати кишоварзї њосили фаровон медињад. Дар ин љо, њамчунин, ба масъалаи азхудкунии заминњои талу теппаи бењосилу солњо бекорхобида ањамияти аввалиндараља медињанд. Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон бо аввалин њосили заминњои обёришуда ва ба гардиши кишоварзї даровардашуда шинос шуда, ба кори хољагидорон бањои баланд доданд. Ин тарзи ташкили кор аз бисёр љињат метавонад намунаи ибрати дигар истифодабарандагони замин гардад, зеро дар хољагї ягон порча замин бекор нест. Аз њар як ќитъа ду-се њосил гирифта мешавад. Дар доираи сафари корї дар ноњияи Данѓара Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон аз боѓи хољагии дењќонии “Барно” дидан карданд. Нахуст, Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бо нашъунамои дарахтони боѓи интенсивї шинос шуданд. Дар ин љо дар масоњати 11 гектар замини солњо бекорхобида бо усули обрасонї боѓ бунёд карда шудааст, ки 60 нафар бо кори доимї ва мавсимї беш аз 200 нафар барои љамъоварии њосил ба кор љалб гардидаанд. Коргарони хољагии дењќонии “Барно” байни ќатори боѓро самаранок истифода бурда, кишти полезї, картошка, помидору бодиринг ва лўбиёгињоро гузаронидаанд. Њолати токзори боѓ низ хуб буда, дар 4 гектар 460 бех ангур парвариш меёбад. Дар масоњати 11 гектар боѓи хољагї аз соли 2014 шинонидани дарахтон оѓоз гардид, то имрўз 1706 бех олу, 276 бех себи шоњї, 260 бех себи интенсивї, 400 бех зардолу, 420 бех шафтолу, 146 бех гелос, 200 бех олучаи бобогї, 460 бех ангур ва хуч 1000 адад мављуд аст. Аз њосили ба дастоварда имсол 36 тонна олуи хушсифат ба Федератсияи Россия ва 20 тонна олу барои коркард ба корхонаи коркарди мањсулоти кишоварзии ноњияи Муъминобод фиристода шуд. Дар худи
Роњат сафед бодо! Эй Пешвои миллат, эй рањнамои миллат,
Эй чашмкушои миллат, роњат сафед бодо! Эй рањкушои миллат, кардї фузун хизмат, Эй марди пурсаодат, роњат сафед бодо! Андар рањи саодат, саодату садоќат, Сарвар шудї ба давлат, роњат сафед бодо! Бар кафи хоки Ватан, фидо гуфти љону тан, Сарвари њар анљуман, роњат сафед бодо! Эй чењраи тољикон, эй марди ширинбаён, Кардї Ватан шукуфон, роњат сафед бодо! Ту Рустами замонї, авлоди ориёнї, Рањкушои Сомонї, роњат сафед бодо! Бар каф гирифтї Ватан, баробар бо љону тан, Онро намудї гулшан, роњат сафед бодо! Эй Сарвари тољикон, тољикони дар љањон, Тољвари тољи замон, роњат сафед бодо! Миллат ба худ падар ёфт, марди соњибњунар ёфт, Эй падари мењрубон, роњат сафед бодо! Эй падари тољикон, авлоди Оли Сомон, Кардї Ватан гулафшон, роњат сафед бодо! Халифаи Данѓарагї хољагї ќариб 20 тонна зардолу хушк кардаанд. Дар доираи сафари корї Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон дар дењаи Зулоли Љамоати дењоти ба номи Исмат Шариф, њамчунин, аз заминњои полезии хољагии дењќонии “Фатњиддин” боздид намуданд. Коргарони хољагї дар майдони 12 гектар кишти полезии тарбузу харбуза гузарондаанд, ки њосилаш фаровон аст. Дар ин љо тариќи кишти зери плёнка навъњои серњосил ва хуштамъи тарбузу харбуза, байни ќатор бошад, парвариши дигар сабзавот ба роњ монда шудааст. Аз рўи маълумоти роњбарияти Љамоати дењоти ба номи Исмат Шариф дар њудуди љамоат 7130 гектар замин мављуд буда, аз он 2510 гектарашро замини обї ташкил медињад. Дар 220 гектар боѓ бунёд ёфтааст. Кишти полезї дар ин дењот 130 гектарро ташкил медињад, ки 10 гектараш замини лалмї ва 120 гектарро замини обї ташкил медињад. Наќшаи кишти такрорї дар Љамоати дењоти ба номи Исмат Шариф 1170 гектар буда, айни њол дар 800 гектари он кишт гузаронида шудааст. Корњо дар ин самт њанўз идома дорад. Дар асоси дастуру супоришњои Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар ин љо кишти картошка ба роњ монда мешавад. Данѓара яке аз ноњияњои калонтарини саноативу аграрии вилояти Хатлон ба шумор меравад. Аз рўи маълумоти Раёсати кишоварзии ноњияи Данѓара њаљми умумии истењсоли мањсулоти кишоварзї ба 1 июли соли 2020 ба 389 миллион сомонї баробар гардида, афзоиш нисбат ба њамин давраи соли гузашта 27,4 миллион сомониро ташкил медињад. Тибќи маълумоти кишоварзони ноњия дар майдони 40 њазору 697 гектар кишти зироатро, аз љумла дар 30 њазор гектар ѓалладонагї, дар 690 гектар картошка, дар 1389 гектар сабзавот, дар 4587 гектар пахта ва ѓайра гузаронидаанд. Њамаи љањду талоши сокинони мењнатдўсти ноњияи Данѓара ба он равона гардидааст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва обу њавои мусоид, инчунин, истењсоли маводи ниёзи аввал дар таъмини амнияти озуќаворї сањми муносиб гузоранд. www.president.tj
љавњари асосии иди Ќурбон-хайру эњсон ба ятимону маъюбон Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода ба муносибати иди Ќурбон Њамватанони азиз! Мову шумо дар арафаи иди саиди Ќурбон, ки барои мардуми мусулмон муътабар аст, ќарор дорем. Ба ин муносибат шумо - њамдиёрони азизро самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон, пеш аз њама, тансињатию хонаободї, файзу баракат ва барори кор хоњонам. Ба шарофати соњибистиќлолї ва фазои орому осудаи Тољикистони азиз мардуми мо маросиму суннатњои диниву мазњабии худро озодона иљро мекунанд. Мардуми шарифи мо пагоњ иди мубораки Ќурбонро, ки муъминонро ба хайру саховат ва дастгирии маъюбону барљомондагон ва муњтољону бенавоён њидоят менамояд, љашн мегиранд. Шукргузорї аз неъматњои Офаридгор ва кумаку мењрубонї кардан ба њамдигар аз хислатњои хеле ќадим ва наљиби миллати мо буда, махсусан дар арафаи рўзњои иду маросим дили озурдаи касеро ба даст овардан ва хайру сахо нисбат ба ятимон, бепарасторон, маъюбону барљомондагон, муњтољон ва оилањои камбизоат амали нињоят савоб мебошад. Хайру саховат аз љумлаи вољиботи дини ислом аст. Иди шарифи Ќурбон аз љумлаи азизтарин маросими суннатии мардуми мусулмон буда, воќеан ба маромњои инсондўстиву мурувват ва сулњхоњиву мењрубонї бунёд ёфтааст. Тавзењу ташвиќи оќилонаи ин арзишњои ахлоќиву маънавї, пеш аз њама, ба ходимони дин, кормандони иттињодияњои динї, пирони хирадманду рўзгордида ва тамоми афроди солимфикр ва бедордили љомеа вобаста аст. Тавре ки Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон таъкид намудаанд, љавњари асосии иди Ќурбонро талќини арзишњои инсонї, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон, изњори њамдардї ба азодорон ва хайру эњсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ва оилањои камбизоат ташкил медињад. Сарвари мамлакат бо амалњои хайру наку, ѓамхорињои бемислашон нисбат ба ин ќишри љомеа намунаи ибрату пайравї мебошанд. Дар њаќиќат, савоби бузургтарин дар ин айёми хайру саховат ѓамхорї нисбати бечорагону афтодањолон, мўйсафедону бепарасторон мањсуб мегардад. Паёмбари ислом мефармоянд: «Њар фарде, ки дар ин рўзњо сари ятимеро навозиш кунад, дасти афтодаеро бигирад, њољати барљомондаеро барорад, савобаш аз савоби тавофи хонаи Каъба камтар нахоњад буд». Њамзамон, аз фурсати муносиб истифода бурда, таваљљуњи ањолиро ба тадбирњои умумимиллии обо-
донию бунёдкорї бахшида ба 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо маќсади тарѓиби дастовардњои солњои соњибистиќлолии кишвар, арљ гузоштан ба таъриху фарњанги миллї, роњ надодан ба исрофкорї, омодагии оилањо ба давраи тирамоњу зимистон, мавсими хониш, истифодаи самарабахши заминњои наздињавлигї, љамъоварии сариваќтии њосил ва кишти такрорї, ободонии манзилу љои зист, ташвиќи истифодаи маблаѓи њаљ дар корњои хайру савоб, аз љумла бунёду таъмири беморхонањо, марказњои саломатї, китобхонањо, муассисањои таълимї, њаммом, пулњо, чоњњо, роњњо, дукони фурўши китоб ва дигар иншооти иљтимої љалб менамоям. Бинобар сабаби пањншавии бесобиќаи бемории сироятии коронавирус дар љањон, љињати эмин нигоњ доштани ањолии мамлакат аз сирояти бештари он, тибќи фатвои Раёсати Шўрои уламо намози иди Ќурбон баргузор намегардад. Аз ин рў, даъват мекунам, ки аз чорабинињои оммавї, аз љумла гаштугузори безарурат ва идгардак бо маќсади пешгирии хуруљи ин бемории сироятї то замони ба эътидол омадани вазъият муваќќатан худдорї намоед. Дар рўзи ид, агар аз пухтани гўшти ќурбонї ва таом додани мардум худдорї намуда, онро ба хонањои кўдакон, хонањои пиронсолон ва маъюбон бурда дињем, савоби бештар хоњад дошт. Њамзамон, аз сокинони вилоят эњтиромона хоњиш менамоем, ки вобаста ба њолати дар љањон бамиёномада талаботи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон»-ро риоя намуда, ба исрофкорї ва зиёдаравї роњ надињанд, маблаѓњои худро самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоянд. Бо истифода аз имконияти муносиб, аз мардуми шарифи вилояти Хатлон даъват мекунам, ки дар иљрои Мурољиатномаи Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати истифодаи сарфакоронаи неруи барќ намуна бошанд, зеро бо сабаби кам будани захираи об дар обанбори неругоњњои мамлакат агар имрўз неруи барќро оќилонаю сарфакорона истифода барем, мушкилоти фаслњои тирамоњу зимистони дарпешистодаро пешгирї хоњем кард. Бори дигар сокинону мењмонони вилояти Хатлонро ба муносибати иди Ќурбон табрик гуфта, ба мардуми вилояти зархез ва тамоми кишвар саломатии устувор, осмони софу беѓубор, рўзгори ширину осуда, ќалби шоду хонаи обод ва бахту иќболи баланд таманно менамоям.
нишасти матбуотии раиси вилоят
Ќурбон Њакимзода: «Аз њамкории намояндагони ВАО миннатдорАм» 28-уми июли соли љорї дар Ќасри фарњанги шањри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилоят Ќурбон Њакимзода бо намояндагони ВАО баргузор гардид. Раиси вилоят сараввал аз нишондињандањои иќтисодї-иљтимоии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 ба таври мухтасар иттилоъ дод. Аз љумла афзуд, ки нишондињандањои кўтоњмуњлати рушди минтаќавии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 8605.0 миллион сомонї расида, афзоиш нисбати њамин давраи соли 2019-ум 3,2 фоизро ташкил медињад. Аз љумла иљрои наќшаи андозњо бо назардошти андози иљтимоии ѓайрибуљетї дар 6 моњи соли 2020-ум 100,4 фоиз таъмин гардида, ба буљет 711,8 миллион сомонї маблаѓ ворид карда шуд, ки нисбати наќша 3,0 миллион сомонї зиёд мебошад. Иљрои наќшаи андозњо 101,3 фоиз-ро ташкил медињад. Ба соњањои буљетии вилоят ва шањру ноњияњо 836,4 миллион сомонї маблаѓгузорї карда шуда, 740,6 миллион сомонї, ё ин ки 88,5 фоизи маблаѓњои буљетї ба соњањои иљтимої равона карда шудааст. Дар 6 моњи соли 2020 бонкњои вилоят
ба соњањои иќтисодї 678,6 миллион сомонї ќарзњои бонкї равона намуданд, ки нисбати њамин давраи соли 2019-ум 33,1 миллион сомонї зиёд мебошад (105%). Аз љумла, ба соњањои кишоварзї 241,8 миллион сомонї (35,6%), саноат, сохтмон ва наќлиёт 178,1 миллион сомонї (26,2%), савдо 141,1 миллион сомонї (20,8%), рушди сайёњї ва њунарњои мардумї 4,3 миллион сомонї (0,6%) ва дигар соњањо 113,2 миллион сомонї (16,8%) равона карда шудааст. Гардиши мол ба 3061,6 миллион сомонї расида, нисбати њамин давраи соли 2019-ум 194,7 миллион сомонї зиёд буда, афзоиш 6,8 фоизро ташкил медињад. Њаљми хизматрасонии пулакї ба 942,3 миллион сомонї расидааст. Гардиши савдои хориљї 144,1 миллион доллари америкої њисоб шуда, аз он содироти мол 61,0 миллион доллар ва воридоти мол ба вилоят 83,0 миллион долларро ташкил додааст. Дар вилоят 31 лоињаи давлатии сармоягузорї амалї шуда, маблаѓи азхудшуда 390,0 миллион доллари америкоиро ташкил медињад. Њаљми сармояи хориљї дар соњањои иќтисодиёти вилоят 1671,3 мил-
лион доллари америкоиро ташкил дода, 1476,1 миллион доллари америкої сармояи мустаќими хориљї мебошад. Дар ин давра дар миќёси вилоят 21452 љойи нави корї таъсис дода шудааст. Аз њисоби баргузории 155 ярмаркаи љойњои холии корї, ки дар шањру навоњї ташкил намудаанд 2107 нафар шањрвандон бо љойи кор таъмин гардиданд. Дар умум 3596 нафар шањрвандони бекор бо шуѓл фаро гирифта шуданд. Дар вилоят музди миёнаи мењнат ба 1045,5 сомонї баробар буда, нисбати њамин давраи соли 2019-ум 4,9 фоиз афзоиш ёфт. Ин нишондињанда дар соњањои саноати истихрољ 2139,2 сомонї, саноати коркард 2030,9 сомонї, сохтмон 1497,9 ва коммуналї 1045,3 сомониро ташкил медињад. Дар шаш моњи соли 2020 њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї 5868,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба њамин давраи соли 2019-ум 466,1 миллион сомонї зиёд аст. Дар ин давра дар њамаи бахшњои хољагидорї 462978 тонна ѓалладона, 715452 тонна сабзавот, 120391 тонна картошка, 232686 тонна полезї, 52708 тонна меваљот
ва 1988 тонна ангур истењсол гардид. Дар вилоят 1029,0 гектар боѓњои нав, 193 гектар токзорњои нав, 26,0 гектар боѓњои интенсивї, 19,3 гектар боѓњои ситрусї, дар маљмўъ 1031,0 гектар боѓу токзор бунёд гардида, майдони 414,7 гектар боѓу токзорњои куњна барќарор карда шуд. Ба санаи 10 июли соли 2020 аз вилоят ба хориљи кишвар 84311,6 тонна мањсулот содирот шуда, иљрои дурнамо 94 фоиз таъмин шуд. Аз ин миќдор 77881,8 тонна пиёз, 59,8 тонна полезї, 3153,0 тонна лимў ва дигар намуди мањсулот 3217 тоннаро ташкил дод. Чорводорони вилоят 35341 тонна гўшт, 144184 тонна шир, 41,2 миллион дона тухм, 2903 тонна пашм ва 547,3 тонна моњї истењсол намуданд, ки афзоиш нисбат ба њамин давраи соли 2019 мутаносибан аз 0,8 то 36,5 фоизро ташкил медињад. Дар 6 моњи соли 2020 њаљми истењсоли мањсулоти саноатї ба 3800,1 миллион сомонї расид, ки он нисбати њамин давраи соли 2019-ум 186,2 миллион сомонї зиёд мебошад. Дар вилоят 90 адад номгўи муњимтарини
мањсулоти саноатї истењсол мешавад. Дар корхонањои саноатии вилоят 11096 тонна гўшт ва каллапоча, 2818 тонна гўшти мурѓ ва 267,3 тонна њасибу њасибчањои гўштї, 488,1 тонна мањсулоти шири холис, истењсоли консерва 2601,9 њазор ќуттии шартї, коркарди намаки ошї 5337,8 тонна, мањсулоти (Давомаш дар сањ. 2)
2
ХАТЛОН
Ќурбон Њакимзода: «Аз њамкории намояндагони ВАО миннатдорАм» (Аввалаш дар сањ. 1) ќаннодї 771,1 тонна, обњои ташнашикан 16272 декалитр, мањсулоти макаронї 98 тонна, нахи пахта 7574 тонна, гирдањои пахтагин 378,3 њазор дона, пахтаи тиббї 444 њазор дона, ниќоби тиббї 2457 њазор дона, мањлул барои бењдошти шахсї 27,1 њазор дона, либоси махсуси тиббї 1707 дона, газворњо 43,7 њазор метри мураббаъ, матои адрас 11,2 њазор метри мураббаъ, мањсулоти дўзандагї ба маблаѓи 8207,1 њазор сомонї истењсол шуд. Бахшида ба љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар шањру ноњияњо бунёд ва сохтмони 7654 бинову иншоот ба наќша гирифта шуда, ба њолати 1 июли соли 2020 дар 4378 бинову иншоот корњои сохтмонї ба анљом расонида шудааст, ки 57,2 фоизро ташкил медињад. Дар соли 2020-ум 2104 иншоот ба наќша гирифта шуда, дар 6 моњи соли љорї 843 иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин давра њаљми боркашонї 11,6 миллион тонна иљро гардида, мусофирбарї ба 54,1 миллион нафар расонида шуд. Дар вилоят аз њисоби њамаи
манбаъњои маблаѓгузорї 18 миллиону 923 њазор сомонї корњои таъмиру азнавсозии роњњо гузаронида шудааст. Аз љумла, 62,2 километр роњњо аз таъмири асосї, 1322,8 километр аз таъмири љорї бароварда шуда, 317,2 километр роњњо сангфарш карда шудаанд. Инчунин, 45 пул бо дарозии 478 метр таъмир ва 9 ќубур бо дарозии 254 метр шинонда шуд. Аз њисоби соњибкорон таъмири асосии роњњо 48,9 километр, таъмири љорї 35,7 километр, сангфаршкунї 3,8 километр ва таъмиру барќарорсозии 41 пул бо дарозии 382 метр ва шинондани 9 ќубур бо дарозии 254 метр, ба анљом расонда шуд, ки маблаѓи сарфшуда 11,8 милли-
он сомониро ташкил медињад. Дар 1352 муассисаи таълимии вилоят 752 њазору 686 нафар хонандагон, аз он љумла 362 њазору 772 нафар духтарон дар соли хониши 2019 - 2020 ба тањсил фаро гирифта шудаанд. Нисбати њамин давраи соли 2019 шумораи муассисањои таълимї 9 адад, томактабї 11 адад, Маркази инкишофи кўдакон 62 адад, теъдоди омўзгорон 559 нафар, ва хонандагон 23625 нафар, аз љумла духтарон 12508 нафар зиёд гардидааст. Дар шањру ноњияњои вилоят 153 муассисаи томактабї бо
фарогирии 16652 нафар ва 802 Маркази рушди кўдак бо фарогирии 20521 нафар кўдакон фаъолият менамоянд. Дар маљмўъ фарогирии кўдакон дар муассисањои томактабї ва марказњои рушди кўдак дар вилоят 37 њазору 173 нафарро ташкил медињад. Бахшида ба љашни 30 - солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилоят сохтмони 603 иншоот дар соњаи маориф ба наќша гирифта шудааст. Аз љумла 151 муассисаи томактабї, 440 муассисаи тањсилоти умумї ва 12 синфхонаи иловагї сохта мешавад. То 1 июли соли 2020 дар 247 иншоот корњо ба анљом расиданд. Дар 1666 муассисаи тиб-
бии вилоят 3758 нафар духтурон бо маълумоти олї ва 18333 нафар кормандони миёнаи тиббї фаъолият доранд. Бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилоят сохтмони 941 иншоот дар соњаи тандурустї ба наќша гирифта шудааст. Аз љумла 52 беморхона, 105 маркази саломатї, 335 бунгоњи тиббї, 223 нуќтаи хатнакунї, 30 таваллудхона ва 196 дорухона сохта мешавад. То 1 июли соли 2020 дар 489 иншоот корњо ба анљом расиданд. Дар соњаи фарњанги вилоят китобхонањо 491 адад, муассисањои клубї 285 адад, боѓњои фарњанг ва истироњатї 30 адад, осорхонањо 20 адад, мактабњои бачагонаи мусиќї 29 адад, ансамблњои халќии тарона ва раќс 12 адад, театрњои касбї 3 адад, театрњои халќї 5 адад, ансамблњои касбии вилоят 3 адад, филармонияњои халќї дар ноњияњои Њамадонї, Кўшониён ва Восеъ фаъолият мекунанд. Бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилоят 106 иншооти нави фарњангию фароѓатї мавриди истифода ќарор гирифта, 7 иншооти дигар аз таъмир бароварда шуд. Дар вилоят 3056 майдончаи варзишї, 533 толори варзишї, 35 варзишгоњ, 33 њавзњои шиноварї, 7 маљмааи варзишї ва 223 иншооти махсуси варзишї (фитнес, тир ва ѓайра) фаъолият доранд. Варзишгарони вилоят дар мусобиќањои љумњуриявию байналмилалї ширкат варзида, сазовори 274 медали тилло, 236 медали нуќра, 230 медали биринљї гардидаанд. Бахшида ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар вилоят сохтмони 590 иншооти варзишї ба наќша гирифта шудааст. То 1 июли соли 2020ум 260-тои он сохта, ба истифода дода шуд. Дар њудуди вилоят 931 ёд-
Маблаѓњоро бояд самаранок истифода бурд Дар толори маљлисии Сарраёсати молияи вилоят љаласа оид ба натиљањои иљроиши буљети мањаллии шањру ноњияњои вилоят дар шашмоњаи якуми соли 2020 баргузор гардид. Дар он Хайрулло Юсуф Маљидї, муовини вазири молияи Љумњурии Тољикистон, Раљабалї Раљабов, муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят, кормадони дастгоњи марказии Сарраёсати молияи вилоят, сардорони раёсатњои молияи шањру навоњии вилоят иштирок доштанд. Нахуст, Назарзода Бахтиёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят, дар бораи натиљањои иљроиши буљети мањаллии шањру ноњияњои вилоят дар нимсолаи якуми соли љорї њисобот дод. - Наќшаи даромади буљети мањаллї дар нимсолаи якуми соли љорї аз рўи контингенти умумї бо назардошти андози иљтимоии ѓайрибуљетї 91 фоиз таъмин гардида, ба буљет ба љойи 629,9 млн сомонї маблаѓи пешбинишуда 579,4 млн сомонї ворид гардидааст, ки ин нисбат ба наќша 51,0 млн сомонї кам иебошад, иброз дошт сардори Сарраёсати молияи вилоят. Зимни баромади масъулони соња таъкид рафт, ки баќияпулии андозњо дар шањри Бохтар 6,6 млн сомонї, шањри Кўлоб 1,5 млн сомонї, ноњияњои Кўшониён 3,6 млн сомонї, Вахш 4,0 млн сомонї, Хуросон 1,0 млн сомонї, Дўстї 884,0 њазор сомонї, А Љомї 1,5 млн сомонї, Љайњун 2,5 млн. сомонї, Шањритуз 3,4 млн сомонї, Муъминобод 455,0 њазор сомонї, Восеъ 3,5 млн сомонї, Фархор 242,0 њазор сомонї, Хова-
линг 479,0 њазор сомонї ва Балљувон 74,0 њазор сомонї нисбат ба аввали сол зиёд гардидааст. Дар давраи њисоботї харољоти буљети мањаллї дар доираи иљрои воќеии буљети мањаллї ба роњ монда шуда, ба соњањои иќтисодии вилоят бо назардошти маблаѓњои маќсадноки љумњуривї ва маблаѓњои њисоббаробаркунињо аз буљети вилоятї 836,4 млн сомонї равона карда шудааст, ки 87 фоизи наќшаи харољотии буљети мањаллии вилоятро ташкил медињад. Бо њидоятњои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон бо маќсади дастгирию ёрї ба кормандони соњаи тандурустї, таќвияти тадбирњои пешгирї аз пањншавии бемории коронавирус, муолиљаи сариваќтии беморон ва кумак ба оилањои ниёзманди вилоят аз њисоби маблаѓњои харљномавї, махсус баќияи озоду даромади шањру навоњї 13 миллиону 41 њазору 60 сомонї људо гардид. Назарзода Бахтиёр, њамчунин, иброз дошт, ки дар 6 моњаи аввали соли љорї, пеш аз њама таваљљуњи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон барои пардохти сариваќтии музди мењнат ва сарфаи маблаѓњои дуюминдараља нигаронида шуда, раёсатњои молияи шањру ноњияњо кўшиш ба харљ доданд, ки аз рўи имкониятњои воќеии буљет маблаѓгузории соњањоро ба роњ монанд. Натиља њамин буд, ки дар маљмўъ 740,3 млн сомонї ё ин ки 88,5 фоизи маблаѓњои буљетї дар вилоят ба соњањои иљтимоиёт, аз љумла маориф 485,8 млн сомонї, тандурустї 215,6 млн сомонї, њифзи
гориву мавзеъњои таърихїфарњангї, бостонї ва монументалї, 106 мењмонхона, 111 мавзеъњои сайёњї, 91 истироњатгоњу осоишгоњ, 126 тарабхона, 39 осорхона, 69 чойхона, 250 банкоматњои хизматрасонињои бонкї, 57 њомстей ва гестхаус, 77 маѓозаи фурўши армуѓонњо, 116 зиёратгоњ, 31 боѓњои фарњангїфароѓатї, 23 маркази иттилоотии сайёњї мављуд мебошанд, ки њамарўза ба сайёњон хизмат мерасонанд. Тибќи маълумоти масъулони шањру ноњияњо ба вилояти Хатлон то ин муддат, дар умум, 42 њазору 399 нафар сайёњони дохиливу хориљї (1652 нафар сайёњони хориљї ва 40747 нафар сайёњони дохилї) ташриф овардаанд. Пас аз гузориши мукаммали раиси вилоят оид ба фаъолияти соњањои иљтимоиву иќтисодии вилоят дар шаш моњи соли равон кормандони васоити ахбори омма перомуни масъалањои вобаста ба рушди соњањои хољагии халќ, иљроиши барномањои давлатї, таъминоти оби ошомиданї, вазъи мелиоративии заминњо, каналу зањкашњо, фарогирии атфол ба муассисањои тањсилоти томактабї, таъмини фазои иттилоотї, пешгирии интиќол ва табобати бемории коронавирус, фаъолияти корхонањои саноатї, вазъи муассисањои варзишї, масоили марбут ба бањсњои хољагињои дењќонї, бунёди иншоотњои љашнї ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, истифодаи оќилонаи замин ва ѓайра ба раиси вилоят суолњо дода, посухњои ќаноатбахш гирифтанд. Дар интињои нишасти матбуотї як гурўњ собиќадорони матбуот, намояндагони ВАО бо Сипосномаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон, Иттифоќи журналистони Тољикистон ва роњхатњои табобатї аз љониби раиси вилояти Хатлон ќадрдонї шуданд. Раиси вилояти Хатлон миннатдории хешро ба намояндагони ВАО љињати њамкории пайваста бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти тарѓибу ташвиќ ва корњои фањмондадињї љињати пешгирии интиќол ва табобати беморињои сироятї, аз љумла коронавирус расонида, таъкид дошт, ки сањми васоити ахбори омма дар рушди хољагии халќ арзанда аст.
иљтимої 4 млн сомонї, фарњанг ва варзиш 33,5 млн сомонї равона карда шудааст. Сипас, Хайрулло Юсуф Маљидї, муовини вазири молияи Љумњурии Тољикистон ба сухан баромада, сардорони раёсатњои молияњои шањру ноњияњои вилоятро вазифадор намуд, ки бањри иљрои босифати буљети мањаллї, дарёфти манбаъњои нави иловагии андозњо чорањои иловагї андешанд, љињати маќсаднок ва самаранок истифодабарии маблаѓњои буљетї ањамияти љиддї зоњир намоянд, дар мадди аввал маблаѓњои воридгардидаро барои пардохти сариваќтии музди мењнат, фонди нафаќа ва љубронпулињо равона намоянд. Раљабалї Раљабов, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр намуд, ки маќомоти молияи шањру ноњияњои вилоятро зарур аст, ки барои сифатнок иљро намудани наќшаи ќисми даромади буљети мањаллї ва самараноку маќсаднок истифодабарии маблаѓњои буљет ањамияти хосса зоњир намоянд, то дар фаъолити кориашон камбудињо дида нашавад. Дар интињои љаласа таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва роњбарияти Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маќсади сазовору хотирмон таљлил намудани љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон фаъолиятро боз њам бењтару хубтар намоянд, бањри иљрои мунтазами ќисми даромади буљет, кам намудани баќияпулињо, пардохти сариваќтии маош кўшиш ба харљ дињанд. Далер ШАРИПОВ, котиби матбуоти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон
Панљшанбе, 30 июли соли 2020, №37 (3273)
Раиси вилояти Хатлон Ќурбон Њакимзода рўзи якшанбе аз вазъи кишти заминњо, њолати роњњои дорои ањамияти мањаллидошта дар ноњияи Абдурањмони Љомї дидан кард. Дар Љамоати дењоти "Яккатут" раиси вилоят аз якчанд хољагии дењќонї, ки кишти такрорї анљом додаанд, боздид намуда, ба истифодаи самарабахши заминњои киштбоб ва њосили хуби дони маккаву баъзе намуди зироатњо ишора кард. Дар семинари амалїмашваратї оид ба кишти такрорї, ки бо иштироки раиси вилоят Ќурбон Њакимзода дар ин љо баргузор гардид, гузориши роњбарони гурўњњои корї, ки чанд рўз боз, дар ин
ЊОЛАТИ ИСТИФОДАИ ЗАМИНЊОИ КИШТБОБ љо бо рафти корњои сањрої ва истифодаи оќилонаи замин кор мебурданд, доир ба санљиши њолати истифодабарии замину корњои сањрої шунида шуд. Раиси вилоят фаъолияти баъзе хољагињо ва масъулони идорањои дахлдори ноњияро мавриди танќид ќарор дода, аз њолати дермонии сарчини пахта, валангор будани роњњо изњори нигаронї намуд. Намояндагони гурўњњои корї, ки аз љамоатњои дењоти "Иттифоќ" ва "Дўстї" дидан намуда буданд, иттилоъ доданд,
ки дар баробари пешравињо, камбудињо низ ба назар мерасанд. Ба монанди захира надоштани тухмии картошка, нокифоя будани захира барои зимистон, сари ваќт обёрї нагардидани пахтазор, сари ваќт сарчин накардани он, додани њисоботи беасос. Ќурбон Њакимзода гузориши гурўњњои кориро шунида, зимни мулоќот бо фаъолони ноњия бањри ислоњи камбудињо ба масъулон дастуру супоришњои мушаххас дод.
Семинари минтаќавии картошкапарварон
Кишти сариваќтї-омили фаровонњосилї Дар хољагии дењќонии «Бобои Нур»-и Љамоати дењоти «Яккатут»-и ноњияи Абдурањмони Љомї семинари минтаќавї дар мавзўи «Роњњои зиёд намудани истењсоли картошка дар кишти такрорї бо истифода аз технологияи муосир дар вилояти Хатлон» доир гардид. Дар њамойиш олимону донишмандони соња бо маърўзањои љолибу муфид ба масъулини соњаи кишоварзии шањру ноњияњои минтаќаи Бохтари вилояти Хатлон, дењќонон маслињатњои пурќимат дода, роњу усулњои муосири парвариши картошкаро амалї нишон доданд.
Дар оѓози кори семинар Саиди Ёќубзод, раиси ноњияи Абдурањмони Љомї, мењмононро пазирої намуда, њозиринро бо рўзномаи семинар шинос намуд. Сипас муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоњирзода, муовини якуми вазири кишоварзии Љумњурии Тољикистон Саъдї Каримзода дар суханронињояшон муњимияти мавзўъ ва манфиатнокии кишти такрорї, аз љумла картошкаро фањмонда доданд. Дар ќисми назариявї дар назди иштирокчиён олимону мутахассисон - М. Анварова,
директори институти илмї тадќиќотии биотехнологияи Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Шириншоњ Шоњтемур, Љ. Толењов, номзади илмњои кишоварзї, М. Сафаров, директори Маркази механикии кишоварзї ва технологияњои инноватсионии Академияи илмњои кишоварзии Тољикистон дар мавзўъњои технология, парвариш бо усули тайёр намудани чашмакњо аз њисоби картошкаи барваќтї, интихоби тухмї, омода кардани замин, роњњои зиёд кардани тухмии
элита, мубориза бар зидди касалињо ва зараррасонњои картошка, нигањдории картошкаи тухмї ва истеъмолї дар таъмини дастархони ањолї дар давраи зимистон, самаранокии иќтисодии рушди соњаи картошкапарварї, истифодаи агротехнологияи муосири механиконї дар кишти картошка маърўза намуданд. Байни олимони соња ва иштирокчиёни семинар суњбати озод баргузор гардид, ки дар натиља мутахассисону дењќонон ба саволњои худ оид ба кишту парвариши картошка вобаста ба мањалњои минтаќа љавоб гирифтанд. Дар ќисми амалї олимон, мутахассисон, дењќонон дар ќитъаи замини омодакардаи сањмдорони хољагии дењќонии «Бобои Нур» бо тарзи амалї картошка шинонида, бори дигар љињати риояи технологияи кишт ва коркарди агротехникї ва парвариши картошка мубодилаи афкор намуданд. Тавсия дода шуд, ки бо дарназардошти шароити иќлим дар вилояти Хатлон муњлати бењтарини кишти картошка то 20 август дар назар дошта шудааст.
сомонї ва маблаѓњои маќсаднок 25 миллиону 25,8 њазор сомонї ворид гардид, ки иљрои наќшаро 91,1 фоиз таъмин намуда, нисбат ба њамин давраи соли гузашта 2,6 миллион сомонї зиёд мебошад. Давоми нимсолаи якум дар ноњия ду корхонаи саноатї ба истифода дода шуд. Бо ба кор даромадани корхонаи ЉДММ «Мањмадрасул» ва корхонаи истењсоли шифери асбестии ЉДММ «Восеъ саноат» 19 нафар љавонон соњиби љойи кори доимї
И о њ т с а ш и н ї Аз т о у б т ма
Шарбатулло АЗИЗУЛЛО: «БО ЖУРНАЛИСТОН њамкории судманд дорем» Нишасти матбуотии раиси ноњияи Восеъ Шарбатулло Азизулло бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори умум баргузор гардид. Чуноне аз маълумот бармеояд, туфайли мењнати пурсамари ањли мењнати ноњия, имкон фароњам омад, ки давоми нимсолаи аввали соли 2020 дар аксар бахшњои истењсолї нисбат ба њамин давраи соли гузашта нишондињандањои бењтар ба даст оварда шавад. Дар ин муддат аз њисоби њамаи манбаъњо ба буљаи ноњия 47 миллиону 181,3 њазор сомонї, аз љумла аз њисоби пардохтњои андози мањаллї 17 миллиону 801,7 њазор
гардиданд. Дар бахши хољагии ќишлоќ низ нишондињандањо хубанд. Мардуми ноњия ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон бо љидду љањди зиёд мењнат менамоянд. Ба ин муносибат аз 405 иншооти банаќшагирифташуда 240-тояш ба истифода дода шудааст. То љашни 29-солагии Истиќлолияти давлатї бошад, 35 иншооти дигар мавриди бањрабардорї ќарор дода мешавад. Таъмири роњњои байни дењањои Љамоати дењоти “Тугарак” низ дар њамкорї бо соњибкорон идома дорад. Аз љумла, таъмири роњи мавзеи
Хољамуъмин, ки дар њолати ногувор ќарор дошт, дар арафаи анљомёбї ќарор дорад. Масъалаи таъмини оби шањраки Восеъ ва дигар мањаллањои љамоатњои дењот бо маблаѓгузории ташкилоти ѓайридавлатї ва маќомоти иљроия хеле бењтар гардидааст. Барои пешгирї аз бемории КОВИД-19 тадбирњои судбахш дида шуд. Бо маблаѓгузории буљаи мањаллї ва соњибкорон биноњои ташкилоту муассисањо, бозорњо ва дигар љойњои љамъиятї 2-3 маротиба безарар-дизенфексия карда шуда, маводњои зарурї дастраси табибону ањолї гардонида шуд. Рўзноманигорон нисбати
корњои созандагию ободонї ба ифтихори љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон, њолати роњњои байни дењањои њудуди Љамоати дењоти “Тугарак”, таъмини оби тозаи ошомидании мањаллањои шањраки Восеъ ва љамоатњои дењот, кишти такрорї суолњо доданд. Раиси ноњия ба суолњо посухњои ќаноатбахш дод. Дар поёни нишасти матбуотї раиси ноњия Шарбатулло Азизулло барои иштироки фаъолона дар нишаст ва њамкории судманд ба рўзноманигорон изњори сипос намуд.
доштани шароити иљтимоии мардум то дар дурдасттарин дењоти ноњия лоињањои намунавии биноњои маркази саломатї, таваллудхона, мактабу синфхонањои замонавї, коргоњњои гуногуни истењсолї, чойхонаву майдончањои варзишї, китобхона ва дигар марказњои хизматрасонї ба соњибкорон пешнињод карда шудааст. - То имрўз аз шумораи умумии иншооти ба муносибати 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда, 80 тои он ба истифода дода шудааст.
Маблаѓи умумии иншооти сохтмонашон баанљомрасида 15 миллиону 664 њазор сомониро ташкил медињад, - иброз дошт Н. Саидзода. Раиси ноњияи Дўстї изњор дошт, ки дар баробари бењтар намудани шароити иљтимоии сокинон, масъалаи солимгардонии ањолиро бояд дар мадди аввал гузошта, таваљљуњи мардумро ба тарзи њаёти солим љалб намоем. С. Љамолиддин, «Хатлон»
Ба 59 оилаи дигар замин дода мешавад Дар ин бора дар нишасти матбуотї ба хабарнигорон гуфт раиси ноњияи Хуросон Рањматулло Сафарзода. Пеш аз ин бар асари офати табиї ба 67 оилаи зарардидаи дењаи Неъматулло Асадулло дар мавзеи бехавф замини наздињавлигї људо карда шуда буд. Оид ба натиљањои иќтисодїиљтимоии ноњия дар нимсолаи аввали соли равон раиси ноњия равшанї андохт, ки имсол даромади буљет, ки нишондињандаи сатњи аввал аст, ба андозаи 100
фисад иљро гардидааст. Њаљми мањсулоти дохилї дар ин давра ба 254,5 млн сомонї расидааст, ки аз ин 187 млн сомониаш ба соњаи кишоварзї рост меояд. Ба маќсади рушди боѓпарварї 38 га майдони боѓњои пештара аз нав барќарор гардидааст. Кишти зироат тибќи дурнамо иљро гардида, як ќисм мевагию полезї, сабзавоти барваќтї љамъоварї шудааст. Айни замон кишти такрорї идома дорад. Дар мавриди истиќболи сазовори љашни 30-солагии
Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон зикр гардид, ки бунёди 189 иншоот ба наќша гирифта шудааст ва аз он 130 иншоот мавриди истифодабарї ќарор ёфтааст. Мењнаткашони ноњия бањри ноил гардидан ба дастовардњои баланди мењнатї ва бо омодагии комил истиќбол гирифтани љашни фархунда тамоми имкониятњои мављударо ба кор мебаранд. Дар охир намояндагони ВАО ба саволњои марбут ба камбудињои мушоњидашаванда љавоб хостанд.
Ноњияи Ёвон яке аз минтаќањои пешрафтаи љумњурї мањсуб ёфта, дар роњи иљрои наќшањои истењсолї, дастуру супоришњои Њукумат дар самти ободонию созандагї, сањмгузорї дар иљрои њадафњои стратегии давлат пешќадам аст. Дар љараёни нишасти матбуотї раиси ноњия Саидзода Љамшед ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки давоми нимсолаи аввали соли равон нишондињандаи ќисми даромади буљет ба 105 фоиз иљро гардидааст, ки ин гувоњи таъмини харољоти асосї - пардохтњои маоши кормандони буљетї ва дигар харољотњои ба он баробар аст. Баќияпулии андоз низ нисбат ба аввали сол кам гардидааст. Аз 243 лоињае, ки тибќи “Барномаи рушди иљтимої-иќтисодии ноњияи Ёвон барои солњои 2016-2020” пешбинї шуда буд, 214-тои он ба маблаѓи 2 миллиарду 60 миллион сомонї ба иљро расидааст. Пешравињо дар самти саноат назаррас аст. Њаљми мањсулоти саноатї дар ин давра 680,1 млн сомониро дар бар мегирад. Дар ноњия 43 корхонаи саноатї арзи вуљуд дорад, ки аксари онњо дар рушди иќтисодиёти ноњия сањми бевосита доранд. Пешравињо дар самти кишоварзї низ боварибахшанд. Дар ин давра њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї ба 287,9 млн сомонї расид, ки ин аз мењнати самарабахши дењќонон дарак медињад. Соњаи чорводорї низ рў ба рушд аст. Айни замон дар ноњия 98066 сар чорвои калон, 202153 сар моли майда, 6280 сар асп, 189252 сар паранда ва 4405 оилаи занбўри асал
Наљот САФАРЗОДА
рушди дењот ва солимгардонии љомеа Ба истиќболи љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Дўстї бунёди 78 иншооти таъйиноти гуногун ба наќша гирифта шуда, иловатан шумораи умумии иншоотњои истифодашаванда ба 191 адад пешбинї гардидааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотї раиси ноњия Нурмуњаммад Саидзода иттилоъ дод. Мавсуф иброз дошт, ки бо маќсади ободонии кўчаю мањалњо, бењдошти сатњи хизматарсонињои гуногун ва баланд бар-
3
ХАТЛОН
Панљшанбе, 30 июли соли 2020, №37 (3273)
Аз љумла, то њанўз ба дењаи Кучим наомадани ќувваи барќро, ки моњи апрел дар рўзи ќабули шањрвандон аз љониби раиси вилоят муњлати якмоња дода шуда буд, инчунин, фаъолият накардани корхонаи калони ордбарориро рўзноманигорон сабаб пурсиданд. Масъулин љињати таъмини барќ ба ин дења боз як моњ муњлат пурсиданд. И. Њасанов
И. Њасанов
Ба кадрњои боихтисос эњтиёљ дорем Диловаршоњ Исозода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба фаъолияти соња ба таври муфассал њисобот дод. Гуфта шуд, ки дар шањру навоњии вилоят 153 муассисаи томактабї бо фарогирии 16652 нафар ва 799 Маркази рушди кўдак бо фарогирии 20070 нафар кўдакон фаъолият мекунанд. Давоми соли љорї 3 муассисаи таълимї мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Шумораи омўзгорон 559 нафар нисбати соли гузашта зиёд шудааст. Мавсуф илова кард, ки 1232 нафар омўзгорони љавон тибќи роњхати Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба љои кор њозир шуданд, ки 77 фисадро ташкил медињад. 367 нафар омўзгорони љавон бо сабабњои гуногун ба љои кор њозир нашудаанд. Имрўз дар шањру навоњии вилоят ба 942 кадрњои омўзгорї, хусусан аз фанњои алифбои ниёгон, технологияи информатсионї, забони давлатї, забон ва адаби-
ёти тољик, технологияи мењнат, физика эњтиёљ аст. Соли равон 42207 нафар хатмкунандагони муассисањои таълимии вилояти Хатлон аз ќайди имтињоноти ММТ гузаштанд, ки 2635 нафар нисбати соли гузашта зиёд мебошанд. Дар охири нишасти матбуотї масъалањои ба худкушї даст задани ноболиѓон, норасоии китобњои дарсї, нашри ками китобњои дарсї, фарогирии ками кўдакон ба муассисањои томактабї, сабаби кам њавасманд гардонидани омўзгорони љавон, ба љои кор њозир нашудани омўзгорони љавон тибќи роњхат, дар хонањои истиќоматї ва муассисањои љамъиятї. вагонњо љойгир будани муассисањои таълимї, бесуратњисоб фаъолият доштани Шўрои падару модарон, инчунин, мутобиќат накардани китобњои дарсї ба барномаи таълимї, сари ваќт нагирифтани маблаѓи рухса-
тии омўзгорон дар шањрњои Кўлобу Левакант, ноњияи Балљувон ва дигар шањру навоњї мавриди таваљљуњ ва суолгузории рўзноманигорон ќарор гирифтанд. Д. Исозода ба суолњои намояндагони васоити ахбори омма љавобњои даќиќ дода, ба рўзноманигорон барои њамкорї миннатдорї баён намуд. С. АЗИЗ
А. Мўсоев
Мусоњибаи мо
Њар касе он даравад оќибати кор чї кишт...
Таъмини бехатарии озуќаворї-вазифаи рўз
(Андешањо пиромуни филмњои «Марди роњ» ва «Хиёнат») Ба наздикї тариќи шабакањои телевизионии Тољикистон ду филм - яке «Марди роњ» ва дигаре “ Хиёнат» намоиш дода шуд. Дар ин ду филм ду ќањрамон-яке мусбат ва дигаре манфї дида шуд. Яке барои сарљамъии миллат, дигаре барои парокандашавии миллат, яке барои ободонии кишвар, дигаре барои ба харобазор табдил додани кишвар, яке ватандору ватандўст, дигаре хоину мазњабфурўш дида шуд. Аввалї Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аст, ки бо чї ќадар азобу машаќќатњои зиёд давлати парокандашударо пойдор, миллати љабрдидаашро сарљамъ намуду дар як муддати кўтоњ Тољикистони харобазор ва аз љињати иќтисодї фалаљшударо ба яке аз давлатњои тараќќикардаистода табдил дода истодааст. Аз рўзњои аввали ба ин вазифа омаданаш ин марди ватанхоњу ватандўст сиёсати созандагию бунёдкориро вазифаи аввалиндараљаи худ донист. Асос аз раванди бозгашти гурезагон ба ватан оѓоз гардид.Чун осори ин љанги тањмилї аз миён бардошта шуд, умедворињо ба фардои нек дар дили мардум афзудан гирифт ва имконияти вусъат додани корњои бунёдкориву созандагї ба миён омад. Дар аввал се њадафи асосї- истиќлолияти энергетикї, баромадан аз бунбасти коммуникатсионї ва таъмини амнияти озуќаворї, ки роњи асосии баланд бардоштани сатњ ва сифати зиндагии мардум муайян мешуд, дар мадди аввал гузошта шуд, ки он дар амал татбиќ гардид. Инак, њадафи чоруми стратегї аз кишвари аграрї - саноатї ба кишвари саноатї аграрї табдил додан, яъне саноаткунонии босуръати мамлакат пешнињод гардид, ки аллакай дар ин љода ќадамњои устувор гузошта мешавад. «Ќањрамон»-и дигар ин Муњиддин Кабирист, ки бо кўшиши ањриманбашарона, бо маблаѓи хољагони хориљии худ барои аз нав ба харобазор табдил додани Тољикистони азиз бо тамоми роњу воситањои хиёнат ба Ватану миллат даст зада истодааст. Ў худро «мусичаи бегуноњ» вонамуд карда, мехоњад мардумро бо суханњои дурўѓомези худ гумроњ созад. Дар намоишнома чї ќадар ранљу азоб ва зиллати ѓарибиро кашидани мардуми мо, суханњои дардомези шахсоне, ки бо «хизматњои шоён»-и Кабириву кабиримонандњо хорї дидаанд, дида ва шунида шуд. Боз ба ин хел хоини миллату давлат чї далелњо лозим аст. Ваќте ки ин ањриманбашара вакили Маљлиси намояндагон буд аз ваколатњои
парвариш меёбанд. Музди миёнаи кормандон 1213,5 сомониро ташкил медињад. Ба иќрори раиси ноњия ќарздорї аз музди мењнат 117728 сомониро ташкил медињад, ки он асосан ба баъзе корхонањои саноатї нисбат дорад. Дар ноњия ба соњаи љавонон, варзиш ва сайёњї диќќати бештар дода мешавад. 243 иншооти варзишї, 37 толор, 4 њавзи шиноварї, 196 майдонча ва 8 иншооти махсуси варзишї барои њаводорони варзиш дарњои кушода доранд. Танњо дар њамин давраи њисоботї 4 майдончаи варзишї мавриди бањрабардорї ќарор ёфтааст. Корњои ободонї дар ноњия бо суръат идома дорад. Аз 341 иншооти љашнї ба истиќболи 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон 230- тои он ба истифода дода шудааст. Раиси ноњия дар охири нишасти матбуотї ба саволњои рўзноманигорон љавобњои ќаноатбахш дода, дар омади сухан аз он изњори таассуф кард, ки баъзан дар матбуот хабаре мехонем, ки касбияту њаќиќатнигории рўзноманигорро зери шубња мемонад. Агар ин тавр намебуд, пулеро ки дар маркази ноњияи Ёвон ба маблаѓи 26 млн сомонї барќарор шуда истодаасту он 63 метр дарозї ва иќтидори 80 тонна борбардориро дорад, «як «пулча»-ро то њанўз насохтаанд» намегуфтанд. Ба иттилои шумо мерасонем, ки ин “пулча”-ро (ба истилоњи мухбир) соли љорї ба истифодабарї хоњем дод.
худ сўистифода намуда, чї ќадар боигарї, хонаву дар, корхонаро аз худ намуд. Он мусоњибањое. ки бо хешовандон ва собиќ њаммаслаконаш дар филм нишон дода шуд боз як бори дигар гувоњї аз он дод, ки ин манфур на танњо ба давлати миллати худ, балки ба њаммаслакони худ хиёнат карда, думро хода карда, гурехта рафт. Агар ў хиёнаткор набошад ва агар маблаѓ аз хољагони хориљии худ нагирад, пас аз кадом њисоб ў ва ањли оилааш дар хориља зиндагї мекунад. Ё ин, ки тариќи шабакањои иљтимої аз кадом њисоб баромад менамояд. Шахсе, ки барои маблаѓи ночиз шуда, ба љанозаи модари худ њозир намешавад, аз ин шахс чї гуна некї мебарояд? Чунин афрод њуќуќи сухан гуфтанро надорад. Чунки модар ин ганљи бебањо асту аз њама молу чизи дунё воло. Агар ба њолномаи бо ном мухолифин (мухолифин не,балки хоинони миллат), ки берун аз марзи љумњурианд шинос шавем, нафрати кас нисбати онњо дучанд зиёд мешавад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ба тарбияи ватанпарастии љавонон, ки ояндаи шукуфони кишвар, ободии мамлакат, њифзи нангу номус дар дасти онњост, њамеша таваљљуњ зоњир менамоянд. Пешвои миллат зимни суханронињояшон ќайд намуданд: «Ватан дар баробари модар муќаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон наќши халкунанда дорад, бе ватан инсон бесарнавишт ва бе ќурбу бе манзалат аст». Таърих гувоњ аст, ки камолоти ќавм ё миллате дар заминаи њадафе амалї мегардад ва љидду љањди мардумро ба самти муайян равона менамояд. Баръакс, он давлате. ки њадафи умдаи халќи хешро созмон дода наметавонад, халќи худро ногузир ба парокандагї, њаќирї ва њатто ба њалокат мањкум мекунад. Аз дигар тараф, матлабе, ки ба ѓизои маънавии ќавме ё миллате табдил меёбад, бо эътиќоди том, самимият ва садоќати хоссае амалї мегардад. Оё дар ботини Кабирї барин ватанфурўш чунин њадаф њаст? Ваќте ки падар хиёнаткор аст, фарзандаш низ тарбияи ўро гирифта, ба хиёнат ба ватану миллат даст мезанад (фарзандони Кабирї ва падари Муњаммадиќболи Садруддин дар назар аст). Аз ин хотир гуфтанием, ки њар як шахс пеш аз он, ки камбудии дигаронро љўяд, ба худ савол дињад, ки оё ў дар ободонии ватани хеш сањме гузоштааст?! Исломиддин Нарсов, мудири шуъбаи маорифи ноњияи Ёвон
Таъмини бехатарии озуќаворї вазифаи Раёсати Кумитаи бехатарии озуќаворї дар вилояти Хатлон буда, фаъолияти худро бањри бењтар намудани вазъи корњои зироаткорию чорводорї, таъмини бехатарии озуќаворї дар шањру ноњияњои вилоят равона намудааст. Дар ин хусус суњбате доштем бо раиси Раёсат Њасанзода Мењрољ Аслан. Муњтавои суњбатро пешкаши хонандагон мегардонем. - Мењрољ Њасанзода, Раёсати Кумитаи бехатарии озуќаворї дар ним соли љорї дар ин самт чї корњоро ба анљом расонид? - Дар шаш моњи соли равон аз тарафи масъулини Раёсати Кумита ва марказњои таъминоти бехатарии озуќавории шањру ноњияњои вилоят бањри бехатарии озуќаворї ва таъмини иљрои талаботњои байторию санитарї то имрўз дар бозор ва нуќтањои фурўши мањсулотњои кишоварзї 97681 намунаи маводро аз санљиш гузаронидаанд. Аз ин гўшт ва мањсулоти гўштї 17316, шир ва мањсулоти ширї 8737, равѓани растанї 2459 намуна, тухми мурѓ 6074 дона, моњї 1265, асал 497, мањсулоти шўрї 5643, мањсулоти хушк 5818, меваю сабзавот 47292, тарбуз ва харбуза 2580 донаро ташкил медињад. Аз миќдори санљишњои гузаронидашуда маводњои ба талаботи байторию санитарї љавобгў набудан тухм 7683 дона,
шир ва мањсулоти ширї 2528 кг ва мањсулоти гўштї 10890 кг, равѓан 617 кг, моњї 379 кг, асал 247 кг, мањсулоти шурї 2034 кг, мањсулоти хушк 2555 кг, меваю сабзавот 31964 кг, полезињо 4092 кг аз фурўш боздошта, нобуд карда шуданд. - Яке аз омилњои муњим, ки ба рушди соњаи зироатпарварї наќши калон мебозад, соњаи тухмипарварї мебошад. Кадом навъи тухмиро дар шањру ноњияњои вилоят кишт мегузаронанд ва дар ин самт кадом корњо иљро шудаанд? - Яке аз омилњои пешрафт ва рушди соњаи зироатпарварї ба тухмињои хуби аълосифат вобастагии калон дорад. Тибќи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29.12.2018, № 611 дар шањру ноњияњои вилоят 42 хољагии тухмипарварї фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин 28 хољагї танњо дар самти тухмии пахта, 8 хољагї дар самти пахтаю ѓалладонагї, 3 хољагї ба самти парвариши тухми ѓалладонагї, ду хољагї дар самти тухмии юнучќа ва як хољагї дар самти тухмии сабзавот машѓул мебошанд. Дар вилоят майдони зиёдро кишти пахта ташкил медињад. Аз ин рў, ба навъњои тухмии пахта ањамияти љиддї медињем. Дар вилоят асосан тухмњои навъи “Хатлон-2014”, “Кармен”, “Тољикистон”, “Сарбон” ва навъњои америкоиро кишт мегузаронем, ки навъњои хубу босифат ба шумор мераванд. Њамчунин, барои кишти ѓалладонагињо тухмињои навъи “Краснодар-99”, “Басирбай”, “Садоќат” ва навъњои тухмии хитоиро кишт менамоем. Агар
мо кишт, парвариш ва коркарди онро, яъне агротехникаи парвариши ин навъ тухмиро дуруст ба роњ монем, аз њар як гектар то 50-60-сентнерї њосил рўёнида метавонем. Мутаассифона, навъњои тухмии хитої намнокии зиёдро, ки дар мавсими бањор аз њисоби борон, жола ва офатњои табиї ба вуљуд меоянд, тоб оварда наметавонанд. -Оё ба вилоят дигар навъњои тухмии зироатњо аз хориљи кишвар ворид мегардад? -Дар давоми шаш моњи соли равон ба њудуди шањру ноњияњои вилоят тухмињои пахтаи навъи “Бухоро-102” аз Љумњурии Ўзбекистон, MAY-505, MAY344, MAY-455 ба миќдори 22 тонна аз тарафи заводи ЉДММ “Рушди пахтаи Хатлон”-и ноњия Љ. Балхї аз давлати Туркия ворид гардид, ки тухмињои навъи элита мебошанд. Њамзамон ЉДММ “Баракати тољирон” аз вилояти Сурхондарёи Љумњурии Ўзбекистон навъи пахтаи “Бухоро-102”-ро ворид намуд, ки тухмї дар ноњияњои Шањритуз, Ќубодиён ва Носири Хусрав кишт шудаанд. Раёсати Кумитаи бехатарии озуќаворї дар вилояти Хатлон дар самти назорати тухмї дар шаш моњи соли љорї аз љониби масъулини шуъбаи Раёсат бо якљоягии мутахассисони Марказњои таъминоти бехатарии озуќавории шањру ноњияњо ба шахсони њуќуќї ва воќеї, ки дар ќаламрави вилоят ба ташкили нињолпарварї ва фурўши нињол машѓуланд, 166 шањодатномаи мушаххаскунандаи навъи нињол барои 331962 ва кўчати помидор 85596 бех дода шудааст. Аз тарафи мутахассисо-
ни соња дар ин давра ба бахши озмоишгоњи тухмисанљии Маркази ташхиси бехатарии озуќавории вилоят 251 намуна ворид гардида, 1623 ташхис гузаронида шудааст, ки 1850 тонна тухмиро ташкил медињад, аз он 1675 тоннааш чигити тухмї аст. Аз ин миќдор 259 намунаи он шањодатномаи сифати тухмї соњиб шуданд. Ба бахши озмоишгоњи фитосанитарї ва карантини растании Маркази ташхиси бехатарии озуќавории вилоят 259 намуна ворид гардида, 482 ташхис гузаронид, ки аз он ташхиси энтомологї 223 гербологї 216 ва фитопотологї 43-то мебошад. Дар ин муддат аз љониби мутахассисони соња ба шахсони њуќуќї ва воќеї, ки дар њудуди вилоят ба истењсол, коркард, содироту воридот ва хариду фурўши тухмї машѓуланд, аз рўи 98 њолат санљиш гузаронида, барои бартараф намудани камбудињои љойдошта 140 амр ва 61 адад санад тартиб дода шуд. - Имрўзњо ављи дуюми сирояти COVID -2019 тамоми љањонро ба тањлука андохтааст. Раёсати Кумита оид ба пешгирии пандемияи каронавирус, чї корњоро ба анљом расонид? -Раёсати Кумитаи бехатарии озуќаворї дар вилояти Хатлон љињати иљрои ќарори раиси вилояти Хатлон аз 20 марти соли 2020 №94 оид ба пурзўр намудани чорањои зиддиэпидемикї дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID-2019 дар вилояти Хатлон барои иљрои наќшаи чорабинињои Ситоди вилоятї љињати пурзўр намудани назорат ва коргузорї, таъмин бо таљњизоту маводи лозимї
чорањои мушаххас андешид. Бо маќсади њимояи њудуди вилоят аз тањдиду хатарњои воридшавї, пайдоишу пањншавии ангезањои беморињои сироятї, зараррасонњои карантинї аз љониби мутахассисон пайваста чораљўї намуда, бо љалби лоињањои сармоягузорї 1 дастгоњи њароратсанљи рўшноии сурхдори электронї-термовизор дастрас гардида, Маркази миллии ташхиси бехатарии озуќаворї ва нуќтањои назорати давлатии бехатарии озуќавории гузаргоњњои сарњадї барои истифода таъмин карда шудаанд. Бањри пурзўр намудани назорат љињати пешгирии бемории коронавирус дар ин давра нуќтањои назорати давлатии бехатарии озуќаворї бо маводи безараргардонї ва кормандони он бо сару либоси махсус таъмин гардида, наќлиётњои ба њудуди вилоят воридшаванда безарар гардонида, майдончањои безараргардонї-дезковрик барои гузаштани мусофирон ташкил карда шуданд. Наклиётњои боркаше, ки барои ворид намудани борњои тањти назоратї ба сарњади давлатї меоянд, дар гузаргоњњои сарњадї борњо ба автомашинањои аз љониби вилоят муќарраршуда гузаронида, ба њудуди вилоят ворид мегарданд. Раёсати Кумитаи бехатарии озуќавории вилоят барои муътадил нигоњ доштани вазъи эпидемиологї, пешгирии воридшавии ангезањои беморињои сироятї ва организмњои зараррасони карантинї, пурзўр намудани чорањои зиддиэпидемикї дар давраи пандемияи коронавируси COVID 2019 дар њолати омодабош мебошанд. -Барои суњбататон ташаккур! Мусоњиб Мирзо Усмони Тољ
Роњхат ба даври љумњуриявї Ба иттилои бахши љавонон ва варзиши ноњияи Љайњун дар Чемпионати Љумњурии Тољикистон байни наврасони 15 ва 17 сола дастаи ноњияи Љайњун бо наврасони ноњияи Ёвон вохўрї анљом дод. Дар бозии шаддид ва шавќовар дастаи наврасони ноњияи Љайњун бартарї нишон дода, ѓрлибият ба даст оварданд. Онњо бар њамтоёни худ ба њисоби 1-0 дастболо гардида, ба даври љумњуриявї роњхат гирифтанд. Ќайд кардан ба маврид аст, ки бо дарназардошти мањбубияти хосса доштани футбол дар миёни наврасон ва љавонон, ки ќишри асосии љомеаро ташкил медињанд, аз љониби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Љайњун шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Суњроби РУСТАМ
этибор надорад
Шањодатномаи гумшудаи Т-ШТУ-00228082, ки онро соли 2010 МТМУ №51-и ноњияи Љ. Балхї ба Давлатов Алимањмад Давлатович додааст, эътибор надорад. Шањодатномаи гумшудаи Т-ТАТА № 0078862, дар бораи хатми синфи 9, ки онро соли 2006 МТМУ № 41-и ноњияи Кўшониён ба Саидов Ахлиддин Амирдинович додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДТО №0085148, ки онро соли 2010 ДДБ ба номи Носири Хусрав бо ихтисоси биология ба Холова Сафармо Бегањмадовна додааст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДТК №0035545, ки онро соли 2012 коллељи омўзгории ДДЌ ба номи Носири Хусрав бо ихтисоси “Методикаи таълими ибтидої” ба Њољиева Нуринисо Соњибќуловна додааст, этибор надорад.
ТАВАЉЉУЊ: МУЗОЯДА
Иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён барои ба фурўш баровардани амволи ѓайриманќули тањти њабсќарордошта-манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Кўшониён, Љамоати шањраки ба номи И. Сомонї, кўчаи С. Айнї, хонаи №93, аз хишти хом сохташуда, масоњати умумии он 37, 66 мм, аз љумла сатњи истиќоматии он 29, 91 мм ташкил медињад, иборат аз се њуљраи зист, пешдолон ва соябон, бо њуќуќи истифодабарии замин 600 м. кв, дар савдои оммавї бо нархи 110 000 сомонї соати 09:00 даќиќа, як моњ баъд аз нашри рўзнома, музояда эълон менамояд. Љойи баргузории музояда: бинои иљрочиёни Хадамоти иљро дар ноњияи Кўшониён. тел: (83245) 2-15-51, 907-38-55-54.
4
ХАТЛОН
То замони Истиќлолияти давлатї шояд садњо духтаракони донишманду соњибистеъдод аз дењоти дурдасти Тољикистон орзуи идомаи тањсил дар донишгоњро дар замирашон куштаанд. Хуруфотпарастии волидайн намегузошт, ки духтарон хонда, соњибмаълумот шаванд. Духтарон низ аз рўйи иззату эњтиром ба волидайн њамеша сукут меварзиданд, агар талош њам мекарданд, аксаран муваффаќ намешуданд. Як бурди духтарони замони соњибистиќлолї ѓамхории падарона ва сиёсати дурандешонаю оќилонаи Роњбари давлат, Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалї Рањмон аст дар мавриди тањсили љавондухтарон ва баланд бардоштани маќоми зан дар љомеа. Бо пешнињод ва иќдоми бевоситаи Сарвари мамлакат барои духтарони болаёќати дењањои дурдасти кўњистон квотаи президентї таъсис дода шуд. Инак, соли 23-юм аст, ки њазорњо духтарон тариќи квотаи президентї дар мактабњои олї тањсил кардаву соњибмаълумот гардида, имрўзњо дар соњањои гуногуни хољагии халќ фаъолият доранд. Ќањрамони матлаби мо Њусноро Муродова аз љумлаи чунин духтарони хушбахт аст, ки орзуи кўдакии хешро бо ба тасвиб расидани њамин ќарори Президенти мамлакат љомаи амал пўшондааст. Њусноро зодаи ноњияи Хуросон аст ва 33 сол дорад. Соли 2003 мактаби №4-и ноњияро бо сарбаландї хатм кардааст. Ба ќавли Њусноро, аз лањзањои аввали мактабхонї чењраи зебои муаллимаи аввалинаш Турсуной
ХАНДАИ БАХТ Ќаландарова бо муњаббату самимияташ, лабханди ширинаш дар ќалби кўчакаш љой гирифта буд. Баъзан ваќт, њангоми бозињои кўдакона бо зочањояш таќлид ба муаллимааш карда, ба онњо гўё дарс мегуфт. «Ин њама шавќу шўри маро дида, падарам мегуфтанд: “Духтарам наѓз хон, туро њатман муаллима мекунам», - ба ёд оварда мегўяд Њусноро. Ана њамин умедворсозињои падар муњаббати Њуснороро ба донишандўзї бештар месохт. Солњое, ки Њусноро толибилм буд, мушкилоти тањсили нопурраи духтарон дар тамоми дењањои дурдаст ба чашм мерасид. Волидайн низ бо тарсу њарос ва овозањо садди роњи тањсили духтарон мешуданд. Аммо падари Њусноро ќавлашро нашикаст. Волидайн намехостанд, ки дар оянда ў мисли баъзе духтарони тањсилнодидаи дењотї дар зиндагї дучори мушкилот гардад. Бахт ба рўйи Њусноро хандид. Аз як тараф устувории ањди падар, бар замми ин роњандозї шудани квота барои идома додани тањсили духтарони лаёќатманди дењоти дурдаст дар мактабњои олии мамлакат нињоли орзуњои кўдакии ўро сабзонид. Соли 2003, баъди хатми мактаби дења барои амалисозии орзуњои наврасї тариќи квотаи президентї шомили Донишгоњи омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї гардид. Дар донишгоњ Њусноро ба хотири одобу ахлоќи намунавию дониши хуб ва њам ба
хотири соњиби номи «духтари Президент» буданаш, байни устодону њамсабаќон соњибиззат гардида буд. Факултаи филологияи тољикро Њусноро соли 2008 бо муваффаќият хатм намуда, бо сари баланд ба зодгоњаш баргашт. Корро дар мактабе, ки солњо устодон ўро таълиму тарбияаш дода буданд, оѓоз кард. Инак, 12 сол мешавад, ки Њусноро омўзгор аст. Баъди як соли љонишини директор шуда кор карданаш малакаву кордонї, одобу ахлоќи њамидаашро ба инобат гирифта, аз моњи январи соли 2019 ўро сарвари мактаби мазкур таъйин карданд. Бо боварї мегўяд, ки ѓамхортарин омўзгор ва сазовортарину муваффаќтарин зани ноњия хоњад буд.
Панљшанбе, 30 июли соли 2020, №37 (3273)
- Ваќте вориди синфхона мешавам, наќши сарвари мактаб не, балки масъулияти омўзгориро ба иљро меорам, - мегўяд Њусноро. - Њамон омўзгоре, ки ќалби поку нигоњи гарм дорад ва бо дасту дили пок дар њама њолат дастгиру мададгори шогирд аст. Ба ќавли Њусноро, асоси то ба ин мартаба расиданаш дастгириву њидоятњои бевоситаи Пешвои миллат нисбати духтарони дењот гаштааст. «Њарчанд падарам барои соњибмаълумот гаштани ман розї буд, аммо агар Пешвои ѓамхору некбин намедоштем, шояд ба ин ќуллањои баланд намерасидам», иброз медорад Њусноро. Дувумин асоси пешравии худро аз ѓамхориву дастгирии њамешагии ањли омўзгорон медонад, яъне њамон устодони ѓамхоре, ки ба вай дарс гуфта буданд. - Бе маслињати онњо ба љое расидани ман ѓайриимкон аст. Дастгириву машварати онњост, ки имрўз мактабе, ки сарвараш њастам, бењтарин мактаби ноњия пазируфта шудааст. Аз мактаби мо танњо њамин сол панљ нафар духтарон тариќи квотаи президентї ба бењтарин донишгоњњои кишвар шомил шудаанд, - бо оњанги ифтихор зикр намуд Њусноро Муродова. Бале, Њусноро бо талошу кўшишњои њамешагї тавонистааст соњибобрўйи коллектив, садрнишини мањфили занон дар дењаи Мењнат ва намунаи ибрати садњо нафар љавондухтарони ноњияи Хуросон гардад. Њангомаи ИСМАТ, «Хатлон»
Љиноят ва љазо Суди вилояти Хатлон дар маљлиси кушоди судї 13 майи соли 2020 парвандаи љиноятиро ба айбдории Сафаров Умар Мањмаднаимович, сокини ноњияи Панљ, Љамоати дењоти “Мењвар”, дењаи Чорсў баррасї карда, ўро дар хариду фурўши маводи нашъадор муттањам донист ва нисбаташ љазои сазовор эълон намуд. Нашъаљаллобї зуњуроти номатлуб мањсуб ёфта, кораш сиёњу мусибатрасон аст. Мањз нашъаљаллоб пањнкунандаи доруи маргмаводи мухаддир мебошад. Ў ашхоси заифиродаро вобастаи нашъа карда, онњоро дар бисёр њолатњо ба марги маљбурї мерасонад. Аз дасти нопоку амали зишти нашъаљаллоб оилањо ба парешонї ва буљаи оилавї ба касодї меравад, занњо бадбахту фарзандон саѓираву муњтољ мегарданд. Њамин тавр, нашъаљаллоб ба хотири ба даст овардани маблаѓи зиёди бедардимиён, соњиби мошини ќиматбањои истењсоли хориљї ва хонањои боњашамати замонавї шудан љиноят содир мекунад. “Бори каљ ба манзил намерасад”- мегўянд. Ва мерасад рўзе, ки тири ин тоифаи мардум хок хўрда, барои амали нангини хеш дар назди ќонун љавоб мегўянд, аз карда пушаймон мешаванд. Вале он ваќт хеле дер мешавад ва пушаймонї суде намебахшад... Каримов Балаљон аз зумраи нафаронест, ки нафъаш ба љомеа заррае њам нарасидааст. Ў 37 сол дорад ва њаёташ якрангу бемаънї гузаштааст. Зеро Балаљон танњо барои худ, бо орзуњои ширини “чї тавр сарватманд шудан” мезист. Наќшаи ба даст овардани пулу моли зиёдро тартиб медод, вале роњу усули амалї намудани онро намеёфт. Њатто ваќтњои охир хаёлї шуда монд. Мисли мурѓи посўхта худро ба њар тараф мезад, аммо муродаш њосил намешуд. Ноилољ ба муњољирати мењнатї ба Россия роњ пеш гирифту дар он љо якбора бедарак шуд. Аз худ њатто хабаре надод. Баъди чанд муддат овозае пањн гардид, ки гўё ў барои содир намудани љинояте дар мањбас будааст. Шояд аз њамин сабаб бошад, ки баъди аз Россия ба зодгоњаш баргаштан, ному насабаш Каримов Балаљонро ба Са-
фаров Умар таѓйир дод. Умар бо ивази ному насаб дигар нашуд, яъне ном дигар шуду одати бадаш боќї монд. Даст ба љиноят
ба шањри Душанбе интиќол дода, онро дар болохонаи бинои сохтмонаш нотамоми хешаш Одинаев Хуршед Зайдуллоевич, воќеъ дар шањри Душанбе, кўчаи Ќубодиён, хонаи №85-и ноњияи Сино, мањаллаи Мењробод пинњон кард. Дар як ваќт бо маводи нашъадор ў аз Њасан Адњамов як тапонча бо тирдон, 36 тир ва тасма барои гузоштани тапонча, тир ва тирдон тариќи насия ба
соњибхонаро садо карданд. Умар бо дидани кормандони милитсия роњи гурезро пеш гирифт. Кормандони милитсия ўро думболагир карданд. Умар барои аз кормандони милитсия халосї ёфтан дар яке аз тангкўчањои дењаи Чорсўи Љамоати дењоти “Мењвар” љониби онњо аз тапонча се тир холї кард. Аз шитобкорию тарс тири чорум ба пойи рости худи љинояткор расид. Корман-
Бори каљ ба манзил нарасид
- нашъаљаллобї зад. Аз ин “касб” даромади муфт меёфт. Умар ваќте дид, ки бозораш гарму фоидааш хуб аст, доираи бизнесашинтиќоли маводи мухаддирро васеъ намуд. Бори навбатиашро ба берун аз ноњия интиќол дод. Охири моњи январи соли 2020. Дар ин шабу рўз кори Умар бобарор омад. Аз шањрванд Адњамов Њасан Акбарович, сокини ноњияи Панљ, Љамоати дењоти “Мењвар”, дењаи Пахтакор ба миќдори 6 килову 715 грамм воситаи нашъадори навъи њашиш ва 32 килограмму 218 грамм афюн, бо вазни умумии 38 кг 933 гр, арзиши њар 1 кг воситаи нашъадори зикршударо ба 600 доллари ИМА тариќи насия (ќарз) харидорї кард. Баъдан, онро аз ноњияи Панљ
«ХАТЛОН»
МУАССИС: Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Хатлон Сармуњаррир Асалмо САФАРЗОДА
маблаѓи 500 доллари ИМА харидорї карда, дар хонааш нигоњ дошта, инчунин, онро бо худ гирифта мегашт. Субњи 10 феврали соли 2020 дар асоси ахбороти фаврї, ки Умар Сафаров бо муомилоти ѓайриќонунии маводи нашъадор машѓул аст, сардори минтаќаи хизматии милитсияи №1-и шуъбаи њифзи тартиботи љамъиятии ШВКД дар ноњияи Панљ майори милитсия Њусниддин Файзуллозода, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди гардиши ѓайриќонунии маводи нашъадори ШКВД дар ноњияи Панљ, капитани милитсия Маъруф Муъминзода ва капитани милитсия Абдулло Њусейн ба манзили истиќоматии гумонбар омаданд. Онњо аз паси дарвоза
дони милитсия, ки бе аслиња буданд, дигар Умарро таъќиб накарда, аз навбатдори шуъба ќувваи иловагї пурсиданд. Умар Сафаров аз ин фурсат истифода бурда, аз љойи њодиса ѓайб зад... Садафмоњ Мирзоиматов баъди вафоти шавњараш дар суроѓаи дењаи Гушони Љамоати дењоти "Мењвар" дар манзили бародараш Сайдалї мезист. Рўзи 10 феврали соли равон, тахминан соатњои 15:00 ба хонаи онњо янгааш Хосият њамроњи шахси барояш ношинос (Умар Сафаров) ташриф овард. Ситораи мењмони нахонда ба соњибхона маъќул нашуд. Ў нобоварона аз сар то пойи мењмонро синчакорона аз назар гузаронд. Дасту пойи рости ўро хунолуд дида, шубња кард. Умар барои ошкор нашудани амалњои љиноятиаш бањона пеш овард, ки гўё сари роњ бо бачањои дења љанг кардааст, онњо ўро бо оњан задаанд. Соњибхона боз бовар накард. Хосият хеши дур будани Балаљонро (онњо Умарро бо номи ќаблиаш Балаљон мешинохтанд) ба соњибхона фањмонд ва хоњиш кард, ки то ваќти шом ўро дар хона љой дињад. Зан розї нашуд. Балаљон (Умар) ноилољ иќрор шуд, ки ба нафаре маводи мухаддир дода буд, он шахс аз љониби кормандони милитсия дастгир гашта, нисбати ў нишондод додааст. Акнун кормандони
милитсия таъќибаш доранд ва ў љониби онњо аз тапонча тир холї карда гурехтааст. Њамин тавр, Умар Сафаров дар коњдони хонаи Садафмоњ Мирзоиматова паноњ бурд. Вале ин дер давом накард. Худи њамон рўз, яъне 10 феврали соли 2020, тахминан соати 16 кормандони милитсия дар натиљаи кофтукови хонаи Садафмоњ љинояткорро аз коњдон ёфта, дастгир карданд. Њамчунин, паноњгоњи маводи нашъадорро ба миќдори 38 кг 933 гр аз шањри Душанбе ошкор намуда, мусодира карда шуд. Њамин тариќ, дар асоси далелњои љамъовардашуда, ки мавриди омўзиш ва муњокимаи судї ќарор дода шуданд, суд муайян намуд: воќеан, судшаванда Умар Сафаров бо ин кирдорњои худ љинояти дар моддањои 200, ќисми 4 банди “д”, 195 ќисми 2, банди “в” ва 32 ќисми 3, 104 ќисми 2, бандњои “а,б” Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинишударо, ки он љавобгарии љиноятиро барои ѓайриќонунї соњиб шудан, нигоњ доштан, интиќол ё фиристодан бо маќсади ба соњибияти каси дигар додани воситањои нашъадор ба миќдори махсусан калон, инчунин, барои ѓайриќонунї соњиб шудан, нигоњ доштан, интиќол додан ё бо худ гирифта гаштани силоњи оташфишон, барои сўиќасди одамкушї, яъне ќасдан аз њаёт мањрум сохтани ду шахс ё бештар аз он ва вобаста бо фаъолияти хизматї муќаррар менамояд, содир кардааст. Бинобар ин, суд кирдори содиркардаи судшаванда Умар Сафаровро бо моддањои 200 ќисми 4, банди “д”, 195 ќисми 2, банди “в” ва 32 ќисми 3, 104 ќисми 2, бандњои "а,б" Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон бандубаст намуд. Суди вилояти Хатлон нисбати Умар Сафаров љазои нињої, ба муњлати 18 сол бо нигоњ доштан дар колонањои ислоњии дорои низомашон сахт, таъйин кард. Давлатбек Латифиён, котиби Суди вилояти Хатлон,
Дар рўзномаи «Хатлон» ба хотири гуногунандешї матолибе низ нашр мешаванд, ки идораи рўзнома метавонад бо муаллифон њамаќида набошад ва масъулияти онро бар дўш нагирад. Дастнавису суратњо ба муаллифон бозпас гардонида намешаванд. Матолиби муаллифони беруна дар њаљми то 3 сањифа бо њуруфи Times New Roman Tj, андозаи 14, фосилаи байни сатрњо 1,5 ќабул карда мешавад.
С. Аттор, «Хатлон»
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ Республика Таджикистан ПРОЕКТ РАЗВИТИЯ ВЫСШЕГО ОБРАЗОВАНИЯ Контракт: Закупка лабораторного оборудования и расходных материалов (солнечная электростанция) Номер Контракта: ИЭТ/SH/04 Дата: 23.07.2020 Правительство Республики Таджикистан получило грант от Всемирного Банка на реализацию проекта «Оказание поддержки и улучшения условий проживания студенток технических специальностей в общежитии» и намеревается использовать часть средств на закупку мебели для Института энергетики Таджикистана. Институт энергетики Таджикистана (р-н Кушониён) приглашает правомочных и квалифицированных поставщиков подать выражение заинтересованности на: Закупка лабораторного оборудования и расходных материалов (солнечная электростанция) Торги будут проводиться согласно
процедурам Всемирного Банка – Закупка в розничной сети (шопинг). Заинтересованные правомочные участники могут получить дополнительную информацию по указанному ниже адресу в рабочие часы с 10:00 до 16:00. Выражения заинтересованности должны быть представлены по указанному ниже адресу до 11 августа 2020 года. Институт энергетики Таджикистана Г-ну Назарзода Х. Х. – Ректор 735162, р-н. Кушониён, городок Бохтариён Ул. Н.Хусрав 73, Республика Таджикистан Контактное лицо: Абдуллоев Б.Т. Тел./Факс: +992 777 07 65 55 Эл.почта: bahtier.abdulloev.86@mail.ru
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ Республика Таджикистан ПРОЕКТ РАЗВИТИЯ ВЫСШЕГО ОБРАЗОВАНИЯ Контракты: 1. Закупка компьютерного оборудования и антивирус. 2. Программное обеспечение Номера Контрактов: ИЭТ/SH/01; ИЭТ/SH/08. Дата: 23.07.2020 Правительство Республики Таджикистан получило грант от Всемирного Банка на реализацию проекта «Создание условий для улучшения качества образования выпускников специальности «Строительства и эксплуатация ГЭС» и намеревается использовать часть средств на закупку мебели для Института энергетики Таджикистана. Институт энергетики Таджикистана (р-н Кушониён) приглашает правомочных и квалифицированных поставщиков подать выражение заинтересованности на: Закупка компьютерного оборудования и антивирус
Торги будут проводиться согласно процедурам Всемирного Банка – Закупка в розничной сети (шопинг). Заинтересованные правомочные участники могут получить дополнительную информацию по указанному ниже адресу в рабочие часы с 10:00 до 16:00. Выражения заинтересованности должны быть представлены по указанному ниже адресу до 11 августа 2020 года. Институт энергетики Таджикистана Г-ну Назарзода Х.Х. – Ректор 735162, р-н. Кушониён, городок Бохтариён Ул. Н. Хусрав 73, Республика Таджикистан Контактное лицо: Абдуллоев Б.Т. Тел./Факс: +992 777 07 65 55 Эл.почта: bahtier.abdulloev.86@mail.ru
НомгўЙи
мансабњои холии маъмурии хизмати давлатии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон оид ба гузаронидани озмун Дастгоњи марказии сарраёсат 1. Сармутахассиси шуъбаи муњосибот - 1 љой, маоши мансабї - 1032 сомонї. 2. Мутахассиси шуъбаи иљтимої, раёсати демографї, иљтимої ва шуѓли ањолї - 1 љой, маоши мансабї - 696 сомонї. 3. Мутахассиси раёсати љамъбастї ва табъу нашр - 1 љой, маоши мансабї - 696 сомонї. Шањру ноњияњои вилоят: 1. Сармутахассиси шуъбаи омори ноњияи Ёвон - 2 љой, маоши мансабї - 936 сомонї. 2. Сармутахассиси бахши омори ноњияи Балљувон - 1 љой, маоши мансабї 936 сомонї. 3. Мутахассиси пешбари бахши омори шањри Норак - 1 љой, маоши мансабї 746 сомонї. 4. Мутахассиси шуъбаи омори шањри Бохтар - 1 љой, маоши мансабї 660 cомонї. 5. Мутахассиси шуъбаи омори ноњияи Темурмалик - 1 љой, маоши мансабї 660 cомонї. Талаботи тахассусї барои ишѓоли мансабњои маъмурии хизмати давлатї Барои ишѓолкунандагони мансаби сармутахассис: - тањсилоти олии касбии иќтисодї, ихтисоси ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиќаи хизмати давлатї ё 3 сол собиќаи умумии мењнатї; - малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї. Барои ишѓолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: - тањсилоти олии касбии иќтисодї, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Барои ишѓолкунандагони мансаби мутахассис: - тањсилоти олии касбї ё миёнаи касбї, ки иљрои самараноки вазифањои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. Суроѓаи ќабули њуљљатњо: Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон (бахши кадрњо), телефон: (83222) 2-91-06. Суроѓа: шањри Бохтар, кўчаи Вањдат 49А (назди Маркази саломатии кўдаконаи шањри Бохтар) индекс 735140, факс: 2-75-67. Ќабули њуљљатњо тибќи эълони озмун дар нашрияњои расмї. Эзоњ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиќаи хизмати давлатї њар моњ ба андозаи муќарраргардида пардохт карда мешавад.
ЭЪЛОН
Мансабњои холии маъмурии хизмати давлатї дар кумитањои идораи замини вилоят ва шањру ноњияњои вилояти Хатлон р/т Вилоят, шањру ноњияњо Мансаби холї Маош 1032,00 Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Сармутахассис 1 (дастгоњи марказї) Мутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон пешбар, 3 (се) 864,00 2 (дастгоњи марказї) воњиди корї Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Мутахассис 600,00 3 (дастгоњи марказї) Кумитаи идораи замини ноњияи Мутахассис 630,00 4 Кўшониён 5 Кумитаи идораи замини ноњияи Вахш Сармутахассис 936,00 Мутахассиси 846,00 6 Кумитаи идораи замини ноњияи Хуросон пешбар Мутахассиси 846,00 7 Кумитаи идораи замини шањри Левакант пешбар 8 Кумитаи идораи замини шањри Бохтар Сармутахассис 984,00 Кумитаи идораи замини ноњияи Сармутахассис 936,00 9 Шањритуз 10 Кумитаи идораи замини ноњияи Панљ Сармутахассис 936,00 Суроѓаи ќабули њуљљатњо: - шањри Бохтар, кўчаи Б. Ѓафуров 6 “А”, Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон. Телефонњо барои маълумот: (8-32-22)-2-54-94, 2-50-18.
РЎЗНОМА ДАР ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ТАЊТИ РАЌАМИ 117/рз-97 АЗ 07 январи СОЛИ 2019 АЗ НАВ БА њисоб ГИРИФТА ШУДААСТ.
Навбатдор: Исматулло ЊАСАНОВ Тарроњ: Зафарљон Азизов
Рўзнома дар чопхонаи ЉСК «Матбааи Ќўрѓонтеппа» ба табъ расидааст. Ба чопаш 30.07.2020 иљозат дода шуд. Адади нашр: 10200 нусха. Нишонии мо: шањри Бохтар, кўчаи Логинов - 12. Телефонњо - сармуњаррир: 2-88-17, котибот: 2-89-16, муњосибот: 2-47-14, Индекси обуна 68896