Рӯзномаи Хатлон шумораи №36-17.06.2021

Page 1

ХАТЛОН

Панҷшанбе, 17 июни соли

Тоҷикистон, ба пеш!

2021,Соли №3690-уми (3325)нашр

ХАТЛОН

№36 (3325), 17.06.2021 Соли 90-уми нашр

Рузномаи «Хатлон»

Дар масири Истиқлол

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

1

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Данғара ва ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дар деҳоти Корез 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Ҳадафи ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшидан ба фаъолияти як зумра иншооти нав, шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ ва мулоқот бо фаъолон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара нахуст бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-ро ифтитоҳ намуданд. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду қисм ва 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини он наздики 2 гектарро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, бинои нави муассисаи таълимӣ барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи нави таълимӣ дорои утоқҳои фаннии физика, кимиё, биология ва компютерӣ мебошад, ки онҳо бо 25 адад компютер, 24 ҷуфти мизу курсӣ ва таҷҳизоти лабараторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин гардидааст. Фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки ҳавасмандии насли наврас дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои аз худ кардани илмҳои дақиқ бештар шавад. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон бо дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, мошинҳои дӯзандагӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон бо асбобҳои дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимиро дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро ба истифода аз чунин шароити муосир барои омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд. Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон муассиса дорои синфхонаҳои шоҳмот, толори варзишии замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва китобхона бо 20 ҷойи нишаст мебошад. Толори варзишии муассиса дорои тенниси рӯи миз, таҷҳизот барои обутоби бадан, бозии волейбол ва баскетбол мебошад. Дар бинои қаблии муассиса норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва набудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Мактаби куҳна ҳамагӣ 6 синфхона дошт. Ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон дар маҳаллаи 11 деҳоти Корези ноҳияи Данғара ва бештар шудани талабот ба омӯзиши илмҳои замон бошад, заруратро барои бунёди чунин як муассисаи таълимӣ тадриҷан дучанд менамуд. Ҳаминро ба инобат гирифта соли 2019 бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо ҷалби сармоя оғоз гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бунёди бино баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои истифодаи пурра аз имконият ва масъулиятшиносӣ ҷиҳати таълиму тарбияи наврасон вазифадор намуданд. Ҳамзамон дар шафати бино майдончаи зебову замонавии варзишӣ ба истифода дода шудааст. Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ва дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст. Ҳамчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар саҳни муассиса дар баландии 17,5 метр парчам барафрохта шуда, гирду атрофи он бо сохти меъмории замонавӣ оро дода шудааст. Бартарӣ додан ба истифодаи масолеҳи сохтмонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ агар аз як ҷониб сифати беҳтари корро таъмин намуда бошад, аз ҷониби дигар, ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти бахши хусусӣ дониста мешавад. Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар маҳаллаи 11 деҳоти Корези ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи раванди созандагиҳо дар мамлакат сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро азхуд намоянд. Ба истифода додани бинои нави Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо тарҳи муосир ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандону мутахассисони ин ниҳод ба ҳисоб меравад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурӣ аз 5 ошёна, таҳхона, 25 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 68 ҷойи нишаст, осорхона, ташхисгоҳ, китобхона, меҳмонхона, мавзеи зебо барои истироҳат ва машғулиятҳои варзиши сабук, инчунин дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз шуда, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 70 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ иштирок карда, он дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланди меъморӣ ба истифода дода шуд. Аз рӯи тарҳ дар бинои замонавии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара утоқҳои барҳавои корӣ бо мизу курсиҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои лозимаи соҳавӣ таъмин мебошад. Дар шуъба ташхисгоҳ, маҷлисгоҳ, гӯшаи олами ҳайвоноти нодир ва набототи Тоҷикистон, китобхона барои мутолиаи ашъору асарҳои илмию бадеӣ ва соҳавӣ бо шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мавҷуд аст. Президени мамлакат зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ барои тозагии муҳити атроф ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи олами ҳайвоноту наботот ва имкониятҳои экологии Тоҷикистон, ки дар он ҳайвоноти нодир ва парандаҳои зебо ба таври сунъӣ сохта шудааст, муаррифӣ гардид. Дар китобхонаи шуъба гӯшаи Президент таъсис дода шуда, дар он асарҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию бадеӣ, ки беш аз 2 ҳазор ададро дар бар мегиранд, ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз ин шароит кормандон метавонанд босамар истифода намоянд. Дар ошёнаи 5-уми бинои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара бо мақсади истироҳату фароғати кормандон меҳмонхонаи замонавӣ ва толори васеъ барои гузаронидани чорабиниҳои байниидоравӣ бунёд гардида, он дорои шароити муосири хизматрасонӣ мебошад. Утоқҳои меҳмонхона барҳаво ва бо тарҳи хеле зебо сохта шуда, бо шароити мусоид, аз ҷумла рахти хоб, ҷевон, яхдон, телевизор ва мебелҳои замонавӣ таъмин мебошад. Қисми болои бино макони зебои тамошобоб ва истироҳат барои кормандону меҳмонон мебошад. Дар ин макон ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим ва машғулияти кормандон ба

варзиши сабук шароити арзанда муҳайё карда шудааст, ки онҳо метавонанд, дар вақтҳои фориғ аз кор ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд. Дар доираи корҳои ободонӣ гирду атрофи бинои мазкур сафолакпӯш гардида, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва зиёда аз 100 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шудааст, ки ба намои берунаи бино зебоии хосса зам мекунад. Ифтитоҳи Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ – иҷтимоӣ”-и ноҳияи Данғара 16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити корию хизматрасонии иншооти мазкур шинос шуданд. Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-и ноҳияи Данғара дар партави дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида,

дорои шароити мусоиди таълимӣ мебошад. Масоҳати умумии замини муассиса 0,10 гектарро ташкил дода, бино аз 7 ошёна, таҳхона, 25 синфхонаи барҳавои таълимӣ, утоқҳои корӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити муосири муассисаи нави таълимӣ ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти илму техника беҳтар намудани шароити хуби таълимӣ ва дар ин замина омода намудани мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат муҳим мебошад ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд. Муассиса имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дошта, дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ омода карда мешаванд. Аз рӯи тарҳ дар таҳхонаи Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Данғара утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва дигар кормандон бо шароити мусоиди корӣ муҳайё гардидааст. Дар ошёнаи якум ва дуюми бино синфхонаҳои барҳавои дандонсозӣ, анатомия, ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кимиё, китобхона ва дар ошёнаҳои дигар ҷиҳати дар шароити хуб таҳсил намудани донишҷӯён синфхонаҳои таълимӣ бо имкониятҳои муосири илмомӯзӣ бунёд гардидааст. Дар ҳуҷраи дандонсозӣ як адад дастгоҳи муосир мавҷуд аст, ки тавассути он таҷрибаи илмию назариявӣ амалан иҷро мегардад. Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии муассиса бо системаи гармидиҳӣ пайваст шуда, бино дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин карда мешавад. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонии бинои нави хобгоҳ барои 320 донишҷӯ санги асос гузоштанд. Аз рӯйи тарҳ, бинои хобгоҳ 9 ошёна сохта шуда, он бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои барҳаво, рахти хоб, ҷевон ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти муҳим таъмин карда мешавад. Маврид ба таъкид аст, ки соҳибкорон ва шахсони ватандӯст дар ноҳияи Данғара дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониро дар деҳот ва маркази ноҳия вусъат мебахшанд, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои назаррас ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол карда шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизодаро барои саҳм гузоштан дар тадбирҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонданд. Гирду атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонӣ бо дарахтони сояафкан ва гулҳои рангоранги мавсимию ҳамешасабз оро дода шуда, намои шабонаи иншоот бо насби чароғакҳои равшандиҳанда ба симои ноҳия зебоии дигар зам менамояд. Ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсус дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара 16 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар иншооти навбунёд 20 нафар мутахассиси ватанӣ фаъолият мекунад. Дар коргоҳи мазкур нӯшоба, шарбат, мураббо, дар маҷмӯъ, беш аз 14 намуд маҳсулот аз зардолу, шафтолу, олуча, себ, хурмо, помидор ва ғайра истеҳсол мегардад. Инчунин хатҳои технологӣ имконият медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои ватанӣ ва бо ворид намудани консентрати мевагиҳои тропикӣ, аз қабили апелсин, мандарин, манго ва дигар меваҳои ситрусӣ дар ҳамаи фасли сол истеҳсоли шарбатҳои гуногун ба роҳ монда шавад. Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳои истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Украина оварда шудааст. Ба хотири захираи маҳсулоти истеҳсолии корхона анборҳо бунёд карда шудааст, ки имкон медиҳад дар ҳама фасли сол маҳсулоти ҷавобгӯи талабот ва дорои сифати баланд пешниҳоди сокинон гардонида шавад. Биноҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори он мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуда, дорои имконияти мусоиди кору фаъолият мебошад. Ҳамчунин дар ин рӯз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Дар намоишгоҳ 14 намуд макарон, орд, кансерварҳо, шарбату афшура, мураббо, маҳсулоти ширӣ, гандум, лӯбиёгиҳо, картошка, макка, мурғ, тухм ва сару либоси низомӣ барои сарбозон пешниҳод карда шуд. Ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назди Агентӣ имкон медиҳад, ки солона беш аз 20 дарсади маблағҳои буҷет сарфа гардида, дар баробари бештар дастрас намудани маҳсулоти ғизоӣ, ҳамзамон сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли худии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шаванд. Мавриди зикр аст, ки айни замон дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 корхонаю хоҷагиҳои ёрирасон, ки самти фаъолияташонро соҳаҳои кишоварзию саноатӣ дар бар мегирад, амал менамояд. Корхонаҳои назди Агентӣ дорои 97 ҳазору 195 гектар замин, аз ҷумла, 2280 гектар заминҳои корами обӣ, 984 гектар лалмӣ, 536 гектар боғу токзор, 58 919 гектар чарогоҳ, 5 гектар гармхонаи доимоамалкунанда мебошад. Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат баҳри ноил гаштан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зерсохторҳояш иқдом гирифтааст, ки бо роҳи бунёди иншооти муосири истеҳсолӣ дар шаҳру

(Идома дар саҳ.2)

Эмомалӣ Раҳмон: «Ба захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила диққати аввалиндараҷа дода шавад» Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон

Муҳтарам роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон! Мо тасмим гирифтем, ки дар мулоқоти анъанавӣ бо шумо вазъи корҳо дар вилоят, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои дастуру супоришҳои додашуда ва раванди ободкориву созандагӣ, яъне омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии Истиқлоли давлатиро баррасӣ намоем. Боиси қаноатмандист, ки мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон мисли тамоми сокинони кишвар корҳои бузурги ободониву созандагиро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон вусъат бахшида истодаанд. Бовар дорам, ки ҳамаи ин иқдомоти созандаву ватандӯстона барои боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳои вилоят, хеле беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва ҳаллу фасл гардидани бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят то имрӯз 6960 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шудаанд, ки дар заминаи онҳо 8900 ҷойи нави доимии корӣ ва 21000 ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шудааст. Иҷрои нақшаи зикршуда дар вилоят беш аз 91 фоиз таъмин гардида, дар иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд. Вобаста ба ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ иҷрои корҳои ободониву бунёдкориро тибқи нақшаи тасдиқшуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд. Умуман, бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 51 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳоло татбиқи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 идома дорад, ки дар доираи он амалисозии 345 лоиҳа ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ (1,3 миллиард доллари амрикоӣ) амалӣ шудааст.

(Идома дар саҳ.3)

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон 17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Данғараро, ки мақсад аз он боздид аз рафти корҳои бартарафкунии оқибати офатҳои табиӣ, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офат зарардида, инчунин шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буд, натиҷагирӣ карданд. Ҳадафи мулоқоти имрӯзаро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили вазъи корҳо дар вилоят, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва раванди ободкориву созандагӣ, яъне омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, маънидод карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вусъати корҳои бузурги ободониву созандагии мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят то имрӯз 6960 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шудааст, ки дар заминаи онҳо 8900 ҷойи нави доимии корӣ ва 21000 ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шудааст. Иҷрои нақшаи зикршуда дар вилоят беш аз 91 фоиз таъмин гардида, дар иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд. Барои таъмини пурраи нақша роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ иҷрои корҳои ободониву бунёдкориро тибқи нақшаи тасдиқшуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 51 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳоло татбиқи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 - 2025 идома дорад, ки дар доираи он амалисозии 345 лоиҳа ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст. Ҳоло дар ҳудуди

(Идома дар саҳ.3)


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Рӯзномаи Хатлон шумораи №36-17.06.2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu