Рӯзномаи Хатлон шумораи №31-01.06.2021

Page 1

Дар ин шумора:

1

ur.liam@jt.noltahk

QR-CODE Рӯзномаи «Хатлон»

@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru

Дар Данғара сеnoltahk_iamonzмарҳилаи ur@ noltahk_iam onzur@ юми лоиҳаи обёрӣ татбиқ мешавад

»нолтаХ« иамонзу- Р

Дастоварди )0233( 13№ ,1Дар 202 масири илос ийаИстиқлол м 1 ,ебнашеС шоёни ҳунарӣ

р ш а н и м у - 0 9 и ло С

ХАТЛОН Саҳ.

2

3

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

НОЛТАХ

Хуруҷи малах дар минтақаи Бохтар

,

4

№31 (3320), 01.06.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Иҷлосияи ғайринавбатӣ

Аз ҳавзаи Данғара-32 вакили нав интихоб шуд

31 май таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид. Аз рӯйи масъалаи якуми иҷлосия вакилон ахбори раиси Комиссияи вилоятии интихобот Қурбоналӣ Қурбоновро оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Данғара №32 шуниданд.

Қайд гардид, ки Салимзода Амонулло Файзулло узви Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон, муовини якуми раиси вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Данғара №32 бо гирифтани 81,12%-и овозҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид.

Нафақапулӣ зиёд мешавад

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода шаҳодатномаи вакилиро ба Амонулло Салимзода супурд. Вакилони маҷлис ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 11 марти соли 2020, №6 «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум» тағйирот ворид намуда, қарорҳои раиси вилояти Хатлонро тасдиқ карданд. Ҳамзамон дар иҷлосия сардори Сарраёсати молияи вилоят Бахтиёр Назарзода аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2020, №105 «Дар бораи буҷети вилояти Хатлон барои соли 2021» баромад намуд. Вакилони маҷлис аз рӯйи масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдорро қабул карданд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баъди ба анҷом расидани иҷлосия оид ба раванди иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат масъалагузорӣ намуд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҷиҳати ҷамъбасти саривақтии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар панҷмоҳаи аввали соли ҷорӣ, ҷамъоварии андозҳо, захираи хошок барои чорво, захира намудани маҳсулоти ғизоӣ, таъмини хонандагон бо сару либоси мактабӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ тариқи роҳи оҳан ва таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, вусъат бахшидан ба ҷамъварии ғаладонагиҳо, дуруст ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дастуру супориш дод. «ХАТЛОН»

Боздиди навбатии раиси вилоят аз раванди сохтмони манзилҳои нав барои зарардидагони офат

28 майи соли ҷорӣ Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯйи маъюбӣ таъйин ва пардохт мегардад” ба имзо расид. Тибқи ин санад, аз 1 сентябри соли 2021 нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешаванд. Инчунин, нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯйи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад.

Озмуни вилоятии “Мо бо шумоем” ҷамъбаст гардид Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Мо бо шумоем” миёни кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуди аз 6 то 18-сола баргузор гардид. Ҳамаи 39 нафар иштирокчиён бо ифтихорномаю диплом ва мукофотҳои пулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд. Аз рӯйи ҳар се номинатсияи озмун – “Маҳорати суханварӣ ва қироати шеър”, “Маҳорати сурудхонӣ”, “Навохтани асбобҳои муосир ва халқӣ” се нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Имзои 8 созишномаи ҳамкорӣ Дар натиҷаи Форуми байналмилалии тиҷоратии “Бохтарфуд-2021” миёни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон, истеҳсолу содироткунандагони маҳсулоти озуқа, мақомоти давлатии соҳавӣ ва ҳамтоҳои онҳо аз мамолики хориҷӣ ҳашт созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бозсозии хонаҳои зарардида дар Кӯлоб идома дорад Рӯзи 29 майи соли равон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои бартарафсозӣ ва барқароркунии оқибатҳои офати табиие, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ ба асари боридани бориши сел як қисмати кӯчаҳо ва хонаҳои истиқоматиро дар шаҳри Кӯлоб хароб карда, талафоти ҷонӣ низ расонида буд, ташриф овард. Нахуст, аз роҳи валангоршудаи марказии шаҳр, ки осеби зиёд расонида буд, шиносоӣ пайдо кард. Аз масъулини соҳаи роҳсозӣ ба раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар самти тозакунии каналҳои обгузар ва тармиму азнавсозии пул ва кӯчаҳои обшуста, корҳо оғоз ёфтаанд. Сипас, аз рафти корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳое, ки пурра зарар дида

буданд, боздид ба амал овард. Маълумот дода шуд, ки то нимаи моҳи июн хонаҳое, ки дар маҳаллаи Даминзода, Содиқов, Хатти роҳ, 20-солагии Истиқлолият пурра вайрон шудаанд, ба истифода дода мешаванд. Ба раиси вилоят хабар дода шуд, ки

имрӯз аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб барои 145 оилаи зарардидаи офати табиии шаҳри Кӯлоб кумаки башардӯстона, иборат аз рахти хоб, болишт, кӯрпа, бистар (5-ададӣ), белу каланд бо даста, сатили пластикӣ, зарфи обгирӣ (якададӣ), маводҳои ошхона ва бастаи гигиенӣ – якбастагӣ расонида шуд. Баъдан, раиси вилоят дар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб иштирок карда, аз масъулин ва раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятии минтақаи Кӯлоб оид ба иҷроиши корҳо ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки вазифадор шуда буданд, пурсиш ба амал овард. Раиси вилоят бори дигар раисони шаҳру ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро оид ба анҷоми саривақтии корҳои ба уҳдагирифта ва тақсимоти одилонаи кумакҳои ирсолшуда таъкид сохт. Бахтиёр Сафаров, шаҳри Кӯлоб

Субҳи рӯзи якшанбе, 30 май, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз маҳалли сохтмони хонаҳои нав барои сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан карда, ҷаласаи ситодро барпо намуд. Дар маҳаллаи нав, ки барои сокинони аз офати табиии аввали моҳи май зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷудо шудааст, ҳамарӯза ҳашар ташкил карда мешавад. Даҳҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, навоҳии атроф ва вилоят бо навбат, довталабона ба кумаки сокинони маҳаллӣ меоянд. Сохтмони 20 манзил дар ин мавзеъ бо маром идома дошта, аллакай девори 6 манзил қомат афрохтааст. Се вақт ғизои гарм барои сокинон ва ҳашарчиён таҳия ва пешниҳод мегардад. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо изҳори сипос аз дастандаркорон қайд кард, ки аз рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, корҳои сохтмониро дар се баст роҳандозӣ кардан мувофиқи мақсад аст. Худи ҳамон рӯз раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дод. Дар 41 хонае, ки дар деҳаи «Иттифоқ»-и Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Вахш аз офати табиӣ зарар дидаанд, бо кумаку дастгирии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо сохтмонашон бо маром идома дорад. Масолеҳи сохтмонӣ барои ҳамаи ин манзилҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас гардидааст. Қисмати таҳкурсии хонаҳо ба итмом расида, сохтмончиён ба бардоштани деворҳо оғоз намудаанд. Дар хонаҳое, ки қисман зарар дидаанд, бо ҳамдастии ихтиёриён таъмири ҷорӣ ҷараён дорад. Дар ҷаласаи ситод раиси вилоят ба масъулину фаъолон дастур дод, ки кумакҳои расонидашударо саривақт ба оилаҳои зарардида расонида, хонаводаҳоеро, ки манзилҳояшон қисман зарар дида-

анд, бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин намоянд. Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки сохтмончиёну ҳашарчиёнро бо таоми гарм таъмин намуда, корро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монанд, сохтмони хонаҳо ҳарчӣ зудтар ба анҷом расад, то мардум ба маҷрои зиндагии муътадили худ баргарданд. Тавре ки аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, зарари умумии дар натиҷаи офатҳои табиии моҳи май расида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 85,4 миллион сомониро ташкил дода, мутаассифона, талафоти ҷонӣ (8 нафар) низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар умум 416 манзили истиқоматӣ, хусусан 110 адад пурра, 306 адад қисман, 1026 иншооти ёрирасон, 6 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ вайрон шуда, 164 км роҳҳои таъиноти гуногуни нақлиётӣ, 29 адад пул, 104,4 км хатҳои барқ, 350 метр хати алоқа, 15,230 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ хароб шудааст. Инчунин, 2777,12 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 1402 га майдони пахта ва 707 га зироатҳои ғалладонагӣ, 1396 адад чорвои калону майда зери лою гил монда, талаф ёфтанд. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 20 хонаи аҳолии деҳаи Навобод фурӯ рафта, барои сохмони манзили нави истиқоматӣ ба онҳо аз ҷойи дигар замин ҷудо карда шуд. Дар шаҳри Кӯлоб 43 адад хона пурра, 102 адад қисман ва дар ноҳияи Вахш 41 адад хона пурра ва 33 адад хона қисман зарар дида, онҳо дар ҷояш барқарор карда шуда истодаанд. Носирҷон Маъмурзода,

Дар доираи ин созишномаҳо ҳамкорӣ дар самти рушди содироти Тоҷикистон дар оянда дар назди Агентии содирот ташкили мактаби содирот барои омода кардани мутахассисон доир ба пешбурди фаъолияти содиротӣ, ҷорӣ кардани стандартҳои содиротии маҳсулот, таҳияи қарордодҳои содиротӣ, харидорӣ намудани маҳсулоти меваи хушк ва нахи пахта, содироти мева, сабзавоти тару тоза, пиёзи барвақтӣ, ангур ва ғайра ба роҳ монда мешаванд.

Вакилон маоши панҷрӯзаи худро хайр карданд Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ва кормандони дастгоҳи марказии он ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб кумак расонида, ба сандуқи хайрияи ин минтақа музди маоши панҷрӯзаи худро ирсол намуданд. Ин маблағ барои бунёди ду хонаи нав бо тарҳи замонавӣ кифоят мекунад. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 11 май дар натиҷаи омадани сел дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо манзили истиқоматии сокинони шаҳр, роҳҳои мошингард, иншооти маданию хизматрасонӣ ва маишии шаҳр зарар диданд.

Оташгирии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Дирӯз, 31 май, тахминан соати 15:45 дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Сони-С», воқеъ дар деҳаи Зархези ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таркиш ба амал омада, боиси сар задани сӯхтор гардид. ВКД хабар медиҳад, ки дар зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ таркиш ба амал омада, масоҳати сӯхтор 40 метри мураббаъро дар бар гирифт. Бо истифода аз 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ хавфи паҳншавии сӯхтор ба дигар бинову иншоотҳои наздик пешгирӣ карда шуд. Дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сӯхтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Чоршанбе, 02.06.2021

Шабона +21+23 с Рӯзона +39 +410 с 0

Панҷшанбе, 03.06.2021

Шабона +22+24 с Рӯзона +39 +410 с 0

Ҷумъа, 04.06.2021

Шабона +22 +240 с Рӯзона +40 +420 с

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.