ХАТЛОН Соли 90-уми нашр №29 (3318), 21.05.2021
Тоҷикистон, ба пеш!
Рузномаи «Хатлон»
j t . a m o n z u r n www.khatlo
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз! Ҷавонони иззатманд! Ифтихоровар аст, ки имрӯз дар фазои амну осоиштагии меҳан, мо ҷашнҳои миллию таърихиамонро бо ҳамдилию ҳамраъйӣ таҷлил мекунем. Рӯзи ҷавонон натанҳо ҷашни Шумо, балки ҷашни кулли мардуми шарафманди вилоят аст. Бо истифода аз ин фурсат Шумо - ҷавонони саодатманди вилояти Хатлонро ба ин муносибат самимона таҳният гуфта, бароятон хушбахтию сарфарозӣ, комгориву нишоти умрро таманно дорам. Ҷаҳони имрӯза, ки дар набарди муборизаҳои шадиди иттилоотӣ қарор дорад, пеш аз ҳама, ба афкори солиму созандаи насли ҷавони ҷомеа, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳамчун созандагони фардои давлатдории миллии тоҷикон баҳогузорӣ шудааст, иртиботи қавӣ дорад. Аз ин рӯ, ба ҷавонони саодатманди Хатлонзамини бостонӣфарзандони содиқи Тоҷикистони азиз бо итминони комил сидқан боварӣ дорам, ки бо неруи асили тоҷикона дар роҳи тақвияту пойдории музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон собитқадаманд. Боиси сарфарозист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи ҷавонон дар соли истиқболи ҷашни муқаддасу таърихӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ истиқбол гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мамлакат шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, хоса Пешвои муаззами миллат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Зеро, ба таъкиди Роҳбарияти олии сиёсии кишвар, ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд. Дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ба масъалаҳои таҳсил, кору фаъолият, зисту зиндагӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамояд. Таъсиси стипендияи раиси вилояти Хатлон барои олимону муҳаққиқони ҷавон, хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таълимӣ, таъсиси Ҷоизаи махсуси вилоятӣ барои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ дар соҳаи илмҳои тиб, табиатшиносӣ ва риёзӣ, бунёди мактабҳои варзишӣ, марказҳои фарҳангии ҷавонон, ташкили курсҳои махсуси омӯзишӣ, аз ҷумлаи иқдомҳоеанд, ки ба баланд бардоштани малакаву таҷрибаи корбарии ҷавонон ва таҳкими донишу ҷаҳонбинии онҳо равона гардидааст. Соли 2021 соли таърихиву аз ҳама ҷиҳат фаромӯшнопазир аст. Зеро дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта шудааст, ки ба тантанаҳои ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 - солагии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҷилои тоза мебахшад. Ҳамдиёрони азиз! Варзиш низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатист, ки бе иштироки фаъоли ҷавонон рушд карданаш имконнопазир аст. Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди 590 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, то кунун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 54 толори варзишӣ, 304 майдончаи варзишӣ ва 36 майдончаи бозии кӯдакона, дар маҷмӯъ 396 иншооти гуногуни варзишӣ бо шакли муосир ба истифода дода шудаанд, ки наврасону ҷавонон пурра аз онҳо истифода мебаранд. Ин ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он башорат медиҳад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ин самти муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, он дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад. Мо ифтихормандем, ки имрӯз ҳам дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нафар ҷавонони ҷасуру қавирӯҳи вилояти Хатлон сарбаландона хизмати модар-ватанро адо мекунанд. Намунаи олии хизмати содиқона ба Ватанро мо дар мисоли сарҳадбонони тоҷик дидем, ки даҳаи охири моҳи апрел дар қазияи Ворух қаҳрамонона аз марзу буми диёр дифоъ карданд. Тамоми мардуми Тоҷикистон ёди он сарбозону афсарони марзбонеро, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҷон бохтанд, то абад гиромӣ медоранд ва Тоҷикистон бо чунин фарзандони баҳодуру диловари худ ҳамеша ифтихор хоҳад дошт. Ҷавонони азиз, фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният, субот, истиқлолият ва ободии Ватани худро таъмин созад. Ҷавононе, ки дар ҳимояи хоки Ватан ҷон бохтаанд ва ҳамаи онҳое, ки то имрӯз шуҷоатмандона хати сарҳади давлатиро дифоъ мекунанд, дар ҳақиқат қаҳрамонони замони худ буда, хизмати онҳо аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд. Таъкид месозам, ки сарчашмаи ватандӯстию мардонагии сарҳадбонони қурбоншуда маҳз аз тарбияи дурусти волидайн ва содиқ будани онҳо ба ин марзу буми меҳан гувоҳӣ медиҳад. Ман ба ҷавонони ба нангу номус, худшинос ва ватандӯсти вилояти Хатлон баҳри ҳифзи хоки муқаддаси меҳан ва пос доштани арзишҳои миллӣ эътимоди комил дорам. Мутмаинам, ки ҷавонони вилоят ба қадри ин Ватани аҷдодию давлати соҳибистиқлол расида, аз гузаштагони сарбаланд ва падару модарони худ дарси сабру тоқат, меҳнату ободкорӣ, ватандӯстию мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамонӣ меомӯзанд. Дӯстию рафоқат, хоксорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзию худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошанд. Бо ҳамин нияти нек ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бори дигар табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси Хатлонзамин сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ, файзу баракат, саломатии бардавом, бахту иқбол, азму иродаи қавӣ ва сарбаландӣ орзу менамоям. Бахту саодат ва комёбиҳо ёратон бод!
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
«Итминон дорам, ки шумо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, донишу малакаи муосир, забондонӣ ва хислатҳои ҳамидае, ки хоси миллати қадимаи мо мебошад, ояндаи Тоҷикистонро ба ҷомеаи башар ба таври шоиста муаррифӣ мекунед». Эмомалӣ Раҳмон
Аз мулоқоти раиси вилоят бо ҷавонон
Қурбон Ҳакимзода:
«Ҷавонони мо бо ғояҳои солим дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд» Рӯзи 19 май дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони ҷавонони вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш беш аз 700 нафар ҷавонони фаъол, гирандаҳои стипендияҳои президентӣ ва раиси вилоят, олимону муҳаққиқони ҷавон, кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҷамъ омада буданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро аз зумраи ҷашнвораҳое унвон кард, ки тамоми ҷавонони мамлакатро ба ҳам оварда, барои муаррифии дастовардҳо, рушди неруи зеҳнӣ, имконияту тавонмандиҳои ояндасозони миллат шароити мусоид фароҳам меорад. Қайд гардид, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ ба масъалаҳои таҳсил, фаъолият, зисту зиндагӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон диққати махсус зоҳир менамояд. Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъа-
лаи дастгирии кадрҳои ҷавон дар вилоят диққати махсус равона гардида, аз шумораи умумии 2971 нафар хизматчиёни давлатӣ 970 нафари онҳо ҷавонон мебошанд, - зикр кард раиси вилоят. - Ба ҳолати имрӯза шумораи вакилони ҷавони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо 238 нафар мебошад, ки нисбати даъвати гузашта 138 нафар зиёд аст. Дар ҳайати маҷлиси вакилони халқи ҷамоатҳо бошад, ҷавонон 765 нафар буда, нисбати даъвати гузашта 340 нафар бештар гардидаанд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки сол аз сол дар самти дастгирӣ ва рушди соҳаи ҷавонон муваффақтар мегардем ва барои онҳо имконияти бештар фароҳам оварда мешавад. Дар доираи ин дастгириҳо ҳамасола ба зиёда аз 200 нафар устодону олимони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагони аълохон стипендияи номии раиси вилояти Хатлон тақдим карда мешавад. Тавре ки дар ҳамоиш қайд гардид, аз соли 1997 то инҷониб 8730 нафар (аз ҷумла 5267 духтар ва 3463 писар) ҷавонони вило-
яти Хатлон дар баробари дигар ҷавонони кишвар тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ таҳсили илм мекунанд. Аз ин шумора беш аз 5690 нафарашон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва хизмати давлатӣ фаъолият карда истодаанд. Боиси хушнудии зиёд аст, ки бо таваҷҷуҳ ба сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат дар самти ҷавонон соли 2016 дар вилояти Хатлон Шӯрои олимони ҷавон таъсис ёфт, ки дар самти ҷалби ҷавонон ва ҳимояи ташаббусҳои илмии онҳо дар ҷомеа амал намуда истодааст. Шумораи умумии олимони ҷавони дорои дараҷаҳои илмӣ дар сатҳи вилоят 63 нафарро ташкил менамояд. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҳарчи бештари муҳаққиқони ҷавон, ки рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ мекунанд, Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар ҳаҷми аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар баробари ин, тавре ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ишора намуд, ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон, алалхусус омӯзгорони дар деҳот фаъолиятдошта низ як силсила имтиёзҳои давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Дар давраи солҳои 1996-2020 ҷиҳати амалигардонии имтиёзҳои муқарраргардидаи омӯзгорони ҷавон дар маҷмӯъ ба 2718 нафар, аз ҷумла ба 2070 нафар қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, ба 145 нафар қитъаи замин барои полезкориву боғдорӣ ва ба 503 нафар омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзноки бонкӣ дода шудааст. Раиси вилоят ёдовар гардид, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби 68 нафар ҷавонони соҳибкор бунёди 70 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 41 иншоот ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 29 иншооти дигар бомаром идома дорад. - Мо имрӯз аз соҳибкорони ҷавони саховатманду ҳимматбаландамон, аз ҷумла Шоев Далер аз шаҳри Кӯлоб (майдончаи варзишӣ), Одилов Олим аз шаҳри Норак (маркази савдо ва кошонаи ҳусн), Ғозиев Садриддин аз шаҳри Левакант (бунгоҳи тиббӣ, маркази хизматрасонӣ ва ҳаммом),
Ҷавонон ҳомии дастовардҳои замони истиқлоланд Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, зиндагии шоистаи мардум ва шинохти асолати миллӣ заминаи боэътимод гузошта, имкон фароҳам оварда шуд, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ бузургтарин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба анҷом расонида шавад. Маҳз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум даст ба ҷабҳаи меҳнат ва ободкорӣ зада, дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Дар вилояти Хатлон ба масъалаҳои таҳсил, кору фаъолият, зисту зиндагӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон диққат дода мешавад. Шумораи умумии ҷавонон дар вилояти Хатлон 1026145 нафарро ташкил менамояд. 338636 нафар ҷавонони вилоят ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои давлатии хориҷи кишвар дар соли таҳсили 2020-2021-ум 2460 нафар ҷавонон таҳсили илм доранд, ки нисбати соли таҳсили гузашта 984 нафар зиёд мебошанд. Бо мақсади дастгирии кадрҳои ҷавони роҳбарикунанда 219 нафар ҷавонони фаъолу кордон дар ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон чун роҳбар фаъолият доранд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” корҳои муайяне анҷом дода шудаанд. Инчунин, бо маблағгузории умумии “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021” тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, 746000 сомонӣ пешбинӣ гардида, дар 4 моҳи соли 2021-ум 74500 сомонӣ иҷро гардидааст. “Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2022” дар соли 2021, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон 564000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо дигар
сохторҳои дахлдор баҳри пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, даст задани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб кор бурда истодааст. Бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонони бешуғл, бекор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии ин қишри ҷомеа яке аз масъалаҳои умдаи рӯз ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир дар чор моҳи соли ҷорӣ 1183 нафар ҷавонон бо кор таъмин карда шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон, бевосита Роҳбари давлатамон, ба дастгирии ниёзмандон, нафарони имконияти маҳдуддошта, бепарастор таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва пайваста дар ҳар иду айём ба онҳо кумакҳо расонида мешавад. Масалан, барои
дастгирии иҷтимоии ҷавонони маъюб, бепарастор ва ниёзманд дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” давоми соли равон 65 678 сомонӣ аз манбаъҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ равона гардида, 564 нафари эҳтиёҷманд ба дастгирӣ ва кумак фаро гирифта шудааст. Барандагони стипендияи президентӣ дар вилоят сол ба сол бо инобати таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба соҳа афзоиш ёфта истодааст. Агар соли аввали таъсиси ин стипендия солона 108 нафар ҷавонони вилоят шарафёб ба ин имтиёз
Акрамзода Юсуф аз ноҳияи Данғара (бинои дуошёнаи маркази хизматрасонии маишӣ), Солиев Комрон аз ноҳияи Данғара (меҳмонхонаи панҷ ошёна), Шамсов Сулаймон аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (маҷмааи варзишӣ), Давлатов Дилшод аз ноҳияи Кӯшониён (майдончаи варзишӣ, маркази савдо ва бинои баланд-ошёнаи истиқоматӣ), Зоиров Ҷамшед аз ноҳияи Дӯстӣ (коргоҳи дӯзандагӣ ва нонпазӣ), Сафаров Зуҳуршоҳ аз ноҳияи Муъминобод (майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ), соҳибкорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Бекмуродзода Ғолибҷон (маркази ташхисию табобатӣ, майдончаи варзишӣ), Саъдуллоев Абдураҳмон (бунёди муассисаи дуошёнаи таълимӣ), соҳибкорони ноҳияи Восеъ Муъминов Насим (корхонаи шифербарорӣ), Файзов Маҳмуд (корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ), Қобилзода Нодир (10 синфхонаи иловагӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, чоҳи амудӣ), Аҳтамзода Абдусаттор (кошонаи ҳусн, сартарошхона, сехи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдо), Давлатов Хурсанд (майдончаи варзишии болопӯшида) ва даҳҳо нафари дигар ифтихор дорем, ки дар ободии Ватан саҳм гузошта истодаанд. Дар идомаи ҳамоиш якчанд нафар ҷавонони фаъоли вилоят суханронӣ намуда, таъкид сохтанд, ки бо ғояҳои солим ва афкори пешбарандаи худ дар бунёди давлати мутараққӣ ва аз лиҳози иҷтимоӣ инкишофёфтаи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Пасон, маросими тақдими Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барпо гардид. Беш аз 40 нафар ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун аз ҷониби раиси вилояти Хатлон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд, ки дар миёни онҳо хабарнигори ҷавону пурмаҳсули идораи рӯзномаи мо Комрони Бахтиёр низ буд. Дар ҳамоиш ғолибони мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ низ эълон гардиданд. Дар мусобиқаи волейболбозон ҷойи сеюм насиби дастаи Сарраёсати омори вилояти Хатлон, ҷойи дуюм насиби дастаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва ҷойи якум аз они Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон гардид. Ба ин дастаҳо диплому вимпел ва Ҷоми раиси вилояти Хатлон тақдим гардид. Барандаи Ҷоми раиси вилояти Хатлон дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол дастаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят эълон шуд. Ғолибони ҷойи дуюм ва сеюм дар ин мусобиқа дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва филиали ҶСШК "Бонки Эсхата" дар шаҳри Бохтар дониста шуданд. Чорабинӣ бо барномаи рангини ҳунарии аҳли фарҳанги вилоят идома кард. Н. Маъмурзода, “Хатлон”
мешуданд, ҳоло ин шумора ба 143 нафар (аз ҷумла 70 духтар) расидааст. Гирандагони стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 4 нафар, гирандагони стипендияи раиси вилоят дар соли аввали таъсисаш агар 35 ададро ташкил дода бошад, ин шумора ҳоло ба 130 нафар расидааст. Гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо низ сол ба сол зиёд карда ме- Фирӯза Шарифӣ, шаванд, ки таваҷҷуҳи муовини раиси вилояти Хатлон хосса нисбати ин қишри созандаи ҷомеа аст. Дар соли таҳсили 2019-2020-ум 458 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо буда, 27 нафар ҷавонон аз ҷониби сарпарастон ба дигар стипендияҳо таъмин шудаанд, ки назар ба солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳчанд зиёд мебошанд. Ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 маркази фарҳангии ҷавонон дар ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритус, Ховалинг, Темурмалик, Н. Хусрав, Данғара, Балҷувон, Дӯстӣ, Фархор ва шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар фаъолият доранд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, то соли 2000-ум дар сатҳи вилоят ягон маркази ҷавонон арзи вуҷуд надошт. Аз соли зикргардида то соли 2013 дар ҳудуди вилояти Хатлон 4 маркази фарҳангӣ фаъолият менамуд. Дар солҳои баъдӣ теъдоди ин марказҳо 7 адади дигар афзоиш ёфт. Ин иқдом дар давоми соли равон идома ёфта, айни ҳол дар ноҳияҳои Хуросон, Восеъ, Муъминобод ва Ш. Шоҳин корҳои сохтмонии бинои марказҳои ҷавонон идома доранд. Дар сатҳи вилоят натиҷаҳо дар самти варзиш низ назаррас мебошанд. Агарчи дар 70 соли даврони Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 26 варзишгоҳ, 1128 майдончаи варзишӣ, 284 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмааи варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ буд, имрӯз ин нишондод ба маротиб афзуда, то ба ҳамин давра теъдоди варзишгоҳҳо ба 35 адад, майдончаҳои варзишӣ ба 3078 адад, толорҳои варзишӣ ба 538 адад, ҳавзҳои шиноварӣ 34 адад, маҷмааи варзишӣ 8 адад, мактабҳои варзишӣ 34 адад ва дигар иншооти махсуси варзишӣ ба 223 адад расидааст, ки ин нишондод гувоҳи дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо дарназардошти ин ҳама дастовардҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон, аз ҳар як ҷавони саодатманди Хатлонзамини бостонӣ, ки фарзанди содиқу баномуси Тоҷикистони азиз ҳастанд, итминони комил дорам, ки бо неруи асили тоҷикона дар роҳи тақвияту пойдории музаффариятҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамеша ҷаҳду талош мекунад. Ояндаи неку обод, зиндагии тинҷу осудаҳолона ва оромию осудагии кишвар бевосита ба ҷавонон вобаста аст.