Дар ин шумора:
1
ur.liam@jt.noltahk
QR-CODE Рӯзномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
noltahk_iamonzur@ Сурат далел
noltahk_iamonzur@
НОЛТАХ
Нарасидани омӯзгорон кай аз байн меравад?
»нолтаХ« иамонзу- Р
Бонувони )9133( 03№ ,12Дар 02 имасири лос ийамИстиқлол 52 ,ебнашеС «Хатлон» ҳам пирӯз шуданд
ХАТЛОН Саҳ.
2
3
Соли 90-уми нашр
Тоҷикистон, ба пеш!
р ш а н и м у - 0 9 и ло С
,
4
№30 (3319), 25.05.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Қабули сайёри раиси вилоят
Қурбон Ҳакимзода:
Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо раиси вилоят
«Фархориҳо меҳнатдӯсту меҳмоннавозанд»
Имрӯз, 25 май, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро доир ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ шуниданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор кардани иншооти аз офат зарардида суръати корҳоро тезонанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбе, 22 майи соли 2021, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Фархор омад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қабл аз қабули шаҳрвандон, чун анъанаи неки ниёгон, ба аёдати пирони рӯзгордида, онҳое, ки барои ободии ин ватану диёри файзбор, пешрафту нумӯи он заҳмату ранҷ кашида, умри бобаракати худро сарфи он намудаанд, рафт. Сараввал раиси ви-
даташ рафт, Азиз Авзалов, Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нафақахӯри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ буд. Номбурда солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият карда, роҳбарии шуъбаи маорифи ноҳияҳои Восеъ ва Фархорро ба уҳда дошт.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули шаҳрвандонро доир намуд. Раиси вилоят саравввал дар бораи вазъи сиёсию иқтисодии вилоят мухтасар маълумот дода, оид ба дастуру нишондод ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин, захира намудани маводи хӯрока ҳарф зад. - Асоси пешрафту тараққиёти ҷомеа, зиндагии шоиста, дастовардҳои меҳнатӣ, пеш аз ҳама, дар дӯстию рафоқат, ҳамдигарфаҳмию ваҳдати умум аст,- таъкид дошт раиси вилоят. - Аз ин лиҳоз, пирони рӯзгордида, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, омӯзгорон, имомхатибони масҷидҳо метавонанд дар ин бахш кори зиёдеро ба анҷом расонида, саҳми худро дар мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва ваҳдати умум гузоранд. Баъдан Қурбон Ҳакимзода дар бо-
раи дастоварду комёбиҳои аҳли меҳнати ноҳия, саҳми онҳо дар мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодии кишвар сухан ронд. Афзуд, ки мардуми шарифи ноҳияи Фархор меҳнатдӯсту меҳмоннавозанд. Бо неруи созандаи худ ба осонӣ метавонанд аз ҳалли ҳар як мушкилот бо сарбаландӣ бароянд. - Инро ҳанӯз давоми фаъолияти кориам дар ноҳияи Фархор баръало ҳис намудам. Ҳоло ҳам аксаран дар вохӯрию ҷамъомадҳо ва ҳамчунин дар ноҳияҳо мардум маро «Раиси фархорӣ» ном мебаранд, ки аз ин ифтихор менамоям,- иброз дошт раиси вилоят. Аҳли нишаст суханони раиси вилоят Қурбон Ҳакимзодаро бо кафкӯбии бардавом истиқбол намуданд. Ин нишонаи он буд, ки фаъолияти кории Қурбон Ҳакимзодаро дар пешрафту комёбиҳои ноҳия давоми роҳбариаш қадр мекунанд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Дар ин росто, минбаъд низ барои амалӣ намудани супоришҳои роҳбари вилоят баҳри рушду нумӯи ноҳия, вилоят, кишвар кору пайкор хоҳанд кард.
(Идома дар саҳ. 2)
Форуми байналмилалии тиҷоратии “Бохтарфуд-2021” оғоз ёфт Имрӯз, 25 май, маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар иштирокчиёни Форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021»-ро қабул намуд.
Зимни суҳбати телефонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба раиси вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъоварӣ ва захираи кофии хошоки дурушти чорво, ҷамъоварии беталафи ғалладонагиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ супоришҳо доданд. Дастурҳои дигар вобаста ба иҷрои корҳои ободонӣ, созандагӣ ва таъмини нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дода шуд. Зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон доир ба андешидани чораҳои таъхирнопазири пешгирикунандаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, махсусан малах дар ҳудуди ноҳия, ҷамъоварии хошоки дурушти чорво, таъмини нақшаи кишти такрорӣ, инчунин вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори таҷлили арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, супоришҳо доданд.
Иқдоми “Ҳафтаи ҳаёти кӯдакон” дар вилояти Хатлон Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар вилоят “Ҳафтаи ҳаёти кӯдакон” гузаронида мешавад. Тибқи ин қарор, аз 25 то 31 майи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ гузаронида мешавад. Дар доираи ин иқдом баргузории озмуни «Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин» аз рӯйи номинатсияҳои «Рассоми беҳтарин», «Дастони моҳир», «Ровии беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Ихтироъкори беҳтарин», «Шеърхони беҳтарин», «Раққосаи беҳтарин», «Навозандаи беҳтарин» ва викторинаю маҳфилҳои саволу ҷавоб ба нақша гирифта шуда, ғолибон ба фестивал-озмуни вилоятии кӯдакон таҳти унвони «Ғунчаҳои умед», ки 1 июн дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад, даъват мегарданд. Ба ҳамаи ғолибони озмун, инчунин мураббиёну омӯзгорони онҳо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда мешавад.
Кумаки ихтиёриён ба зарардидагони офати табиӣ Гурӯҳи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон, иборат аз 40 нафар аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон бо мақсади кумак дар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Вахш сафар намуданд. Ихтиёриён барои тоза кардани манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида аз лой ва чӯбу хиштҳо ёрии беғаразона расониданд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи бориши боронҳои пай дар пайи шадид 11 -13 май дар якчанд ноҳияи вилояти Хатлон сел омад, ки сабаби вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои мошингард гардид.
лоят бо собиқадори меҳнат Мардон Маҳмадалӣ, собиқ раиси “Агропром”, муовини аввали раиси ноҳияи Фархор, дидорбинӣ намуд. Ҳолу аҳвол пурсид, аз зиндагии оилавии онҳо бохабар гардида, туҳфаи молию пулии Президенти мамлакатро тақдим намуд. Нафари дигаре, ки Қурбон Ҳакимзода ба аё-
Ҳамчунин, раиси вилоят аз манзили истиқоматии собиқадори меҳнат, корманди тиб, акушер - гинеколог Садаф Одинаева дидан намуда, бо ӯ суҳбат орост, ҳолу аҳвол пурсид ва туҳфаи фиристодаи Пешвои миллатро супурд.
Эмгузаронии кӯдакон оғоз мешавад Аз ҷониби ЮНИСЕФ ва СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,6 миллион воя ваксина бар зидди бемории фалаҷ ворид гардид.
Сараввал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, шарикони рушд, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, меҳмонон аз давлатҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Россия, Беларус, Эрон, Украина ва намояндагони барномаи ЮСАИД дар майдони «70-солагии водии Вахш» аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат, инчунин маҳсулоти саноатӣ дидан намуданд. Сипас, дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими ифтитоҳи расмии Форум барпо гардид. Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ дар ин маросим қайд кард, ки мақсад аз баргузории форуми тиҷоратӣ густариши муносибатҳои хориҷӣ бо ҷонибҳои дахлдор, тақвият бахшидани фаъолият дар самти содирот ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад. - Боварии комил дорам, ки Форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи “Бохтарфуд-2021” барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо байни соҳибкорон ва рушди содироти молу маҳсулоти ватанӣ мусоидат
хоҳад намуд, - зикр кард Давлаталӣ Саид. Дар идома раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии вилоятро муаррифӣ карда, афзуд, ки ҳиссаи Хатлон дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ қариб ба 27 фоиз баробар аст. Аз ҷумла, бо назардошти мавҷудияти имконият ва захираҳои зиёди обу замин ва шароити мусоиди иқлим, соҳаи кишоварзии вилоят рушд дошта, дар миқёси ҷумҳурӣ ҳиссаи кишоварзони вилояти Хатлон дар маҷмӯи умумии кишоварзӣ 51%, дар истеҳсоли ғалладонагиҳо 63%, пахта 68%, сабзавот 59%, аз ҷумла пиёз 64%, полезиҳо 78%, меваҷот 45%, ангур 45%, гӯшт 57%, шир 51% ва моҳӣ 71 фоизро ташкил медиҳад. Соли гузашта дар вилоят 985,3 ҳазор тонна ғалладона, 277,2 ҳазор тонна пахта, наздик ба 1,5 миллион тонна сабзавот, 589 ҳазор тонна полезӣ, 209 ҳазор тонна меваҷот ва 108 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид. Ҳамчунин, дар вилоят зиёда аз 327 гек-
(Идома дар саҳ. 2)
Ваксинаҳои мазкур дар маъракаи миллии эмгузаронӣ бар зидди фалаҷ - полиовирус, ки моҳҳои май-июли соли равон дар мамлакат пешбинӣ шудааст, гузаронида мешавад. Дар ҷараёни ин маърака дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ эм карда шуда, системаи масунияти худро аз таъсири фалаҷ мустаҳкам намоянд. Эмгузаронии кӯдакон дар ду давра, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд. «Табобати полиомиелит вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи зидди фалаҷ якчанд маротиба ба кӯдак дода шавад, метавон бо ин роҳ кӯдакро пурра аз ин сироят муҳофизат намуд», – гуфт намояндаи СУТ дар Тоҷикистон доктор Виктор Олшавский.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Чоршанбе, 26.05.2021
Шабона +18+20 с Рӯзона +34 +360 с 0
Панҷшанбе, 27.05.2021
Шабона +18+20 с Рӯзона +35 +370 с 0
Ҷумъа, 28.05.2021
Шабона +19 +210 с Рӯзона +35 +370 с
Манбаъ: www.meteo.tj