Рӯзномаи Хатлон шумораи №23-27.04.2021

Page 1

Дар ин шумора:

Рушди маориф Сешанбе, 27 апрели соли 2021, №23 (3312) – дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат

Симои зан - модар дар ашъори Мирзо Турсунзода

“Дар ифтор аз «Хатлон» истеъмоли Рузномаи ошу қурутоб худдорӣ намоед!”

Дар масири Истиқлол

@ruznomai_khatlon

@ruznomai_khatlon

khatlon.tj@mail.ru

1

ХАТЛОН Саҳ.

2

3

Соли 90-уми нашр

Тоҷикистон, ба пеш!

ХАТЛОН Соли 90-уми нашр

4

№23 (3312), 27.04.2021

j t . a m o n z u r n o www.khatl

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Ҷаласаи якуми ситоди омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Имрӯз, 27 апрел, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи якуми Ситоди вилоятии омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

Қурбон Ҳакимзода:

«Барои ҳамлу нақли маҳсулоти ғизоӣ монеасозӣ нашавад» 26 апрел дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машварати кории назди раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид. Баррасии ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 24-26 марти соли ҷорӣ дода буданд, мавзӯи меҳварии ҷаласаи мазкур буд. Дар машварати корӣ муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода ва муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода доир ба корҳои анҷомдодашуда дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, саноат, энергетика ва нақлиёт ҳисобот доданд. Қайд гардид, ки то 25 апрел 13 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят дурнамои кишти пунбадонаро пурра иҷро намуда, пахтакорони навоҳии боқимонда дар арафаи баитмомрасонии ин маърака қарор доранд. Таваҷҷуҳи масъулон ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии малах дар талу теппаҳо ва киштзорҳои вилоят ҷалб гардид. Айни ҳол 6 мошин, 23 трактор ва зиёда аз 460 нафар мутахассисон ба маъракаи мубориза алайҳи малах ҷалб гардидаанд. Вобаста ба болоравии нархи баъзе намуди маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла сабзӣ, иттилоъ дода шуд, ки майдонҳои кишти сабзӣ фарох буда, то 10 май сабзии нав ба бозор дароварда шуда, нархи ин навъи маҳсулот ба эътидол

хоҳад омад. Бо мақсади пешгирӣ аз болоравии нарх аз захираи дар сардхонаҳои махсус нигоҳдоранда 200 тонна сабзӣ ба бозор бароварда шуд. Раиси вилоят вобаста ба истифодаи пурсамар аз гармхонаҳое, ки сабзавоти барвақтӣ парвариш мешаванд, инчунин доир ба ворид намудани омори истеҳсоли помидору бодиринг, майдони токзор ва боғҳои интенсивии бунёду барқароршуда ба ҳисоботи расмӣ ба масъулон дастур дод. - Масъулони ниҳодҳои давлатӣ, махсусан нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти санҷишгар, бахши агентии содирот дар вилоят ҷиҳати ҳамлу нақли маҳсулоти ғизоӣ, махсусан маҳсулоти зудвайроншаванда, тариқи роҳҳои мошингард бояд ба соҳибкорон ҳамаҷониба мусоидат намуда, ягон монеаи сунъӣ эҷод накунанд, - таъкид намуд раиси вилоят. Дар ҷаласа қайд гардид, ки ҷиҳати бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят, бакорандозии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Тавре ки муовини раиси вилоят З. Файзуллозода иттилоъ дод, корҳои техникӣ дар корхонаи азими “Тоҷиказот” оғоз гардида, то имрӯз ба дарозии 23 километр қубурҳои

Анҷоми муваффақонаи тамринҳои муштараки ҳарбӣ Машқҳои муштараки ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Россия, ки рӯзҳои 19-23 апрел дар тамрингоҳҳои Ҳарб-Майдон, Момирак ва Сунбулаи вилояти Хатлон барпо гардиданд, анҷом ёфтанд.

Дар маросими ҷамъбасти натиҷаи машқҳо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо, фармондеҳи Округи марказии ҳарбии Россия генерал-полковник Александр Лапин ва роҳбарони баъзе ноҳияҳои

вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ дар ин маросим қайд намуд, ки таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдор яке аз омилҳои калидӣ ва шарти муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва

нави газгузар хобонида шуда, дар маҷмӯъ, 37 километр қубурҳо таъмир ва насб гардидаанд. Соли 2021 дар шаҳру навоҳии вилоят бунёди 65 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 1800 ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст. Раиси вилоят ҷиҳати тибқи реҷа бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои мазкур ба масъулон дастур дод. Инчунин Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилоят муваззаф гардид, ки дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ маъракаи иттилоотӣ гузаронида, ба онҳо фаҳмонида шавад, ки дар сурати ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштан, онҳо бояд то 15 июни соли ҷорӣ ҳуҷҷатгузории худро ба расмият дароранд. Тибқи омори расмӣ, феълан беш аз 200 ҳазор нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба истифодаи самарабахши ҳар як ваҷаб замини корами обӣ, ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, саривақт гузаронидани кишти пунбадона бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва ҳосилнокиаш баланд, гузаронидани кишти картошка ва иҷрои саривақтии дурнамои он дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувону Шамсиддин Шоҳин, тадбирандешӣ ҷиҳати ба эътидол овардани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои дохилӣ, нигоҳубини боғҳои интенсивӣ, вазъи нигоҳдории чорво дар чарогоҳҳо, андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирӣ аз пайомадҳои боришоте, ки дар рӯзҳои аввали моҳи май пешгӯӣ шудааст, дар мавзеъҳои осебпазири ноҳияҳои Хуросон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Вахш, шаҳри Кӯлоб, таъмини саривақтии оби полезӣ, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, муборизаи беамон бо ҳашароти зараррасони малах, содироти маҳсулоти кишоварзӣ тариқи роҳи оҳан ва истифодаи самарабахш аз имтиёзҳои роҳи оҳан, дӯхти сару либоси мактабӣ дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди вилоят, зиёд намудани ҳавзҳои моҳӣ ва истеҳсоли барзиёди моҳӣ, омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулон пурсон шуда, дастуру супоришҳои мушаххас дод.

минтақавӣ мебошад. - Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад, - изҳор дошт раиси вилоят. Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зичро бо сохторҳои байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат карда истодаанд. - Ба масъалаи баланд бардоштани малакаи ҳарбии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта диққати махсус зоҳир намуда, оид ба ҳайати шахсии Минтақаи Мудофиаи Ҳудудии вилоят ва ноҳияҳои Мудофиаи Ҳудудӣ чорабиниҳои заруриро ҷиҳати омода намудани захираҳои моддии дастнорас роҳандозӣ намуда истодаем, - идома дод Қурбон Ҳакимзода. Раиси вилоят ба ҳамаи иштирокчиёни машқҳои муштараки амалиётӣ – стратегии қӯшунҳои гарнизони Хатлон барои нишон додани ҳунари волои касбӣ ва ҳамгироии корбарии тактикӣ миннатдорӣ баён намуд. Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо зимни суханронии худ тазаккур дод, ки дар ҷараёни тамринҳо талаботи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои

Н.МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”

Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини қобилияти мудофиавии кишвар, таҳкими иттиҳоди ҳарбӣ ва санҷиши самаранокии ҷангии ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ иҷро карда шуданд. «Бисёр муҳим аст, ки дар ҷараёни тамрин мо шаклҳо ва усулҳои нави истифодаи неруҳоро барои торумор кардани гурӯҳҳои калони ҷиноӣ бо назардошти рушди воситаҳои ҷанг ва арзёбии таҷрибаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи муосир пайдо кардем. Ба ташкили системаи ягонаи назорат ва ҳамкории ҳар як унсури гурӯҳи муттаҳидаи неруҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд», — гуфт Фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин. Ёдовар мешавем, ки дар тамринҳои муштарак хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои Базаи ҳарбии 201-уми Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ширкат варзиданд. Ба тамринҳо то 400 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, танкҳои Т-72, мошинҳои ҷангии пиёда, зиреҳпӯшҳо, системаҳои мушакии «Град», «Ураган», дастгоҳҳои артиллерии «Карнавал» ва «Акатсия» сафарбар шуданд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ҳайати сарнишинони чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 аз усули «гардиши чархбол» истифода намуда, захираҳои расидаистодаи «гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ»-ро торумор намуда, системаҳои мушакии «Град», «Ураган» ва дастгоҳҳои артиллерии «Акатсия» «душманон»-ро ба «халтаи оташ» кашиданд ва онҳоро несту нобуд карданд. Н.МАЪМУРЗОДА, “Хатлон”

Дар ҷаласаи мазкур, ки таҳти раёсати муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ доир гардид, раиси шаҳри Бохтар, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ширкат варзиданд. Қайд гардид, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷашни муқаддаси умумимиллӣ маҳсуб гардида, он бояд сар аз кӯчаву маҳалла, деҳа, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳар як ташкилоту муассиса, то шаҳру ноҳия дар сатҳи баланд таҷлил карда шавад. Вусъати корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии атроф, баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва варзишӣ ба ин муносибат амри муҳим арзёбӣ гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба роҳпаймоии идона, намоишҳои ҳунарию театрикунонидашуда ва дигар тадбирҳои идона низ баррасӣ гардиданд.

Иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ дар вилоят ба 90% наздик шуд Ба ҳолати 27 апрел нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар сатҳи вилояти Хатлон ба қадри 87,3% иҷро шудааст. Ба иттилои Хуршед Назаров, мутахассиси пешбари шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят, дар натиҷаи фаъолияти бонизоми кормандони мақомоти масъул ба даъвати ҳарбӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳрҳои Норак, Левакант, навоҳии Данғара, Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Ҷайҳун, Ховалинг, Хуросон, Балҷувон ва Темурмалик пеш аз муҳлат таъмин шудааст. Ноҳияҳои Ёвон ва Вахши вилоят низ ба марра наздик шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила – баҳору тирамоҳ шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Маъракаи даъвати ҳарбӣ ба сафи Артиши миллӣ 1 апрел шурӯъ ва 31 май ба анҷом мерасад.

Соҳаи саноат дар шаҳри Кӯлоб рушд меёбад Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб зиёда аз 180 номгӯи маҳсулот, аз қабили нахи пахта, хишти бинокорӣ, регу қуми шустагӣ, бетони бинокорӣ, хишти сементӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти макаронӣ, мебелҳои гуногун, 66 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол карда мешавад. Тавре ки аз бахши матбуоти шаҳрдории Кӯлоб иттилоъ доданд, дар шаҳр 46 корхонаи саноатӣ, аз он миён 7 корхонаи коркарди сангу шағал, 3 корхонаи хишти пухта, 14 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 9 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, корхонаи ресандагӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ ва як коргоҳи мебелбарорӣ фаъолият доранд. - Тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, дар шаҳри Кӯлоб бунёди 15 корхонаи азим бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, модернизатсияи 5 корхонаи фаъолияткунанда ба арзиши беш аз 4 миллиард сомонӣ бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳлат - то 15 июн. Ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ Имрӯз, 27 апрел, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи оммафаҳмонӣ миёни шаҳрвандоне, ки пайвандонашон дар қаламрави Федератсияи Россия будубош доранд, оғоз гардид. Қирғизбек Зокирзода, муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки ба фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи тамдиди чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавируси COVID-19» аз 15 декабри соли 2020, №791 оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия қарор доранд, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Мувофиқи тағйироти мазкур, барӯйхатгирии муҳоҷирон то 15 июни соли 2021 идома дошта, аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ талаб карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва қонунӣ фаъолият намоянд. “Агар муҳоҷирон будубоши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба рӯйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд”, - афзуд Қ. Зокирзода.

Хабарҳои бештар дар WWW. KHATLON-RUZNOMA.TJ Чоршанбе, 28.04.2021

Панҷшанбе, 29.04.2021

Ҷумъа, 30.04.2021

Шабона +15 +17 С

Шабона +14 +16 С

Шабона +14 +160 С

Рӯзона +34 +360 С

Рӯзона +34 +360 С

Рӯзона +35 +370 С

0

0

Манбаъ: www.meteo.tj


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Рӯзномаи Хатлон шумораи №23-27.04.2021 by khatlon-ruznoma.tj - Issuu