ХАТЛОН
Идомаи сафари кории Пешвои миллат
@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
БарқарорЧоршанбе, 16 июни соли 2021, №35 (3324) созии хонаҳои истиқоматӣ дар QR-CODE ноҳияи Вахш Рӯзномаи «Хатлон»
Таассуроти Рузномаи «Хатлон» сокинони аз офати табиӣ зарардида
Дар масири Истиқлол
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
1
ХАТЛОН Саҳ.
2
3
Соли 90-уми нашр
Тоҷикистон, ба пеш!
Соли 90-уми нашр
4
№35 (3324), 16.06.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Боздид аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шиносоӣ бо шароити зисти сокинони зарардида дар деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар деҳаи Навободи деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар мавзеи нав, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида ҷудо гардидааст, айни замон корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Дар ин ҷо барои 20 оила хонаи истиқоматӣ, бо дарназардошти тамоми шароит бунёд ёфта истодааст ва то ба имрӯз аллакай қисми бештари он болопӯш карда шуда, сохтмончиён ба рангу бор ва ороиши дохили ҳуҷраҳо машғуланд. Ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 10 садяк замин ҷудо гардида, ҳамчунин барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 куб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас карда шуд. Ҳамзамон бо дастури Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ таъмиру тармими дохили хонаҳои истиқоматӣ сурат гирифта, оилаҳои зарардида бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.
Дар мавзеи навбунёд, ҳамчунин бунёди дигар инфрасохтори зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар назар дошта шуда, то ба имрӯз хатти алоҳидаи барқ кашонида шудааст. Расонидани оби нӯшокӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард бомаром идома дошта, дар кӯтоҳтарин фурсат дар ин ҷо барои сокинон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Зимни боздид ва суҳбатҳои самимӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолу аҳволӣ зарардидагон пурсон шуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагонӣ, пурра барқарор намудани хисороти расонидашуда ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз амалӣ хоҳад кард. Сокинон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои расонидани кумаки саривақтӣ, фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъмин намудан бо хурду хӯрок ва дигар ҷиҳози зарурӣ изҳори миннатдории бепоён намуданд ва иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ онҳо хуб эҳсос намуданд, ки танҳо нестанд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки инчунин 15 оилаи дигар аз гирду атрофи мавзеи зарардида, ки мувофиқи омӯзиши гузаронидашуда зери хавф қарор доштанд, кӯчонида шуда, барои онҳо низ қитъаи замин ҷудо гардид ва ба пуррагӣ ин оилаҳо бо масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ таъмин карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто дар рӯзҳои 6 ва 7-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони
Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 20 манзили истиқоматии сокинони деҳоти «Ифтихор» ба пуррагӣ хароб гардид. Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ, хушбахтона, дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор карда мешавад. Аз рӯзҳои аввал рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо
Ҳамчунин дар натиҷаи офати табиии рухдода дигар иншооти ёрирасон, роҳу кӯпрукҳои мошингард, хатҳои барқу обрасонӣ ва заминҳои корам низ осеб дид. Бо оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 тонна семент, 300 метри кубӣ тахта, 3000 дона бомпӯш ва 60 тонна арматур ба мавзеи бунёдсозии хонаҳои истиқоматӣ расонида шуд. Ин кӯмаки саривақтии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба он боис гардид, ки сохтмони манзилҳои истиқоматӣ саривақт оғоз гардида, бо сифати баланд ва аз рӯйи стандартҳои муосири меъморӣ ҷараён ёбад. Аз ин ҷост, ки аллакай корҳои асосии сохтмонӣ дар хонаҳои истиқоматӣ анҷом ёфта, барои фароҳам сохтани шароити мусоиду муносиб рангу бори дохиливу берунӣ дар қисмати бештари иншоот идома дорад. Ҳамчунин, хоҷагиҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ заминҳои корамро аз даст доданд, бо қитъаи замин барои кишт таъмин хоҳанд гашт. Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди нахустин хонаҳои омодагардидаро ба соҳибонашон супорида, аз дохили ҳуҷраҳо дидан намуданд. Манзилҳои нави истиқоматӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ дохили онҳо оро ёфтааст. Ҳамчунин, оилаҳое, ки дар ин рӯз сохтмони хонаҳои истиқоматиашон анҷом ёфтааст, бо тамоми ҷиҳоз, аз қабили яхдон, телевизор, мизу курсӣ, қолин, чангкашак, ҷевон, кӯрпаву кӯрпача, то ба хурдтарин ҷиҳози рӯзгор таъмин гардиданд. Тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ сохтмон ва таъмиру муҷаҳҳазсозии 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар боқимондаи он қисми бештари корҳо ба охир расонида шуданд ва дар кӯтоҳтарин фурсат бо анҷоми корҳои боқимонда калиди хонаҳои дигар ба дасти соҳибонашон супорида мешавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва сохторҳои дахлдор дастурҳои қатъӣ доданд, то ҳарчи зудтар сохтмони манзилҳои боқимондаи истиқоматиро бо сифати баланд анҷом дода, барои аҳолии зарардида тамоми шароиту имкониятро баҳри зиндагӣ
Ҳаҷми умумии зарари офатҳои табиӣ ҳисоб карда шуд Бар асари офати табиии моҳи майи имсол ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Вахш, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Данғара ва Ёвон 85,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расидааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар натиҷа дар ин шаҳру навоҳӣ 111 хонаи шаҳрвандон пурра ва 170 адад қисман зарар диданд. Ҳамчунин, 1026 иншооти ёрирасони сокинон низ аз офат хисорот дид. Сохтмони хонаҳои пурра зарардидаи сокинон, ки дар шаҳри Кӯлоб 43 адад, Вахш 41 адад ва А.Ҷомӣ 20 адад бунёд гардида истодааст, дар наздиктарин фурсат ба анҷом расонида мешавад.
Дар вилоят 6960 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид То имрӯз дар вилояти Хатлон аз 7667 биною иншооти ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёдшаванда, дар 6960 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ин нишондиҳанда аз иҷрои 90,8 фоизи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда далолат медиҳад. То ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иловатан мавриди истифода қарор додани 707 иншоот дар назар дошта шуда, ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ муташаккилона идома доранд. Бунёду азнавсозии қариб 80 дарсади иншоотҳои ҷашнӣ бо саҳми доираи соҳибкорон амалӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият дар саросари кишвар бунёду навсозии беш аз 25 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳҳо, роҳу пулҳо пешбинӣ гардидааст.
Коҳиш ёфтани бақияи қарзи андозҳо Давоми панҷ моҳи соли 2021 иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 105,6 фоиз таъмин гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба буҷети вилоят 739,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 39,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамин ҳол, нисбат ба аввали сол бақияи қарзи андозҳо ба қадри 8,8 миллион сомонӣ кам карда шуд.
Корҷӯён соҳиби ҷойи кор гардиданд Дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ, дар моҳҳои январ-майи соли 2021 дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 20035 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Тавре ки аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, дар ин давра аз ҳисоби баргузории 179 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2008 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум, 3331 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд. - Шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар 5 моҳи соли 2021 ҳамагӣ 15,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки баробари 1,6 фоизи шумораи қобили корӣ мебошад, - зикр намуд манбаи хабар.
Содироти 63,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба хориҷи мамлакат Дар вилояти Хатлон ба масъалаи баланд бардоштани иқтидор ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар аҳамияти хоса зоҳир гардида, то 12 июни соли 2021 аз вилоят 63631 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд.
Ин нишондиҳанда ба 67 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда 60770 тоннааш сабзавот, аз он 60634 тонна пиёз, 225 тонна полезӣ, 2297 тонна мевагиҳо ва 340 тонна дигар намуди маҳсулотро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6292 тонна зиёд мебошад. Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошта, барои расонидани кумаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои қатъӣ дода буданд.
фароҳам оранд. То анҷоми кор дар хаймаҳои муваққатӣ онҳоро бо тамоми имконоти зарурӣ, аз қабили рахти хобу сару либос ва хӯрду хӯрок ба пуррагӣ таъмин созанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо пайваста бохабар бошанд.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Чоршанбе, 16.06.2021
Шабона +21+23 с Рӯзона +35 +370 с 0
Панҷшанбе, 17.06.2021
Шабона +20+22 с Рӯзона +36 +380 с 0
Ҷумъа, 18.06.2021
Шабона +21 +230 с Рӯзона +37 +390 с
www.president.tj Манбаъ: www.meteo.tj