QR-CODE Рӯзномаи «Хатлон»
@ruznomai_khatlon @ruznomai_khatlon khatlon.tj@mail.ru
Дар ин шумора:
Туҳфа ба Чоршанбе, 19 майи соли 2021, №28 (3317) панҷгоникҳо
Соли 90-уми нашр
«Хатлон» «Хатлон» тимиРузномаи «Кӯктош»ро шикаст дод
2
3
Соли 90-уми нашр
1
Дар масири Истиқлол
@ruznomai_khatlon
@ruznomai_khatlon
khatlon.tj@mail.ru
ХАТЛОН Саҳ.
Тоҷикистон, ба пеш!
ХАТЛОН
Кумак ба зарардидагон аз офати табиӣ
,
4
№28 (3317), 19.05.2021
j t . a m o n z u r n o www.khatl
Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Ҳамлаи террористӣ
Мулоқоти раиси вилоят бо ҷавонони фаъол
ба мактаби духтарона дар Кобул боиси маҳкумият, андуҳ ва нафрати Президенти Тоҷикистон гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар назди мактаби духтарона дар Кобул барқияи тасаллӣ ирсол намуданд. Дар барқия гуфта мешавад, ки хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас боиси «андуҳи амиқ ва нафрати беандоза»-и Президенти Тоҷикистон гардид. «Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки неруҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист», - изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамояд. Инчунин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасаллиёт ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Афғонистон изҳор намуданд. Ёдовар мешавем, ки 8 май дар ғарби Кобул дар назди мактаби духтарона таркишҳо рух доданд, ки дар натиҷа ҳадди ақал 55 нафар ҳалок ва 150 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Дар ин вохӯрӣ, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сурат мегирад, олимону муҳаққиқони ҷавон, барандаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, гирандагони стипендияҳои президентӣ ва раиси вилоят, ҷавонони фаъол ширкат меварзанд. Қарор аст, ки дар ин ҳамоиш наздик ба 50 нафар ҷавонони касбу кори гуногун бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, инчунин ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо Ҷоми раиси вилояти Хатлон мукофотонида шаванд.
Вусъати ҷамъоварии пилла дар вилоят
www.khovar.tj
Иттиҳоду ҳамбастагӣ мебояд
л ба ии шаҳри Кобу р қисмати ғарб нафар сокинони да ки ӣ, ст ри о наи терро ин шудани садҳ дигар собит меҲамлаи разило локат ва захм ҳа ри и бо ис , бо ид а, рд т га ми Ватан – вуқӯъ пайвас Афғонистон урии исломии рористӣ мафҳу осоиштаи Ҷумҳ террорист ва гурӯҳҳои тер арзишҳои муқаддас вуҷуд и шта ва дигар намояд, ки баро мардумони осои ну ко ла иф т р, мода надорад. Зулму бераҳмӣ нисбати одамони бегуноҳ, аз ҷумла куштори занону кӯдакон аз манфуртарин кирдорҳои ноҷавонмардонаву ғайриинсониест, ки танҳо зери ному амалкарди афроду гурӯҳҳои марбут ба терроризм сабт мегарданд. Кирдори нафратовари террористон, ки бо мақсади даҳшатафканӣ дар моҳи шарифи Рамазон мадрасаву дигар маконҳои будубоши мардуми осоиштаро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд, бори дигар ҷомеаи башариро ҳушдор медиҳад, ки дар мубориза бо терроризм аз як гиребон сар бароранд. Зеро, маҳз муборизаи беамон бар зидди ин гуна хатарҳо муҳимтарин омили таъмини суботу осоиштагӣ дар саросари ҷаҳон аст. Бесабаб набуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш оид ба мубориза алайҳи терроризм гуфта буданд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”. Тавре коршиносони байналмилалӣ изҳор
Имрӯз, 19 май дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо намояндагони ҷавонони вилоят баргузор мегардад.
медоранд, имрӯз дар олам зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракати диниву ифротгаро, созмонҳои террористии ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Имрӯз хатару оқибатҳои ҳалокатбори терроризм ба суботу амнияти ҷомеа, бехатарии давлатҳо, ҳаёти осоиштаи мардумон ва рушди устувори кишварҳои олам таҳдид намуда, терроризм беш аз пеш хатари фаромилӣ пайдо мекунад. Бо дарназардошти пешгирӣ аз ин зуҳуроти хатарзо Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро яке аз муҳимтарин вазифаҳо дар самти таъмини амнияти миллӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба баррасӣ гузошта, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак бо дигар кишварҳои олам пешниҳодҳои судманд кардааст. Бинобар ин, мо - мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо маҳкум кардани амалҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон, ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти манфур ҷомеаи башариро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ даъват менамоем. Зебунисо Сатторзода, судяи Суди ноҳияи Вахш
Террорист Худо надорад ё худозада аст! Бар асари таркиш дар мактаби духтаронаи Кобул беш аз 60 нафар, аз ҷумла духтарони наврас, ба ҳалокат расиданду даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Чӣ бераҳмие аз ҷониби қотилон ба вуқӯъ пайваст. Онҳое ки ин бераҳмиро ба сари мардуми бегуноҳу духтаракони пурорзу мисли борони аҷал рехтанд, ё одам нестанд ё аз ин олам нестанд. Яқинан, посух як аст: онҳо ҳам инанду ҳам он, Худозадаанду бехудоянд! Баъди таркиш ҷойи воқеа манзараи ҳунангезро мемонад. Ҳама ҷо вайронаву ба хок яксон шуда, ҷасадҳо зери вайронаҳо монда, мардум ҳар сӯ парешону гиряву фиғони онҳо фалакро ба ларза меовард. Акси духтараки зиндамондаро дар расонаҳои хабарӣ дида, қалб реш-реш мешавад. Ин манзараро аҳли оила сарҷамъона тариқи телевизион тамошо мекунем. Ҳама хурду бузург хомӯшона, лаб зери дандон ҳушу гӯш ба он додаанд. Ҳатто аз дидагони набераи 3-солаам дона-дона ашк мерезад. “Бобоҷон, барои чӣ кӯдаконро куштаанд?” гуфтани ӯ маро бехуд мекунад. Ба пурсиши набераам посух намеёбам. Чӣ дарди сахтест ин. Ба ҷойи посух беихтиёр аз чашмонам ашк ҷорӣ мешавад. Акси духтарчаи китобу дафтарҳояшро бо дастони нозукаш сахт дошта, ки то онҳо раҳо наёбанд ва аз майдони таркиш гирён баромада истодааст, аз пеши чашмонам ҳеҷ гоҳ дур намешавад. Бале, духтарча китобҳояшро баробари ҷонаш эҳтиёт мекунад, ба умеде ки фардо боз таҳсилашро идома медиҳад... Ба ин расм нигариста, як чиз равшанам гардид. Духтарча илмталаб аст, аз ин хотир, ӯ китобҳояшро наҷот додан мехоҳад... Мехоҳам баъди дидани ин даҳшати нобахшиданӣ ба он нафари қотил суол кунам: оё ту ватан, хона, оила, фарзанд дорӣ? Агар ҳа, пас ба онҳо ин ваҳшониятро раво мебинӣ? Гумонам, на! Пас, чаро ин даҳшатро ба фарзанди дигарон раво дидаӣ? Онҳо орзуву умеди зиёд доштанд, зиндагӣ кардан мехостанд. Вале аз дасти ту барин ҷаллодон ин ҳамаро ба хок бурданд. Чаро ин кори зиштро кардаӣ, чаро?... С. АТТОР
Дави миллӣ дар маркази вилоят
Гуландом ва ҷойи сеюмро Назарова Ҳадисамоҳ соҳиб шуданд. Дар миёни калонсолон ҷойи аввал насиби Сафаралии Мирзохон, ҷойи дуюм Хоҷаев Умед, ҷойи сеюм насиби Наимов Бахтиёр гардид. Аз миёни кӯдакон бошад, ҷойи аввалро Шоҳрӯзи Ҷумъахон, ҷойи дуюм Ҳабибуллоев Юсуф, ҷойи сеюмро Ширинов Абубакр соҳиб шуданд. Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона ба як қатор мақомоту идораҳои шаҳру вилоят сипосномаҳо супорида шуд. Аз ҷумла, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ви-
Соли равон кирмакпарварони вилоят азм доранд, ки бо риояи ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак ҳосили хуб ба даст оварда, дурнаморо саривақт иҷро намоянд. Кирмакпарварони ноҳияи Қубодиён то имрӯз иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосилро қариб 70% таъмин намудаанд. Дар мавсими имсола кирмакпарварони ноҳия 1075 қуттӣ тухмии кирмакро парвариш намуда, то имрӯз 25 тонна пилла ҷамъ овардаанд. Тибқи дурнамо, онҳо 39 тонна пиллаи хушсифатро ба нуқтаҳои қабул месупоранд. Ба ҳисоби миёна, аз як қуттӣ тухмии кирмак 40-50 кг пилла ҷамъоварӣ мешавад. Дар сари тарозу нуқтаҳои қабул ба ҳар як килограмм пиллаи ҷамъоваришуда 10 сомонӣ пардохт мекунанд. Бо мақсади рушди пиллапарварӣ дар ноҳияи Қубодиён 334 гектар майдони тутзор мавҷуд аст.
Ҷамъбасти озмуни мисгарию оҳангарӣ дар вилоят Дирӯз, 18 май, дар “Кохи Ватан”-и шаҳри Бохтар озмуни беҳтарин оҳангару мисгар ҷамъбаст гардид, ки тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат гузаронида шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин озмун рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар озмун маҳсулоти офаридаи мису оҳангарон аз навоҳии Дӯстӣ, Шаҳритус, Темурмалик, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ба намоиш гузошта шуд. Ҳамин тавр, ғолиби ҷойи аввал озмун Файзалӣ Муродов аз ноҳияи Восеъ, ҷойи дуюм Сайфиддин Қувватов аз Темурмалик ва ҷойи сеюмро Қурбонгелдӣ Ҷӯраев аз ноҳияи Дӯстӣ соҳиб шуда, бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд. Ин ғолибон дар даври ҷумҳуриявии озмун ширкат хоҳанд варзид.
Азми бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ дар МОИ «Кӯлоб» Дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» зеристгоҳи барқии нав бо насби 2 трансформатор ба истифода дода мешавад. Дар доираи нақшаи генералӣ барои бунёди зеристгоҳи барқӣ дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» як гектар замин ҷудо карда шудааст.
Пешбинӣ гардидааст, ки ин иншоот солҳои 2021-2022 ба истифода дода мешавад. Бунёди зеристгоҳи барқӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таъмини субъектҳои МОИ «Кӯлоб» ва дигар истифодабарандагон бо неруи барқ заминаи устувор мегузорад.
Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштин дар Ховалинг
Субҳи 16 май дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар “Дави миллӣ” баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва садҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, шаҳрвандон ширкат варзиданд. Дар оғози ҷамъомад муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, аз иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ёдовар шуд. Дар “Дави миллӣ” калонсолон, занон ва кӯдакон алоҳида иштирок намуданд. Онҳо шурӯъ аз майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар масофаи аз 3 то 5 км-ро тай карданд. Ғолибони “Дави миллӣ” бо диплом ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Аз миёни занону духтарон ҷойи аввалро Амонова Анасултан, ҷойи дуюмро Алиева
Дар вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла босуръат идома дорад. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз идораи “Пилла”-и вилоят хабар доданд.
16 май дар мавзеи зебоманзари Чилчанори ноҳияи Ховалинг мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ, ки бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ шуда буд, дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
лояти Хатлон ва рӯзномаи вилоятии “Хатлон” барои иштироки фаъолона дар чорабинии имрӯза бо сипосномаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд. «ХАТЛОН»
Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон на танҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, балки аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат варзиданд. Барои тамошои ҷараёни мусобиқа беш аз 50 ҳазор ҳаводорони гӯштин ҷамъ омада буданд. Қувваозмоии паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов бо гӯштингири номвари ӯзбекистонӣ Муҳсин Ҳисомиддинов, паҳлавони рус Валерий Ендовитский бо гӯштингири дигари Ӯзбекистон Зоидҷон Ҳусейнов хеле ҷолиб сурат гирифт. Ба ғолибон туҳфаҳои қиматнок, аз қабили мошинҳои сабукрав, шутур, гов, гӯсфанд, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва дигар ҷиҳоз тақдим шуд.
Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj
Гузоришҳои видеоии моро бо пахши QR-кодҳои зерин метавонед тамошо кунед.
Чоршанбе, 19.05.2021
Арзи сипоси сокинони зарардидаи шаҳри Кӯлоб
Кумаки Президенти мамлакат ба ноҳияи Вахш расид
Масолеҳи сохтмонӣ ба сокинони осебдидаи ноҳияи А. Ҷомӣ
Миннатдории сокинони мавзеи офатзадаи ноҳияи А. Ҷомӣ
Садои қалби падари аскари ҳалокшуда
Шабона +17+19 с Рӯзона +35 +370 с 0
Панҷшанбе, 20.05.2021
Шабона +17 +19 с Рӯзона +32 +340 с 0
Ҷумъа, 21.05.2021
Шабона +16 +180 с Рӯзона +32 +340 с
Манбаъ: www.meteo.tj