Рӯзномаи Хатлон шумораи №32-04.06.2021

Page 1

ХАТЛОН

@ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Дар ин шумора:

Ҷаҳиши Ҷумъа, 4 июни соли 2021, №32 (3321) сунъии нарху QR-CODE наво дар Рӯзномаи «Хатлон» бозорҳо @ruznomai_khatlon

Ҷавонмарди фидоӣ

МаъмултаРузномаи «Хатлон» рин ҷиҳози гулдӯзишуда

2

3

Соли 90-уми нашр

1

Дар масири Истиқлол

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

ХАТЛОН Саҳ.

Тоҷикистон, ба пеш!

Соли 90-уми нашр

,

4

№32 (3321), 04.06.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Хабари хуш

Панҷгоникҳо Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдаконро дар хонаи нав истиқбол гирифтанд

1 июн раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба модару падари панҷгоникҳо - Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадича ва Кибриё дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаи нави панҷҳуҷрагиро тақдим намуд.

Дар ин маросим, инчунин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ширкат варзиданд. Манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён дар муддати се моҳ бо сарфи беш аз 235 ҳазор сомонӣ бунёд ва бо дастгирии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳозонида шудааст. Модари панҷгоникҳо Маҳмадова Дилноза ва дигар аъзои хонавода барои кумаку дастгириҳои пайваста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд. Хона, бо назардошти дар минтақаи гарм ҷойгир будан, бо шароит ва ҷиҳози зарурӣ, аз ҷумла яхдон, насимафкан, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хати об, ки барои сиҳату солим ба воя расидан ва рушд ёфтани кӯдакон мусоидат мена-

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист муборак!

моянд, бунёд ва ҷиҳозонида шудааст. Раиси вилояти Хатлон қайд намуд, ки табибон ва дигар масъулони мақомоти давлатӣ пайваста аз ҳоли кӯдакон хабар гирифта, кумаки заруриро мерасонанд. Қурбон Ҳакимзода аҳли оиларо бо манзили навашон шодбош гуфта, барои тифлакони дӯстрӯ саломатию умри дароз таманно кард. Қобили зикр аст, ки дастгирии ҳар нафари ниёзманди ҷомеа аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд, ки баҳри якдиливу якмаромӣ ва расидан ба зиндагии шоиста равона гардидаанд. Ёдовар мегардем, ки тифлони панҷгоник 30 декабри соли 2020 ба дунё омадаанд. Тавлиди баякборагии панҷ тифл на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, рӯйдоди бесобиқа ба ҳисоб меравад. Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Мусоҳибаи мо

Ҷ. Маҳмадзода:

«Зарардидагон аз офати табиӣ соҳиби манзили нав мешаванд» Тавре хонандаи арҷманди рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ дорад, дар натиҷаи офати табиии ибтидои моҳи май дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Муъминобод, Восеъ, Фархор, Шамсиддин Шоҳин хисороти зиёди молӣ ва, мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ, чанд манзили зист вайрон гардид, ҳаҷми зарари молиявии расида чӣ қадар ҳисоб шуд ва корҳои барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар кадом сатҳ қарор доранд? Ба ин саволҳои рӯзномаи “Хатлон” сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Ҷамшед Маҳмадзода посух медиҳад.

- Дар натиҷаи боришоти борони зиёд, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи оби зеризаминӣ, кандашавии қабати замин (эрозия) дар моҳҳои март, апрел ва майи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 13 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ (7 нафар) сабт гардидааст. Айни ҳол маблағи умумии зарари расонидашуда аз тарафи Комиссияҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Темурмалик, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Ховалинг, Фархор, Данғара, Восеъ, Ёвон, Вахш, А.Ҷомӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода муайян карда шуда истодааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пай, омадани сел дар шаҳри Кӯлоб рӯзҳои 2829 март сатҳи оби дарёи Ёқсу баланд гардида, сою селпартобҳои ҳудуди

шаҳру деҳоти шаҳри Кӯлоб бо дарозии 530 метр вайрон гардид. Маблағи зарар 2 миллиону 350 ҳазору 126 сомонӣ ҳисобида шуд. Дар ноҳияи Темурмалик рӯзи 6 апрели соли 2021 дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пай ва омадани сел сатҳи оби дарёи Сурхоб баланд гардида, ба заминҳои корами кишоварзӣ, 24 га кишти ғалладона, 5,85 га замини сабзавот ва 10,0 га замини картошка ва инчунин 830 метр саддҳои дарёи Сурхоб, ҷамъи умумӣ ба маблағи 510 ҳазору 523 сомонӣ зарар расонида шуд. Дар ноҳияи Восеъ рӯзи 13 майи соли 2021 дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат ва омадани сел дар Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов 1 хона пурра, 6 сар ҳайвони калони шохдор ва 17 сар ҳайвони майдаи шохдор талаф ёфта, дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон” 1 хона пурра ва 1 хона қисман зарар диданд. Инчунин 10,6 га ғалладона, 5,6 га картошка, 3,34 га сабзавот, 3 км роҳ, насоси калони обкашии калонҳаҷм ҷамъи умумӣ ба маблағи 591 ҳазору 971 сомонӣ зарар расидааст. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бар асари офати табиии рӯзҳои 6-7 май 20 манзили истиқоматӣ пурра, 20 иншооти ёрирасон, 32 км роҳи нақлиётии аҳамияти ҷумҳуриявидошта, 2 кӯпрук, 6,1 км хатҳои обёрӣ, селпартовҳо ва каналҳо, 6,8 км хатҳои интиқоли барқ ва 81,6 га кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ ба маблағи 4 миллиону 007 ҳазору 903 сомонӣ зарар дидаанд. Дар ноҳияи Вахш дар натиҷаи сели рӯзи 11 май дар Ҷамоати

деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, деҳаҳои Иттифоқ ва Озодии меҳнат 74 манзили истиқоматӣ зарар дид, аз ин 41 манзил пурра, 33 манзили истиқоматӣ қисман ва 87 иншооти ёрирасон, дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” 1 манзил пурра вайрон ва ба 13 манзили истиқоматию иншооти ёрирасони сокинон селоба даромадааст. Дар Ҷамоати деҳоти “Машъал” ба 33 манзили истиқоматию иншооти ёрирасони сокинон селоба даромада, роҳҳои нақлиёт 10 км, кӯпрукҳо 8 адад, трансформаторҳо 4 адад, хатҳои обёрӣ ва каналҳо 11,9 км, хатҳои заҳкаш ва заҳбурҳо 8 км, 1 адад иншооти гидротехникӣ, 1933 га кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, талафоти ҳайвонот 338 сар ҳисоб шудааст. Инчунин, дар натиҷаи офати табиӣ истиқоматкунандаи 69-солаи деҳаи Оқгазаи Ҷамоати шаҳраки «Киров» Юсупова Улмома ба ҳалокат расид. Маблағи зарари расонидашуда 22 миллиону 710 ҳазору 600 сомонӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки 11 майи соли 2021, дар натиҷаи боридани боронҳои пуршиддат ва омадани сел аз қисмати кӯҳу теппаҳои атрофи шаҳри Кӯлоб ва баланд шудани оби сойи Тебалай, дар шаҳри Кӯлоб ҳолати фавқулода ба вуҷуд омада, дар натиҷа 3 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд. Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти “Чагам”-и ноҳияи Ш. Шоҳин рӯзи 11 май вобаста ба вазъияти дар боло зикршуда се сокини ҷамоати номбурда ба ҳалокат расиданд. Аз тарафи Раёсати Кумитаи

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи муҳити зистро дар мадди аввали сиёсати давлатии хеш қарор додааст. Натиҷаи чунин дастгириҳо буд, ки дар давоми истиқлолияти давлатӣ 20 қонун, 17 барнома ва якчанд санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул гардиданд.

Ин нуқта дар паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист қайд шудааст. Ҳифзи муҳити зист ва ноил шудан ба рушди устувор, ба андешаи раиси вилоят, проблемаи умумибашарӣ буда, сатҳ ва дараҷаи ҳалли он ба саъю кӯшиши ҳар як давлат алоқаманд мебошад. “Ҷашнгирии Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ҳамагонро ба мустаҳкам намудани ҳисси эҳтиром ба табиат, тозаю озодагӣ, хурраму зебо гардонидани диёрамон ҳидоят менамояд”, - омадааст дар паёми табрикӣ.

Бунёди 17 таълимгоҳ дар 5 моҳ Давоми 5 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 17 муассиса бо шумораи 119 синфхона ва 6190 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуда, мушкилиҳои соҳа то як андоза ҳаллу фасл гардид. Дар вилоят ҷиҳати рушди кори соҳа ва ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ имсол 2 адад кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар доираи таҷлили ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 500 нафар кӯдакон бо тамоми шароити муносиб ба истифода дода шуд. Дар кӯдакистонҳои болозикр утоқҳои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон, ошхона ва дигар шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.

Ҳисоби бозии “Равшан” – КМВА – 3:3 2 июн бозии мавқуфмондаи даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби мусовӣ 3:3 анҷом ёфт.

ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти огоҳ кардани аҳолӣ ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ба роҳ монда шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳо баҳри огоҳ кардани аҳолӣ аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 590 баландгӯяк васл карда шудааст. Аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии хатарҳои офатҳои табиӣ ва мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёҳои ҳудуди вилояти Хатлон, вусъат бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии эҳтимолияти сар задани офатҳои табиӣ то ба имрӯз дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кӯшониён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Панҷи вилояти Хатлон масолеҳи сохтмонӣ ва маводи сӯзишворӣ дастрас шудааст. Аз он ҷумла, ба шаҳри Кӯлоб 10 000 литр сӯзишвории дизелӣ, 100 тонна семент, 2,4 тонна арматура ва 500 метр симтаноб ҷудо карда шудааст, ки то ба имрӯз 292 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ бо пуррагӣ рехта шуда, аз ин 149 тахтасанги оҳану бетонӣ хобонида шудааст. Мавриди қайд аст, ки Ситодҳои фаврии ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ бо кумаки Ҳукумати кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ҳамарӯза ба сокинони осебдида маводҳои ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, доруворӣ ва ашёи ниёзи аввал кумак мерасонанд. Танҳо ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 тонна семент, 300 метри кубӣ тахта, 3000 дона шифер ва 60 тонна арматура, инчунин аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор, ширкатҳо ва шахсони саховатпеша даҳҳо тонна сӯзишворӣ, сабзӣ, орд, картошка, равған, макарон, қанд,

биринҷ, маҳсулоти нонӣ, анвои мухталифи сабзавоту меваҷот, обҳои нӯшокӣ, гӯшт, донагӣ, балонҳои газӣ, танӯр барои нонпазӣ (ба ҳар як оила), зарфҳои 500-литраи обгирӣ, асбоби рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, сангу шағал, матрас, болишт, рахти хоб, маводи ошхона (комплект), бастаҳои гигиенӣ ва маблағҳои пулӣ кумак расонида шуд. Ҳамин гуна кумакҳои иҷтимоӣ ба тамоми сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш низ ироа гардидааст. Барои сокинони зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзеи бехавф хонаҳои нав сохта шуда истодааст. Барқарорсозии манзилҳои харобшудаи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш низ феълан бомаром идома доранд. Ҳамарӯза ситодҳо гузаронида шуда, ба зарардидагон ва роҳбарияти вилояту мамлакат дар бораи корҳои анҷомдодашуда, кумак дар сохтмони хонаҳо, кӯчаҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ маълумот дода мешавад. Маврид ба зикр аст, ки то 30юми моҳи май дар заминҳои барои сокинони осебдидаи деҳаи Ифтихори ноҳияи Ҷомӣ ҷудошуда корҳои сохтмонӣ дар авҷ буд ва аллакай барои 17 хона деворҳо бардошта шуда, корҳои сохтмону бунёдкорӣ басуръат идома доранд. Ҳамчунин дар ноҳияи Вахш низ то 30-юми май дар 34 қитъа корҳои рехтани пойдевори хонаҳо ва деворзанӣ ҷараён дорад. Мутмаинем, ки сохтмону барқарорсозии манзилҳои зист барои тамоми сокинони зарардидаи вилоят моҳҳои наздик ба анҷом расида, ҳамаи онҳо ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатиро дар манзилҳои нави худ таҷлил хоҳанд кард. Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Голҳои дастаи «Равшан»-ро Эффаҳ Кингслей Осей, Далер Шомуродов ва Саидамири Саидаҳмад ба дарвозаи ҳариф заданд. Қобили зикр аст, ки рӯзи 6 июн бозии мавқуфмондаи даври нуҳум миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рӯзи 2 июн дар бозии хонагӣ бар дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ҳоло «Хуҷанд» бо дарёфти 16 имтиёз дар садри ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад. “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо 12 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.

Пешгӯии ҳавошиносон дар моҳи июн Моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа паст (меъёр дар водиҳо 25+30, дар доманакӯҳҳо 21+23 дараҷа гарм) пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо 23+27 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷа гарм мешавад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат, дар даҳрӯзаи аввали моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешбинӣ шуда, дар водиҳо ҳаво шабона то 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои боқимонда ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 ва дар рӯзҳои алоҳида то +39 дараҷа мерасад. Дар вилоят миқдори моҳонаи боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд пешгӯӣ шуда, дар оғоз ва нимаи моҳ боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар аст. Дар даҳрӯзаи сеюми моҳ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон нисбат ба моҳи июни соли гузашта 3 дараҷа пасттар (июни соли 2020 ҳарорати воқеии ҳаво дар водиҳо 25+31 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо 22 дараҷа гарм) пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Шанбе, 05.06.2021

Шабона +20+22 с Рӯзона +38 +400 с 0

Якшанбе, 06.06.2021

Шабона +23+25 с Рӯзона +40 +420 с 0

Душанбе, 07.06.2021

Шабона +22 +240 с Рӯзона +39 +410 с

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.