@ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
Китоби Ҷумъа, 11 июни соли 2021, №34 (3323 «Тоҷикон» ба ноҳияи QR-CODE Ховалинг Рӯзномаи «Хатлон» расид @ruznomai_khatlon
Соли 90-уми нашр
Латофат Кенҷаева Рузномаи - -ади- «Хатлон» би «миллионер»
ХАТЛОН Саҳ.
2
Соли 90-уми нашр
Тоҷикистон, ба пеш!
ХАТЛОН
4 банану 1 табақ гелос барои муаллим?
3
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
1
4
№34 (3323), 11.06.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Ифтитоҳи маҷозии иншооти дӯстӣ
Ифтитоҳи маҷозии иншооти дӯстӣ - мактаби таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон. Дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар масири дӯстӣ
@ruznomai_khatlon
ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ - бинои мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Мулоқоти раиси вилоят бо хонум Сезин Синаноғлу 9 июни соли ҷорӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид хонум Сезин Синаноғлуро ба ҳузур пазируфт.
ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мактаби муосири таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Ин даргоҳи илму маърифат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя, бунёд шудааст. Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад. Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳалли зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани кумакҳои аввалияи тиббӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки соли гузашта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мактаби нав барои шашсаду сӣ ҷой, ки онро дӯстони ӯзбек сохтаанд, ба истифода дода шуд. Сохтмони як муассисаи томактабӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона барои 200 ҷой дар арафаи анҷомёбист.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аввалан ташрифи хонуми Сезин Синаноғлуро ба маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфт. Сипас, зикр намуд, ки СММ яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, мақсади асосии он таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон ва рушди ҳамкорӣ миёни давлатҳо мебошад. Саҳми СММ дар барқарор намудани сулҳ дар Тоҷикистон ва кӯмакҳои башардӯстонаи он беандоза буда, мардуми шарифи тоҷик, алалхусус мардуми Хатлонзамин он хубиҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Боиси хурсандист, ки барномаҳои СММ, аз ҷумла Барномаи Рушд, Хазинаи кӯдакон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар вилояти Хатлон лоиҳаҳои худро амалӣ намуда, барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят мусоидат намуда истодаанд. Тавре ки раиси вилоят зикр дошт: «Барномаи рушди СММ ҳамчун шарики боэътимоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон буда, дар тӯли фаъолияти худ зиёда аз 1.200 лоиҳаро бо маблағи умумии 40 миллион доллари амрикоӣ амалӣ кардааст. Аз соли 2014 инҷониб теъдоди муассисаҳои пилотии шомили Барномаи озуқаи ҷаҳонии СММ дар вилоят 4 муассисаи таълимии шаҳри Норакро дарбар мегирифт. Имсол бошад, барои фаъолияти назаррас дар самти хизматрасонӣ ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ошхонаҳои 35 муассисаҳои таълимии 10 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамчун муассисаҳои пилотӣ таъ-
«ХАТЛОН» сис дода шуд». Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар идомаи суҳбат ба намояндаи СММ пешниҳод намуд, ки ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳои амалкунанда ва аз нав таҳия менамудаи Барномаҳои СММ ҷиҳати дастгириҳои молиявӣ, грантҳо ва кумакҳои техникӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, аз ҷумла барои омӯзиш ва бунёди корхонаҳои коркарди хурду миёнаи истеҳсолии саноатию кишоварзӣ таклифҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба инобат гирифта шавад. Аз ҷумла, бунёди сардхонаҳо ва гармхонаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои зерҳадаф, бунёди коргоҳҳои хурди истеҳсолии меваю сабзавот, таъмин бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, бунёди боғҳои нав, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ, дастгирии соҳибкорон дар самти лимупарварӣ ва дастраси намудани техникаҳои хурди кишоварзӣ ба муассисаҳои таълимии деҳаҳо. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ташрифи намояндаи СММ хонум Сезин Синаноғлу барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳо ва идома ёфтани лоиҳаҳо дар солҳои минбаъда низ, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ба шуғл фаро гирифтани сокинон мусоидат менамояд, амалӣ мегарданд. Дар поёни суханрониҳо раиси вилоят ба намояндаи СММ армуғони хотиравӣ тақдим намуд. «ХАТЛОН»
Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон
Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ соҳибкоронро ба ҳам овард Дар доираи густариши ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзаков, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид, ки дар анҷоми он 8 созишнома бо маблағи 47 миллион долар ба имзо расонида шуд. Ҳамоиши сармоягузорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, нахуст бо пазироӣ ва истиқболи гарму самимии меҳмонону иштирокчиён аз тарафи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва фаъолони вилоят сурат гирифт. Дар Форум беш аз 400 нафар масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои мухталифи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самтҳои саноат, инфрасохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасонии молиявӣ ва саёҳӣ иштирок доштанд. Дар оғози Форум имконоти корхонаҳои саноатӣ, номгӯ ва иқтидори истеҳсолии онҳо, на-
кишофи муътадили иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ мебошад. Дар пайравӣ аз иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба соҳаи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад, соҳибкорони ду кишвар ба эҳёи неруи иқтисодии кишварҳои хеш саҳми сазовор мегузоранд. Имрӯз, ки сохтори хусусии мамлакатҳои мо истеҳсоли номгӯи васеи молу маҳсулот ва хизматрасониҳоро бар уҳда доранд, боз ҳам пурратар талаботи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоӣ қонеъ мегардонанд. Дар соҳаи тиҷорати хусусӣ садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода
мунаи масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук, маҳсулоти кишоварзӣ, маҷмуаи агросаноатӣ, энергетика, хизматрасонӣ, маводҳои доруворӣ, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар захираҳои табиии вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд. Дар ҷараёни кори форум дар Кохи фарҳанг ва иттилоотии шаҳри Бохтар маросими ба имзорасии қарордодҳо дар бораи амалисозии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ доир гардид. Сараввал, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ин тадбир дар самти тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконоти ҳамкориҳо, баланд бардоштани сатҳи муомилот байни истеҳсолкунандагон, коркард ва содироткунандагони маҳсулоти саноатӣ ва дар ин замина мусоидат ба афзоиши имконоту иқтидор ва ҳаҷми содироти маҳсулот байни ду кишвар ташкилу роҳандозӣ гардидааст. Дар идома роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муовини Сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзаков барои пазироии сатҳи баланд изҳори сипос намуда, зикр дошт, ки ин баҳамоӣ аз иродаи қавӣ ва сиёсии роҳбарони ду кишвари дӯст сарчашма мегирад. Мавриди зикр аст, ки давоми як соли охир гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 500 миллион доллар расида, ҷонибҳо тасмим доранд, ки гардиши савдои дуҷонибаро дар соли ҷорӣ то ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Аз ҷумла, дар чор моҳи соли равон гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 фоиз афзоиш ёфта, 133 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Қайд гардид, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар робита ба паҳншавии бемории КОВИД-19, дар соли 2020 робитаҳои тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар қатъ нагардид. Ҳамзамон, дар форуми мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суханронӣ намуда, қайд кард, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои калидии пешрафт, ин-
мешаванд, кашфиёту навовариҳо ва технологияҳои пешрафта, ки барои иқтисодиёти миллии зарур аст, дар амал ҷорӣ мегарданд, илова намуд раиси вилоят. Дар кори форум гуфта шуд, ки вилояти Хатлон аз зумраи бузургтарин минтақа ва маркази соҳибкории Тоҷикистон ба шумор меравад. Соҳибкорони вилоят таҷрибаи худро дар мустаҳкамшавии ҳамкории иқтисодӣ бо шарикони ӯзбекистонӣ ва ин имконияти нодирро баҳри баланд бардоштани соҳибкорӣ ба зинаҳои аз ин ҳам баландтар фароҳам меоваранд. Соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон баҳри мустаҳкамшавии робитаҳо бо соҳибкорони тамоми манотиқи Ӯзбекистон аҳамияти бениҳоят калон дорад. Агар ҳоло дар вилоят бештар аз 106 ҳазор нафар ба соҳибкорӣ машғул бошанд, пас то соли 2025 ин шумора то ба 125 ҳазор нафар бояд расад. Дар вилояти Хатлон минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд, аз он ҷумла «МОИДанғара» дар ноҳияи Данғара, «МОИ-Панҷ» дар ноҳияи Ҷайҳун ва «МОИ-Кӯлоб» дар шаҳри Кӯлоб, ки онҳоро чун пойгоҳи мустаҳкамшавии муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар доираи барномаи форум ҳамчунин вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар услуби соҳибкор бо соҳибкор доир гардид, ки дар натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои бунёди корхонаҳои шарикӣ, истеҳсоли трансформатор, шартномаи фаъолиятҳои шарикӣ, содироти масолеҳи сохтмонӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бунёди боғҳои интсенсивӣ дар масоҳати 10 гектар ва дигар созишномаҳо ба имзо расонида шуд. Иштирокчиёни форум ба рушди муносибатҳои тарафайн ва имзои созишномаву шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири тамоми самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, бобати дар оянда низ баргузор намудани ҳамоишҳои соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар ба мувофиқа расиданд. “Хатлон”