Рӯзномаи Хатлон шумораи №25-04.05.2021

Page 1

Дар ин шумора:

Марзи Сешанбе, 04 майи соли 2021, №25 (3314) Тоҷикистону Қирғизистон аз куҷо бояд гузарад?

Дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ

Туҳфаи раиси «Хатлон» вилоят ба Рузномаи ҳайати дастаи «Хатлон»

Дар масири Истиқлол

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

«

1

«

ХАТЛОН Саҳ.

2

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

3

4

№25 (3314), 04.05.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки мо бояд аз ҳар як ваҷаб замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғҳоро самаранок истифода карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се-чор ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош, лӯбиё) равона созем. Ҳоло, ки фасли баҳор, яъне мавсими киштукор идома дорад, бояд ҳар шахсе, ки бо замин сару кор дорад, барои истеҳсоли маҳсулот саъю талош намояд ва ҳар як оила низ дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъмин намудани аҳли оила, фарзандони худ ва захираи маводи ғизоӣ бошад, то мардуми мо дар фасли тирамоҳу зимистон танқисӣ накашанд ва дар шароити вазнини соли ҷорӣ муҳтоҷи дигарон нашаванд. Аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунам, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза ва мушкилоти бавуҷудомадаро саҳл нашуморанд ва ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд. Вобаста ба ин, такроран иброз менамоям, ки мо бояд минбаъд низ талаботи қонун дар бораи танзими расму ойинҳоро риоя кунем, ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ, махсусан, ба исрофи нон ва дигар маводи ғизоӣ роҳ надиҳем.

Раиси вилоят кормандони мақомоти андозро бо иди касбиашон таҳният гуфт Имрӯз, 4 май, кормандони мақомоти андози Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба унвонии кормандони мақомоти андози ҳудуди вилоят номаи шодбош фиристода, саҳми онҳоро дар таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон назаррас унвон кардааст. - Фаъолияти меҳнатии ҳар кадоми шумо ба яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти мамлакат – ғанӣ гардонидани хазинаи давлат ва саҳм гузоштан ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамон нигаронида шудааст, - омадааст дар паёми табрикӣ. - Ҳар як фарди солимфикри ҷомеа нағз медонад, ки ғановати хазинаи давлат аз бисёр ҷиҳат ба андозҳо вобаста аст.

(Аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 апрели соли 2021)

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Имрӯз, 4 майи соли 2021, дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Нахуст, аз рафти корҳои сохтмонии фабрикаи парандапарварии гӯштии мурғи бройлерӣ, воқеъ дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти "Себистон", ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Авесто Гурӯҳ" бо иқтидори 2300000 (ду миллиону сесад ҳазор) сар паранда дар як сол дар масоҳати 23,75 гектар замин сохта шуда истодааст, боздид ба амал оварданд. Ба Сарвазир ва раиси вилоят маълумот дода шуд, шароити боду ҳавои Ҷамоати деҳоти "Себистон" барои мурғпарварӣ мувофиқ буда, таъмини ғизои парандагон аз корхонаи комбикорми ватанӣ, ки дар ноҳияи Данғара бунёд шудааст, пешбинӣ гардидааст. Дар рафти шиносоӣ Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ба сохтмончиён оид ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд. Гуфта шуд, ки 80 дарсади корҳои сохтмонӣ иҷро гардида, ба истифода додани он дар моҳи сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар рафти сафари корӣ Сарвазири мамлакат бо раиси вилояти Хатлон ва ҳайати корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи касбӣ-иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб» боздид ба амал оварданд. Маълумот дода шуд, ки бинои мазкур дар доираи истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Муассисаи касбӣ-иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб» дар майдони 1,7 гектар замин ҷойгир буда, бинои асосӣ бо дарназардошти таҳхона ва болохона аз 7 ошёна иборат мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Нури тиб» сохта мешавад. Дар рафти боздид гурӯҳи корӣ аз ҳуҷраҳои кории муассиса дидан карданд. Дар ошёнаи якуми бино барои қабули беморон 13 ҳуҷраи тахассусӣ пешбинӣ шудааст, ки аз озмоишгоҳ, ташхиси ултрасадоӣ (УЗИ), ҳуҷраҳои амрози даруна, ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, доругузаронӣ, хатна, бемориҳои қалб, занона ва ҳуҷраи ҳамшираи калони тиб иборатанд. Ошёнаи дуюми бино аз ҳуҷраҳои таваллуд, бемориҳои занона, навзодон, баъди таваллуд, ташхиси беморон, доругузаронӣ ва 7 кати хоб иборат мебошад. Дар ошёнаи сеюми бино ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ, баъди ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, ҷарроҳибандӣ, 6 ҳуҷраи хоби беморон бо 12 кати хоб бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Ошёнаи чоруми бино барои беморони амрози даруна пешбинӣ шуда, дар он ҳуҷраҳои табибон, доругузаронӣ, физиотерапевтӣ, 9 ҳуҷраи беморон (палата) бо 18 кати хоб ва 1 ҷой барои истироҳати беморон бо тамоми шароити муносиб мавҷуд аст. Ошёнаи панҷуми бино барои барқарорнамоии саломатӣ-физиотерапевтӣ махсус гардонида шудааст. Дар ошёнаи шашум 9 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи конпютерӣ бо 15 конпютер, 1 синфхонаи муаллимон бо фарогирии зиёда аз 150 нафар донишҷӯ пешбинӣ карда шудааст.

Дар таҳхонаи бино 3 ҳуҷраи курсҳои ронандагӣ бо 40 ҷойи нишаст, утоқҳои лоймолию лойгармкунӣ дар масоҳати 200 м3 ҷойгир мебошад. Илова бар ин, тавре ки ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят хабар доданд, дар паҳлуи бинои асосӣ бинои 4-қабата сохта шудааст, ки тибқи лоиҳа, дар ошёнаи якум ошхона барои хизматрасонии 20 нафар мизоҷ ва дорухона, дорухонаи дармонгиёҳӣ ва ҳуҷраи нозири минтақавӣ ҷойгир карда мешавад. Дар ошёнаи дуюм 11 ҳуҷра барои омӯзгорон ва дар ошёнаҳои сеюму чорум 17 ҳуҷра барои хобгоҳи донишҷӯён бо фарогирии 50 нафар пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур дар фасли зимистон бо системаи ягонаи гармидиҳӣ тавассути ангишт муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар саҳни замини бино дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шудааст. Роҳравҳои ҳавлии бино пурра сафолакпӯш гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки ин нахустин муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии хусусӣ дар ноҳияи Данғара ба ҳисоб меравад. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара аз Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” дидан намуданд. Корхонаи мазкур аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Маълумот дода шуд, ки ин корхонаи бузург дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин васлу насб гардидаанд. Тибқи маълумоти расида, айни ҳол сохтмони марҳилаҳои 3-4-уми ин корхонаи бузург ҷараён дорад. Зикр бояд намуд, ки марҳилаи якум соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқтидори истеҳсоли 10 ҳазор тонна нахи пахта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Марҳилаи дуюми он соли 2018 бо иқтидори истеҳсолии наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Лоиҳаи сохтмони марҳилаи навбатӣ дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақшаи пешбинишуда, ба истифода додани марҳилаи нави корхонаҳои мазкур дар моҳи сентябри соли 2021 пешбинӣ карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома доранд. Интизор меравад, ки Сарвазири мамлакат имрӯзу пагоҳ, ҳамчунин аз навоҳии Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб низ дидан намояд. Н. МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”

3 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода машварати корӣ барпо гардид.

Қурбон Ҳакимзода: «Ба дарахтону ниҳолон бояд чун фарзанд муносибат кард» Ҳадаф аз баргузории ҷаласа таҳлилу баррасии ҳолати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Аз рӯйи ин масъала муовини якуми раиси вилоят, муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Бохтар ва дигар масъулон ҳисобот доданд. Оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ гуфта шуд, ки дар водиҳо ҷамъоварии пиёз, картошка ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардум шурӯъ гардида, ҷиҳати саривақт ба анҷом расонидани кишти такрорӣ дар майдонҳои холишуда тадбирандешӣ сурат мегирад. Барои содироти маҳсулот ба воситаи қатораҳо низ ҳамаи имкониятҳо фароҳам аст ва дар ин самт то 90 фисад тахфифҳо пешбинӣ гардидааст. Тибқи дурнамо, бояд кишти пахта зиёд гардад, зеро ин ашёи хом корхонаҳои саноатиро фаъол мекунад. Дар ҷаласа қайд шуд, ки ҳарчанд имсол коҳиши истеҳсоли қувваи барқ ба рушди саноат таъсири манфӣ расонида бошад ҳам, ҳанӯз захираву имкониятҳои истифоданашуда зиёд аст. Дар заминаи таваҷҷуҳи давлат ба бахши кишоварзӣ ва саноат масъулони соҳа дастур гирифтанд, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал ҷилавгирӣ карда шавад. Бо таваҷҷуҳ ба тағйирёбии иқлим ҳушдор дода шуд, ки ҳар ваҷаб замин ҷиҳати рӯёнидани маҳсулоти ғизоӣ ва хӯроки чорво самарабахш истифода карда шавад. Олимони соҳа роҳҳои бартараф кардани оқибати хушксолиро ба мардум фаҳмонанд. Вобаста ба фаъолнокии ҷомеа дар баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ масъулони соҳаи маънавиёт вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таҷлили хотирмони ҷашнҳои Рӯзи Ғалаба бар фашизм, Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ тадбирандешӣ намоянд. Инчунин, роҷеъ ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода тариқи барномаҳои телевизионӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма матлабҳо ба нашр бирасанд.

Кумакпулӣ ба иштирокчиёни ҶБВ ба муносибати рӯзи Ғалаба Барои ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки айни ҳол дар ҳудуди вилояти Хатлон давлати пирӣ меронад, аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба андозаи 2500 сомонӣ кумакпулии яккарата тақдим карда мешавад. Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтар иттилоъ доданд, феълан дар шаҳру навоҳии вилоят 29 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт мебошанд. Меҳтарони ҷанг аз 95 то 101 сол доштаанд. Мукофотпулии идонаи раиси вилоят ба онҳо дар арафаи Рӯзи Ғалаба дастрас карда хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Эълони даҳрӯзаи поси хотир дар шаҳри Кӯлоб Шаҳрдории Кӯлоб ба муносибати Рӯзи Ғалаба аз 3 то 13 май баргузории маъракаи даҳрӯзаи “Поси хотир”-ро таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!» эълон намуд. Ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, раисони ҷамоат, қитъаҳои истифодабарии манзил, соҳибкорон, шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, шӯро ва созмонҳои кор бо ҷавонон вазифадор шудаанд, ки корҳои ободониро дар назди ҳайкалҳо, оромгоҳҳо (бо ташкили аксияи “Рӯзи ёдоварӣ”) ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монанд. Ҳамчунин, дар ин даҳрӯза масъулин иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо аёдат намуда, ба онҳо кумак мерасонанд. Дар ҷараёни чорабиниҳои оммавӣ хотираи ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ баҳри ҳимояи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол қаҳрамонона ҳалок шудаанд, пос дошта мешаванд.

Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ «Парасту-2021» дар Хатлон Дар ҷамъомади корӣ ба масъалаи сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина бунёди корхонаю иншооти таъйиноти гуногун, инчунин тозаю покиза нигоҳ доштани муҳити зист таваҷҷуҳи асосӣ равона шуд. Бо нигаронӣ аз вазъи сусти корҳои сарсабзгардонӣ дар назди баъзе ташкилоту идораҳо ва гулгаштҳои фароғатӣ супориш дода шуд, ки корхонаву ташкилот ва аҳолӣ манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳоро рангубор кунанд, атрофро сабз гардонанд ва тозагии муҳити зистро таъмин намоянд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода доир ба аҳамияти хуррамгардонӣ, парваришу нигоҳубини ниҳолону дарахтон сухан гуфта, ба ободонии шаҳру деҳот, атрофи идораю корхонаҳо таъкид намуд. “Махсусан, ба дарахтону ниҳолон бояд чун фарзанд муносибат кард”, - зикр кард Қурбон Ҳакимзода. Ҳамин гуна, дар ҷаласаи корӣ ба масъалаҳои мубрам, аз қабили тақвияти корҳои ободонӣ, ҷалби ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, ваксинакунонӣ зидди коронавирус, ба роҳ мондани фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати расмикунонии фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон дар Россия ва назорат аз болои вокунишҳо ба маводҳои таҳлилию танқидии ВАО таваҷҷуҳи бештар дода шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ёдоварӣ аз дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 апрел баён гардид, таъкид намуд, ки раисони шаҳру ноҳияҳо, тамоми хизматчиёни давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди бонангу номуси ҷомеа бо дарназардошти он, ки то ҷашни бузурги миллиамон ҳамагӣ чор моҳ боқӣ мондааст, иҷрои пурра ва саривақтии супоришҳои имрӯза ва қаблан додашударо бо дарки баланди масъулият дар назди Ватани азизамон бояд таъмин намоянд. - Моро мебояд, то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки муҳлати кам мондааст, ба вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, аз ҳар хонаи истиқоматӣ сар карда, то кӯчаву хиёбон, майдону гулгашт ва ҳар як маҳалли аҳолинишин соҳибкорону тоҷирон, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва тамоми мардумро сафарбар намоем, - таъкид намуд раиси вилоят. Н. МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон Фестивал-озмуни вилоятии театрҳои касбӣ “Парасту-2021” ба кори худ оғоз намуд. Маросими ифтитоҳи Фестивал-озмуни вилоятии театрҳои касбӣ “Парасту-2021” дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар рӯзи 3 май баргузор гардид. Фестивал-озмун дар маркази вилояти Хатлон бо намоиши «Ба некӣ бадӣ нашояд»-и ҳунармандони Муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» оғоз гардид. 4 театри касбии шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона», Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, Театри вилоятии мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва ҳамчунин Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, давоми ду рӯз ба тамошобинон ва ҳакамони озмун пешниҳод хоҳанд кард.

Хабарҳои бештар дар WWW. KHATLON-RUZNOMA.TJ Чоршанбе, 05.05.2021

Панҷшанбе, 06.05.2021

Ҷумъа, 07.06.2021

Шабона +17 +19 С

Шабона +16 +18 С

Шабона +15 +170 С

Рӯзона +28 +300 С

Рӯзона +24 +260 С

Рӯзона +28 +300 С

0

0

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Рӯзномаи Хатлон шумораи №25-04.05.2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu