Рӯзномаи Хатлон шумораи №27-11.05.2021

Page 1

Дар ин шумора:

1

ur.liam@jt.noltahk

Дар натиҷаи noltahофати k_iamonzur@ noltahk_iamonzur@ табиӣ чанд хона вайрон шуд?

»нолтаХ« иамонзу- Р

22 сифати тоҷик

Шашмақомганҷинаи бебаҳои миллӣ

Дар )6133( 72№ ,12 02 имасири лос ийамИстиқлол 11 ,ебнашеС

ХАТЛОН Саҳ.

2

3

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

НОЛТАХ р ш а н и м у - 0 9 и ло С

4

№27 (3316), 11.05.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Дастгирии эҳтиёҷмандон аз амалҳои неки инсонист

Туҳфаи Сарвазир ба китобхонаи деҳотӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳангоми боздид аз иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдшаванда дар ноҳияи Ховалинг ба китобхонаи деҳаи Лоҳутии ноҳия зиёда аз 300 адад китобро, ки дар феҳристи адабиёти тавсияшавандаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шомиланд, ҳадя намуданд.

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Иди саиди Фитр

Ҳамватанони азиз! Ба шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мову Шумо имкон пайдо кардем, ки ҷашну суннатҳои мардумӣ ва мазҳабии худро озодона таҷлил, риоя ва пос дорем. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сокинони шарафманди вилоятро бо фарорасии Иди саиди Фитр самимона таҳният гуфта, бароятон саодатмандӣ ва ба хонадонатон файзу баракат таманно дорам. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон қайд кардаанд, ки «дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкилии онҳоро осон мегардонад. Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накукорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд». Воқеан, аз нигоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мусулмонон Иди саиди Фитрро бо порсоиву парҳезкорӣ, покии ҷисму рӯҳ ва ба ҷо овардани фаризаҳои ин моҳи шариф, бо хуррамиву хурсандӣ, озодагӣ, эътиқоду боварӣ, имондориву тақво ва анҷом додани амалҳои хайру савоб истиқбол менамоянд. Яке аз маъниҳои калимаи «фитр» ҷомеа мебошад. Аз ин нуқтаи назар, Иди саиди Фитр таҷассумгари ваҳдати аҳли ҷомеа буда, дар давоми асрҳо ба густариши дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият, раҳму шафқат, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва ҳамбастагӣ миёни одамон боис гардидааст. Дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам омадааст: «Аввал чизе, ки Худои таоло дар тарозуи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст». Дар асоси таълимоти дини мубини ислом, дар моҳи шарифи Рамазон додани садақаҳо, закот ва фитри рӯза ба нафарони эҳтиёҷманд, ятимон, маъюбон аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки дар арафаи Иди саиди Фитр роҳбарони мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ садақаи фитрро ба таври муташаккилона ҷамъоварӣ намуда, ба нафарони эҳтиёҷманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои ниёзманди ҷомеа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, таъмири хонаҳо ва дигар эҳтиёҷоти онҳо кумакҳо расонида мешавад. Ҳамзамон, аз сокинони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бинобар сабаби оне, ки аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид соли 2021, ҳамчун «Соли ҳалокатбор ва мушкилиҳои вазнину бесобиқа» аз қабили хушксолӣ, норасоӣ ва қиматшавии маводи озуқа, афзоиши бекорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ эълон гардидааст, бобати сарфаю сариштакории рӯзғор таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вобаста ба ҳолати дар ҷаҳон бамиёномада бо мақсади самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва таъмини захираи маводи дусолаи хӯрока тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намоянд. Инчунин, дар ҷашну маросим талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намуда, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, маблағғҳои худро самаранок истифода бурда, дар таълиму тарбияи фарзандон сарф намоянд, ба ҷойи харҷи беҳуда ба фарзандон шароити мусоиди илмомӯзӣ ва зиндагии шоистаро фароҳам оварда, фарзандонеро ба камол расонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлати соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди худ пуштибонӣ карда тавонанд, Ватани азиз ва марзу буми онро ҳимоят намоянд. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «ба ҷойи баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаву намоишкорона ва пурдабдабаву серхароҷот мо бояд бо фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои оила ва фарзандони худ, амалҳои хайру эҳсонкорӣ, ободии маҳалли зист, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ободонии диёр иқдом намуда, саҳми шоистаи худро ба истиқболи ҷашни бузурги миллиамон - 30-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон гузорем». Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик бо пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои наҷиби мардумӣ сазовори ҳурмату эҳтироми оламиён гардида, тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ, бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешиносанд. Ёдовар мешавем, ки бо назардошти он ки ҳанӯз ҳам дар аксар кишварҳои ҷаҳон марҳилаи сеюми бемории сироятии COVID-19 ба саломатии мардуми сайёра таҳдид карда истодааст, масъалаи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар бинову муассисаҳои шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ муҳим мебошад. Имрӯз мардуми сарбаланди кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни умумимиллиамон - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дошта, шукрона аз толеъ ва бахти баланди худ менамоянд. Аҳли заҳмати вилояти Хатлон низ ба пешвози ин ҷашни муқаддаси миллӣ дар ободонию созандагиҳо фаъол буда, ҷиҳати бунёду азнавсозии наздики ҳашт ҳазор иншооти таъиноти гуногун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят намунаи барҷастаи созандагиву бунёдкориҳоро нишон медиҳанд. Бори дигар фарорасии Иди саиди Фитрро ба Шумо - ҳамдиёрони арҷманд шодбош гуфта, бароятон хонаи обод, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, неруи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам.

Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар маркази вилоят 8 май дар Боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо гардид. Дар ин ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ширкат варзиданд. Нахуст, маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи "Аскари номаълум" доир шуд, ки раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат, сокинон ба поси хотири шаҳидон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузоштанд. Пасон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аҳли ҳамоиш, меҳтарони ҷанг, тамоми сокинони Хатлонзаминро ба муносибати Рӯзи Зафар самимона таҳният гуфт. - Солҳо мегузаранд, аммо хотираҳо аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ёди иштирокчиён ва тамоми мардуми сулҳхоҳ боқӣ мемонад, - қайд кард раиси вилоят. - Дар он солҳо баробари халқияту миллатҳои кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонписарони тоҷик низ зидди душмани аҳриманӣ дар майдони набард ҷонфидоиҳо карда, хоки Ватани ягонаро аз душман ҳифз намуданд ва барои насли оянда ҳаёти осоиштаро таъмин карданд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик қаҳрамонию корномаи бузурги дар ақибгоҳ будагонро низ, ки бо вуҷуди душворию машаққатҳои гӯшношунид дар ҳамаи соҳаҳо фидокорона меҳнат карда, ғалабаро наздик оварданд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Корнамоиву диловарии фарзандони баору номуси Тоҷикистон дар ҳарду арса барои наслҳои имрӯза намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад. Раиси вилоят афзуд, ки дар замони пойдории истиқлолияти кишвар таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат дар баробари нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат, инчунин, ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии онҳо эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт, ҳамасола, кумакҳо расонида шуда, баҳри беҳдошти зиндагии ин қишри ҷомеа чораҳои зарурӣ амалӣ мегардад. Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ садҳо ҳазор ҳамдиёрони мо - родмардони хатлонӣ иштирок карда, дар торумор намудани фашизм далерию садоқат нишон додаанд. Айни замон дар вилоят ҳамагӣ 29 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд, ки синну солашон аз 95 то ба 101-сола расидаанд. - Эҳтиром доштану қадршиносӣ намудани ҳар яки онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост, - таъкид намуд Қурбон Ҳакимзода. Пас аз сухани шодбошии раиси вилоят барномаи рангини ҳунарии санъаткорони вилоят тақдими аҳли ҷамъомад гардид. Гузориши видеоиро метавонед дар бахши видеоии сомонаи мо бо нишонии www.khatlon-ruznoma. tj ё бо пахши QR-коди зайл тамошо кунед.

Дар Кӯлоб нимпайкараи Кароматулло Қурбонов қомат афрохт Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода якҷо бо фарзандони марҳум Кароматулло Қурбонов-Муҳаммадрофеъ ва Нозия дар саҳни коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб парда аз рӯйи нимпайкараро бардоштанд. Раиси вилоят шодравон Кароматулло Қурбоновро ситораи тобноки санъати эстрадии тоҷик хонда, қайд намуд, ки хатлониён бо ин ҳунарманди мумтоз ифтихор доранд ва садои пуршӯрашро ҷовидонӣ ба ёд хоҳанд дошт. - Кароматулло сарояндаи хушсалиқа ва беҳтарини эстрадаи тоҷик дар солҳои 1980-1990, ҳамчун ахтари нотакрори санъат бо ҳунару истеъдоди нотакрораш дар дили мухлисон то ҳанӯз маскан дошта, шуҳрату истеъдоди сурудхонии волояш дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, мамолики форсзабону туркзабон ва Ҳинду Аврупо то имрӯз боқӣ мондааст, - қайд кард раиси вилоят. -

Сурудҳои Кароматулло ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, инсоният, модар, ватан ва умуман бахшҳои бештар ҳасоси зиндагӣ бахшида шудаанд. Кароматулло Қурбонов дар қатори суруду таронаҳояш, ҳамчунин аз худ 3 фарзанди намунавӣ боқӣ гузоштааст, ки Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматулло пайравӣ ба ҳунари нотакрори падар карда, имрӯз пайроҳаи интихобкардаи падарро идома дода истодаанд. Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматулло дар суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” аз маросими тантанавии муаррифии нимпайкараи падарашон дар саҳни коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб истиқбол намуданд. Мусоҳибаро метавонед дар бахши видеоии сомонаи мо бо нишонии www. khatlon-ruznoma.tj ё бо пахши QR-коди зайл тамошо кунед. «Хатлон»

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Гиромидошт

Тавре ки мудири бахши фарҳанги ноҳия Наргис Ҳикматова иброз намуд, Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон аз корҳои сохтмонии китобхонаи мазкур дидан намуданд. Китобхона аз таъмири асосӣ гузаронида шуда, дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Айни ҳол дар китобхона 6 ҳазор китоб аз адабиёти гуногунсоҳа, аз қабили китобҳои бадеӣ аз осори классикони тоҷик ва адабиёти ҷаҳон мавҷуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шафати китобхона Маркази омӯзиши забонҳо низ таъмиру тармим карда шудааст, ки аз як толори барҳаво иборат буда, дар як вақт ба 62 нафар хизмат мерасонад.

Рӯзи байналмилалии оила муборак!

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният гуфт.

Дар паёми шодбошии раиси вилоят омадааст, ки оила рукни муҳими ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Масъалаи дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин самт ташаббусҳои назаррас татбиқ карда шуданд. - Ҷаҳони муосир имрӯз беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал гардидааст, - қайд кардааст Қурбон Ҳакимзода дар паёми табрикиаш. - Ин раванди хатарнок масъулияти падарону модаронро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Нақшаи даъват 100% иҷро шуд

Нақшаи даъвати баҳории навҷавонони хатлонӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар арафаи Рӯзи Ғалаба иҷро гардид.

Тавре ки аз Комиссариати ҳарбии вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ба ҳолати 8 майи соли ҷорӣ тамоми 25 шаҳру ноҳияи вилоят дар бораи иҷрои 100%-аи нақшаи даъват гузориш додаанд. Ёдрас мекунем, ки шаҳру навоҳии Норак, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Муъминобод, Темурмалик, Балҷувон дар рӯзҳои аввали моҳи апрел нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Ба гуфти масъулини Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, айни замон наваскарон ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим шуда, онҳое, ки аллакай аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1 апрел оғоз шуда, то 31 май давом меёбад. Ҳамасола ба хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шаҳрвандони аз 18 то 27-сола даъват карда мешаванд.

Моҳи май ҳарорати ҳаво аз меъёри муқаррарӣ гармтар мешавад Моҳи май дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи ҳаво тибқи меъёри иқлимӣ аз 2 то 3 дараҷа баланд, ҳамчунин миқдори моҳонаи бориш дар ин моҳ аз меъёри муқаррарӣ баланд ва дар баъзе ноҳияҳо паст пешгӯӣ мешавад. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз меъёри иқлимӣ 2,0-4,0 дараҷа баланд (меъёр дар водиҳо 20+25 ва доманакӯҳҳо 16+17 дараҷа) шуда, ҳаво дар водиҳо 21+28 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 18+19 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, дар ноҳияҳои водигӣ рӯзона аз 25+30 то 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +38 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ тағйирёбии вазъи ҳаво дар назар буда, аз 20+25 то 25+30 ва шабона 8+13 дараҷа гармӣ пешбинӣ мешавад.

Хабарҳои бештар дар www. khatlon-ruznoma.tj Чоршанбе, 12.05.2021

Шабона +16 +180 с Рӯзона +29 +310 с

Панҷшанбе, 13.05.2021

Шабона +18 +190 с Рӯзона +26 +290 с

Ҷумъа, 14.05.2021 Шабона +19 +200 с Рӯзона +27 +300 с

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.